Ашъор

1.ШЕЪРҲО


НОЗАМ БА НОМИ ЭҶ


Ҳар ҷо зи Эҷ бишнавам, нозам ба номи Эҷ,

Ҳар ҷост аҳли маърака, гӯям саломи Эҷ.

Аз Пиритурк то Пишох* овардгоҳи ӯст,

Бар кӯю дар расад ҳаме боди хироми Эҷ.

Миҳмони ман шавад даме инсони бовафо

Дастам кушод бошаду бахшам тамоми Эҷ.

Хурду калон гап занад бо лафзи модарӣ,

Дурри дарии модарам бошад каломи Эҷ.

Пӯшад ба тан лифофаи хокиву соданах,

Ҳар наррашер ояду уфтад ба доми Эҷ.

Санге фитад зи паллаи доду адолат-ар,

Бо ин ситам ба сар шавад шӯру қиёми Эҷ...

Юнус, бихез субҳидам, Наврӯз пай бигир,

Ин лаззатест биншинад ҳар гаҳ ба коми Эҷ!

______________

*Пиритурк ва Пишох – гузарҳои саргаҳ ва болооби Эҷ


ОРЗУИ ВАТАН

 

Дилам хоҳад, ба Шӯробак1 равам боз,

Ба хирмангоҳи Доничак2 равам боз.

Бигирам дасти ёрони ҷавонӣ,

Ба сайри новаи Феҷак3 равам боз.

 

Дилам хоҳад, фатиру кулча монӣ,

Бинӯшам аз шароби арғавонӣ4,

Даме бо модарам танҳо гузорӣ,

Барорам ормоне аз ҷавонӣ.

 

Дилам хоҳад, шавам меҳмони момом,

Занам чодар ба кунҷи боғи бобом.

Бигирам дар бағал момои хурдам,

Кунад бар ман ҳамел5 аз мағзи бодом.

 

Дилам хоҳад, бигардам дар шаби тор,

Бибӯсам пушти Мурғобак лаби ёр.

Нишинам бо гулам андар Гулибоғ6,

Зи дасти мо шавад ҳамсоя безор.

 

Дилам хоҳад, расад дастам ба Зиҳнок7,

Кунам болин кулӯху сангу хошок.

Бигирям аз ғубори кӯҳи бирён,

Расад фарёди ман бар тоқи афлок…

 

Дилам хоҳад Ватан поянда бошад,

Дар он ҳам Эҷи8 ман поянда бошад!

Забони порсии аҳли он низ,

Ба асли хештан поянда бошад!

 

------------------------------------------------------

1.Шӯробакдарае дар се километрии зодгоҳи муаллиф, ки чашмаи шӯр дорад.

2.Доничакгузаре, ки дар он муаллиф ба дунё омада бузург шудааст.

3.Феҷакдараи хушбоду ҳаво ва обдорест, ки барои муаллиф ва ҳамдеҳагони ӯ беҳтарин осойишгоҳ маҳсуб мешавад.

4.Шароби арғавонӣманзури гӯянда обмеваи ангури сиёҳ ва олуча (гелоси сурх) аст, ки дар овони хурдсолӣ модараш дуруст мекардааст.

5.Ҳамелшилшилаи ҳалқаӣ, ки бо кашидани мағзи зардолу, бодом ва ғайра дар нахи борику дароз ҳосил мешавад.

6.Мурғобак ва Гулибоғисми чашмаҳои серобест, ки дар болодасти деҳа, дар атрофи манзили падарии ҳамсари муаллиф воқеъ мебошанд.

7.Зиҳнокисми дараи кӯҳӣ; манзури муаллиф кӯҳистони атрофи зодгоҳаш аст.

8.Эҷдеҳаи Эҷ – зодгоҳи муаллиф.


НАВРӮЗИ ЁР

Ин ёри нозанини ман кокул ба сар шукуфт,

Бо оби Феҷаку дами боди саҳар шукуфт.

Андар Пишоху Пашкану Пирвеши сарбаланд,

Садҳо ниҳоли тозаи бодоми тар шукуфт.

Довон ҳанӯз, бингарӣ, домансафед аст,

Дашти сиёҳи ёри ман беболу пар шукуфт.

Ҳар сӯ заҳид чашмаи Зиҳноку Чишмисурх,

Дар Сойи Хурд сойи об бо ранги зар шукуфт.

Боди сабо бӯса зад Хадреду Пиргиред,

Бо ин насим Сунбула  домангуҳар шукуфт.

Тозаарӯси ин баҳор озода Эҷи мост,

К-ӯ дар ҳарими ёри ман бо карруфар шукуфт!


НАВОЗИШ

 

Боз бо модар нишинам,

Бо тарона,

Бо навои меҳрогин,

Бо талоши кӯдакона…

Гӯяд ӯ пайваста аз дил,

Саргузашту шеъру қисса.

 

Дар баҳорон,

Паҳлуи гулҳои зебо,

Уфтодам,

лағҷидам,

паҳлу задам.

Мекунад маст,

Атри гулҳо –

Лолаву қоқуи зебо.

 

Мерасад бар гӯш аз дур,

Шилдироси оби рӯд.

Шоду хуррам

Медавам бар сӯйи рӯд,

Бо навозиш,

Бо мулоим силаҳои боди форам.

 

Паҳлуи ман кабки кӯҳӣ,

Бо навои худ ғазалхон,

Мехиромад ишваомез,

Аз канори чашмасорон.

Боз гоҳе,

Мепарад андар фарозӣ,

Аз кафи ман,

Дар гузарҳо,

кӯ ба кӯ,

то пеши ёрон.

 

Боз ин дам,

Соя дорад бар сари ман

Беди маҷнун,

Беди рақсон,

Бо ҳазорон гесувони бодафшон.

 

Мефитам бар доми афсун,

Бедилу беҳолу сархуш,

Масту беҳуш.

Гӯиё ман,

Мефитам бар домани ороми ёр,

Беғаму бедарду озор,

Бо умеди бистари ёр…

 

Ё худоё!

Ин навозиш,

Ин нигориш,

Ин ҳама сеҳру ниёиш,

Чун атои худ нигаҳ дор!

 

ДУХТАРИ ҚИШЛОҚӢ

 

Эй духтари қишлоқӣ, гулғунчаи раъноӣ,

Ман ишқи туро хоҳам, бо ёди ту менолам.

Ту нози баҳоронӣ, гулбарги шукуфонӣ,

Ман нози туро хоҳам, бо ҳусни ту меболам.

 

Эй духтари қишлоқӣ, дурдонаи яктоӣ -

Дар баҳри пур аз дурре, дунёст пур аз шодӣ.

Дар об туро ҷӯям, бехоб туро ҷӯям,

Ҳар ҷо, ки туро хоҳам, дилҳост пур аз шодӣ.

 

Эй духтари қишлоқӣ, ту шамъи фурӯзонӣ,

Аз нури дурахшонат тобон раҳи мо шуд.

Бо ёди висоли ту шабҳо ҳама бедорам,

В-аз чеҳраи бедорат хандон дили мо шуд.


ХОҲАР

Бувад ҳам ҷону ҳам ҷонона хоҳар,

Анису мӯнису фарзона хоҳар.

Нуҳуфта дар дилаш меҳри бародар,

Бародар шамъу чун парвона хоҳар.

Бале, чун гавҳари бемислу ҳамтост,

Ба таърихи ҷаҳон афсона хоҳар.

Бувад дилдору ғамхорат ҳамеша,

Набошад бо ғамат бегона хоҳар.

Бирезад хуни дил андар фироқат

Зи чашми наргису мастона хоҳар...

 

«БАҲОРИ НОЗАНИН»

 

Туӣ бо синаи пурдард, баргард,

Рухат нодида ранги зард, баргард.

 

Ба сахтӣ мекашад дастони номард,

Надида панҷаи номард, баргард.

 

Нарафта то ғуруби тирамоҳӣ,

Наканда мисли барги зард, баргард.

 

Ба сардӣ бигзарад фасли зимистон,

Баҳори нозанин, баргард, баргард.

 

ДАРЕҒО*

 

Дареғо, сарви бӯстон аз миён рафт,

Чароғи дӯстон аз хонадон рафт.

 

Сафои зиндагиро гуфт падруд,

Ба хоку хун оғушта, ниҳон рафт.

 

Дили мо ташна бар дидори ӯ буд,

Ба зери сангу сангар ногаҳон рафт.

 

Ба маҳфилҳо суханро нек мегуфт,

Забони шӯхи ӯ ҳамроҳи ҷон рафт.

 

Дилаш мамлу зи ишқу орзу буд,

Вале ноошиқу бо ормон рафт.

 

Худоё, хок гирад душманонро,

Ки ҷони мо, дареғо, навҷавон рафт.

 

--------------------------------------------

*Ин ғазалро ба унвони марсия дар ҳаққи дӯсти солҳои мактабиам – Фарҳод Ҳайдаров гуфтаам, ки соли 1984 ҳини сарбозӣ дар хоки Афғонистон ҳалок шудааст.

 

ИШҚИ НУҲУФТА

 

Ишқи ман кайҳо нуҳуфта,

Бар дари Шӯробаку Кӯҳи Сафед1,

Дар бағалкӯҳи Сиёҳ2,

Дар таҳи харсангҳои Пиргиред3.

 

Ишқи ман кайҳо парида,

Аз пайи бузғолаҳо,

Зери боли кабкҳо аз домгаҳ,

Ҳамраҳи гунҷишкакон аз сойҳо.

 

Ишқи ман ғарқида кайҳо,

Дар таги Сойи Калон4,

Мағз-мағзи оби Феҷак,

Ҳамраҳи моҳичаҳои Чашмаи Бобокалон5.

 

Ишқи ман кайҳо нуҳуфта,

Дар ҳавои бӯсаи тар,

Лобалои гесувони мушкфоме,

Дар дили ҳамсоядухтар…

 

---------------------------------------------

1.Кӯҳи Сафедкӯҳи баланде дар даромадгоҳи зодгоҳи муаллиф, ки болосари он бо харсангҳои сафедранг пӯшида шудааст.

2.Кӯҳи Сиёҳриштакӯҳи тӯлониест, ки аз болотари манзили падарии муаллиф ба таври амудӣ то дараи Пиргирӯд тӯл мекашад ва болосари худ то охир сангу шахҳои сиёҳранг дорад.

3.Пиргиред(Пиргирӯд)исми дараест, ки дар чор километрии зодгоҳи муаллиф ба таври мувозӣ қарор дорад.

4.Сойи Калонисми дигари деҳаи Эҷ – зодгоҳи муаллиф.

5.Чашмаи Бобокалонисми чашмаи серобе, ки поинтар аз боғи падарии муаллиф қарор дорад.


Накҳати  Ватан


Лолаҳо дар пуштаҳои Ғорикон,

Ҳусни ёру мушки эҷоди ман аст.

Оби сарди Феҷаки болобаланд,

Оби Хизру ҷони аҷдоди ман аст.


Мо зи нозу чаҳ-чаҳи кабки хиром,

Нозҳои зиндагӣ омӯхтем.

Аз гули бодом айёми баҳор,

Навраҳоӣ, тозагӣ дарёфтем.


Мевазори боғи бобом субҳу шом,

Домани ҳиммат фишонда беҳисоб.

То ба акнун шаҳд бар коми ман аст,

Себи сурху тутҳои нуқратоб.


Дар замони пешпо рафтан ба санг,

Моми Доничак ба имдодам расид.

Кӯдакию харсавориям гузашт,

Солмандӣ, вақти ношодам расид.


Духтари ҳамсоя бо ман ёр буд,

Солҳои кӯдакӣ беор буд.

Чун пинак мерафт андар зонуҳом,

Зери дасташ қалби ман бедор буд.


Майсамомо1 бо муҳаббатҳои худ,

Мо – ҳама навзодаҳоро доя буд.

Токҳои тоқшакли боғи ӯ,

Дуздпеша баччаҳоро соя буд.


Чашмаи Бобокалон ҳоло куҷост?

Ҷилвааш, охир, чаро аз ман ҷудост?

Гарчи сар баста ба поён бурдаанд,

Қадри обаш то ба охир бебаҳост!


Бо намадмолию эрмак2 ҳар замон,

Мо хумори дасти модар мекунем.

Ҳамраҳи ҳулбӯйи пичаккулчаҳо,

Орзуи бӯйи модар мекунем.


Бӯйи модар зинда созад бӯйи Эҷ,

Бо ҳавои боду оташ,  обу хок.

Накҳати беохири Эҷи қадим,

Зинда созад ошиқони синачок!

_________________ 

1Майсамомо дар гузари Доничак ба бисёр навзодҳо момодоягӣ мекардааст;

2 эрмак – ӯрмак; гилему қолибофӣ

 

 РОЗИ ФАРЗАНД

 

Модарам, пайваста мекардӣ дуо,

Бо калому лафзи поки модарӣ.

Будаам кӯдак, ба говора1 асир,

Алла мегуфтӣ ба гуфтори дарӣ.

 

Модари ҷон, ман саногӯйи туам,

Ҳар куҷо бошам, дуогӯйи туам.

 

Дар биҳиштӣ қалби худ бо сад умед,

Донаи меҳрат мубарро коштӣ.

В-аз замини серборат нав ба нав,

Меваи лутфу вафо анбоштӣ.

 

Модари ҷон, меваи боғи туам,

Барги сабзи лутфу эҳсони туам.

 

Солиён сегу2 насиҳатҳои ту,

Сабт шуд чун ҳалқа андар гӯши ман.

Иффату солорию имони ту,

Шамси тобонест бар паҳнои ман.

 

Модари ҷон, ман нигаҳбони туам,

Ман давоми ҳастиву ҷони туам.

 

Пушти сар гуфтанд гарчи ҳарфи бад,

Ҳар гуноҳат рехт, рӯҳат тоза шуд.

Бо сиришти поку бо ҷонофарӣ,

Номи ту дар хиттаҳо овоза шуд.

 

Модари ҷон, ман вафодори туам,

В-аз ҳама бад ман нигаҳдори туам.

 

--------------------------------------------------------

1.Говорашакли дигаршудаи «гаҳвора» дар лаҳҷаи эҷиён.

2.Сегафсона, ривоят (дар лаҳҷаи аҳли Эҷ).

 

ПАЗМОНӢ1

Ёди шабҳои висол ояд ба ёд,

Ҷӯраи ман, бехаёл, ояд ба ёд.

Ду ҷавон орзуи воло доштем,

Ду парӣ дар Боғи Боло доштем.

Қимати гул лолаи Хуршед буд,

Истади ман лолаи уммед буд.

Гаҳ зи Мурғобак шикастем ташнагӣ.

Гаҳ ба бӯйи ёр кандем хастагӣ.

Нӯши мо буд аз дами шабҳои тор,

Бӯсаборон доимо лабҳои ёр.

Дар Гулибоғ оби ишрат ёфтем,

Чор тан ишқу муҳаббат ёфтем.

Нокҳои ноби Бобои Алим,

Нок не, бал шаҳди Яздони карим.

Гӯиё монанди ёри мо наҳон,

Аз шириниш меравад оби даҳон...

Эй басо шабҳои ноором буд,

Ду парӣ андар бағал, дар дом буд.

Қимати гул дар дили Хуршед шишт,

В-ин гили ишқи маро Истад сиришт.

____________________ 

1 Ин шеър ба ёди дӯсти солҳои бачагӣ, ҳамсинфи муаллиф - Хуршед, ки пас аз амали сахти ҷарроҳии дил дар синни 50-солагӣ аз дунё гузаштааст, суруда шудааст 


ПАҲЛАВОНИ СУХАН


(Дар остонаи ҷашни ҳафтодумин солгарди рӯзномаи «Овози тоҷик»)

 

Ба ҷавлонгаҳи зиндагии баланд,

Ба азму шуҷоат савори саманд.

Давида ба некӣ дили ғам дарид,

Ҳама зишткорӣ ба банд афканид.

Расид ӯ ба доди ватанпарварон,

Ба маънӣ кашида силоҳи равон.

Ҷаҳони сухан пуштбонӣ намуд,

Ба мардони майдон далерӣ фузуд.

Ба кӯйи садоқат гиройиш кард,

Ватанпарваронро ситойиш кард.

Фиканд аз замона хасу хори оз,

Шуд аз ӯ басе кори гетӣ ба соз...

Кушояд дари «Маърифат»-ро зи худ,

Хабар орад аз расму оини ҷуд.

Кашад пунбаи ғафлат аз танги гӯш,

Расонад навиде ба ғавву хурӯш.

Дар ӯ боди хуш аз «Ҷаҳони зан» аст,

Насими диловез аз лутфи зан аст.

Диҳад ошноӣ ба ноошно,

Сазад кори неку накӯзодҳо.

Бубин, парчами рӯзгори нав аст,

Фурӯҳишта бар тахту тоҷи нав аст.

Нишоне зи халқи куҳантаърих аст,

Раҳида зи дашному аз тавбех аст.

Басе сол дида ба ҳафтод рафт,

Пайи ҳарфи некаш ҳама шод рафт.

Чароғи фурӯзони ҳар хона аст,

Ба ҳикматгузинон дурдона аст.

Муборак ҳавасҳои ҷону сараш,

Муборак шукӯҳу фари пайкараш!


ЁДИ ПАДАР

Назди ҷевони китобам ин саҳар,

Дидаам бархӯрд бо акси падар.

Дошт ӯ лабханди зебою малеҳ,

Рӯйи пешонӣ каме чину гиреҳ.

Нур меборид аз чашмони ӯ,

Дур(р) мезойид  ҷисму ҷони ӯ.

Офтоби меҳри ӯ чун сабза нарм,

Чун танӯри очаам тафсону гарм...

Бар вуҷудам талъати меҳраш расид,

Дар рагу пай хуни гарми ӯ давид.

Солҳои баччагӣ омад ба ёд,

Бо падар мезистам  хурсанду шод.

Дасти ман бигрифта то мактаб расонд,

Дарси устоде зи ман пинҳон намонд.

Ёфтам сирри алифбои ҳаёт,

То расидам то ба манзили нишот.

Буд бар сар қиблагоҳам соябон

Ҳар қадам, аз пиллакон то осмон...

Ман кунун биншаста бо акси падар,

Бо дили озурда бо чашмони тар....


БОБОИ ОШИҚ


Ҳусни бобо тамом шуд,

Қоматаш чун камон шуд.

Бо шамоли бевагӣ

Пайкараш нимаҷон шуд.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

Гарчи бобо тамом шуд,

Ошиқ аз мағзи ҷон шуд.

Бо ҳавас дар калонӣ

Толиби холаҷон шуд.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

Хола сад ишва дорад,

Ёди бобо надорад.

Гарчи мӯяш сафед аст,

Нозу карашма дорад.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

Хола гӯё ғамаш не,

Як зара ташвишаш не.

Бар дили пири ошиқ

Роҳи муҳаббаташ не.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

Шӯри бобо саромад,

Бар такупо даромад.

Хостгораш баногаҳ

Аз дари кампир омад.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

Холаи пири танноз,

Даста надоданис(т) боз.

Тоқаташ гарчи тоқ аст,

Сӯйи бобо кунад ноз.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

Ошиқи хола во шуд,

Кабки тозанаво шуд.

Нозу нузи холаҷон

Дарди дила даво шуд.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

Дасти кампира қапид,

Гуп-гупи дила шунид.

Сари бобо дусар шуд,

Олами ишқа харид.

            Омад-омад муборак,

            Қадду қомат муборак!

 

Ба шарафи 60-уми солрӯзи бародарам Абдуррашид

(01.01.2018)

Эзиди якто туро низ баргузид,

Бандаӣ бар Холиқам, Абдуррашид.

Ту ба ин сӯву ба он сӯ тохтӣ,

Зиндагӣ бо сад азобе сохтӣ.

Панҷаат аз кори сахт обила баст,

Обилапой омадӣ то синни шаст.

Шуд зи дасти умр мӯҳоят сапед,

Мӯсафед бар зиндагӣ бастӣ умед.

Эй хушо, сахтӣ хушиҳо офарид,

Аз пайи обила оҳи дил дарид.

Ҳар нахи мӯйи сапед инсон сохт,

Гарчи дармону давом аз ҷон бохт.

Навдаҳои боғи умрат мева дод,

Ҳосили нав бо ҳазорон шева дод.

Дур(р)зо шуд шохаи имони нек,

Нурполо олами виҷдони нек.

Баччаҳо аз дасти ту одам шуданд,

Очаю додо – ҳама беғам шуданд.

Ҷони ман, бодо муборак, шаст сол,

То ба сад сол даст ёбӣ авҷи ҳол!


Паёми шодбош ба рӯзи таваллуди Матлубаапа:

(02.09.2017)

Мо толиби саодат, матлуби мо шумоед,

Дилдодаи муҳаббат, матлуби мо шумоед.

Дар роҳи мулки бобо, бо дасти худшиносӣ,

Санге занад ба ғурбат, матлуби мо шумоед.

Афтобгуна пошад нури зиё мураттаб,

Олиҳаи саховат, матлуби мо шумоед.

Бахязанон кашонад кулбори тангдастӣ,

Бо риштаи қаноат, матлуби мо шумоед.

Ҳар хона файз дорад аз раъси субҳ то шом,

Бо моми меҳру шафқат, матлуби мо шумоед.

Бар дардҳои миллат ояд басе ба нудрат,

Ҷонбози дарди миллат, матлуби мо шумоед!


Ба зодрӯзи Ҷалол (17.12.2015)

Бо илҳоми нек ва орзуи саломатӣ ва арзи дӯстдорӣ ба фарзанди азиз:

Зиндагӣ зебост бо неку бадаш,

Бо фаровон омаду ноомадаш.

Ҳаст подоши ҳаёт аз нӯшу неш,

Гоҳ хурсанд ин дили мо, гоҳ реш.

Ҳар чӣ дорем аз каму беши Худост,

Ихтиёре ҳаст агар, пеши Худост...

Пас, биё, Эзидро довар кунем,

Ҳарчи фармояд Худо бовар кунем!


ПАЗМОНИИ ЁР

Ту рафтию дилам бехона гардид,

Ҳисори хотирам вайрона гардид.

Аз ин ҳаҷру аз ин азхудравиҳо,

Дили бехонаам девона гардид.

Сару поям ба гулзори дигар рафт,

На гулзоре ба дил кошона гардид.

Агарчи ҷамъи гулҳо рӯ намуданд,

На як гул ҷойи ту ҷонона гардид.

Яку ду баршумурдам моҳи ҳиҷрон,

Маҳи ту дар назар солона гардид.

Зи ҳаҷрат рӯзу шаб дар боғи ёдам,

Ҳазору як хаёл парвона гардид.

Ба роҳат чор шуд ин чашми махмур,

Зуҷоҷиаш кафи майхона гардид.

Зи ҷоми дидагонам ашки бисёр

Фурӯ рехту дусад паймона гардид.

Куҷо рафтӣ? Магар ки зери поят

Пур аз ганҷу пур аз марҷона гардид?

Бимонам чун гадо дар пойи ҳуснат,

Агарчи ҳар дамат шоҳона гардид!

***

Пайғом аз диёри ёр:

Марями ҷон – ҷон андар ҷони мо,

Муждагонӣ медиҳад Паймони мо:

Дар Самарқанди куҳан дар моҳи ут,

Чашм роҳи туст Регистони мо.

Чун давоздаҳ аст рӯзи вохурӣ,

Боз хоҳад шуд дастархони мо.

Мо ҳама муштоқи дидори туем,

Боз-о, эй моҳи Узро – ҷони мо!

***

Аз забони духтарак:

Эй Худоҷон, дасти ман не, дасти ӯст,

Луқмаи нон додаӣ, аз баҳри ӯст.

Гар дилу ҷонам фурӯ резад ҳама,

Ҳар фурӯрехта кунун дар кӯйи ӯст.

Роҳ пояд аз саҳар то гоҳи шом,

Чашми хунолуди ман бар сӯйи ӯст.

Ӯ нагӯяд, “ман ҳақиру ноумед”,

Ин ҳама неруи ман уммеди ӯст.

Пас, дар ин дунёи бемеҳру вафо

Ҳар чӣ ман дорам ҳама дунёи ӯст!

***

Хоҳари нори ман,

Лоларухсори ман,

Дидаҳош бишканад

Нӯги паргори ман!

***

Ба Шаҳноза

То ба кай доман занӣ он сӯйи рӯд,

Кай ту бар домони мо хонӣ суруд?...

***

Ба истиқболи дӯстам Таҷамулшо

Навкари Боми Ҷаҳонему аз он

Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Сар ба саҷда мениҳем бо сад умед,

Шоҳи дилҳо меҳмон ояд ҳаме.

Таҷамулшо мерасад фасли баҳор,

Дар баҳорон лоласон ояд ҳаме.

Юнус аз моҳӣ дар омад, то кунун

Ҷони ӯро боз ҷон ояд ҳаме.

Ин дили мо шефтаи чеҳри  Шаҳ аст,

Чеҳраи Шаҳ шодмон ояд ҳаме!


Эҳдо ба хоҳари нозанин Мағфират Юсуфӣ:

Гӯиё пайки баҳорон омадӣ,

Бо хурӯши чашмасорон омадӣ.

Бар сари саҳрои дилҳои кабоб

Нозборон, резаборон омадӣ.

Акси ту акси баҳорони тар аст,

Нури чашмат тоби дурру гавҳар аст.

Ин ҳама тозабаҳорият, нигор,

Тифли нуронӣ зи маҳди озар аст!


2. ҒАЗАЛҲО

 

Ҳар ҷо равам нигори ман оби сиёҳ медиҳад,

Ҷойи палову пинубо аз сина оҳ медиҳад.

Олудааст чумчаю деги сиёҳи хонааш,

Дигар на оши покиза, дасти гуноҳ медиҳад.

Дар манзили муҳаббаташ бар ман намонда гӯшае,

Худ бехабар ба душманам пайваста роҳ медиҳад.

Оташ чу мезанад басе андар танӯри ишқи худ,

Ноне агар диҳад ба ман, хоҳу нахоҳ медиҳад.

Инак зи кӯҳи неъмати бар нася додааш, нигор,

Бар ин фақири нотавон як тӯда коҳ медиҳад.

Юнус, бубин рӯзи ман, чун шаб сиёҳу тира шуд,

Ҳар рӯшанӣ, агар диҳад, аз рӯйи моҳ медиҳад.

***

Ман ғуломи нозу фармони туам,

Посдори розу имони туам.

Медурахшад офтоби ҳимматат,

Гармдил аз нури эҳсони туам.

Дидаҳоят рехтанд оби вафо,

Шабнаме аз зери мижгони туам.

Худписандӣ тинатамро ёр нест,

Худшиносу ошиқи ҷони туам.

Эй санам, моҳи рухат дар осмон,

Нозири он моҳи тобони туам.

*** 

Ҳамнишинам пушти сӯзан, дида ангушпона аст,

Ҳар такопӯйи ману ӯ дар дили як хона аст.

Пушт дода, дӯст дорад нӯфисӯзанчашмҳо,

Ёри ман бо ин муҳаббат бар худаш бегона аст.

Бо ғами бегонагӣ овораи дунё манам,

Ҳамнишин парво надорад бедару кошона аст.

Тирагии ӯ сар омад, шамъи ман аз даст рафт,

Шамъдуздам хона асту бар сараш парвона аст.

Масту беҳушем ҳама, андар сари хони фиреб

Хасм зону мезанад, зеро сари паймона аст...

Кош рӯзе даррасад, ёрам ба худ ояд, Юнус,

Ман ба чашми сар бубинам душманам бехона аст!

*** 

Аз дасти фалак, сахт гурезон шудаам ман,

Дилхаставу бекораву беҷон шудаам ман.

На боди сабо ояду не накҳати Омӯ,

Дар бодияи яъс гаравгон шудаам ман.

Дилдодаи ман ишқи маро кард лагадмол,

Маҷнунсифат бесару сомон шудаам ман.

Бобом фурӯхт оби мубаррои вуҷудам,

Хушкидатане – хори мағелон шудаам ман.

Нокарда гунаҳ болу парамро бибуриданд,

Беболу паре туъмаи гургон шудаам ман!

Юнус ки ғариб аст дар ин олами фонӣ,

Вораста зи моҳиву пушаймон шудаам ман.

 

* * *

 

Бар шонаҳои дарё мавҷи шикаста резад,

Оҳу фиғони дарё дарди замона гӯяд.

Бар рӯди саршикаста маҷрои тоза ҷӯем,

То нолаҳои худро осудатар намояд.

Дарё чу зиндагонӣ дорад ҳазор оҳанг,

Оҳанги зиндагиро мутриб ба мо сарояд.

Созу навои мутриб бахшад хурӯши тоза,

Базме бисозем акнун, то коми дил барояд.

Ҳамчун арӯси тобон аз пардаи сабоҳӣ,

Бар базми имшаби мо шеъру тарона ояд.

То ҳол агар наомад борони меҳрубонӣ,

Бар боми мо шабу рӯз заҷру алам наборад.

Гуфто, парии қисмат, афсурдагӣ раҳо кун,

Мушку абири тоза бар даври гардан ояд.

«Аз ҳалқи ҳиндувона хун мечакад шабона»*,

Дар осмон маҳи мо чеҳра зи ғам кушояд.

 

----------------------

* мисраъ аз Беранги Кӯҳдоманӣ

                      * * *

 

Теғе шуда баланд андар сари шабоби ман,

Хандида душманам ба ин ҳоли хароби ман.

То соҳили саодату осудагӣ ҳанӯз,

Вақти зиёд мондаву қалби кабоби ман.

Баҳсу фиреби ҷоҳилон фикрам рабудааст,

Оне, ки мекашад ба ҳар тараф таноби ман.

Бегона аст минбару базми худогаҳон,

Дурри сухан нуҳуфтаву ҷоми шароби ман.

Тухми вафо намерасад то хоки аҳди мо,

Дар мавсими дарав бувад чашми пуроби ман.

Озода додарони ман нишаста дар камин,

Дом афкананд беш ба пойи савоби ман.

Ёдам наомада кунун, ки беватан манам,

Рабуда душманони ман дашти хароби ман.

 

* * *

 

Дар хоки ту мо хона накардему гузаштем,

Зебу фари кошона надидему гузаштем.

Бо ёди ту сад бор фиғон аз дили мо хест,

Ҳеҷ додрасе ҳол напурсиду гузаштем.

Ҳарчанд ҳавое ба гулистон ҳуши мо бурд,

Аммо гули уммед начидему гузаштем.

Дурру гуҳарат зиннати дуздони ватан гашт,

Дарвешнамо дида кушодему гузаштем.

Пайваста зи мо даъвати ваҳдат шунаво буд,

Мо акси садое нашунидему гузаштем.

Бо ҷомаи уммед шавад гарм тану ҷон,

Беҷома дар ин хона нишастему гузаштем.

*** 

Бо расидани баҳор ва Рӯзи бонувон дилҳои ноором ба илҳом меояд:

Нишаста рӯйи зону бозуи ӯст,

Хаёл побанди ҳусни некуи ӯст.

Тамоми ҳастиам таслими ҳусн аст,

Шакебоизудоям неруи ӯст.

Фурӯзон оташи қаъри нигоҳам,

Зи дастанури чашми ҷодуи ӯст.

Халида бар сари қалби хунолуд,

Хаданги он камони абруйи ӯст.

Ҷилои боғи эҳсоси вуҷудам,

Зи дурри беҳисоби минуи ӯст.

Ба ҷонам ҷон бахшад марҳаме, к-ӯ

Зи иксир офарида доруи ӯст.

*** 

Бо расидани баҳор ЗОДГОҲ чӣ талъате дорад!

Ин ёри нозанини ман кокул ба сар шукуфт,

Бо оби Феҷаку дами боди саҳар шукуфт.

Андар Пишоху Пашкану Пирвеши сарбаланд,

Садҳо ниҳоли тозаи бодоми тар шукуфт.

Довон ҳанӯз, бингарӣ, домансафед аст,

Дашти сиёҳи ёри ман беболу пар шукуфт.

Ҳар сӯ заҳид чашмаи Зиҳноку Чишмисурх,

Дар Сойи Хурд сойи об бо ранги зар шукуфт.

Боди сабо бӯса зад Хадреду Пиргиред,

Бо ин насим Сунбула  домангуҳар шукуфт.

Тозаарӯси ин баҳор озода Эҷи мост,

К-ӯ дар ҳарими ёри ман бо карруфар шукуфт!


Шарҳ:  деҳаи Эҷ, яке аз бузургтарин рустоҳои тоҷикнишини риштакӯҳи Нурато аст, ки деҳкадаҳои Сойхурд ва Симбулоқ (онро маҳаллиҳо Сунбула низ мегӯянд)-ро низ дар оғӯш мегирад. Феҷак, Пишох, Пашкан, Пирвеш (дар иртифои Эҷ) ва Зиҳнок, Чишмисурх (дар иртифои Сойхурд) ва Хадред, Пиргиред (дар иртифои Сунбула) аз ҷумлаи дараҳои обдору хушбодуҳавои Эҷ ҳастанд.

 

 

3. РУБОӢ ВА ДУБАЙТИҲО

 

Зебосанамо, номи туро ёд кунем,

Бо ёди рухат хотири худ шод кунем.

Эй кош, ниҳӣ пой ба даргоҳи висол,

Мо хонаи вайрони дил обод кунем.

 

* * *

Ҳангоми гулу созу тараб мегузарад,

Ҷоме зи гулоб лаб ба лаб мегузарад.

Ҷоно, зи гулоби ҳамдигар нашъа барем,

То нашъа барем, хоби шаб мегузарад.

 

* * *

 

Бо ёди висол зи торикӣ бигрезам,

Дар хонаи дил чароғаке афрӯзам.

Бо меҳр гирам зи бозуи ёри қарин,

Бар зулфи хамаш ҷамолаке андозам.

 

* * *

Пинҳоншуда ба Каҳкашон ишқи ту аст,

Маҳтоби рафидарӯй рухсори ту аст.

Ман ошиқи Каҳкашонаму бадри мунир,

Оҳанги хамӯши шаб ҳам оҳанги ту аст.

 

* * *

Бар чеҳраи ёр оби баҳор аст мудом,

Ду наргиси нам ғарқи хумор аст мудом.

Гар нохалафе чашми маро кӯр кунад,

Дар чашми дилам акси нигор аст мудом.

 

* * *

Зебосанаме номи маро ёд кунад,

Ҳар ҷо биравад хотири мо шод кунад.

Ман ҷом ба каф гираму гӯям ба умед:

«Эй кош, ба ман мисрае эҷод кунад!».

 

* * *

Дастони пахоли модарам ёдам ҳаст,

Дас(т)пухт таоми модарам ёдам ҳаст.

Ёдам наравад танӯри сурхи модар,

В-он кулчабашири модарам ёдам ҳаст.

* * *

 

Дилам хоҳад, ки меҳмони ту бошам,

Ба сози худ ғазалхони ту бошам.

Наёбӣ ошиқе мисли мане ҳеҷ,

Нигоро, ошиқи ҷони ту бошам.

 

* * *

Қуруни заррини вусто куҷо шуд?

Замони таҷдиду эҳё куҷо шуд?

Чароғи хонаҳо равшан, валекин,

Чароғи фитрати Сино куҷо шуд?

 

* * *

(Дар ҳавои оҳангҳои дӯстам Дилмуроди Қӯзӣ)

 

Маро мизроби тори ту садо кард,

Вуҷудам хонишат обу адо кард.

Зи оҳанги диловези ту мастам,

Ҳама андӯҳу ғам аз дил ҷудо кард.

 

* * *

БИЁ, НАВРӮЗ!


Раҳида булбуле аз дай туӣ, ту,

Сурудафкан ба чангу най туӣ, ту.

Дар ин зебанда базми бахтёрон,

Фараҳбахшо чу ҷоми май туӣ, ту.

 

* * * 

Баҳоро, зиндагӣ бе ту хароб аст,

Дили дилдодаат, гӯйӣ, хуноб аст.

Фурӯғи гесувонат ёд кардем,

Ба даври кокулат то кай ҳиҷоб аст?

***

Баҳоро, тоҷи наврӯзӣ ба сар кун,

Қабои сарди дай аз тан бадар кун.

Шудам муштоқи ту фасли зимистон,

Насими гарми худ бар кӯю дар кун.

***

Хурӯши майманат то бар фалак аст,

Ту гӯйӣ, ишваю рози малак аст.

Миёни ин ҳама нози табиат,

Фақат ҷононаи мо бедарак аст.

***

Биё, ҷоно, дилам вобастаи туст,

Ҳамоно дасту поям бастаи туст.

Ба Наврӯзам биё, бо меҳри бисёр

Даруни синаам гулдастаи туст.


Ҷавоби Марямбону:

Ба дасти ошиқе гулдаста дидам,

Гули ворастагонро баста дидам.

Чӣ хуш, қалби ҳалиме дошт ёраш,

Кушод ӯ ришта, дил вораста дидам!


Юнус:

Азизи ман, қадамҳоят муборак,

Виқори сарви болоят муборак.

Ба дидан омадӣ дар рӯзи Навруз,

Нигоҳи чашми шаҳлоят муборак!


Ҷавоби Марямбону:

Ту пайғоми баҳоронӣ, гули зард,

Ту зеби кӯҳсоронӣ, гули зард.

Зи ранги мо ту зардиро рабоӣ,

Чӣ ҳамдарди дилу ҷонӣ, гули зард.

(Ва Марямбону як дастагули сурхро коштаанд)


Юнус:

Гули зардам, ҳама зардӣ рабоям,

Ба мардӣ дарду дурдиро зудоям.

Чу Наврӯзам расад, бо ин матонат,

Ба даргоҳи гули сурхам гадоям.

***

Гули зардам, дилам сурхи хунафшон,

Гули пажмурда дар дашти Зарафшон.

Ба ин бечораи танҳо, баҳоро,

Насими ҷонбахши тоза афшон!


Марямбону:

Сафо бахшӣ ту рӯзи тираамро,

Даво бахшӣ ту чашми хираамро.

Ба даймоҳ аз ғаним озурда будам,

Шикастӣ ту адуи чираамро.


Юнус:

Сафои рӯзгори ту баҳор аст,

Давои ҷумла доғи ту хумор аст.

Ба Наврӯз омадӣ, андар дили дай

Адӯи кинатӯзат хорузор аст.

***

Ту мушку анбарӣ, бӯят диловез,

Насими манзилу кӯят диловез.

Ба Наврӯз омадӣ бо нозу ишва,

Хумори нози дилҷӯят диловез!


Дубайтии Хусрав:

Нафас гӯяд, навис афсонаи гул,

Намо аз бода пур паймонаи гул.

Тамоми лаҳзаро бо гул сипар кун,

Мабодо соате бегонаи гул.


Юнус:

Баҳор омад сабо бӯйи гил овард,

Зи ҷоми ёри ман бӯйи гул овард.

Гули ман бо гили ту дар ҳам омехт,

Ба як шоха ҳазорон сунбул овард.


ИЛОҲО, ГУМ ШАВАД НОМИ КУРУНО!

Куруно омаду олам дигар шуд,

Карантини калону хурд сар шуд.

Ниқобӣ кард одамро, касофат

Гулугиру риясӯзи башар шуд.

***

Куруно шуд балои ҷони одам,

Бурид аз ризқи рӯзу нони одам.

Илоҳо, бишканад дасти дарозаш,

Намонад ҳасрату армони одам.

***

Куруно марду занро бистарӣ кард,

Ба Азроил мураттаб навкарӣ кард.

Илоҳо, гум шавад номи куруно,

Хиёнат бар гили ҳуру парӣ кард!

30.03.2020


*** 

Бароям як табақ чалпак биёред,

Ва ё ғилбиндии паҳмак биёред.

Агар ғилбиндию чалпак набошад,

Зи боғи гул лаби туршак биёред.

 

4. ШЕЪРҲОИ ПАРЕШОН

 

Одамони сода дорад, Эҷи ман,

Пойбасти бода дорад, Эҷи ман.

Гарчи дур аз ҷонамозу Каъбаанд,

Бар Худо дилдода дорад, Эҷи ман.

 

***

Сар ба саҳро додаву бехонаю овораам,

Бо дили садпора ман пазмони Эҷу Феҷакам,

Солҳо бигзашт, аммо моҳи ман пайдо нашуд,

Ҳамчу Маҷнун дар фироқи маҳваши Доничакам.


 

                         ***

Барои Шакари Деҳқон:

Дилбари дилхуш дорад, Сойхурд,

Марди дурдинӯш дорад, Сойхурд.

Ҷо гирифта зери пойи Ёласин*,

Мардуми боҳуш дорад, Сойхурд.

 

                         ***

Сойхурдам як дари Эҷи ман аст,

Манзили саъю давуғеҷи ман аст.

Аҳли поку хокии ин дардгоҳ,

Зиндасози олами ҳеҷи ман аст.

 

                         ***

Барои Моҳрӯҷонам:

Момом орад аз қишлоқ,

Ба ман як коса қаймоқ.

Талқони себ ба додом,

Ба додиёнам бодом.

Момоҷонам якто аст,

Дар олам беҳамто аст!

 

                         ***

Бо таклифи амакҷон,

Сар кардем кори калон.

Дасту остин бар зада,

Пухтем оши мошоба.

Оши мо шуд бенамак,

Раҳмат ба Шумо, амак!

---------------- 

*Ёласин - номи кӯҳе дар канори деҳаи Сойхурд


Дар посух ба шӯхиҳои ҳамкурси азизам Шаҳноза ва бо илҳом аз акси вай:

Шаҳноза – гули “роза”

Ман шефтаи Шаҳноза.

Эй кош, ба каш гирам

Садбарги тару тоза.

***

Андар табрики ҳафтумин маҷмӯаи ашъори Алиҷон Сарбандӣ, ки таҳти унвони “Сад садои садоқат” чоп шудааст:

Ҳошо, хуҷаста бодо, садҳо садоқати ту,

Ганҷи маонӣ бодо, кӯҳи саховати ту!

Дар коми мо бирезӣ шаҳди каломи нобат,

Ай ёр, зинда бодо, ҳарфи муҳаббати ту!

***

Барои дӯсти кӯлобиам Шарифҷон, ки дар солҳои донишҷӯйӣ қаҳваро хеле дӯст медошт ва ҳоло мо низ асири он гуна иштиёқ шудаем:

Матлаби пиру ҷавонай, “нескафе”,

Манбаи табъи равонай, “нескафе”.

Дар қиболи чойи сабзу ширчой,

Субҳидам оҳори ҷонай, “нескафе”.


Дар дастгирии маҳфили адабие, ки бо Марямбонуи Фарғонӣ дар торихи 7-уми марти соли 2017 доир мегардид:

Ҳар ҷо, ки Марям аст, он ҷо диёри мост,

Нӯше зи лаҳни тозааш хумори мост.

Ҳоло магӯ, ки чаро дер расид баҳор,

Ҳар шеъри тозаи Марям баҳори мост!


Хуҷаста бод, зодрӯзи Шарофатбону – раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон, барандаи барномаи тоҷикии “Рангинкамон”-и телевизиони Ӯзбекистон, инсони соҳибҳуш ва олиҳае, ки ба ҳар гуна садди роҳу азияти инсӯву онсӯ кашиданҳо нигоҳ накарда, будушуди худро барои нишон додани чеҳраи миллат ва дарёфтани ҳаққу ҳуқуқи миллӣ бахшидааст ва талошҳое дар таҳкими дӯстии халқҳо кардааст ва пайваста моро бо суханҳои сеҳромез маҷзуби худ сохтааст! 

Шарофат бонуи сергапу кор аст,

Ба зебоӣ гули аввалбаҳор аст.

Дилаш пайваста моломоли эҳсон,

Чӣ эҳсоне, парии шаҳри Ёр аст!

Сухан дониста мегӯяд шабу рӯз,

Сухандоне пур аз ишқу хумор аст.

Лаби лаълаш лаби ҷононаи мост,

Басе лабташнагонро бӯсабор аст.

Ҳавои иффату домони покаш,

Ба сони боди мушкин беғубор аст.

Камони бози абрӯяш занад бас

Хаданги беадад, ҷонам фигор аст...

Шарофат, рӯзи мавлудат муборак,

Фақат бо Ту ҷаҳони ман баҳор аст!

(2017)


5. ТАЗМИНҲО


Бар ғазалиёти Марямбонуи Фарғонӣ:


“Чун гавҳари манӣ ту, дурру гуҳар нахоҳам”,

Бо ин масал дурахшӣ, ҳарфи дигар нахоҳам.

Бахти ману ту пинҳон дар коми нохудоён,

Ғайри зи ком раҳидан дарде ба сар нахоҳам.

Озурда қалби пурхун дунболи чорагар шуд,

То дил ба худ наояд, ман додгар нахоҳам.

Чун бори орзуҳо аз қулла каҷ фаромад,

Дигар ба бори саркаҷ ман каллахар нахоҳам.

Олуда ҷӯйи мо шуд аз саргаҳи баландаш,

Ай ёр, оби ҳасрат, олудатар нахоҳам!

Табъи равони Марям аз қилу қол орист,

Юнус, зи табъи нобаш ҷуз шеъри тар нахоҳам.

***

“Дар хонаи дил ҷой ба ҷуз ёр набошад”,

Не дарди фалак, шикваи дилдор набошад.

Чодар зада андар чамани дилбари махмур,

Осудани мо ҷуз ба дами ёр набошад.

Ҳар сӯ нигарем ояд агар накҳати Лайло,

Маҷнуни замонем, дигар хор набошад.

Ай кош, ба сар шуъла занад моҳи лаби ёр,

Ҷуз моҳи лабаш шеди шарарбор набошад.

Ҳарчанд баъид аст раҳи ишқу муҳаббат,

Дар роҳи вафо васваса бисёр набошад.

Бо меҳр зада қақра-қақар кабки ғазалхон,

Юнуси ғариб бар ғазалаш зор набошад.

***

“Афтода зи водиҳо бар мулки куҳистонам”,

Ҳарчанд гуҳар ҷустам, ку лаъли дурахшонам?

Аз симу зари дунё шуд домани ман холӣ,

Жӯлидаву ғелида дар пойи Бадахшонам.

Паймонаи ишқи ман сероб нашуд боре,

Бар бод диҳад обе дарёи Зарафшонам.

Тӯфони дади даштӣ шуд корагари тақдир,

Бишкаст дару тоқам, бинмуд парешонам.

Ман лангаму афтода андар раҳи худсозӣ,

Ҳар соату ҳар лаҳза ду чашм ба ёронам.

Чун Марями олиҳа бикшод ба мо чеҳра,

Юнус, зи дами моҳӣ даррафт дилу ҷонам.

***

“Ошиқони рӯйи ӯро манзили обод нест”,

Бар сари манзилхароб андешаи озод нест.

Баски сайёд аз ғиромӣ дасту пояш бастааст,

Чоришкел гаштаҳоро дод нест, фарёд нест.

Сури ҷонбахше бихоҳад зиндаи мурда ба гӯр,

Сури Исрофил куҷо, овози най дар ёд нест!

Бенасиб аз ишқи Ёр талвосаи ҷон мекунад,

Оби Чашма хушк шуд, дигар ба ӯ имдод нест.

Шеъри нав аз дарди дил бар даври лабҳо шӯра баст,

Шӯралаб дигар ба даври қудсиёнаш шод нест.

Гарчи меояд нидои сад ҳазор устоди пир,

Ин кафанпӯшидаро ҳоҷат ба ҳеҷ устод нест.

Марями ғӯтида андар баҳри маънӣ рӯ намо,

Юнуси бечораро ҷуз рӯйи ту меъод нест.

*** 

“Ман дар ҳаваси диёри Ишқам”,

Дилдодаи обшори Ишқам.

Осон нарасам ба кӯҳи уммед,

Ошуфта зи сангу хори Ишқам.

Дар манзили сахраҳои хоро,

Пазмони хату нигори Ишқам.

Чун роҳи уфуқ фаро гирад меҳ,

Раҳгумзадаи ғубори Ишқам.

В-аз дасти шамоли сарди ҳасрат,

То гул нарасад баҳори Ишқам...

Эй кош, расам ба фарқи қулла,

Дарёб шавам барори Ишқам.

Марям бибарад ғаму ғуборам,

Олиҳаи ғамгусори Ишқам.


Тазмин бар ғазали Мағфират Юсуфӣ:


“Ман омадам ба пешат, аз баҳри узрхоҳӣ”,

Дар осмони хилват ман шоҳиду ту моҳӣ.

Андар барат нишастам, то роз гӯям аз худ,

Аммо дами нигоҳат сар зад фурӯғи шоҳӣ.

Аз дасти лашкари ҳусн уфтад ба танг ҷонам,

Валлоҳ, надонам акнун, ту моҳӣ ё сипоҳӣ?

Гаштам ба сони мурғи нимбисмиле ба кӯят,

Ай моҳи осмонам, дигар макун табоҳӣ!

Ҳар кас гуноҳ дорад дар ин хароба, аммо

Назди ману Худоям танҳо ту бегуноҳӣ.

Юнус зи боғи ҳиммат гул чида пешат омад,

Меҳмон мешавад ӯ, хоҳӣ ту ё нахоҳӣ!


ПЕРОМУНИ АКСИ ЗАНГИДУХТАР


 


Алиҷони Сарбандӣ:

Ягона дар ҷаҳонӣ, зангидухтар,

Ба ҷисми хаста ҷонӣ, зангидухтар,

Макун бим аз рақиб, шаб пеши ман о,

Ки дар шаб ноаёнӣ, зангидухтар.


Гули Мурод Гулов:

Паёми зангидухтарро гирифтам,

Инъоми зангидухтарро гирифтам.

Ба бехи гӯши худ сад шатта хӯрдам

Чу номи зангидухтарро гирифтам.


Юнуси Имомназар:

Ғам нахӯред, бародар Алиҷон, зангидухтарон ҳамеша табассум доранд ва дар шаби тор ҳам бо "сапеду симраддаҳо"-и худ медурахшанд...)))


Алиҷони Сарбандӣ:

Чи хайрат шаттае гар бар сар омад,

Ва хашми духтари мушти пар омад,

Аҷаб зебост ҳусни зангидухтар,

Ки аз он рашки тоҷикдухтар омад.


Гули Мурод Гулов:

Худамро бо ту ҷангӣ мегирам,ман,

Ҳуҷум кардӣ,ба тангӣ мегирам,ман.

Раву ту додата бар очаат гуй,

Ба болои ту зангӣ мегирам ман.


Юнуси Имомназар:

Ба кӯйи ишқи ӯ оҳиста по мон,

Расидан бар ҷамолаш нест осон.

Варо дида бигуфто хонуми ман:

“Хари мишкии бобо беҳтар аз он”.


Гули Мурод Гулов:

Ба чанде дидамат дар пушти амбор,

Ба болои самосвал як ду-се бор.

Ҳақиқатро бигӯям,зангидухтар,

Магар дар кони ангишт мекунӣ,кор?


Гули Мурод Гулов:

Ту як навъи гияҳро монӣ,зангӣ,

Дугоникҳои маҳро монӣ,зангӣ.

Мае дар соғаре баҳри дили ман,

Ту ангури сияҳро монӣ,зангӣ.


Нусратулло Бобоев:

Худованд аз чӣ гуна лой бисришт?

Ки шӯру ширинӣ, зебову ҳам зишт.

"Магар дар кони ангишт мекунӣ кор?"

Ва ё ки худ ту ҳастӣ кони ангишт?


Алиҷони Сарбандӣ:

Аҷаб дандон ба ӯ зебида бошад,

На дандон, қанд гӯё чида бошад,

Чунон ширин бувад ин зангидухтар,

Магар дар шокалад ғӯтида бошад?


Юнуси Имомназар:

Гули раз то ба боғи мо расидаст,

Шабобу пир аз бӯяш шамидаст.

Гуле пок асту зебо асту танҳо

Худо чарми сияҳ бар рӯ кашидаст.


Гули Мурод Гулов:

Туро бо гӯшу бо хор пухта буданд,

На дар даҳлезу анбор пухта буданд,

Ту "суперқанду супершаккар астӣ,

Туро дар "Экватор" пухта буданд.


Алиҷони Сарбандӣ:

Варо ҳаргиз магӯ бадрӯ, гуноҳ аст,

Бубин беғаш варо ҳар як нигоҳ аст,

Дилаш пок асту ботинаш сафедист,

Агарчанде, ки дар зоҳир сиёҳ аст.


Юнуси Имомназар:

Аҷаб зангӣ, нигоҳи ноз дорад,

Нишасту ишваҳои соз дорад.

Хаёлу тири мижгони шакарлаб,

Алиҷон, сӯйи ту парвоз дорад.


БАЙТ

Гарчи шамшере намебуррад сари хам бар масал,

Гӯсфанд аз сархамӣ озуқаи гургон шавад.


 

 

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.