Хабарҳои кӯтоҳ

Загрузка ...

Чанд хабари кӯтоҳ, ки сари вақт аз гуфтан дасткӯтаҳӣ кардаам:

02.08.2017 – Арӯсии хоҳарҷонам  Шабнам духтари Ёқуб баргузор шуд. Вайро ба Носир писари Абдухалели Орзумурод додем.

12.08.2017 – Арӯсии писари дӯсту ҳамсинфам Нурмурод дар шаҳри Гулистон баргузор шуд. Ба писараш духтари Асрори Ҷӯра Мирзо – Зулфизарро келин кард.

17.08.2017 – Арӯсии духтари ҳамсинфам Турсуни Файзӣ буд, ки бо Ҳазратака Кийиков (Сирдарё) қудо шуд.

20.08.2017 – Арӯсии писари дӯсту ҳамсинфам Шавкатҷон дар тӯйхонаи “Ӯзбегим”-и шаҳри Навоӣ баргузор шуд. Меҳрангез духтари ҳамдеҳагонам Фозилу Лутфияро ба занӣ гирифт.

22.08.2017 – Ҳамдеҳаам, бародари азиз Аслони Эгам бо сактаи мағз аз олам даргузашт. Ҷояш ҷаннат бод!