Паймон

           

Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев Давлатзода, {порсӣ: پیمان/توخته میش توخته یف دولت زاده};  24 феврали соли 1955, хоҷагии Максим Горкий (ҳоло Шариф Раҳимов), ноҳияи Сайҳунобод, вилояти Сирдарё, Ӯзбекистон) – шоир, омӯзгор, рӯзноманигор, мутарҷим. Мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози тоҷик» – нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон (аз соли 1995) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2010). Соҳиби унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (1997), барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон (1996), соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010), дорандаи нишони "Дӯстӣ" (Тоҷикистон, 2018).


МУНДАРИҶА


1. Зиндагинома ва фаъолиятҳои шоир:

*  Зиндагинома

*  Эҷодиёти шоир

*  Дарунмояи шеъри Паймон

*  Намунаҳо аз ашъор


2. Мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ:

* “Бар ҳиммати соқӣ шукр мебояд гуфт”


Зиндагинома

Зодгоҳи аҷдодии Паймон деҳаи Синтоб (Синтаб) аст. Ин деҳа яке аз рустоҳои калонтарин ва зебои кӯҳистони Нурато (вилояти Навоии кишвари Ӯзбекистон) ба шумор меравад. Падари Паймон – Давлат Тӯхтаев дар Синтоб зода шудааст. Ӯ низ дар канори садҳо сокини деҳоти кӯҳистонӣ пас аз итмоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба хотири обод кардани даштҳои бекорхобида бо оилааш ба ноҳияи Верхневолинскийи (ҳоло Сайҳунобод) вилояти Сирдарё нақли макон мекунад. Паймон 24 феврали соли 1955дар ҳамин манзили нави падар, дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Шариф Раҳимови ноҳияи Сайҳунобод ба дунё меояд.

Падари Паймон дар айёми ҷавонӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат варзида, соли 1944 пас аз захмӣ шудан дар набардҳои зиддифашистӣ дар Укроин ба диёр бармегардад. Ӯ сараввал дар деҳаҳои ҳамсояи Порашту Ӯхм ва сипас дар Сайҳунобод аз фанҳои ториху ҷуғрофиё дарс гуфта, чархи рӯзгорро бо пешаи омӯзгорӣ мегардонад. Дертар, бо сабаби диққи нафас шудан, моҳи апрели соли 1964 аз Сайҳунобод ба зодгоҳи бобоӣ ба деҳаи Синтоб бармегардад. Аз ин пас Паймони нуҳсола овони бачагии худро дар гузари Козбони деҳаи хушманзари кӯҳӣ таҳти мувозибати падари бузургвораш Давлатака ва модари меҳрубонаш Суратмомо мегузаронад ва таҳсили худро дар мактаби миёнаи зодбуми бобоӣ идома медиҳад. Аз ин пас ӯ дар симою намои шигифтангези Синтоб миҳани аслии худро пайдо мекунад:

Ватанро ёфтам аз санги Синтоб,

Зи оби рӯди хушоҳанги Синтоб.

Ба рӯйи каф ҳамам гиранд, охир

Бимонам боз андар чанги Синтоб.

Паймон соли 1973  бо падар ба Самарқанд рафта, пас аз бомуваффақият супурдани имтиҳонот ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил мешавад ва донишкадаро соли 1977 бо дипломи сурх хатм мекунад. Дар хусуси нахустин рӯзҳои ҳамсабақӣ бо ӯ хотироти нависанда ва шоири шинохта Марямбонуи Фарғонӣ, ки бо ҳам ҳамкурс буданд, хеле ҷолиб аст: «Сентябри соли 1973. Мо навшогирдони факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ҳанӯз бо ҳам чандон шинос набудем. Ман аз бари ҷавони сафедчеҳраи ҷиддие ҷой гирифтам. Чаро маҳз ҳамнишини ӯ будан хостам? Чун дар имтиҳони хаттӣ бо амри тасодуфе якҷо нишастему дар як мавзӯъ («Ҳабиб Юсуфӣ – шоири ҷанговар ва ватандӯст») иншо навиштем. Дар рафти имтиҳон тарзи дурусти ин ё он байти шоирро аз якдигар пурсидем, яъне ҳамгап ҳам шудем. Ҳанӯз ҳусни хатту каломи ӯ ба хотирам ҳаст. Хуллас, ман шиноси навамро як фарди хушсаводе дарёфта будам, аз ин рӯ беистиҳола ҳампартааш шудам. Ҳамон рӯзҳои аввал дар дасташ дафтари шеъреро дидам. Дафтар аз дубайтиҳову рубоиёт ва чанд ғазал иборат буда, баъзеяшон тахаллус ҳам доштанд: Давлатзода... ».

Паймон пас аз хатми донишгоҳ ба назди падару модар баргашта, дар мактабҳои миёнаи деҳоти Моҷарм ва Синтоб аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медиҳад. Соли 1982, пас аз он ки очерки ӯ таҳти унвони «Панди падар» дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба табъ мерасад,  аз сӯйи мудирияти рӯзнома ба кор даъват мешавад. Ҳамин тавр, баробари хотима ёфтани соли таҳсили 1981-1982 бо фотиҳаи падар роҳи Тошкандро пеш мегирад ва баъд аз суҳбату шиносоӣ бо сармуҳаррири рӯзнома Шавкат Ниёзов ба кори рӯзноманигорӣ мепардозад. Аз соли 1986 инҷониб мудири бахши фарҳанги «Овози тоҷик» аст. Ӯ хонаводаи обод ва фарзандони солеҳ дорад. Ҳамсараш Идигул, писаронаш Хусраву Манучеҳр, духтараш Муниса ва наберагон ғамхорию меҳрубониҳои худро барояш дареғ намедоранд.

Паймон дар тӯли зиндагии худ ҳар гуна кору вазифаро аз сидқи дил ва эҷодкорона бо саъю талоши фавқулода баланд анҷом додааст. Ин фидокориҳо буда, ки пайи ҳам ба чунин муваффақиятҳо ноил мегардад:  соли 1985 –  шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди журналистони иттиҳоди Шӯравии собиқ; соли 1995 – пазируфта шудан ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон; соли 1996 –  дарёфти унвони «Журналисти беҳтарини сол» ва медали «Шуҳрат» (дар Ӯзбекистон); соли 1997 – гирифтани унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон»; соли 2010 – пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сазовор шудан ба унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон».


Эҷодиёти шоир

Қаламиҳои Паймон ҳанӯз дар солҳои донишҷӯйӣ тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба дасти хонандагон расидаанд. Дертар маҷмӯаи шеърҳои ӯ дар баёзҳои дастаҷамъии чопшуда дар Душанбе – «Чакомаи пирӯзӣ» (1990), «Чил қалам» (1991), «Боли парвоз» (1991) ва Тошканд – «Каҳкашони орзу», «Гулистони адаб», «Чароғи маърифат», рӯнамоӣ шудаанд. Мухлисони каломи ноби шоир китобҳои ҷудогонаи ашъори ӯро бо асомии «Санги навишта» (Душанбе: Адиб, 1991), «Шабовез» (Тошканд: Ёзувчи, 2000) ва «Шабоҳанг» (Тошканд: Шарқ, 2012) дастрас намудаанд. Ҳоло зиндагинома ва эҷодиёти шоир дар мактабҳои тоҷикии таҳсили ҳамагонии Ӯзбекистон омӯзонида мешавад.

Паймон дар тарҷумаи бадеӣ низ дасти тамом дорад. Ӯ ашъори шоирони классику муосири ӯзбек Алишер Навоӣ, Заҳириддин Бобур, Нодирабегим, Ғафур Ғулом, Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Азим Суюн, Умида Абдуазимова, Фарида Афрӯз ва дигаронро ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин тарҷумаҳое аз шоирони рус дорад.

Осори Паймон дар кишварҳои хориҷа, ба вижа, чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташиршуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаронса ба табъ расидааст. Аз ин ҷумла, китобу маҷмӯаҳои «Боғи бисёрдарахт» (гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Теҳрон, 2004), «Аз Самарқанди чу қанд» (Гузидаи шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон. Теҳрон, 2005), «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон. Қарни бистум то кунун» (Теҳрон, 2005), «Намунаҳои шеъри Ӯзбекистон» (Порис, 2006), «Форсисароёни Ӯзбекистон» (Теҳрон, 2010) буда метавонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба китобҳое, ки ашъори Паймонро фаро мегиранд, муддатзамони эҷодиёти ӯро мешавад ба се марҳила ҷудо кард. Марҳилаи авввали эҷодӣ то соли 1991, яъне то замони чопи китоби «Санги навишта» буда, шеърҳои шоирро дар жанрҳои қитъаю чаҳорпора ва ғазалу рубоию дубайтӣ фаро мегирад. Дар ин давра бо мурури замон такмил ёфтани ҳунари шеъргӯйӣ ва саъю кӯшишҳои шоир дар пайдо кардани роҳи вижаи сухангустарӣ мушоҳида мегардад. Марҳилаи дуюми эҷодӣ мутааллиқ ба солҳои 1991 – 2000 мебошад, ки дар китоби «Шабовез» ҷамъбаст шудааст. Ин марҳиларо метавон ба унвони давраи ташаккул ва таҳаввули шеър, вусъат ва умқи нигоҳ, тавсиаи доираи мавзӯъофаринӣ, кӯшиши боли парвоз бахшидан ба шеъри асил арзёбӣ кард. Ниҳоят, марҳилаи сеюми эҷодӣ давраи аз соли 2000 ба баъдро фаро мегирад, ки ин марҳилаи камолоти ҳунари шоирӣ, замони таҳаввули сабк, тағйири ҷаҳоншиносӣ, дарёфти мавзӯъ ва масоили мубрами ҳаётӣ мебошад. Ин марҳилаи эҷодӣ дар охирин китоби шоир «Шабоҳанг» ва ашъори парокандае, ки ягон-ягон ҷамъ мешаванд, мунъакис ёфтааст.

Дар осори манзуми Паймон навъи ғаноии шеър ҷойгоҳи хос дорад ва дар жанрҳои мухталиф, ба мисли дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, ғазал, мусаммат, тарҷеот, мустазод ва шеъри нав, тавони килки худро санҷидааст. Шоир дар пайравии шоирони форсу тоҷик хома ронда, дар байни дӯстдорони каломи мавзун бештар бо ғазал ва рубоию дубайтиҳои худ мақбулият дорад.   Чунончи, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроев дар китоби худ «Асрори шеъри шоир» (Андар шиносондани Паймон ва осори ӯ. Тошканд: Paradigma, 2017, саҳ.41) овардааст: «Шоир дар пайравӣ ба шоири фақиди тоҷик Лоиқ Шералӣ тавонистааст ба ғазал рӯҳу равони тоза бахшида, ба воситаи он масъалаҳои муҳими рӯзгор – инсонпарварӣ, башардӯстӣ, адлу инсоф, накӯкорӣ, дилёбӣ, ахлоқи ҳамидаи инсониро баён кунад ва ба ин васила диққати муосирону баъдиниёнро ба масъалаҳои созандаи ҳаёти ҷомеа ҷалб созад. Метавон гуфт, ки ғазал дар эҷодиёти ин шоир мавқеи муҳим дошта, ифодагари камолоти ҳунари шоирии ӯст». Аз ин лиҳоз, шоир ояндаи хешро танҳо дар шеър мебинад:

Давоми мост шеъри гуфтаи мо,

Гуҳарҳои ба мижгон суфтаи мо.

Ба боғи ёди ёрон мушк безад,

Хаёли хотири ошуфтаи мо...


Дарунмояи шеъри Паймон

Дар шаклгирии шеъри Паймон дарунмоя, яъне мазмуну муҳтавои навиштаҳо нақши муҳим дорад. Ба ибораи дигар, мазмуни шеър шакл, вазну оҳанг ва қофияро ташаккул додааст. Дар ин замина адабиётшинос Ҷумъақул Ҳамроев муҳтаво ва мундариҷаи шеъри шоирро таҳлилу баррасӣ карда чеҳраи ҳунарии ӯро бозтоб медиҳад ва дарунмояи ашъори ба табъ расидаи Паймонро дар кул ба панҷ мавзӯъ дастабандӣ мекунад («Асрори шеъри шоир», саҳ.51-82):

1. Шеърҳое, ки мазмуни торихиву миллӣ доранд ва дар онҳо аз гузаштаи пурҳаводису фарҳангии мардуми тоҷик, забони он ва пайвандҳояш бо дигар қавму миллатҳо сухан ба миён меояд. Ба вижа, Ватан ва мавқеи торихиву фарҳангии он дар ин гуна шеърҳо ҷойгоҳи хос дорад. Чунончи, ин маъниро силсилашеърҳои шоир дар бораи Синтаб, шеърҳои «Душанбе», «Шавқи дидор», «Дуои шодбош», «Шом дар гарданаи кӯҳистон», «Ҳаст то кӯҳе», «Баҳория», «Забони барқу борон», «Баҳоро, ёд кардам боз», «Сафедкафтарони барф», «Ҳалқа бар дар мезанад Наврӯз боз» тараннум мекунанд. Хеле ҷолиб аст, ки муҳаббати шоир аз зодгоҳу азизони деҳотӣ оғоз ёфта то арши бузургдошти маконҳои муқаддас, ба монанди Самарқанду Бухоро ва бузургони миллат – аз Рӯдакӣ сар карда то Айниву Лоиқу Бозор Собир доман паҳн мекунад. Аз ҷумла, дар шеъри  «Пайванд» шоир бо эҳсоси хоси шоирона пайғом медиҳад, ки пайкараи устод Рӯдакиро дар Самарқанди бостонӣ гузоштаанд:

Мужда, ай қавм, к-аз азизонат,

Боз андар барат яке омад.

Тай зада даҳри гирдгардонро

Нури чашми ту – Рӯдакӣ омад...

2. Дар шеъри Паймон шукӯҳу ифтихори гузашта, адабиёту забон ва фарҳангу расму ойини аҷдодӣ мақоми назаррас дорад. Ин гуна шеърҳои шоир миллатро ҳушдор месозад, ки халқи тоҷик дорои гузаштаи пурнури илмиву фарҳангӣ ва забону одобу осори беназир аст. Дар ин замина месазад аз силсилаи шеърҳои «Фирор аз бехудӣ бар худ» ёд кард. Ин силсила аз дувоздаҳ шеър иборат буда, шеърҳо миёни ҳамдигар ҳамбастагии қавии шакливу маънавӣ доранд. Баъдан шоир онро такмил дода, боз даҳ шеъри дигарро илова кардааст. Силсилаи мазкур аз дебочаю анҷом, ки ба шакли чаҳорпора навишта шудаанд  ва шеърҳои дарунӣ дар шакли ғазалу маснавӣ иборат мебошад. Шоир дар ин силсила аз шукӯҳу осори бесобиқаи гузаштагони бузург, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Иқбол, Айнӣ, рӯйиҳамрафта, то Лоиқи ширингуфтор сухан мегӯяд ва худшиносии миллиро ба наҳви аҳсан талқин мекунад. Чунончи, нахустин шеъри он таҳти унвони «Одамушшуаро Рӯдакӣ» чунин аст:

«Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд»

Бо кайфияти бӯйи Бухоро ба ман ояд.


Чун аз рухи оина, яқин сурати ҳолам,

Пайдо ҳама аз рӯйи Бухоро ба ман ояд.


Оҳуи Хутанро чӣ кунам, к-оҳуи ман нест,

Рӯзе расад, оҳуи Бухоро ба ман ояд.


Овозаи Сомони бузург аз раҳи торих,

Бо шевани Омуи Бухоро ба ман ояд.


Овои равонбахши дарӣ ҳар шабу ҳар рӯз,

Аз ҳар дару ҳар кӯйи Бухоро ба ман ояд.


Оре, навазад бод чунин н-аз ҳама ҷониб,

Ин мушк зи мушкӯйи Бухоро ба ман ояд.


Паймон, накунӣ вирду дуояш нафасе тарк,

То пири дуогӯйи Бухоро ба ман ояд.

 Гузашта аз ин, дар ёдоварӣ ва зинда сохтани мероси маънавӣ ва расму оини миллӣ шеърҳои наврӯзии шоир аҳамияти вижа доранд. Бе муболиға, дар байни шоирони муосири форсӣ-тоҷикигӯй Паймон яке аз пурбортарин хоманигороне аст, ки дар васфи Наврӯз шеър гуфтааст. Ӯ ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи Аҷамро бо шодмонии беҳад истиқбол мекунад:

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ин суннати неки Ҷам бар халқи ҳама олам,

Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!...

3. Ашъори ватанхоҳии Паймон аз васфи муҷаррад ва ҳамду санои умумӣ холӣ буда, тасвири табиати диёр, унсурҳои он равиши тозаи ҳунарии ӯро дар ин замина ошкор месозад. Ба мисраъҳои шеърӣ кашидани васфи манзараҳои диёр, рӯду чашмасор, кӯҳу кӯҳтал, дашту даман ва ҳатто, ҷашни Наврӯз ҳамчун тимсоли табиати зебову абадзинда, аз ғановати дарунмояи шеъри шоир дарак медиҳад. Ин гуна зебоипарастӣ ва шинохти ҳусни бебаҳои табиату атрофро метавон дар шеърҳои «Чун занад борон...», «Баҳор мерасад», «Аз таҳи сангу аз сари ёла», «Абрҳо», «Бигзарам ҳар субҳдам аз боғ» ва ғайра мушоҳида кард. Чунончи, шеъри бонафосати «Баҳор мерасад» бо васфи шаршараи Обҷаҳ, ки дар фарози деҳаи Синтаб қарор дорад, оғоз меёбад:

Аз Обҷаҳ садои обшор мерасад,

Ба рӯҳу ҷон ҳавои чашмасор мерасад.

Мабош бехабар, ки зиндагӣ ба коми туст,

Баҳор мерасад, бубин, баҳор мерасад...

4. Ифтихор аз забон ва фарҳанги гузаштагон яке дигар аз мавзуоти писандидаи Паймон аст. Шоир ба хубӣ эҳсос карда, ки дар баробари шинохти забон ва нақшу ҷойгоҳи он дар ҳаёти ҷомеаи миллӣ масъулият дорад. Аз ҷумла, шеъри «Забони барқу борон» дар ин робита мазмуни амиқу муассир дорад, ки банди аввалаш чунин аст:

Забони ман, забони модари ман,

Ки дорад з-оташи Зардушт бахше.

Ба рағми кулли хасми мурдарӯҳаш,

Зи худ наҷво диҳад гаҳ чун дурахше...

Паймон на танҳо ба ҳайси корманди рӯзномаи «Овози тоҷик», ҳамчунин ба унвони як нафар дӯстдори рӯзномаҳои тоҷикии кишвари худ шеърҳое дар васфи чунин нашрияҳо навиштааст ва ошкоро пуштибонию ҳусни нияти худро нисбати забону дастовардҳои миллӣ ироа мекунад. Аз ҷумла, шеърҳои «Овози тоҷик», «Ниёиш» ва силсилаи дубайтиҳо таҳти унвони «Нозтаронаҳо» далели ин гуфта аст. Дубайтӣ:

Дар ин «Овоз»-и пайванди Самарқанд,

Ҷигарбанди барӯманди Самарқанд.

Аҷаб набвад, агар печида ёбанд,

Равону банд дар банди Самарқанд.

5. Арзёбии қадриятҳои адабию фарҳангии тоҷикону ӯзбекон, тасвири дӯстию ҳамзистӣ ва дастовардҳои мутақобилаи илмию фарҳангӣ ҷузъи дигари ашъори ватанхоҳонаи Паймон аст ва дарунмояи шеъри ӯро оро медиҳад. Билхосса, вақте ки дар бораи Айнӣ, Сотим Улуғзода барин бузургони миллат шеър мегӯяд ва ашъори шоирони ӯзбекро ба форсӣ-тоҷикӣ бармегардонад, орзуву ниятҳои неки ӯ бо бо авомили башардӯстона тавъам мешавад.

Чунончи, тарҷумаи ғазалу рубоиёт ва ҳикматҳо, билхосса, асари «Назм-ул-ҷавоҳир»-и Мир Алишери Навоӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Паймон забони ӯзбакӣ (туркӣ)-ро ба наҳви аҳсан балад аст. Китоби «Назм-ул-ҷавоҳир» бо дастгирии пажӯҳишгари эронӣ Баҳман Акбарӣ дар Теҳрон ба табъ расидааст. Бояд гуфт, ки рубоиёти ин асар бар асоси ҳикматҳои Ҳазрати Алӣ ва ба шакли рубоии чаҳорқофия эҷод гардида, мутарҷим низ онҳоро дар ҳамин шакл ва бо маъниву мавзӯи муносиб баргардон кардааст. Аз ҷумла:

Он кас, ки зи баҳри карам огоҳ бувад,

Маълум шуд ӯ ба аҳли дил шоҳ бувад.

Ҳам роҳнамои кулли гумроҳ бувад,

Беша-ст ҷаҳон ӯ Асадуллоҳ бувад.

 

Намунаҳо аз ашъори Паймон

 

Шеърҳо

 

Дар қабзаи ҳиҷои ту...

 

Ҳарчанд буд душмани бегонаам фузун,

Ҳарчанд хасми обхури ман зиёд буд.

Ҷонсахтии мудоми ту дар гирудорҳо,

Ибрат ба рағми ҷумла маро дар ҷиҳод буд.

 

Аз он ки ту намурдаӣ, ман низ зиндаам,

Дар қабзаи ҳиҷои ту овардаам паноҳ.

Оре, фақат ту будаӣ дар ҳифзи ҷони ман,

Алҳақ, фақат ту будаӣ манро паноҳгоҳ...

 

Оваҳ, забони модарии шаҳдрези ман,

Дар даҳр ҳеҷ ганҷ маро аз ту беш нест.

Андар намози панҷгаҳи ман дуои туст,

З-он рӯ, ки беҳтарам зи ту пайванду хеш нест...

 

Кам мешавам барои туву кам намешавам,

Ғам мекашам барои туву мекунам ҳузур.

Умрам ҳама фидои камолу фари ту бод,

Ай манбаи сурури ман, ай маншаи ғурур.

 

Оқибат мерасам...

 

Оқибат мерасам ба он маъво,

К-он баҳори умедҳо дорад.

Оқибат мерасам ба он даргоҳ,

К-аз бароям навидҳо дорад...

 

Оқибат мерасам ба он маънӣ,

К-он ба ҳарфу ҳиҷоям омезад.

Оқибат мерасам ба он шеъре,

К-аз вуҷудам вуҷуд ангезад...

 

Чун занад борон...

 

Чун занад борон дилам таҳ мезанад,

Мепарад мурғи хаёлам сӯйи деҳ.

Баски меёбам ҷабини модарам,

Аз нами боми падар бандад гиреҳ.

 

Тунд чун борон занад, дар синаам,

Мезанад мушти дили ман тундтар.

Ҳамчу мушти санги боронхӯрда, к-он

Дар хаёлам кӯчад аз боми падар...

 

Инчунин ҳар гаҳ ки тунду хашмгин,

Рӯйи боми шаҳриам борон занад.

Бими он дорам, мабодо, нозамон

Санге аз боми падар кӯчад, канад...

 

Ғазалҳо

 

Омад бари ман омад, он симбадан имшаб,

То бишканадам тавба, он тавбашикан имшаб.

Шайдову хумор омад, ҷоме ба канор омад,

Гӯйӣ ба шикор омад, он сайдфикан имшаб.

Бебок бари мо шуд, ҷону ҷигари мо шуд,

Шамъу қамари мо шуд, он ёри ҳасан имшаб.

Биншаст чи мастона, дар баст ба бегона,

Чун маст, чу девона, он ҳури фитан имшаб.

Озодаву зебо буд, аз кишвари рӯъё буд,

То субҳ чи гӯё буд, он тӯтисухан имшаб.

Ғамро ҳама барҳам зад, дамро ҳама дарҳам зад,

Дилро ҳама марҳам зад, он норзақан имшаб.

Чун олиҳаи армон, сар то қадами Паймон,

Бинмуд фараҳманд он африштаи ман имшаб.

***

Чӣ табу чӣ тоб дорам?

Аламу азоб дорам.

Зи сиришки дида бар лаб,

Чӣ май? Оташоб дорам.

Фари суратам фиребост,

Ҷигари хароб дорам.

Набарам даме ба роҳат,

На шабу на хоб дорам...

Ба ҳама гудоз, Паймон

Зи сухан гулоб дорам.

***

Аз даҳр ба ҷуз хуни ҷигар ҳеҷ нахӯрдем,

Ҷуз хуни ҷигар чизи дигар ҳеҷ нахӯрдем.

З-он боғ, ки гӯянд канораш ҳама бор аст,

Мо бор начидему самар ҳеҷ нахӯрдем.

Аз базми шаҳаншоҳӣ набурдем пиёла,

Ғамбода ба ҷуз ҷоми басар ҳеҷ нахӯрдем.

Гаҳ Қайс ҳам аз шарбати дидор фараҳ дошт,

Мо ҷуз намаки ҳаҷр шакар ҳеҷ нахӯрдем.

Шуд кини Зулайхо сабаби иззати Юсуф,

Кишти ғазабаш чист, ки бар ҳеҷ нахӯрдем?!

Бурдем ниёз арчи ба зеру забар охир,

Ғайр аз алами зеру забар ҳеҷ нахӯрдем.

Паймон, ки тавонад барад аз мо дами ҷовид?

Ҷуз аз қадаҳи шеър агар ҳеҷ нахӯрдем.

***

Ба ҳар як субҳу шоми бахши мо шукрона бояд гуфт,

Ба ҳар рӯзу шаби доди Худо шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар бисмиллаҳу омин сазад алҳамди ҳақ, яъне

Ба ҳар як ибтидову интиҳо шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар фурсат, ки баҳри зиндагонӣ медиҳад фурсат,

Ба ҳар дам, к-он бувад пайки бақо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар гоҳе, ки қубҳу ҷурми моро мекунад татҳир,

Ба ҳар ҳине, ки ҳаст он ҳуснзо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар соат, ки аз он соати умр аст тӯлонӣ,

Ба ҳар вақте, ки бошад ҷонфизо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар як лаҳза, к-аз вай лаҳзаи хуш мешавад афзун,

Ба ҳар ҳангом, к-омад ғамзудо, шукрона бояд гуфт.

Ба ҳар оне, ки гардад модари они дигар, Паймон,

Ба ҳар аҳде, ки зояд аҳдҳо, шукрона бояд гуфт.

***

Чӣ кунам, ки рӯзгорам ҳама сӯ хароб аз туст,

Самари талошҳоям ҳама носавоб аз туст.

Зи чаҳор сӯйи дунё пайи об ҷӯям, аммо

Ҳама ҷо фиреби чашму ҳама ҷо сароб аз туст.

Дигар ин майи муғона набувад ҷуз аз фасона,

Ки гулоби косагул ҳам ба кафам шароб аз туст.

Сарам аз ту бенавозиш, танам аз ту дар гудозиш,

Дилам аз ту доғбанду ҷигарам кабоб аз туст.

Ба ҳазор ҷаҳду омил, ба ҳазор саъйи комил,

Бари ман ба дасти боду зари ман туроб аз туст.

Ҳама пурсише, ки дорам, ҳама хоҳише, ки орам,

Ҳама бенатиҷа аз ту, ҳама беҷавоб аз туст.

Ғазале, ки гуфт Паймон, гуҳаре, ки суфт аз ҷон,

Ба сарат на ҳусни девон, на фари китоб аз туст.

 

Рубоиёт

 

Онон, ки на дарданд, на дармон, чӣ касанд?

Не аз пайи коранд, на армон, чӣ касанд?

Не ҳиммату не ғайрату ҷуръат доранд,

Ин қавми фарогӯш ба фармон, чӣ касанд?

***

Морост зи давр доғҳо дар сина,

Дуди сияҳи чароғҳо дар сина.

Ку қумриву ку ҳазор? Манзил доранд, -

Як села калоғу зоғҳо дар сина.

***

Пинҳони маро намуда пайдо ишқ аст,

Аз қатраи ман фузуда дарё ишқ аст.

Аз ишқ тиҳӣ, тиҳӣ зи дарё будам,

Бар рӯйи дилам кушуда дунё ишқ аст.

***

Моро на висол, нози бисёр кушад,

Ҳиҷрону ғаму гудози бисёр кушад.

Уммеди дарозу дасти кӯтаҳ дорем,

Ин кӯтаҳу он дарози бисёр кушад.

***

Ай дӯст, дили азизи ёрон машикан,

Армон бишикан зиёду як ҷон машикан.

Дар базми тараб нишинӣ ё базми адаб,

Паймона шикан ҳазор, паймон машикан.

***

Ҳамсӯҳбати некам аз китобе пайдост,

Ҳамдарди ман аз ҷоми шаробе пайдост.

Завқи дигарон аз зару давлатёбист,

Шодии ман аз нуктаи нобе пайдост.

***

Суде набувад баъди гунаҳ оҳ кашем,

Фарёд зи дасти ақли кӯтоҳ кашем.

То гум назанем роҳи ҳақ мебояд,

Ёрон, ёрон, ба сӯйи Ҳақ роҳ кашем.

***

То лаъли ту инчунин сухандон омад,

Аз шоириям нанг дучандон омад.

Бастам даҳану хамӯш мондам, зеро

Ҳоле ба ман аз пистаи хандон омад.

***

Аз ину аз он ғиромӣ дидем зиёд,

Дурӯйиву дукаломӣ дидем зиёд.

Бар рағми ҳалолӣ, ки ҷуз ин натвонем,

Ёрон, ёрон, ҳаромӣ дидем зиёд.

***

Дар мавсими дай баҳорро ёд кунем,

Бо ёди баҳор сина обод кунем.

Аз ёд барем ин ҳамаро рӯзи баҳор,

Аз баъди баҳор боз фарёд кунем.

***

Тӯҳмат занад аз пешу қафо бар тоҷик,

Гаҳ ину гаҳ они бенаво бар тоҷик.

Сад шукр ба рағми ин тиҳимағзе чанд,

Дода хираду сабр Худо бар тоҷик.

***

То чанд миёни пухтагон хом шавем,

Ҷое, ки наво равост, ором шавем.

Бо ҳам дигарон раванду хушком шаванд,

То чанд ҷудо равему ноком шавем.

***

Дар баҳсу талоши мо замон мегузарад,

Чун рӯди равон умри равон мегузарад.

Бар кори замона доман афшону биё,

К-ингуна расидасту чунон мегузарад.

***

Ман аз ту баҳори ҷовидон хоҳам ёфт,

Бар ҳастии худ ному нишон хоҳам ёфт.

Аз ҳусни расои бахтафзот, ай гул,

Бо ишқи расо бахти ҷавон хоҳам ёфт.

***

Шаб то ба саҳар нам-нами борон омад,

Аз арши барин пайки баҳорон омад.

Дар синаи мо ғунчаи уммед шукуфт,

Аҳди сабаби висоли ёрон омад.

***

Мафтуни баҳор будаму хоҳам буд,

Дилбанди нигор будаму хоҳам буд.

Бар файзи баҳорону бар афсуни нигор,

Як умр хумор будаму хоҳам буд.

***

Бархезу биё, ки фурсати мост ҳанӯз,

Таъхир макун, ки навбати мост ҳанӯз.

Ин умр, ки ҷуз давлати фонӣ набувад,

Дар панҷаи мост, давлати мост ҳанӯз.

***

Чун одамиро фурсати як дам будан аст,

Он фурсати шоҳи тахти олам будан аст.

Дорад шараф ӯ зи ҷумла махлуқ, яқин

Одам ба ҷаҳон барои одам будан аст.

***

Моро на камон, на ҳалқаи дор кушад,

Не кину ҳасад, на ғадри ғаддор кушад.

Моро натавонад аҷал кушт, вале

Тафриқаи байни кору гуфтор кушад.

***

Андар сари шеъри тар лабам хушк мабод,

Таҳтони давотам тиҳӣ аз мушк мабод.

Дар танзи ману булбули нутқам, ай кош

Бадхоҳи маро лисони гунҷишк мабод!

***

Мо омадаем, шод бодо, гӯем,

Шодии ҷаҳон зиёд бодо, гӯем.

Ҳар хона, ки бар рӯйи азизон боз аст,

Даргоҳи пур аз мурод бодо, гӯем.

 

 

Дубайтиҳо

 

Муродам қайди ишқ аст, аз дубайтӣ,

Шикори сайди ишқ аст, аз дубайтӣ.

Замоне ҷуста Паймонро биёбанд,

Ки сайди қайди ишқ аст, аз дубайтӣ.

***

Ҳама паймоншикан паймонгаре не,

Ҳама дардофарин дармонгаре не.

Сари худ мебарам озурда охир,

Ки дар ин кӯ саре не, сарваре не.

***

Дар ин дунё, ки ду дар дорад, ай дӯст,

Чӣ қадре мансабу зар дорад, ай дӯст?!

Тиҳӣ бош аз балои нафс, к-ин чарх

Ба қонеъ чашми дигар дорад, ай дӯст.

***

Худовандо, дили садпораам ку?

Дар ин чархи барин истораам ку?

Вуҷуди ташнае чӣ? Дар раҳи дил

Ҳама чашмам, ҳама наззораам ку?!

***

Баҳори рафта боз ояд гули ман,

Ҳазори рафта боз ояд, гули ман.

Марав аз мо, марав аз маҳфили мо,

Хумори рафта боз ояд, гули ман.

***

Садо хезад зи ҳар ҷони Бухоро,

Ба лаҳни Оли Сомони Бухоро.

Аҷаб бошад, агар дигар пазиранд,

Гаронгӯшони девони Бухоро.

***

Маро пур ҳамзабон, ҳамдил яке не,

Басо ҳамҷому ҳаммаҳфил яке не.

Сарам саршори панду пандгӯ, лек

Ҳакиму ҳикмати қобил яке не.

***

Нигоро, давлати камҳои ман бош,

Шарики шодиву ғамҳои ман бош.

Дар он соат, ки бо олам насозам,

Ту сози сози оламҳои ман бош.

***

Баҳори рафта омад боз, ёрон,

Нигори рафта омад боз, ёрон.

Мабодо, косагулро коса холӣ,

Хумори рафта омад боз, ёрон.

***

Ҳанӯз авҷи баҳор аст, ай дил, ай дил,

Ҷавонӣ дар канор аст, ай дил, ай дил.

Ҳанӯз аз шохсори равзаи гул,

Ҳазоре нағмасор аст, ай дил, ай дил.

***

Чу бурдам нӯши роз аз ҷоми Наврӯз,

Навиштам номае бар номи Наврӯз.

Ба маънӣ буд илҳоми тари ман,

Яқин худ ҳадяву инъоми Наврӯз.

***

Маро ҳоли аҷаб ояд зи Наврӯз,

Тараб андар тараб ояд зи Наврӯз.

Ҳамонанди шакарнам дар лаби гул,

Сухан аз дил ба лаб ояд зи Наврӯз.

***

Чаман шуд гулфишон аз чеҳри Наврӯз,

Ватан шуд гулситон аз меҳри Наврӯз.

Ғалат гуфтам, ки кам гуфтам, азизон,

Ҳасан шуд ин ҷаҳон аз чеҳри Наврӯз.

***

Вуҷуди бастаи Наврӯз моем,

Дили вобастаи Наврӯз моем.

Ба мо ранҷе фузун аз ҳаҷри ӯ нест,

Ҳама пайвастаи Наврӯз моем.

***

Биё, бо ҳам ҷаҳони худ кушоем,

Ҷаҳони ҷовидони худ кушоем.

Алайҳи аршу фарши пиру ноҷӯр,

Замину осмони худ кушоем.

***

Лаби дарё лаби рози дили мо,

Шаби дарё шаби нози дили мо.

Бинозам мадду ҷазрашро, ки будаст,

Таби дарё таби сози дили мо.

***

Азизон, ҷойи баҳси мову ман нест,

Сухан аз ҳар даҳан дурри Адан нест.

На ҳар соҳибрақам соҳибкалом аст,

Ҳама соҳибқалам соҳибсухан нест.

***

Баду неки касон дидему рафтем,

Каму беши ҷаҳон дидему рафтем.

Замон гаҳ соз, гаҳ носози мо буд,

Ғаму шодии он дидему рафтем.

***

Азизи ман, баҳоронат муборак!

Баҳор андар тану ҷонат муборак!

Илоҳо, бо ту монад ин баҳорон

Абадуддаҳр, давронат, муборак!

 

Ғазали тозаи Паймон:

Давлати умрам, ҷавониям гузашт,

Аҳди хуби зиндагониям гузашт.


Фасли пойизи хазонрезам расид,

Фасли наврӯзи ҷаҳониям гузашт.


Рӯзгори даргузар омад ба дар,

Рӯзгори ҷовидониям гузашт.


Қаҳру кини хасми ҷонам беш шуд,

Лутфу меҳри ёри ҷониям гузашт.


Ишқи ирфониву боқиям фузуд,

Ишқи тӯфониву фониям гузашт.


Ай дили муштоқ, умрат бод беш,

Умри ҷони ормониям гузашт.


Сабз бош, ай ёри Паймон, сабз мон,

Гарчи, инак, сабзҷониям гузашт.


Аз тарҷумаҳо

(ғазал аз Навоӣ)

Чашмат чи бало сиёҳ бошад,

З-он ҳоли дилам табоҳ бошад.


Бинмуд ҳама давои ман дард,

Дардат, ки ҳамам рафоҳ бошад.


Дар ишқ фидои ӯст сад ҷон,

Ҳар ҷон, ки яқин сипоҳ бошад.


Бегона аз ошност, яъне,

Ёрест, ки ғайрхоҳ бошад.


То кард ҳавои рӯят, оре,

Рӯзи дили мо сиёҳ бошад.


Дарёфт бақо ҳар он ки фонист,

Бар фонӣ бақо паноҳ бошад.


То гуфт Навоӣ ояти ишқ,

Он зикри гадову шоҳ бошад.


(рубоиҳо аз Навоӣ)

 

Моро ту зи ҷон азизӣ, ай умри азиз,

Ҷон чист? Аз он азизӣ, ай умри азиз.

Аз ҳар чӣ варо зиёда медорам дӯст,

Чандону гарон азизӣ, ай умри азиз!

***

Гар ошиқӣ, аз зебу такаллуф бигузар,

Дар неку бад аз заъфу тахаллуф бигузар.

Бад омад агарчи, аз таассуф бигузар,

В-ар нек расид аз тасарруф бигузар.

***

Нутқ аст, ки бар мурда нишони ҷон аст,

Нутқ аст, ки бар ҷон хабар аз ҷонон аст.

Бо нутқ башар фаротар аз ҳайвон аст,

Медон гуҳаре нест, ки беҳ аз он аст.


2. Мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ:

 

Ба ҷойи табрик

 

БАР ҲИММАТИ СОҚӢ ШУКР МЕБОЯД ГУФТ

 

         Соқӣ ба маънии обдеҳ, майрез, шаробгардон аст, яъне касеро гӯянд, ки ба дигарон об ё шароб медиҳад. Аммо дар шеъри шоирони роҳафтода ба нудрат бо ин маънии омиёна меояд. Зеро фикру зикри аҳли нозукбаён ҳамеша даргири офаридани маъниҳои пӯшида, рамзомез, ташбеҳу истиорадор ва суханпардозиҳои сӯфиёнаи ширин аст, ки аз пайи ин гуна лутфу ҳусни баён дилдодаҳои шеър мухлис мешаванд. Ва дар ин гуна ашъор камтарин маънии оммафаҳми “соқӣ” агар аз як сӯ муршид ё пири комилро ифода кунад, аз ҷониби дигар, шояд ба истилоҳи “кӯзагар”-и ҳакими нишопурӣ наздик бошад, ки он эъҷозкунанда, офаранда, гардонандаи чархи гардуну рӯзгори инсонҳост. Азбаски “соқӣ” соҳиби чарху дунёи ҳастии мост ва имрӯз нашъаи рӯшноии ҳаётро бароямон арзонӣ доштааст, бояд мо низ шукргузор бошем ва ба қадри ин зиндагии дастдода бирасем, чунончӣ:

 

                   Ин чарх мудом дархури мо нарасад,

                   В-ин дам, ки зи мост, балки фардо нарасад.

                   Бар ҳиммати соқӣ шукр мебояд гуфт,

                   К-ин коса аз ӯ боз расад, ё нарасад?

 

         Вақте ки шоири роҳафтода килки сухан меронад, саъй мекунад ба хотири офаридани “меваи обдор” сеҳру эъҷозе дар гуфтаҳои худ дошта бошад ва дуруст нест хонанда саъю талош ва рӯҳияти ӯро нодида гирад ё дар фаҳму дарки маҳсули хомаи ӯ саҳлангорӣ намояд.  Дар идомаи гуфтаҳои боло, вожаи “ёр” низ истилоҳи оммафаҳм аст: мададкор, дӯст, ҳамдам, ҳамроҳ, маҳбуб, маъшуқ... Аммо ёри шоир ба маънии маъмулӣ кам меояд ва манзури сухангустар бештар ишора ба ёри тавоноест, ки кас метавонад ба он такя кунад, аз ӯ қувват гирад, дар паноҳи ӯ амон ёбад. Дарвоқеъ, инсон ҳанӯз аз замони арзи вуҷуд кардан ниёз ба чунин ёре доштааст ва ҳар гоҳ дар ҳолати аҷзу нотавонӣ ба он рӯй меовардааст ва номи олии ин ёрро Офаридгор, Яздон, Худованд... номидааст. Шоири роҳафтода дар ҳама ҳолат бо ин эътиқод устувор монда, саъй мекунад алоқамандони худро низ аз пайи худ барад:

 

                   Ҳарчанд, ки масту майгусорем мудом,

                   Шӯридаи ишқи гулузорем мудом.

                   Бо ин ҳама аз хаёлат озод наем,

                   Мо даст ба кору дил ба ёрем мудом.

 

         Он отифае, ки ҳар кас ва ба хусус, шоирро ба манзили мурод мерасонад, ишқ аст. Дар асл, ин отифа ду навъ аст: ишқи инсонӣ ва ишқи маънавӣ ё ба ибораи дигар, ишқи заминӣ ва ишқи илоҳӣ. Сараввал ишқ ба садоқат бастагӣ дорад, ончунон садоқате, ки асрори қалби худро бо дигаре дар миён гузошта тавонем. Бо ин манзур ба ҳарфҳои якдигар гӯш медиҳем, зеро ба гӯш додан ниёз дорем ва аз пайи он бо ҳам дарди дил мекунем. Ин таваҷҷӯҳ далел ба муҳаббати мост, ки бо мурури замон робитаи ишқӣ ва самимияти воқеиро ба бор меоварад. Ишқ чизе нест, ки онро биёбем ё ба даст оварем, балки он чизест, ки дар вуҷуди худ эҷод мекунем ва ба дигарон медиҳем. Дигаронро дӯст доштан ва садоқат варзидан дар мактаби ишқ арзиши зиёд дорад ва баръакс, касеро ранҷондан ё шикастани дили инсонҳо гуноҳест нобахшиданӣ. Ишқ нерӯи моддӣ нест, балки қувваи рӯҳиест, ки дилҳоро ба ҳам мепайвандад, зеро ҳар кас ба чунин эҳсоси шафқатӣ ва латиф ниёз дорад. Ин ҳама, ки боиси шинохтани худ ва расидан ба хостаҳои рӯҳиву ҷисмонӣ мегардад, камоли ишқи инсонӣ аст ва маҳз дар ҳамин замина роҳ ба сӯйи ишқи маънавӣ боз мешавад. Шоирони роҳафтода мисли одамони қаторӣ бо ишқи заминӣ қонеъ намешаванд, зеро тафаккури онҳо хостаҳои бештар дорад. Эшон бо дилпурӣ ба дунёи ишқи маънавӣ фурӯ мераванд, ба оламе, ки пур аз саховат, хайрхоҳӣ ва таҷаллии рӯҳи илоҳист. Аз ин хотир, шоир бо дилпурӣ мегӯяд:

 

                   Нафасам каломи ишқ аст,

                   Хирадам куноми ишқ аст.

                   Ғазалу таронаи ман

                   Асари қиёми ишқ аст...

                   Ғараз ар шаҳаст, Паймон,

                   Бахудо, ғуломи ишқ аст!

 

         Ин ҷо ошиқи Соқиву Ёри лоязол ба мо як зарра дарди дил кардаву худро ошкор сохт ва эътироф кард, ки ӯ Паймон аст. Ин шоири роҳафтода масири парвозҳои хаёлии худро, ки бо ишқи доманадор аз воқеият маншаъ гирифтааст, интихоб намуда, саъй дорад қадамҳои боустувор дар ҷодаи шаҳрҳои ишқ гузорад. Ӯ ин қотеиятро аз гузаштагон омӯхтааст ва ба гуфтаю машваратҳои аҳли каломи даври худ, мисли Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Мӯъмин Қаноат, Ҷонибеки Қувноқ гӯш дода, ба маврид хулоса баровардааст. Дар ҳақиқат, Паймон аз ин бузургон ёддошту хотираҳои нек дорад ва сӯҳбату ҳангомаҳои ширини онҳоро зуд-зуд ёдовар мешавад. Минҷумла, дар яке аз саҳифаҳои дафтари хотироташ овардааст:

         “... Ниҳоят, бо мушояати устод Лоиқ ба дафтари кори шоира Гулрухсор омадам. Мебоист маҷмӯи ашъорам баррасӣ ва таҳлил шуда, ба дасти чоп супурда шавад. Дар сурате, ки интизор набудам, шоираи зебочеҳра бо арзи латофати беҳамто маро бо камоли мамнуният истиқбол намуд...

         Шоира пас аз мутолиаи дастнависҳои банда каме пешонӣ чин карда ба сухан омад:

         – Шеърҳои хуб доред, банду басти рубоию дубайтиҳоятон қавӣ, вазну мантиқ риоят шудааст, вале чаро исматон ҳамхони сурудаҳоятон нест? Дар Самарқанд чунин номгузорӣ иқдоми тоза аст?

         – Не, бо амри тақдир чунин шуда, номам меросист. Вақте ки ба дунё омадаам, бобоям пештар даргузаштаанд ва падарам исми маро гузошта: Тӯхтамиш Тӯхтаев.

         – Бо ҳамин ном мехоҳед дар адабиёт ҷойгоҳ гиред?

         – Ғазалгунаҳое дорам бо тахаллуси “Паймон”.

         – Ин гапи дигар! Барои аҳли пайвандатон шумо Тӯхтамиш, барои мо – Паймон...”

         Оре, маҳз бо тахаллуси “Паймон” шоир роҳи сухангустарии худро дарёфт ва бо мурури замон дар байни ому хос шинохта шуд. Беш аз ҳама эҳсоси ошиқонаи ӯ буда, ки аз зодбуми бобоӣ ва манзараҳои дилфиребу табиати муаттари он нашъа бурдааст, ба дунёи бекарони дурдонаҳои назму насри тоҷик фурӯ рафтааст, аз дӯстону атрофиёни поку олиҳиммат ибрат андӯхтааст ва ашъоре дилписанд дар китобҳое, мисли “Санги навишта”, Шабоҳанг”, “Шабовез” гирдиҳам овардааст.

 

                   Ватанро ёфтам аз санги Синтоб,

                   Зи оби рӯди хушоҳанги Синтоб.

                   Ба рӯйи каф ҳамам гиранд, охир

                   Бимонам боз андар чанги Синтоб.

 

         Ин рӯҳият, ки гувоҳӣ аз ишқи бепоёни шоири роҳафтода ба ватани бобоӣ аст, дар саросари навиштаҳояш мушоҳида мешавад. Дар воқеъ, барои ӯ деҳаи хушманзари Синтаб (худи шоир зодгоҳашро ҳамеша “Синтоб” меномад, ба шарҳи ин ки “синд” ба маънии “болоомадагии замин дар пеши кӯҳ ё дара” аст ва вожаи “синтоб” дар асл “синд-об” буда, мафҳуми “теппагӣ ё баландии обдор дар бағал ё пеши кӯҳу дара”-ро дорад, - Ю.И.), боғу гузарҳо, дараю ағбаҳо, шаршару баландиҳои рӯҳафзойи Шикамтӯда, Чорхона, Бибихон, Талиси, Ҳисор, Регак, Сум, Шаҳидон, Таррор, Чордара, Кадван, Хункишт, Ҷавак, Гӯзбун, Обҷиҳ (Обҷаҳ), Зӯровак, Фозилмон ва ғайра манбаи илҳом будаанд.

 

Аз Обҷаҳ садои обшор мерасад,

                   Ба рӯҳу ҷон ҳавои чашмасор мерасад.

                   Мабош бехабар, ки зиндагӣ ба коми туст,

                   Баҳор мерасад, бубин, баҳор мерасад...

 

         Гузашта аз ин, Паймон ошиқи беқарори баҳор, шефта ва дилбохтаи Наврӯз аст. Бе муболиға, яке аз пурбортарин шоирони муосири тоҷик, ки вассофи баҳору Наврӯз бошад, Паймон аст. Ӯ аз ҷоми Наврӯз нӯши роз мебарад, сар ба пеши пойи шоҳи Наврӯз мениҳад, чун ҳабу маъҷуну мӯмиё ҳавои Наврӯзро дармонбахш мехонад, айёми Наврӯзро чун дами Исо ҷонбахш медонад, Наврӯзро чун соқие, ки шароби ишқ диҳад, васф мекунад, дар Наврӯз дарвешро ба тахти шоҳӣ менишонад, ҳини Наврӯз розҳои пинҳонро чун шабнами рӯйи гул мебинад, бо арӯси наврӯзӣ ба манзилу хонаҳо зебу рӯҳи тоза мебахшад, дар айёми Наврӯз андалебу бойчечаку сунбулро ба ишваю ноз мерасонад, бо дидани абрҳои наврӯзӣ айёми кӯдакиро ба ёд меоварад... Ин ишқи беохир буда, ки бо шунидани навиди тоза бо шӯру ҳаяҷон сурудааст:

 

                   Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!

                   Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

                   Ин суннати неки Ҷам, бар халқи ҳама олам,

                   Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!...

                   Соҳибсухано, имрӯз, андар сифати Наврӯз,

                   Паймон натавонӣ шуд, то бод чунин бодо!

 

         Оре, шоир дилбастаи баҳору Наврӯзи нозанин аст ва зебогии ин айёми фараҳбахшро бо ҳусну афсуни ёри худ ҳамсон мебинад. Бо ин дилбастагӣ гӯё шиоре ба миён меоварад ва бо қатъият мегӯяд:

 

                   Мафтуни баҳор будаму хоҳам буд,

                   Дилбанди нигор будаму хоҳам буд.

                  Бар файзи баҳорону бар афсуни нигор,

                   Як умр хумор будаму хоҳам буд!
  

         Аз сӯйи дигар, ишқи самимии шоир то ҷое доман афрошта, ки зуд-зуд аз он накҳати сурудаҳои пешиниён ба машоми ҳис мерасад, гӯё ӯ хаёлангезиҳои ширини гузаштагонро аз нав эҳё мекунад. Дар шеъру ғазалҳояш боди сабо ба нозанинон паёми меҳр мерасонад, олиҳаи армон ба ошиқи беқарор хумору фараҳ ато мекунад, бар замми пушткӯзаӣ ба дӯши дилфигоре ранҷи ҳаҷри ёр низ бор мешавад, дилдодае ба хотири васли ёр умре бо умед дар намоз мешинад,  бодаи ҷоми ошиқ маззаи току таъми гилу хоки ватан медиҳад, тири ҷаста аз камони абрӯ ҷони хастаро дарднок мекунад, ошиқи бодапараст сар то по дар оташи май мепазад, зи хурӯҷи бути шӯрида ҳуш аз сару сабр аз дилҳо меравад, ба карами ёр дилҳо ба низом омада маъниву калом мебаранд, аз пайи парвози мурғи илҳом дубора Рӯдакӣ бино мешавад, Фирдавсӣ тоҷи аҷамро ба сар мекунад, Саъдӣ дар маснади ганҷи ҳикмат қарор мегирад, Ҳофиз дардҷӯйи кулли ошиқон мегардад, Низомиву Румӣ, Камолу Ҷомӣ, Иқболу Айнӣ бо шаҳомати тоза дар дилу дидаҳо зинда мешаванд...

         Бешак, сухани шоир дилчаспу гуворо аст. Шоир касест, ки аз дили дигарон огоҳ буда, сифату хислатҳоеро мисли шодию нишот, ғаму андӯҳ, покиву ростӣ, касофату каҷӣ, саъю талош, танбалию коҳилӣ, умеду орзу, беғамию бемаслакӣ бо каломи шево ва муассир баён медорад. Ӯ фақат мегӯяду ба қалам медиҳад, аз он пас навиштаҳояш моли дигарон мешавад. Ҳоло ки шоири дӯстдоштаи мо барои шастумин бор роҳи солгарди ҳаётро тай карда, баҳори тозаи умри худро пешвоз мегирад, бамаврид аст ҳамроҳ бо орзумандии умри дарози пурфайз шукргузории ӯро барои худаш бозгӯ кунем:

 

 

                   Ба ҳар як субҳу шоми бахши мо шукрона бояд гуфт,

                   Ба ҳар рӯзу шаби доди Худо шукрона бояд гуфт...

                   Ба ҳар фурсат, ки баҳри зиндагонӣ медиҳад фурсат,

                   Ба ҳар дам, к-он бувад пайки бақо, шукрона бояд гуфт.


2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.