Ҳикматҳои Дарвеш
ОҒОЗИ СУХАН
Чӣ касе Дарвеш аст?
Саъдӣ (“Гулистон”): “Зоҳири дарвешӣ ҷомаи жанда асту мӯйи сутурда* ва ҳақиқати он – дили зинда ва нафси мурда”.
Абӯсаид Абулхайр (“Асрор-ут-тавҳид”): “Дарвешон на эшонанд. Агар эшон эшон будандӣ, на дарвешон будандӣ. Исми эшон сифати эшон аст. Ҳар ки ба ҳақ роҳ талабад, гузараш ба дарвешон бояд кард, ки дар вай эшонанд”.
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (“Чиҳил калом ва сӣ паём”): “Қавме, ки аз бешаи ҳасад ҳаргиз хоре ба домани эшон наёвехт, аз биёбони нафс ҳаргиз ғуборе бар гӯшаи ридои** исломи эшон нанишаст ва аз ҳовияи ҳавӣ*** ҳаргиз дуде ба дидаи эшон нарасид. Салотини роҳанд дар либоси дарвешон, малакисифатанд ба сурати одамиён ва равандагон дар роҳи хеш хиромон”.
Аз Боязиди Бастомӣ пурсиданд: “Дарвешӣ чист?”. Гуфт: “Он ки касеро дар кунҷи дили хеш пой ба ганҷе фуру шавад ва дар он ганҷ гавҳаре ёбад, онро муҳаббат гӯянд, ҳар ки он гавҳар ёфт, ӯ – дарвеш”.
Доктор Ҷаводи Нурбахш: “Дар мактаби тасаввуфи суннатӣ дарвеш ба касе гуфта мешавад, ки ба ростӣ бе хеш ва бе ҳастӣ бошад, ба коинот эътино накунад ва ҷуз ба дӯст таваҷҷӯҳ надошта бошад... Дарси аввали дарвешӣ дӯст доштани халқи Худо ва эҳтиром гузордан ба ақоиди онҳост бо ёдоварӣ, ки дарвеш набояд фузули мардум ва муфаттиши ақоиду афкори дигарон бошад... Сӯфӣ бояд ба ҳама одамҳо самимона ишқ биварзад ва аз рӯйи дилу ҷон ва бидуни таваққуи**** подош ба ҷомиаи башарият хидмат кунад”.
________________
* - сутурда – тарошида;
** - ридо – болопӯш, ҷома;
*** - ҳовияи ҳавӣ – ҷаҳаннам, дӯзах;
**** - таваққуъ – умедворӣ, чашм доштан.