Шигифтангез

 

Оё медонед?

 

            Бузургтарин Қуръонро (китоби муқаддаси мусалмонон) дар Афғонистон баровардаанд. Хаттотон(каллиграфҳо) рӯйи он 5 сол кор кардаанд. 218 саҳифа дорад ва вазнаш 500 кг аст. Муқоваи китобро аз пӯсти 21 сар буз дуруст кардаанд.

 

          Соли 2003 бошад, дар намойишгоҳи Теҳрон Қуръони дигарро нишон доданд, ки аз пӯсти дарахтҳо сохта шудааст. Андозаи он 12 бар 2,4 м буда, 110 саҳифа дорад ва ғафсии ҳар варақаш 4,5 см мебошад. Бо ҳарфи насхи форсӣ навишта шудааст.

 

          Лекин вазининтарин Қуръонро (8 тонна) бо тилло ва сангҳои қиматбаҳо зиннат дода сохтаанд. Онро ба шайхи собиқи Аморати Муттаҳидаи Араб – Зайд бин Султон Ал-Наҳайян тақдим кардаанд. Андозааш 1,4 бар 1 м буда, 325 саҳифа(аз мис) дорад.

 

             Хурдтарин Қуръон бошад, аз қуттии гӯгирд кучактар аст. Баландиаш 2,6 см ва бараш 1,8 см ва ғафсиаш 1 см. 300 саҳифа дорад ва онро одами биноияш хуб бе мушкилӣ мехонад. Онро Талгат Қашиев – ҳоло шаҳрванди Қазоқистон аз бобоҳои худ ба мерос гирифтаст ва сад сол пеш дар Арабистон баромадаст.

          Лекин аз он пештар хурдтарин Қуръон, ки дар Ҳиндустон баромадаст, ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуда буд. Андозаи он: баландиаш – 3,5 см, бараш 1 см. 735 саҳифа дорад.

 

Баландтарин 5 сохтмони ҷаҳон(“Осмонхарошҳо”):

 

            1.Бурҷи Дубай ё Бурҷи Халифа(Burj Dubai) – 828 м, 163 ошёна, 2009, Дубай, Аморати Муттаҳидаи Араб.

            2.Тайбей-101(Taipei 101) – 571 м, 106 ошёна(101-то дар рӯйи замин ва 5-то дар зери замин), 2003, Тайбей, Тайван.

            3.Маркази умумиҷаҳонии молии Шанхай(Shanghai World Financial Center) – 494 м, 101 ошёна, 2007, Шанхай, Хитой.

            4.Бурҷи дугонаи Петронас(Petronas Twinstowers) – 451,9 м, 88 ошёна, 1998, Куала-Лумпур, Малайзия.

            5.Сирс-Тауэр(Sears Tower) – 443,2 м, 110 ошёна, 1973, Чикаго, ИМА.

 

Охирин ҳафт мӯъҷизаи ҷаҳон

 

          Аз рӯйи овоздиҳии ҳамагонӣ, ки 7.07.2007 дар шаҳри Лиссабони Португалия баргузор шуда буд, 7 мӯъҷизаи нави ҷаҳон эълон шудааст, ки ба онхо 100 млн. нафар овоз додаанд.

 

          1.Девори Бузурги Чин (Хитой).

          2.Муҷассамаи Исои наҷотбахш (Бразилия).

          3.Қалъаи Макту Пикту (Перу).

          4.Аҳроми Чичен Итза (Мексика).

          5.Қалъаи Ал-Бутра (Урдун).

          6.Коллезиуми Рум (Италия).

          7.Тоҷмаҳал (Ҳиндустон).

 

 

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.