Маҳмуди Форишӣ

Маҳмуди Эҷӣ бигуфто, нест чора бар аҷал,

Ҳар чи меояд зи тақдир, он ҳама кори Худост.


МАҲМУДИ ФОРИШӢ

            Маҳмуди Форишӣ (Нурназаров) 23 декабри соли 1942 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд (ҳоло деҳаи Эҷ дар хоки ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ воқеъ аст) ба дунё омадааст. Падари ӯ Нурназар ибни Абдуназар фориғуттаҳсили мадрасаи Мири Араби Бухоро буд ва дар саросари хиттае аз кӯҳистони Нурато то Ғиждувону Бухорою Самарқанд бо исми мустаори Бобои Мулло шӯҳрат дошт. Модараш Тоҷигул зани бесавод, вале аз ҷумлаи гӯяндагони таронаю сурудҳои халқӣ буд.

            Овони кӯдакию наврасии Маҳмуди Форишӣ дар зодгоҳаш мегузарад. Ӯ синфи ҳафтумро дар мактаби деҳаи Эҷ ва синфи даҳумро дар мактаби миёнаи деҳаи ҳамсоя – Синтаб хатм карда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанди ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Ҳамон сол донишҷӯйи факултаи табиатшиносию ҷуғрофиёи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) мегардад.

            Маҳмуди Форишӣ донишкадаро бомуваффақият ба поён расонда, чанд сол дар ҳамон ҷо устодӣ мекунад. Сипас, аз соли 1968 то соли 1971 дар Донишкадаи иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон давраи аспирантураро фаро гирифта, номзади илми иқтисодӣ мегардад. Аз соли 1975 ба Донишгоҳи давлатии (ҳоло миллии) Тоҷикистон ба кор мегузарад ва аз фанҳои иқтисодиёту ҷуғрофиё дарс медиҳад. Дар соли 1990 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) рисоли доктории худро роҷеъ ба вижагиҳои ташаккул ва пешрафти саноати кишоварзии Тоҷикистон дифоъ мекунад. Бо тақозои замон, дар соли 1996 аз Душанбе ба шаҳри Гулистони Ӯзбекистон нақли макон карда, фаъолияти худро дар Донишгоҳи омӯзгории Гулистон идома медиҳад.

            Агарчи Маҳмуди Форишӣ дар охири умр бо сабаби руҷӯъ кардан ба шеъру шоирӣ ба худ тахаллуси “Форишӣ”-ро гирифтааст, ӯ бештар  ҳамчун олими риштаи иқтисодиёт ва ҷуғрофидон бо номи Маҳмуд Нурназаров маъруфият дорад. Ӯ зиёда аз 150 мақолаю рисолаи илмӣ ва даҳҳо китоби дарсию дастурӣ таълиф намудааст. “Инкишофи саноат дар вилояти Ленинобод” (1974), “Корхонаҳои ёрирасон дар хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон” (1978), “География” (китоби дарсӣ барои шӯъбаҳои пешдонишгоҳӣ, 1981), “Марҳилаҳои офтобӣ” (очеркҳои бадеӣ, 1983), “Комплексҳои агросаноатии Тоҷикистон” (1990), “Географияи Тоҷикистон” (китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна, 1990),  “Ҷуғрофияи Тоҷикистон” (китоби дарсӣ барои синфи 8, бо ҳаммуаллифии Ҳ. Муҳаббатов, М. Раҳимов, 2000) аз ҷумлаи беҳтарин асарҳои илмию таълимии мавсуф мебошанд. Ӯ барои садҳо нафар мутахассису корманди соҳаи хоҷагии халқи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ҳаққи устодӣ дорад. Маҳмуд Нурназаров ба унвони донишманди соҳаи иқтисодиёту ҷуғрофиё ва ҳамчун нахустин доктори илми иқтисодӣ на танҳо мояи ифтихори деҳаи Эҷ, ҳамчунин шӯҳратбардори тамоми кӯҳпояи Нуратост.

            Маҳмуди Форишӣ ҳанӯз дар солҳои дарсхонӣ дар мактаби миёна ба адабиёт, ба хусус, ба шеър шавқу алоқаи беандоза дошт. Ҳатто он солҳо ҳамроҳ бо ҳамсинфи худ Ҷонибек, ки баъдан шоири шинохта мегардад, машқи шеър мекард. Он замон аз дил мехост муаллими забону адабиёт шавад, вале ба донишкадаи Хуҷанд омада, ба факултаи дигар супурдани ҳуҷҷатҳояшро худаш нафаҳмида мемонад. Кӣ медонад, шояд Худованд хоста, ки ӯ пайроҳаи дигаре дар паҳнои зиндагӣ интихоб кунад.

             Ба ҳар ҳол, Маҳмуди шефта ба илми бадеият дар охир то ҳадде ташнагии солҳои бачагии худро мешиканад. Ӯ пас аз муқими шаҳри Гулистон шудан, гузашта аз фаъолияти омӯзгорӣ дар донишгоҳ ва корҳои илмӣ, сараввал китоби торихию этнографии “Тоҷикони Фориш”-ро дар соли 2000 ба табъ мерасонад. Ин китоб манбаи муфассал ва пурмӯҳтавоест, ки дар бораи табиат, мавқеи ҷуғрофиёӣ ва олами набототу ҷонварони кӯҳистони Нурато, торихи гузашта ва имрӯзаи тоҷикони Фориш (муаллиф тоҷикони кӯҳпояи Нураторо тоҷикони Фориш меномад), қишрҳои ҷомеа, авлоду аҷдод, гӯйиши мардумӣ, эҷодиёти шифоҳии деҳоти тоҷикнишини Фориш ва дигар падидаҳои ҳунарию фарҳангӣ маълумот медиҳад.

         Маҳмуди Форишӣ ҳамзамон бо анҷом додани пажӯҳишҳои худ дар соҳаи мардумшиносӣ, бо маслиҳати дӯстон ба гирд овардани ашъори парокандааш низ эҳтимом меварзад. Шеърҳои ӯ аввал дар китоби “Рози ниҳон” (Гулистон: Зиё, 2006) ва сипас дар китоби “Мавҷи дил” (Гулистон: Зиё, 2006) гирдиҳам меоянд. Ӯ саъй кардааст маҳз тавассути назми худ назокати суханварӣ, ишқу ормонҳои чандин сол нуҳуфта дар дили пуршӯр, ҳаяҷону эҳсосоти қалбӣ, алоқаю муҳаббати ҳамешагӣ ба забону инсонҳои гуногунсират ва билкул, хостаҳои аёну пинҳони шоиронаи худро аз чор сӯйи ҳаёт ба хонанда баён кунад. Ӯ дар гуфтани шеъргунаҳои ӯзбекӣ низ маҳорат дошт. Каломи мавзуни Маҳмуди Форишӣ бар замми ҳиссиёти вофири шӯрангез пур аз панду насиҳат аст. Дар ҳар як шеъри ӯ мисраъ ё байтеро пайдо кардан мумкин аст, ки дар он фарди наздикеро аз перомуни худ мавриди ишора қарор дода, роҳе нишон медиҳад ё панде барҷой мегӯяд. Дар хулосаи каломаш, аз ҷумла овардааст:

                Ҳар ки ба бадкор меҳрубон бошад,

                Дон, ки ҷафокор бар хубон бошад.

            Маҳмуди Форишӣ ҳамроҳ бо ҳамсари азизи худ – Амонгул панҷ духтару як писарро (бо исмҳои Ҳадия, Руқия, Нурия, Нодира, Аноргул ва Додоҷон) бузург карда, дар ниҳояти серию пурӣ ва бо маънавияти воло ба камол мерасонад. Сад афсӯс, ки ӯ 26 ноябри соли 2006 ба иллати дарди по ва сусту заиф шудани камар дар синни шасту чор солагӣ олами равшанро падруд мегӯяд. Дар ин бора, ки дар айёми солмандӣ ба ранҷу озори ҷисмонӣ мубтало шудааст, шеъре дорад хеле муассир, таҳти унвони “Қисмат”.

             


ШЕЪРҲО


Шеъри ман

Чун гуле андар баҳорӣ, шеъри ман,

Лолаи ҳар лолазорӣ, шеъри ман.

Баски меёбӣ ба дилҳо ҷойи хеш,

Гавҳари чашми нигорӣ, шеъри ман.


Ватан

Ба ман бошад ватан кӯҳпойи Фориш,

Зи Пораш то ба Эҷ ҳар сойи Фориш.

Ба сони қалъаҳояш сарбаландам,

Зи ҳар сӯ мерасад овои Фориш.


Зи оғоз ин диёри тоҷикон аст,

Чу меросе ба мо аз Суғдиён аст.

Ба гуфтору ба раъйи аҳли покаш,

Забони тоҷикӣ танҳо ниҳон аст.


Рашк

Тоқати дидан надорам усмаро,

Ӯ чу ман бар чашми шаҳло ошиқ аст.

Мемирам бо ҳасрат аз дасти ҳино,

Чунки ӯ бар дасти зебо ошиқ аст.

Рашк дорам ранги сунъиро мудом,

Аз қазо он ҳам ба лабҳо ошиқ аст.

Мекушам он зарфурушеро яқин,

Зевараш бар ёри барно ошиқ аст.

Куртадӯзи лоубол, ҳушёр шав,

Куртаат бар дилбари мо ошиқ аст.

Форишӣ, ту бехабар, ёрат суруд:

“Шеъри ту бар ёри гӯё ошиқ аст”.


Ҳасрат

Ҳайфи айёми ҷавонӣ, рафт, рафт,

Он баҳори умри фонӣ, рафт, рафт.

Ноаён бигзашт рӯзу моҳу сол,

Фасли неке, ногаҳонӣ, рафт, рафт.


Қоматам хам, нури чашмам хира шуд,

Рӯзи ман чун шомгоҳон тира шуд.

Нохудогоҳ, чеҳраам ожанг баст,

Даври пирӣ бар ҷавонӣ чира шуд.


Во дареғо, давраи ишқам гузашт,

Шӯру исёни дилу ҷонам гузашт.

Ёри айёми ҷавонӣ рафт, рафт,

Рӯҳбахши ҷони беҷонам гузашт.


Баъди мо

Баъди мо ҳам чарх гардон мешавад.

Баъди мо ҳам барфу борон мешавад.

Баъди мо ҳам мебарояд офтоб,

Баъди мо ҳам моҳ пинҳон мешавад.

Баъди мо ҳам аллаҳои модарон,

Кӯдаконро роҳати ҷон мешавад.

Кори деҳқон боз мегирад барор,

Бар сари хон меваю нон мешавад.

Баъди мо ҳам як ҷавонмарди дигар,

Ошиқу шайдои ҷонон мешавад.

Баъди мо ҳам боз ояд тӯю сурур,

Аҳли маҷлис шоду хандон мешавад.

Баъди мо ҳам дард ҳасту марг ҳаст,

Аз алам як сина гирён мешавад.

Кош баъди мо бихушкад тухми ҷанг,

Чунки з-он ин даҳр вайрон мешавад.


Таманнои дил

Нигоро, дил таманнои ту дорад,

Назар бар чашми шаҳлои ту дорад.

Канори ошиқони беқарорат,

Умед аз лутфи волои ту дорад.

Сафедорқоматон гарчи зиёданд,

Ҳавас бар қадди болои ту дорад.

Ҳазорон ҷон кушад холи лаби ту,

Ният аз холи зебои ту дорад.

Паёми ошиқӣ бинвишта яксар,

Умед аз хатту имлои ту дорад.

Зи ишқат Форишӣ обу адо шуд,

Ба сар як умр савдои ту дорад.


Тазмин

(бар ғазали Абдулло Субҳон)

“Инсон манам, инсон манам, ин мансаби болои ман,

Аз кулли мансабҳои даҳр, аълои ман, аълои ман”.

Дорӣ агар ақлу хирад, асло марав бар роҳи бад,

Лаънат бихонад то абад, додои ту, додои ман.

То зиндаем бо мо бимон, бо чеҳраи шодони худ,

Рӯзе гирад дасти фано, симои ту, симои ман.

Ҳоло агар ҳамдам шавем, бар захмҳо марҳам шавем,

Фардо бубинӣ бишкуфад, дунёи ту, дунёи ман.

Пайваста кун кори савоб, онро бипарто андар об,

Пур мешавад бо дурри ноб, дарёи ту дарёи ман.

Одамгарӣ аз мо раҳад, аҳду вафо бо мо бувад,

Кошонаи ҳусни вафо, маъвои ту, маъвои ман.

Одат чунин аст аз азал, моро ҳамегирад аҷал,

Боқӣ бимонад ин ғазал, иншои ту, иншои ман.


Илтиҷо

Вақти пирӣ, эй Худо, зорам макун,

Қалби ман озурда, ночорам макун.

Бегуноҳ асло наёбӣ бандае,

Айбдорам, бас гунаҳкорам макун.

Ранҷи бисёре кашидам дар ҳаёт,

Боз дар як гӯша афгорам макун.

Ҷисми ман аз ногиронӣ боздор,

Ту маро маъзулу муҳтоҷам макун.

Чун барӣ ҳар гаҳ ба дасту по бубар,

Дардманду хуфта беморам макун.

Доғи фарзанде мабин ҳаргиз раво,

Ту насӯзон ҷони ман, хорам макун.

Солиён солеҳу тақводор будам.

Беимону ширкатворам макун.

Форишӣ гӯяд, ту аммори манӣ,

Ошкори сирру асрорам макун.


Гар наӣ...

Дар фироқи ту баҳорам меравад,

Бо ғами ту рӯзгорам меравад.

Боз ойӣ ин дилам ёбад қарор,

Чун равӣ, сабру қарорам меравад.

Фориширо бе аҷал куштан чӣ суд?

Гар наӣ, аз тан мадорам меравад.


Қисмат

Соли пайғамбар расиду норавон шуд пойи ман,

Рафтуо ҳам канда шуд, як бурҷи хона ҷойи ман.

Нест акнун ҳамдаме як дам нишинад пеши ман,

Дар раҳи ӯ чор гардад дидаи бинои ман.

Аҳли хона рӯзу шаб парвонаанд андар сарам,

Ҳеҷ не, беҳтар шавад ин дарди ҷонфарсойи ман.

Шеъргуна менавиштам, ёд мекардам ғазал,

Хома аз кор уфтоду банд шуд иншои ман.

Гарчи будам пуштбон давре кунун муҳтоҷи кас,

Ёру ёвар ку, ки гирад тафти доду войи ман?!

Эй Худо, бо чӣ гуноҳ афкандиям танҳою суст?

Дур кардӣ аз барам ёрони ғамполои ман.

Ё ки аз ҷид мекунӣ манро дубора имтиҳон,

Аз азал гӯё набудӣ, пухта мағзи лойи ман.

Чанд нолӣ, Форишӣ, аз дарду озори ҳаёт?

Кар бишуд гӯши фалак аз дасти вовайлои ман.


Очаҷон

Аз ғами ту гаштам афгор, очаҷон,

Дар раҳат ду дидаам чор, очаҷон.

Нозбардорам будӣ, ҳамдарди ман,

Бо кӣ созам дардам изҳор, очаҷон?!


Субҳу шом андар забонам номи ту,

Дар хаёлам сурату андоми ту,

Кош, боре бишнавам пайғоми ту,

Во алам, гаштам ба ту зор, очаҷон!


Ин чӣ қисмат, умри ту кӯтоҳ шуд,

Чӣ хусуфе, боиси он моҳ шуд?

Офтоб аз ҳоли мо огоҳ шуд,

Гашт бе ту оламе тор, очаҷон!


Хоҳам акнун қабри ту пурнур бод,

З-офату осеби даврон дур бод,

Чашми шайтон дар раҳи он кӯр бод,

Алвидоъ, то тозадидор, очаҷон!


Васият

Дар дами мурдан баредам сойи зарринсори Эҷ,

То расад андар машомам накҳати гулзори Эҷ.

Солҳо будам мусофир, дур бо ёди ватан,

Кошки гардад насибам дидани дидори Эҷ...

Наздикии Хонақаҳ кобед, ёрон, гӯри ман,

То бубинам ман давутози бани пуркори Эҷ.

Ман бино гаштам аз ин гил, меравам охир ба он,

То ки гӯям сирри дил бар хоки пурасрори Эҷ.

Бар сари қабрам нагирйеду дуо хонед бас аст,

Баски афзун аст бе ман ҳам ғаму озори Эҷ.

Форишӣ гӯяд, чунин манзил набошад дар ҷаҳон,

То абад хонам суруди ҳусни нотакрори Эҷ.


СУРУДҲО


Гулбону

Дар саҳрои пахтазор

Дидам духтари бисёр.

Гулбонуи каҷҷакдор

Моро намуд беқарор.

            Ай Гулбону, Гулбону,

            Пешат шинам ба зону.


Доим рӯят хандон аст,

Дастони ту ҷаққон аст,

Дар орзуи висолаш

Сад ошиқат сарсон аст.

            Ай Гулбону, Гулбону,

            Пешат шинам ба зону.


Эй Худои меҳрубон,

Гулбонуро дор амон,

Ман ошиқи шайдоям,

Арзамро ба ӯ расон.

            Ай Гулбону, Гулбону,

            Пешат шинам ба зону.


Суруди табрик

Дӯстам аз хоби худ бедор шав.

Маст бошӣ, тезтар ҳушёр шав,

Бар саногӯйӣ кунун тайёр шав,

Дар ҳини танҳоӣ моро ёр шав.

Абдураҳмон – дӯстам шас(т)сола шуд!


Мутрибо, савту наворо соз кун,

Шоиро, байти наве оғоз кун,

О, Раҷабгул, бар худат пардоз кун,

Оғуши гармат ба ҷӯрам боз кун,

Абдураҳмон – дӯстам шас(т)сола шуд!


Мард бар шаст омаду бангӣ нашуд,

Гарчи доро, бар арақ бандӣ нашуд,

Бе баҳона бо занаш ҷангӣ нашуд,

Дар дилаш бар ҳеҷ кас сардӣ нашуд,

Абдураҳмон – дӯстам шас(т)сола шуд!


Бахти пирӯзат муборак, ҷӯраҷон,

Омади корат муборак, ҷӯраҷон,

Файзи имрӯзат муборак, ҷӯраҷон,

Рӯзи тавлидат муборак, ҷӯраҷон,

Абдураҳмон – дӯстам шас(т)сола шуд!


ЧАҲОРПОРАҲО

Ба қабристон бидидам чоҳи гӯре,

Ки ғарқа бо садои оҳу воҳ аст.

Шинохтам наъши бадкори кафанпеч,

Гирифтори қини ҳар як гуноҳ аст.

***

Ба қабристони русон по гузорӣ,

Хаёле мекунӣ, боғи Ирам аст.

Чаро хору залил қабри мусалмон?

Ки гӯйӣ, ҳар ду олам пур зи ғам аст.

***

Биисту як дуое баҳри мо хон,

Аз ин ҷо чун гузар кардӣ, бародар,

Машав ғарра, ки шоҳӣ ё тавоно,

Расад рӯзе ба мо гардӣ баробар.

***

Зи ҳоли мо бипурс, эй марди оқил,

Бубин, бар мо чӣ карда чархи афлок.

Чиҳо карда, чиро мондем мерос,

Ба сад армон бихобем дар таги хок.

***

Дар гузашти чархи айём умр як дам бигзарад,

Ҳар чи ояд бар вуҷуд, оре, зи олам бигзарад.

Ғарра бо ин молу зар ҳаргиз машав, ки бебақост,

Молу зар бигзашт аз Қорун, зи мо ҳам бигзарад.

***

Ман бадӣ ҳаргиз надидам аз ягон бегонае,

Ғайбату нобинамӣ, сад шӯру шар аз хеш буд.

Аз фиребу макри хешон хаста шуд тори асаб,

Қалби сӯзон, чашми гирён, ашки тар аз хеш буд.

***

Нозанино, чун гуле андар баногӯшат шавам,

Мисли ҳалқа доимо ман бандаи гӯшат шавам,

Сурма бар чашму чу тифле зери оғӯшат шавам,

Кош чун “губнушка” бар лабҳои хомӯшат шавам.

***  

Соқиё, ман то ба кай андешаи айём кунам,

Май бидеҳ, то ин дили шӯридаро ором кунам.

Сархушу мадҳуш дари майхона гардад Форишӣ,

Ҳар чи бодобод, умре кори ҳар Хайём кунам!


ДУБАЙТИҲО

Аё духтар, ба ман бӯят кифоя,

Кунам бозӣ ба гесӯят, кифоя.

Дигар як хоҳише дорам, ки ин аст,

Бигирам бӯса аз рӯят, кифоя.

***

Куҷо маҳбубае он ҷо ҳабиб аст,

Ба ҳар бемор, медонӣ, табиб аст.

Дар ин майдони тест аз баҳри инсон,

Ту хоҳӣ ё нахоҳӣ, як рақиб аст.

***

Чаро мо беқарор имшаб дили ман,

Чаро шабзиндадор имшаб дили ман.

Агарчи мекашем оҳи ҷигарсӯз,

Чаро бе ғамгусор имшаб дили ман?

***

Якеро мисли хӯса офариданд,

Дигар бо муҳри кӯса офариданд.

Зи ҳар ду бигзарам, лабҳои ёрам,

Чи хуш аз баҳри бӯса офариданд.


ДАР ҲАВОИ РУБОИЁТИ ХАЛҚӢ

Аз кӯҳ ба дашт, ҳойнаҳой, омадаам,

Фориш будам ба Ҷеттисой омадаам.

Форишӣ будам зи чашма об мехӯрдам,

Аз оби зулол ба оби лой омадаам.

***

Мо кӯҳӣ будем ба дашту чӯл оварданд,

Форишӣ будем ба Мирзачӯл оварданд.

Форишӣ будем оби зулол мехӯрдем,

Аз оби зулол ба оби кӯл оварданд.

***

Нозат мана кушт, имою нозат мана кушт,

Қаддатба мурам, қадди дарозат мана кушт.

То кай, санамо, ваъда ба фардо бидиҳӣ,

Ҳар шому саҳар сӯзу гудозат мана кушт.

***

Ҳар бор туро бубинаму ханда кунам,

Ин ҷону дилам барои ту банда кунам.

Як бӯса диҳӣ дигар надорам армон,

Бо бӯсаи худ холи лабат канда кунам.

***

Шаҳрӣ манаму ба сар надорам тоқӣ,

Ошиқ шудаам ба духтари қишлоқӣ.

Ман садқа ба ту, духтараки деҳотӣ,

Бе рангу упо рӯяки ту қаймоқӣ.

***

Эй модари ҷон, ба рӯйи ту зор шудам,

Дар ҳасрати дидори ту бемор шудам.

Чун шукри туро накарда будам ба ҳаёт,

Акнун ба ҷазои худ гирифтор шудам.


БАЙТҲО


Баъди мурдан оҳу воҳе санги мармарро чӣ суд?

То тавонӣ дар ҳаёт модар, падарро розӣ кун!


Бевазанро дарду ҳасрат зӯр аст,

Тақдираш чун ашки чашмаш шӯр аст.


Гуфтам қади ту сарви равон, гуфт ба ту чӣ?

Гуфтам, ки туӣ офати ҷон, гуфт ба ту чӣ?


Дарду ғам барвақт моро пир кард,

Нотавон, бечора, бетадбир кард.


“Зӯри беҳуда бишканад миён”,

Кори таваккал оварад зиён.


Камтарӣ орад ба кас авҷу камол,

Охири ҳар манманӣ бошад завол.


Куҷо адлу карам бошад нигаҳбон,

Бидон, он ҷо дигар шоҳу гадо нест.


Кӯдакиву деҳу модар чун шаби хобе гузашт,

Рафт айёми ҷавонӣ, ҳамчу селобе гузашт.


Мапурс асло, чӣ мекобам ба пирӣ андаруни боғ,

Ҳамеҷӯям зи хоки он айёми ҷавониро.


Маҳмуди Эҷӣ бигуфто, нест чора бар аҷал,

Ҳар чи меояд зи тақдир, он ҳама кори Худост.


Мечинад гулҳои тоза шеъри хуб аз боғи ишқ,

Ошиқонро рӯҳ бахшад, Вомиқу Узро кунад.


Ниёзи ташнае як ҷуръа об аст,

Диҳӣ як коса об ӯро, савоб аст.


Об меҷӯйӣ чаро аз ҷӯйбори ин чаман,

Бишканад он ташнагиро бӯсаи лабҳои ман.


Одам аз илму ҳунар ёбад камол,

Мулк аз марди ҳунар гирад ҷамол.


Савоби хотири дилҳои маъсум,

Нигоро, як табассум кун, табассум.


Солҳо будам, агарчи, дур аз хокат, Ватан,

Бозгаштан сӯйи ту орзуву армони ман аст.


Солҳо будам мусофир, дур аз хоки ватан,

Кош, он хокаш бигирад ҷисми беҷони маро!

Сулҳ гардад машъали тобандаи роҳи ҳаёт,

Машъали рахшандаи ин рӯйи олам зинда бод!


“Тавонӣ як дилеро ту ба даст ор”,

Дилозорӣ туро охир кунад зор.


Ҳар гулу хоре, ки бинӣ рӯйи қабрам, эй ҳабиб,

Дон, ки он рамзи ҳаёти пур зи асрори ман аст.


Ҳар ки ба бадкор меҳрубон бошад,

Дон, ки ҷафокор бар хубон бошад.


Шеъри ман – арзи дилам, доди дилам,

Дарду ҳасрат, доду фарёди дилам.


ТАРҶУМАҲО

(аз забони  ӯзбекӣ)

Ғазалҳои Фурқат:

Бо нигоҳе банда кард он наргиси хуммори ту,

Бо сухан дилро рабуд он лаъли шаккарбори ту.

Лаҳза-лаҳза бо адӯи ҷон намуда илтифот,

Бар мани маҳзун расад сад ҷабру ҳам озори ту.

Офтоб хандад зи машриқ, оламе равшан шавад,

Лек дар мағриб бияфтад аз дами рухсори ту.

Оби чашмам шуд равону чор гардид дар раҳат,

Кай муяссар мешавад он давлату дидори ту.

Бар гули рӯят чу булбул гиря кардам, эй парӣ,

Қумрисон бар нола орад шеваи рафтори ту.

Ҷабру ҳам бедодиҳоят монд моро зери ғам,

Ҷон ба лаб омад бигир, ояд агар даркори ту.

Чун канори ғайр дид дар хилвате айши туро,

Гашт бемор аз ҳамин ғам Фурқати афгори ту.

***

Аз сарат гардам ман, эй ороми ҷон, як шаб биё,

Қумрисон дар нолаам, сарви равон, як шаб биё.

Меравам доим ба кӯят ту намеойӣ чаро?

Чун наёӣ ҷон равад, рӯҳи равон, як шаб биё.

Он қадар дар оташи зулму ситам сӯзӣ маро,

Лутф кун, раҳме намо, аз кас ниҳон як шаб биё.

Чашми бад ағёр дорад гар ба қасдат, эй парӣ,

Ҳамчу аскар ханҷаре андар миён, як шаб биё.

Чун сияҳбахте маломат мекунад рӯзе туро,

Пардаи исмат ба рӯ каш, ноаён як шаб биё.

Дар фироқ аз дарду ғам дилро бубин афсурда шуд,

То насозам ин қадар оҳу фиғон, як шаб биё.

Ту ба доди Фурқати бечора боре чора соз,

Ёд карда ин ғуломат, меҳрубон, як шаб биё.


Ғазали Увайсӣ:

Бехабар мондам, чи сон дардат фаровон андалеб,

Захми хор афзудааст чоки гиребон андалеб.

Ногаҳон афтида мондам ман ба ин гулзори ту,

Манъ кун аз баҳри мо як шоми меҳмон андалеб.

Сурмаи ғафлат кашидам чун ба дида вақти субҳ,

Аз саҳар то шом мегардад парешон андалеб.

То бубинад чеҳраи гул нолаҳо дорад ба шаб,

Хандаи гулро надида шуд пушаймон андалеб.

Васли он ҷононаро донад ғанимат як нафас,

Гул, ки набвад бе хасу хор, аст ҳайрон андалеб.

Ҷабри хор омад ба дӯшаш, худ фидои гул бишуд,

Хун равон аз неши хор афгору сӯзон андалеб.

Вайсиё, бо доғи гул худро намесозад забун,

Рехтӣ хун то саҳар, дар оҳу афғон андалеб.


ҒАЗАЛИ ШИРУ ШАКАР

Чу бинам орази рӯят, тану жоним фидо айлай,

Навозам банди гесӯят, буюклик иддао айлай.

Хиромон юрганинг кӯрсам ва ё бо ноз механдӣ,

Бубинам қадди дилҷӯят, имонимдин жудо айлай.

Куюб ҳажрингда, эй дилбар, дилам обу адо гардид,

Расонад бод агар бӯят, мени у авлиё айлай.

Савоб олмоқчи бӯлсанг гар, тараҳҳуме намо боре,

Расад чун хоки пойи ту, кӯзимга тӯтиё айлай.

Агар етсам висолинга, бихандад бахт бар рӯям,

Бибӯсам холи ҳиндуят, ҳақингда юз дуо айлай.

Муҳаббат тожу тахтида ту шоҳи ошиқон бошӣ,

Бигирад Форишӣ мӯят, ӯзини бир гадо айлай.


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид. 

Тақдири тоҷикон

Лутфи давлатдорони тоҷик (гузориш аз таърихи 31.08.2018)

Дар канори сиёсатмадорон қадр гардидани равшанфикрон боиси дилхушӣ ва умедворӣ ба ояндаи нек аст.
 Ба нишони «Дӯстӣ» сазовор шудани инсонҳои хоксору одӣ ва дӯстдоштаи миллат – шоир Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев), устоди донишгоҳ, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов, устоди Донишгоҳи Бухоро Таваккал Чориев аз сӯйи раёсати кишвари Тоҷикистон дилҳоро ба зиндагӣ гарм сохт. Ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон гардидани зани ҳунарманди тоҷик Матлуба Дадабоева, ки тамоми умр барои воло нигаҳ доштани ҳунару фарҳанги тоҷик талош кардааст, аз воқеънигарии давлатдори Тоҷикистони азиз гувоҳӣ медиҳад.
 Ҷоизаҳо муборак, ҳаммиллатони ҳунарманд!

1-уми сентябр - Рӯзи Истиқлол

Ба мардуми озодихоҳ Истиқлол муборак!

 Имрӯз, 1-уми сентябр ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистонро намояндагони даҳҳо миллату қавми муқими кишвар дар назди бинои Созмони миллию фарҳангии ҷумҳурӣ бо ироаи дастурхонҳои густурда, намоиши ҳунарҳои миллӣ, рақсу бозӣ ва овозхониҳои мардумӣ истиқбол намуданд. Миллати тоҷикро дар ин ҷашн Маркази миллию фарҳангии ҷумҳурӣ ва шаҳри Тошканд – Шарофатбону ва Маъруф Отахонзода бо гӯшаи идона, тазйиноти ҳунарҳои мардумӣ, шириниҷот, меваҳои тару тоза рӯнамоӣ карданд ва дар барномаи ҳунарӣ ҳам бо овози Гулнора Ҳамдамова оҳангҳои тоҷикӣ садо дод.