Резаборон
АЗ КӮЛБОРИ ДАРВЕШ
Оғози сухан
Чӣ касе Дарвеш аст?
Саъдӣ (“Гулистон”): “Зоҳири дарвешӣ ҷомаи жанда асту мӯйи сутурда* ва ҳақиқати он – дили зинда ва нафси мурда”.
Абӯсаид Абулхайр (“Асрор-ут-тавҳид”): “Дарвешон на эшонанд. Агар эшон эшон будандӣ, на дарвешон будандӣ. Исми эшон сифати эшон аст. Ҳар ки ба ҳақ роҳ талабад, гузараш ба дарвешон бояд кард, ки дар вай эшонанд”.
Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (“Чиҳил калом ва сӣ паём”): “Қавме, ки аз бешаи ҳасад ҳаргиз хоре ба домани эшон наёвехт, аз биёбони нафс ҳаргиз ғуборе бар гӯшаи ридои** исломи эшон нанишаст ва аз ҳовияи ҳавӣ*** ҳаргиз дуде ба дидаи эшон нарасид. Салотини роҳанд дар либоси дарвешон, малакисифатанд ба сурати одамиён ва равандагон дар роҳи хеш хиромон”.
Аз Боязиди Бастомӣ пурсиданд: “Дарвешӣ чист?”. Гуфт: “Он ки касеро дар кунҷи дили хеш пой ба ганҷе фурӯ шавад ва дар он ганҷ гавҳаре ёбад, онро муҳаббат гӯянд, ҳар ки он гавҳар ёфт, ӯ – дарвеш”.
Доктор Ҷаводи Нурбахш: “Дар мактаби тасаввуфи суннатӣ дарвеш ба касе гуфта мешавад, ки ба ростӣ бе хеш ва бе ҳастӣ бошад, ба коинот эътино накунад ва ҷуз ба дӯст таваҷҷӯҳ надошта бошад... Дарси аввали дарвешӣ дӯст доштани халқи Худо ва эҳтиром гузордан ба ақоиди онҳост бо ёдоварӣ, ки дарвеш набояд фузули мардум ва муфаттиши ақоиду афкори дигарон бошад... Сӯфӣ бояд ба ҳама одамҳо самимона ишқ биварзад ва аз рӯйи дилу ҷон ва бидуни таваққуи**** подош ба ҷомиаи башарият хидмат кунад”.
________________
* сутурда – тарошида;
** ридо – болопӯш, ҷома;
*** ҳовияи ҳавӣ – ҷаҳаннам, дӯзах;
**** таваққуъ – умедворӣ, чашм доштан.
Фалсафаи Дарвеш
1
Ҷавоне дар ниҳояти мастӣ ба ҳама дод мезад, арбада мекард. Дарвеш ин ҳолро дида гуфт:
- Эй ҷавон, боз мастию девона! Агар ба ёди мардум набошӣ, ҳадди ақал Худоро фикр кун. Беимонӣ ҳам ҳадде дорад!
- Домулло, маро нагӯй беимон! Худо дар дили ман аст, агар маст ҳам бошам, ӯ маро мефаҳмад.
- Не, бародар, Худо дар дили ту нест, ту дар дасти Худо ҳастӣ. Ҳамчунин коре макун, ки ба ғазаби Вай гирифтор шавӣ!
2
Зани дувуми Дарвеш ҳар қадар меҳрубонӣ мекарду дастёрӣ, аммо боз медид, шавҳараш пайваста бо ёди зани аввал аст. Дар ниҳоят, косаи сабраш лабрез шуду бо дилсардӣ пурсид:
- Рости гапро гӯй, ӯ бештар ғамхорӣ мекард ё ман?
- Ӯ меҳрубонтар буд, - ҷавоб дод Дарвеш.
Зан ба шигифт омад, бе истиҳола дубора суол кард:
- Ӯ чӣ коре анҷом медод, ки ман наметавонам?
Дарвеш бо тааммул афзуд:
- Дар муқобили ту се кори ӯ аз сидқи дил буд. Нахуст, ҳар рӯз аз ман пештар бедор мешуд ва бароям оби таҳорат дуруст мекард. Дигар, чеҳраи ӯ ҳамеша бозу шукуфон буд, аз дидаҳояш пайваста нури муҳаббат меборид. Гузашта аз ин, пушти сар маро бузург мехонд ва аз пайи ӯ фарзандон дар симои ман инсони комилро медиданд...
3
Фарзанди кунҷков аз Дарвеш пурсид:
- Падар, чӣ сирре ҳаст, ки одам калон мешавад?
- Калон шудани одам сирре надорад, лекин камон шудани ӯ пур аз асрор аст! – ҷавоб дод Дарвеш.
4
Мусофирон ҳамин ки аз марзи Фориш мебароянду ба хоки Нурато дохил мешаванд, аз мағзи ҷон оҳи сабук кашида, “Худоё шукр” мегӯянд. Охир, аз роҳи пур аз дастандозу хӯрдашуда раҳоӣ ёфта, ба роҳи мумфарши софу равон баромадан чӣ қадар сафо дорад! Кас аз бардорузанҳо халос мешавад, осуда нафас мекашад, дилу ҷигараш ба ҷояш меояд...
Боре Дарвеш бо шӯхӣ ҳарфе мезанаду ба ғазаби чанд марди масти нуратоӣ дучор мешавад. Онҳо ӯро пешироҳ гирифта пурсиш мекунанд:
- Ту гуфтӣ, роҳҳои Фориш беҳамтост?
- Оре, ман гуфтам, - беғубор ҷавоб медиҳад Дарвеш.
- Ту гуфтӣ, роҳҳои Нурато ба дард намехӯрад?
- Оре, ман гуфтам.
Мардҳои маст ба хурӯш омада дандон мефишоранд:
- Эй марди ҳисобӣ, агар роҳро аз роҳ фарқ накунӣ, чаро гапи беҳуда мезанӣ? Ё аз ҷонат сер шудӣ?
- Ман гапи беҳуда назадаам, бародарон! – тааҷҷуби муштзӯронро афзуда мегӯяд Дарвеш. – Бо мошин ки меравед, дар роҳи Фориш ҳамеша бояд ҳушёру бедор бошед, аммо роҳи Нурато доимо хоби касро меоварад. Пас, бигӯед, кадоме беҳтар аст?!
5
Дар ниҳоят, Дарвеш тасмим гирифт дар ҳавлиаш чоҳе биканад, то заҳмати обкашонӣ камтар шавад. Бо ин мақсад ҷавонеро аз байни мардикорон оварду ҷойи чоҳро нишон дод. Ҷавон ду-се таш ба замини сахту санглох заду ҳамоно сангинии кори ба дӯш гирифтаро дарк кард ва баҳона пеш овард:
- Бародар, дар ин ҷо чоҳ кандан бефоида аст, об нахоҳад дод.
- Боке нест, додар, бикан, агар обе надиҳад ба ту-ку нон медиҳад?! – аз раъйи худ нагашта гуфт Дарвеш.
6
Писар пас аз хонадор шудан донист, ки зангирӣ фақат лаззат набудааст, мебояд ҳам ғур-ғури занро бардошт, то ба вай меҳрубонтар шавад ва ҳам насиҳатҳои модарро гӯш кард, ки побанди зан нагардад.
- Ин чӣ савдое буд, ба сари ман андохтӣ, падар? - аз тааддиҳо ба танг омада рӯзе ба Дарвеш арзи дил кард писар.
- Зиндагӣ ҳамин аст, ҷони падар, - бо тафаккур ҷавоб дод Дарвеш, - агар хоҳӣ аз чоҳи он об бардорӣ, салоҳ аст нахуст дили соҳибашро биёбӣ.
Писар боз ҳам ғарқи андеша шуд...
7
Зан оташин буду писари нозпарвардаи ӯ гирёну нолон.
- Биё, ҷонам, ҳамин ҳоло ба мактабат меравем! – аз дасти писар кашолакунон гуфт модар. – Адаби он муаллими зӯратро чунон диҳам, ки дуюмбор бидонад ба сари кӣ калтак мебардорад!
Дарвеш дар дами дарвоза аз хар пиёда шуду халачӯби дасташро ба модари дар оташи ғазаб ҷӯшида дароз кард ва гуфт:
- Ин ҳам калтак, бизану адабамро бидеҳ!
- Шумо?! Ё алҳазар, ин хел нагӯед!
- Бе шӯхӣ! Охир, ҳамин писари эркаатро, ки ба дӯстонаш ҳарфи баду бероҳ мегуфт, ман ҳам ҷазо додаам! Оре, ҳамин ҷонакат пас аз шикастану кандани чанд бех ниҳоли тару тоза аз ман ҳам тозиёна хӯрда буд! Бале, бо ҳамин дастонам писарҷонатро ман ҳам шаллоқ задаам, чунки ангур дуздида гуфта буд, “модарам фармуд”...
Зан аз аспи ҷаҳл пиёда шуд. Ҳамин ки дид, писараш ҳанӯз ҳам фиқ-фиқ гиря мекунад, кашидаю кушода шаппотие ба рӯяш фаровард ва пас гашт.
Чеҳраи Дарвеш шукуфт, аз он ки чароғи ҳикматаш фурӯғе дар пай дошт.
8
Дарвеш занашро дар дами дар ғарқи андеша диду садо баланд кард:
- Чаро дар худ гирифтаӣ?
Нидои шавҳарро шунида зан як он аз ҷо хест ва ба сухан омад:
- Ба дағечам* ҳайронам, пушти ҳама бад гуфтанаш гуфтан! Якеро биниаш пучуқ, дигареро гӯшаш вазнин, он якеро ҳам забонаш лакнат дорад...
- Дидаӣ, оби дарё ба даҳани саг ҳаром шавад?
- Не.
- Пас, биё хӯрҷинро аз дастам гир!
Ғубори рӯйи зан аз ҳам рехт, бо хушҳолӣ ба амри Дарвеш сар тофт.
_____________
*дағеч – зани бародари шавҳар, авсун
9
- Ҳар доим он касе, ки сарват дораду тавонгар аст ба камбағалон медиҳад, ҳеҷ надидаам, ки тиҳидастон ҳам боре ҳиммат кунанд, - сар аз андеша бардошта гуфт писар.
- Ҳар чи ҳаст ҳамеша аз осмон ба замин меборад, писарам, на баръакс, - дар ҷавоб арз кард Дарвеш.
10
Боре Дарвеш дар канори падари навадсола ва набераи даҳсолаи худ дами фароғат мезад. Бо қасди андешахонӣ ба ҳар ду фармуд, ки орзуи хешро мухтасар нависанду ба ӯ диҳанд. Нахуст, барги иншои набераро боз кард, ки навишта буд: “Кош ки, ҳарчи тезта бобом боре шаваму риши сафедама молида, таёқама дошта, тасбеҳама гардонда шинам ва набераю абераҳом а ҳар тараф “бобоҷон”-гӯён ба сару кифтам буроянду фуроянд!”. Дарвеш ба иншои дигар чашм давонд: “Эй Худоҷон, кош як бори дигар ба монанди ҳамин абераам писараки хурдакак мешудам! Зиндагиамро бо диду усули тоза чунон месохтам, ки армоне дар дилам намемонд!” – навишта буд падар.
11
Дарвеш дар лаби ҷӯяки обе, ки аз васати боғаш мегузашт, дар зери тути балхии серсоя айвони баҳорӣ сохт. Насими диловези табиат ҳамвора сафою фароғат ба айвоннишинон мебахшид. Вале, ин осойиш дер давом накард. Ҳамсояи девордармиён худсарона ҳоҷатхонае дар ростои айвон сохт ва бо мурури замон насими диловез олудаю оғушта бӯйи баду ғашоварро ба димоғ задан гирифт. Дарвеш чанд бор хоҳиш кард, ки ҳамсоя мустароҳи худро ба ҷойи дигар кӯчонад, аммо ҳарфҳояш аз баногӯш мегузашту илтимосаш ҳадар мерафт. Бачаҳо низ нороҳат буданд ва кам-кам пой аз айвон кашиданд.
Дар ниҳояти дилтангӣ, як рӯз Дарвеш чолае дар бехи девори ҳоҷатхона канд ва писари хурдиро садо зада гӯшакӣ гуфт:
- Имшаб, оби ҷӯйро ба самти девори ҳамсоя даҳана банд, фақат ту донию ман.
- Чашм! – гуфт бо итоат писари боҳуш.
Субҳи зуд Дарвеш оби ҷӯйро ба роҳи худаш равон кард ва бар рӯйи чолаи пуроб шохушуба гузошту ба лаб кулӯх молида гашт. Аз миён ду рӯз нагузашта садои марғуладоре гӯшҳоро кар кард, гӯё мошини бузурге аз худ сангу шағал мерехт. Ин овози сарнагун шудану аз ҳам пошидани ҳоҷатхонаи ҳамсоя буд. Писари хурдии аз воқеа воқиф нигоҳи маънидоре ба падар афканд. Дарвеш низ чашмакӣ зада лаб во кард:
- Шутурро дидӣ?
- Надидӣ! – дарҳол посух дод писари падар.
12
Дарвеш боре шоҳиди тадриси устоду шогирд шуд.
- Бо “падар” ҷумлае бисоз! – дастур дод устод.
- Ба чашм! – гуфт шогирд ва навишт: - “Падар дунёи ман аст”.
Дарвеш маънидор табассум кард ва дар худ андешид: “Оре, ман ҳам бо падар дунёи худро сохтаам, на ҷумлае”.
13
Дарвеш бо қалам тарҳи чеҳраи модарро мефаровард. Ҳар гоҳ нӯги қалам мешикаст ё хӯрда мешуд, онро дубора метарошид ва аз пайи кор мешуд. Дар ниҳоят, вақте ки чашмони фурӯрафтаи меҳрогину лабони мамлу аз ҳусни ноб ба рӯяш хандиданд, зери лаб гуфт: “Ту мисли ҳамин қаламам будӣ, модарҷон, ҳар гоҳ аз ғояти нодонӣ туро метарошидам, боз ҳам чеҳра боз мекардию бароям илҳом мебахшидӣ!”.
14
Ҷавоне талабгори духтари Дарвеш шуд. Боре дар ҳузури ӯ умедворона лаб ба таъриф кушод:
- Падаре доштам ҳунарманду доно ва модаре меҳрубону ҳалим. Хонае доштам бузургу боҳаво ва боғе сарсабзу пур аз дарахт. Коре доштам осону бо даромад ва кисаю сандуқам пур аз пулу сармоя...
- Биист, ҷавони хуб, “доштам” фоида надорад, аз “дорам” бигӯй, ки раво бошад, - гуфт Дарвеш.
Ҷавон лаб газид ва сар хам кард.
15
– Аз чӣ бояд эҳтиёт шуд, ки ба пойдории оила халале ворид нашавад? – дар ҳини дарсҳои одоб суол кард писари мутааҳҳили Дарвеш.
– Ҳамеша аз се чиз ман нигарон ҳастам, – ангуштони худро рӯйи пешонӣ молида гуфт Дарвеш, – аввал ин ки, хушдоману арӯс бо якдигар муросо накунанд, дувум, рашки зан, ки ба шавҳари худ дорад ва севум, ҷаҳолати мард.
16
Духтари ноз-нозӣ дар бағали Дарвеш ҷо шуду бехаёл пурсид:
- Чия ман ба очам задияму ба шумо не?
- Ина а очаҷонат пурс, духтарам, росташа мегӯяд, - бо завқ ҷавоб дод падар.
17
Шомгоҳон Дарвеш тоза аз кор фориғ шуда ба хона даромада буд, ки садои изтироболуди писари ҳамсоя баланд шуд:
- Амакҷон, зуд биёед, додоям очаамро мекушад!
Дарвеш ҳамоно ба пас гашт ва ба хонаи ҳамсоя шитофт. Чашми шайтон кӯр, марди хунгирифтаи бадмаст зани бечораи худро, ки бо ду даст сару сураташро дошта, дар гӯшаи хона бурма шуда менишаст, бераҳмона лату кӯб мекард. Дарвеш мардро нигаҳ дошту аз хона берун кард ва зани маҷрӯҳро ба назди ҳамсари худ овард, то шӯри шавҳари зӯр пасанда шавад...
Иттифоқо, ду-се рӯзи дигар гузашту вақти аср дубора овози имдодҷӯёнаи писари ҳамсоя Дарвешро аз хона ба ҳавлӣ андохт. Ӯ канда-канда нафасгирон изҳор медошт:
- Амакҷон, ёрӣ диҳед, додоямро халос кунем, авбошон ба ҷонашон дарафтидаанд!
Дарвеш беист ба сӯйи корзор шитофт. Гӯши шайтон кар, дар кӯчаи маҳалла доду фиғони марди ҳамсоя ба фалак мепечид. Ду ҷавон ӯро бо навбат мекӯфтанд, сару сураташ захмиву пироҳану шалвораш жӯлидаи хоку хун буд. Зӯрмандҳо омадани кумакро дида дум хода карданд. Дарвеш ҳамсояи худро бар замми залилӣ боз ҳам масту хуморӣ дарёфт. Бо ёрдами писар ӯро ба хона бурд ва ба дасти занаш супурд. Дар ҳоле ки ҳамсари мард сарутани ӯро афшонда дасту рӯйи хунолуду касифашро тоза мекард, писари ҳамсоя ба забон омад:
- Раҳмат, амакҷон, агар шумо намебудед ман чӣ кор мекардам? Гуфтаи муаллимамон рост будаст, додоям хонашеру майдонғариб аст.
Дарвеш аз сухани писар ба завқ омад, сару дӯши ӯро молида илова кард:
- Оре, гурба шер аст дар гирифтани муш ва муш аст дар ҷанги паланг!
18
Писар аз баҳри андеша берун омаду гуфт:
- Падар, ман ба куҷо равам ва чӣ коре кунам, ки зиндагиам хуб гузарад?
Дарвеш ҷавоб дод:
- Писарам, ту дар фикри он набош, ки куҷо равию чӣ кор кунӣ, балки аз худат бипурс: “Ман бо кӣ бошам зиндагиам хуб мегузарад?”.
19
Шогирд бо хушҳолӣ арз кард:
- Устод, метавонед барномаи бизнесии маро қабул кунед, ниҳоят ба поён расондам.
- Мавзӯят чӣ аст? – пурсид Дарвеш.
- “Барпо намудани бунгоҳҳои кишоварзӣ дар даштҳои хушку беоби Нурато”, – бо ҳисси ифтихор ҷавоб дод шогирд.
- Офарин! – ба ваҷд омад Дарвеш. – Коре, ки ҳазорҳо сол орзуи нуратоиён аст! Бигӯ, бубинам, бо ин ҳадаф чӣ барномаҳое дорӣ?
Шогирд як-як баён кард:
- Аз бонк кредит мегирам, то лаби Ҳайдаркӯл хатти барқ мекашам, дар канори кӯл барои тоза кардани оби гилолуд тасфияхона месозам, сипас болотар корхонаи ширинсози об барпо мекунам(охир, оби кӯл шӯр аст!), то қисми болоии дашт ду хатти лӯлаи об мекашам, дар масири лӯлакашии об, ки ба бароз меравад, ду насосхона месозам, чанд дастгоҳ насосу мутурбарқи боиқтидор аз кишвари Япония меоварам, ҳар қадар лозим аст барои анҷоми кор деҳқону муҳандиси кишоварзӣ ҷалб мекунам ва ҳама заминҳоро обшор карда бунгоҳҳои кишоварзиро ба роҳ меандозам... , - шогирд хомӯш мондани устодро диду афзуд: - Барномаам хуб аст, боз чиро мешавад илова кард?
Дарвеш сар аз гирдоби андеша бардошт ва маслиҳат дод:
- Дар поёни барномаи бизнесиат ёддошт кун: “Зӯри беҳуда миён мешиканад!”.
20
Дарвеш ба акси модар дида дӯхт, ки як сабад нони тозаи аз танӯр кандаро дошта меистод ва бо чашмони нурогину лабони ба табассум моил нонҳои пухтаашро таоруф мекард. “Эҳ модарҷон, - дар даҳан забон ҷунбонд Дарвеш, - ҳар гоҳ аз меҳрубониҳоят ба ваҷд омада таърифат мекардам, ту шармгинона дар хиҷил мешудию чеҳраат ба сони нонҳои сурхат мешукуфт ва ҳар замон аз дасти нодонӣ бароят ҳарфи сахт мезадам, сукут мекардӣ ва ранги рухсорат ба мисли нонҳои оташнадидаи танӯрат меканду сафедгун мешуд”.
21
Писар ҳар қадар бо падар мезист, бештар пай мебурд, ки ӯ ба занҳо сахтгир асту бовар надорад. Дар ниҳоят, рӯзе бар сари эродҳои ӯ гиреҳи дард кушод:
- Падар, чаро мегӯйӣ, ки рашки зан аз муҳаббат нест?
- Оре, рашки зан аз камҳушист, на аз муҳаббат, – ҷавоб дод Дарвеш. – Агар аз муҳаббат мебуд, ба сари мард дод намезад.
- Пас, аз ин хотир садоқати занро ба андозаи вафои саг намегирӣ?
- Не. Гап дар сари он, ки бо ин ҳама якҷоя будан ту ҳақ надорӣ хеши ӯро наҳ занӣ. Зан пайваста бо ёди “одами худ” аст ва бо ин бастагӣ вафое, ҳадди ақал, чун саг надорад.
- Яъне, “мӯйдарозу ақлкӯтоҳ” аст?
- Ин таърифат ба занҳоест, ки фақат пеши пойи худро мебинанд ва як қадам онсӯтар барояшон торик аст. Агар ҳам бинанд, саробе беш нест.
- Ҳеҷ намефаҳмам, барои чӣ мегӯйӣ, ки онҳо бераҳму бешафқатанд?
- Бераҳмии эшон дар ин аст, ки сақат* мекунанд, оре, писар, ҷаллодиашон то ҷоест, ки ҷанини тоза рушдкардаро аз батни худ дур меандозанд!
- Хуб, аз ин ҳама бигзарем, ба ҳарфи дигари худ, ки гуфтаӣ “зан сурати одамии шайтон аст ва ҳама макру туҳмат аз ӯ сар мезанад”, чӣ гуна далел дорӣ?
- Агар чунин намебуд, Сиёвуш аз кӯҳи оташ намегузашт, - ҷавоб дод Дарвеш.
Писар дар саҳни тахайюли худ найрангу шарорати Судоба ва аз коми оташ бурун омадани Сиёвушро тасаввур карда, бо нигаронӣ ба падар рӯй овард:
- Ту ба ҷид занҳоро дӯст надорӣ?
Дарвеш хандид.
- Ҳамин занҳо ҳастанд, ки зиндагии мо ҳусн дорад, писарам! – гуфт ӯ ва афзуд: - Албатта, агар аз он нақоисе, ки гуфтем, парҳез кунанду орӣ бошанд...
_____________
* сақат кардан – пеш аз замон бача аз шикам афкандан
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутить лайки в вк