футбол

Загрузка ...

Ниҳоят, тими мунтахаби футболи Ӯзбакистон ба тамоми саъю талошҳои бесамари худ дар остонаи уруҷ ба плей-офф ва мусобиқаи ҷаҳонии футбол, ки соли 2018 дар Русия баргузор хоҳад шуд, хотима бахшид. Барномарезиҳои чошу пареши Бобояни номуайян натиҷаи дилхоҳ надод ва бори дигар кишвари намояндаи Осиёи Миёнаро аз боздиди саҳнаҳои мусобиқоти ҷаҳонӣ маҳрум сохт.

Дирӯз бозии навбатии тими Ӯзбакистон ва Куриёи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд ба вуқӯъ пайваст ва бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид. Дар ин гурӯҳ бозии Эрону Сурия низ ба амал омад ва бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт, ки бо бартарии голҳо Сурия ба плей-офф роҳхат гирифт ва аз ин шонс Ӯзбакистонро бенасиб кард.

Дар поёни бозӣ беҳтарин футболбози Ӯзбакистон – Одил Аҳмадов аз хиҷолат дар пеши тамошобинон гиря кард...