Абдуназар

           


 АБДУНАЗАРИ НАБӢ

Абдуназари Набӣ 10 августи соли 1947 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд (ҳоло деҳаи Эҷ марбут ба ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ аст) ба дунё меояд. Падари ӯ Абдунабӣ Назаров омӯзгор, нахустин таъсисдиҳандаи мактаби миёнаи деҳаи Эҷ, муаллими хизматнишондодаи Ӯзбекистон буд ва то овони бознишастагӣ мудирияти мактабро ба ӯҳда дошт. Гузашта аз ин, ӯ калонтарин дӯкони  порчабофиро дар деҳа гардон мекард.  Модари Абдуназар – Иқбол Назарова ба ғайр аз кадбонуӣ гӯяндаи сурудҳои мардумӣ буд ва дар гилембофӣ дасти гул дошт. Бо вуҷуди маъзулӣ аз саводи хаттӣ, ба таъбире, “бесавод, аммо саводомӯзи сад омӯзгор” буд.

Абдуназари Набӣ дар соли 1962 мактаби ҳаштсолаи деҳаи Эҷро тамом карда, барои идомаи таҳсил ба мактаби даҳсолаи деҳаи Синтаб, ки он замон ягона мактаби таҳсили миёнаи пурра барои ёздаҳ деҳаи кӯҳпояи Нурато буд, меравад. Дар соли 1964, пас аз хатми мактаби миёна, алорағми орзуи бачагии худ, ки ҳуқуқшинос шудан мехост, бо хоҳиши падар шомили бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд мегардад. Ин даргоҳи олии таълимро дар соли 1969 хатм мекунад. Агарчи яке аз беҳтарин донишҷӯён буд ва ӯро барои кор дар донишгоҳ нигаҳ доштанӣ мешаванд, қабул намекунад ва бо ихлосу муҳаббати баланд ба аҳли зодгоҳ ба деҳа меояд ва фаъолияти кории худро ба ҳайси муаллими забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дар мактаби рақами 43 оғоз менамояд. Аз моҳи октябри соли 1969 то моҳи декабри соли 1970 дар шаҳри Лвови Укроин хизмати низомиро адо мекунад (он солҳо барои касоне, ки маълумоти олӣ доштанд, муддати хизмат яксола буд). Дар синни панҷоҳу панҷсолагӣ бознишаста мешавад.

Абдуназари Набӣ омӯзгор буд, вале фаъолияту мароми зиндагии ӯ паҳноеро густурдатар аз ин пеша фаро мегирад. Ӯ на фақат донандаи забону адабиёти ноби тоҷикӣ-форсӣ, балки як нафар торихшинос, мардумшинос ва ҳатто гиёҳшиносу боғдори шинохтае аст. Дар давоми омӯзгорӣ бо рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ робитаи ногусастанӣ дошт, пайваста мақолаҳои хонданибоби худро дар атрофи масъалаҳои ҳоди рӯзгору замон ба ҳукми хонандагон ҳавола мекард. Дар солҳои навадуми асри гузашта бо мақолаҳои пурмазмуни худ дар ду озмуни “Овози тоҷик”, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз эълон шуда буданд, ширкат варзида, ҷойҳои ифтихории якум ва дуюмро соҳиб шудааст. Ҳар гоҳ аз дуру дурдаст меҳмоне ба деҳа меояд, хоҳ пир бошаду хоҳ ҷавон, хоҳ бостоншинос бошаду хоҳ аз аҳли қалам, хурду калони деҳа ӯро мустақим ба манзили Абдуназар раҳсипор мекунанд ва дар ҷавоби ҳар гуна пурсише ибораи “Абдуназар медонад” роиҷ аст. Агар гӯем, дар офаридани китоби “Санг ҳам диле дорад” манбаи илҳоми донишманд Аҳрор Мухторов роҳнамойиҳо ва нақлҳои пурмӯҳтавои Абдуназари Набӣ буд, хато нахоҳем кард. Ба эҷодкорони шабакаи якуми оинаи нилгуни Ӯзбекистон низ, ки мебоист барои барномаи “Дар байни ду дарё”  маводе андар таърифи торихи Эҷ ва қалъаи Феҷак таҳия кунанд, маҳз Абдуназари Набӣ роҳнамо ва мусоҳиб шудааст.

Абдуназари Набӣ баробари бознишаста шудан бо дархости раҳбари ноҳия ба вазифаи раёсати маҳаллаи “Эҷ”, ки се деҳаро фаро мегирифт, таъйин мегардад. Ӯ бо таҷрибаи бойи зиндагӣ ва донишу заковати худ ин кори пурмасъулиятро бо сарбаландӣ адо намуд ва бештар сазовори эҳтироми мардум гардид.

Абдуназари Набӣ дар тӯли чанд сол ба озмунҳои ҷумҳурӣ, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик барпо мешуд, ҳамчун узви ҳайат доварӣ кардааст ва доимо яке аз иштирокдорони фаъоли ҷашнвораю гирдиҳамойиҳои адибону омӯзгорон буд. Чунончи, аз як анҷумани омӯзгорони мактабҳои тоҷикзабон, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, хотироти масарратбахш дорад. Ӯ ба баҳонаи он гирдиҳамойӣ бо олимони риштаҳои забону адабиёт, торих ва аҳли қалами Тоҷикистон, мисли Абдулғанӣ Мирзоев, Камол Айнӣ, Аҳрор Мухторов, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Адаш Истад сӯҳбатҳои дилнишин ороста, то ҳадде дар дили онҳо шавқи сафар ва дидани Ӯзбекистонро барангехтааст. Барои такмили доираи эҷод ва фарогирии навгониҳои илмию фарҳангӣ ба таври мунтазам бо чандин олиму равшанфикр, аз қабили Файзулло Музаффаров, Додо Нозилов, Аскаралӣ Раҷабов, Баҳром Шермуҳаммадов, Ҷумъабой Ҳамроев робита ва ҳамкориҳо дошту ҳоло ҳам идома медиҳад.

Донистани урфу одат, расму оини миллӣ, торихи бостонӣ ва эҷодиёти мардумӣ ҷону дили Абдуназари Набист. Ӯ дар ин бахш очерку мақолаҳои бешумор навиштааст. Дар соли 2010 аз тариқи нашриёти “Ӯзбекистон” чоп шудани китоби торихии мавсуф бо номи “Сарзамине дар доманакӯҳ” ҳадяи хубе буд барои аҳли деҳаи Эҷ ва ҳар касе, ки ба ториху фарҳанги мардумӣ алоқа дорад. Муаллиф дар ин китоб зодгоҳи худро бо алоқа ва бузургдошти беҳад дар симои сарзамине дида, роҷеъ ба ториху ҷуғрофиё, ҷойҳои бостонӣ ва гузарҳои деҳа, шаҷараҳои авлодӣ ва шуғли асосии маскунин дар тӯли сад соли ахир, расму одатҳои суннатӣ, олами ҷонварону наботот ва ғайра маълумоти дақиқу нодир додааст.

Бояд қайд намуд, ки Абдуназари Набӣ  китобро хеле дӯст медорад ва шефтаю ҳаводори рӯзномаю маҷаллаҳои тоҷикӣ аст. Ӯ дар хонаи худ китобхонаи бузурге дорад, ки ҳанӯз ҳеҷ кас теъдоди китоб ва рӯзномаю маҷаллаҳои онро намедонад. Ин ишқу алоқа ба забону адабиёт буда, ки Абдуназари Набӣ истеъдоди модарзодии худро  низ ба кор андохта, дар соҳаи назм қувва озмудааст. Вале бо фурутанӣ навиштаҳои худро тайи муддати тӯлонӣ ба дасти чоп намедод, дар сурате, ки овозхонони маҳаллӣ аз шеърҳояш пайваста истифода мекарданд ва дар ҷашнҳову арӯсиҳо пораҳои шеъриаш аз забони сухангӯҳо намеафтид. Дертар бо саъю иҳтимоми роқими ин сатрҳо ва назардиҳии шоир Абдулло Субҳон намунаҳое аз ашъори парокандаи ӯ гирдиҳам оварда мешавад ва дар соли 2010 тавассути шӯъбаи тоҷикии нашриёти “Ӯзбекистон” китобе таҳти унвони “Раҳоварди кӯҳистонӣ” ба табъ мерасад. Дар поин баргузидаи ашъори шоир аз ин дафтари шеър оварда шудааст.

Шеърҳои Абдуназари Набӣ моломоли ҳиссиётест, ки аз меҳру муҳаббат ва алоқаю бастагии шадид доштани ӯ ба ватан, ки он аз зодгоҳ оғоз меёбад, ба падару модар, ба инсонҳое, ки ҳушу зеҳни ӯро барангехтаанд, гувоҳӣ медиҳад. Ӯ ба диданиҳои давру бараш воқеъбинона назар мекунад ва ҳолат ё манзараи аёнро дар ҷомаи хоси бадеӣ ҷилва медиҳад. Дар ғазалҳояш бошад, ишқу ормони мавсуф бо орзуву умедвориҳо тавъам мешавад. Шоир пайваста ба дидани ёре руҷӯъ мекунад, ки орӣ аз дарду ранҷҳо, кӯтаҳдастию залилӣ, танҳоию яккагӣ ва хирагию нопидромиҳост. Ӯ чун шахси дунёву рӯзгордидае пандҳои ҳакимона медиҳад ва саъй мекунад некро аз бад, сафедро аз сиёҳ, дӯстро аз рақиб, меҳру саховатро аз разилию мумсикӣ ва ба ин минвол, ҳар гуна зебоиро аз гандагӣ ҷудо нишон диҳад.


            РАҲОВАРДИ КӮҲИСТОНӢ

            (Баргузидаи шеърҳо ва ғазалиёт)

            ТОШКАНД, “Ӯзбекистон”, 2010

 

            Таҳти назари

            Абдулло СУБҲОН,

            узви Иттиҳоди нависандагони Ўзбекистон, шоир.

 

            Муҳаррир: Юнуси ИМОМНАЗАР, нависанда.

 

        Дўст доштани зодбуми бобоӣ — сарзамине, ки инсон дар он

ба дунё омада бузург мешавад ва бурду бохти худро барандоз

мекунад, дар перомуни хислатҳои ҳамида ҷо мегирад. Маҳз дар

диёри аҷдодӣ ва дар байни одамони худӣ ба пояи камолот расидан

ва талхию шириниҳои ҳаётро чашидан беҳтарин лаззат ва

фароварди саъю ҳаракоти шахс аст. Ба хусус, дар каломи мавзун

гуфтани ин мазмун ҳамроҳ бо нозуктарин эҳсосоти инсонӣ аз

таваҷҷўҳи ҷиддӣ ба атрофу атрофиён дарак медиҳад. Китобе, ки

дар даст аст, хонандаро ба чунин олам раҳнамун

месозад.

 

        © ХЭТН «Ўзбекистон», 2010.

 

        ШЕЪРҲО

 

          ТОҶДОРАМ

 

 Тоҷдорам, кўҳ бошад манзилу маъвои ман,

Оби Мурғобак1 бинўшам, кўҳи Феҷак2 ҷойи ман.

Чашмаҳои пок бошанд аз дили покам нишон,

Қуллаҳо доранд ишорат бар сари болои ман.

Баҳри ман минбар чӣ лозим, минбарам кўҳи баланд,

Аз ҳамин минбар расад бар гўши олам ҳойи ман.

Чашмаи Феҷак чу ашк аз чашми кўҳ бошад равон,

Ашки ҳасрат рехта дар назди он момои ман.

Тоҷи тоҷик аз сараш садсолаҳо н–афтодааст,

Дар дифояш бохта ҷон бешумор обои ман.

Эй ки меҷўйӣ биҳишти аднро аз шаш ҷиҳат,

Бо нигоҳи ман, биё, бингар ба кўҳу сойи ман.

____________

1Мурғобак – номи чашмае дар зодгоҳи шоир;

2Феҷак – номи дараи хушбоду ҳаво.

 

          НУРАТО

 

Меҳмонони диёрам, марҳабо, хуш омадед,

Бар диёри тоҷикони Нурато, хуш омадед!

 

Дасти ваҳдат, меҳру ҳиммат бар шумоён пешкаш,

Чашмаҳои босафои кўҳсорон пешкаш.

Рўдҳои сабзгуну нағмаҳои мурғакон,

Меваҳои шаҳдбори боғу бўстон пешкаш.

 

Рўзгоре Нурато дар дасти нокас хор буд,

Ғарқи хун аз Чингизу Искандари хунхор буд.

Пои аъробӣ расид, озору ғам бисёр гашт,

Эй басе сарҳои саркаш зери чўби дор буд...

 

Кишвари хушманзари мардони майдон Нурато,

Мекунад ин сарзамин аз бостон нураш ато.

Меҳмон аз дар дарояд нури он гардад зиёд,

Нури Суғду нури Сомон асту он нури Худо.

 

Меҳмонони диёрам, марҳабо, хуш омадед,

Бар диёри тоҷикони Нурато, хуш омадед!

 

          ЗОДГОҲ

 

Зодаи кўҳпоя ҳастам, деҳаам Эҷи Калон1,

Деҳае бо пайкари сангину сар бар осмон.

Номи мавзеъҳои он аз бостон гўяд сухан,

Зинда дорад аҳли он то ҳол расми суғдиён.

Қалъаи Феҷак салобат дорад андар соҳаташ:

Пашкану Пирвешу Хадрўд, аз пайи он Гаргинон.

Маҳчаровут, Когаровут, Нахтабию Панзағор,

Қисса созанд аз замонҳои қадиму бостон.

Тепаи Лўлоку Доничак2 бигирад дар бағал,

Ҳар ки ояд бо дили нек аз ҳама сўйи ҷаҳон.

Аз Пишоху Пиргирўду Ғорикон3, аз ҳар дара,

Мевазад боди ҳаловатбахш бар ҷисму равон.

Чашмаҳои Сурху Мурғобак, Гулибоғ4 аз қадим,

Аз дили худ оби раҳмат дода бар пиру ҷавон.

Чанд гўйӣ, шоиро, дар васфи деҳи пурсахо,

Месазад иншо кунӣ дар васфи он як достон.

___________

1Эҷи Калон (Эҷ) – номи зодгоҳи шоир;

2Тепаи Лўлок (Тепилелок) ва Доничак – гузарҳо дар даромадгоҳи

деҳаи Эҷ аз ду ҷониби сойи васат;

3Пашкан, Пирвеш, Хадрўд, Гаргинон, Маҳчаровут, Когаровут,

Нахтабӣ, Панзағор, Пишох, Пиргирўд, Ғорикон – номи кўҳу

дараҳо дар гирду атрофи деҳаи Эҷ.

4Чашмаи Сурх (Чишмисурх), Мурғобак, Гулибоғ – номи

чашмаҳои сероб дар деҳаи Эҷ ва атрофи он.

 

          ПАДАР

 

Ба ёдам монда симои накўят,

Ба гўшам ҳарфҳоят, гуфтугўят.

Ба ту аз кўдакӣ дил баста будам,

Зи меҳрат чун ниҳоле раста будам.

Падарҷонам, падар – созандаи ман,

Ба фарзандони худ нозандаи ман.

Расад фасли хазон дил реш гардад,

Ғаму андўҳи олам беш гардад...

Дар ин фасл аз барам ногуфта рафтӣ,

Фиғони кўдакон нашнуфта рафтӣ.

Падарҷонам, падар – тоҷи сари ман,

Сутуни хонаву бому дари ман.

Дар олам нусхаи поки ту ҳастам,

Чу ту дил бар зари дунё набастам.

Чу ту безори шаб, ошиқ ба рўзам,

Чароғи хонадонатро фурўзам.

Кунам обод боғи орзўят,

Наорам доғ бар номи накўят.

 

          СУТУНИ ХОНА

 

Эй писар, сармояи умрат падар,

Раҳнамою чораҷўю чорагар.

Шаҳсутуну муттакои хонаат,

Зўри бозу, нури дида, тоҷи сар.

Носеҳу мушкилкушои зиндагӣ,

Дод аз хурдӣ ба ту илму ҳунар.

Доимо дар хидматаш омода бош,

Хидматаш дорад савоби бештар.

Рўй тобад омаду бахту барор,

Гар падар норозӣ бошад аз писар.

Суфта шуд дурри насиҳат аз ҳаёт,

Дурҳоро гир аз шеъри Назар.

 

          ЁДИ ПАДАР

 

Чашмам фитад бар кўю дар, ҳар гаҳ кунам ёди падар,

Хун мешавад ҷону ҷигар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.

Монам агар дар нимараҳ бе додрас, дар сина оҳ,

Дар чашми модар ашки тар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.

Ў буд марди покдин, некўсиришту некбин,

Дунёи дил гардад дигар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.

Аз ў ба мо ихлос монд, оби хирад мерос монд,

Бинам яке соҳибҳунар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.

Дар нимараҳ мондаш писар, аз зиндагонӣ бехабар,

Ў ҳам кунад ёди падар, ҳар гаҳ кунам ёди падар.

 

          ОРЗУИ ПИСАР

 

Эй падар, рўҳу равонат шод бод,

Манзили охир туро обод бод!

Оби раҳмат мегузашт аз даргаҳат,

Нағмаҳои Оби раҳмат ёд бод!

Бас навохтӣ кӯдаки бесарпаноҳ,

Ҳар ятим аз дасти фақр озод бод!

Қатъ кардӣ дасти бадандешу ҷаҳл,

Қасди бад ҳар рӯзу шаб барбод бод!

Ҷумла хешон бо ту доранд ифтихор,

Роҳи ту роҳи ҳама авлод бод!

Раҳбару сарвар будӣ, ай қиблагоҳ,

Аз чу ту раҳбар ҷаҳон обод бод!

Ин писар аз шўҳрати ту сарбаланд,

Рўҳи покат шод боду шод бод!

 

          МЕҲМОНИ ДАҲР

 

Дареғо, эй мусалмонон, зи олам рафтан осон аст,

Ҳама пиру ҷавони мо ба хони даҳр меҳмон аст.

Чу волидон ба пирӣ бигзаранд, он қадр мотам нест,

Вале доғи ҷавонмаргон чу зарби теша бар ҷон аст.

Чӣ бадбахт аст он модар, ки фарзандаш ҷавон мирад,

Саҳар то шом чашми ў ба мисли абри гирён аст.

Аҷал, бешак, расад рўзе, бигирад ҳар гиребоне,

Зи пои тобути марҳум гирифтан қарзи инсон аст.

Бимирам, аз қазо, ҳаргиз магирйед, эй азизонам,

Агарчӣ тоқати дарди ҷудоиҳо на осон аст.

 

          ЁДИ МОДАР

 

Офат расида бар танам, кай марҳаме пайдо кунам?

Монанди ў як ғамшарик, кай ҳамдаме пайдо кунам?

Гаштам ҷудо аз модарам, аз давлату тоҷи сарам,

Қоруни худро ин замон бошад даме пайдо кунам.

Дар дашти ҳиҷрон биниям, гумроҳу сарсон биниям,

Чун оби меҳраш рўҳбахш то Замзаме пайдо кунам.

Бигзашт рўзону шабон, бемодарӣ гардид аён,

Ку мисли ў ширинзабон, як одаме пайдо кунам?

 

          ШАВ, ЭЙ МОДАР, ЗИ МАН РОЗӢ

 

Агар ранҷондамат як он, шав, эй модар, зи ман розӣ,

Накардам сўҳбате аз ҷон, шав, эй модар, зи ман розӣ.

Ба дунё омадам урён, ҳама хандону ман гирён,

Кашидӣ ранҷи бепоён, шав, эй модар, зи ман розӣ.

Ту будӣ такягоҳи ман, ду дида сўи роҳи ман,

Агар кардам туро пазмон, шав, эй модар, зи ман розӣ.

Агар аз фарти нодонӣ задам бар санг пешонӣ,

Набишнидам туро чандон, шав, эй модар, зи ман розӣ.

Суханҳои ту марҳам шуд, Назар имрўз одам шуд,

Замоне будаам нодон, шав, эй модар, зи ман розӣ.

 

          САД ДАРЕҒ…

 

Лаҳзае, ки маҳрум аз дидори як ғамхор шуд,

Бар сари дўши дилаш ғамҳои дунё бор шуд,

Олами равшан ба чашмаш мисли шоми тор шуд,

Гўиё дарё буду соҳил варо абгор шуд,

Сад дареғ, умри азизам дар ҷавонӣ хор шуд.

 

Ҳар саҳар мехезаму аз дард нолон мешавам,

Аз хатоҳои ҷавониям пушаймон мешавам.

Дар суроғаш чун расам ҳар сў парешон мешавам,

Ҷуставу ноёфта сарсону ҳайрон мешавам,

Сад дареғ, умри азизам дар ҷавонӣ хор шуд.

 

Ёбам ўро бо раҳи дигар равонаш мекунам,

Дида бас нокомиҳоро комронаш мекунам,

Номабар не, номадору номахонаш мекунам,

Баччаи арзандаи давру замонаш мекунам,

Сад дареғ, умри азизам дар ҷавонӣ хор шуд.

 

          УМР ЗАНҶИР АСТ

 

Умри одам бигзарад монанди бод,

Лаҳзае будиву гўё нестӣ.

Дар ҳамин як лаҳза бояд донӣ ту,

Кистиву аз барои чистӣ.

Донӣ аҷдодат кӣ буданд, эй писар,

Чӣ забону чӣ ҷаҳоне доштанд.

Ғайри некӣ, урфу одатҳои хуб,

Чӣ барои мову ту бигзоштанд?

Пос дорӣ бояд ин расму русум,

То ба фардо аз ту монад ёдгор.

Умр агар занҷир бошад, ҳалқа ҳаст,

Ҳалқаро пайваст кун, ин аст кор!

 

          ПАНҶОҲИ УМР

 

Панҷоҳ сол аз умр рафт чун оби дарё ноаён,

Ним аср пушти сар бишуд дар як макон, дар ду замон.

Ҷисмам басе пўшок дид, пўшид поям бас калўш,

Бо дўст будам ҳамнафас, биншастаам бо душманон.

Дар тўйҳо хурсанду шод, нолон будам рўзи азо,

Гаҳ будаам мўҳтоҷу гаҳ кўмакрасони ину он.

Фарзандҳо оиладор, дорам набера шукри Ҳақ,

Давлат чӣ лозим, ин ҳама дороии ман дар ҷаҳон.

Панҷоҳ солат, эй Назар, чун оби дарё даргузашт,

Дар хоб будӣ хестӣ, рафтаст як марди ҷавон.

 

          ҲАМСИНФОН

 

Мо ҳама аз ҳар куҷо муштоқу пазмон омадем,

Аз барои дидани ҳам бар дабистон омадем.

Пайсипар шуд солҳо з–он рўзгори бебадал,

Баҳри дарс омўхтан аз устодон омадем.

Дод ҳар чӣ баҳри мо ин мактабу устод дод,

Мактабу устодро ҳамду санохон омадем.

Дур гашта аз бари модар чу тифлон ҳар куҷо,

Боз ин дам бар канори модари ҷон омадем.

 

          ДИДАҲО

 

Дидам ба чашми худ ҷаҳон,

Ҳам кўҳ, ҳам сои дамон.

Дашту биёбонҳои хушк,

Гулзору боғу бўстон.

Дидам дурушту ёвагў,

Бадхоҳу пасту кинаҷў.

Озор дидам з–ину он,

Аз носипосони дурў.

Олудаҳоро дидаам,

Полудаҳоро дидаам.

Дуздони чоқу1 осуда,

Н–осудаҳоро дидаам.

Дидам басе хушрўйҳо,

Хушқомату хушмўйҳо.

Мардони оқил дидаам,

Бо орият, хушхўйҳо.

Дидам якеро ҳеҷ буд,

Аз рашку кин дар печ буд.

Пурсанд: «Дидӣ дар куҷо?»

Гўям: «Ҳама дар Эҷ буд».

___________

1чоқ — фарбеҳ

 

          СЎГВОРӢ

(Дар ҳаққи дўсти шодравонам Рустами Файзии Моҷармӣ)

 

Сари қабрат нишастам зору ҳайрон,

Ба зарда нолаву фарёд кардам.

Ҷавонию Самарқанди куҳанро —

Беҳин давронамонро ёд кардам.

 

Ҷавонмардо, ту марди роҳ будӣ,

Зи неку аз бадӣ огоҳ будӣ.

Чароғи маърифат дар дил фурўзон,

Ба некони ҷаҳон ҳамроҳ будӣ.

 

Таҳамтан мисли ту майдон надида,

Зи бозуят рақибонат рамида.

Нагашта дар фарозу шеби дунё

Сари болои ту боре хамида.

 

Сару сарвар барои мо ту будӣ,

Аё марди ҷавонмарди кўҳистон.

Гирифтӣ дасти мўҳтоҷон ҳамеша,

Фидо ҷони ту буд аз баҳри дўстон.

 

Бародарҷон, ҳамин дирўзакак буд,

Ба Фарғона сафар кардем ҳамроҳ.

Ту будӣ маҳфилорои ягона,

Куҷо рафтӣ, вале, эй дўст, ногоҳ?

 

Ту рафтию дилам аз зиндагӣ монд,

Нишинам чун уқоби бе пару бол.

Биё, бар ман тавонамро бигардон,

Куҷо рафтӣ, куҷо, эй Рустами Зол?!

 

          ДИДАҲОИ ЯК ПАДАР

 

«Як падар аз даҳ писар осуда гашт,

Як падар аз як писар озурда гашт».

Чун падар бар даҳ писар гардид амин,

Чеҳрааш аз ҳар яке тобанда гашт.

Умри худро як падар зоеъ намуд,

Дар ахир аз як писар шарманда гашт.

Чун падар дар тарбият ғофил бимонд,

Аз бадиҳои писар шўрида гашт.

Даҳ писар дар даҳр шўҳрат ёфтанд,

Дар ҷаҳон номи падар поянда гашт.

 

          МЎЙСАФЕДӢ

 

Дар сарам мўе намонду рехт дандон аз даҳон,

Гўш кар шуд, чашм хира, тири қомат чун камон.

Рўй мисли қоқи шафтолуст аз ожангҳо,

Паст шуд овозаму лакнат бипечид дар забон.

Умр чун дарёи кўҳӣ пурталотум будааст,

Ту, магар, боре шунидӣ пас бигашт оби равон?

Шаст рафту ғайрати шасти ҷавониям намонд,

Бингарад аз акс танҳо сўи ман марде ҷавон.

Мўсафедӣ ҳам, вале, файзу камоле доштаст,

Шуд, Назар, аз умр розӣ, дар канори дўстон.

 

          ТАБРИК

 

Саидҷон, додарам, шастат муборак,

Чинори қомату бастат муборак!

Илоҳо, шасти нав гардад ба он зам,

Насозад ҳамла боре лашкари ғам.

Ба фарзандон сару сарвар бимонӣ,

Тамоми умр бо ҳамсар бимонӣ.

Туӣ устои моҳир дар маҳалла,

Аз ин пас риш бимону банд салла.

Агарчӣ дар мучал хук астӣ, маъзур,

На аз наздик монандӣ, на аз дур.

Ба синну соли худ з–ин пас бишав мос,

Бикаш даст аз маи нобу макаш нос.

Бихон оёту бо ёди Худо бош,

Яке аз бандаҳои порсо бош.

Намонӣ дер, ту, ҷаҳду ҷадал кун,

Ба панду гуфтаҳои мо амал кун

 

          ХАЛТАИ МУЛЛО

 

Рўзе касал шуд бобом —

Офтобаки лаби бом.

Набурдемаш ба духтур,

Овардем муллои зўр.

Мулло чилёсин карда,

Дудаста омин карда,

Гуфто: «Ду тагал кушед,

Якто бузи кал кушед.

Сар занед мурғи марҷон,

Ҳам як хурўси калон…»

Ду гўсфанди ҳисорӣ,

Якто бузи қаторӣ,

Хурўсу мурғи марҷон,

Қурбонӣ шуд дар як он.

Мулло нимаш бо мо хўрд,

Ними дигар бо худ бурд.

Гуфто: «Бобо хоҳад хест,

Ба ин шакку шубҳа нест».

Вале мулло хато кард,

Бобом он шаб қазо кард.

 

          ҒАЗАЛИЁТ

 

Аз ҳаҷри ту, эй ҷонон, мегиряму мегирям,

Чун абри дилаш вайрон, мегиряму мегирям.

Бошад, ки ба бар оӣ, чун шамсу қамар оӣ,

Шабҳо аз ҳама пинҳон, мегиряму мегирям.

Мастиву ҷавонӣ буд, қадри ту надонистам,

Аз карда пушаймонам, мегиряму мегирям.

Ҳар гоҳ туро бинам дар марзи хаёли хеш,

Хандон биравӣ, эй ҷон, мегиряму мегирям.

Чун ток будам тақдир новақт паям бибрид,

Ашкам бичакад, ҳайрон, мегиряму мегирям.

                              * * *

Дар ин дунё зи ту хушрўву зеботар намебинам,

Чу лабҳоят ба гирду пеш ақиқи тар намебинам.

Маҳи рухсораат равшан кунад шабҳои торамро,

Ки дилкаштар ба аршу фарш з–ин манзар намебинам.

Зи бўи ҷаъди мушкинат шудам сармаст, симинтан,

Ки масте мисли худ, ҳоло, ба баҳру бар намебинам.

Гирифторам, Назар, чанде ба доми ишқи он ҷонон,

Раҳи озодӣ аз домаш дар ин шашдар намебинам.

                              * * *

Ба умри кўтаҳи худ навбатеро интизор астем,

Зимистон бигзарад ҳар сол, муштоқи баҳор астем.

Ҳамеша, дар ҳама ҳолат, ду дунё пеши чашми мост,

Агарчӣ дастамон бо кор машғул, дил ба ёр астем.

Ба мисли ин замин пайваста мегардем гирди шед,

Шаб ояд субҳи содиқро ба сад дил интизор астем.

Наям аз он сабукборон, ба чашми кин мабин моро,

Раҳи дунё дароз асту чу мўрон зери бор астем.

Нагаштӣ, эй Назар, ғофил зи фикри ин ҷаҳон боре,

Чу ту мо ҳам ба фикри ин ҷаҳони нуқсдор астем.

                              * * *

Во дареғо, аз сари мо соябоне даргузашт,

Пири илму пири ҳикмат, меҳрубоне даргузашт.

Дар сарои илм буд ў чун сутуни бовиқор,

Гуфтаҳои бикр монду роздоне даргузашт.

Рафт ў, равшандилон бо оҳу шеван монданд,

Аз баланди боми ирфон нардбоне даргузашт.

Сеҳри ҳар тазвиру ҷоду пеши ў буд ошкор,

Аз раҳи дунёи мармуз сеҳрдоне даргузашт.

Мухлису шогирди ў буд, ин Назар, дар зиндагӣ,

Бо алам гўяд, ки як ибратнишоне даргузашт.

                              * * *

Ҷазбае пинҳон туро бошад дар он болову баст,

Як на ман, бисёрҳо мастанд з–он чашмони маст.

Он шабе, ки дар барам биншастӣ рўшан шуд дилам,

Гўиё аз осмон маҳ омаду дар бар нишаст.

Чанд гоҳе ташна будам дар биёбони фироқ,

Пеш омад ташнаеву ташнагии мо шикаст.

Ҷаннати рўи замин аз баҳри мо дидори туст,

Дасти лутфу меҳрубоният дари дўзах бубаст.

Шуд ғуломи подшоҳи мулки зебоён, Назар,

Ҷисму ҷонро аз барои ў фидо кардан кам аст.

                              * * *

Дар доми ту фитодаам сарсон макун маро,

Чун осмони тирамаҳ гирён макун маро.

Ҷоне даруни пайкару дар сина оташӣ,

Берун марав зи қолабу беҷон макун маро.

Бинмой рўй аз паси абри ниёзҳо,

Хуршеди чашми орзу, пазмон макун маро.

Аз кўчаи тараҳҳуму некӣ убур намо,

Некӣ агар намекунӣ, нолон макун маро.

                              * * *

Дар ин дунё гаҳе шоду гаҳе ғамнок мегардам,

Азизон зери хоку ман бурун аз хок мегардам.

Дили гул чок дар гулзор, дар саҳро дили лола,

На танҳо ман дар олам бо дили садчок мегардам.

Киям ман, ҳеҷ кас, як зарраи аз дидаҳо пинҳон,

Парешон дар замин гаҳ, гоҳ дар афлок мегардам.

Гаҳе бозу гаҳе бошад чунон пўшида ин дунё,

Рамузфаҳмам гаҳеву гоҳ беидрок мегардам.

Гунаҳкорам, бидонам, домани олудае дорам,

Вале рўзе расад з–олудагиҳо пок мегардам.

                               * * *

Дар ҷаҳони гузаро, гўй, чиҳо мемонад?

Кўҳу дарёи равон, арзу само мемонад.

Хобро тарк бигў, сўҳбати ёрон меҷўй,

Рўзу шаб мегузарад, сўҳбати мо мемонад.

Бош чун кўҳи гарон, боди сабукро бигузор,

Бигзарад бод, вале кўҳ ба ҷо мемонад.

Гуфтаанду дигарон, бори дигар мегўем:

Некӣ кун, некӣ фақат з–аҳли сахо мемонад.

Умр бошад нафасе қадри қарибон медон,

Бигзарад ҷумла, дар ин даҳр худо мемонад.

                               * * *

Дўстон, бар по шавед, он моҳи тобон омадаст,

Бар суроғи дардмандони шабистон омадаст.

Ташнагоне умрҳо дар интизори ў буданд,

Бар замини бегияҳ монанди борон омадаст.

Гўиё субҳе дамидасту зи хуршеди ҷаҳон,

Дастаи нуре зи дар бар кунҷи зиндон омадаст.

Пайкаре афсурдаву пажмурда рўҳе доштем,

Бар тани беҷони мо бо омадаш ҷон омадаст.

Эй Назар, мўи сари мо ранги хокистар гирифт,

Дар хазони зиндагӣ фасли гулафшон омадаст.

                              * * *

Фасли хазон расида, чун барги тар бигирям,

Бар ҳоли сабзаҳои хушкидасар бигирям.

Ҳар дам гузар намоям аз водии хамўшон,

Бар марги волидайнам бори дигар бигирям.

Бинам чу зиндаеро аз мурда мурдатар аст,

Чун модаре, ки гашта хуни ҷигар, бигирям.

Нодон ба қудрат ояд, доно ба зиллат афтад,

З-ин нобаробариҳо шому саҳар бигирям.

Гуфто Назар амон деҳ, ё раб, аз оташи ҷаҳл,

Сўзад ҳама баробар гар хушку тар, бигирям.

                              * * *

Бидидам оқилон озурда ҷони ман ба дард омад,

Миёнбишкастае дидам миёни ман ба дард омад.

Расид теғи ҷафо бар устухоне аз қазо дидам,

Ба ҷои устухонаш устухони ман ба дард омад.

Агар дардат аён бошад давояшро биёбӣ зуд,

Набудам чора, вақте ки ниҳони ман ба дард омад.

Бигуфтам бас зи гуфтанҳо нашуд каҷ рост, сад афсўс,

Зи гуфтанҳои беҳуда забони ман ба дард омад.

Назар, вақте ки аз шукрам шикоятҳоям афзун аст,

Бигуфто хомаам: «Бас кун, равони ман ба дард омад».

                              * * *

Интизорӣ мекашам, он нури чашмон барнагашт,

Шоҳбози гашта дур аз кўҳсорон, барнагашт.

Хира гашт аз роҳпоӣ чашмҳои равшанам,

Он чароғи хонадон аз ҷанги Гирмон барнагашт.

Бозувони оҳанину дошт қадде чун чанор,

Мунтазирам дар биёбон, соябонам барнагашт.

Рўбаҳоне ҳар замон даъвои шерӣ мекунанд,

Во дареғо, беша холӣ, шери майдон барнагашт.

Чун нанолад ҳамраҳи модар Назар, эй дўстон,

Бачаи гунҷишк не, фарзанди инсон барнагашт.

                              * * *

Омадам то оламе дар ин ҷаҳон барпо кунам,

Он худи гумгаштаро бори дигар пайдо кунам.

Қатрае ҳастам ҷудо аз баҳрҳои беканор,

Афтам аз домони худ рў ҷониби дарё кунам.

Дар ниҳонҳоям насими навбаҳоре хуфтааст,

Гар вазам субҳе даҳони ғунчаҳоро во кунам.

Хилқате халлоқ дорам панҷ ангуштам ҳунар,

Боғу майдоне бисозам, хонае барпо кунам.

Ман ба дунё омадам, то хешро комил кунам,

Чун Назар дар роҳи ҳақ хидмат ба инсонҳо кунам.

                              * * *

Надорам ҳамдаме то дарду ҳиҷронам ба ў гўям,

Шабу рўз ашки сўзон резаму рухсори худ шўям.

Дилам аз ҳасрату ғам лаббалаб гардидааст ин дам,

Замину осмон мўяд агар аз дарди ў мўям.

Сабо аз раҳгузори ў гузар, бўяш ба ман овар,

Ки то ором гирад дил, саҳар бўи туро бўям.

Насиб гар давлати васли ту гардад шод хоҳам шуд,

Саодатмандтар аз ту нахоҳад буд, парирўям.

                              * * *

Сарҳисоб аз даст рафт, аз хеш берун мондаам,

Хотирам болида буд, имрўз маҳзун мондаам.

Маншаи илҳом буду манбаи хурсандиҳо,

Дар канорам нест ҳоло, сина пурхун мондаам.

Мисли Маҷнун мебарорам нолаҳои ҷонгудоз,

Пушти сар шуд гулситон, дар дашту ҳомун мондаам.

Шаҳсутуни қасри бахтам буд дар кўи мурод,

Аз қазо берун шуду дар ҳоли ворун мондаам.

                              * * *

Умри одам бигзарад монанди дарёи равон,

Дар яке сангу даруни дигаре гавҳар ниҳон.

Дар давоми умри худ дидем некону бадон,

Рафтем аммо аз паси некону хубони ҷаҳон.

Хўрда-хўрда ин ҷаҳонро хурд гаштем, эй дареғ,

Ибтидо чун тир будем, ин замон мисли камон.

Хира тобад ин ҷаҳон айёми пирӣ дар назар,

Дурҳои охират бар чашм мегардад аён.

Он чӣ аз одам бимонад номи нек аст, эй Назар,

Мерасад рўзе, ки мо ҳам меравем аз ин ҷаҳон.

                              * * *

Гўиё то ҳол моро интизорӣ, модарам,

То биёсоем осоиш надорӣ, модарам.

Ҳар гаҳе аз дурҳо оям ба манзил бо сурур,

Ашкрезон рўи сина сар гузорӣ, модарам.

Меҳрубонӣ, синае бе гард дориву ғубор,

Чашмаҳои покҷони кўҳсорӣ, модарам.

Пешгоҳи хона биншонӣ, бипурсӣ ҳоли ман,

Ҳар чӣ дорӣ дар бисотат, мебарорӣ, модарам.

Бе падар кардӣ калон моро ба сад ранҷу азоб,

Хорӣ дидӣ то набинем рўи хорӣ, модарам.

                             * * *

Эй дилбари фархундапай, кай дил ба ҷонон мерасад?

«То ту ба қадрам мерасӣ, умрам ба поён мерасад».

Бигзашт умрам ноаён, эй шоҳи хубони ҷаҳон,

Бар дардманди нотавон кай рўзи дармон мерасад?

Чашми сарам камнур шуд, чун чашми Яъқуб кўр шуд,

Кай Юсуфи гумгашта, гў, аз нав ба Канъон мерасад?

Бошад ҳама ёдам ба ту, уммеди имдодам зи ту,

Дар шоми зулмат мондаам, кай субҳи хандон мерасад?

Хурду калон бикшода дар, аҳвол пурсанд аз Назар,

Гўяд, ки ў хезам зи ҷо, рўзе, ки ҷонон мерасад?

                              * * *

Ҳоли зори мустаманд, эй ёри ҷон, аз мо мапурс,

Корҳои олами дар худ ниҳон аз мо мапурс.

Аҷзи мо бошад ниҳон дар назди он нақшофарин,

Пурс аз ў ту ҳар аёну ноаён, аз мо мапурс.

Боз як кабки дарӣ афтод аз Санги Калон,

Лавҳаи тақдирро хоҳӣ бихон, аз мо мапурс.

Дар шаби торик моро яъс бошад ҳамнафас,

Манзили хуршедро, эй ҳамзамон, аз мо мапурс.

Қалби пурмеҳри Назар дорад чаро садҳо алам?

Пурс инро аз худаш, эй нуктадон, аз мо мапурс.


                                                                     


2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.