Абдулло Субҳон


Абдулло Субҳон ({порсӣ: عبدالله سبحان}; 2 марти 1955, ноҳияи Сайҳунобод, вилояти Сирдарё, Ӯзбекистон) — шоир, омӯзгор, рӯзноманигор, мутарҷим. Мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи «Овози тоҷик» — нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон (аз соли 1994). Иштирокдори нахустин Ҳамоиши байналмилалии шеъри муосири форсӣ дар Эрон (2005), соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010), барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон (2015).


МУНДАРИҶА


1. Зиндагинома ва фаъолиятҳои шоир:

*  Зиндагинома

*  Фаъолияти корӣ

*  Фаъолияти эҷодӣ

*  Дафтарҳои шеър

*  Сарчашмаҳои адабӣ

* Намунаҳо аз ашъор

2. Мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ:

* “Мо дарунро бингарему ҳолро”


Зиндагинома

Абдулло Субҳон 2 марти соли 1955 дар дар хоҷагии ҷамоавии «Ғалаба»-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба дунё меояд. Деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато (вилояти Навоии Ӯзбекистон), ки дар ашъораш аз он бисёр ёд кардааст, зодгоҳи падару бобоии ӯст. Падару модараш бобои Амонуллоҳ ва момои Таскина инсонҳои одии зиндагидӯст будаанд, ки бо касбу кори хоксоронаи деҳқонӣ фарзандони худро неку хуб ба камол расондаанд.  

Абдулло Субҳон мактаби миёнаи рақами 2 ба номи Садриддин Айниро соли 1972 дар зодгоҳи худ хатм мекунад. Сипас ба муддати чаҳор сол дар факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд илм меомӯзад.

Ҳоло шоир бо хонаводааш дар шаҳри Тошканд иқомат дорад. Дар зиндагии муштарак бо ҳамсари худ – Қурбонгул се писару як духтарро (Ҳаким, Карим, Паймон ва Таҳмина) тарбият дода бузург кардаанд, ки онҳо имрӯз бо фарзандонашон меҳрубону ғамхори падару модар ҳастанд.

Фаъолияти корӣ

Абдулло Субҳон пас аз хатми донишгоҳ чанд сол дар мактаби миёнаи рақами 9 хоҷагии ҷамоавии Карл Маркси (ҳоло ба номи Қодирқул Султонов) ноҳияи Сайҳунобод аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Азбаски ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ маъолаю шеърҳои ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба табъ мерасиданд, маҳорати хоманигориашро ба инобат гирифта, дар соли 1989 маъмурияти рӯзномаи «Овози тоҷик» ӯро ба кор даъват мекунад. Шоир то ба имрӯз дар ҳамин идора ба ҳайси мудири бахши адабиёт ва ҳунар машғул аст.  

Фаъолияти эҷодӣ

Дӯстдорони каломи ноби порсӣ, шоирон ва аҳли адаб хуб медонанд, ки дар байни форсисароёни Ӯзбекистон Абдулло Субҳон мақоми босазо дорад. Ӯ бар замми тааҳҳудоти худ ва навиштани шеър бори устодӣ бар эҷодкорони ҷавонро низ мекашад. Аз чашмаи устодии ӯ чандин шоиру адиби ҷавон об хӯрдаанд.  Суханаш ҷаззоб, рангин, пур аз тамсил ва тозапардозӣ, ошиқона ва то ҷое орифона аст.

Ҳоло шеъри тоҷикӣ ҳам дар шаклҳои суннатӣ ва ҳам бо усули нав (мисли «шеъри сафед») гуфта мешавад. Агарчи Абдулло Субҳон шефтаи шакли ҷадиди шеърофаринӣ аст, ӯ дар қолабҳои қадима, аз қабили дубайтӣ, рубоӣ ва ғазал низ ҳадафи худро ба курсӣ нишондааст. Аз навиштаҳояш пайдост, ки ҳеҷ гуна шакли шеърӣ дар баёни фикру андешаҳояш банд намеандозад. Шоир на танҳо аз ин ё он шакли шеърӣ парҳез намекунад, ҳатто саъйаш бар он аст, ки ба ҳар шакле бо шеваи тозатар сухан гӯяд.  Ҳини мутолиаи дафтарҳои шеърии ӯ  дар назари аввал барои хонанда чунин менамояд, ки эҷодкор мехоҳад ҳар падидаи атроф, ба хусус, зуҳуроти табиатро бо тамоми вижагиҳояш, бо он ҳама шаклу таровате, ки дорад, тасвир намояд, аммо ин тавр нест. Хонандаи закӣ ва борикбин бо як баррасии ҷиддӣ ва бо назари амиқтар метавонад дарёбад, ки манзури шоир баёну маълум сохтани  зуҳуроти ба чашм бархӯрда нест, балки бо ин васила мехоҳад розҳои зиндагӣ, дарду талошҳои одамон, ҳиссиёт ва орзуҳои ҳамешагии бани башар, ниёишҳои ниҳонии қалбҳои хасташуда, эҳсосоти шӯрангез ва дар айни ҳол пинҳони аҳли дардмандро ифшо намояд.

Адабиётшинос Султонмурод Олим дар мақолаи илмӣ-интиқодии худ «Дунёи дили шоир» («Овози тоҷик», 02.03.2005) аз ҷумла овардааст: «Дар шеърҳояш колорити миллӣ ҳаст, дилаш аз ишқи ватан ҷӯш мезанад. Мисол, дар бораи абрӯ то имрӯз бисёр шоирон навиштаанд, шояд дар Ғарб низ чунин бошад. Вале дар шеъри «Бо абрӯ имоям кунӣ» шоир аввал абрӯи моҳи нави болои масҷидро ба забон меоварад, сипас ба маъшуқа арз мекунад, ки «бар боми масҷиди сухан ман моҳи абрӯят задам»... Шоир дар ин ҷо орзуеро баён мекунад, ки ба хаёли ҳеҷ кас намеояд:

Бар гӯри муслим мезананд абрӯи маҳро баъди марг,

Абрӯи ту оро диҳад хоҳам сари гӯри маро.

Шабҳо тамошояш кунам, бо абрӯ имояш кунам,

Бо абрӯ имоям кунӣ, шояд ки бархезам зи ҷо...

Ин гуна сатрҳоро касе рӯйи коғаз рехта метавонад, ки аз сеҳри сухани шоирони классик огоҳ бошад».

Абдулло Субҳон, гузашта аз шоирӣ, ҳамчун рӯзноманигори серпаҳлӯ фаъолияти пурсамар дорад. Дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мақолаҳои бешумор навиштааст. Осори назмӣ ва насрии эҷодкорони ӯзбек ва тоҷикро ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума мекунад.

Дафтарҳои шеър

Ба ғайр аз ашъори парокандае, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳои мухталиф ба табъ расидаанд, маҳсули хоманигории шоир Абдулло Субҳон тавассути китобҳои  “Мушки субҳ” (Душанбе, “Адиб”, 1988), “Нидои сарбадор” (бо алифбои форсӣ: Тошканд, “Ҳоҷӣ Сотимхон”, 1992), “Уфуқи пиндор” (Тошканд, “Меҳнат”, 2000), “Гарди анҷум” (Тошканд, “Ӯзбекистон”, 2007) ва “Марзи хуршед” (Тошканд, “Turon zamin ziyo”, 2015) ба дасти хонандагон расидааст.

Сарчашмаҳои адабӣ

Осори Абдулло Субҳон дар кишварҳои хориҷа, ба вижа, чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташиршуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст. Аз ин ҷумла, китобу маҷмӯаҳои зерин буда метавонанд:

* «Боғи бисёрдарахт» (гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Теҳрон, 2004)

* «Аз Самарқанди чу қанд» (Гузидаи шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон. Теҳрон, 2005)

* «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон. Қарни бистум то кунун» (Теҳрон, 2005)

* «Форсисароёни Ӯзбекистон» (Теҳрон, 2010)

 

Намунаҳо аз ашъори Абдулло Субҳон

 

Бо абрӯ имоям кунӣ...

 

Моҳи фалак абрӯйи туст, абрӯйи ту моҳи фалак,

Абрӯйи маҳ дар рӯйи арш, абрӯйи ту дар рӯйи моҳ.

Рӯшан дили шом аз маҳу з-абрӯйи ту шоми дилам,

Шоми дилам рӯшантар аст аз хуфтани абрӯйи ту.

 

Ғам нест нанмояд ба чашм абрӯйи моҳи нав, вале

Бе дидани абрӯйи ту андӯҳ бар мо чира аст.

Гӯсфанди чашмам хӯ гирифт бар сабзазори абрӯят,

Рӯзе начаррад сабзае дунё ба чашмаш тира аст.

 

Гар усма молад, воаҷаб, бенур гардад моҳи арш,

Бар абрӯ молӣ усма ту ҳуснат дучандон мешавад.

Бар моҳи абрӯ усма каш, бар моҳи абрӯ усма каш,

Аз оби сабзи усмаат дунё гулистон мешавад.

 

Абрӯйи маҳро дидӣ гар болои боми масҷиде,

Ҷоно, мабар асло ҳасад, ҷоно, мабар асло ҳасад.

Бар боми масҷиди сухан ман моҳи абрӯят задам,

Дар манзилат абрӯйи маҳ то моҳи қошат кай расад?...

 

Бар гӯри муслим мезананд абрӯйи маҳро баъди марг,

Абрӯйи ту оро диҳад хоҳам сари гӯри маро.

Шабҳо тамошояш кунам, бо абрӯ имояш кунам,

Бо абрӯ имоям кунӣ, шояд ки бархезам зи ҷо.

 

Қалъаи хароб

 

Шарм медорам,

Метарошем акси ҳамро аз тани девор,

Насли Сомонӣ, табори Рӯдакӣ ҳастему ноҷӯрем,

Гургу гӯсфандем дар печу хами дунёи ноҳамвор.

Рахнаҳо дорад ҳисори ваҳдати мо аз ҳама ҷониб,

Сайргоҳи чорпою бодҳои тунди саҳроҳост ин манзил,

Фасли сармояш дарозасту баҳораш кӯтаҳу ғамбор.

З-ин сабаб бар зинаҳои иртиқо поро намемонем,

Чашми дунё шавкати моро намебинад,

Давр мегардем даври нуқтае бесуд чун паргор.

Рӯбаҳони ҳиллагар моро алайҳи якдигар шӯранд,

Ноаён коранд уруқи кина дар марзи дилу эҳсос,

Рӯбаҳонро пӯст кандан кори шеронест хушпайкор.

Қалъаи вайрони ваҳдатро кунад тармим танҳо ишқ,

Эҳтироми якдигар моро барад то манзили уммед.

Дар дили мо донаи ишқу муҳаббат кор, ё Ҷаббор ё Қаҳҳор!

 

Наврӯзӣ

 

Пуштаҳоро сабз бинам,

Сабз бинам нахлҳоро.

Чашмасорон сабзгунанд,

Сабзгунанд орзуҳо.

 

Нағмаҳои сабз хезанд,

Аз дили най, аз дили тор,

Нағмаҳоро мебарад бод,

То ба гӯши булбулу сор.

 

Ҳафт сину ҳафт шин аст,

Рӯйи хони сабзи мардум.

Дар табақҳо мезанад неш,

Майсаҳои сабзи гандум.

 

Абрӯвони бонувон сабз,

Гесувони духтарон сабз.

Сабзгун аст оташи дег,

Ормони модарон сабз.

 

Ришта-ришта борад аз чарх,

Риштаҳои сабзи борон.

Бофад аз он дасти хуршед,

Қолиҳои сабз пинҳон.

 

Боз омад, боз Наврӯз,

Рӯзатон хуш бод, мардум.

Ҷайбатон пур-пури зар бод,

Хонатон пур-пури гандум.

 

Меҳмон

(Суруд)

 

Меҳмони ман, меҳмони ман,

Нури дилу чашмони ман,

Гулҳои дастархони ман,

Хуш омадӣ, хуш омадӣ.

 

Як лаҳза меҳмон омадӣ,

Бо лутфи Яздон омадӣ,

Дар пайкарам ҷон омадӣ,

Хуш омадӣ, хуш омадӣ.

 

Манзилгаҳам вайрона буд,

Аз мақдамат кошона шуд,

Шойистаи садҳо суҷуд,

Хуш омадӣ, хуш омадӣ.

 

Худ ин замин бошад чу хон,

Меҳмон ҳама дар гирди он,

Дар гӯшаи хони ҷаҳон,

Хуш омадӣ, хуш омадӣ.

 

Дар домани кӯҳи хоб

 

Танҳо мерафтам,

Сӯзани офтоб ба сару рӯям мехалид.

Хоки дашт пойи урёнамро месӯхт.

Дилам об мехост, набуд.

Ногаҳ дар канори роҳ море пайдо шуд,

Чашмҳои сурх дошт.

Пойҳоям истоданд,

Мор тобе хӯрду пеш хазид.

Давидам...

Мор дунболам медавид...

Омад аз ғайб садое: “Нагурез!”

Фосила кам монда буд:

Се ваҷаб, як ваҷаб, ду ваҷаб...

Гуфтам: “Алъон мегазад”.

Нарасид...

Хок пойи урёнамро месӯхт,

Вуҷудам об мехост, набуд.

Ногоҳ кӯҳу чашмае пайдо шуд

Ва боғе дар домани кӯҳ.

Боғ себу гандум,

гулу булбул,

обҳои шаффоф

ва ҳавое атрогин дошт...

Гуфтам:

“Худоё, ин магар нест ҳамон Боғ, ки дӯш

Падарам бар ивази донаи гандум бифурӯхт?”

Модарамро дидам:

Дар сояи коҷе намоз мегузорид,

Падарам канортар аз ӯ Қуръон мехонд.

 

Ғазалҳо

 

Шоҳбози фикрро болу паре даркор нест,

Дил ба хониш ояд ар хунёгаре даркор нест.

Душмани хона диловартар зи хасми берунист,

Ӯ ба по хезад, ҳуҷуми лашкаре даркор нест.

Болину бистар барои хомфарбеҳон бувад,

Баҳри хоби роҳати мо бистаре даркор нест.

Марг ояд, давлати дунё намеояд ба кор,

Дар биёбон ташнаро симу заре даркор нест.

Мерасанд аҳли вафо то манзили уммед зуд,

Ҳамҷиҳат, ҳаммаслаконро раҳбаре даркор нест.

Ҳар қадар пинҳон намойӣ, бӯяшон ифшо кунад,

Мушку анбарро ягон ифшогаре даркор нест.

Борҳо санҷидаам дар умри кӯтоҳи сарам,

Шеър агар аз дил барояд минбаре даркор нест.

 

***

Як диле дар ин ҷаҳон пур аз ҳавас бошад маро,

Меравам дунболи дил то як нафас бошад маро.

Мурғи фикрам мепарад то аршҳои дури дур,

Гарчи ҷисми нотавон андар қафас бошад маро.

Бори худро бурдаам як умр бар дӯши худам,

Як сиришти саркашу бемултамас бошад маро.

Дӯстони беғараз нодӯстонам будаанд,

Ағбаҳову вартаҳо дар пешу пас бошад маро.

Офарид аввал Худо, пас волидайнам халқ кард,

Баъди Ҳақ аз ҷон азиз умре ду кас бошад маро.

Ман нахоҳам давлати дунё, ки бошад бебақо,

Гӯшаеву махзани ашъор бас бошад маро.

 

Дубайтиҳо

 

Баҳор омад, баҳоре нест моро,

Паёми баргу боре нест моро.

Шарики майгусор аз буда беш аст,

Шарики ғамгусоре нест моро.

***

Гаҳ оташ, гоҳ дудӣ, ай дил, ай дил,

Наво гоҳе, гаҳ удӣ, ай дил, ай дил,

Наӣ аз қатра беш, овезӣ бо баҳр,

Чӣ узве дар вуҷудӣ, ай дил, ай дил.

***

Яке айвон, яке ҳайвон фурӯшад,

Яке дар раста обу нон фурӯшад.

Дар ин дунё, ки бозор аст, гоҳо

Бидидам тӯдае имон фурӯшад.

***

Зи хоки бостони форсиям,

Давоми рафтагони форсиям.

Чароғаш то намирад, ҷовидона

Нигаҳбони забони форсиям.

***

Агар тоҷик дасти ҳам бигирад,

Зи домони хирад маҳкам бигирад.

Шукӯҳу шӯҳрату овозаи ӯ,

Як олам чист, сад олам бигирад.

***

Ватан, – мегуфт бобоям, – дигар аст,

Ҳамеша Синтабам пеши назар аст.

Ба чашми туст шояд тӯдасанге,

Маро ҳар реза санги он гуҳар аст.

***

Ману мурғи чаман як нола дорем,

Ту гӯйӣ дарди чандинсола дорем.

Ба зоҳир сабзтар аз шохи гул, лек

Диле хунрезтар аз лола дорем.

***

Маро он ҳамнафас хуни ҷигар кард,

Ки созаш савту оҳанги дигар кард.

Ман аз ғамҳои миллат лаб кушодам,

Вай аз нархи наво ҳангома сар кард.

***

Баҳор асту ба ёд ояд ҷавонӣ,

Рухи монанди гулҳо арғувонӣ.

Равад, аз нав баҳор ояд, валекин

Чаро н-ояд баҳори зиндагонӣ?

***

Яке рӯбаҳмизоҷ омад, яке шер,

Яке барвақт зоду дигаре дер.

Дариданду фурӯ бурданду хӯрданд...

Нашуд аз моли дунё ҳеҷ кас сер.

***

Ба мисли суратат хуш манзаре нест,

Чу қалбат боз, модарҷон, даре нест.

Чӣ бисёранд модарҳо дар олам,

Вале мушфиқтар аз ту модаре нест.

***

Сарою “Мерседес”-у “Ҷип” надорам,

Падар ганҷе намонда ёдгорам.

Вале шодам, ки аз кони дили хеш,

Гаҳе зар, гоҳ алмосе барорам.

***

Равӣ ҳар ҷо забонатро нигаҳ дор,

Замину осмонатро нигаҳ дор.

Забони сурх хӯрда бас сари сабз,

Сари сабзу ҷавонатро нигаҳ дор.

 

Рубоиёт

 

Ку маҳрами роз, шишае боз кунем,

Рагҳои ҳазини дил нахи соз кунем.

Сар монда ба сар мисоли мастон то субҳ,

Аз дард суруди тоза оғоз кунем.

***

Бозорӣ занону хонагӣ мардонанд,

Озорӣ занону шавҳарон нолонанд.

Омад, магарам, замони модаршоҳӣ,

Мардон ба занон, занон ба мардон монанд.

***

Мо чун дигарон фикри дурӯйӣ накунем,

Пӯшида уюбу айбҷӯйӣ накунем.

Бар он, ки ба ҷони мо ситамҳо кардаст,

То ҳастему ҳаст ҷуз накӯйӣ накунем.

***

Одам ба ҷаҳон омадаву пас наравад,

Бо хас нишинад, валек чун хас наравад.

Аз гулшани зиндагӣ, ки хораш кам нест,

Ночида гули мурод як кас наравад.

***

Ин шом зани ҳомиларо мемонад,

Нармак-нармак қадам ба раҳ мемонад.

То рӯз шавад чӣ зояд ӯ: ғам ё завқ?

Инро на ману на ту, Худо медонад.

***

Ҳастем, ки шодиву ғами олам ҳаст,

Пиндор наӣ, на шодиву на ғам ҳаст.

Пас шод бирав, шод нишин, шод бихез,

К-ин умр барои мову ту як дам аст. 


2. Мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ:


МО ДАРУНРО БИНГАРЕМУ ҲОЛРО

(Таҳти рукни «Нақди адабӣ») 

   

Гаҳ оташ, гоҳ дудӣ, ай дил, ай дил,    

Наво гоҳе, гаҳ удӣ, ай дил, ай дил.    

Наӣ аз қатра беш, овезӣ бо баҳр,    

Чӣ узве дар вуҷудӣ, ай дил, ай дил?

 

 Муаллифи ин сатрҳои дилангез яке аз шоирони намоёни тоҷикигӯйи Ӯзбекистон Абдулло Субҳон аст, ки дар адабиёти муосири ҳавза мақоми хоссае дорад.  Абдулло Субҳон бар замми тааҳҳудоти худ ва навиштани шеър, бори устодӣ бар эҷодкорони ҷавонро низ мекашад. Аз чашмаи устодии ӯ чандин шоиру адиби ҷавон об хӯрдаанд. 

«Гарди анҷум» феълан охирин дафтари ашъори ӯст. Ин дафтар ғайр аз шеърҳое, ки аз маҷмӯаи «Уфуқи пиндор» гулчин шудаанд, чанд шеъри нав бо сабки нимоӣ, силсилаи дубайтиҳо таҳти рукни «Гарди анҷум», боби «Модарнома» ва ғазалу рубоиёти тозаи шоирро фаро мегирад.

 Маълум аст, ки ҳоло шеъри тоҷикӣ ҳам дар шаклҳои суннатӣ ва ҳам бо усули нав (мисли «шеъри сафед») гуфта мешавад. Агарчи Абдулло Субҳон шефтаи шакли ҷадиди шеърофаринӣ аст, ӯ дар қолабҳои қадима, аз қабили дубайтӣ, рубоӣ ва ғазал низ ҳадафи худро ба курсӣ нишондааст. Аз навиштаҳояш пайдост, ки ҳеҷ гуна шакли шеърӣ дар баёни фикру андешаҳояш банд намеандозад. Ӯ на танҳо аз ин ё он шакли шеърӣ парҳез намекунад, ҳатто саъйаш бар он аст, ки ба ҳар шакле бо шеваи тозатар сухан гӯяд. 

Ҳини мутолиаи шеърҳои «Гарди анҷум» дар назари аввал барои хонанда чунин менамояд, ки шоир мехоҳад ҳар падидаи атроф, ба хусус, зуҳуроти табиатро бо тамоми вижагиҳояш, бо он ҳама шаклу таровате, ки дорад, тасвир намояд, аммо ин тавр нест. Хонандаи закӣ ва борикбин бо як баррасии ҷиддӣ ва бо назари амиқтар метавонад дарёбад, ки манзури шоир баёну маълум сохтани  зуҳуроти ба чашм бархӯрда нест, балки бо ин васила мехоҳад розҳои зиндагӣ, дарду талошҳои одамон, ҳиссиёт ва орзуҳои ҳамешагии бани башар, ниёишҳои ниҳонии қалбҳои хасташуда, эҳсосоти шӯрангез ва дар айни ҳол пинҳони аҳли дардмандро ифшо намояд. 

Табиат, ҳамон оламе, ки дар зери деги посгонаи фалак аст, бо дамидани субҳ ҷон мегирад. Ҳама мавҷудоти он аз шири субҳаш, ки тамоми рӯз покии худро нигаҳ медорад, баҳра мегиранд. Вале аз пайи субҳ пардаи шом медарояду ҳастии табиат гӯё аз ҳаракат бозмемонад. Табиат таҳаммули ин хоби ғафлатро надорад, дар ҳавои худ дубора дунболи бедорӣ – шири рӯз меравад, то ки мавҷудоташ аз он сер шаванд. Табиати инсон низ ба ин сон аст: гоҳе чун субҳу рӯз поку беолойиш асту гоҳе чун шому шаб сиёҳ; гоҳе ба хубиву ободӣ мекӯшаду гоҳе бадиву харобиро пеша мекунад; гоҳе имону эътиқод дораду гоҳе доди шайтонӣ ва нохудоиро мезанад… Ин тазод, ин манзара фақат дар дунёи фонӣ бо ҳамин намояш боқӣ мемонад, аммо дар рӯзи қиёмат, ки рӯзи хатм шудани ҷаҳон аст, Худованд чораандешӣ мекунад – табиатҳоро ба як сурат ошкор месозад. Тасвири чунин як манзараи муқоисавӣ дар шеъри «Ду нима» омадааст, ки хулосаи шоир низ ба ин зайл аст: 


   …Як умр мегурезам,   

Аз нимаи сиёҳ ба нимаи сафед,   

Аз нимаи соя ба нимаи нур,   

Аз нимаи шайтон ба нимаи раҳмон…   

Танҳо рӯзи растохез хоҳӣ дид,   

Маро як нима:   

Ё сиёҳ,   

Ё сафед.


Ҳангоми баррасии шеърҳои шоир кас то дараҷае фурӯ дар фикрҳои тамсилии ӯ мегардад, ки баъзан дар назар гӯё тамоми истилоҳу иборот ба маънии маҷозӣ омада бошанд. Чунончи, шеъри «Хонаи вайрон» хонандаро, дар навбати аввал, ба чунин андеша водор мекунад. Гӯё «хонаи вайрон»-и шоир, ки болорҳои пӯсидаю боми фурӯрафта, дару дарвозаи абгору деворҳои шусташуда ва сақфу фарши ваҳмноке дорад, маҷозан як сарзамине ё зодбуме аст, ки ҳама ободию зебоиҳои худро аз даст додааст. Охир, шоир пайи тахайюлот ба надоштани маъвои обод, ба ғаму ғуссаи мардум ва ба он, ки макони онҳо ҷойгоҳи ҷуғду чорпоён гардидааст, низ ишораҳо дорад! Аммо пас аз хондани банди охир хонанда ба матлаби аслии шоир наздик мешавад:

 

 Бо ман ба тамсил гӯяд ин хона:   

Ҳуш дор, рӯзе хонаи умри ту низ абгор хоҳад шуд,   

Аз он садое ҷуз садои зилла шабҳо барнахоҳад хост.   

Илло чароғи маҳ чароғе дар шабистонаш намесӯзад,   

Боми баландаш бо замин ҳамвор хоҳад шуд… 


 Маълум мешавад, ки манзури шоир фақат тасвири манзаравӣ аст ва он хонаро барои муқоиса бо «хона»-и умри инсонӣ рӯнамоӣ кардааст. Ӯ аз ин тариқ инсонҳоро ҳушдор месозад, ки дар сурати беэътиноӣ эҳтимол дорад рӯзе ҳаёти онҳо низ ба ҳоли он хона гирифтор шавад. 

Бо вуҷуди ин, аз бисёр шеърҳои шоир, ки фикрҳои тамсилии ӯро фаро гирифтаанд, бармеояд, ки ӯ аз обхӯри маънавии ниёгон то ҳадде, ки ташнагиашро шикаста бошад, об хӯрдааст. Ба хусус, нуктаҳое аз аҳодису қиссаҳои паёмбарон ва аз афкори Мавлонои Румию Хоҷа Ҳофиз дар нигоштаҳои ӯ обуранги тоза касб намудаанд. Гӯё ӯ низ дар қаъри дили худ бозтоби ин шиорро эҳсос мекунад:  

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,   

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

 

 Пӯшида нест, ки шоир дар чанд шеъри худ («Дар роҳи наҷот», «Дар ёди обҳои оғозин», «Нагҳати дӯст», «Дӯсти азалӣ», «Дар домани кӯҳи хоб», «Пурсиш») ба навъе муноҷотҳо барои Худованд дорад. Ӯ ба фаромӯш шудан ва аз байн рафтани обҳои зулоли оғозин, чашмаҳои сероб ва боғҳои пурбору атромези биҳиштӣ, ваҳдати гилу гул, ки офарандаи одами нахуст аст, ҳаёти осудаи Ҳазрати Одам ва Момо Ҳавво, саодати покзистӣ ва амсоли инҳо ҳасрат мехӯрад ва фақат аз Парвардигор умедвор аст, ки дар ҳаёти инсонҳо он ҳама зебоӣ ва хушиҳоро эҳё гардонад. 

Дар шеъри «Дар ёди обҳои оғозин» истилоҳи «обҳои оғозин» ба фикри шумо ба чӣ маънӣ омадааст? Ишораи шоир бошад, ба нахустин обҳоест, ки ҳанӯз олуда нашудаанд: «Худованд барои шумо замин густурд ва осмонро барафрошт ва аз осмон обе фуру борид, ки берун овард ба сабаби он об меваҳои гуногун, то рӯзии шумо гардад…» («Қуръони карим», сураи «Бақара», ояти 22). Шоир аз забони Одами нахустин, ки ҳанӯз гуноҳе содир накардааст, мегӯяд:

 

Пок буд ин рӯди бузург,    

Моҳиёнаш ба назар менамуданд.   

Обҳои кабуду шаффофаш,   

Дидаи ҳуши маро мерабуданд… 


 Дар идома қаҳрамони лирикии шоир аз он гиламанд аст, ки баъдан он обҳои поку зулолро лойолуду касиф кардаанд, ба он туф андохтаанд, то ҷое, ки ҳатто на сангу на моҳиёни покаш ба назар менамоянд ва на хӯрдани он обҳо муҷоз аст.  Дар тасвирҳои бадеии шоир ошкоро касодии маънавии одамон эҳсос мешавад, ки ҳатто оддитарин улгуҳои муқаддас, чун оби даҳан наандохтан ба об, фаромӯш шудааст. Шоир дар охир аз забони одаме, ки дучори қаҳри Худо гардида, аз макони аслиаш берун афтид ва дар ин дунёи инсонӣ ҳама ҳолро мебинад, ҳарф зада, ашки ҳасрат мерезад:

 

Ҳолиё ҷорӣ шаванд аз чашмам,                                   

Обҳое, ки бихӯрдам з-он рӯд.

Моҳиёнаш бихироманд сабук,                                   

Рӯди ашкам чӣ зулол асту кабуд.

 

 Аз пайи ба бозӣ андохтани калимоти хушоҳанг офаридани мисраъҳои ноб на аз дасти ҳар кас меояд. Фақат шоире, ки вожаро бо ҳама чеҳраҳояш дарк мекунад, метавонад онро ба мисли дурру марҷон дар риштаи сеҳрангези назм бикашад. 

Шоир Абдулло Субҳон дар шеъри «Нагҳати дӯст» бо истифодаи гилу гул, хуни гил ва раги гулу решаи гул тасвирҳое офаридааст, ки ношӣ аз ривоятҳои қадимӣ буда, аз пайдоиши одам дарак медиҳанд. Бино ба нақлҳои асотирӣ, дамидани ҷон ба қолаби одам аз хуну нутфаест, ки ба хок рехтааст. Аз ҷумла, Мавлоно Румӣ дар чанд ҷойи маснавии худ ба ин маънӣ ишоратҳо кардааст:

 

Арза кардӣ нури одамро аён,                                  

Бар малоик гашт мушкилҳо баён…                                  

Сирри хуну нутфа ҳусни одамист,                                  

Собиқи ҳар бешие охир камист.

 

 Бо истинод ба он гуна ривоятҳо, аз хуну нутфаи ба хок (гил) афтида гуле сабзидааст, ки ду барг ё ду шоха доштааст. Яке аз баргҳо (шохаҳо) музаккар ва дигаре муаннас будааст. Шеъри «Нагҳати дӯст» низ бо таваҷҷӯҳ ба нақли мазкур, бо талмеҳи шоиронае оғоз меёбад:

 

Гулу гилро бинигоранд ба як ҳарфу ҳиҷо,                                   

Каламоти ҷӯранд.                                   

Бидавад хуни гил андар раги гул.                                   

Раги гул, решаи гул,                                   

Ба рагу решаи мо –                                   

ба ҳамон нутфаи инсони асотир,                                   

ки ба гил рехта буд, пайвандад… 


 Ва дар идома қаҳрамони лирикии шоир боз ҳамон одамест, ки дар боғи пур аз гулу муаттар нишастааст ва гӯё дар ҳар сӯйи боғ, дар гулҳои савсану садбаргу раъно, дар насими атрогин ҷамоли Худоро мебинад. Бо ин тасвири бадеӣ шоир ҳамчунин ишора карданист, ки «Машриқу Мағриб ҳар ду мулки Худо аст, пас ба ҳар тараф рӯ кунед, ба сӯйи Худо рӯй овардаед. Худо ба ҳама ҷо муҳиту ба ҳар чиз доност» («Қуръони карим», сураи «Бақара», ояти 115). 

Чун қаҳрамони шоир ҳузури Худоро пай мебарад, ба муноҷоту ниёиш менишинад ва ин ҷо асли матлаби шоир ошкор мегардад. Ӯ аз Худои меҳрубон илтиҷо мекунад, ки дар замини ҳастии мо низ тухми ваҳдат бикору ниҳоли имон бинишон, тавре ки дар аввали аввал буд. Сипас, дар ҳоле ки он саҳар аз накҳати дӯсташ – Худованд нашъа бардоштааст, эҳсоси роҳат мекунад:

 

Чу зи ҷо бар шудаву мерафтам,                                    

Бинамудам эҳсос:                                  

Нафасаш атрогин, 

Ба сару рӯйи ман аз соҳати боғ,                                  

Вазидан дошт сабук боди саҳар.

 

  Ҳанӯз барои хонандагони тоҷик возеҳ нест, ки доираи биниш ва дарки шоир Абдулло Субҳон то чӣ андоза густурда аст. Вале баъзе шеърҳои ӯ ҳокӣ аз он аст, ки шоир мехоҳад азалу абадро  бо ҳам бипайвандад ва тасвире аз вусъати ҳастӣ биофарад. Тасвирҳои шоир аз маъниҳое падид омадаанд, ки ҳам дар шеърҳои гузаштагон ба чашм мехӯранд ва ҳам дар ашъори шоирони муосир рангу ҷилои тоза гирифтаанд. 

Аз ҷумла, ҳар кӣ шеъри «Дӯсти азалӣ»-ро мурур мекунад, беихтиёр дунболи тахайюлоти шоир ба сӯйи зистгоҳи азалии одам сафар мекунад. Тавре ки дар қиссаҳо омадааст, бо фармони Худо ҳама фариштагон ба Одам саҷда кардаанд, ба ҷуз шайтон. Одам бо ҷуфти худ дар биҳишт ройгону безаҳмат ҷой гузидааст ва ба хӯрдани атъима (хӯрокиҳо) ва ҳар чӣ дар биҳишт буд, дастёб гаштааст. Фақат барои онҳо наздик шудан ба дарахти гандум (ё себ) мамнӯъ буд, ки агар наздик шаванд, аз ҷумлаи ситамгарон мегардиданд. Вале шайтон Одаму Ҳавворо ба лағзиш афканд ва онҳо аз дарахти гандум хӯрданд ва аз пайи ин исён ҳар ду аз биҳишти пурнеъмат берун шуданд.

  Баъд аз ин «одам»-и шоир, ки замоне дӯсти Худованд буд, ба азобӣ ва кулфатҳои бепоён рӯ ба рӯ шуд ва беватан гардид. Дигар пас аз дурии тӯлонӣ фақат танҳоиро мехоҳад. Албатта, дар рӯзгори баъдина «одам»-и шоир дӯстҳое пайдо кардааст, аммо рафоқати онҳо чун ҳубобҳоест, ки бо як насими сабук метаракад. Аз ин рӯ, эътиқоди «одам»-и ҳамешагии шоир фақат ба Парвардигор аст, ки ӯро ҳеҷ гоҳ танҳо нагузоштааст:

 

Ай монда дар варои пардаи гуноҳҳоям,                                

Ту дӯсти азалӣ ва абадии манӣ,                                

Ҳеҷ гоҳ нагузоштаӣ, ки танҳо бошам.                                

Танҳоӣ чист?                                

Танҳоӣ хилват бо Туст,                                

Дар гӯшае, ки хомӯштар аз ҷамъияти гунгон аст.

 

 Дар ҳошияи шеъри «Дӯсти азалӣ» метавон гуфт, ки шоир қиссаи ронда шудани Одаму Ҳавво аз биҳишт ва ҳасрати онҳоро бо сабки тозаи баён дар қолаби шеъри нав ба қалам додааст. Ин тозапардозӣ хеле мақбул даромадааст, агарчи маншаъ аз ҳарфи гузаштагон дорад:

 

 Гандуме хуршеди Одамро кусуф,                                 

Чун занаб шаъшои бадреро хусуф.                                                                                

(Ҷ.Балхӣ)

Ё:                                

Аз дили танги гунаҳгор барорам оҳе,                                

К-оташ андар гунаҳи Одаму Ҳавво фиканам.                                                                                                       

(Ҳофиз)

 

 Мегӯянд, сайри сулук намудани соликин роҳравиест (кӯшишест) барои тақарруб бо Ҳақтаъоло. Ин сайри сулук дар муҳтавои худ азобу мушкилот ва тазйиқу уқубатҳоеро фаро мегирад, ки бояд ҳар солик ё сӯфӣ, ё дарвеш барои расидан ба ҳадафи худ дар умурот таҳаммул кунад. Аз ин назар, ба навъе андешаҳои тасаввуфии шоир дар шеъри «Дар домани кӯҳи хоб» нуҳуфтаанд. Тасвири ҳоли як нафар солик дар шеъри мазкур чунин оғоз мешавад: 

                                      

Танҳо мерафтам,                                       

Сӯзани офтоб ба сару рӯям мехалид.                                       

Хоки дашт пойи урёнамро месӯхт.

Дилам об мехост, набуд.                                       

Ногаҳ дар канори роҳ море пайдо шуд…

 

  Зуҳури мор мушкилоти соликро бештар мекунад. Ин бадхоҳ ӯро таъқиб мекунад, аммо намерасад. Боз ҳам: 

                                      

Хок пойи урёнамро месӯхт,                                       

Вуҷудам об мехост, набуд…

 

 Дар ниҳоят, пас аз тай намудани роҳи пуразоб ва паси сар кардани ҳама ваҳму таҳлукаҳо солик ба доманаи кӯҳе мерасад, ки он кӯҳ чашма ва боғе дошт дорои себу гандум, гулу булбул, обҳои шаффоф, ҳавои атрогин… 

                                  

Гуфтам:                                   

«Худоё, ин магар нест ҳамон боғ, ки дӯш                                   

Падарам бар ивази донаи гандум бифурӯхт?»

 

 Оре, он боғи биҳиштӣ ҳамон боғе буд, ки Ҳазрати Одам ва Момо Ҳавво аз он матрук шудаанд. Дигар Одаму Ҳавво («падар»-у «модар»-и шоир ва мо) аз кардаи худ пушаймонанд, онҳо намоз мегузоранду Қуръон мехонанд, яъне ба Худо тавбаву тазаррӯъ мекунанд: 

                                 

Модарамро дидам:                                  

Дар сояи коҷе намоз мегузорид,                                   

Падарам канортар аз ӯ Қуръон мехонд.

 

 Ба ин маънӣ дар Қуръони карим низ омадааст: «Пас Одам аз Худои худ калимоте омӯхт (ин калимот сабаби пазируфтани тавбаи ӯ гардид),ки Худованд тавбапазир ва меҳрубон аст» («Қуръони карим», сураи «Бақара», ояти 37).  

Аз фикрҳои сӯфиёнаи шоир, ки дар шеъри «Дар домани кӯҳи хоб» баён кардааст, бармеояд, ки зоти инсон аз азал гунаҳкор аст, вале бо роҳнамоии Яздони ҳақ ва бо эътиқод ба ин зоти пок мешавад аз шарри шайтон раҳоӣ ёфт. Ба даст овардани дурри мақсуд низ аз пайи заҳмату машаққатҳо имконпазир аст, дар сурате ки асли матлаб фаромӯш нагардад. Ба гуфтаи Мавлоно Румӣ: 

                                        

Мо бурунро нангарему қолро,                                         

Мо дарунро бингарему ҳолро.

 

 Дар асл, шоир ба ҳеҷ як падидаи атроф бефарқ нест. Ӯ мехоҳад аз хоку гили заминӣ сар карда, то анҷуми фалак, ҳар чизеро, ки мебинаду мушоҳида ва дарк мекунад, дар каломи мавзун ифода намояд ва бо ин васила розу дардҳои ҳамеша пинҳон ё дар хурӯҷи худро гоҳ аёну гоҳе мастур бозгӯ кунад. Ин гуна матолиби шоир дар шеърҳои «Нақш ва наққош», «Боғе дар роғе», «Набарди ҷовид», «Фаввора», «Таваллуди дигар», «Ду манзара», «Суол» низ нуҳуфтаанд. Ба назар мерасад, шеъри «Суол» то ҷое равшанкунандаи манзуру матлабҳои ӯст, ки аз ҷумла мепурсад: 

                                        

Дунё бигӯ, бо ман бигӯ,                                         

Хуршеду моҳат рӯйи кист?                                         

Чашми киянд истораҳот,                                         

Дарёи ту гесуи кист?... 


Бояд зикр намуд, ки Абдулло Субҳон бо таваҷҷуҳ ба завқи мардуми замона шеваҳои тозаву мутаносиби баёнро барои ифодаи маъниву мазмунҳои шеърӣ ба кор мебарад. Нуктаи муҳиме дар нигоштаҳояш он аст, ки ҳама ҷо аз гуфтани сухани такрор худдорӣ мекунад ва  ба хотири пур кардани мисраъ ва анҷоми қофияи дуруст аз истифодаи вожаҳои номарбут даст мекашад. Аммо ҷолиб ин аст, ки барои ҷаззобии фикри худ аз санъатҳои бадеӣ устокорона истифода бурдааст.

 Воқеан, моҳирона ва дар мавқеи худ ба кор бурдани санъатҳои бадеӣ бурди ҳар як шоир аст. Дар ин робита, Абдулло Субҳон пуробурангӣ ва дилкашии нигоштаҳои худро бо истифодаи истиораю ташбеҳҳои дилчасп ва ба хусус, аз тариқи офаридани маъниҳои маҷозӣ таъмин намудааст. Агарчи сурудаҳои шоир содаву равон ба назар менамоянд, хонандаро лозим меояд, ки барои дарки матлаби ӯ  ҳатто дар паси одитарин вожаҳо, мисли сафеду сиёҳ, рӯду об, чашму абру, боғу мева, субҳу шом, гилу гул, гарду ғубор, сангу шиша, нуру сӯзан, ки ба кадом маънӣ омадаанд, ба таври ҷиддӣ ва амиқ андеша кунад. 

Дигар, шоир дар шеърҳои худ чандин бор ба масал ё қиссаҳои маъруф ишораҳо кардааст, ба иборати дигар, санъати талмеҳро низ ҳамчун силоҳи ибрози фикр қарор додааст. Аз лобалои шеърҳои ӯ пайдост, ки шоир аз қиссаҳои ошиқона, чун «Лайливу Маҷнун», аз талошҳои Ҳурмузи некхоҳ алайҳи қувваҳои бади аҳриманӣ, аз қасру саройҳои бемонанди Хусраву Қубод, аз саргузашти Одаму Ҳавво, аз дами ҷонбахши Исои афсонавӣ ва амсоли инҳо ба хубӣ огоҳ будааст.

  Дардҳои зиндагӣ, ғаму ташвишҳои рӯзгор ҳамеша шоиронро нороҳат кардаанд, аммо хубиву хушиҳои ҳаёт асбоби роҳату хурсандии онҳоро фароҳам овардаанд. Бо вуҷуди ин, баёни ҳақиқат ва ифшои воқеият дар ҷомаи сухан ҳадафи ҳар як шоири нуктабин аст. Шоир Абдулло Субҳон дар зикри ин мавзӯъ аз санъати дӯстдоштаи худ – тазод ба таври васеъ ва хеле ҷолиб истифода мекунад. Қариб дар ҳама шеърҳои ӯ ин санъат тараннум ёфтааст. 

Дар ҳақиқат, ҳаёти инсон гоҳе ширин гоҳе талх, миҳану зодбуми ӯ гоҳе обод гоҳе хароб, духтарону писаронаш гоҳе серу пӯшида ва гоҳе гуруснаву лухтанд. Чунин тазодҳои зиндагиро шоир ҷомаи бадеият пӯшонда, шеъри пурмазмун меофарад.   Чунончи, бо ҳам зид гузоштани ду ҳодиса дар шеъри «Набарди ҷовид» имтиҳон шудааст. Дар сатрҳои ин шеър талошҳо аз олами табиат ба олами инсонҳо убур мекунанд ва манзараҳои шигифтовар хонандаро ба ваҷд меоваранд, аз ҷумла: 

                                       

Саҳар бо Шом, оре, Шом бо Субҳ,                                        

Ҳамеша дар талошанду набарданд.                                        

Ба мисли Неку Бад, Шайтону Раҳмон,                                        

Замоне оштӣ бо ҳам накарданд. 

Баду Некиву Шайтоневу Раҳмон,                                        

Биҷангад дар дили мо ҳам шабу рӯз.                                        

Гаҳе Шайтону Бад пирӯз оянд,                                        

Гаҳе Раҳмону Нек оянд пирӯз.

 

 Тавре ки дар оғози сухан мутазаккир шудем, тозапардозӣ ва салосати забони шоир, гузашта аз шеърҳои озоди ӯ, дар дубайтиҳо, рубоиёт ва ғазалҳояш низ мушоҳида мешавад. Ин ҷо суханро ба дарозо накашида, чанд байтро аз дафтари «Гарди анҷум» меоварем, ки бе муболиға, бо як хондан хотирнишинанд ва дар қалбҳои ташнагони шеър ба осонӣ маъво мегиранд: 

                               

Сукут дар мо ба фарёд аст медонӣ, намедонӣ?                                

Раҳашро сурма бикшодаст медонӣ, намедонӣ?                                

Ҷафоҳое зи худ дидам, ситамҳое зи бегона,

Саропоям ҳама дод аст медонӣ, намедонӣ? 

* * *                                

Шоҳбози фикрро болу паре даркор нест,                                

Дил ба хониш ояд ар, хунёгаре даркор нест…                                 

Борҳо санҷидаам дар умри кӯтоҳи сарам,                                

Шеър агар аз дил барояд, минбаре даркор нест. 

* * *                                

Меҳмоно, чӣ шитобӣ, бинишин, менӯшем,                                

То иҷозат нашавад, ҳаққи туро рафтан нест. 

* * *                               

Дӯстони беғараз, нодӯстонам будаанд,                               

Ағбаҳову вартаҳо дар пешу пас бошад маро. 

* * *                               

Ман нахоҳам давлати дунё, ки бошад бебаҳо,                               

Гӯшаеву махзани ашъор бас бошад маро. 

* * *                               

Ману мурғи чаман як нола дорем,                               

Ту гӯйӣ дарди чандинсола дорем.                               

Ба зоҳир сабзтар аз шохи гул, лек                               

Диле хунрезтар аз лола дорем. 

* * *                               

Маро он ҳамнафас хуни ҷигар кард,                               

Ки созаш савту оҳанги дигар кард.                               

Ман аз ғамҳои миллат лаб кушодам,                               

Вай аз нархи наво ҳангома сар кард. 

* * *                               

Ку маҳрами роз, шишае боз кунем,                                

Рагҳои ҳазини дил нахи соз кунем.                               

Сар монда ба сар мисоли мастон то субҳ,                               

Аз дард суруди тоза оғоз кунем.


Юнуси ИМОМНАЗАР,

рӯзномаи «Овози тоҷик», 5 ноябри соли 2008.

 

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.