Бузургтарин оши палав

Загрузка ...

Дирӯз дар чаҳорчӯби ҷашнвораи миллии “Ӯзбегим” дар шаҳри Тошканд ба вазни 7360 килограмм оши палав омода карда шуд, ки онро намояндагони китоби рекордҳои Гиннес ёддошт намуданд. Дар ин хусус Ричар Стенинг -  намояндаи Guinness World Records изҳори назар кард.

Барои омода кардани ош 1,5 тонна гӯшти гов, 400 кг гӯшти гӯсфанд, 220 кг дунба, 2,7 тонна сабзӣ, 220 кг пиёз, 440 литр равғани хӯрокӣ ва 57 кг намак масраф шудааст. Ҳамчунин маводи дигар ва зираворӣ, ба монанди нахӯд, мавиз, зира, зардчӯба, мурчи сиёҳ ба кор рафтааст. Оши мазкурро 50 нафар ошпаз аз тамоми кишвар тайи муддати шаш соат пухта гирифтаанд. Деги махсуси ошро муҷтамеи оҳансозии шаҳри Олмалиқ рехтагарӣ кардааст, ки вазни хоси он 7,07 тонна ва қутраш 4,2 метр мебошад ва зарфияти он наздик ба 8000 литр аст.

Оши палавро асосан ба ятимхонаҳо ва осойишгоҳҳои пирон тақисм кардаанд.