Мақолаҳо

ФЕҲРИСТИ МАҚОЛАҲО:

1. Зодаи кӯҳсор (дар бораи профессор, доктори илми иқтисодӣ, шоир Маҳмуд Нурназаров (Маҳмуди Форишӣ)).

2. Ошиқи зиндагӣ (дар бораи шоири нуратоӣ Шакари Деҳқон).

3. "Надорам меҳрубоне..."(дар бораи забон).

4. Дилдодаи бинокориҳои кӯҳистон (дар бораи профессор, доктори илми меъморӣ Додо Нозилов).

5. Модарамро дигар наёфтам (лавҳа, пас аз даргузашти модарам).

6. Эҷ ва маънои он (пажӯҳиши илмӣ дар бораи маънии калимаи "эҷ" - номи яке аз деҳаҳои қаторкӯҳи Нурато).

7. Чаро умри инсон кӯтоҳ аст? (сӯгвориҳо пас аз даргузашти устодон: муаллими забони русӣ Йӯлдош Самадов, устоди аввалинам, муаллими синфҳои ибтидоӣ Тинглаш Қӯрғонов ва роҳбари синфамон, директори мактаб, муаллими забону адабиёти тоҷик Ӯзбекбой Рӯзиев).

8. Лаҳҷаи Эҷ (пажӯҳиши илмӣ дар бораи хусусиятҳои забонии лаҳҷаи Эҷ - яке аз деҳаҳои кӯҳистони Нурато ва луғатномаи мухтасар аз гӯйиши ин деҳа).

9. Ҷазираи тиллоӣ (дар бораи ҷазираи Кеши Эрон; раҳовард аз сафаре, ки ба иттифоқи мудири Намояндагии ширкати "Шимбор" дар Ӯзбекистон Иссо Баҳодур ва раиси Донишкадаи тарроҳии "Узсувлоиҳа" Маҳмадюсуф Холбоев ба ҷазираи озоди Кеш ва шаҳрҳои Теҳрону исфаҳон анҷом додаем).



ЗОДАИ КӮҲСОР

 

           Қаторкӯҳи Нурато як шохаи силсилакӯҳҳои Туркистон буда, аз наздикии шаҳри Дизахт(дарвозаи Темур) сар мешавад ва ба самти мағриб то сесад километр тӯл мекашад. Дар ин дарозо аз самти шимол қаторкӯҳ бо доманаҳои худ ба биёбони Қизилқум ва сипас ба дарёчаи Ҳайдаркӯл ва Тузкон мепайвандад. Айнан дар ҳамин дарозои пайвастшавӣ, баъд аз шаҳраки Фориш то кӯҳҳои Зиҳноку Авлиё(хоҷагии ҷамоавии “Нурато”), дар байни доманакӯҳҳою қаъри дараҳо деҳаҳои куллан тоҷикнишин қарор гирифтаанд, ки мавҷудият ва рушду шӯҳрати қаторкӯҳи ёдшударо бидуни онҳо тасаввур кардан амри муҳол аст. Деҳаҳои мазкур бо номҳои Порашт, Асраф, Ӯхм, Ҳоят, Моҷарм, Андагин, Синтаб, Соб, Симбулоқ, Эҷ, Сойхурд ва ҳамчунин Устуку  Саврак ёд мешаванд ва саргузашти пуробурангу дурударози таърихӣ доранд.

            Пӯшида нест, ки ҳар гуна кишвару сарзамин, гузашта аз мавқеи ҷуғрофиёӣ ва мавҷудияти таърихии худ, тавассути халқ ва ба хусус, аз тариқи одамони бузурги худ шинохта ва маъруф мегардад. Сарзамини тоҷикнишини Нурато низ, ки онро насли калонтар аксаран сарзамини Фориш меноманд, аҳли бағоят заҳматкаш, дидадаро, кӯшо ва илму фарҳангдӯст дорад. Мардуми ин минтақа на фақат замину диёри худро ободу нумӯъ бахшидаанд, ҳамчунин дар навоҳии атроф, дар устонҳои дигари ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он фидокорона меҳнат карда, аз худ хотироти нек боқӣ мегузоранд. Бо тақозои замон ва барои беҳбуди шароити зиндагонӣ зодагони ин диёри кӯҳистонӣ, фаротар аз зодгоҳи худ, ба маконҳои дуртари вилоятҳои Дизахту Навоӣ ва ҳамчунин ба баъзе навоҳии устонҳои Сирдарё, Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Қазоқистони Ҷанубӣ, шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд  кӯч ва рахти сафар баста, дар пешрафти риштаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва рушди илму фарҳанг нақши носутурданӣ гузоштаанд ва имрӯз ҳам ин ҳиммати худро арзонӣ мефармоянд. Минҷумла, тайи қарни сипаришуда саҳми аҳли заҳматкаши кӯҳистонӣ дар сохтмони неругоҳи барқии обии Фарҳод, созаи обгири Чордара, неругоҳи барқии ҳароратии Сирдарё, ободсозии даштҳои лухту урёни Мирзочӯл ва заминҳои Пахтаарал, Ҷеттисой, Пскент, Янгиер, Сайҳунобод, Деҳқонобод, Оқолтин, Пахтакор, Зафаробод, Арнасой, Дӯстлик, Каттақӯрғон, Қароабдол, Қӯшработ, Хатирчӣ, Митан беқиёс аст.

            Бояд зикр намуд, ки илму фарҳангдӯстӣ ва доштани маънавиёти волои инсонӣ аз арзишҳои беназири мардуми сарзамини Нуратост. Ифодагари намоёни чунин арзиши беҳамто фарзандони маъруфи ин диёр ҳастанд, аз қабили Мулло Нурназар(аз деҳаи Эҷ), Рашид Абдушукуров(сиёсатмадор, аз деҳаи Синтаб), Баҳром Фирӯз(нависанда, аз деҳаи Устук), Ҷонибеки Қувноқ(шоир, аз деҳаи Порашт), Додо Нозилов(бостоншинос ва меъмор, аз деҳаи Синтаб), Назарбек Сафаров(қаҳрамони меҳнат, аз Порашт), Ниёзхол Қодиров(қаҳрамони меҳнат, аз Синтаб), Марат Шафиев(устоди таълиму тарбия, аз Ҳоят), Кӯчум Тилабов(устоди умури ҳарбӣ, сарҳанг, аз Эҷ), Абдулло Субҳон(шоир, аз деҳаи Синтаб), Паймон(шоир, аз деҳаи Синтаб), Бекназар Тӯйназар(нависанда, аз деҳаи Эҷ), Абдусаттор Нуралиев(адабиётшинос, аз Моҷарм), Ширинқул Пиримқулов(мунаҷҷим, аз Синтаб), Холназар Ӯролзода(шарқшинос, аз Ӯхм), Раҳмат Давлатов(устоди донишгоҳ, олим, аз Синтаб), Нурмуҳаммад Туробов(устоди илми химия), Ҳотам Муртазоев( устоди илмҳои физика ва математика, аз Ӯхм), Инобат Ширинова(устоди илмҳои зистшиносӣ), Гуландом Субҳонова(устоди таълиму тарбия, аз Ӯхм), Ширин Ҳоҷиев(устоди донишгоҳ, олим, аз Синтаб), Арслон Элов(устоди варзиш, аз Моҷарм)... Ва ин номгӯро боз як нафар марди худогоҳ, равшанфикр ва олими риштаи иқтисодиёту ҷуғрофиё, қаҳрамони ин мақолагунаи мо – Маҳмуд Нурназарови эҷӣ такмил мекунад. Сад афсӯс, ин фарзанди барӯманди сарзамини Нурато, ки бо эҳтирому алоқамандӣ ба солҳои бачагиаш ҳамеша худро “форишӣ” мехонд, имрӯз дар қатори мо нест ва агар барҳаёт мебуд, 23-юми декабри соли равон(2011) синни ҳафтодро пур мекард.

                                Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

                                К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

            Ҳар гоҳ сухан дар хусуси афроди дӯстдоштаи миллат меравад, беихтиёр ин байти машҳури Саъдии бузургвор вирди забон мепечад. Воқеан, он касе, ки ҳастӣ ва бақои инсонҳоро авлотар аз ҳастии худ медонад ва фақат барои хубиву накӯкорӣ талош мекунад, шоистаи зикри хайр аст. Маҳмуди серҳаракат ва ҷӯё ҳанӯз дар овони ҷавонӣ фикри дӯстдоштаи мардум шуданро дошт. Ӯ бо истеъдоди модарзодие, ки вуҷудашро ба таниш меовард, мехост беҳтарину муассиртарин суханро ба одамон гӯяд. Ба назараш, чунин алфоз фақат дар каломи бадеъ, дар шеър нуҳуфта менамуд. Агарчи орзуи қаъри дили ӯ шоиру адабиётшинос шудан буд, маҷрои ҳаёт хатсайри талошҳояшро тағйир медиҳад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, ҷойи ин ки ҷиҳати тақвияти истеъдоди худ амал намояд, бо таҳрики дӯстони довталаби худ, ки дар донишгоҳи Хуҷанд ҷамъ омада буданд, ба факултаи табиатшиносию ҷуғрофиё ҳуҷҷат месупорад. Зеҳни тез ва ақли расо ӯро мададгор гардиду ҳамон сол донишҷӯ шуд ва ниҳоятан, бо нумраҳои олӣ донишгоҳро хатм кард. Барои мудирияти донишгоҳ нодидагӣ мешуд, агар Маҳмуди ташна ба илмро дар пеши худ нигаҳ намедоштанд. Ин буд, ки ҷавони болаёқат дар сафи устодони донишгоҳ ҷо гирифт.

            Аз соли 1968 ба баъд дар симои Маҳмуди ҷавон рӯз ба рӯзу сол ба сол нишонаҳои эҷодкорӣ ва донишмандӣ ҳувайдо мегардад. Ӯ тайи муддати се сол дар донишкадаи иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон давраи аспирантураро фаро гирифта, ҳамчун номзади илмҳои иқтисодӣ дар донишгоҳи Хуҷанд фаъолияти худро идома медиҳад. Дар соли 1975 бо даъвати раёсати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе меояд ва роҳи илмҷӯйӣ дар баробари ӯ фарохтар боз мешавад. Бо мурури замон, гурӯҳи иқтисоддонҳо ва ҷуғрофиёшиносони Тоҷикистон дар канори худ ҳамкори пурмаҳсулеро мебинанд. Дар қатори онҳо Маҳмуди ҷавон низ бо кашфи ҷанбаҳои номаълуми иқтисодиёти кишвар ва ҷуғрофиёи он ба назар намоён мегардад. То соли 1996, яъне то замоне, ки бо тақозои тақдир ба шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё нақли макон мекунад, бештар аз 150 мақолаи илмию омӯзишӣ ва чандин дастури методию китобҳои дарсии мавсуф ба чоп мерасад. Дар соли 1990 дар шаҳри Ленинград(ҳоло Санкт-Петербург) рисолаи доктории худро роҷеъ ба вижагиҳои ташаккул ва пешрафти саноати кишоварзии Тоҷикистон дифоъ менамояд ва дар байни аҳли илм симои нав – Маҳмуд Нурназарови олим ба таври равшан ҷилвагар мешавад. Китобҳои “Инкишофи саноат дар вилояти Ленинобод(ҳоло вилояти Суғд)”(1974), “Корхонаҳои ёрирасон дар хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон”(1978), “География”(китоби дарсӣ барои шӯъбаҳои тайёрӣ,1981), “Комплексҳои агросаноатии Тоҷикистон”(1990), “Географияи Тоҷикистон”(китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна,1990) аз ҷумлаи дастранҷҳои олим аст.

            Дар замони салтанати сохти сиёсии шӯравӣ байни ҷумҳуриҳои “бародар” ҳеҷ гуна марзе набуд. Аксаран, ҳар кӣ дар ҷумҳурии дигар тоҷикӣ мехонд ба Тоҷикистон, ӯзбекӣ мехонд ба Ӯзбекистон, қазоқӣ мехонд ба Қазоқистон ва монанди ин, ба таҳсил мерафтанд. Шогирдони бешумор аз кӯҳпояи Нурато низ дар пойтахти кишвари ҳамсоя, дар шаҳри Душанбе касбу илмомӯзӣ менамуданд. Дар он айём ба ҳар ҷавони расида Маҳмуд Нурназаров дастгиру мададгор буд: роҳ нишон медод, устодӣ мекард, лутфу пазиройиро дареғ намедошт. Сӯҳбату нишастҳое, ки ташкил медод, дар ниҳояти баҳсу мунозира, шавқу завқи беинтиҳо ва дорои таассуроти хуш мегузашт. Аз сӯйи дигар, забондонии ӯ ҳамаро ба ваҷд меовард. Гузашта аз забони модарӣ, ба русӣ ва ӯзбекӣ комилан тасаллут дошт ва ин истеъдоди ӯ яксара ба фарзандонаш ҳам гузаштааст. Духтаронаш – Ҳадия, Руқия, Нурия, Нодира, Аноргул ва ягона писараш – Додоҷон, ки ҳама маълумоти олӣ доранд, ба се забон озодона ҳарф мезананд, менависанд, меандешанд.

            Инсон рӯҳан бо ватан, бо обу ҳавои зодбуми бобоӣ, бо манзиле, ки нахустин накҳату  саодати ҳастиро дар он ҳис кардааст, алоқаманд мебошад. Ин манзил касро ҳамеша чун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад ва гӯё доиман омода аст ба зодаи худ саробон ва пуштипаноҳ шавад. Инсонҳо низ ин мувозибатро дарк мекунанд ва дар ҳангоми сахтиву кулфатҳо бе дудилагӣ ба сӯйи ватан сар мегиранд. То ҷое Маҳмуд Нурназаров низ дар зиндагии худ ба тазйиқу мушкилот рӯ ба рӯ шуд ва муштоқиву дилбастагӣ ба ватан ӯро ба кӯйи мурод расонд. Соли 1996 маҷбур шуд Душанбеи барояш азизу маҳбубро бо мақсади ватан тарк намояд. Аз он пас дубора дар кишвари худ, дар шаҳри ба зодгоҳаш наздик – Гулистон муқим шуд ва дар ин ҷо низ бе таваққуф ба маскани илму маърифат, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистон ҷалб гардид ва дар бахши иқтисодиёт  ҷиҳати такмилу тарвиҷи касбу кашфиёти худ маҳкамтар камар баст.

            Маҳмуд Нурназаров ҳамроҳ бо омӯзгорӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ дар донишгоҳ, тайи муддати кӯтоҳе бо ҳамватанони худ дар гӯшаву канори кишвар иртибот барқарор намуд ва хориҷ аз шуғли аслии худ даст ба саргармии дигар низ зад. Дар ин ҷо Маҳмуди ноором ва эҷодкор бо чеҳраи нав – ба исми Маҳмуди Форишӣ намоён шуд. Ӯ то ҷое ташнагии солҳои ҷавонии худро пасанда сохт ва ду китоби шеър бо номҳои “Рози ниҳон”(Гулистон, 2000), “Мавҷи дил”(Гулистон, 2006) ва китоби таърихӣ-этнографии “Тоҷикони Фориш”(Гулистон, 2000) – ро ба ҳукми аҳли хушзавқ ва пайгир тақдим намуд. Маҳмуд Нурназаров бо номи ҷадид ва тавассути асарҳои нави  худ боз ҳам амиқтар дар дили халқ ҷо гирифт. Акнун суханҳои ҳикматомези ӯ аз забон ба забон паҳн мешаванд, шеърҳояшро овозхонҳо месароянд, китобҳояшро мухлисонаш ба чашм мемоланд.

            Дар соли дуҳазорум дастраси хонандагон гардидани китоби “Тоҷикони Фориш” ҳиммати беҳамтои олими ҷӯё ва дурандеш барои ҳамзаминонаш буд. Воқеан, аҳли кӯҳпояи Нурато то ба он дам ҳеҷ гуна китоби мукаммал дар хусуси таърих, ҷуғрофиё, мардумшиносӣ ва забону адабиёти худ надоштанд, ба ҷуз мақолаю тезисҳои башумори олимони тоҷик ва рус, ки иттилооти мухтасарро фаро мегирифтанд. “Маҳмуд Нурназаров барои эҷодкорон ва муҳаққиқоне, ки мехоҳанд дар баррасӣ ва омӯзиши кӯҳистони тоҷикнишини Нурато иқдом намоянд, роҳи асосиро боз намуд, - иброз менамояд шоир Паймон. – Китоби “Тоҷикони Фориш” ба мисли як асари энсиклопедӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти аҳли кӯҳпояро фаро мегирад ва бе муболиға, чун як китоби рӯйимизии ҳар як равшанфикри форишӣ ё нуратоӣ боқӣ хоҳад монд. Дар айни ҳол месазад гуфт, ки ба табъ расондани чунин як асар на фақат алоқамандӣ ва дониши пухтаро мехост, ҳамчунин аз муаллиф истодагарӣ ва ҷасоратро тақозо мекард. Маҳмуд Нурназаров аз ӯҳдаи ин кор баромад ва китоби боарзише ба ёдгор гузошт”.

            Оре, китоби “Тоҷикони Фориш”, ки дар асл аз ҳаёт ва сарнавишти мардуми таҳҷойӣ ва парокандашудаи кӯҳпояи Нурато, табиат, саҳифаҳои таърихӣ, касбу кор, урфу одат ва русуми миллӣ ва ба таври ҷудогона роҷеъ ба ҳар як деҳаи тоҷикнишин ҳикоят мекунад, яке аз асарҳоест, ки аз соли дуҳазорум ба баъд таваҷҷӯҳи хонандагони бешуморро ба таври шигифтангез ба худ ҷалб намудаст. То ҳанӯз аҳли соҳибзавқ, ба вижа, аз зодагони кӯҳпоя дар суроғи китоб мегарданд, тавре ки чанд сол пеш китоби нодири “Таронаҳои Самарқанд” одамонро ба ин кӯ андохта буд. Бо вуҷуди ин, тавре ки худи муаллиф низ дар хотимаи китоб таъкид менамояд, “ҳар як кор аввалу анҷом дорад, вале ин китоб аввал дораду анҷом не! Зеро омӯзиши таърих, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ беохир аст ва дар ин ҷо бисёр мавзӯъҳо фақат ёдовар шудаанд ва ба таҳқиқоти иловагӣ эҳтиёҷ доранд. Масъалаҳое, мисли  маскуншавии аҳолӣ, шуғли мардум, вазъи табиат, таърихи пайдоиши халқи кӯҳистон ва забони он, маънавиёт ва алоқамандӣ ба илму ҳунар ҷустуҷӯҳои навро мехоҳад, ки ин вазифаи ҷавонон ва авлоди оянда аст...”

            Мегӯянд, забон ифшогари рози дилҳо, воситае дар оройиши маҳфилу нишастҳо, ангезандаи шӯру ҳаяҷон ва омиле дар бозгӯйии ҳолу ҳусни инсонҳост. Ба ин маънӣ, Маҳмуд Нурназаров низ сухандоне буд, ки бо хушзабонӣ ва маҳфилоройӣ дар дили ҳамсӯҳбатонаш ҷо меёфт. Ӯ бо хуштабъӣ ва шӯхтабиатиаш ҳамнишастони худро механдонд, беист ҳангомаҳои ширин мекард. Аксари шеърҳояш низ бо рӯҳияи соддаи мутоибатомез гуфта шудаанд. Дарвоқеъ, мебояд зикр намуд, ки шоир Маҳмуди Форишӣ аз назари илми роиҷи назм ашъори ончунон балеғ ва қобили қабул надорад ва худаш ҳам даъвии шоирӣ надошт, аммо наметавонист шӯру ҳаяҷон ва хурӯши қалбашро ба шакли равон баён насозад. Шеъргунаҳои ӯ бо эҳсосоти соддаи шоирона паҳлӯҳои ишқу муҳаббати инсонӣ, дилбастагӣ ба ватан, ба модар, ба арзишҳои миллӣ, хислату бархӯрдҳои неку бад ва ҳолатҳои шоду ғуссадори одамон, зебоиҳои табиат, баҳор ва наврӯзро тараннум мекунанд. Шоир бисёр хостааст ранҷҳои дар фироқу дур аз ватан кашидаи худ ва майлу иштиёқи “парида” омадан ба зодбуми худро дар қолаби шеър баён созад. Ӯ дар шеъри “Хоки Ватан”, аз ҷумла, мегӯяд:

                                 Солҳо будам, агарчи, дур аз хокат, Ватан,

                                Бозгаштан сӯйи ту орзуву армони ман аст.

            Боз ба ҳамин маънӣ дар боби “Чакраҳо” умедворона меафзояд:

                                Солҳо будам мусофир, дур аз хоки Ватан,

                                Кош, он хокаш бигирад ҷисми беҷони маро.

            Тавре ки аз китобҳои шеъри Маҳмуди Форишӣ бармеояд, ӯ бо каломи мавзуни ӯзбекӣ низ ба хубӣ ошно будаст ва тавонистааст ашъоре аз шуарои ӯзбекро ба тоҷикӣ тарҷума кунад ва ҳатто ба ин забон шеър гӯяд. Ба хусус, тарҷумаҳои ӯ аз осори Фурқат, Бобур, Увайсӣ, Хӯҷа Аҳмади Яссавӣ хеле диққатангез баромадаанд. Маҳмуди Форишӣ дар гуфтани шеърҳои “ширу шакар” низ худро санҷидааст,минҷумла:

                                Чу бинам орази рӯят, тану жоним фидо айлай,

                                Навозам банди гесӯят, буюклик иддао айлай.

                                Хиромон юрганинг кӯрсам ва ё бо ноз механдӣ,

                                Бубинам қадди дилҷӯят, имонимдан жудо айлай.

                                Куюб ҳажрингда, эй дилбар, дилам обу адо гардид,

                                Расад чун хоки пои ту, кӯзимга тӯтиё айлай.

                                Агар етсам висолинга, бихандад бахт бар рӯям,

                                Бибӯсам холи ҳиндуят, ҳақингда юз дуо айлай...

            Сухан кӯтоҳ, Маҳмуд Нурназаров дар тӯли зиндагии пурбори худ талоше кард, ки на фақат номи ӯ дар ёди халқ боқӣ бимонд, ҳамчунин дар афзунии шӯҳрати кӯҳпояи Нурато саҳми босазо гузошт. Пас аз даргузаштан ҷанозаи ин фарзанди кӯҳистониро ба зодгоҳаш оварда, дар қабристони бобоӣ ба хок супурданд. Оре, ҷисми ӯ аз назарҳо ғоиб шуд, аммо рӯҳу равонаш бо навиштаҳову сурудаҳои зебояш ҷовидон аст, тавре ки худи Маҳмуд дар мақтаъи як ғазали хеш фармуда:

                                Одат чунин аст аз азал, моро ҳамегирад аҷал,

                                Боқӣ бимонад ин ғазал, иншои ту, иншои ман.

 (Таҳти рукни “Поси хотир” дар рӯзномаи “Овози тоҷик” чоп шудааст)

 

ОШИҚИ ЗИНДАГӢ

 

            Ӯ марде буд, ошиқи зиндагӣ.

            Марде, ки ҷилваҳои зиндагиро бо оддитарин рангҳо рӯ ба рӯйи худ мутаҷассим медид.

            Ӯ марде буд, ки аз назокату нафосат, дилосойиву зебоӣ ва падидаҳои тозаи зиндагӣ ба ваҷд меомад. Дилаш мехост тамоми зиндагиро, зиндагиро бо тамоми нозу тароваташ дар оғӯши роҳат бигирад ва то ҷое, ки умқи нафасаш имкон медиҳад, ройиҳаи масткунандаи дастдодаро то охир фурӯ барад.

            Барои ӯ қадампартойиҳои тифлакони навпо чун баргҳои нафиси аз ғунчаи ниҳолаки гул бозшуда, ки бо вазидани насими ҷонбахш пар-пар мезананд, ҷолибу диданӣ буд. Қалби ӯро ҷастухези баррачаю бузғолаҳои тозаширхӯрда чун рӯду ҷӯякҳои аз чашмаҳои кӯҳӣ маншаъгирифта, ки каҷу кула ва сарозер аз фарози доманакӯҳҳо ба нишебҳои умедгоҳ ҷорӣ мешаванд, масруру махмур месохт.

            Ӯ марде бо синаи сахт, дасту по ва камари сахт чун деворҳои сангини қалъаи болои кӯҳ ва синаҳои маҳкаму шахистони доманакӯҳҳои зодгоҳи худ буд. Аз ҳар тахтасанге, аз рӯяи софу ҷо-ҷо оҷангбастаи зовҳои кӯҳистонӣ пажвоки зиндагии дуру наздикро дар моварои пардаи хаёлот возеҳу равшан мешунид ва гоҳо аз акси садоҳои дардолуд дар қолаби худ чун мум об мешуд.

            Ӯ бо ҳавас ба эъҷози падару модароне, ки меҳрубонӣ ва муруввати беинтиҳоро ба фарзандони худ чун офтоби нурбору ҳаётбахши табиат арзонӣ медоштанд, мафтун мешуд. Аз назари ӯ ҳеҷ падидае ба монанди ин эъҷози поку беолойиш вуҷуд надорад, ба вижа, отифаи модарон беқиёс аст. Ӯ ба ин нукта аз чашми Лоиқ нигоҳ мекард ва бо истинод ба сурудаҳои шоири дӯстдоштааш мисраъҳои ноб мебофт. Бо эътиқоди бепоён чунин саҷда мегузорад:

                        Аё модар, манам арзандаи ту,

                        Манам як шӯълаи лабхандаи ту.

                        Ҳама гӯянд, мо банди худоем,

                        Худои ман туӣ, ман бандаи ту.

 

            Ӯ худро шогирди Лоиқи ширинкалом мехонд. Бо дилбастагӣ ба ин эъҷозофари сухан чеҳраю тобишҳои зиндагӣ ва ишқу муҳаббати беохири худ ба ҳастиву инсонҳоро дар абёти шогирдонааш тараннум мекард. Бо ихлоси баланд ба шоири бузург номи писарашро “Лоиқ” гузошта буд. Дар омади сухан мегуфт:

                        Бе гулу булбул нишастам зиқ шудам,

                        Шеъри Лоиқ хондаму ошиқ шудам.

             Воқеан, ӯ марде буд, ки бо гуфтани байтҳои соддаву равон, бо сурудани шеърҳои оддии омиёна дар дили ҳамдиёрони худ маъво гирифтааст. Ба хусус, дубайтиҳои ин дӯстдори зиндагӣ нозуктарин торҳои эҳсоси одамонро навозиш намуда, ба қалбҳо суруру хушнудӣ ато мекунанд. Ба назар мерасад, ки дубайтиҳои ӯ ҳамоҳанги сурудаҳои Боботоҳири Урён асту ишқи поки инсонӣ, алоқа ва дилгармии хос ба зиндагиро латифу дилангез баён карданӣ мешавад.

                        Баҳори пурнигор омад, гули ман,

                        Бубин, турна қатор омад, гули ман.

                        Зи лабҳои асалгун бӯса хоҳам,

                        Шакар дилбеқарор омад, гули ман.

             Ӯ шоири соддаи деҳотӣ буд. Агарчӣ аз мактаби ҳақиқии шеъру шоирӣ нагузашта, асрори илми каломи мавзунро нафаҳмида буд, чун марди худогоҳ ном баровард. Ҳама кору мушкилоти зиндагиро канор гузошта, зуд-зуд ба суроғи бузургони санъати сухан, барои вохӯрӣ бо аҳли қалам мешитофт. Бештар ба хотири аз байн бурдани каму костиҳои навиштаҳояш, бо ҳадафи дарёфтани мавзӯъу мантиқу маъниҳои нав сабақ мегирифт. Дар такмилу пешрафти ҳунари шоирии ӯ устодон - Абдулло Субҳон, Паймон, Акбар Пирӯзӣ, Йӯлдош Зокир, Абдуназари Набӣ ва сухангустарони рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” саҳми босазо гузоштаанд. Аз пайи ин, бо таҳрик ва пуштибонии устод Ҳазрат Сабоҳӣ беҳтарин шеърҳои ӯ гирдиҳам омаданд ва соли дуҳазорум аз тариқи нашриёти давлатии “Ӯзбекистон” китоби “Мавҷи Сойхурд” ба табъ расид. Дар назди хонандагони тоҷик шоири нав бо исми Шакар Деҳқон, ки аз деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато буд,  маълум шуд. Муаллифи сарсухани китоби мазкур устод Ҳазрат Сабоҳӣ ҳини ошноӣ бо шеърҳои шоир эътироф кардааст: “…Аз дубайтиҳои ӯ, ки саршори оҳанги самимият буданд, бӯйи сабзаву гули кӯҳсор меомад, нағмаи чашмасорон ба гӯш мерасид. Ман барои худ таъйин кардам, ки ин соҳиби қалам ҳатман аз кӯҳистон бошад, зеро дар ашъори шаҳриёни мо чунин бӯву чунин соддагӣ камтар эҳсос мешавад”. Ва поинтар меафзояд: “Ҳарчанд Шакар шоири мактабӣ нест, вале аз баъзе мактабиҳо хубу дилчасп менависад. Ман гумон мекунам, ки вай бештар дар саройидани дубайтиҳо дар пайравӣ ба оҳанги дубайтиҳои мардумӣ комёб аст. Аксари дубайтиҳои Шакари Деҳқон мисли намунаҳои мардумии ин навъи шеър дилчаспу мӯъҷазанд, чун чашмасоре аз дили пурхурӯши вай берун омадаву бар дил менишинанд…”.

            Оре, Шакари Деҳқон марди соддадили қишлоқӣ буд ва бо лаҳни салис соддаву оддӣ мегуфт. Бе муболиға, садҳо мисраи бадоҳатан гуфтаи ӯ ба рӯйи коғаз наомадаанд, вале бо забони ҳол дар нишасту маҳфилҳо, дар базму арӯсиҳо дили алоқамандонашро шод кардаанд.

                        Диле хоҳам, чу гул озода бошад,

                        Диле хоҳам, чу ман дилдода бошад.

                        Диле хоҳам, мисоли ҷоми Хайём

                        Пур аз шеъру хумори бода бошад.

             Ӯ марде буд, дӯстдори диёри маҳбуб, шефтаи мардуми заҳматпешаи кӯҳистонӣ, меҳрубони оилаву ошиқи ёри азиз. Ин ҳама манбаи илҳомаш буданд ва хеле шеърҳои ӯ аз забон ба забон гузашта дар хотирҳо нақш бастаанд. Бо арзи муҳаббат ба хонуми азизаш гуфтааст:

                        Гули ман, хандаҳоят дилнишин аст,

                        Муаттар зулфи ту чун мушки Чин аст.

                        Шакар, эй Шарбатам, гардад зи лабҳот,

                        Ки дар лабҳот шаҳду ангубин аст.

             Сад афсӯс, ин ошиқи соддадил, вале худогоҳ натавонист умри дароз бинад. Ӯ низ аз пайи дӯстони эҷодкор ва ҳамдеҳагони ҷавонмарги худ – Ҷалили Орзумурод ва Назруллоҳ Расулзода ҳама илҳому шеърҳои носурударо бо худ ба хок бурд. Аз сактаи бемаҳали қалб ӯ низ аз по афтод ва дар синни панҷоҳу сесолагӣ зиндагиро – ин мояи ҳастиро, ки ошиқи беқарораш буд, падруд гуфт. Мо бошем, бо шеъри худаш ӯро ёд мекунем:

                        Дилу ҷонам фиғон дорад, гули ман,

                        Баҳори ман хазон дорад, гули ман.

                        Пас аз маргам суроғи шеъри ман кун,

                        Шакар шеъри равон дорад, гули ман.

 

(Таҳти рукни “Ёдбуд” дар рӯзномаи “Овози тоҷик” чоп шудааст)

 

«НАДОРАМ МЕҲРУБОНЕ…»

 

Ҳофиз, сухан бигӯй, ки дар сафҳаи ҷаҳон,

                                                                           Ин нақш монад аз қаламат ёдгори умр.

 

            5-уми октябр рӯзи Забон, рӯзи тасвиби қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони тоҷикӣ аст. Оре, дар ин рӯз ҳаммиллатони мо дар кишвари озоду соҳибихтиёри худ табли шодӣ мезананд, хурду калон бо фахру ғурур аз ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои чандинасраи худ хурсандӣ мекунанд. Дар ҳама ҷо тараннуми каломи модарӣ ба дилҳо сурур, ба тану ҷонҳо фараҳу фароғат ато мекунад.

            Бешубҳа, мо низ он рӯзи некро чун иди забони модарӣ ҷашн мегирем, ба фарқ, мое, ки «он» бахту саодати ҳамзабонони худро надорем ва бештар аз ҳазор сол баъд аз аҳди Сомон, он гуна ҳиммати Офаридгор насиби мо нашудааст. Мутаассифона, эҳтимоли ин бенасибӣ сол ба сол бештар мегардад ва ба такрор шиори бенасибону афсурдаҳолон дар пушти гӯшҳо садо медиҳад: «Надорам меҳрубоне, то кунад парвои ман».

            Дар асл, ин хитоба рӯйи тахтасанги хоро, ки ба синаи кӯҳ часпида ва дар даромадгоҳи дараи Пиргирӯди кӯҳсори Нурато воқеъ мебошад, бо хатти ниҳоят зебо ва хонои насх ҳак шудааст. Аҳли равшанфикр ва пирони имрӯз, бо истинод ба гуфтаю навиштаҳои бузургони пешин, катибаи мазкурро ба чанд навъ тавзеҳ медиҳанд. Чунончи, тахмини нахуст он аст, ки шояд бечораҳоле аз азобҳои зиндагӣ ва танқисии (истилоҳи хос ва роиҷи тоҷикони Нурато – Ю.И.) рӯзгор ба танг омада, ончунон навишта бошад. Фикри дувум доманаи васеътар дорад ва ба шарҳи он аст, ки нафаре аз дилсӯзони халқ беҳимоятӣ ва гурезогурези ҳамдеҳагони худро аз дасти душманон (асрҳои пешин таъқиби аҳли кӯҳистон аз тарафи бодиянишинону яғмогарони саҳроӣ зуд-зуд ба амал меомадааст – Ю.И.) дида, ба риққат меояд ва ночор дарди дил ба санг мекунад. Аммо, агар ба хатти қашанги форсӣ ва маънии мӯъҷазу амиқи он хитоба таваҷҷӯҳ шавад, дарк намудан мушкил нест, ки он маҳсули андешаҳои як нафар донишманду фарҳангӣ ва муборизе буда, ки дар ниҳояти афсурдаҳолӣ бе пушту паноҳ мондани халқи худро аз ҳар ҷиҳат бо дийлам задан ба дили сахттарин ва пурдошттарин ҷинси кӯҳӣ иброз доштааст.

            Ба назар мерасад, ки аз таърихи иншои катибаи ёдшуда чандин аср гузаштааст, аммо ҳанӯз ҳам ба фароҳам овардани ниёзмандиҳои мардуми ин кӯҳистон, ки рӯйиҳамрафта, дар дувоздаҳ деҳа сукунат доранд, ҳеҷ иқдоми судманде ҳамзамон бо пешрафти замон сурат намегирад. Дар ин сарзамин ҳанӯз ҳам лӯлаҳои обу гоз накашидаанд, мактабу бемористон ва маҷмӯаҳои варзишии замонавӣ насохтаанд, ба рушди умури фарҳангиву ҳунарӣ таваҷҷӯҳе зоҳир накардаанд. Рӯз ба рӯз нуфуси кӯҳистониён коҳиш меёбад, кӯҳу кӯтали замоне ободу дарахтзорбуда ба теппаю синаҳои хушку урён бадал мешавад ва ҳатто, ба ягона маркази маърифатӣ, ба мактаб, ки дар он миллати «маҳрум»-и кӯҳистонӣ расму оин ва орзуву ормонҳои худро бо каломи модарӣ бо ҳам мебинанд, хатари маҳдудшавӣ ё барҳамдиҳӣ таҳдид мекунад.

            Бо ин ҳол, имрӯз таровиши забони тоҷикӣ чӣ гуна аст? Оё метавонем ин «дурри гаронбаҳо»-ро, ки дар сарзамини мо низ мерос аз гузаштагон аст, бо ҳама ҷилою яклухтиаш ба авлоди оянда интиқол диҳем?

            …Ҳини таътилоти чандрӯза, ба хотири гузарондани рӯзи Ёдбуд, аз Тошканд ба мақсади Нурато ба роҳ баромадам. Васати роҳ, вақте ки ба шаҳраки «Дӯстлик» расидам, аҳд намудам, ки баъд аз чандин соли дур гаштанҳо бо яке аз дӯстони худ дидорбинӣ кунам. Пас аз пурсуҷӯҳои тӯлонӣ манзили дӯстам пайдо шуд. Дарвозаашро кӯфтам. Писаре қадбаланд, бо китфу бозу ва мисли ин ки дақиқан нусхаи солҳои ҷавонии дӯстам буд, дарро боз кард. Аз ӯ, ки беэътино ва норозиёна пеши дарвоза мех шуда буд, пурсидам:

            – Падарат дар хона аст?

            – Йӯқ, ишда, – ҷавоб дод ӯ.

            – Модарат чӣ?

            – У ҳам ишга кетган, кеч келади.

            – Номат чист?

            Ҷавон каме макс карду абрӯҳояшро ба ҳам кашида гуфт:

            – Нима ишинг бор?

            Аз ин бархӯрди ӯ, ки маълум буд маро намешиносад, ба завқ омадам ва афзудам:

            – Маро нашинохтӣ?

            – Йӯқ, танишишни ҳам истамайман.

            Дигар маҷбур шудам, ӯро аз асли қазия воқиф созам ва худро шиносондам:

            – Ман дӯсти падарат ҳастам. Тамоми солҳои бачагиро бо ҳам гузарондаем. Ана, даҳ-ёздаҳ сол мешавад, ки бо ташвишҳои рӯзгор гашта, натавонистем ҳамдигарро бубинем. Имрӯз бо умеди мулоқот ба ин ҷо омадам. Агар шумораи телефон ё адреси корашро ҳам диҳӣ, мешавад, худам ёфта мегирам.

            Аммо аз чеҳраи ҷавон хондам, ки ҳарфҳоямро ба бод гуфтаам. Ӯ бе андеша ба забон омад:

            – Ундай бӯлса, кечқурун келишингизга тӯғри келади, уйда бӯладилар.

            Дигар ҳавсалаам сар рафт, бо майли кунҷкобӣ аз ӯ суол кардам:

            – Писарам, мебинам, ки тоҷикиро мефаҳмӣ, ба тоҷикӣ гап ҳам зада метавонӣ?

            – Йӯқ, гаплашишни ҳам истамайман, – ҷавоб дод ӯ густохона.

            Ин ҷо, ба истилоҳи маъруф, «тарбузам аз бағал афтид». Дӯстамро (шояд ба «дӯст» гуфтан ҳам лоиқ набошад) надида, роҳи худро идома додам. Пушти фармон нишаста, ду чашм ба роҳ будам, аммо фикру зеҳнам ба бархӯрди писарак, ки на фақат лафзи тоҷикиро балад набуд, ҳатто одоби тоҷикона ҳам надошт, банд буд. Ман медидам, боз як хонаводаи тоҷик дар пеши назарҳо асолати худро гум мекунад, ки шояд барои ифшои бадбахтии миллат аз ин бештар далеле набошад…

            Бо вуҷуди ин гуна аҳвол, набояд дилшикаста шуд. Агарчи омма нисбати забони модарӣ бетафовут аст ва дар гӯшаю канори кишвар мактабҳои тоҷикӣ дарҳои худро мебанданду дар марказҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва иттилоотӣ шӯъбаҳои тоҷикӣ кори худро кам ё таътил мекунанд, вазифаи аҳли зиёӣ, адибону шоирон ва дӯстдорони миллат он аст, ки ба пойдории забон ҳиммат гузоранд ва аз коҳиши салосату ҷилои ҳамешагии он ҷилавгирӣ кунанд.

            Яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди беҳдошт ва мутобиқ сохтани забон бо замони муосир интихоби дурусти вожаҳои нав аст. Мо наметавонем аз ин ҷараён, ки дар Тоҷикистон вусъат дорад, дар канор бошем. Дар ин росто ба кишвари ҳамзабон пайравӣ кардан фақат судманд аст. Ин нуктаро бисёр касон ба навъи худ талқин мекунанд, аммо дар шароите, ки барои тоҷикони сарзамини мо пеш омадааст, ёд гирифтан ва ҷонибдорӣ намудани иқдомоти ҳаммиллатон бори сара медиҳад. Ҳар қадар забони тоҷикӣ дар ҳама ҷо яксон садо диҳад, ҳамон қадар мушкилоти муколамаю мукотибот, мусоҳибаю музокирот ва монанди инҳо осонтар ҳал мешаванд.

            Воситаҳои ахбори оммавӣ ва расонаҳои гурӯҳии кишвари ҳамсоя (рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизион…) манбаи асосии такмил ва тарвиҷи забони модарии мост. Маҳз бо таваҷҷӯҳ ба ин гуна манобеъ дарёфтем, ки дар ҳоли ҳозир бисёр калимаҳои нав каломи модарии моро оро медиҳанд. Чунончи: бозрас (инспектор), бозрасӣ (инспексия), зуком (грипп), масҳ (массаж), нармафзор (барномаҳои компютерӣ), новдонӣ (швеллер), пайғоми телефонӣ (СМС), пойгоҳи обкашӣ (насосхона), сахтафзор (қисмҳои эҳтиётии компютерӣ), сақфи козиб (потолок), соҳибкор (фермер), тамос гирифтан (барқарор намудани алоқа бо телефон), телефони ҳамроҳ (телефони мобил), тироҳан (балка), фурӯзонак, лампаҳои каммасраф (чароғакҳои навбаромади равшаноӣ, ки қувваи барқро нисбат ба лампаҳои маъмулӣ ба маротиб камтар сарф мекунанд), хатсайр (маршрут)…

            Аз сӯйи дигар, баҳсу иддаои забоншиносон ҳамеша сари он аст, ки дар бисёр маврид каламот ва истилоҳоти форсӣ, арабӣ, русӣ ё туркӣ бемавқеъ ба кор мераванд. Воқеан, агар барои ифодаи мафҳумҳо, ба ҷойи вожаҳои худӣ, бидуни зарурат аз луғоти забонҳои ғайр истифода шавад, иштибоҳи маҳз аст. Ҳар касе, ки ба даст хома мегирад, бояд ҳамвора ба ин нукта таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Агар ба худ итминон надорад, бояд навиштаҳои худро аз дасти шахси босаводтар гузаронад. Албатта, ин талаб барои каламот ва истилоҳоте, ки тайи муддатҳои тӯлонӣ ва бо тақозои замону сиёсатҳо вориди забон шуда, чун вожаи худӣ гардидаанд, роиҷ нест.

            Бо ин ҳол, тавре ки ҳатто таҷрибаи машҳуртарин забонҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ба таври мувозӣ ба кор бурдани як гурӯҳ вожаю истилоҳот дар забони тоҷикӣ низ амри дуруст аст. Дар ин ҷиҳат низ диққат додан ба пешрафти забони тоҷикӣ ва форсӣ дар Тоҷикистон ва Эрон аз аҳамият холӣ нест. Барои мисол, мо наметавонем дар феҳристи зер, ки каламот бо ҳам синоним (мутародиф) ҳастанд, якеро бар дигаре тарҷеҳ диҳем: адвокат – вакил, вакили қонунӣ; арматура – милгирд; аэропорт – фурудгоҳ; вертолёт – чархбол; институт – донишкада; институти тадқиқотӣ - пажӯҳишгоҳ; поезд – қатор; прокурор – додситон; прократура – додситонӣ; самолёт – ҳавопаймо; суд – додгоҳ; телефони факс – дурнигор; университет –донишгоҳ…

            Дар мавриди калимаҳои мазкур як нуктаро мебояд зикр намуд, ки шакли,  ба истилоҳ, «урупоӣ» ё «русӣ»-и онҳо, агарчи ба таври васеъ мустаъмаланд, дар нутқҳои зарифона ва ба хусус, дар шеър ба кор намераванд.

            Назокати забон ҳам дар гуфтор ва ҳам дар навиштор бо дуруст ва бамаврид истифода намудани вожаҳо ба даст меояд. Ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, ки баъзан оддитарин қоидаҳо дар ин бахш риоят намешаванд. Аз ҷумла, ба каламоти бе он ҳам ҷамъбандишуда (мавод, аъзо, талабот, ахбор, аносир…) изофа шудани пасовандҳо (-ҳо, -он, -ён, -от) ё аз ҷиҳати шахсу шумора мутобиқ наомадани аъзои ҷумла бо якдигар мушоҳида мешаванд.

            Боиси таассуф аст, ки ҳатто китобҳои дарсии ба забони тоҷикӣ чопшуда аз лиҳози шаклу услуби ҷумла ва матнсозӣ, маъниву мазмун ва корбурди истилоҳоту вожаҳо иштибоҳоти зиёд доранд. Иллати ин, агар ба навбати аввал, ба таври иҷмолӣ нашр шудани онҳо бошад, дувум, масъулини Марказҳои таълиму равишомӯзии вилоятҳо ва ҷумҳурӣ ба кори худ саҳлангорӣ намудаанд. Онҳо натавонистаанд, ки ба таври лозим ва бамавқеъ барномарезиҳо, пахши мавзӯот, ҷалби мутарҷимин ё муаллифонро амалӣ созанд. Ба хусус, дар Маркази ҷумҳурии таълим ва равишомӯзӣ, ки бевосита корҳои муқаддамотӣ ва барномарезиҳои марбут ба таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ дар он ҷо сурат мегиранд, бояд афроди мутахассис, собиқадор ва ташкилотчии босавод фаъолият кунанд. Ба дасти одамоне, ки фақат барои қонеъ намудани нафси худ аз мақом сӯйиистифода мекунанд ва манфиати хешро аз хостори миллату халқи худ бартар мешуморанд, вогузоштани чунин вазифаҳои пурмасъулият оқибати нек ба бор намеоварад. Зимнан, таҳлил ва арзёбии китобҳои дарсӣ мавзӯи ҷудогона аст.

            Дар ин росто кору кӯшишҳои муҳаррирони бахши тоҷикии нашриёти «Ӯзбекистон» – Зебои Тоҳириён ва Эҳсон Турдиқулов лоиқи таҳсин аст. Мо наметавонем истодагарӣ ва талошҳои ҳамешагии ин ду тан ҷонсӯзи миллат ва пуштибони забонро дар баробари тазйиқу сахтгириҳои фаровон нодида гирем. Фикр мекунам, агар заҳмату дилсӯзии онҳо намебуд, шояд ба ин миқдор китоби дарсию бадеӣ ва маводи омӯзишию маърифатиро ҳам дар дастрасӣ надоштем. Онҳо масъули теъдод ва кайфияти китобҳо аз назари мазмуну мундариҷа нестанд, аммо ҳар нусха аз маводи ироашуда ҷиҳати нашрро дар кӯтоҳтарин муддат ба дасти чоп расондаанд. Боре инҷониб бо чашми худ медидам, ки Зебохонум, агарчи ӯро ба таътили бемузд фиристода буданд, пиёдаю савора дунболи ҳомӣ мегашт, то як даст китоби таҳиякардаи худ ва муаллифони дигарро барои хониши иловагии хонандагон ба чоп расонад. Кош ҳамзабонони зиёии мо – ҳама мисли ӯ зоҳиру ботини зебо медоштанд!

            Дар ҳар сурат, мо набояд нисбат ба бузургдошти забони тоҷикӣ, ки забони модарии ҷамъияти бешумори кишвари мост, бетафовут бимонем. Нашавад, ки дар ин ҷашн низ барои ҳамзабонони худ дастовезе надошта бошем, тавре ки дар Наврӯз чеҳраҳои мо дар лобалои «дигарон» базӯр аён мегардад. Ҷойи зикр аст, ки дар айёми Наврӯз ҳатто тоҷикони камнуфуси шаҳрҳое, мисли Маскав, Қазон, Омск, Бишкек тантанаҳои бошукӯҳ бо забони модарӣ доранд, аммо аз мо хабаре ончунон нест...

            Ҷонсӯз ва пуштибони забони модарӣ будан вазифаи муқаддаси ҳар як соҳибзабон аст. Мо набояд анҷоми амалҳои хайрро ба таъхир андозем, ҳадди ақал, бояд коре кунем, ки дарди катибаи «Надорам меҳрубоне, то кунад парвои ман» бароямон осонтар гузарад ва ба таъбири Хоҷа Ҳофиз, нақше аз сухани худ(!) дар сафҳаи ҷаҳон ба ёдгор гузорем.


Соли гиромидошти куҳансолон

ДИЛДОДАИ БИНОКОРИҲОИ КӮҲИСТОН

            Синтаб яке аз деҳаҳои сероб ва хушманзари кӯҳистони Нурато аст ва аз назари тӯлонӣ будани дараи маскунию теъдоди нуфус дар кӯҳпоя ҷойи аввалро мегирад. Сокинони ин рустои қадимӣ аз гузаштагони худ беҳтарин расму одатҳои миллӣ, намунаҳои касбу иштиғоли мардумӣ, одоби ҳамида ва ёдгориҳои таърихию маънавиро ба мерос гирифта, чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд ва бо ҷилои бештар ба дасти ояндагон месупоранд. Барои онҳо даҳ макони муқаддас, ки бо номи “Азизон” ёд мешаванд, сою чашмаҳои пуроби мусаффо, Қӯрғони босалобат, қуллаи баланд ва чарогоҳи болоикӯҳии Фозилмонато, ҳар як гузар, ки “қишлоқ” номида шуда, исми хушсадои бостонӣ дорад, майдони бо доманакӯҳҳо маҳсур ва қалъаи қадимаи Чавак бениҳоят азиз ва мояи ифтихоранд. Синтабиён аҳли завқу мутоиба мебошанд, бо зарангию ҳушёрии худ ном баровардаанд ва насли онҳо дар ҳар бахши рӯзгор реша дар об дорад. Ҳоло гӯшаеро дар кишвар пайдо кардан амри муҳол аст, ки хонаводаи синтабӣ надошта бошад. Фарзандони болаёқати ин хиттаи кӯҳистонӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, минҷумла, дар сиёсат, иқтисодиёт, нуҷумшиносӣ, илмҳои дақиқ, сохтусоз ва меъморӣ, адабиёту санъат, варзиш ва тиб, ҳунармандию соҳибкорӣ саҳм мегузоранд...

          Нақл мекунанд, 20-уми августи соли 1946 нохост фазои Синтабро пардаи ғаму андӯҳ фаро мегирад. Рустоиён бо дилҳои пурхун ва сарҳои хам яке аз куҳансолони деҳа, паҳлавону асптози маъруф бобои Авазмуродро ба хок месупоранд. Вале, ҳанӯз селаи одамон аз пушта барнагашта, дар гузари Бибикон гиряи навзоде баланд мешавад ва ҳама ин тавлиди кӯдаки навро ба фоли нек мебинанд. Ҳамон лаҳза даҳан ба даҳан паҳн мешавад: “Бобои Авазмурод дубора зинда шуданд!”. Оре, айнан дар рӯзи даргузашти бобои худ ба дунё омадани Авазмурод, ки баъдан бо исми Додо ё Додоҷон шинохта шуд, ба хаёли касе наомада буд ва ҳанӯз касе намедонист, ки он замон як нафар номбардори кӯҳистони Нурато, донишманди соҳаи дизайну меъморӣ ва бостоншинос по ба арсаи вуҷуд гузоштааст.

           Ҳоло синну соли Додои Авазмурод, ки акнун дар назди хосу ом ҳамчун доктори илмҳои меъморӣ, профессор Нозилов Додо Авазович маъруф аст, ба саргаҳи ҳафтод расид. Ӯ чеҳраи нуронию андешаманди худро пинҳон надошта, бо ғурур ва хурсандӣ мегӯяд: “Имсол ба арши иззату икром бардоштани аҳли рӯзгордида ва солхӯрдаи кишвар, ба таъбири рӯз, гиромидошти куҳансолон, ба ману дӯстонам қуввату тавоноии бештар ато намуд. Ман пасту баландиҳои паси сар карда ва корҳои осону мушкили анҷомдодаамро аз мадди хаёл гузаронда, ба хулосае омадам, ки инсон бояд ҳамеша дар талошу ҷустуҷӯ бошад ва бовар кунад, ки ҳеҷ як заҳматаш бар ҳадар нахоҳад рафт ва рӯзе ҳатман аҷр хоҳад ёфт”.

          Ба зиндагиномаи Додо Нозилов назар афканда воқиф мешавем, ки ӯ ҳанӯз дар чаҳорсолагӣ бо тақозои замон ва кӯч бастани оилаашон ба Сирдарё, аз ватани бобоии худ дур мемонад. Пас аз итмоми таҳсил дар мактаби миёна ба Донишкадаи политехникии Тошканд дохил шуда, онро бо имтиёз хатм менамояд ва соли 1969 фаъолияти кории худро ба унвони корманди илмии бахши таърих ва назарияи меъмори (архитектура)-и Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд оғоз мекунад. Ӯ соли 1977, пас аз пажӯҳишҳои пайваста ва корҳои сахту заҳматталаби шабонарӯзӣ, рисолаи номзадии худро таҳти мавзӯи “Санъати меъморӣ дар кӯҳсори Ӯзбекистон” дифоъ менамояд. Соли 1979 аз байни чандин дотсенти довталаб ҳамчун устод ба факултаи меъмории Донишкадаи политехникии Тошканд баргузида мешавад. Додо Нозилов пажӯҳишҳои худро идома медиҳад ва соли 1991 рисолаи докториаш таҳти унвони “Санъати меъморӣ дар кӯҳсори Осиёи Миёна”  аз тарафи ҳайати илмии Донишкадаи меъмории Маскав маъқул дониста мешавад ва ҳамзамон бо истиқлоли Ӯзбекистон донишманде мустақил дар соҳаи тарроҳию меъморӣ ва санъати амалӣ бо унвони ифтихории профессор чеҳра боз мекунад. Додо Нозилов бо дарёфти мақому манзалати касбӣ ба узвияти Иттиҳоди меъморони Ӯзбекистон ва Созмони тарроҳи (дизайн)-и назди Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон пазируфта шудааст. Мавсуф то замони бознишаста шудан ҳамчун коршиноси Комиссияи олии аттестатсионии назди Девони Вазирон, узви Шӯроҳои (гурӯҳҳои кории) махсуси риштаи меъморӣ, ки дар назди Донишкадаи меъморию сохтмони Тошканд, Фарҳангистони меъморӣ ва сохтмони Алмати ва Донишгоҳи техникии Душанбе фаъолият мекунанд, маҳсуб мешуд ва мудири кафедраи дизайни Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд буд.

          Дар тӯли тамоми умр пайдо кардану шинохтан ва рӯйнамоӣ намудани тарҳу намои хонаю иморатҳо, манору қалъаҳо ва билкул, ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва сабку услуби устою ҳунармандон шуғли дилуҷонии Додо Нозилов буд. Ӯ ҳар як офаридаи дасти мардумиро бар пояи назарияҳои илмӣ асоснок намуда, дар бораи ҳунарҳои меъморӣ, тарҳу шаклҳои муҳандисӣ, ҷинсҳои истифодашуда (аз қабили гил, санг, чӯб, хишт, кошин, гаҷ, филиз), манбаъ ва таҷрибаҳои меъмории Ӯзбекистону минтақаҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла, Бадахшони Кӯҳӣ, бештар аз сад мақола, рисола, монография, китоб (ҳамчунин китобҳои дарсӣ) ва ёддоштнома иншо кардааст. Чунончи, китобҳои “Санъати меъморӣ дар кӯҳсори Ӯзбекистон” (1972), “Ёдгориҳои меъмории кӯҳистонӣ” (1979), “Ёдгориҳои меъмории мардумӣ” (1982), “Меъмориҳои манотиқи кӯҳии Ӯзбекистон” (ба забони русӣ, 1984), “Хонаҳои рустоӣ” (бо ҳаммуаллифии А.Ӯролов ва Ш.Тӯрақулов, 1988), “Асосҳои нақшакашӣ ва сохтусози хонаҳои рустоӣ” (бо ҳаммуаллифии А.Ӯролов, А.Фармонов, С.Матязов, 1994), “Чорбоғ” (1997), “Таърихи тарроҳӣ (дизайн) дар Осиёи Миёна” (китоби 1, 1998), “Ҳунари бумии меъморӣ дар ноҳияҳои кӯҳии Осиёи Миёна” (ба забони русӣ, 1999), “Мактабҳои пешрафтаи меъмории бумӣ дар кӯҳистони Осиёи Миёна” (ба забони русӣ, 2001), “Даруноройӣ (оройиши дохилӣ) дар ҳунари меъмории Осиёи Марказӣ” (2005), “Асосҳои таркиби меъморӣ (композитсия)” (бо ҳаммуаллифии И.Дмитриева, Н.Ҳоҷибоева, 2009) аз ҷумлаи асарҳои илмии Додо Нозилов ба шумор мераванд. Ӯ дар бисёр анҷуману ҳамойишҳои ватанию байналмилалӣ, ки доир ба навгониҳо ва рушди соҳаи дизайну меъморӣ баргузор шудаанд, маърӯзаҳо хондааст.

           Аз таҳқиқу навиштаҳои илмии муаллиф бармеояд, ки ҳунарҳои меъморӣ симои зоҳирии фарҳанг (маданият)-и ҳар як ҷомеа мебошанд. Онҳо ҳамчун намоди муносиб барои мутолиаи тамаддуни он ҷомеа имкон медиҳанд ва ҳар фарҳанг дорои меъмории махсус аст. Ҳатто дурафтодатарин қабила низ чодару кулбаҳо, тазйинот ва сохтусози ба худ хос дорад. Бо ин ҳол, ҳар як фарҳанг бо таваҷҷӯҳ ба бартарию робитааш бо инсон ва табиат пешрафт мекунад ва ҳусни воқеии худро намоиш медиҳад. Аз сӯйи дигар, олим хулоса мекунад, ки меъморӣ ҳамчун ҳунари иҷтимоӣ ҳам шинохта шудааст. Агарчи меъморон аксаран мувофиқи ғояи шахсии худ биноҳоро тарроҳӣ мекунанд ва месозанд, дар асл ҳар як соза ё бино бо зарурати иҷтимоӣ падид меояд. Яъне, хости ҷомеа аст, ки меъморон ба он пайравӣ мекунанд. Бо ишора ба боқимондаҳои осори бостонӣ ва созаҳои мавҷуд муаллиф ошкор менамояд, ки меъморӣ ҳам илм аст ва ҳам ҳунар (санъат). Ҳарчанд ҳунар бештар аз илм назокат дорад ва ба завқу диди меъмор наздиктар аст, наметавон таъсири бевосита ва маҳсуси илм ва назарияҳои илмиро дар пешрафти меъморӣ нодида гирифт. Пас, ҳунари зебо ва илми муҳандисӣ дар сохтусозу меъморӣ бо ҳам тавъам мешаванд. Гузашта аз ин, олим дар корҳои пажӯҳишӣ ва илмии худ ба истоии (қобилияти истодагарӣ ва пойдорӣ) ёдгориҳои меъморӣ диққати вижа додааст. Ӯ маълум месозад, ки истоии ҳар як созаи меъморӣ, пеш аз ҳама, ба масолеҳ ва шеваи сохти он вобастагӣ дорад. Ӯ исбот кардааст, ки дар меъмориҳои Осиёи Миёна истифодаи гили дамгирифта, хишти пухта, дил ба дил дарчидани санг, равоқу шифт ва гунбазҳои нимдоираю гирдшакл, қобу чаҳорчӯбаҳои обдида, гаҷҳои ширешӣ (ба хусус барои часпондани кошиҳо), рангҳои муносиб ва ҳатто корбурди зардии тухму шилми дарахтон нақши муҳим доштаанд. Ҳамчунин дар китобҳои муҳаққиқ мафҳуми амалкарди созаҳо равшан мегардад, яъне дар ҳини тарроҳии ҳар як сохтмон корбурди минбаъдаи он мавриди назар қарор мегирифтааст. Дар ин бахш сабку услуби хонаи маскунӣ, созаи дидбонӣ (бурҷу манораҳо), хонақоҳу масҷид, анбор, тавила, айвон, ҳавз, сарой, қалъа ва дигар иншоот бо шарҳу тавзеҳоти илмӣ баён мегардад.

          Бояд гуфт, ки корҳои илмию пажӯҳишии Додо Нозилов хеле доманадор мебошанд ва бар замми ин, солмандӣ торҳои нозуктареро дар вуҷуди эшон ба таҳрик даровардааст. Чун мардуми кӯҳистони Нурато ба нависандагӣ ва шеъру тарона алоқамандии зиёд доранд, Додоакаи бостоншинос низ бо мурури замон ба қиссагӯйӣ руҷӯъ карда, як силсила нақлу ҳикоятҳои диққатангезро бо баёни содаву хотирмони ӯзбекӣ  дар ду китоб гирдиҳам овардааст. Асарҳои мазкурро, ки бо номҳои “Қиссаҳои дилписанд дар бораи устоёни ҳунарманд” (2008) ва “Манзили ёд” (2011) ба чоп расидаанд, метавон ба унвони “ёддоштнома” пазируфт. Дар ҳақиқат, ёддоштҳои муаллиф ва нақлу қиссаҳои ӯ хеле хонданӣ ва шавқовару дилангезанд. Аз он ҷиҳат ҷолибанд, ки ӯ аз аввал то поён ба зиндагии рӯзмарраи мардум, ба касбу кор ва шуғли писандидаи одамон, ба воқеаҳое, ки ба таври реалӣ дар ин ё он маҳал рух додаанд, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Онҳо бо забони сода ва мӯҳтавои кӯтоҳу оддӣ баён шудаанд, сартопо сӯҳбатҳои дилнишин ва мароқангезро фаро мегиранд ва бо мисолҳои равшану мӯъҷаз ба ягон ихтироъ, тарҳу намои нодир, бахше аз истеъдоду навоварӣ, ки дар гӯшаю канори кишварҳои Осиёи Миёна, минҷумла, аз сарзамини Қароқалпоқистон то Самарқанду Бухоро ва болооби Зарафшону кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон нумӯъ доштаанд, ишора мекунанд.

           Метавон гуфт, бахше аз нақлҳои нависанда роҷеъ ба ҳунармандӣ ва сохтусозҳои деҳоти кӯҳпояи Нурато (дар “Қиссаҳои дилкаш...”) аз дурустии ақидаи боло гувоҳӣ медиҳад.  Қиссаҳои муаллиф дар бораи кори душвору пурзаҳмати чоҳканӣ, ки аз тарафи чоҳканҳое ба монанди Мирзо Хидир дар заминҳои сахти Нурато ба умқи то 80 метр сурат гирифтааст, сирру асрори чӯбтарошӣ ва рандакорӣ бо ишора ба ҳунари бемисли дуредгарҳое чун Усто Эгамёр, ҳавои оҳангархона ва усули обутобу ҳаводиҳӣ ба кӯраҳо, тавре ки Усто Зуҳур бо шогирдаш анҷом медодааст, равиши сангчинии устоҳои иморатсоз, ки сангҳои як қаторро ба самти рост ва сангҳои қатори дигарро ба самти чап моил карда “арчашакл”дармечидаанд ва барои наҷунбидани сангҳо васати онҳоро бо сангреза пур мекардаанд  ва ҳамчунин усули сангпартоӣ (сангдиҳӣ) ба усто ё дар болои девор истода бо пойи луч деворчинӣ кардан дар мисоли Усто Раҳим Рашид, таҳкурсию сутунсозӣ ва равиши насби мутаодули онҳо бо шарҳи устодкориҳои ҳунармандоне мисли Усто Ёшиузоқ, тарҳи хос ва тарзи бунёди осиёбҳо аз тарафи Мирзо Мӯъмин барин осиёбсозҳои ботаҷриба, ки сангҳои махсуси осиёбии кӯҳсори Нурато дар онҳо ба кор рафтаанд, сохтани дарвозаҳои яктабақаю дутабақа ё чаҳорчӯбадор аз ҷинси чӯбҳои маҳкаму бадошт, ки онҳо бо дасти худи устоҳои дарвозасоз ба монанди Усто Муҳаммад шинонда мешудаанд ё ин ки нақлҳо дар хусуси устокорона сохтани хонақоҳу масҷидҳо, ки бо нақшу нигор ва мунаббаткориҳои бемисл оройиш меёфтаанд, дар тамоми деҳоти кӯҳпояи Нурато аз фаъолият доштани устою ҳунармандони гулдаст дарак медиҳанд.

            Дар назари аввал чунин менамояд, ки Додо Нозилов дар китобҳои худ дидаю шунидаҳояшро гӯё ҳамчун як мушоҳидагари оддӣ бозгӯ мекунад, вале дар асл ин хел нест. Аз ҳар як нукта ва ишора ба эҷодкориҳо, аз корбарии вожаю истилоҳҳои хоси меъморӣ ва аз бархӯрди ҳар як ҳунарманд, мисли деворзан, гилкор, наққош, сутунсоз, чӯбкор, ганҷкор, рангандоз, сангпардоз, чунин хулоса бармеояд, ки муаллиф дар соҳаи пешгирифтаи худ олим ва устоди варзида аст. Ӯ ба таври воқеӣ як тан муаллими илми меъморӣ мебошад, ки барояш аз катаки хурди гилину сангин сар карда то манору ёдгориҳои азим моҳияти яксони илмӣ ва омӯзишӣ доранд ва ҳар як соза ё бино, ё дахма дорои тарҳи ҷудогона ва мутамоиз мебошад.

          Додо Нозилов бо рагу пайванди аҷдодӣ ба Синтабу кӯҳистони Нурато пайвастагии амиқи рӯҳиву маънавӣ дорад. Агарчи ӯ дар байни одамони ғайр бузург шуда, ба забонҳои дигар таҳсил мегирад ва касбу кор меомӯзад, як лаҳза ҳам забони модарӣ ва расму одатҳои миллиро ба кӯйи фаромӯшӣ насупурдааст. Ӯ дар коргоҳу хона, дар кӯчаву маъракаҳо, дар ҳама ҷо бо дӯстони ҳамқавм ва ҳамдиёрон бо забони модарӣ сӯҳбат мекунад. Дилбастагии Додоака ба диёру манзили бобоӣ ва зодбумаш то андозае амиқ аст, ки бо вуҷуди шод зистану аз ҳама чиз бархурдор будан, доимо аз дасти пазмонӣ ва дилтангӣ барои ватан азият мекашад. Маҳз дарди ҳаҷру ҷудоӣ ва муҳаббати бепоён ба замини хуни ноф рехта боиси таълиф шудани китоби ӯ бо номи “Манзили ёд” (“Соғинч манзили”) шудааст. Бе шак, тамоми нақлҳои муаллиф дар ин китоб роҷеъ ба Синтабу синтабиён ва рустоҳои тоҷикнишини кӯҳистони Нурато ҷолиби диққатанд. Ӯ аз забони қаҳрамонҳои худ ба бисёр рӯйдодҳои таърихии гузаштаву имрӯза, макону манзилҳои бостонию нав, харобаҳои боқимонда ва ёдгориҳои миллӣ, урфу одат ва шуғли одамон дар замонҳои гуногун, инҷиқиҳои обу ҳаво, олами ҷонварон ва табиати сеҳрангез, хурофоту маросимҳои халқӣ ишораҳо кардааст ва албатта, бештар аз ҳама дар хусуси биною қалъаю манораҳо ва ҳар гуна созаи таърихию меъморӣ ва воқеаҳои алоқаманд ба онҳо ҳарф мезанад. Саргузаштҳои худро аз овони пажӯҳишҳои илмӣ, аз ҷумла, дар бораи манораҳои Зиҳноки бостонӣ, чарогоҳ ва ҳайкалчаҳои Фозилмонато, Офатқалъа, масҷидҳо, кӯпрукҳо, қабристонҳо бо меҳри тамом қисса мекунад.

          Дар хотимаи ёддоштномаи “Манзили ёд” муаллиф бо ҳасрат менависад: “Синтаб, хуни нофам дар хоки ту рехтааст ва ман туро аз дасти тақдир дар чаҳорсолагӣ тарк кардаам. Ман айёми бачагӣ ба сангҳои ту пешпо хӯрда бозӣ накардам, дар обҳои сарди ту, ки доимо бо шитоб равонанд, оббозӣ карда пухта нашудам, дар чарогоҳҳои ту мол бонӣ накардам, бо ҳамсолонам аз кӯҳу адирҳои ту алафу хошок ҷамъ наовардам. Ман натавонистам доимо аз сӯҳбатҳои пирони рӯзгордидаат баҳра гирам, ки онҳо донандаи рӯзҳои неку бади ту буданд. Ишқи нахустинамро, муҳаббатамро ба духтарони ту, ки ба сар кӯзаи об гирифта аз чашмаҳо ба хонаҳои доманакӯҳӣ об мекашонданд, изҳор накардам. Вале, аз сарнавишти худ розиам, ки баъд аз бист соли ҷудоӣ ба дидани ту муяссар шудам... Тамоми умрамро низ барои омӯхтани ту бахшидам. Ту боис шудию ба кӯҳсори Осиёи Миёна меҳр бастам, ба оғӯшашон шитофтам ва аз онҳо розу асрор гирд овардам...”(саҳ. 307).

          Оре, ҳасрати ҷудоӣ ҳамеша домангири мост, аммо инсоне мисли Додо Нозилов бо ақлу идрок ва саъю талош тавонистааст ҳама дилтангиро канор гузорад ва ба ҳадафҳои олии худ бирасад. Имрӯз ӯ дар Тошкандшаҳр истиқомат мекунад, оилаи хушбахту муттафиқе дорад ва ба солдидагии худ нигоҳ накарда пайваста ғамхору мададгори дигарон аст. Ӯ ба се фарзанди фарзона тарбия дода, онҳоро хонаюҷойдор кардааст. Шаҳрибонуи рӯзноманигор, ки ба шеърнависӣ ҳам истеъдод дорад, Абдуҷаббори домулло – устоди рассомию ҳунарҳои нафис дар Донишгоҳи политехникии Тошканд ва Абдуризои меъмор – давомдиҳандаи касби падарӣ, ки аз ҷумлаи мутахассисони варзидаи Донишкадаи тарроҳию шаҳрсозии Тошканд аст, нури дида ва мояи ифтихори падари бузургвор мебошанд. Агарчи меҳри аввали Додоака – модари фарзандонашон пас аз таваллуд вафот кардааст,  ҳоло янгаи Муҳаррам ҳамчун ҳамсари вафодор дар пасту баландиҳои зиндагӣ баробари ӯ қадам мезанад.


Модарамро дигар наёфтам
 (Лавҳа)

          Агар гӯям, ки нисфи умрам дар сафар гузашт, шояд хато бошад, зеро ин нисфи умрро дар мусофирӣ гузарондаам. Бешак, ҳама дар ин дунё мусофирем, вале бо тақозои сарнавишт ба кӯйи мусофирӣ афтидан чизи дигар. Ман берун аз манзили падар, дур аз ватани бобоӣ маскан гузидаам ва ноилоҷ шабу рӯз ранҷи ҳиҷрону фироқ мекашам. Ин ранҷ дарди пазмонӣ аст: муштоқӣ ба дидори модар, ки шабу рӯз дар интизори ҷигарбанди худ роҳ мепояд; орзуи дидани ёру дӯсти ҷавонӣ, ки барои ҳамрозу ҳаммаслаки худ суфраи сӯҳбатҳои ширин меорояд; умеди расидан ба табиати биҳиштосо, ки сари ҳар қадам бо чеҳраи ноз истиғно мекунад ва бо роиҳаи дилангези худ фараҳу ҳаловат мебахшад.
          Ба ҳар навъе, ки хоҳам, зиндагӣ мегузарад ва ҳар манзили гузидаам барои ман ватан аст, аммо зодгоҳ талъату накҳати дигар дорад. Намедонам, шояд оҳанрабоест, ки тамоми торҳои мағзу вуҷуди маро ба худ ҷазб кардааст, шояд баҳри беохири рӯҳониест, ки ҳушу ҳавоси маро дар худ фурӯ бурдааст. Ман зуд-зуд ихтиёр аз даст медиҳам ва беихтиёр роҳи зодгоҳ, роҳи деҳаро пеш мегирам ва ба хотири рафъи хумору кадом як ташнагие дар талош меафтам.
          Ин дафъа ҳолам гирифта аст. Ман қадамҳои вазнин дар ҷодаҳои сахти деҳа мебардорам. Ёрои ҳарф задан, ҳатто сар боло кардан надорам. Ҳар қадар ба хонаи падарӣ наздик мешавам, дилам бештар ба ҳавл меояд, нобаҳангом буғзе гулӯямро мегирад, мадори дасту поям мекоҳад. Ба сӯйи арзак – суфачаи сангине, ки болотар аз хонаамон аст, хира мешавам, аммо касеро намебинам. Дигар он пайкари рӯҳбахше, ки ҳамеша маро он ҷо истиқбол мекард, ба назар намерасад. Ҳалқаи дарвозаро боз мекунам, ҳавлии холӣ ва орому сокит қалбамро мефишорад. Беихтиёр садо мебарорам: “Оча!”. Мехостам акси садо шунавам: “Ҷони оча!”. Ҳайҳот, на овозе, на акси садое. Худамро бо бехудӣ аз дар ба дохил мезанам. Дар пойгаҳ ҳамон пӯстаки зерипойӣ, дар фарши хона ҳамон қолии дастбофти равонакӣ, ба рӯйи девор ҳамон сӯзании пурнақшунигори дастдӯз овезон... Ҳама нишона ҳаст, аммо худаш нест. Ӯро дигар намеёбам, ҷояш холист.
         Рагу пайи поҳоям суст шуда, дузону нишаста мондам ва сар дар гиребон фурӯ рафтам. Модарам бо чеҳраи гарм ва бо ҳар ҳолат дар пеши назар ҷилвагар шуд: миёнашро бо рӯмоле баста буд ва як даста ҳезуми хушк ба сар гузошта меомад; дар чуқурчае, ки қолиби танӯр буд, истода, аз гили бо бузмӯй пухташуда танӯр месохт; бо шонаву мокую дастак калобаҳои рангбарангро дар тору пуд кашида гилем мебофт; рухсораш лолагун буду аз танӯри тафсида нонҳои хушбӯйи башир меканд; доиразанон бо мақомҳои дилнишину гуворо суруд мехонд... Дарвоқеъ, ӯ аз ҷумлаи беҳтарин гӯяндагони халқӣ буд ва таронаҳояш равшану возеҳ дар пушти гӯш садо медиҳанд:

Кас кеча бурод сарҳатакаш дуру дароз,
 Ҳар се хуҳарон шинем ба мейҳои дароз.

Ҳар се хуҳарон бозӣ куним меарзад,
 Кокул ба миёни борикам меларзад.

***
 Додарам аз Каттақерғон ханд-хандон омадас,
 Уштуронаш дар қатору саллавайрон омадас.

Уштуронаш дар қатору саллавайрон, додарам,
 Дар даруни ҷераҳош як даста райҳон, додарам.

***
 Эй оча, назан, накеб, ман беморам,
 Ман кабки рамида дар таги деворам...

***
 Бом ба бом ча(р)х мезанам нарвон кати, нарвон кати,
 Аз дари гер* медаром армон кати, армон кати.

***
 Мурдани ман маълуму кай мурданам маълум нест,
 Як кафанро бурдану нобурданам маълум нест.

***
 Дар ғарибӣ нола кардам, ҳеҷ кас ёдам накард,
 Дар қафас ҷон додаму як мард озодам накард.

          Танҳоӣ ҳузновар аст, гӯё бори гароне ба дӯшам гузошта бошанд, бо миёни дуқат ёрои сар бардоштан надорам. Ғарқи андӯҳу ҳоли гирифта ҳис кардам ба рӯйи шонаҳоям дасти мулоиме нишаст ва чакраи оби доғ пушти гарданамро сӯзонд. Сар гардондаму дар канори худ хоҳарҷонам – ягона хоҳарамро, ки нишона аз очаам буд, дидам. Ӯ ба ғуссаи ман шарик шуда оби дида мерехт. Хоҳарамро ба ҷойи модар дарёфта дар канор гирифтам. Пай бурдам, ки ҳар ду ҷон дар як қолабему месазад боз ҳам бо дили гарм ба зиндагӣ умед баст...
          Ҳанӯз пардаи шом наафтида, он рӯз ба пушта, ба сари хоки модарам рафтам. Ӯ дар хонаи охиру абадии худ орому хомӯш мехобид. Қабрашро тавоф кардам, аз сураҳои Калом хондам. Санги мазор аз ҷинси мармар буду мураббаи баланд ва дар рӯяш пас аз дуруд ба Худою исми модар бо ҳуруфи зебои сирилик ин байти Шайх Саъдӣ низ ҳак шуда буд, ки фикр мекунам, беҳтарин ва мӯъҷазтарин байти шеърӣ дар васфи зан-модар аст:

Зани хубу фармонбари порсо,
 Кунад марди дарвешро подшо!


 ______________
 * дар лаҳҷаи зодгоҳи муаллиф овози “ӯ” аксаран ба овози “е” табдил меёбад, тавре ки дар калимаҳои кеча(кӯча), мей(мӯй), қерғон(қӯрғон), ҷера(ҷӯра), гер(гӯр) мушоҳида мешавад.


ЭҶ ВА МАЪНОИ ОН


            Агар мақолаҳои ҷудогонаро ба инобат нагирем, ҷолибтарин китобу рисолаҳое, ки то ба имрӯз дар бораи деҳоти тоҷикнишини кӯҳпояи Нурато, ба хусус, дар робита бо таъриху ҷуғрофиё, фарҳангу ҳунар, расму оин, эҷодиёти шифоҳии халқ, хусусиятҳои забонӣ ва лаҳҷа, касбу кори сокинони деҳаи Эҷ таълиф шудаанд, таҳқиқоти этнографии олимони шарқшинос Билқис Кармишева ва Елена Пешерева, “Таронаҳои Самарқанд” (Баҳром Шермуҳаммедов, Душанбе, 1966), “Тоҷикони Фориш” (Маҳмуд Нурназаров, Гулистон, 2000), “Сарзамине дар доманакӯҳ” (Абдуназари Набӣ, Тошканд, 2010) ва рисолаи чопнашудаи “Тазкира” (Назруллоҳ Расулзода, Тошканд, 2003) ба шумор мераванд. Бо ин ҳама, ҳанӯз ҳам паҳлӯҳои норавшан, масъалаҳои баҳсталаб ва пажӯҳишҳои нотамом дар соҳаҳои гуногун, ба вижа, доир ба пайдоиш ва исми деҳа, лаҳҷа ва вожашиносӣ, шуғлу эҷодиёти аҳли деҳа дар тӯли таърих боқӣ мондаанд.

            Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳоло дар радифи деҳаи Эҷ дар қисми шимолии кӯҳистони Нурато бо тартиб деҳаҳои Соб, Синтаб, Моҷарм, Андагин, Ӯхм, Ҳоят, Асраф ва Порашт низ ҳастанд. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла, бо таваҷҷӯҳ ба ишораҳои кутуби “Тоҷикон” (Бобоҷон Ғафуров), “Фотеҳ” (Эдисон Маршалл), “Дар умқи асрҳо” (Любов Воронкова), “Суғдиён” (Явдат Илёсов) маскуншавии аҳолии қишлоқҳои мазкур дар солҳои бистуми асри чаҳоруми пеш аз милод (муқаддаман аз соли 327 пеш аз милод), аз ҳисоби ҷанговарони парокандашудаи қувваҳои низомии сипаҳсолори суғдӣ Спитаман, ки пас аз шикаст хӯрдан аз лашкари хунхӯри Искандари Мақдунӣ дар ҳаволии Мароқанд ба самти шимол, ҷониби саҳро ақибнишинӣ ва фирор кардаанд, оғоз шудааст. Далели равшани ин ақида, аз як сӯ, олоту абзори қадимӣ ва қалъаҳои бостонии сангиест, ки бо сабки суғдиёна сохта шудаанд ва аз ҷониби дигар, ҳанӯз ҳам дар муҳовара мавҷуд будани садҳо калимаю истилоҳ ва таркибҳои хоси забони суғдист. Чунончи, агар бостоншинос Додо Нозил тарҳи бинои чанд қалъаи қадимаро бо услуби суғдиёна маънидод карда бошад, Назруллоҳ Расулзода бештар аз панҷсад калимаи хоси суғдӣ ва форсии қадимро, ки дар гуфтугӯйи мардуми ин кӯҳпоя ба кор мераванд, таҳлилу баррасӣ кардааст.

            Дар воқеъ, маънии номҳои деҳоти ёдшударо мебояд фақат аз маъхазҳои бостонӣ, ки то ба аҳди давлатдории Суғдиён мерасад, ҷустуҷӯ кард. Масалан, калимаи “синтаб” аз назари Н. Расулзода маънои “кӯли об” (“синт” – ҷойи ҷамъшавии об ва “аб” – об)-ро дорад. Оре, ин вожа аз ду ҷузъ таркиб меёбад: “синт” ва “аб (об)”. Азбаски ҷузъи аввал бо ҳарфи “т” маънӣ надорад, мо шакли қадимии он “синд”-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Нахуст, “синд” исми рӯди бузургест, ки аз кӯҳсори Тибет сарчашма гирифта, пас аз гузаштани роҳи пурпечухами тӯлонӣ оби худро дар наздикии бандари Қарочи ба баҳри Араб мерезад. Дигар, “синд” номи яке аз чаҳор иёлати Покистон аст ва маркази он шаҳри Қарочи мебошад. Ҳамчунин, донишманди маъруфи қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ-қамарӣ (охири асри дувоздаҳ ва ибтидои асри сенздаҳи мелодӣ) Ёқути Ҳамавӣ дар китоби худ “Мӯъҷам-ал-булдон”, ки аз асарҳои боарзиш дар бораи ҷуғрофиё ва таърихи ҷаҳонгардии он замон аст, чунин баён медорад: “Эшон панҷ қавм ҳастанд: кирмон, мукрон, тӯрон, синд ва мултон... Болоомадагии замин дар ҷилави кӯҳ ва ё дара “синд” номида мешавад...” (“Мӯъҷам-ал-булдон” (ба забони арабӣ), ҷ.3, Бейрут, 1990). Бо таваҷҷӯҳ ба ин тафсири донишманд, метавон ба чунин хулоса омад: “қисми болоомадагии замин дар пеши кӯҳ ё дара, ки пури об аст, синдоб (синтоб, синтаб) ном дорад”. Ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки деҳаи Синтаб дар ҳақиқат дорои чунин манзараи табиӣ мебошад. Ҳамчунин, бо истинод ба луғатномаҳо, вожаҳое ба шакли синдҳу (дар забони санскрит), синтхус (дар забони юнонӣ), синтов (дар забони чиноӣ) ба маънии оби бисёр, уқёнус омадаанд. Бояд гуфт, ки тағйирёбии овози “д” ба “т” ба вижа дар гӯйишҳо бисёр мушоҳида шудааст ва аз ин рӯ, “синд”-и аслӣ дар лаҳҷа шакли “синт”-ро гирифтааст.

            Хеле ҷолиб аст, ки мардуми деҳоти кӯҳпоя бо вуҷуди урфу одатҳои ягона, ҳар кадом лаҳҷаи хоси худро доранд ва аз назари тақсимоти авлодӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Сабаби асосии ин фарқ ба асли баромади онҳо, яъне ба замоне бармегардад, ки бошишгоҳҳои худро таъсис додаанд. Тавре ки аз таърих аён аст, Спитаман сипоҳи худро аз тамоми гӯшаю канори давлати Суғд гирд оварда буд ва ҳар даста иборат аз одамони маҳале, рустое ё шаҳре будааст. Вақте ки лашкари бистҳазорнафараи Искандари Мақдунӣ ба панҷ бахш тақсим шуда, дар тамоми сарзамини Суғд мардумро аз дами теғ мегузаронид ва сипоҳи Спитаман низ мағлуб шуда ба парокандагӣ рӯ меовард, ҳар дастаи фирорӣ дар мавзеъҳои мухталиф барои худ паноҳгоҳ меёбад. Аз ҷумла, чанд гурӯҳ аз сипоҳи суғдӣ авлод-авлод дар дараҳои сердору дарахт ва хушбоду ҳавои қисми шимолии риштакӯҳе, ки ба таври амудӣ дар роҳи Мароқанд воқеъ буд, манзил ихтиёр мекунанд. Аз ин ҷост, ки тарзи гуфтугӯ ва лаҳҷаҳои маҳаллии деҳоти номбурдаро дар дигар минтақаҳои тоҷикнишин низ мушоҳида мекунем. Пас, омӯзиши забони гуфтугӯ ва лаҳҷаи ҳар як деҳа бояд ба таври ҷудогона сурат гирад ва ин омӯзиш шарҳу тавзеҳи илмии мутобиқати гӯйишҳо бо забони меъёрро тақозо дорад. Бе шубҳа, оғози ин гуна иқдом бо шарҳи маънии аслии номи деҳаҳо бамавқеъ аст.

            Тавре ки дар боло зикр намудем, муаллифи рисолаи “Тазкира” дар бораи таърих, мавқеи ҷуғрофиёӣ, сарватҳои табиӣ, фарҳангу ҳунар, ёдгориҳо, ҷамоа ва шаҷараҳои авлодӣ ва алалхусус, шарҳу тавзеҳи калима ва истилоҳоти хоси деҳаи Эҷ фикру мулоҳизаҳои худро баён намудааст. Чунончи, дар боби “Рӯйхати каламоти душворфаҳми суғдӣ бо шарҳи баъзе аз номҳои ҷуғрофӣ” омадааст: “Эҷ суғдист ба маънои “кадуи пурасал” ё “кадуи пурзар”. Бо ин ном дар устони Мозандарони Эрон деҳае вуҷуд дорад” (саҳ. 40).

            Ин ҷо ақидаи муаллиф дар бораи  маънии калимаи “эҷ” баҳспазир аст. Аммо, пеш аз он ки ба ин масъала равшанӣ андозем, мо аз пайи маконе шудем, ки ҳамноми Эҷ мебошад ва муаллиф зикр кардааст. Тавре ки ҷустуҷӯҳо нишон доданд, дар ҳақиқат рустои зебоманзаре бо ин исм дар наздикии шаҳри Ромсари устони Мозандарон воқеъ будааст ва маълум шуд, ки он бештар бо обшори худ шӯҳрат дорад. Обшори Эҷ аз об шудани барфҳои доимии кӯҳи Хашмчол сарчашма мегирад ва андак роҳро тай намуда, дар болодасти деҳа аз фарози сангӣ ба рӯйи сангҳои дигар фурӯ мерезад ва баъд ба шакли чандин ришта обшор ба умқи дара сарозер мешавад. Оби зиёд ва фазоҳои ғормонанди зери сангҳои обшор хеле тамошобобанд. Дар ин ҷо деҳаи Эҷ бо чашмаҳои сероб, обу ҳавои чарогоҳӣ, пӯшиши гиёҳии атрогин ва бо қуллаи сафедпӯши Хашмчолу дараи босафои Ишкаварулё худнамоӣ мекунад.

            Ҳамчунин, бо таваҷҷӯҳ ба маълумоти Кумитаи тахассусии номнигорӣ ва яксонсозии номҳои ҷуғрофиёии Эрон дарёфтем, ки боз ду макони дигар дар он кишвари ҳамзабон бо исми “эҷ” ёд мешудаанд. Яке аз онҳо дар устони Симнон, дар бахши марказии шаҳристони Сурха қарор дорад ва фосилааш то маркази вилоят – шаҳри Симнон 52 километр аст. Ин деҳаи Эҷ дар байни доманакӯҳҳо қарор гирифта ҳамагӣ сию ду хонавода дорад. Беҳтарин раҳовард аз ин деҳа себ, зардолу ва гелосҳои хуштамъ мебошад.

            Калонтарин Эҷи кишвари Эрон бошад, дар ҷанубу шарқи устони Форс, дусаду даҳ километр дуртар аз шаҳри Шероз ҷой гирифтаааст. Он на русто, балки як шаҳри қадимиест, ки мардумаш бо ҳамватанони худ, мисли пайраву ёвари паёмбар Салмони Форсӣ ва донишманди қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ (асри 14), ориф ва файласуфи замони худ Азуддудини Эҷӣ ифтихор мекунанд. Дар ин ҷо маҷмӯи Боғи Гулшан, Осиёби Гулшан, чашмаи Бандара, кӯҳистони Пак, масҷиди сангӣ, қалъаи Доруламон, ҳавзҳои об, Тахти Баҳман аз ҷумлаи мавзеъҳои диданӣ ва гардишгарӣ маҳсуб мешаванд. Дар заминҳои он ҳамроҳ бо маҳсулоти гандум, ҷуворимакка, ҷав анвои мухталифи мева низ, мисли анор, анҷир, бодом, тут, ангур, шафтолу, зардолу, тарбуз, толибӣ, бор медиҳанд.

            Ба нақл аз китоби таърихии “Форсномаи Носирӣ”, “... баъд аз истилои давлати ислом бар мамолики аҷам ва мурури дуҳур (замон, асрҳо), мамлакати Форсро чаҳор ҳисса намудаанд. Авввал, Шабонкора гуфтанд ва дарозии он аз ҳаштод фарсахи корвонӣ бигзарад ва паҳнои он наздики чиҳил фарсахи корвонӣ аст ва ... пойтахти Шабонкора шаҳри Эг, ки аъроб (арабҳо) онро “Эҷ” гуфтанд, буд ва баъд аз харобаи он қасабаи Истаҳбонот (ро) дар чаҳор фарсахи миёни мағрибу шимоли он обод сохтаанд...” (Ҳоҷ Мирзо Ҳасан Ҳусайни Фасоӣ, Форсномаи Носирӣ, Теҳрон, “Амири кабир”, 1378 ҳ.ш. (2000), ҷ. 2, саҳ. 34).

            Сиёсатмадор, шоир ва фарҳангшиноси маъруфи охири қарни нуздаҳ ва ибтидои асри бист Алиакбари Деҳхудо низ дар “Луғатнома”-и худ бо истинод ба китоби фавқуззикр овардааст: “Эҷ дар асл “эг” буд ва баъд аз тасарруфи аъроб онро “эҷ” гуфтанд. Дар қадим шаҳре мӯътабар буд ва чандин сол пойтахти мулуки Шабонкора буд... Ҳавое дар камоли эътидол дорад, ки меваҳои гармсере монанди нахлу норанҷ ва сардсере монанди шалил (як навъи шафтолу) ва гелосро ба некӯӣ мепарваронад. Анори Эҷ аз тамоми анорҳои Форс, балки аз анорҳои  мамолики (вилоятҳои) Эрон беҳтар аст. Обаш аз чашма ва қанот (корез) аст... Эҷ ба рӯзгори қадим деҳе буд ва Ҳасвия (Ибни Силк бинни Муҳаммад) онро ба шаҳре кардаст (табдил додааст). Ҳавои он мӯътадил аст, аммо оби ногувор дорад ва мева бисёр бошад, хосса ангур ...”.

            Яке аз устодони таърихнигор ва пажӯҳишгари эронӣ – Доктор Ҷамшеди Садоқаткеш низ ёдовар шудааст: “Курдони Шабонкора бозмондагони Сосониён дар Форс будаанд ва иёлати Шабонкора, шаҳристонҳои имрӯзии Истаҳбон, Найрез, Дороб аз соли 448 ҳ.қ. (1056 милодӣ) ба муддати 308 сол бо 29 подшоҳ салтанат мекунанд ва пойтахти онҳо шаҳри Эг буда ва осори бостонии онҳо чиҳил бирка (ҳавз, обанбори табиӣ) ва масҷиди сангӣ дар кӯҳ мебошад, ки ин биркаҳо аз назари меъморӣ дар ҷаҳон намуна надоранд ва масҷиди сангӣ дар кӯҳ монанди тоқи Бесутун дар андозаи кӯчактар мебошад”.

            Тавре ки мушоҳида мешавад, ҳар як донишманд шакли қадимаи вожаи “эҷ”-ро “эг” гуфтааст (албатта, ин калимаҳо ба форсӣ “иҷ” ва “иг” талаффуз мешаванд) ва дар шарҳи маънии аслии вожаи “эг” ҳама ба як хулоса омадаанд, ки он тавзеҳ дар тафсирномаи “Донишномаи озод” ба ин зайл аст: “Номи ин шаҳр дар асл Эг будааст, ки дар форсии бостон муодили “қалъа” ва “бору” (ҳисор, истеҳком, паноҳгоҳ) мебошад”.

            Дар асл ҳамон шаҳри қадимаи Форс, ки ҳоло бо номи Эҷ ёд мешавад, бар пояи як дижи маҳкам ва душворгузар бино ёфтааст. Бо мурури замон Эҷ номи шаҳрро гирифта, қалъаи қадима бо навсозиҳои яке аз мулуки Шабонкора Низомиддин Ҳасан ба исми “Дижи Доруламон” иваз мешавад. Тайи чандин садаи мавҷудият бисёр ҳодисаҳои таърихӣ бо ишора ба Эҷ ва қалъаи он маънидод шудаанд. Аз ҷумла, дар соли 1260 ба ғосибони муғул таслим шудани  аҳли қалъа аз саҳифаҳои хунин ва нангин ба шумор меравад.

            Агар муқоиса кунем, деҳаи Эҷи кӯҳпояи Нурато низ айнан ҳамон сарнавишти Эҷи устони Форсро дорад. Фақат, дар ин ҷо як идда ҷанговарони Спитаман, ки дар асл аз як авлод (тоифа) будаанд, маскан гирифта, барои худ паноҳгоҳ дуруст кардаанд. Барои ифодаи ин гуна паноҳгоҳҳо, ки бо девор иҳота мешуданд, он замон вожаи фаъоли суғдӣ “эг” ба кор мерафт. Сокинони муқимшуда дар оғоз ватани нави худро “Када-эг” номиданд ва бо мурури замон ин исми мураккаб ба шакли  “ката-эг” (тавре ки “синд-об” ба “синт-об” ва “синт-аб” табдил ёфтааст) ва тахфиф ёфта ба сурати “эг” бештар шинохта шуд. Азбаски нуфузи забони арабӣ аз тариқи Бухорою Самарқанд ва Карманаю Нурато то ба манзилҳои кӯҳистонӣ ҳам расида буд ва он забон овозу ҳарфи “г”-ро надошт, талаффузи калимаи фавқ ба шакли “катаэҷ” ва “эҷ” сурат гирифт. Чунин ҳолат, ки аз таъсири мутақобилаи забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ ва лоилоҷ тағйир хӯрдан ё ҳазф шудани овозу ҳарфҳо гувоҳӣ медиҳад, дар забон бисёр рух додааст, чунончи: ҷавҳар (гавҳар), Ҷурҷон (Гургон), Андиҷон (Андигон), ханҷар (хунгар), меҳрҷон (меҳргон), саҷил (баргирифта аз “сангу гил”), ҷарм (гарм), нарҷис (наргис), ҷазоф (газоф), лаҷом (лагом), Озарбойҷон (Озарбодгон)...

            Бояд гуфт, ки пас аз гузашти асрҳо бино бар таъсири мардуми туркзабони атроф исми деҳаи Эҷро бо таҳриф ба шакли “Каттаэҷ” ном мебаранд ва маънии онро “эҷи калон” талқин мекунанд. Дар сурате, ки “ката” (бо як ҳарфи “т” ва зада дар охир!) шакли тағйирхӯрдаи “када” аст ва он дар забони суғдию форсии бостон ба маънии хона, ҷой, бошишгоҳ будааст. Аз ин рӯ, номи қадимаи деҳа – Када-эг маънии “қалъа-хона”, яъне “манзил (бошишгоҳ)-и ман қалъа аст”-ро дорад. Пас, агар исми ихтисоршудаи деҳа Эҷ бошад, исми пурраи он бояд ба шакли Катаэҷ навишта шавад.

           Ҷойи зикр аст, ки дар бағали чапи деҳаи Эҷ қасабаи хурдтаре бо номи Сойхурд ҳам ҳаст ва ба сабаби ин ки сокинони он аслан аз аҳли Эҷ мебошанд, номи деҳаи худро бо муқоиса ба сойи калони Эҷ гузоштаанд. Дар натиҷа, ҳамроҳ бо Сойхурд номи нави Эҷ ба шакли “Сойкалон” падид омадааст. Ин назокате дар номбарӣ мебошад, ки фақат махсуси халқи маҳаллист ва Сойкалону Сойхурд дар маҷмӯъ ҳамон як Эҷ мебошанд. Шояд ин бузургию кӯчакӣ сабаб шуда бошад, ки иштибоҳан таркибҳои “эҷи калон” (ё “каттаэж”)ва “эҷи хурд” (ё “кичикэж”) низ зуҳур кардаанд.

            Дар фарҳанги забони тоҷикӣ калимае ҳаст ба шакли “эч” ва он кӯтоҳшуда аз вожаи “ҳеҷ” мебошад. Мутаассифона, хеле касон ва ҳатто аҳли зиё ва забоншинос ба ин намои сода фирефта шуда, маънии калимаи “эҷ”-ро (бо таваҷҷӯҳ ба шакли “эч”) “ҳеҷ”, яъне ҳеҷ чиз ё ҳеҷ кас талқин кардаанд. Ҳатто дар китоби мӯътабари “Таронаҳои Самарқанд”, ки дурдонае дар ганҷинаи адабиёти шифоҳии мост, исми деҳа “Ҳеҷ” зикр ёфтааст. Ин иштибоҳи маҳз ва хунукназарии ошкоро дар ростои майлу хоҳиш ва иродаи сокинони деҳа аст. Миллати тоҷик аз зумраи халқҳоест, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъи табиию ҷуғрофиёӣ ва падидаҳои равшану бесобиқа ба манзилу макони ихтиёркарда ва зодгоҳаш ном мегузорад, на бар пояи ҳеҷ!

            Аз сӯйи дигар, пажӯҳиши Назруллоҳ Расулзода, ки зодаи деҳаи Эҷ мебошад ва дар соҳаи забоншиносӣ, ба хусус, дар таҳлилу баррасии вожаҳои суғдӣ ва форсии қадиму миёна муҳаққиқи вориде буд, дар мавриди калимаи “эҷ” баҳсталаб аст. Чаро муаллиф маънии ин вожаро дар рисолаи “Тазкира”-и худ “кадуи пурзар” ё “кадуи пурасал” гуфтааст? Бар асоси кадом манбаъ? Вақте ки феҳристи адабиёти истифодабурдаи ӯро варақ задем, натавонистем пайдо кунем, ки дар ҷое “эҷ” ба ин маънӣ омада бошад. Албатта, набояд нодида гирифт, ки дар кӯҳпояи Нурато маскане, ки бештар аз деҳаҳои дигар дар зери замини худ зар – тилло дорад, деҳаи Эҷ аст. Шояд ин қазия боис гардида ва эҳтимолан, маъхазе ҳам дар даст дошта, ки муаллифи “Тазкира” ба ин хулоса омадааст.

           Дар ҳар сурат, мо саъй кардем ба ин мавзӯъ каме равшанӣ андозем ва хостори он ҳастем, ки ҳар як забоншинос ё пажӯҳишгар фикру андешаҳои худро бояд бар асоси бурҳону далелҳои боътимод баён кунад.



 

Сӯгвориҳои шогирд

ЧАРО УМРИ ИНСОН КӮТОҲ АСТ?


            Он рӯз меғи ғафсе деҳаи Эҷро фаро гирифта буд. Дар лаби ҷӯйбору андаруни марғзор баргу шохаҳои нам сари худро поин афканда, як-як чун шаддаи марҷон ашк мерехтанд. Аҳёнан овози шилдирроси об низ бо мароми ҳузнангез баланд мешуд ва гӯё бо оромию сукунати ваҳмноки деҳа ҳамхонӣ дошт. Мардуми деҳа ин гуна вазъи ғайриоддиро дер боз ҳис накарда буданд, солмандони рӯзгордида бо умед дасти дуо бардошта, аз Худо мадад меҷустанд: илоҳо, хубӣ бошад, хабари хуш расад...

            Аммо, Офаридгор ҳукми хешро пештар бароварда ва дар чеҳраи табиату табъи хираи  деҳотиён намоён карда буд. Ҳанӯз нисфи рӯз нагузашта, дар гузарҳои деҳа садои хастаомез баланд шуд: Йӯлдоши до-Самад аз дунё гузаштаанд, Йӯлдоши муаллим қазо кардаанд... Он замон яке аз нахустин рӯзҳои моҳи январ буд ва хонаи устоди марҳум пур аз пиру ҷавони андӯҳгину гирён, пур аз занону духтарони баламгӯю синабирён. Нолаву афғони фарзандони устод ба фалак печида дили ҷамъшудагонро об мекард, торҳои тараҳҳуму ҳамдардиро ба таҳрик меовард.

             Марги ногаҳонии Йӯлдоши муаллим, ки бештар аз чиҳил соли умри худро ба тарбият ва илмомӯзии шогирдонаш бахшида буд, дили ҳамаро озурдаву ғамгин сохт. Ӯро хурду калон “муаллими русӣ” мехонданд ва чун устоди тадбирҷӯ ва кӯмакрасони ҳама эътироф мекарданд. Ӯ бо доштани ҷаҳонбинии васеъ ва забондонию ҳуҷҷатшиносӣ пайваста дар ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои деҳа саҳм мегузошт. Мегӯянд, маъданшиносони харобкори замони шӯравӣ, ки гирду атрофи деҳаро ба хотири гирифтану кашондани тилло харобу валангор сохта буданд, маҳз бо нависонависи пайиҳам ва давутози муттасили устод аз деҳа бадар рафтаанд. Дар касби муаллимӣ бошад, хеле сахтгиру серталаб буд ва аз ӯ гирифтани баҳои аъло амри муҳол.

             Дар воқеъ, фавтидани Йӯлдоши муаллим ғайриоддӣ сурат гирифта буд. Мегӯянд, аз пайи бузғолае давида ногоҳ афтида мондааст, дар гузари Кӯҳи Сафед. Ӯро духтари Тинглашакаи муаллим дида, ба падараш хабар мерасонад. Тинглашака бо ҳарос давида мебарояд ва устоди якпаҳлӯ афтидаро дар бағал мегирад. Аммо, дер шуда буд, устод як қулт об нанӯшида дар сари зонуи Тинглашака ҷон медиҳад... Эҳ, Худоҷон, ана ҷон додани осон!

***

             Расо пас аз ду моҳ ҳамон чодари ғамангези табиат дубора деҳаи Эҷро печонда гирифт. Ин бор фалак ашк мерехт, ашки ғам, ашки ғуссаву алам. Беист борон меборид, бороне бо мароми якнавохти дилгир. Агарчи рӯз буд, деҳа ба назар торику олуда метофт ва яқинан аз дилҳои беҳолу озурда ва аз тану ҷонҳои хаста дарак медод. Боз ҳамон ҷарчии ошно бо овози ҳазин аз гузарҳо гузашта ғамолуд хабари наҳсро мерасонд: до-Тинглаш аз олам гузаштаанд, Тинглаши муаллим фавтидаанд...

             Во аҷаб?! Ҳамон Тинглаши муаллим, ҳамон марди тануманде, ки чанде пеш дар бағалаш устод Йӯлдош ҷон дода буд. Во аҷаб?! Бори дигар Парвардигор амонати худро аз омӯзгоре пас гирифт. Боз ҳам устоде, як нафар роздону ҳолгӯйи мардум зиндагиро падруд гуфт, ба манзили дур, ба олами номакшуф реҳлат кард. Он рӯз ҳам дар қатори фарзандони устод ва пиру ҷавони деҳа табиату осмон гиря доштанд. Мегӯянд, борони зиёд пас аз марг нишонаи хубию фараҳдории инсони фавтида аст. Бо ин ҳол, он рӯз дили аҳли деҳа аз даргузашти ногаҳонии омӯзгори дӯстдоштаи худ ба ҳавлу ба дард омада буд...

             Тинглаш Қӯрғонов устоде буд, ҳушёру зирак, оқилу дурандеш. Бо шогирдони худ доимо ифтихор мекард ва ҳар ҷо як нафар шогирди бузургшудаашро медид, ӯро мисли фарзанд, чун дӯсту ҳамдами худ ба оғӯш мегирифт, аз шодӣ ашк мерехт. Ӯ дар тӯли чиҳил соли омӯзгорӣ садҳо дасти навомӯзонро рост карда, алифбо ва нахустин алфози мураттабро ёд дода буд ва нахустин бор ба писарону духтаракони бозингару беғаму бепарво одоби сухангӯйӣ, муошират ва ахлоқи ҳамидаро меомӯзонд. Азбаски бисёр шогирдон ба ӯ чун ба “нахустин муаллим” эҳтиром мегузоштанд, дар худ меболид, бо касби хеш фахр мекард.

              Вале, аҷал ин устодро низ ногаҳон ба комаш кашид. Тинглашака дар маркази ноҳия ҳуҷҷатҳои нафақаи худро дуруст карда, бо хушҳолӣ савори автобус ба деҳа бармегардад. Дар гузари Тепилелок пиёда шуда, бо мақсади дидорбинии Рӯзигулапаи бемор ба сӯйи хонаашон сарнишеб мешавад. Вале то хонаи Рӯзигулапа нарасида, дар миёнҷойи нишебӣ нишаста мемонад...

               Чанд гоҳе баъд хабар меёбанд, ки устод Тинглаш дар ҳамон ҷойи нишастааш ҷон ба Ҷаббор таслим намудааст. Эй вой, чи даргузашти осон ва дилгазоне!

***

                Ҳанӯз рӯмолу ҷомаҳои сиёҳ аз тани сокинони Эҷ бадар нашуда буд. Дили бирёншудаи фарзандони ду муаллим ҳанӯз моломоли хуноб буду шогирдон оби дида мерехтанд. Ин ҳама дарду афғонро Худованд кам дид магар, боз ғаму тазйиқи навро ба бор овард. Вақти ончунон нагузашта, дафъаи сеюм деҳа ба мотамсаро табдил ёфт. Боз як омӯзгор, устоде бузургтар ба коми аҷал рафт.

               Он рӯз доду фарёди пайвандони дилреши устоди мӯътабар Ӯзбекбойи Рӯзӣ ҷигарҳоро об мекард. Як сӯ духтарони ба алам омада мӯканону рӯканон нола меафканданд ва дар як гӯшаи хона ҳамсари безабони устод беовоз ашк мерехт. Дар ин миён аз байтҳои сӯгвории писари хурдии устод – Элмурод, ки касби падарро соҳиб шудааст, дилҳо таҳ мекашид:


Маро беболу пар кардӣ, падарҷон,

Маро хунинҷигар кардӣ, падарҷон!


             Вақте ки устодро ба пушта мебурданд, аҳли деҳа наметавонистанд худро ба даст гиранд, ҳар кӣ дар дарун бесадо гиря мекарду ғам мехӯрд. Эҳсос мешуд, ки касе намехоҳад бо ин хостаи нави Худованд муросо кунад, вале бо оҷизӣ дубора як нафар омӯзгорро, ки устоди устодон буд, ба олами охират гусел карданд. Ӯзбекбойи Рӯзӣ бар замми тарбияту омӯзиш додан, чандин сол раҳбари мактаби ягонаи деҳа буд. Ӯ устоди забону адабиёти пурмӯҳтавои тоҷикӣ-форсӣ буд ва пайваста бо салосат сухан мегуфт, паҳлӯҳои пурасрори забони модариро меомӯзонд, аз ҳикоёту достонҳои рангину дилангез нақл мекард. Вале, дигар наметавонад аз ин зиндагии зебо баҳра барад, ба шогирдони худ дарс диҳад, мардумро ба қуллаҳои одобу меҳру муҳаббат раҳнамун созад. Ӯ ҳамаро носеру маҳрум аз хайру мурувват ва заковати худ гузошту ба дунёи охират реҳлат намуд...

              Мегӯянд, фавтидани Ӯзбекбойи устод низ хеле ногаҳонӣ ва ғайри чашмдошт будааст. Ӯ рӯзи истироҳат барои ҳезум ба кӯҳ меравад. Вақте ки ҳезумаш омода мешавад, онҳоро линга мебандад ва қабл аз он ки лингаҳояшро ба хар бор кунад, ба рӯйи санги паҳне дароз мекашад. Чӣ гӯям, касе намедонист, ки ин як дам дароз кашида истироҳат кардани ӯ дами вопасин будааст... Эҳ Худоҷон, чаро бандаҳои худро ин қадар азият медиҳӣ!

              Пайи ҳам, дар давоми се моҳ аз олам даргузаштани се устоди бузургвор қалбҳоро ҳазину дидаҳоро пуроб сохт. Ҳикмати ин даргузаштҳо мастуру номафҳум аст. Ҳар кӣ барои худ савол медиҳад: чаро маҳз се омӯзгор, чаро аҳли ҳушманду ҳикматгузин? Ё шояд дарсе барои зиндаҳост, ки ба ҳушёр будан, ба қадри ҳам расидан даъват мекунад:


То зиндаем лутфи худ аз мо макун дареғ,

Пас аз вафот кас ба кас эҳсон намекунад...  

           


ЛАҲҶАИ ЭҶ

              Лаҳҷашиносии тоҷикӣ асосан тавассути пажӯҳишҳои шарқшиносони рус, аз қабили А. Семенов, П. Кузнетсов, И. Зарубин, М. Андреев, Н. Кисляков, А. Розенфелд, Р. Неменова, Л. Успенская, А. Хромов ва ба хусус, бо асарҳои эроншиноси маъруф Вера Расторгуева ҳамчун соҳаи махсуси илми забоншиносӣ ба шакл даромадааст. Дар идома, пажӯҳишгарони тоҷик низ, мисли Л. Бузургзода, Б.Ниёзмуҳаммадов, О. Ҷалолов ба ин соҳа пайвастаанд. Ҳарчанд то солҳои ҳаштодуми асри гузашта ин соҳаи илми забоншиносӣ то ҷое пешрафт дошт, ахиран он ба суқут рӯ ба рӯ шуд. Дигар саъю талоши ончунонӣ дар омӯзиши лаҳҷаҳо, ки ҳанӯз ҳам дар ташаккули забони меъёр нақши муҳим доранд ва хазинаи арзандаи маънавӣ ба шумор мераванд, мушоҳида намешавад. Таҳқиқу омӯзиш як сӯ, ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки дар натиҷаи кӯчокӯчиҳои беназм дар бисёр деҳаҳо миқдори бошандагон торафт кам мешавад, махлут шудани гӯйиши маҳалҳо бо унсурҳои бегонаи забонӣ сурат  мегирад, одамони рустоҳо вожаҳои асили лаҳҷаи худро, ки сина ба сина аз даврони мозӣ омада расидаанд, фаромӯш мекунанд ва яке аз муҳимтарин василаи побарҷойии лаҳҷа – суруду таронаҳои мардумӣ аз байн меравад. Аз ин хотир, мо – соҳибони забон бояд бе дудилагӣ барои нигаҳдорӣ ва омӯзиши лаҳҷаҳои худ эҳтимом варзем. Агар ин иқдомро намояндагони ҳар як маҳал анҷом диҳанд, лаҳҷашиносии тоҷикӣ дубора ҷон хоҳад гирифт ва маводи судбахш барои рисолаю китобҳои оянда гирд хоҳад омад.

               Деҳаи Эҷ яке аз рустоҳои кӯҳистони Нурато аст, ки лаҳҷаи он ҷузви шеваи шимолии забони тоҷикӣ мебошад. Дар самти рост, болотар аз шоҳроҳи Нурато-Фориш, дар байни дараю кӯҳҳои начандон баланд ба фосилаи аз се то панҷ километр деҳаҳои Сойхурд, Эҷ, Симбулоқ, Соб, Синтаб, Моҷарм, Андагин, Ҳоят, Ӯхм, Асраф ва Порашт ҷойгир шудаанд, ки аҳолии онҳо сад дарсад тоҷикон мебошанд. Агар аз миллатҳои дигар (ӯзбек, рус, қазоқ ва ғ.) ҳам омада бошанд (бештар духтаронро арӯс кардаанд), бо мурури замон онҳо тоҷик шудаанд, яъне куллан ба тоҷикӣ ҳарф мезананд. Хеле ҷолиб аст, ки бо вуҷуди дар як кӯҳпоя воқеъ будани деҳоти ёдшуда, ҳар як манзил дорои гӯйиши хоси худ аст. Дар гуфтори одамон, оҳанги баёни фикр, корбурди калимаҳо, нидоҳои тақлидӣ-овозӣ ва ҳатто, хӯю хислат ва бархӯрд бо дигарон фарқу муғойират мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, омӯхтани лаҳҷаи ҳар як деҳа ба таври ҷудогона ба мақсад мувофиқ аст.

        Бояд гуфт, ки деҳаҳои Эҷ, Сойхурд ва Симбулоқ лаҳҷаи ягона доранд, зеро сокинонашон дар асл аз як деҳаи Эҷ паҳн шудаанд. Мардуми маҳаллӣ Эҷро Сойкалон низ мегӯянд. Вақте ки “Эҷ” гуфта мешавад, манзур ҳар се деҳа – Сойкалон, Сойхурд ва Симбулоқ аст.

         Бошандагони деҳаи Эҷ комилан босаводанд. Дар мактабҳои он забони адабии тоҷик аз сӯйи омӯзгорони таҳсилкарда ва таҷрибадор омӯзонда мешавад. Ҳар як сокини деҳа ҳангоми мулоқот бо меҳмонон ё бо ҳар тоҷике, ки аз ҷойи дигар омадааст, озодона ба забони адабӣ гап мезанад ва метавонад фикри худро бе мушкилӣ бо хатти сирилики тоҷикӣ ва бо риояи қоидаҳои забони меъёр баён кунад. Бо вуҷуди ин, аҳли деҳа дар байни якдигар, ҳангоми мулоқот бо пиру ҷавони зодгоҳи худ танҳо бо лаҳҷаи эҷӣ муколама ва гуфтугӯ мекунанд. Ин одати расмшудаест, ки дар тӯли қарнҳои мутамодӣ аз насл ба насл мегузарад ва ба хуну ҷон даромадааст.

         Ба таври куллӣ, лаҳҷаи Эҷ ба забони адабии тоҷик шабоҳати комил дорад ва агар намояндагони лаҳҷаю шеваҳои дигар каме бодиққат ба гуфтугӯйи эҷиён гӯш диҳанд, ба осонӣ маънию мӯҳтавои сӯҳбатро дарк мекунанд. Бо ин ҳол, дар байни лаҳҷаи Эҷ ва забони меъёр низ фарқият ва муғойиратҳои овозӣ, вожагонӣ, маъноӣ, услубӣ вуҷуд дорад. Ҷолиб ин аст, ки эҷиён ҳам мисли соҳибони лаҳҷаҳои дигар луғатҳои маҳаллӣ доранд ва барои ифода кардани як идда маънию мафҳумҳо аз калимаҳое истифода мекунанд, ки дар забони адабӣ корбурд надоранд.

1. Овозҳои ева  у дар ҷойи овози садоноки  ӯ

         Дар алифбои классикии тоҷикӣ (ҳамчунин форсии миёна) илова бар садоноки  у, ки бо ҳарфи вов (و) навишта мешуд, овози садоноки  ӯ низ вуҷуд дошт ва онро низ ба хотири кашида талаффуз шудан бо ҳарфи вов менавиштанд. Дар забоншиносӣ ба вови аввал “маъруф” ва ба вови дувум “маҷҳул” мегӯянд. Дар форсии Эрон тафовути овозии ин ду “вов” таҳти таъсири хатту улуми арабӣ аз байн рафтааст ва маҷҳулҳо ба монанди маъруфҳо талаффуз мешаванд. Аммо он ихтилоф дар забонҳои дарии Афғонистон ва тоҷикӣ ҳифз шудааст. Дар хатти сирилики тоҷикӣ вови маъруфро бо ҳарфи у (бозу, бону, дору, дур, нур, усто...) ва вови маҷҳулро бо ҳарфи ӯ (гӯш, зӯр, рӯз, пӯшок, хӯрдан...)  ифода мекунанд.

         Ҳамин вови маҷҳул, яъне овози  ӯ дар лаҳҷаи эҷиён вуҷуд надорад ва ба ҷойи он, пеш аз ҳама, овози садоноки е фаъол мебошад. Барои мисол: арӯс – арес, бӯй – бей, гӯгирд – гегирд, гӯр – гер, гӯсола – гесола, гӯш –геш, ғӯза – ғеза, ғӯлинг – ғелинг, дӯзанда – дезанда, дӯст – дест, зангӯла – зангела, зӯр – зер, калӯш – калеш, кулӯх – кулех, кӯза – кеза, кӯл – кел, кӯса – кеса, кӯчидан – кечидан, қӯра – қера, қӯрғон – қерғон, лӯбиё – лебиё, лӯлӣ – лелӣ, мӯза – меза, мӯй – мей, нахӯд – нахед, нӯг – нег, нӯл – нел, пӯст – пест, пӯшок – пешок, рӯбоҳ –ребаҳ, рӯз – рез, тӯй – тей, тӯр – тер, фурӯхтан – фурехтан, фӯта – фета, хӯрдан – хердан, хӯша – хеша, чӯб – чеб, чӯян – чеян, шӯй – шей, шӯр – шер, шӯх – шех ...

         Бояд гуфт, ки дар ҳар гуна калимаи сохта ё мураккаби сохташуда аз ин гуна вожаҳо низ ба ҷойи ӯ овози е талаффуз мешавад, чунончи, аз замони ҳозираи пӯш: пеш, пешок, пешидан, бепешок;  аз калимаи чӯб: чеб, чебин, чебкорӣ, чебтарош, хорчеб... дармеояд. Бо вуҷуди ин, мисли бисёр қоидаҳои дигар чуин ҷойгузинии ҳарфҳо низ ҳолатҳои истисноӣ дорад. Масалан, агар хӯрдан дар лаҳҷаи эҷиён хердан гуфта шавад, калимаҳои бо он ҳамреша бо овози у меоянд: хӯр – хур, хӯрок – хурок, хӯрондан – хурондан. Ё калимаҳое мисли кабӯтар (кабутар), мӯнис (мунис), нӯшбод (нушбод), омӯз (омуз), омӯзгор (омузгор),пӯсидан (пусидан), сӯм (сум, воҳиди пул),сӯрох (сурох) низ аз қоидаи боло мустасноанд.

         Пас, дар лаҳҷаи Эҷ ба ғайр аз овози е садоноки  у низ ҷойгузини вови маҷҳул аст. Ба ғайр аз ҳолати зикршуда, овози ӯ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ ҳам ба у иваз мешавад: анбӯҳ – анбуҳ, андӯҳ – андуҳ, зӯҳд – зуҳд, зӯҳра – зуҳра, лӯъбат – луъбат, мамнӯъ – мамнуъ, мӯҳр – муҳр, мӯҳташам – муҳташам, мӯътабар – муътабар, мӯъҷиза – муъҷиза, рӯҳ – руҳ, рӯъё – руъё, сӯҳбат – суҳбат, тулӯъ – тулуъ, тӯҳмат – туҳмат, тӯҳфа – туҳфа, ӯҳда – уҳда, шӯҳрат – шуҳрат, шӯъба – шуъба, шӯъла – шуъла... Ҷойи зикр аст, ки мутобиқи қоидаи имлои кунунии тоҷикӣ овози ӯ бо ҳарфҳои ҳ ва ъ дар як ҳиҷо меояд, вале он дар хатти форсии тоҷикӣ гоҳе бо ҳарфи вов (و )  навишта ва гоҳе навишта намешавад: андӯҳ – اندوه, анбӯҳ – انبوه, мӯҳлат – مهلت, шӯҳрат – شهرت, шурӯъ – شروع, тулӯъ – طلوع, мӯътабар – معتبر, шӯъба – شعبه ... 

         Аҳёнан сокинони деҳаи Эҷ ва ҳатто, омӯзгорону равшанфикрони деҳа баъзе калимаҳои худиро, ки дар таркиби худ овози е доранд, адабӣ талаффуз карданӣ шуда, иштибоҳан бо ӯ баён мекунанд. Ин гуна ҳолат бештар дар мавриди вожаҳои таърихии марбут ба деҳа ба назар мерасад. Чунончи, калимаҳои нарғеч, дағеч, Феҷакро ба тарзи нарғӯч, дағӯч, Фӯҷак мегӯянд, ки ин хатои маҳз аст. Тавре ки дар боло қайд гардид, овози е дар лаҳҷаи эҷиён ба ҷойи ҳамон овози ӯ, ки дар хатти форсӣ бо вов (-и маҷҳул) навишта мешавад, меояд. Агар овози е дар асл, дар хатти форсӣ бо ҳарфи “йо” (ی) омада бошад, мисли дигар калимаҳои маъмулӣ (дер, шер, сапед, бедор...), е талаффуз мешавад, пас, نرغیچ – нарғеч, دغیچ – дағеч, فیجک – Феҷак шакли дурусти калимаҳои фавқуззикр аст.

2. Пасванди дар нақши ҳиссачаи саволӣ


         Ҳиссачаҳои саволӣ, маъмулан, на ба аъзои алоҳида, балки ба тамоми ҷумла алоқаманд мебошанд. Ҳиссачаи саволии оё ва ҳиссачаи пасояндаи -мӣ (ин ҳиссача бештар дар гӯйишҳо ба кор меравад) баробари ифодаи савол, ки аз вазифаи асосии онҳост, гоҳе тобишҳои гуногуни модалӣ ва эҳсосӣ (ҳайрат, тааҷҷуб, норозигӣ ва ғайра)-ро низ ифода менамоянд. Дар лаҳҷаи Эҷ бори ин ҳиссачаҳоро асосан ҳиссачаи ба наҳви пасванд омадаи мекашад, ҳарчанд дар вақтҳои охир бо таъсири забони адабӣ доираи корбурди он торафт танг мешавад. Таваҷҷӯҳ кунед:

         Оё шумо усто ҳастед? – Усто шумоедо?

         Хоҳарҷон, ба мактаб меравӣ? – Ба мактаб меравиё, хуҳарҷон?

         Оё ҳамин ҳам кор аст? – Ҳами ҳам коро?

         Ту ҳам ба мардикорӣ омадӣ-мӣ, нодон? – Ту ҳам ба мардикорӣ омадиё, нодон?

         Бино ба маълумоти дастрасшуда, дар баъзе деҳаҳои ноҳияи Ашт низ оҳанги саволии ҷумла ва ҳиссачаи саволии оё бо ҳиссачаи гӯйишии ифода меёфтааст.


3. Кӯтоҳ ва тавъам шудани феълҳои таркибӣ:


        - бо ҷузъи ёридиҳандаи “истодан”;

        Яке аз хусусиятҳои назарраси гӯйишҳо дар он аст, ки мардум барои ҳар чи зудтар гуфтани фикру мақсади худ калимаҳоро мӯъҷазу кӯтоҳтар, баъзе овозҳоро нодида гирифта талаффуз мекунанд ва бо гуфтугӯйи лаҳҷавии худ забони равону осонтар доранд. Чунончи, олими забоншинос Баҳриддин Камолиддинов дар китоби “Забони тоҷикӣ” (Душанбе, “Собириён”, 2007, саҳ. 164) овардааст: “Ба шакли кўтоҳ талаффуз шудани феълҳои таркибӣ низ хусусияти лаҳҷаҳои забони тоҷикист: рафта истодаамрафсодиям(Хуҷанд, Конибодом, Сўх, Риштон), рафсосиям(Исфара), рафтесам(Балуч), рафсиям(Шурмашк, Пасруд, Пинён),  рафсем // рафсодем(Бухоро, Самарқанд),  рафсем // рафсогам(Панҷакент, Зебон), рафсокам (Понғоз, Шайдон, Ашт), рафсекам(Чуст, Варзик, Косон), рафтистам (Кўлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон)...”

         Феъли таркибии “рафта истодаам” дар лаҳҷаи Эҷ ба шакли тавъамшудаи рафсодиям гуфта мешавад, ки ин шакл дар забони гуфтугӯйии Хуҷанд, Конибодом, Сӯх ва Риштон  ҳам будааст. Дар забони меъёр он феъли замони ҳозираи давомдор буда, аз шакли феъли ҳоли (ё сифати феълии) феъли асосӣ ва шакли гузаштаи нақлии феъли ёридиҳандаи “истодан” таркиб меёбад. Тасрифи он дар муқоиса бо лаҳҷаи эҷиён чунин аст:

         рафта истодаам – рафсодиям

         рафта истодаӣ – рафсодаӣ

         рафта истодааст – рафсодас

         рафта истодаем – рафсодаем

         рафта истодаед – рафсодаед

         рафта истодаанд  – рафсодиян

          Аз ин тарзи баён маълум мешавад, ки аз ҷузъи феъли асосӣ ҳамеша овозҳои дт) ва а,аз ҷузъи ёридиҳанда овозҳои и ва т меафтанд, чунончи: омада истодаам – омасодиям, гуфта истодааст – гуфсодас, давида истодаем – дависодаем, гирифта истодаанд – гирифсодиян, хӯрда истодаӣ – херсодаӣ, навишта истодаӣ – нависодаӣ...

           - бо ҷузъи ёридиҳандаи “кардан”;

           Феъли таркибии “нигоҳ кардан” хоҳ дар шакли масдарӣ, хоҳ дар шаклҳои тасрифии худ аз рӯйи шахсу шумора дар лаҳҷаи эҷиён намои дигар мегирад. Ҷолиб ин аст, ки аз ҷузъи “нигоҳ” танҳо ҳиссаи ни- ва бо илова шудани овози р аз ҷузъи ёридиҳанда танҳо бандакҷонишин боқӣ мемонад. Чунончи, нигоҳ кардан ниридан (баъзаннияштан) мешавад ва тасрифи он ба шарҳи зер аст:

          нигоҳ кунам – нирам;

          нигоҳ кунӣ – нирӣ;

          нигоҳ кунад – нирад;

           нигоҳ кунем – нирем;

           нигоҳ кунед – ниред;

            нигоҳ кунанд – ниранд

            Агар феъли мазкур дар шахси дуюми танҳо ба маънии амру дархост ё хоҳиш ояд, хеле мӯъҷаз баён мегардад: нигоҳ кун – ния.Вақте ки мегӯянд,“ҳе, ба ман ния!” муроҷиати амромез ба духтарест, ки дар забони адабӣ чунин бошад: “Ҳой, ба ман нигоҳ кун!”.


4. Ба ҷойи пайвандаки “агар” омадани овози е


         Ҳарчанд пайвандаки шартии агар дар забони меъёр фаъол аст, он дар лаҳҷаи эҷиён ба нудрат корбаст дорад. Вазифаи он аксаран бо оҳанги гуфтор адо мешавад, чунончи:

         Агар ошам пазад, туро садо мезанам – Ошам пазад, тура ҷеғ мезанам (табуш мекунам);

         Бо ин ҳол, агар пайвандаки агар дар ҷумлаҳое ояд, ки асоси феълии он бо пешванди  ме- омада, давомнокии иҷрои амалро ифода кунад, ҷойгузини он дар лаҳҷаи Эҷ овози е аст. Барои мисол:

          Агар ошам мепухт, туро садо мезадам – Ошам пухте, тура ҷеғ мезадам (табуш мекардам).

          Агар вайро ҳар кас медид, мешинохт – Вая ҳар кас диде, мешинохт.

           Агар кори нағз мебуд, хабар мекарданд – Кори нағз буде, хабар мекардан.


5. Афтидан, иваз шудан ва талаффузи ғайриадабии калима


        Яке аз муғойиратҳои асосии овоӣ, ки дар байни забони меъёр ва лаҳҷаҳо дида мешавад, аз калимаҳо ҳазф шудан ё ба овози дигар табдил ёфтани баъзе фонемаҳои мавҷуд мебошад. Тамоми гӯйишҳои тоҷикӣ ба ин ҳолат дучор шудаанд, ки дар натиҷа   талаффузи ғайриадабии вожаҳо ба бор омадааст. Лаҳҷаи деҳаи Эҷ низ аз ин ҳодисаи забонӣ мустасно нест. Ин гуна ҳолатро дар мавридҳои зерин метавон мушоҳида кард:

        1)афтидани овозҳо (аз қабили а, б, д, з, н, о, р, т, ҳ, я): модарарӯс – модарес (яъне, “а” ва “р”-и арӯс дар чунин калимаҳои мураккаб ҳазф мешавад:падарес, додарес, хуҳарес...),ҷунбидан – ҷумидан(дар ин ҷо табдили “н” ба “м” ва афтидани “б” мушоҳида мешавад), рафтанд – рафтан (афтидани “д” аз охири феъли шахси сеюми ҷамъ),аз – а (аз хона – а хона...), ин – и (ин кор – и кор...), барои – бари, дар – да (дар хона – да хона...), аст – ас (дароз аст – дарозас, карда аст – кардас...), -ҳо – о (пас аз ҳамсадоҳо: китобҳо – китобо, калӯшҳо - калешо...), ояд – од (биёяд – биёд);

         2)иваз шудани як овоз ба овози дигар:

          – дар пасоянди “-ро” о ба а (агар пасоянд пас аз садонок ояд): хоҷаро – хоҷара, туро – тура; агар -ро пас аз ҳамсадо ояд, куллан ба а табдил меёбад: китобро – китоба, вайро – вая...;

          – о ба ува баи: он – ун, ҳамон – ҳамун, хоҳар – хуҳар, сӯҳон – сеҳун, ҳоло – ҳоли...;

          – е ба и дар бандакҷонишини шахси сеюми шумораи ҷамъ: меравем – меравим, омадем – омадим, мепурсем – мепурсим ...

           3)иваз шудани аз ду бештар овоз ё барҳам хӯрдани сохти калима: чаро (ҳоло як идда забоншиносон саъй доранд ин ҷонишини саволиро ба шакли “чиро” навишта талаффуз кунанд) – чия, тавр – та (чӣ тавр – чита, ин тавр – ӣта...), шунидан – ушнидан, шутур – уштур, шикам – ишкам, бошад – беяд, бошад-набошад – бед-набед,канӣ (ку) – ке..., барин – боре (деҳаамон шаҳр барин – деҳамо шаҳр боре).


 6. Вожаҳои махсуси лаҳҷаи Эҷ


         Тағйир дар ҳар забон дар асари омилҳои мухталиф, чун тохтутозҳо, табаддулоти фарҳангӣ, таъсири оину навандешиҳо ва илму соҳаҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Дар тӯли таърих забони тоҷикӣ ба тағйироти фаровони забонӣ, аз ҷумла, муғойирати овоӣ, вожагонӣ, сохторӣ ва маъноӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аён мегардад, ки дар ин раванд тағйироти вожагонӣ шитоби болотар ва густурдагии бештар дорад. Вале дар ҳама давру замон тағйирёбии мӯҳтавои гӯйишҳо нисбат ба забони меъёр сусттар будааст. Одамон, новобаста аз таъсироти беруна, дар маҳдудаи худ пайваста бо лаҳҷаи маъмул гуфтугӯ кардаанд ва тавонистаанд паҳлӯҳои хоси гӯйиши худро аз насл ба насл гузаронанд. Ба вижа, ҳанӯз ҳам зинда будани як қатор калимаю мафҳумҳо дар лаҳҷаҳо, ки онҳо дар забони меъёр корбурд надоранд, аз ин маънӣ далолат медиҳад.

           Дар бораи лаҳҷаи Эҷ, тафовутҳои он аз забони адабӣ, луғатҳои роиҷбуда дар он чанд тан забоншиносу равшанфикр, аз қабили, Баҳром Шермуҳаммадов, Фарруха Зеҳниева, Маҳмуд Нурназаров, Абдуназари Набӣ, Назруллоҳ Расулзода фикру андешаҳои худро гуфта гузаштаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ягон рисола ё китоби ҷудогонае дар ин мавзӯъ ба табъ нарасидааст. Ба хусус, ёфтан ва таҳлилу баррасӣ кардани луғатҳои хоси эҷиён, ки имрӯз ҳам дар гӯйиши маҳаллӣ мустаъмаланд, яке аз вазифаҳои умдаи лаҳҷашиносон ба шумор меравад. Бо ин ҳадаф, луғати мухтасаре аз лаҳҷаи деҳаи қадимаи Эҷ фароҳам оварда шуд. Ин луғатнома малоки асосӣ дар ташаккули лаҳҷаи эҷиён аст ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам бошандагони деҳа то ҳадди имкон хазинаи луғавии хоси  гузаштагонро дар мағзи худ нигаҳ дошта ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд. Луғати мазкур бо тартиби алифбои нави тоҷикӣ ва бар асоси қоидаҳои умумии фарҳангсозӣ таҳия гардид.

         Ин луғатнома, ки аз маҳалли вожагони лаҳҷаи Эҷ фароҳам омадааст, мухтасар мебошад ва бо пажӯҳишҳои бештар метавон онро такмил дод. Минҷумла, номи гузарҳо, кӯҳу дараҳо, гиёҳу дарахтҳо, хӯрокҳо ва ғайраро, ки хоси Эҷ ва эҷиён аст, мебояд ба он илова кард. Чунончи, дар деҳа ва атрофи он дараю гузарҳо бо исмҳои Галаҷин, Гаргинон, Доничак, Ёласин, Зиҳнок, Когаровут, Маҳчаровут, Маҷор, Нахтабӣ, Панзағор, Пашкан, Пашметан, Пирвеш, Пиргиред, Пишох, Хадред, Хумак, Эрич ва гиёҳоне аз қабили гузинҷ, заған, карок, лолабузак, лолагаштин, миша, ҷуғҷой, шибдор, эбуда вомехӯранд, ки аз назари забонӣ решаи қадим доранд ва танҳо дар лаҳҷаи Эҷ ба кор мераванд. Барои мисол, бахше аз луғатномаи мазкурро ҷиҳати иттилоъ пешниҳод мекунем:


Алоқа – рӯмоли хурди сар, сарбанд

Анг – ғафлат, бехабарӣ

Анголак – ҷоғ, фак(к); маҷ. манаҳ, даҳон

Бадравхона (бадрафтхона) – ҳоҷатхона, туалет

Бакпор – мабодо, мабодо ки, шояд

Барасам – басанда, кофӣ, кифоя

Болодарӣ – пайвандкунак, банд, ғӯлачӯб (қитъаи бетонӣ, тахтагин ё оҳании нигаҳдорандаи қисми болоии дару дарвоза, ки ҷойи насби дару дарвозаро аз боло мебандад);тоқ

Булғудак – фавворазанӣ, ҷӯшида баромадан (-и об ва ҳар гуна моеот аз дарз ё даҳонаи танг); булғудак задан – фаввора зада (ҷӯшида) баромадан; маҷ. қай кардан

Буҷиишора ба ҳар гуна ҳашара ё ҷондори газанда аст, ки маъмулан бо баёни он, бо ибораҳои “буҷи омад”, “буҷи мегазад” бачаҳоро метарсонанд

Валанг – воиш (-и ток)

Виғидан – сӯхта ҷинҷак шудан, сӯхта сиёҳ шуда рафтан; аз ҳад зиёд сӯзон шудан

Виёра–пояҳои дарозшавандаи гиёҳ (ба хусус, ба пояҳои растаниҳои полизӣ, мисли харбуза, тарбуз, каду, бодиринг гуфта мешавад)

Вижидан – макидан (-и шир ё моеоти дигар то охир)

Гирдихона – кӯрпача (тагпойии дарозу борике, ки дар атрофи дастархон ё давр то даври хона меандозанд)

Гузиндан – ҳаллоҷӣ кардан, фалахидан (титу маҳин кардани пашм ё пахта бо даст)

Ғалтакупелтак – ғалтидану ҷӯлида шудан (бар рӯйи замин)

Ғарма – ношоям, корношоям (масалан, ба сақич ва монанди ин чизҳое гуфта мешавад, ки аз ҳолати аслӣ баромадааст ва дигар қобили истифода намебошад)

Ғебапахта ё пашми муштхӯрда ва титшуда

Ғибирдак – ғубордор, хирагӣ; ғибирдак задан – ғуборӣ шудан, сиёҳӣ задан (-и пеши чашм)

Ғурм – меши кӯҳӣ, бузи кӯҳӣ

Даввона – ҳаракати лаппишдор (-и ҳавои гарму тафсон); даввона задан – лаппида вазидан (-и ҳавои гарму тафсон)

Дағеч – зани бародари шавҳар, абусун

Даманда – дамдардарунӣ, нафастангӣ (аз бархӯрд ё дарди сахт); даманда рафт – дам дар дарун монд, нафасгир шуд

До – ака, ҷаноб; кӯҳн. киё; (аз ҷумлаи баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром буда, ҷиҳати муроҷиат ба мухотаб ба кор меравад; масалан, ба ҷойи “Рустамака” ё “ҷаноби Рустам” гуфта мешавад: до Рустам) 

Додӣ – бародари калонӣ; ака (баъзан ба ҷойи калимаи “ака”нисбат ба марди бегона низ гуфта мешавад)

Додо – дада, шакли гуфтугӯйии падар

Забарфаша – ғӯлачӯб (ҳамчунин қитъаи бетонӣ, тахтагин ё оҳании нигаҳдоранда, ки ҷойи насби тирезаро аз боло мебандад);тоқ

Зуреш – аломат, нишона (аз тариқи буридани гӯши чорво (мисли буз, гӯсфанд) гузошта мешавад ва барои фарқ кардани моли одамон аз якдигар ба кор меравад)

Зов – варта, партгоҳ (иборат аз шахҳои яклухтест, ки ба таври амудӣ қарор гирифта, рӯяи соф тарошида дорад)

Испириқ – шарора

Истоно – рӯ ба боло (ҳолати пушт ба замин хоб рафтан аст)

Кафич – батамом аз байн рафтан (тамом шудан)-и чизе; кафич кардан – нобуд кардан, хӯрда тамом кардан (-и мева, ғизо ва ғ.)

Коғазпеч – карамел (конфети коғазпечшуда)

Кудоши– каду (шакли дигаршудаи кадуи ошӣ)

Курҷук – чангак, қуллоб (сӯзани чангакии гулдӯзӣ)

Қазоғанд – кӯрпа, лиҳоф (бистари пахтадори лагандашуда барои хоб)

Қерӣ – ҷурғотмоя

Лахчак– хамири борику нозук буридашуда; исми ғизое, ки бо хамири нозук буридашуда дуруст мешавад

Лисак – мӯрчаи хурд, занбӯри зарди хурд (мӯрчаҳои резу хурде, ки бештар дар мағзи чӯбу болор хона карда, онро хӯрда ковок ва мӯрт мекунанд)

Маданг(а) – қаър, таг, бех, мағз (-и ҳар гуна сӯрохӣ, шикоф)

Маъдиред– ишора, имою ишора

Меғ – ҳавои абролуд, туман

Намошом– бегоҳӣ (вақти аз байн рафтани сапедии рӯз ва даромадани торикӣ; шакли дигаршудаи “намози шом”)

Нарғеч – тирак, тири ош (чӯби борику дарози махсус барои кушодан ва паҳн кардани хамир)

Одаранг – сахт, маҳкам (сифати санге аст, ки ба осонӣ шикаста намешавад); санги сахт

Пескона – чаппа, пушт ба рӯ, сар ба зер; пескона пӯшидан– чаппа пӯшидан (-и либос); пескона кардан – чаппа кардан (мас., сатилро)

Пичакяк навъи санбӯса (пӯсти хамирии ин таоми танӯрӣ тунуктар мешавад ва онро аксаран бо алафу сабзиҷот мепазанд; пичаки ҳулбӯйин хеле маъруф аст)

Пуск – саргин (фақат ба фазлаи бузу гӯсфанд гуфта мешавад)

Ранҷит – баҳтурмор (зардранги безаҳр аст)

Сарфаргон– сар ба зер

Сарҷин – 1. болори такягоҳ; 2. мураттаб, ҷамъуҷӯршуда; сарҷин кардан – ба тартиб даровардан, ҷамъуҷӯр кардан (мас., сарҷин кардани афзор ё бори хар)

Сег– афсона, ривоят, саргузашт

Соба//соба кардан – фалахидан (кӯфта маҳин кардани пашм (ё пахта) бо химчаҳои қайишии махсус)

Таберок (дар забони меъёр: табӯрок) – даф, доира

Табуш– садо, овоз; табуш кардан – садо задан, хондан (ба сӯйи худ),ҷеғ задан

Ужбидан – кӯк кардан, дӯхтан (-и ҷойи дарз ё чоки либос); дӯхтан ё бахя задани муваққатӣ

Урчуқ– дуки дастӣ (асбоби дастии нахресӣ)

Ускунҷидан (искунҷидан) – пасандоз кардан, сарфаҷӯйӣ кардан, исроф накардан

Устуғ (устуқ) – лат, озор, азоб; устуғ додан – озор расондан, лат додан, нихта кардан

Фалғор– нарму фаххак (ҳолатест, ки бо таъсири об ва нами об ба вуҷуд меояд, мас., замини фалғор, нони фалғор)

Фаргон – чаппа, баръакс; фаргон кардан – чаппа кардан; сарнагун кардан

Феҷак – пайк, қосид, хабаррасон; номи дара ва қалъа

Харра – бутта ва меваи настаран

Хишороб – оби собунолуд, оби пасмонда аз ҷомашӯйӣ

Холок – хола (хоҳар ё апаи модар)

Худук (хадук) – тарс, ҳарос; худук кардан – тарсидан, ҳаросидан, хавотир кашидан

Ҳамолиякхалтачаи бандакдор, ки барои нигаҳдории лавозими дӯхтудӯз (сӯзан, ришта, ангуштпона в ғ.) истифода мешавад

Ҳамчун– ин қадар; хеле

Ҳаффас – аккос, ав-ав, ҷакидан (-и саг)

Чағбут – пашму пахтаи кўҳнашуда (-и миёни кўрпаву болишт ва ғ.),пахтакўҳнаи обшуста ва обрасида; чоку чағбут – латтапораю пашму пахтаи кӯҳна

Чағил (чиғил) – сангча, сангреза;  реги дурушт

Чалғоба – лойоба, оби гилолуд

Чалма – саргини хушк,таппак (фазлаи хушкидаи гов, ки ҳамчун маводи сӯзишворӣ ба кор меравад)

Чилак – ангушт

Чимтол – киса, ҷайб

Чипиртак(чиппак) – 1)чакра, қатра (-и об); 2)чакрапарӣ, пошхӯрии қатраҳо (-и об); чипиртак шудан – расидан (пош хӯрдан)-и чакраҳои об

Ҷова – газна, сӯзгиёҳ

Ҷуронӣ – нов, нов(а)дон, обрав

Шерғунч (шерғунд) – махлути обу хок (омехтае, ки ба дараҷаи лой нарасидааст; онро дар пушти бом ба рӯйи най ё ҷуғҷой мерезанд ва сипас аз рӯяш бо каҳгил андова мекунанд)

Ширакнавъи ғизои обакӣ (бо ҷӯшондани мудавоми шираи бодоми талх ба даст меояд)

Эсеғда (дар забони меъёр: ӯсӯғда)  – оташков(ак)

Эҷ – қалъа, бору, ҳисор; номи яке аз деҳаҳои тоҷикнишини қаторкӯҳи Нурато

Юғак – рагкашӣ; юғак кашидан (гирифтан) – раг кашидан (баногоҳ ба таври дардовар дарҳам кашида шудани рагҳо ё  мушакҳо)


ҶАЗИРАИ ТИЛЛОӢ

(дар бораи ҷазираи Кеши Эрон; раҳовард аз сафари худаму раҳбари ширкатамон Иссо Баҳодур ва раиси Донишкадаи тарроҳии “Узсувлоиҳа” Маҳмадюсуф Холбоев, ки дар моҳи июни соли 2010 ба ҷазираи озоди Кеш анҷом додаем)

Бознашр

Баъзе аз нависандагон номи қадимаи Кешро “Каён” навиштаанд. Тибқи ривояте, вақте ки Кайковус ба Форс рафт, тахташ дар Сайроф фуруд омад ва ба ин таърих исми “каён” аз номи силсилаи Каёниён гирифта шуд. Бо мурури асрҳо, ин ҷазира ба Қайс ва сипас ба Кеш номбар шуд.

Дар таърих омада, ки соли 325 пеш аз милод як нафар дарёсолори юнонӣ – Ниёрхус  бо фармони Искандар сафаре ба баҳри Уммон ва халиҷи Форс анҷом медиҳад ва нахустин навиштаҳои таърихӣ аз ин боздид ба амал меоянд. Он замон дар аҳди Ҳахоманишҳо Кеш ба маркази сайди марворид табдил меёбад ва тараддуди бозаргонони бузурги Байнаннаҳрайну Ҳиндустон ва тамоми ҷаҳон торафт зиёд мешавад.

Дар замони Атобакони Форс аҳамияти Кеш боз ҳам афзун мегардад. Волии халиҷи форс дар ин ҷазира сукунат дошт ва аз маҳалли боҷу хироҷи киштиҳои тиҷоратӣ даромаде беҳисоб мегирифт. Дар тӯли садаҳо Кеш дар радифи кишвару шаҳрҳои шинохта, мисли Ҳиндустон, Чин, Баҳрайн, Бағдод, Шероз ёд мешуд. Марко Поло дар хотироти худ навиштааст, ки марворидҳои гарданбанди яке аз занони императори Чин аз Кеш будааст.

Аз қарни шонздаҳум сар карда, португалиҳо дар ин ҷазира тасаллут пайдо мекунанд, вале пас аз ба тахт омадани сулолаи Сафавиён Кеш ба таври куллӣ ва ҳамешагӣ ҷузви Эрон мегардад. Ахиран, дар соли 1992, ҳамзамон бо таъсиси Созмони минтақаи озоди Кеш, ҷазира ҷони тоза гирифт ва роҳ барои ободиву рушди ҳамаҷониба боз шуд.

Ҷазираи Кеш аз назари тақсимоти ҳудудии кишвар мансуб ба вилояти Ҳурмузгон аст ва хоки он 90 километри мураббаъро фаро мегирад. Кеш дар маркази худ фурудгоҳи байналмилалӣ дорад, ки тамоми имконоти лозимро дар ихтиёри мусофирон гузоштааст. Пас аз пиёда шудан аз ҳавопаймо (ба хусус, дар тобистон) дамои гарму шарҷӣ, ки омехта бо намии баҳр ҷонро ба ҳалқ меоварад, ҳатто дар фосилаи кӯтоҳ то дами токсӣ касро беҳолу пакар месозад. Бо ин ҳол, баъд аз ором гирифтану мутобиқи барнома сар ба саёҳат задан гардишгарон дармеёбанд, ки ҷазираи зебои Кеш поку сокин аст ва дар миёни оби нилгуни халиҷи Форс беҳтарин макони сайру фараҳёбӣ барои боздидкунанда ё хонаводаҳост. Аз ҷумла, ҷойи фароғат ва истироҳат барои афродест, ки мехоҳанд чанд рӯзи зиндагии худро дар оромиш ва дур аз ҳаёҳуву шавқун ва олудагиҳо ба сар баранд.

Нахустин манзарае, ки таваҷҷӯҳи ҳар нафарро ба худ ҷалб мекунад, фазои сабзи ин ҷазира аст. Дарахтони лур, каҳур, нахл, газ ва карт, ки аз қабили растаниҳои бумии ин минтақа ҳастанд, дар канори дарахтоне, мисли чуриш, дармонақраб, эвкалипт, мурд, лимутурш, банан, норгил, самар, гули абрешим ва анвои гулҳои оройишӣ Кешро ба яке аз сарсабзтарин ҷазираҳои халиҷи Форс табдил кардаанд.

Бешубҳа, намои дигари ҷолиби диққат баҳри бепоён аст, ки давр то даври ҷазираро фаро гирифтааст ва бо амвоҷу насими диловезаш дилҳоро тасхир мекунад. Дар Кеш клубҳое фаъолият доранд, ки барои истироҳаткунандагон шиноварӣ (дар оби зулол), саёҳат бо қаиқ ва киштӣ-аквариумҳо ва дигар гардишу тафарруҷи дарёиро муҳайё месозанд. Бо ин мақсад, искалаҳои соҳилӣ (роҳравҳои махсусе, ки аз хушкӣ ба дохили об кашида шудаанд ва появу баданаи онҳо филизии зидди занг аст) низ дар ихтиёри мусофирон қарор мегиранд. Тӯли ин искалаҳо аксаран аз чорсад метр бештар буда, бо чор фазои васеи ҷонибӣ барои пиёдаравӣ, дидани моҳиёни ранг ба ранги оби нилгун, паррандагони дарёӣ ва ҷиҳати нашъа бурдан аз боду амвоҷи мулоими баҳр хидмат мекунанд.

Аҳолии Кеш бештар аз 20 ҳазор нафар аст, вале аз ҳисоби ҷаҳонгардону тоҷирон ин миқдор ҳар рӯз дастикам ду баробар афзойиш меёбад. Дар ин ҷо назари бинандаро бештар бошандагони маҳаллаҳои қадима ба сӯйи худ мекашанд. Яке аз ин гуна маҳаллаҳо Сафин аст, ки дар он одамонаш ҳанӯз ҳам либосҳои суннатии худро канор нагузоштаанд. Дар ин ҷо либоси маҳаллии мардон дашдоша ва ғитра (пироҳани дароз ва кулоҳи махсус) аст. Занон милфаъ мепӯшанд ва батула (ё бурқаъ) ба рӯйи чеҳра мегузоранд. Ҳибон, найи анбуна ва дуҳул аз ҷумлаи созҳои маҳаллианд. Шуғли асосии сокинон моҳигирӣ, чорводорӣ, дарёнавардӣ ва тиҷорат аст. Дар гузашта бо сайди марворид ҳам машғул шудаанд. Ҳамчунин, як қисми бошандагони қадимаи ҷазира арабҳо мебошанд, ки имрӯз нуфуси онҳо аз чор ҳазор нафар нуфуз мекунад.

Бахши бостонии Кешро шаҳри Ҳарира меноманд, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон дар он ҷо теппаҳои таърихӣ, имороти аъёнӣ, ҳаммом, маҷмӯаи бандаргоҳии шаҳр, масҷиди ҷомеъ аз дили хок берун омадаанд. Дар ин бахш барои гардишгарони дохилию хориҷӣ тамошои обанбори дугона хеле ҷолиб аст. Он бо сабки меъмории Язд тарҳи аҷибе дорад. Тавре ки ду махзани бузурги устувонаӣ ба шакли гирд ба поин канда шуда, обанборҳои дугоникро ҳосил мекунанд ва онҳо аз оби қанотҳои зерзаминӣ (кориз) пур мешуданд. Ин ду обанбор ба воситаи панҷ бодгири баланд, ки дар гӯшаҳои сохтмони аслӣ сохта шудаанд ва ҳавои берунро таҳвия карда, ба поин мефиристанд, сард ва соф мешудаанд. Оби хунуку тозаи ин обанборҳоро ҳам барои ошомидан ва ҳам барои обёрӣ истифода мебурдаанд. Ин гуна об дар шароити Кеши сӯзону дим фавқулода бебаҳост.

Дар ғарби ҷазира киштии азимҷуссае ҷо хуш кардааст, ки бо номи “Киштии юнонӣ” маъруф аст. Ин киштиро бори нахуст бошандагони деҳистони Боғу дар яке аз рӯзҳои тобистони соли 1967 мушоҳида кардаанд. Солҳо гузаштаву ҳанӯз ҳам сабаби аслии ғӯтида мондани киштӣ маълум нест, вале бино ба тахминҳо, аз сабаби меғолуд будани ҳаво ва набудани фонуси дарёӣ ин иттифоқ рух додааст. Киштии юнонӣ аз назари таърихӣ қадимат ва аҳамияти ончунон надорад, аммо ҷолиб ин аст, ки вуҷуди оксиди оҳан дар ин маҳдуда боиси сурхфом шудани регҳои атрофи киштӣ мешавад ва офтоб ҳангоми ғуруби худ дуруст дар фазои болоии киштӣ паҳнои зарду хунранги диданиеро ҳосил мекунад. Дар хатсайри соҳилҳое, ки киштии юнонӣ ҳаст, дарахте худнамоӣ мекунад, ки мегӯянд, синнаш бештар аз чорсад сол аст. Ин дарахти лур (анҷири маобид) бо баргу решаҳои дар тана овезонаш, воқеан, ба пирамарде монандӣ дорад. Ин гуна дарахтон бо решаҳои чатршакли худ  ба замин соя меандозанд ва бино ба нақлҳо, то ҳазор сол умр медидаанд. Мо низ ҳамроҳи сайёҳони дигар онро “тавоф” кардем ва барои хотира дар наздаш ба акс афтидем.

Ҷойҳои дидании Кеш, мисли бӯстони оҳувон, соҳилҳои дарёии пур аз сангпушт, паркҳои соҳилии марҷонӣ, масҷидҳо, ҳутелу фурӯшгоҳҳо, пляжҳои мардона ва занона, маҷмӯаҳои тафреҳии варзишӣ, парки делфинҳо, боғи паррандагон фаровон аст, аммо намешавад аз шаҳраки зерзаминии Кеш – Кориз ҳамин тавр ба содагӣ чашм пӯшид.

Маълум аст, ки дар қадим аз тариқи кориз ба боло баровардани обҳои зерзаминӣ яке аз корҳои муҳим ба шумор мерафт. Аз ҷумла, риштақаноте, ки дар ҷазираи марҷонии Кеш мавҷуд мебошад ва онро бумиён Кориз ё шаҳри зерзаминӣ меноманд, қадимати беш аз дуҳазорсола дорад ва имрӯз яке аз маҷмӯаҳои камназири фарҳангӣ ва туристӣ ба шумор меравад. Коризро бо намои кунунӣ як нафар ватандӯсти эронии муқими Олмон – муҳандис Ҳоҷӣ Ҳусайнӣ аз маҳалли сармоягузории худӣ обод кардааст. Офаридаи ин марди олиҳиммат беш аз пиндоштҳое мебошад, ки дар сарҳо меғунҷид. Дар ин ҷо кас аз зинапояҳои сангӣ поин омада, пушти ҳам аз тариқи роҳравҳои пурпечутоб дар зери замин пеш меравад ва бо чашми худ шоҳиди шаҳраки афсонавӣ мегардад. Долонҳои васеъ, ҷӯйчаҳои морпечи ҷилодори об, шаршараю ҳавзакҳои рангин, оройишоти суннатии деворҳо, намунаҳое аз ҳунари тазйиноти миллӣ ва ба вижа, тасвирҳои мунаққаши рӯйи девор аз достонҳои “Шоҳнома” ва сақфи дидании марҷонӣ таваҷҷӯҳи бинандаро ҷалб мекунанд. Феълан дар шаҳраки мазкур чанд дӯкон ва растаи асбобу анҷом ва ашёи дастсохту дастбофти мардумӣ ва як ресторани маҳаллӣ дарҳои худро боз кардаанд. Дар оянда барои гардишгарон имконоти бештари диданӣ ва тафреҳиро офариданианд.

Дар Кеш буда ба саёҳати баҳр набаромаданд “убол” аст. Аз ин рӯ, мо нисфи як рӯзи худро ба сайру гардиш бо киштӣ-аквариум дар фазои оби бекарон бахшидем. Ҳини ин гардиш ҳамроҳ бо нашъа бурдан аз насими баҳр, файзёб шудан аз ҳунари роҳатбахши дастаи овозхонҳои эронӣ ва тамошои моҳиёну варзишгарони рӯйиобӣ дидани теппача ва тӯдаҳои марҷонии зери об хеле дилангез буд. Дар воқеъ, бе номи марҷон тасаввур кардани Кеш амри муҳол аст. Марҷонҳо дар асл, “ҷонварон”-и гиёҳшакл ва устувонаӣ буда, аз оилаи кисатанон ҳастанд ва аксаран дастаҷамъона зиндагӣ мекунанд. Сари онҳо дар болои устувона қарор дорад ва дар поин сафҳаи паҳне ҳаст, ки онро сафҳаи пойӣ мегӯянд. Ҳуҷайраҳо ва пайҳои сафҳаи пойӣ моддаи оҳакӣ ҷудо мекунанд, то марҷон бар рӯйи тахталавҳ собит нигаҳ дошта шавад. Ба тадриҷ пояи оҳакӣ марҷони ҳақиқиро ба вуҷуд меоварад, ки онҳо дар оби гарму шӯр ва тозаву камумқ зиндагӣ мекунанд. Ҷамъшавии марҷонҳо ва пояҳои оҳакии онҳо дар тӯли даврони мухталиф аз назари заминшиносӣ дар пайдоиши ҷазираи Кеш нақш доштаанд...

Азбаски сафари мо дар моҳи июн итифоқ афтода буд, ҷазираи тиллоии Кеш аз ҳарвақта ҳавои гармтару нафасгиртар дошт. Вале ин ҳолат асло музоҳими диду боздидҳои мо нашудааст, зеро аз дами дари ҳутел то ҳар ҷое ки мерафтем, токсиҳои муҷаҳҳаз бо хунаккун ва оҳангҳои шоди эронӣ моро то манзил мерасонданд. Ба ҳар ҷо, хоҳ аз дари ҳутел, хоҳ аз дари фурӯшгоҳ ё салоне ворид мешудем, гӯё ҳавои сӯзони дӯзахро ба фазои биҳиштие иваз мекардем, ҳавои тозаю сарди дохил ба мо ҷон мебахшид. Гузашта аз манзараю қиёфаҳои хушранги кӯчаю хиёбонҳо ва имороту кохҳо, намои дохилии сохтмонҳо низ хеле ҷолиб, пур аз нақшу нигор ва ашколи ҳандасии мутаносиб буд. Тайи ду рӯзи будубош дар ҳутели “Дориюш” аз имконоти вофири истироҳат, хӯрдухӯрок, варзиши сабук, оббозӣ, масҳу дармони оромбахш ва муомилаи ҷонудилии персонали ҳутел бархурдор шудем.



 

 

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.