Новости

  • 10.09.2019 2-й агрегат Рогунской ГЭС

    Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

  • 10.09.2019 Хирмани донишҳо

    ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

    Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!

  • 16.10.2018 Даргузашти Азиза

    Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

  • 30.09.2018 Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

    Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

     Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.

  • 30.09.2018 Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

    “Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

    Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид. 

  • 30.09.2018 Тақдири тоҷикон

    Лутфи давлатдорони тоҷик (гузориш аз таърихи 31.08.2018)

    Дар канори сиёсатмадорон қадр гардидани равшанфикрон боиси дилхушӣ ва умедворӣ ба ояндаи нек аст.
     Ба нишони «Дӯстӣ» сазовор шудани инсонҳои хоксору одӣ ва дӯстдоштаи миллат – шоир Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев), устоди донишгоҳ, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов, устоди Донишгоҳи Бухоро Таваккал Чориев аз сӯйи раёсати кишвари Тоҷикистон дилҳоро ба зиндагӣ гарм сохт. Ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон гардидани зани ҳунарманди тоҷик Матлуба Дадабоева, ки тамоми умр барои воло нигаҳ доштани ҳунару фарҳанги тоҷик талош кардааст, аз воқеънигарии давлатдори Тоҷикистони азиз гувоҳӣ медиҳад.
     Ҷоизаҳо муборак, ҳаммиллатони ҳунарманд!

  • 30.09.2018 1-уми сентябр - Рӯзи Истиқлол

    Ба мардуми озодихоҳ Истиқлол муборак!

     Имрӯз, 1-уми сентябр ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистонро намояндагони даҳҳо миллату қавми муқими кишвар дар назди бинои Созмони миллию фарҳангии ҷумҳурӣ бо ироаи дастурхонҳои густурда, намоиши ҳунарҳои миллӣ, рақсу бозӣ ва овозхониҳои мардумӣ истиқбол намуданд. Миллати тоҷикро дар ин ҷашн Маркази миллию фарҳангии ҷумҳурӣ ва шаҳри Тошканд – Шарофатбону ва Маъруф Отахонзода бо гӯшаи идона, тазйиноти ҳунарҳои мардумӣ, шириниҷот, меваҳои тару тоза рӯнамоӣ карданд ва дар барномаи ҳунарӣ ҳам бо овози Гулнора Ҳамдамова оҳангҳои тоҷикӣ садо дод.

  • 21.06.2018 Розу ниёзи дӯстӣ

    Дирӯз, 20 июни соли 2018,  дар студияи наворбардории шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон-24” дар Тошканд бо меҳмонони тоҷикистонӣ – намояндагони фаъоли Созмони миллии фарҳангии ӯзбекони вилояти Суғд, ки бо сарварии шоиру рӯзноманигори шинохтаи ӯзбекзабон сармуҳаррири маҷаллаи “Шарқнома” Ҷамшед Пиримов ташриф оварда буданд, як нишасти гуворо ва хотирмон доир гардид. 

  • 18.05.2018 Даргузашти устод Мӯъмин Қаноат

    Имрӯз, 18 майи соли 2018 устоди шеъру сухан Мӯъмин Қаноат ба дорулбақо реҳлат намуданд. Ҷояшон ҷаннат, рӯҳашон шод, оқибаташон ба хайр бод.

  • 18.05.2018 Зодрӯзи Хайём

    18 майи соли 1049 ( 28 урдибиҳишти соли 428 ҳиҷрии шамсӣ), зодрӯзи  донишманди накӯном - Ҳаким Умари Хайём аст.

  • 01.05.2018 Даргузашти устод Бозор Собир

    Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик рӯзи якуми майи соли 2018 дар сини 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Амрико даргузашт...

  • 16.02.2018 Ҳамойиши шеъри тоҷик

    27 январи соли 2018 дар кохи Маркази байналмилалии фарҳанги Ӯзбакистон ҳамойиши фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Шеър – пайвандгари миллатҳо” баргузор шуд.

  • 09.09.2017 Бузургтарин оши палав

    Дирӯз дар чаҳорчӯби ҷашнвораи миллии “Ӯзбегим” дар шаҳри Тошканд ба вазни 7360 килограмм оши палав омода карда шуд, ки онро намояндагони китоби рекордҳои Гиннес ёддошт намуданд. Дар ин хусус Ричар Стенинг -  намояндаи Guinness World Records изҳори назар кард.

  • 06.09.2017 футбол

    Ниҳоят, тими мунтахаби футболи Ӯзбакистон ба тамоми саъю талошҳои бесамари худ дар остонаи уруҷ ба плей-офф ва мусобиқаи ҷаҳонии футбол, ки соли 2018 дар Русия баргузор хоҳад шуд, хотима бахшид. Барномарезиҳои чошу пареши Бобояни номуайян натиҷаи дилхоҳ надод ва бори дигар кишвари намояндаи Осиёи Миёнаро аз боздиди саҳнаҳои мусобиқоти ҷаҳонӣ маҳрум сохт.

  • 26.08.2017 Хабарҳои кӯтоҳ

    Чанд хабари кӯтоҳ, ки сари вақт аз гуфтан дасткӯтаҳӣ кардаам:

    02.08.2017 – Арӯсии хоҳарҷонам  Шабнам духтари Ёқуб баргузор шуд. Вайро ба Носир писари Абдухалели Орзумурод додем.

    12.08.2017 – Арӯсии писари дӯсту ҳамсинфам Нурмурод дар шаҳри Гулистон баргузор шуд. Ба писараш духтари Асрори Ҷӯра Мирзо – Зулфизарро келин кард.

    17.08.2017 – Арӯсии духтари ҳамсинфам Турсуни Файзӣ буд, ки бо Ҳазратака Кийиков (Сирдарё) қудо шуд.

    20.08.2017 – Арӯсии писари дӯсту ҳамсинфам Шавкатҷон дар тӯйхонаи “Ӯзбегим”-и шаҳри Навоӣ баргузор шуд. Меҳрангез духтари ҳамдеҳагонам Фозилу Лутфияро ба занӣ гирифт.

    22.08.2017 – Ҳамдеҳаам, бародари азиз Аслони Эгам бо сактаи мағз аз олам даргузашт. Ҷояш ҷаннат бод!

1 2 »

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!

Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.

Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)