Бекназар Тӯйназар

Бекназар Тӯйназар((порсӣ: بیکنظر طوینظر) 4 ноябри соли 1949, ноҳияи Фориш, вилояти Самарқанд, Ӯзбекистон) — адиб, омӯзгор, рӯзноманигор. Муҳаррири шуъбаи давлату ҳуқуқ ва ахлоқу ҷавонони рӯзномаи «Овози тоҷик» — нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1974-2009). Узви Иттиҳоди журналистони Иттиҳоди Шӯравии собиқ (1980). Ғолиби озмуни ҷумҳурии «Беҳтарин журналисти сол» ва барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон (1999).

МУНДАРИҶА

  • Зиндагинома ва фаъолиятҳои адиб.
  • Намунаҳо аз осор.
  • Дар суҳбати адиб: «Шогирди зиндагӣ».
  • Сарчашмаҳо

Бекназар Тӯйназар дар Ӯзбекистон ҳамчун яке аз адибони варзидаи муосири тоҷик ва журналисти боистеъдод ба шумор меравад. Ӯ чоруми ноябри соли 1949 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Фориш таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Синтаб ба поён расонда, ду сол дар мактаби миёнаи зодгоҳаш кор мекунад. Соли 1971 Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм намуда соҳиби дипломи маълумоти олӣ мегардад. Сипас хатти тақдир Бекназари ҷавонро ба деҳаи хушманзари Заркенти вилояти Тошканд мекашад. Дар мактаби миёнаи ин деҳа аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад ва аз он ҷо дар соли 1973 ба хидмати низомӣ меравад.

Бекназар Тӯйназар ҳанӯз дар айёми донишҷӯйӣ ба насру назм ва мақоланигорӣ алоқаи вофир дошт. Азбаски новобаста аз ҷойи фаъолият, пайваста ба эҷодкорӣ машғул буд ва чакидаҳои хомааш рӯйи рӯзномаю маҷаллаҳои давриро медиданд, ӯ дар соли 1974 бо даъвати Шавкат Ниёзов ва Хӯҷамурод Қӯлдошев ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ҷалб мешавад. Дар ин даргоҳ то синни бознишастагӣ, яъне то соли 2009 ҳамчун  муҳаррири шуъбаи давлату ҳуқуқ ва ахлоқу ҷавонони рӯзнома ифои вазифа мекунад.

Агарчи нахустин хабару мақола ва ҳикояю тарҷумаҳои адиб аз соли 1967 инҷониб ба табъ расидаанд, нахустин бор намунаҳои эҷодии ӯ дар китобҳои «Саргузашти Амонбой ва Давлатбой», «Чакомаи пирӯзӣ» ва «Хумчойнак» гирд омадаанд. Алоқамандони каломи бадеъ ӯро чанд муддат бо тахаллуси адабии Бекназари Дарӣ низ мешинохтанд.

Заҳматҳои эҷодии ин нависандаи хушсалиқа ва рӯзноманигори варзида ба таври шоиста арзёбӣ шудааст. Ӯ ҳанӯз соли 1980 ба узвияти Иттиҳоди журналистони Иттиҳоди Шӯравии собиқ пазируфта шудааст. Соли 1999 дар Ӯзбекистон ҳамчун яке аз ғолибони озмуни ҷумҳурии «Беҳтарин журналисти сол» шинохта шуда буд. Ҳамон сол, дар ҷашни Истиқлоли кишвар ба ивази хизматҳои арзандааш дар арсаи пешрафти маънавиёт ва фарҳанги мардум, ташвиқу тарғиби дӯстии халқҳо аз ҷониби давлат ба медали «Шуҳрат» сазовор мегардад.

Нахустин китоби мукаммали адиб бо номи «Бори дил» дар соли 1999 аз тариқи нашриёти давлатии «Ӯзбекистон» ба ҳайси армуғон дар остонаи панҷоҳумин солгарди зодрӯзаш ба табъ мерасад. Он чанд ҳикоя ва эссеро фаро мегирад. Баъдан, дар соли 2013 китоби дигари мукаммалтари нависанда таҳти унвони «Дар кӯчаҳои шаҳр» аз тариқи нашриёти «Тафаккур қаноти» чоп мешавад, ки ҳовии ҳикояҳои кӯҳнаву нав, ҳаҷвияҳо, силсилаи резасуханҳо, мақолаю очеркҳо дар бораи ҳамкасбу ҳамкорон ва эссею андешаҳои адиб мебошад.

Дар байни эҷодкорони деҳаи Эҷ аввалин касе, ки дар бахши нависандагӣ бо сабку услуби нави адабӣ доди суханро додааст, Бекназар Тӯйназар аст. Ӯ домани ин маҳорати худро, гузашта аз деҳаи Эҷу кӯҳистони Нурато, дар тамоми кишвар густурдааст ва мақоми муайян дар адабиёти муосири тоҷик дорад. Азбаски адиб зотан шахси андешаманд ва ҳамзамон ҳозирҷавобу мутоибагӯ ва ошкоргӯе аст, қариб дар ҳар қаламиаш ин хислатҳо ҳувайдост. Ӯ ба нависандагони тоҷик, аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев ва Саттор Турсун,  ихлосу алоқаи беҳад дорад, аммо дар эҷод соҳиби сабки баёни хоссаи худ аст. Ӯ зиёд хаёлангезӣ намекунад, ба тасвирҳои тӯлонии вазъу манзара дода намешавад, вале воқеиятро бо тарзи содаи баён, бо суханҳои ҷаззобу намакин кушоду возеҳ ба қалам медиҳад. Дӯстдоштатарин мавзӯъҳои достонҳояш аз зиндагии ҳаррӯзаи одамон, бархӯрду муносиботи афроди гуногунхислат, рӯҳияти инсонҳои ранҷу азиятдида, ишқу отифаи одамони ба ҳам наздик маншаъ мегиранд. Ӯ нависандаест, ки тавонистааст образҳои дилписандеро ба монанди «мани шаҳрӣ», «марди ланг», «ҳамсоя-сагбон», «мӯйсафеди газетхон», «Абдумалики шӯх» дар адабиёт ҷой диҳад ва ибораҳои рехтаи ӯ, ба мисли «Эҳсон медонад», «ман зиқ не», «маҳсии занҷирдор”, «нӯшбоди Мавлоно», «мурғи мода», «ҳафтоду афтод» ва ғайра дар байни аҳли завқ шоеъ шудаанд.

Ҳоло Бекназар Тӯйназар бо хонаводааш зиндагии ободу осудае дорад. Ӯ дар оғӯши меҳру муҳаббати ҳамсари вафодори худ – Сатираапа ва фарзандонаш Фарруху Фозилу Зебо ва наберагони хурсанду шод дар Чилонзори Тошканд даврони пирӣ меронад.

  • НАМУНАҲО АЗ ОСОРИ АДИБ

Қисмати талхи паҳлавон(ҳикоя)

– Боз чӣ хел фалокат аз таги поят хест?

– Надонам? Ноомади кор будагист...

Мӯсоакаи ҳамсояамон, ки аз авлоди мост, ба сару тани оғуштаи хуни гарми падарам ҳадаҳа намади сӯхта пахш карда, ба модарам, ки дар дами остонаи хонаи панҷболораи нимторик мисли бенавоён сари ду по нишаста буд, имо кард. Аз чашмони сурхгаштаи ӯ ашки сӯзон ҷӯшида мебаромаду беовоз манаҳаш меларзид.

– Боз ду сарбандӣ те, Дилбар!

Модарам аз банди хаёлҳои парешон раста, ҳамоно ба по шуд ва аз тоқча сандуқи чӯбинро ба рӯйи хона гирифту ҷонсарак латта-путтаи онро тагурӯ карда, ду сарбандии сафеди гулдорро ба Мӯсоака дароз кард.

– Мешавад?

– Ҳа, теғи корди Қассоб пӯсти гарданашро саҳл лесидааст, – мегуфт Мӯсоака оташи ғазабашро базӯр фуру нишонда. – Хайрият, ба рагу пайи гардан осеб нарасидааст, Дилбар. Худо накарда, корди Қассоб хато хӯрда ягон мушаки гардани паҳлавонро мебурид, подаҷоро хун зер мекард...

– Инҳо чӣ ният доранд, ҳамсоя, – инони гиряро сар дод модарам. – Баъди нимкора кардани соҳиби сарам, ақаллан, бародараш ҳам соя намекунанд-е...

– Вай аз азал зудбовару сода буд. Ҳамааш аз нодонӣ, аз зудбоварӣ, аз дилсӯзӣ.

– Ҷони ҳамин даркор.

– Ҳа, рӯҳаш... Ба гапи ким-киҳо – ҳасудон, қотилон, дуздон, ғаррон бовар карда, чашми паҳлавонро тарсонда, ба роҳи дуруст андохтанӣ!

– Мақсад?

– Сирри дунё пур, агар дар майдони ҷанг мебудем, аз командир мепурсидем... Дар Сабзазор кӣ ҳаст? Кӣ сардор? Одам намедонад. Хуллас, Саъдуллопаҳлавонро метарсонем гуфта, мазаро аз қайла гузарондаанд. Тавба, дар як деҳа духтур не.

– Мулло ҳаянд-у.

– Вай муллои ту мегуфтагӣ бепул дам намеандозад. Ба замми ин, паҳлавон на ба ҳамаи муллоҳо ихлос дорад. Беихлос...

– Ба район ё шаҳр барем-чӣ?

– Кӣ, худат? Ё ки кӯдаконат? – Мӯсоака баъди лабу лунҷи падарамро бо оби ширгарм шустан илова кард: – Ту ба сари заниат ҳеҷ кор карда наметавонӣ! Ман мӯйсафеди маслуқи бесавод. Устухони кӯдаконат ҳанӯз мӯрт, аз даҳонашон бӯйи шир меояд.

Ашки чашмонамро бо муштам пок карда, омирона:

– Агар ману додарам фиғон намебардоштем, сари падарамро мегирифтанд?

– Не-е, писарам, – нохост падарам ба забон омад. Дастони латхӯрдаашро аз таги кӯрпа бароварда, бо овози ҳазин илова кард: – агар ба гапи ман гӯш кунӣ, асло кина нагир. Онҳо маҳз аз калтафаҳмию нодонӣ дасту остин барзада, ба ман зулм карданӣ шуданд...

– шуморо куштанӣ буданд! – миёни гапи падарамро буридам, дар идомаи суханаш.

– Шояд, вале ту-ку мисли онҳо нестӣ.

– Кош бақувват мебудам, ҳатман аз онҳо қасос мегирифтам!

– Ин хел нагӯ, бачам, – Мӯсоака маро ба оғӯш гирифта дил дод, – ҳоло ту калонтар шавӣ, баъд мефаҳмӣ. Ту намедонӣ, ки падарат аз тиру туфанги фашистон бо вуҷуди маслуқ шудан зиндаю саломат баргашту имрӯз аз дасти се-чор нафар гурезаи ҷангро надида кушта мешавад? Сари деҳа ба умеди чанд нафар содаю нодоне мондааст, ки як нафараш ҷӯраи худам – бародари падари паҳлавонат Насрулло, – Мӯсоака поҳои дар ҷанг сармозадаашро ба зери сандалӣ андохта, суханашро идома дод: – хуллас, қариб ки аксарияти ҳамсолон ва сабзазориҳо медонанд, ки  чор ишкели Саъдулло бутун, паҳлавони кӯҳпоя, обрӯ дорад. Аммо сарони деҳа – раиси колхоз Имомбердӣ, сарҳисобчӣ Амир Саъдуллоро ботинан дӯст доранд ҳам, дар ҳар ҳолату вазъият аз ноилоҷӣ ҷониби «ҷабрдида»-ро мегиранд, ба гилаи «ҷабрдида» бовар мекунанд. Аз ин рӯ, онҳое, ки Саъдуллоро бад мебинанд, бо ҳар баҳона ӯро аз по афтонданӣ шуда, ба асабаш мерасанд, ҳудаю беҳуда «шох ба шох» мешаванд. Вақте ки «ҷабрдида» ба ҳузури ин се саркарда омада дурӯғу рост аз болои паҳлавон тӯҳмат мекунад, «аз пайи корат шав, лаҷомашро кашида мемонем», мегӯянд, нафасашон танг шуда. Баъд, кӣ айбдор, Саъдуллопаҳлавон! Кӣ гунаҳкор, Саъдуллопаҳлавон!

Модари дар ҷавонӣ кулфатзадаам нӯги пилтаи чароғро қайчӣ зада, аз сари нав фурузон кард ва ба сари падари маҷрӯҳам баргашт.

– Бадкардаро, иншоаллоҳ, Худо нишон медиҳад, – мегуфт, дар ҳоле ки ҳанӯз аз чашмони варамидааш оби дида заҳида меистод.

– Ба Худо партофтанат айни муддао, – гуфт Мӯсоака ва «акнун ман хезам» гӯён даст ба рӯ кашида, лангида-лангида аз дар баромад. – Хун нахӯр, баъди ду-се рӯз паҳлавон боз ба по мехезад.

– Паҳлавонатон магар зану бача надошт, бистарӣ карданд? – бо лабу лунҷи ларзон модарам калӯшҳои Мӯсоакаро пеши пояш монд.

– Бадкарда дер ё зуд мекашад.

– Охир, ба ғайр аз ҳамин соҳиби сараму чор кӯдаки ғӯра кӣ дорам, ҳамсоя?

– Кош тез калон мешудем, оча.

– Агар ба ҳолатон монанд, агар дар боло Худо бошад, ба воя мерасед, бачам!

... Модарам ману Самару Қамарро хобонд ва ба сари хоҳари дар гаҳвора будаам хам хӯрда, беовоз мегирист. Ба чашмонам гармӣ намедавид. Ғайриихтиёр саҳнаи хунини имрӯза пеши назарам омада, тарсида аз таги кӯрпа хестам ва ба сари падарам омадам.

Падар мураттаб нафас мегирифт, танҳо ду чашми пӯшидааш ба назар метофт. Дигар, сару гардан ва дастони маҷрӯҳашро Мӯсоака бо сарбандиҳои сафед баста буд.

– Оча, – бо нимовоз ба паҳлӯи модар гузаштам, – ба сари падарам кӣ зад?

– Самар медонад.

– Пурсам?

– Бедор накун.

– Ту медонӣ?

– Аз дасти модари муштипарат чӣ меояд, бачам?

– Илтимос, гӯй оча! Ман ягон касро озор доданӣ не.

– Ту ҳам ғусса мехӯрӣ, натарсӣ мегӯям. Қосимшофири паҳлавон дар даҳани Сабзазор ба сари падарат бо оҳани дудама задааст.

– Бе сабаб?

– Сабабашро алллакай чоштгоҳ ба амаки Насруллоят омада гуфт.

– Чӣ гуфтас?

– Худо медонад. Додот ба ҳуш ояд, мегӯяд. Қатори ману додот аз ҳозир рӯҳафтодаву ғам хӯрда гардӣ нағз намешавад.

– Одам рӯз бинам гӯён ба дунёи чоррӯза меояд, гӯй?!

– Ин гапи кӣ?

– Гапи додом!

***

Падари сарбастаи харсаворам дар паси чойхонаи деҳа, ки майдони варзишро мемонд, дар дами даромадгоҳи новаи бобоям, сад-саду панҷоҳ метр дуртар аз ҳавлиамон пайдо шуд ки, ману Самар саркану покан ба пешвозаш давидем. Модари қоматбаландам дар назди даричаи ҳавлиамон моту мабҳут на пеш рафта метавонисту на қафо. Аниқтараш, воқеаи шумеро пешакӣ ҳис карда буду аз чашмони сиёҳаш ба рухсораи гандумранги беҷирмаш заҳида-заҳида ашк метаровид.

– Додо! – бонг задам қариб ба падарам наздик шуда.

Ин дам чор марди барзангӣ, ки гӯё аспи ба корд омадаеро қассобӣ мекарда бошанд, пайдо шуданд.

– Гурез, гурез мегӯям! Нагурезӣ, билло саратро аз танат ҷудо мекунам! – наъраи қассоби ҳамсояамон Нурматакаро шунида, қариб буд талхакаф шавам.

– Натарс, писарам.

– Натарсад?! – Қассоб аз наём корди қассобиашро кашид. Дар дасти Аҳмади ҳамсояамон арғамчин. Ду ҳамсояи дигарамон – Аҳрору Маҳкам низ ҳамон ҷо бо ваҷоҳати гирифта аз осмон пайдо шудагӣ барин давида омада, падарамро ҳалқавор печонда гирифтанд. Ва панҷкаса падари сарбастаамро аз хар афтонда, «ту гарданшахро ҷазо ҳамин! Барои чӣ пеши Қосими паҳлавонро мегирӣ? Ё тарсидӣ, ки нони туро як рӯз не-як рӯз нимта мекунад?» – гӯён дасту пояшро бастан гирифтанд. Бастанд ҳам. Инак, навбати Қассоб расид. Акнун бо мадади ҳомиёнаш ҷони ба лаб омадаи падарамро бароварданӣ буд, ки фиғони бачаҳо ва ҳамсояҳо баланд шуд. Аҳмади ҳамсояамон ба даҳони падарам латта тиқонд ва сипас манаҳи ӯро бардошта кордро ба хирнояш бурда буд ҳам:

– Дод аз дасти ҷаллодон! – гӯён падарам бо тамоми қувва парида хест ва ресмонро аз дасту поҳояш канда партофту... аз ҳуш рафт.

Насруллоамакам худро дар дил мазаммат карда, сарашро ба куҷо зада натавониста, аз қисмати талхи додараш хуни ҷигар мехӯрд.

Падари беҳушамро ҳамсояҳо бо занбар бардошта ба кулбаи аз бобоям меросмонда дароварданд. Аз ин воқеаи нангин модарам низ худро гум карда, дар дами даричаи ҳавлиамон парӯ афтид. Дар кулбаи панҷболориамон аз ғояти гиряи Маҳин гӯё гаҳвора меларзид. Пардаи шом деҳаро ба паноҳи худ гирифта буд...

Фасли баҳорон расид.

– Сангин! – дар ошхона дар сари дастархон падарам як оҳи сабук кашида, ба модарам рӯ овард. – Ман аз тағои Низом пурсидам, он кас бе ин ҳам аз Миёнкол гашта намеомадаанд. Акнун, бо дили пур, иморатҳои фарсудаашонро афтонда, аз сар хона месозем. Ба бародарам, аз афти кор, ба ҷойи некӣ фақат бадиам мерасад, иғвогарон сари вайро низ хам карданӣ. Аслан, дар як ҳавлии падар ду-се оила намеғунҷад.

– Корат чӣ мешавад?

– Кадомаш?

– Чанд кор дорӣ?

– Дар кон, дар ҷойи кӯҳнаам. Аз онҳо, шукр, то имрӯз сари мӯе озор надидаам.

– Ҳанӯз ду маҳ нашудаст, ҷароҳатҳоят ба ҳашар халал намерасонад? Дасти танҳо, ду кас чӣ кор мекунем?

– Чӣ пур, дӯст пур, воҳима накун. Баъд, бародараму бачаҳояш ҳастанд.

– Гӯштингро кай мепартоӣ?

– Баъди тӯйи суннатии Сангину Самар.

***

– Дар Сабзазор ба ин қарибиҳо ин гуна тӯй нашуда буд, – аз тамошои куштиву бузкашӣ газ-газ гӯшт гирифта, мегуфтанд меҳмонони аз дуру наздик омада.

***

Шомгоҳон дар суфаи хонаи нав менишастем. Насруллоамакам даромада омаданд.

– Мондаҳо, Саъдулло!

– Шин, бародар.

Модарам ҳадаҳа кӯрпаи тоза партофт. Амакам гапро ғоз надода ба муддао гузашт:

– Ҷойи хонаҳои падарӣ вазнин барин. Аз паҳлӯи ту ягон иморати нав набардорам намешавад, ту чӣ маслиҳат медиҳӣ?

– Дар он ҷо кӣ зиндагӣ мекунад?

– Холӣ меистад. Ягон вақт балки иморат месозем.

– Убола намедонӣ?

– Уболба убол-ку, лекин дигар чӣ илоҷ? Даҳни нова, пошнаи кӯҳ. Сел ояд, хонаю дарро рӯфта бурданаш мумкин.

– То падар зинда буданд, сел набурд, хайр, боз худат медонӣ. Хӯш, дар куҷо сохтанӣ ту?

– Дар шафати ҳавлиат.

– Мабодо, охуратро дар дами дари чойхонаи мӯйсафедон бардорӣ?

– Не-е, Худо мезанад одама.

– Ист ки, ин замину хонаю ҷоҳои партов аз они тағои Низом буданашро медонӣ?

– Аллакай пурсида омадам.

– Мабодо, ранҷӣ, атрофи хонаю дарамро девор мекунам.

– Барои чӣ ранҷам? Таомули оиладорӣ – ҳамин. Низом боғи партовашро ба ҳисоби ман гузаронд. Ба ҳар ҳол, пеши додарзодаҳот хонадор шуданд, – илова карданд амакам.

– Ба ман ними ҳамон боғи аз падар меросмонда мерасад, бачаҳои ман ҳоло нав аз очаашон омадагӣ. Дандонро, ки Худо дод, ризқашро ҳам медиҳад, мегуфтӣ-ку? Шояд додарзодаҳот ҳам бӯзбала шаванд, нонашонро ёфта хӯранд. Баъд, бағали деҳа васеъ, – суханашро бо киноя хулоса кард падарам. – Ман одами кӯча. Пагоҳ-фардо ба кони тиллои деҳаи ҳамсоя мекӯчидаем.

– Нағз-нағз, ту аз бисёр ҷиҳат ба падар задаӣ. Пӯсткаллаи гапро мегӯйӣ, мемонӣ...

– Рост мегӯйӣ, падар гаправ ҳам набуданд.

– Гапи кӯҳнаро бод надеҳ, як душмани оилаи мо бо гилаю гиря даромада, аз болои ту шикоят кунад, ман туро дар ҳузури ӯ сила намекунам-ку, ҳарчанд мо гӯшту нохунем. Ва то абад мову туро ягон низои ночиз ҷудо карда наметавонад. Ман мурам – ту мегӯронӣ, ту мурӣ – ман!

– Кӣ пеш мемурад, аниқтараш, киро пештар ба қатори мурдаҳо медароварда бошанд, намедонӣ?

– Боз киноя. Ту аз баҳри ҳамин гӯштинг баро, додар. Иғвогарону ҳасудон ҳар дуи моро маъюб мекардагӣ-барин.

Ҳамон шаб падарамро хоб набурд. Вақте ки дар суфаи ҳавлӣ қатор мехобидем, падарам ҳазён мегуфт. Аз ҳазёнгӯйии ӯ тарсида хобам гурехт.

– Сангин!

– Чӣ мегӯйӣ ними шаб?

– Дар саргаҳи боғ хонаи баҳорӣ месозем, дар сари об. Чӣ гуфтӣ?

– Худат медонӣ.

***

Падарам баъди ҳар куштигирӣ, ки ду-се касро ғалтонда подошӣ меовард, мегуфт:

– Ман барои солим гӯштинг намегирам, бачаҳом. Гӯштингирӣ ҳам санъат. Медонед, барои гӯштингир асосан чӣ лозим? – баъди он ки ману Самари калонсолтар гӯш ба қимор, ҷуссаи тануманд ва китфи васеи падарамро бо завқ тамошо мекардем, ӯ рӯҳ гирифта, меафзуд: – Якум, – нарангушташро хобонд, – гӯштингирӣ аслан модарзодӣ аст ва ҳар кӣ ин неъмати худододро пайхас кунад, бояд худро мисоли ниҳоли боровар ҳамеша ғизо диҳад, чи дар гармо, чи дар сармо. Дуюм, қувваю бозу, – ангушти дуюмашро хобонд, – чусту чолокӣ ва ҳавои гӯштингириро дониста, бештар калларо кор фармудан лозим. Сеюм, – боз ангушти дигарро хобонд, – усули беҳисобро ёд гирифтан шарт ва дар ҳар тӯю тамошо онро тағйир додан зарур, то ки ҳарифон дар ғафлат монанд. Чорум, – ангушти навбатӣ низ хам шуд, – рӯҳи тавоно! Муҳимаш ҳамин. Рӯҳи одамизод, мабодо дар чанголи азияти рӯзгори бераҳм афтад, паҳлавон дур намеравад, аз маърака барвақт мебарояд.

Баъди ин насиҳати падар ман аз ғояти содагӣ пурсидам:

– Рӯҳ чист худаш?

– Рӯҳ ҷон-дия, писарам. Камбинҳо бештар ҳаракат мекунанд, ки одами андак ба чашм намоёнро, азбаски ошкоро аз гиребон гирифта наметавонанд, бо тӯҳмату ғаммозӣ ва дурӯғу дурӯягӣ, хуллас, бо равишҳои ғайричашмдошт аз по афтонанд. Лекин, агар ҷонат бақувват бошад, онҳо оҷизанд.

– Очам ҳамин гӯштинга бехосият мегӯяд-у, додо?

– Очат куҷою маслиҳат. Аммо гапи вай ҳам аз як ҷиҳат дуруст, – ба оби ҷӯйбори шафати суфаамон хаёлолуд чашм давонд ӯ, – паҳлавон шавӣ, душманат мӯлтар мешавад. Боз, чашми баъзеҳо дилу ҷигарро сӯрох мекунад. Ин ҳикмати очат ва амакат.

Дар ёд дорам, падарам дар тӯйи як ҳамдеҳаамон ду касро дар як нафас афтонда буданд. Баъди ин довари маърака ба ҳозирон рӯ оварда:

– Бо Саъдуллопаҳлавон кӣ мегирад? – гуфт ва эълон кард: – Солим – гов!

Ба майдон гӯё об зада бошанд, хомӯшӣ ҳукмрон гардид, сукунати том на танҳо маърака, балки тамоми бағали кӯҳсорро фаро гирифт. Ниҳоят, коғазро ба дасти падарам доданд. Вай боз ба маърака баромада:

– Ман гӯштинг нагирифта ин говро намегирам, – гуфт ва коғази подошро ба соҳиби тӯй баргардонда, илова кард:  – ин  тӯёнаи ман!

Падарам бо табассум дар ҷояш нишаст. Ҳама ба мардигарии ӯ тан дода, бо назари нек ба сӯяш менигаристанд. Дар маърака ҷуссаи падарам гӯё бузургтар метофт, ӯ бо тамкин ва сарбаланд давр мезад...

***

Аз миён се-чор сол гузашту пас аз чанд воқеаи мудҳишу гӯшношунид падарам якбора аз шасташ гашт. Мегуфтанд, ки гӯё падарам аз як қалъаи деҳаи Симчашма ҳангоми кофтуков  як косаи тиллоии қадимаро ёфтааст ва баъд аз як соат, вақте ки дар хаймаи хобу хезашон хӯрок мехӯрдаанд, он косаро аз таги болинаш дуздидаанд. Вай онро ба сарвари кон супурданӣ будааст. Дигар, ҳамон рӯз маошу мукофоти ду рӯз пеш гирифтаашро ҳам касе ба ғорат бурдааст.

Рӯҳи падарам сахт мекоҳад, дарди худро наметавонад ба касе гӯяд. Вақти ғуруб, дар лаби ҷӯйи шафати хайма сари ду по нишаста будааст, ки ҳамкораш Насими одамкушу дузд риштаи хаёлашро бурида мепурсад:

– Ҳа, ҷӯра, димоғат гирифтагӣ? Атолаи хунолуд қай кардаӣ, худаш чӣ гап?

– Напурс! Касе дар хӯрокам сӯзани патифон партофтааст. Хайрият, аз гулуям духтур гирифт. Қариб як сатил қай кардам, сарам чарх мезанад.

– Одам бепарво мегардад, ҷӯра.

– Бепарво? Сояатро набинам!

Дили падарам аз ин луқмаи хунуки ҳамсолаш ториктар шуда, худи ҳамон шаб роҳи хонаамонро пеш мегирад. Дар роҳ аз кӯҳу кӯтал бо саду як хаёли парешон қабристонро миёнбур карда мегузаштааст, ки нохост ба гӯрхонае меафтаду ба пайкараш раъша медавад...

Субҳидам аз хоб хеста авзои падарамро батамом беҷо дидам. Модарам беовоз оби дида мекард, дасторхонро паҳн карда истода. Вақте ки ҳама сари дастархон менишастем, падарам зери лаб ғур-ғуркунон пиёлаи чойро ба сари модарам андохт. Ӯро дашномдеҳон аз ҷо хест ва чанд мушт ба сараш фаровард ҳам!

Баъд аз каме бузургтар шудан фаҳмидем, ки дар ҳамон шомгоҳи шум дар косаи хӯроки падарам мағзи каллаи хар ва сӯзани патифон андохта будаанд.

***

... Ва як субҳи содиқ ҷигарбандони падарам барои ин ки чашми ӯро тарсонанд, ба хонаамон омаданд. Аз ваҷоҳаташон, рости гап, тарсидам. Забони модарам гирифт.

– Сазои марде, ки занашро бесабаб мезанад, ҳамин. Ба духтур мебарем, шояд аз дамат гардӣ, – мегуфтанд Амиртағоям.

Ва падари хаёлолудамро, ки худро танҳо ҳис мекард, ба табобатхона бурданд.

Баъд аз як сол аз сурату сирати падарам гӯё ному нишоне намонда буд. Бо ҳидояти се нафар ӯро аз кори кон гирифтанд. Байни падару модарам боз мағал мехест, аҳён-аҳён.

– Саъдулло аз гӯштингирӣ баромадааст, – мегуфт дар маъракаҳои деҳа Насимҷӯраи одамкушаш.

– Ба даври ту омадааст-дия, шаҳбоз, – кадоме киноя мекард.

Падарамро боз ба табобатхона бурданд, бо зуъми зӯрӣ. Дилу ҷигари Насруллоамакам ба ҳоли додараш кабоб шуда, дар дил ба иғвогарону ҳасудон лаънат мехонд. Ба додарзодаҳояш раҳмаш омада, ба району шаҳрҳо давида, «Саъдулло дар ҷанг маъюб шуда буд»-гӯён, бардурӯғ инвалиди дараҷаи дуюм кард. Яъне, мехост додарзодаҳои андаке болиғшудааш аз гушнагӣ азият накашанд. Ин «некӣ»-и Насруллоамакам хизмати хирсонае буд, ки барои ҳаёти минбаъдаи мо рӯзи сиёҳ овард. Дар кӯю кӯча аз ҳамсолону нобинамон лат мехӯрдем, таъна мешунидем...

Ман болиғ шуда, пас аз хизмати ҳарбӣ мебоист хонадор шавам. Аммо гаҳворабахшамро надоданд, таънаомез гуфтаанд, ки волидонаш ба дарди қалбу асаб печидагӣ, мисли хаёлиҳо.

Ба як духтари зебои сабзазорӣ ошиқ шудам.

– Сангин, ту куҷою вай паризод! – гуфт як рӯз ҳамсинфам, ки ӯ низ ҳамон духтарро дӯст медоштааст...

Ман барқасд аз деҳаи ҳамсоя бо духтаре хонадор шудам. Ба як ҳисоб, хушбахтам. Рӯзгори ду бародар ва хоҳарам Маҳин низ бад не, лекин... Ҳамон чашмтарсонии хешу табор ва ҳамсояҳои дилсӯзам барои мо гарон афтид.

Волидайнам аз шиддати дарди дилу асаб чашм пӯшиданд ва хешовандону ҳамсояҳои дилсӯзи аз таги гап бехабарамон низ оқибат хатои худро дарк карда, ба бадгуҳарон – ҳасудони падарам лаънат хонда, бо пушаймонӣ аз дунё гузаштанд...

Ман ҳоло дар мактаб кор мекунам, нияти падарам низ ҳамин буд. Вале, ба назарам, ҷароҳати ҷанги беамон, аз афти кор, аз насл ба насл мегузаштаааст. Агар не, чаро фарзандони ҷангдидаҳо аз номи ҷангу ҷангҷӯ ва хуни ноҳақ метарсанд? Агар ҳамин тавр намебуд, қисмати падари ҷанговари рӯҳан солимам шояд чунин ранг намегирифт.

Симкати холӣ(ҳикоя)

Аз каҳдон садои ҳазину раҳмовари модарамро шунидаму ба пайкари лоғари офтобзадаи чиркинам мурғак давид, нафасам дар гулу печид. Ва аз мӯрии ягонаи боми фарсуда модари дар коҳу каҳбеда бо куртаи даридаву ҷисми абгоршуда ва ба хун оғуштаамро дида, аз чашмони сурхгаштаам беихтиёр дона-дона ашки шӯр ҷӯшида баромад. «Дод аз дасти қисмату ҷанг!»-гӯён нидои ҷонгудози модарамро ба забон овардам, оташи ғазабам забона зад, аз гиребони кӣ гирифтанамро намедонистам. «Кош, ақаллан бист-бисту панҷсола мебудам»-мегуфтам тахтасангҳои лаби мӯриро дуртар тела дода.

– Гиря накун, писарам, – дил медиҳад модарам бо овози дилхарош. – Ту мардак-дия, боз танҳо омадӣ?

– Ҳа, очаҷон!

– Хуб кардаӣ. Эҳтиёт шудӣ? Мабодо, тағоят аз паят омада монанд?!

– Натарс, оча, аспсавор рафтанд.

– Кӣ?

– Кӣ мешуд, ҳамон бародарат-дия.

– Додот омаданд?

– Не.

– Ана халос.

– Натарс, оча, ҳозир ба сари додарону хоҳарам мешитобам. Ягон кас ба ин қарибиҳо ба каҳдон намеояд... Атолаю оби овардаамро хӯрдӣ?

– Пир шав, бачам, хӯрдам. Боз қадре ҳаст. Рав, тезтар шиками додарону хоҳаратро сер кун.

– Боз кай биёям, оча?

– Фардо.

– Фардо? Не-е, имшаб, пеш аз хоб туро хабаргирӣ меоям.

– Сангинҷон, бачам, дар шаби  торик зинҳор набиё, метарсӣ!

– Меоям! – гуфтам ашкҳои сӯзонамро бо кафи дастони чиркин пок карда, – баъди ягон соат як коса ҷурғоту нон мебиёрам.

– Ҷурғот лозим не, агар тавонӣ, аз гиреҳ ягон куртаи бутунамро биёр.

– Хуни баданат монд?

– Монд, фақат андак месӯзад. Натарс, ҷони очаат аз санги хоро ҳам сахт. Ҳоло тую додарону хоҳаратро то калон карда, хонаю дардор накунам, ба марг сар намефарорам. Натарс, ба очаат бало ҳам намезанад...

Вале, ба гумонам, аз мӯрии бом дуд мебаромад, ба сони дуди ҳезуми тар...

Баъди ин гапҳои бадард дигар ба шунидани ҳасрати модарам тоқат карда натавониста, сарамро аз мӯрии бом кашида, ба тарафи офтобшинами деҳа назар кардам. Офтоби мунаввар ба паси кӯҳҳои деҳа пинҳон мешуду пардаи торикии ваҳмангез табъамро тиратар сохт. Бо азобе аз бом фаромада, аз роҳи хилват ба хонаи тобистонаамон қадам задам. Ба пойи яғирам хор зад.

– Очаҷон! – гӯён ба замин нишастам. Ба дунбаам низ хор халид. Худамро акнун бардошта хорро аз поям канда гирифта, қадаме пеш андохтанӣ будам ки, чашмам афтид, дар рӯ ба рӯям, аз кӯчаи калон падарам харсавор меояд.

– Сангинҷон, – гуфт ҳадаҳа аз хар фаромада, шабона дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

– Худам, аз пеши ҷӯраҳоям меоям.

– Гиря кардагӣ барин-ку ту?

– Ба пою дунбаам хор халид.

– Эҳ, Сангинҷон-е, рост ист.

Падарам хорҳоро чида гирифту маро ба сари синааш пахш кард.

– Фардо очаатро мебиёрам.

– Кош меовардед.

– Мебиёрам, гапи мард – якто.

– Боз мезанед?

– Не, писарам, тавба кардам.

Падарам, ба қавли модарам, ҳамон «падари золимам» ваъда медод, ки дигар ба сари очаи ман мушт намебардорад.

Ҳанӯз дарақ-дарақ меларзидам. Метарсидам, ки мабодо падар аз воқеаи хунини имрӯза хабар ёбад. Лекин бояд донад. Бубинад, шояд дар дилаш як умр раҳму шафқат лона монад. Аслан падарам мӯреро озор намедод, лекин чаро се рӯз қабл, вақте ки дар суфаи пеши хонаи кӯчаки тобистонаамон менишастем, пиёлаи пешашро ба тарафи модарам андохт? Худаш ҷанҷол аз чӣ хест? То ҳол намефаҳмам...

– Калон шавӣ, мефаҳмӣ, Сангинҷон, – раҳораҳ падарам насиҳат мекард бо оҳанги пушаймонӣ.

– Чиро?

– Мард кисту зан чист.

Ман аз ин гапҳои таҳдори падарам хаёлан ба саду як кӯчаи сарбаста даромада мебаромадам.

– Ҳоло ту бача. Акнун ба синфи дуюм гузаштӣ, – мегуфт падарам, вақте ки маро бо роҳи морпечи боғ ба хонаи тобистонӣ мебурд.

«Эҳ, падар, падар, – аз дил мегузарондам, – агар ҳамон рӯз ба болои ҷанҷолатон тағоям аспсавор намеомаданд, имрӯз модари азизам, модари ба ҳимоя мӯҳтоҷам ин қадар лат хӯрда оғуштаи хун намешуд, куртааш дарида, ба хуни гарм намеғӯтид».

Ҳамон рӯз тағоям бо итоб, «Саъдулло, – гуфта буданд, – паҳлавон бошӣ, бо мардони паҳлавон даст ба гиребон шав. Лекин, хоҳарам, ҷигарам Дилбарро намегузорам, ки ба андомаш мушт бардоранд, фаҳмидӣ?». Ва модарамро бо зуъми зӯрӣ пешандоз карда ба хонаашон бурданд. Бо ҳамин ман ва додарону хоҳарам ду рӯз заҳри беочагиро чашидем. Аз модарам дарак нашуд. Ниҳоят, он рӯз баъди дарс дар дами дарвозаи Амиртағоям муддате бо чашми чор ва бо умед модарамро меҷустам. Оқибат ӯ аз ошхонаи тағоям баромада, бо шаст ба  тарафи ман омад. Аз ғояти шодӣ инони гиряро сар додам.

– Писарам, гиря накун пеш афт.

Аммо модарам хато карда будааст. Баъди соате тағоям боз аспсавор барқосо дар назди дари боғамон пайдо шуданд. Маст, дар даст тозиёна даромада омаданд.

– Чаро бе иҷозати ман аз хона рафтӣ?! – гӯён ба сари хоҳар давиданд. Модарам дар болои суфа парӯ афтид. Тағои хунгирифта бо тозиёна ба ҷойи рост омадаи пайкари наҳифаш бо шаст мезаданду мезаданд.

– Модоме ки ҷигар шуда бе иҷозати ман баргаштӣ, ҷазоят ҳамин, Дилбар!

Наъраи тағоям бағали кӯҳсори тангро ба ларза меовард. Хайрият, модаркалонам ва се-чор зани ҳамсоя ба миён афтида, тағои ба ғазаб омадаамро «инсоф кунед, Дилбар дуҷон. Ягон кору ҳол рух диҳад, худатон месӯзед» мегуфтанд фиғонашон ба фалак печида. Аммо тағоям аз дамашон намегаштанд.

Аҷабо, модарам, модари парӯафтидаю ба хун оғуштаам аз байни издиҳом худро кай ва бо кадом қувваи илоҳӣ берун гирифта, оқибат дар каҳдони ҳамсояамон паноҳ бурдааст, пай набурдаам аз рони тағоям гирякунон дошта...

Пас аз хӯроки шом куртаи модарамро аз гиреҳ гирифта, акнун аз суфа ба рӯйи ҳавлӣ фаромада будам, ки:

– Сангинҷон, писарам, – гуфтани падари сарбастаамро шунидам ва аз роҳгардӣ бозистодам.

– Куҷо меравӣ?

– Пеши очаам.

– Гуфтам-ку очаатро фардо мебиёрам. Тағоят андак аз шасташон гарданд?!

– Модарам алллакай бе иҷозати тағоям гурехта омад.

– Кай? Ба куҷо? – гуфт ӯ бо ҳарос ва баъд аз каме мулоҳиза илова кард: – Барои чӣ то ҳол ба даҳонатон об гирифтаед? Ман падаратон-ку?!

– Агар зӯрам мерасид, модарамро ҳам аз шумо ва ҳам аз тағоям ҳимоя мекардам.

– Ин гапҳоро як сӯ ғундору гӯ, ки очаат дар куҷост?

– Дар каҳдони бобои Камол...

***

– Бародарат аз ман сад бор золимтар будааст-у, Дилбар? – мегуфт падарам ба тахтапушти модарам бо пахта дору молида. – Ин чӣ гап?

– Аз сӯхтанашон заданд, ҷигар-дия.

– Бачаҳоро тарсонданашон-чӣ? Имшаб аз аҳволи ту тарсида хоби бачаҳо парид. Бача тарсад оқибаташ нағз намешавад.

– Агар ту дӯсту душманро фарқ накарда, ба сари ман баҳудаю беҳуда дод намезадӣ, ба ин аҳвол намеафтидам...

Баъди ҳамин гап, ҳамон субҳидам, ҳанӯз офтоби тобон набаромада, дар болои суфаи гӯшаи боғамон сукунати ҳавлангезе ба миён омад. Ин хомӯширо танҳо шилдир-шилдири оби ҷӯйбори васати суфа, ки ба боғи ҳамсоя мегузашт, халалдор мекард.

Вале аз гуфтугӯйи падару модарам ягон чизро намефаҳмидам. Шояд болиғтар шавам, мефаҳмам, меандешидам худ ба худ гоҳ ба модару гоҳ ба падари хаёлпарешонам назар давонда... «Мурда сабук шудам», – мегуфт модарам гиряолуд.

***

Солҳо мисли бод гузаштанд. Падарамро ду сол пеш ба хок супурда будем.

– Соҳиби сарам буд, – мегуфт модарам аз чашмони бенураш оби дида рехта, – соябони бачаҳоям буд...

Инак, худи ӯ ба ҳамин қарибӣ нохост бистарӣ шуду аз забон монд. Шифокори обрӯманди деҳаро овардем. Чанд сӯзандору кард. Баъди муоинаи дурудароз маро ба гӯшае хонда, «Сангинҷон, ба қисмат тан деҳ. Бӯйи умед не аз модарат, марги падару модар мерос, марги фарзанд теғи алмос, гуфтаанд».

Ман аз ин хулосаи духтур ба марди кулфатзадае табдил ёфтам. «Тавба, – мегуфтам худ ба худ, – гӯё дониста додару хоҳарамро ҷеғ зада будаам». Шифокорро то дами дарвоза гусел мекардаму ёрои гаппурсӣ надоштам. Шифокор рафт. Ҳарчанд зӯр зада сир бой доданӣ намешудам, хоҳари Маҳинам аллакай оби дида мекард. Тарсида-тарсида саволомез ба рӯям чашм дӯхт.

– Дар пешониямон чӣ бошад, ҳамонро мебинем, – ҷавоб додам нигоҳамро гурезонда. Ва ба сари болини модарам омадам.

– Оча, ман кӣ? – такроран пурсидам.

Аммо чашмони беифодаи ӯро дида дилам фишурда шуд. Наход, дигар ҳарфе зада натавонад? Сухани вопасини ӯ чӣ буд? Бисёр буданд панду насиҳатҳои ӯ дар рӯзҳои охир.

– Агар аз дунё гузарам, номи  ягон духтаратро Дилбар мемонӣ, – гуфта буд модарам.

– Ин гапҳоро мон. Ҳоло ту ҷавон, акнун ба шасту ҳафт даромадӣ. Лекин номи туро намондан гуноҳ аст, оча. Моро, ба ростӣ, ба дандон газида калон карди-я. Агар ғами моро намехӯрдӣ, шояд ба зарбаҳои зиндагӣ кам дучор мешудӣ. Ҳарчанд калонсол шудаӣ, намехостам, ки фарзандон ва набераҳоятро бармаҳал партофта равӣ. Илтимос, ин гапи хунукро дигар ба забон нагир, илтимос....

«Эҳ, дунё! Баъди он ҳама воқеаҳои даҳшатбор, баъди он ҳама тозиёна хӯрданҳо боз ҳам ин қадар зиндагӣ кардӣ-я! Ҳоло ҳам ҳамон доғҳо аз пайкари наҳифат нарафтаанд, мегӯяд хоҳарам. Рост, ҷонат аз санги хоро ҳам сахттар будааст, модар!» – гиребонамро дошта, аз худам мепурсам, аз сари модарам хеставу ба меҳмонхона гузашта. Ва боз ба хаёл меравам: «Магар одам каси дӯстдошта ва ба қавле, ҷигарашро ин қадар бераҳмона зери тозиёна мегирад? Ё ки дар болои мастӣ буд ин рафтори номатлуб?!»

Тағоямро, ки на камтар аз модарам дӯст медоштам, бист сол пеш ба хок супурдем. Охир, баъди болиғ шуданам донистам, ки модарамро маҳз ҳамон тағоям фарзандвор ба воя расонда ба шавҳар дода будааст. Аз ин рӯ, вай – тағоям ҳаққи маънавӣ дошт, ки модарамро то дами зинда буданаш ҳимоя кунад. Дар роҳи рӯзгори пурасрор пешпо хӯрад, бардорад ва мабодо, аз хатти кашидааш берун барояд, ҷазояшро бидиҳад. Вале, агар маст ҳам буд, барои ба ин дараҷа абгор кардани хоҳараш ҳақ дошт?

Модарам баъди се рӯзи бемориаш аз олам чашм пӯшид. Аз миён як моҳ гузашт. Бо вуҷуди ин, симкати хоби ӯро дар гӯшаи хона холӣ дида, ба чашмонам бовар намекардам, ки модарам аз дунё гузаштааст.

Хуллас, бемодарӣ азоби алим будааст. Модарам бошад, бо вуҷуди зарбаҳои тоқатнопазири зиндагӣ ба ваъдааш вафо кард. Ӯ тавонист ману ду бародарам ва як хоҳарамро калон карда, хонаю дардор кунад. Танҳо пас аз адои ин ваъда аз олами бебақо даргузашт.

***

Ҳоло дар ҳамон кати симини модарам духтари кенҷаам, ки ба ӯ номи модарамро мондаам, хоб мекунад. Бо дидани симкати пур занги дилам тоза мешавад ва бо илтиҷо ба Худои мутаол рӯ меоварам: «Илоҳо, духтарчаи дӯстрӯям Дилбар мисли модарам ҳаргиз азоб накашад, аз ҳар гуна заҳру зақуми зиндагӣ дар амон бошад!».

Ҳар гоҳ, хоҳ шабу хоҳ рӯз, симкати модарамро, ки дар гӯшаи хонаи ҳафтболор меистад, холӣ бинам, дилам фишурда шуда, ба ҳамсарам амр мекунам:

– Дигар симкати модарамро холӣ набинам!

Ман зиқ не(ҳикоя)

– Зиқ нашав, тез пир мешавӣ! – луқма партофт касе аз болои сарам. Сар бардошта дар рӯ ба рӯям марди тануманди тахминан шастсолаеро дидам, ки беовоз механдид. Механдиду гӯё аз даҳонаш як даста нур баромада (ӯ дандонҳои тиллоӣ дошт) пеши поямро равшан месохт.

Ба перрон бошад, ҳарчанд ҷо-ҷо чароғҳои барқӣ нур меафшонданд, пардаи тунуки торикӣ фаромада, равшании ночизи онро тадриҷан дам мекашид. Дилам чун ғаш буд, аз ин ҳолати нофорам бетоқат шуда, дар банди хаёлҳои мағшуш дам ба дам бо теғи чашм ба соати дастӣ назар медавондам. Шояд аз ҳамин сабаб вай – марди ношинос маро зиқ пиндошт?

– Ман зиқ не! – бо итоб гапашро ба даҳонаш задам лашулушамро аз хараки дароз ғундоштаву ба халтаи селофанӣ андохта.

– Дурӯғ нагӯ, ту зиқ! – ба такрор эътироз намуд марди ношинос ва ба ҷавоби ман эътибор надода, ба маънии «хобатро ба об гӯй» даст афшонду чанд қадам пеш андохта, бо се-чор мард, ки шояд ҳамсафаронаш буданд, ҳамроҳ шуда, деги сӯҳбаташонро ҷӯшонд.

Ҳисси кунҷковиам оқибат боло гирифту ба китфи марди ношинос оҳиста даст монда салом додам.

– Э, ин ту?!

– Мебахшед, ман шуморо дар куҷое дидагӣ барин...

– Фарқаш чӣ, шинохтӣ-чию нашинохтӣ-чӣ?! Одами дилсоф ки ҳастӣ, аз дилсӯзӣ пӯсткандаи гапро гуфтам. Балки аз ман ранҷидӣ, зиқ шудӣ?

Вай ба ман навбат надода, бо камоли эҳтиром ва хушҳолӣ, ба як ҳисоб, ширинкорӣ мекард.

– Агар ту зиқ намебудӣ, – аз рафиқонаш ҷудо шуда даст дод, – магар номи маро фаромӯш мекардӣ? Ин як. Дуюм, дар ҳафт-ҳашт соли охир мӯйҳои қатрониат куҷо шуданд? Дар ҳамин муддати кӯтоҳ мӯйҳои одамизод, агар вай тариқи зиндагӣ карданро донад, магар тунуку хокистарранг мешавад?

– Илтимос, гапро ғоз надиҳеду номатонро гӯед, ака, шумо ҳақ.

– Ана, ана, гап инту шудааст, – вай ғолибона беғаш хандид. – Хӯшш, номи банда – Одина Шарифӣ, домуллои донишгоҳи тиббии Бухоро.

– Ҳа-а, ба хотирам расид.

– Ту – Убайдулло Азим. Ҳашт сол пеш дар осойишгоҳи «Ботаника» дар як палата хобухез мекардем. Ҳамон дам низ насиҳат мекардамат, ки одамони ба ном одамро дида ҳаргиз зиқ нашав, бигузор, дигарон зиқ шаванд, кулли ҳайвоноту наботот зиқ шаванд. Ҷояш ояд, зинҳор, аз рӯйи зарурат (зарур бошад – раво бошад!) як муддат нобино шав, кару гунг шаву бинои умри худододро хароб накун. Исто, лаб ҷуфт накун... ту ба ман гӯй, агар зиқ шавӣ, поезд аз мӯҳлат пеш меояд? Не! Агар зиқ шавӣ, як нонат дуто ё ки одамони газанда кам мешаванд? Душманат дӯст мешавад? Не?! Агар зиқ шавӣ, бемор бошӣ, сиҳат мешавӣ? Ё ки ҳамаашро ғундор, мурда зинда мешавад? Хуллас, ин зиқӣ, додарам, бемории саратон барин, яъне рак! Ниҳоли умрро аз рагу решааш хушк мекунад. Баъди нохост ё бемаҳал аз дори дунё гузаштанат кам андар кам одамон ёфт мешаванд, ки шояд гӯянд: раҳматӣ одами дилсофу меҳмоннавозу одамдӯст буд, бори касеро дар ними роҳ намемонд. Лекин, баръакс, ҳатто ба касе, ки некӣ кардаӣ, як бандаи бахилу ҳарис буд, мегӯяд. Ва ҳол он ки ин тоифаро одами нобино ҳам мебинад. Ин тоифа, Убайдуллоҷон, яъне бахилону ҳарисон бо дили сиёҳ хандида мегарданду (ин дарди бедаво аз саратон ҳам бадтар!) ҳар рӯзи Худо, ҳамин ки  кори ягон наздик ё шиносаш омад кунад, рагҳои хунгарди пайкари зебояшон танг шуда-танг шуда, дар як рӯзи равшан, дар раҳи равон, дар як нафас нафасашон мебарояд. Сазои ин тоифа ҳамин. Аммо ту як одами дилсофу беозор-ку?!

– Шуд-шуд, бародар, ман ба фалсафаатон тан додам, таслим! – гӯён ду даст ба боло бардоштам талх, хеле талх хандида.

Сарам чарх зад дар перрон. Табиб-дия, падарлаънат, рӯҳияти касро аз чашмаш хонда метавонад. Рост, имрӯз саҳл зиқ будам. Чунки як беморро барои то перрон овардан азоби гӯрро кашидам. Аслан, айби худам. Зеро як бор ба як ҳамдеҳаи корафтодаам як дурӯғи бефурӯғро пеш оварда, баъди ягон соат сирам фош шуду замин накафид, ки дароям. Ҳамон дам тавба карда будам, ки (агар бемор бошам ҳам) сари ду по истода, дар хизмати корафтодагон мешавам. Ман, охир, мисли Сазоии ҳамдеҳаам аз қатори одам баромаданӣ не, ҳамдеҳагонам гила мекунанд, ки на ҷойи корашро медонанду на раҳи хонаашро. Рақами хонаашро-ку падараш ҳам намедонистааст. Масалан, худам. Баъди кор ба хонаи панҷ-шаш нафар ҳамдеҳаам сим зада, аз аҳволашон пурсон мешавам. Чун навбат ба Сазоӣ ояд:

– Лаббай! – мегӯяд бо зарда овози маро шинохта, – хизмат?

Баъди пурсупоси кӯтоҳ забон хоида узромез мегӯям:

– Аҳволатро пурсиданӣ будам.

– Ҳамааш нағз, – мегӯяд бо ҳамон оҳанг, аз таги кӯрпа телевизор тамошо мекардем.

– Узр, – мегӯям латтаи ба об афтидагӣ барин суст шуда.

– Одама шабу ними шаб безор накунед, узри бадтар аз гуноҳ ин коратон.

– О, ҳоло соати шаши бегоҳ-ку? – худро сафед мекунам ин дафъа ғазаболуд. – Ист, ки аслан телефон ба ту чӣ даркор? Аз беху бунаш канда парто!

– Аз шумо намепурсам...

Ва Сазоӣ бо зарда гӯшакро ба ҷояш мегузорад. Ба замми ин, дар як шаҳр зиндагӣ карда, хонаашро дар як ё ду сол ёфта мераваму, сад дареғ, мисли одат зиқ шуда бармегардам.

Ин дафъа намерафтам. Аз як ҳамкораш фаҳмидам, ки бемор будааст. Яъне беморбинӣ рафтам. Аммо Сазоӣ ғайричашмдошти ман асп барин буд. Вай – Сазоӣ маро сардакак пешвоз гирифта, баъди дастархон паҳн кардан «мо ҳар ду як дақиқа пеш мурғбирён хӯрда будем» мегӯяду нону чойхӯрии маро ошкоро тамошо мекунад. Баъд аз ӯ сигарет мепурсам, аз омаданам сад бор пушаймон шуда.

– Аз баҳраш гузаштам, акаи Убайдулло, – Сазоӣ бо ширинкорӣ ё писхандомез ҷавоб медиҳад. – Вай заҳри ҳалоҳил монанди дудкаши печкаи чӯянии бобоямон даруни одамро метосондааст.

Дам ба дарун зада, бисёраш ду пиёла чой мегираму бастаи овардаамро дар ошхонааш холӣ мекунам.

– Одама қарздор накунед, акаи Убайдулло, – омирона мегӯянд ҳар ду – зану шавҳар, – қарз ин чизи ганда! Қарздор муттаҳам шуда мегардад...

Баъди ҳамин, барои он ки Сазоӣ муттаҳаму қарздор нашавад, чанд моҳ поямро аз остонааш меканам. Вай хафа не барин. Лекин аз ин рафтораш, ба қавли домуллои бухороӣ, бояд сари мӯе зиқ намешудам. Ҳарчанд медонам, ки Сазоӣ – ҳамдеҳаам бо зиқ шудани ман ҳаргиз қарздор шуданӣ ҳам нею қарздор карданӣ ҳам. Лекин баъзе ҳушёртарҳо мегӯянд, ки аз бегонаҳое, ки гоҳ-гоҳ ба хонааш меоянд, мегирад. Чунки ба онҳо тавре муносибат мекунад, ки дигар роҳи хонаашро як умр намеёбанд. Яъне бехатар, мегираду намедиҳад...

– Акаи Убайдулло! – садои шинос маро ҳушёр мекунад, – поезди мо омад.

Ҳамдеҳаамро тез ба вагон ҷо карда хайру хуш мекунам, вай шоду бод ин шаҳри пурмағал ё ки ба ибораи Сазоӣ, ин шаҳри ба мисли дудкаши печкаи чӯянии бобоёнамон тосидаро тарк карда мераваду дили банда сабук мешавад. Тамоми кӯфтагии чандрӯзаам дар як дам фаромӯш мешавад. Ҳама чизи ба назарам бархӯрда – сели одамони дар равуобуда, кӯчаҳои пурмошин, хуллас, ҳамааш аз буда зиёд зебо метобанд. Кош ҳамин дам афту ангори маро табиби бухороӣ медид! Афсӯс, вай ҳам ба поезд нишаст. Агар медид, бегумон мегуфт:

– Ту акнун зиқ не...

Ман аз перрони вокзал қанот бароварда ба кӯчаи калон баромадам. Дар ҳақиқат, дар ҳамин дақиқаҳо ман зиқ не, Одина Шарифӣ, кош медидед!

АЗ ДАФТАРИ ҲАҶВ

Шӯхиҳои Абдумалик

Маслиҳат(ҳаҷвия)

Бо азобе чашм кушоям, зану бачаҳо наменамоянд. Майна орухона. Дина «фардо истироҳат» гӯён саҳл аз меъёр гузаштагӣ барин. Гӯё дилу ҷигарам месӯзад.

– Соя, ҳо занак, – аз таги кӯрпа набаромада фарёд кардам, – аз ҳамон айрони сардакаки яхдон як коса барор. Не, не. Чойи хунуката мон, як коса айрон!

Баъди дақиқае зан дар дасти ларзонаш коса даромада:

– Камтар хуред буд! – гуфт дилсӯзона.

– А? Аз рӯйи одат, ба шавҳар ҳудаю беҳуда маслиҳат додани зан айб аст.

Ё тавба! калимаи «маслиҳат» ба забонам омаду ҳушёр шудам ва ҳадаҳа ба кӯча баромадам, то ки вай – ду мӯйсафеди ҷангиро ёфта ба чойхона равем. Офтоб аллакай ба болои сар омада буд. Хоб баробари марг аст, мегӯянд, рост будааст. «Наход то нисфирӯзӣ мурда монӣ?!» – худро дар дил маломат кардам...

Ва як чашмам ба Ҷӯрамуроду Ҷумъабой – ду мӯйсафеди як моҳ боз қаҳрӣ афтид, ки аз тарафи чойхона ҳир-ҳир хандида меомаданд.

Худро дар як нафас ба хонаи Одина гирифтам аъзои баданам ларзида. Соҳибони хона бо назари суол ба рӯям менигаристанд авзои беҷойи маро дида.

– Ман се-чор рӯз аз дунболи дуяш гашта, маслиҳат дода, устухонҳоям сафед шуд-а! Моку барин гоҳ ба хонаи Ҷӯрамуроду гоҳ ба хонаи Ҷумъабой рафтам. Ба шумо – ду мӯйсафеди маъраказеб қаҳрӣ гаштан айб аст, гуфтам, то ки хандахариш нашавед, як маслиҳати дилсӯзона дорам. Хуллас, ҳар дуро бо азобе розӣ кунондам. Дар чойхона дар сари зиёфат оштӣ шуданӣ буданд. Вазифаи косагулиро ҳам худам ба гардан гирифта будам.

– Чи, боз гапашон гурехтааст? – соҳибони хона пурсиданд.

– Кош гиребони ҳамдигарро гирифта кордзанӣ мекарданд!

– Ин хел нагӯед.

– Ваъдахилофӣ накунанд буд, номардӣ ба эбаш.

– Худаш, асли гап чӣ?

– Асли гап ҳамин ки, ба маслиҳати додаам дилам месӯзад. Зиёфатро бе ман хӯрдаанд вай падарлаънатҳои беимон. Гап якта, агар ҳар дуро боз ба ҷанг наандозам, ман Абдумалик не!

Гиря карда наметавонам(ҳаҷвия)

Баҳримурод дар паси фармон нишаста, мошинро беозор ба сӯйи кӯҳпояи Нурато, ба деҳаи Эҷ медавонд.

– Телеграмма кай расид, гуфтӣ? – мӯҳри хомӯширо шикаст ӯ ба дӯсти ҳамсолаш Абдумалик рӯ оварда.

– Нисфи шаб.

– Шаб ба роҳ бароӣ, мешуд-ку?

– Бе ту рафтанӣ набудам, – Абдумалик низ хаёлолуд аз роҳ чашм наканда бори аввал лаб кушод.

Ақрабаки соат ба болои ду наздик мерасиду мошин ба деҳаи Эҷ. Нохост, ғайричашмдошти Баҳримурод:

– Ҷӯра, – илтиҷо кард Абдумалик, – суръати мошинро саҳл камтар кун.

– Чӣ гуфтӣ? Инсоф дорӣ ё не? – Баҳримурод шӯрид. – Дар он ҷо тобути падаратро ба ту нигаҳ дошта шиштагистанд.

– Мақсади маро нафаҳмидӣ, ҷӯра, – сухани рафиқашро бо мулоимӣ ва гунаҳкорона аз даҳонаш гирифт Абдумалик, – ман як дарди бедаво дорам.

– Мабодо худат чаппа нашавӣ?

– Шукр, тану ҷонам бутун. Ман мехостам, – худро ба сафедкунӣ даромад Абдумалик, – ҳамин ки ҷасади падара ба хок супоранд, баъд ба деҳа расем.

– Аблаҳ! – бадтар даргирифт Баҳримурод, – фарзанде, ки аз пойи тобути падар намегирад, магар одам аст?

– Ту ҳақ, ҷӯра. Гап дар сари ин ки ман дар ҷанозаҳо гиря карда наметавонам.

– Дар ҷанозаи падарат ҳам?

– Сад дареғ, дар ҷанозаи падарам ҳам ба гумон аст гиря кунам.

Хумчойнак(ҳаҷвия)

Хоҳ бовар кунеду хоҳ не, банда дар умрам ба ягон тини харидор чашм ало накардаам. Аммо чӣ мегӯед, ки аз таънаи даҳонбефаровезҳо чил сол боз азоб мекашам.

«Ягон мудири магазин ҳалол нест. Ҳалол кор карда ҳам наметавонад!», мегӯянд шиносу ношиносҳо. Гапашон ҷон дорад. Лекин аз рӯйи инсоф гап занем, магар ҳамаро аз як лаб дузду порахӯр гуфтан дар чорчӯбаи ақлу инсоф меғунҷад? Не, мегӯед? Бар падаратон раҳмат!

Хуллас, ҳамин ки ин таънаи хунук ба гӯшам дарояд (кош кар мебудам), лаппи дармегираму ба куҷо задани сарамро намедонам. Ба ростӣ, аз ҳамин ваҷҳ на танҳо мӯйи қатронам, балки устухонҳоям ҳам сафед шудаанд.

Медонам, бори каҷи чапдастон на ҳамеша ба манзил мерасад. Ва ҳаминро ҳам нағз медонам, ки ин тоифа ба ягон дард напечида (дард ҳам аз онҳо ҳазар мекунад), дар як рӯзи равшан кӯзаашон шикаста ё ин ки гурдакаф шуда, бидуни васият аз олами фонӣ рахти сафар мебанданд. Аммо ман қасам мехӯрам, ки дар тӯли чил сол дар бадали мудириам нони ҳалол мехӯрам. Лекин, сад афсӯс, маломати харидорон ҷонамро ба ҳалқам овард ё ки, ба гумонам, шайтон бероҳа кард магар, як бор (бе ин ҳам як по дар лаби гӯр!) хостам ҳамон моли антиқаро ба пул занам. Бас, софдилӣ!

Харидори дирӯза – шиноси кӯҳна. Муҳимаш, пулмаст. Ба қавле, аз пул пул мезоёнад.

Ба идора омадаму ба котибаам Хосиятхон таъин кардам, ки як чойник чойи “95” дам кунад. Вай дар як дам хумчойнакро дароварда дар таги манаҳам гузошту:

– Резам? – гуфт пиёлаҳои бе ин ҳам тозаро бо сачоқ гаштаю баргашта пок карда.

– Раҳмат, Хосиятхон, худам, – гӯён хумчойнакро пештар кашидам. – Агар ягон кас Камол Насимович ҳастанд, гӯяд...

– нестанд, мегӯям, – Хосиятхони рамузфаҳм гапамро аз даҳонам гирифт ва дари кабинетро аз қафояш пӯшонд.

Бо дасти ларзон ба гӯшаки телефон часпидам.

– Худди худашон, Тӯра Кулфатович мешунавад! Гарнитура? Аз забонатон гардам, ман ҳозир, даму дуд...

Дар ҳақиқат, ӯ арвоҳшапалак барин дар як мижа задан дар кабинет пайдо шуд. Чеҳрааш шукуфон. Бе пурсиш худро болои диван партофту аз бағал як даста биступанҷсӯмаро бароварда болои мизам ниҳод.

– Ин аз нӯги хамир, – гуфт гуфт ӯ чашмони мурғиашро бозӣ доронда, – агар ба келинатон маъқул шавад... О, шукр, мо ҳам сар боло карда гаштаем, одам барин хурсанд кардан аз дастамон меояд. Аз рӯйи шунидам, ин хел гарнитур ба як шаҳри калон танҳо сето омадааст-а?!

– Шумо бало, аз таги замин мор гузарад медонед-е.

– Додаратон чорчашмаю чоргӯша! – бо оҳанги ҳазл суханашро давом дод ӯ ва аз ҷо хеста: – Ҳозир як мошини боркашро биёрам, – гӯён башаст аз кабинет баромад.

– Як пиёла чой!

– Баъд.

Ба ин универмаг ду моҳ қабл мудир таъин шуда будам. Лекин Хосиятхони котиба аз котибаҳои кӯҳна. Одатан, бисёриҳо ҳамин ки курсиашон нав шуд, котибаашонро низ номаълумакак нав мекунанд. Аммо ман дар ин кор пиёда. Дар чил сол панҷ бор ҷойи корамро дигар карданд. Чор бори аввал котибаҳо маро «нафоронданд»-у бо баҳонаи ин ки ба кори дигар мегузаштанд, ҷуфтакашонро рост карданд. Хушбахтона, бо Хосиятхон ду моҳ боз бе ғилу ғаш кор мекунем. Ё ки баъди ҳамон ваъдаам ба кор дилгарм шуда бошад? Агар ваъда хом бошад-чӣ?

Ҳа, дар воқеъ, узр. Аз мақсад саҳл дур рафтам, ба фикрам. Ҳамин ки Тӯра Кулфатович баромад, дарро аз дарун қулф кардам. Ду чашм аз кӯча намекандаму димоғ ба бӯйи пул омода месохтам. Яке чашмам ба «Волга»-и ношиносе афтид, ки аз он ду марди ҳузарб берун омада, бардам-бардам қадам зада, ба ҳамин тараф меомаданд. Пулро чанг зада аз рӯйи миз гирифтаму қулфи дарро кушодам. Ҳамин дам Хосиятхон хабар расонд, ки ду кас маро мепурсанд.

– Дароянд! – гуфтам арақи сарди пешониамро пок кардаву аз хумчойнак чой рехта.

Ҳамон ду марди ситораашон на он қадар гарм даромаданду дар як дам дар рӯ ба рӯям нишастанд.

– Шумо чапдаст! – ҳар ду дод заданд пурсупосро нася карда, – Дузд!

– Кӣ дузд?! – оташи ҷаҳламро базӯр пасттар кардам. – Аввал андеша, баъд гуфтор! Чой нӯшед, бародарҳо, баъд...

– Раҳмат.

– Аввал гуноҳатонро хушӣ ба хушӣ ба гардан мегиред, сонӣ...

– Чӣ хел гуноҳ?

– Тӯра Кулфатович, ба кабинет дароед! – марди сиёҳҷурдаи фарбеҳтараш аз бағал ҳуҷҷат баровард.

Тӯра Кулфатович, яъне ҳамон шиноси кӯҳнаамро боз дар рӯ ба рӯям дида, қариб буд гурдакаф шавам.

– Аз шумо як даста биступанҷсӯмаро аниқ гирифт?

– Аниқ!

– Аниқ-а? Фаҳмидед? Акнун бароред.

– Чиро барорам? Ман намефаҳмам... Хосиятхон, ба меҳмонҳо аз ҳамон «95» як чойник чойи талх дам кун.

Хосиятхон ҳадаҳа ба меҳмонҳо як табассуми ширин ҳадя карда, хумчойнакро гирифту берун рафт. Аммо на лабширинкунии котибаю на тавозӯи худам фоида кард. Сипас, ба ҳуҷум гузаштам.

– Ҳозир ба милитсия телефон мекунам! – гуфтам бо мушт ба болои миз зада. – Мегӯям, ки ду-се бӯҳтончӣ маро намегузоранд кор кунам.

Се нафар милитсия омаданд. Шашкаса бо асбоби махсус кабинетро хуб тагурӯ карданд, аммо ба муродашон нарасиданд. Ва ниҳоят, милитсияҳо дарғазаб шуда, он се нафарро айбдор дониста, пеш андохтанд.

– Ҳазор бор шукр, – гӯён худро ба рӯйи диван партофтам, – аз бахти баландам гардам. Ба лутфу карам ва заковати котибаи бахосиятам Хосиятхон ҳазору як бор ташаккур! Ҷони маро харид-е. Барои чӣ мегӯед? Зеро маҳз Хосиятхони дилогоҳ сари вақт аз таги кор пай бурда, хумчойнакро аз кабинет бурд. Бурду дар як нафас ғайб зад. Охир, пул дар хумчойнак буд-дия!

  • ШОГИРДИ ЗИНДАГӢ

(дар суҳбати адиб)

(Юнуси Имомназар: Овози тоҷик, 13.11.1999)

– Рости гап, ба сабру бардошти шумо, ки дур аз зодбуми худ, дур аз ёру дӯстони

ҷавонӣ зиндагию кору эҷод мекунед, ҳавасам меояд. Оё чашмаҳои зулоли Гулибоғу

Мурғобак, ҷамоли деҳаи гармоғӯши Эҷро пазмон намешавед? Ба фикри шумо Ватан

чӣ маънӣ дорад?

– Э, нагӯед, пазмонӣ ҳам гап-мӣ? Ба одами дар кӯйи дур афтода ҳар ваҷаби зодгоҳ,

ҳама ҳусну ҷамолаш, ҳатто сангу шаху хоктӯдаҳояш чун ҳалво ширин будаасту мисли зар

пеши назар ҷилва мекунанд. Воқеан, ба чандин шаҳру деҳа сафар кардаву ҳанӯз ҳам обе

ба монанди оби бомаззаи Гулибоғу Мурғобак наёфтаам. Ба фикрам, ҳама орзуву ҳавасҳои

ширини ман дар пайроҳаҳои деҳаи азизам, дар ҷӯйбору чашмасор ва адирҳову дараҳои Эҷ

нуҳуфта аст. Ватан барои ман аз ҳамон зодгоҳ шурӯъ мешавад. Ва, албатта, дили инсон

ҳавасҳои фарохтарро меписандад ва маънии ватан низ ба хости рӯзгор васеътару

доманадор мешавад. Эҷ, кӯҳсори Нурато, сарзамини Самарқанд, Тошканди азим ва

ниҳоят, Ӯзбекистон ба номи «Ватан» дар тасаввури ман таҷассум шудаанд. Ҳамин макону

манзиле, ки дар он гармию меҳрубониҳои падару модарро чашидаем, бо ёру дӯстони

ҷавонӣ шӯхию бозӣ карда ҳамоғӯш шудаем, беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиро сипарӣ намуда

дунёи хаёлот ва осори худро офаридаем ва дар он ҳамроҳ бо халқи озодихоҳу поксиришт

зиндагӣ дорем, барои ман ватан аст.

– Устод, шунидаем, ки шумо дар солҳои бачагӣ ба мусиқию таронагӯйӣ хеле

алоқа доштаед, ин рост аст?

– Аввалин касе, ки ба деҳаи мо рубоб оварда буд, Қурбонбой Ғаффоров мебошанд.

Ман он вақт дар синфи дуюм мехондам. Вақте ки муаллими Қурбон рубоб менавохтанд,

ман ба ваҷд меомадам, як қувваи ниҳоние маро ба шӯр меовард, гӯшу ҳуш ба навоҳои

эшон мешудам. Шояд ҳамин иштиёқи ман ва дӯсти бачагиам Ҳусинро пай бурда буданд,

ки раҳматӣ муаллим аз ҳама пеш асрори рубобнавозиро ба мо ёд доданд. Пайваста

сурудхонӣ мекардем. Дар идҳои мактаб, ҳатто дар тӯю арӯсиҳо ману Ҳусинро ҳамроҳ

мебурданд. Рафта-рафта рубоб ҷойи дуторро гирифт. Оилаи Шомуродовҳо дар деҳаамон

дуторнавоз буданд. Ҳоло ҳам дар ёдам ҳаст, ки устодон Эсанбой Муродов, Даврон

Мансуров ва худи муаллим Ғаффоров дар дарсҳо сурудхонию таронагӯйии моро ташкил

медоданд. Аз овозхонии ман ба ваҷд омада, ба обу арақ ғӯтида рақс мекарданд.

Аз овони наврасӣ орзуи ёфтани рубобро доштам. Аҳёнан аз чӯбу тахта «рубоб»

сохта, гоҳ пинҳону гоҳе ошкоро онро навохта мегаштам. Вақте ки ба Самарқанд рафтам,

аввалин чизи харидаам рубоб буд. Тӯйчии ҷӯраам – писари до-Деҳқони дуторнавоз оҳанг

ёд медод. Ба сурудҳои Ҷӯрабек ихлосу эҳтироми баланд доштам. Шабҳо нахобида

сурудҳояшро ҳифз мекардам ва бо оҳанг мехондам.

Ҳамин тавр, баъдан дар солҳои донишҷӯйӣ ва ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ барои таскини дили

худам менавозаму аз таронаҳои дӯстдоштаам замзама мекунам.

– Ҳамин муҳаббати гарми шумо ба мусиқӣ будааст, ки сӯҳбати воқеан дилкаше

бо устод Ҷӯрабеки Мурод оростаед. Устод, шумо дар ҷавонӣ ба гӯштингирӣ ҳам лаёқати хуб доштаед...

– Ин рост. Ба шумо гӯям, ки дӯстам Абдуназар қобилияти гӯштингирии маро нағз

медонист. Дар Самарқанд як рӯз ба ҷону ҳолам намонда, ба варзишгоҳи университет бурд.

Маро ба мураббиаш шинос кард. Устодаш назарногирона «наход ту ҳамин бачаро таъриф

карда будӣ?»-гӯён ба Абдуназар рӯ овард. «Не, устод, аввал санҷед, баъд хулоса кунед» –

дарҳол ҷавоб дод дӯстам.

Сипас, бо ишораи мураббӣ пайи ҳам бо ду паҳлавонаш гӯштин гирифтам. Ҳар дуро

ғалтондам. Устод ба завқ омаду худаш маро ба майдон кашид. Ҳоло ҳам намефаҳмам, он

вақт устод қасдан кард ё воқеан қувваи ниҳоние маро ёр шуда буд, ки ӯро низ бо кашша

(услуби гуштигирӣ, ки пойро ба пой печонда боло мекунанд; ҳалук) ба замин хобондам.

Ҳамин тавр, аъзои маҳфили гӯштингирони университет шуда мондам. Бо мушояат

ва сарпарастии устодамон Фозилов дар мусобиқаҳо ширкат меварзидам. Лекин ин

ҳунарро ҳам то охир набурдам. Ҳоло ҳам бо ҳавас гӯштингирии паҳлавонҳоро тамошо

мекунам. Аз бурду бохти онҳо ба ваҷд меоям.

– Чанд ҳикояатонро ба ин мавзӯъ бахшидаед. Ба хусус, ҳикояи «Қисмати талхи

паҳлавон» хеле ҷолиб аст.

– Бале, ин мавзӯи дӯстдоштаи ман аст. Дар ин робита нақлҳои бисёр дорам.

– Устод, баъди ин ҳама дилгармӣ ба мусиқӣ, ба варзиш чаро касби омӯзгориро

пеша кардед?

– Мегӯянд, ҳар касро тақдирҷунбоне ҳаст. Дар солҳои бачагиам фақат амаки

Холназарам ба ман китоб ҳадя мекард. Ӯ аз Ленинобод омадан замон, маро ҷеғ мезад. Ҳар

гоҳ сарамро сила карда, «ҳамин додарам нависанда мешавад» мегуфт. Меҳри зиёд ба

китоб, ба забону адабиёти тоҷик маро ба донишкадаи омӯзгорӣ овард. Баъди хатми

донишкада чанд сол омӯзгорӣ кардам. Сипас бо ҳидояти дӯстон ва даъвати эҷодкорони

рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба кори журналистӣ пардохтам.

– Кори рӯзноманигорӣ мушкил аст?

– Барои ман мушкилоти асосӣ паси сар шудаанд. Агар аз машаққатҳое, ки дар

оғози кор доштам ва навбатдориҳои шабонарӯзӣ ҳарф занам, ба риққат меоед. Ҳоло

маҷоли дар он хусус гап задан надорам. Агар хоҳед, дар сӯҳбати дигар дар ин бора нақл

мекунам.

– Гуфтаи шумо шавад, устод. Бешак, ҳар ҳунарманд ё эҷодкор устоде дорад.

Шуморо дар нависандагӣ кӣ роҳнамо шудааст?

– Медонед, шояд ин фикр рост бошад, аммо ман устоде мушаххасу ягона надорам.

Ман осори нависандаҳои маъруф, мисли Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун,

Баҳром Фирӯзро хеле меписандам, аз ашъори шоирони классик ва муосир ба ваҷду ба

эҳсос меоям ва шояд ҳамин дурдонаҳо манбаи илҳоми ман бошанд. Аммо зиндагӣ,

зиндагии одамони гуногунсират ва мухталифахлоқ устоди асосии ман аст. Маро бештар аз

ҳама ҳамин зиндагӣ бо тамоми бурду бохташ ва ҳусну ҷамолаш манбаи эҷод аст.

– Яъне шумо шогирди зиндагӣ ҳастед?

– Бале, агар таъбири шогирдию устодӣ бошад, ҳамин тавр.

– «Бори дил» мукаммалтарин китоби шумост, ки ба қарибӣ пешкаши

хонандагон гардид. Дар он беҳтарин ҳикояҳо ва эссеҳои шумо гирд омадаанд.

Мехостем бидонем, ки чаро номи китобатонро «Бори дил» гузоштед, ин самари дил

аст ё сангиние, ки аз дил канор гузоштаед?

– Дуруст дарк кардед. Ҳар овозхон бо сурудани таронаи дилписанд худро сабук ҳис

мекунад, рӯҳаш болида мешавад. Мисли ин, ҳама дардҳои ҷамъшуда дар дили ман ҳамон

суруди овозхон аст, ки агар нагӯяму нанависам, дилам сабук намешавад. Бо навиштани

«Бори дил» худамро хеле сабуку роҳат ҳис кардам.

– Ба унвони адиб, нависанда аз чӣ хел аъмолу хислатҳои қаҳрамонҳои худ

хушатон намеояд?

– Дар нависандагӣ ба ҳама қаҳрамонҳои худ бо як чашм нигоҳ мекунам, аммо дар

асл аз одамони чоплус, дурӯғгӯ, хушомадгӯ, ҳарис, намкаш, фиребгар, суханчин ва

шайтонтабиат нафратам меояд.

- Инак панҷоҳумин солгарди зодрӯзи худро пешвоз мегиред. Ин ҷашни зеборо бароятон табрик мегӯем. Барори кор ва хушиҳои рӯзгор ҳамеша ҳамроҳатон бод! Ба сад дароед!

- Ташаккур, шумо ҳам ба синни мо расед.

- Худо насиб кунад, шод бошед!

Поёни суҳбат

  • САРЧАШМА
  • Шодӣ, Муҳаммад. Камолот: мақолаи пажӯҳишӣ-тарғибӣ // Овози тоҷик, 04.11.2009
  • Шоалӣ, Матлуба. Деҳи баланд дар шаҳри азим: мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ // Овози тоҷик, 28.12.2011
  • Имомназар, Юнус. Манбаи электронӣ: Торнамо бо суроғаи: yunus.okis.ru – Ҳамқаламон: Бекназар Тӯйназар.


2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.