Ҳамойиши шеъри тоҷик
Ҳамойиши фарҳангӣ таҳти мавзӯи “Шеър – пайвандгари миллатҳо” дар Тошканд
27 январи соли 2018 дар кохи Маркази байналмилалии фарҳанги Ӯзбакистон ҳамойиши фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Шеър – пайвандгари миллатҳо” баргузор шуд.
Дар ин нишаст шоиру нависандагон, асотиду омӯзгорон, равшанфикрон ва дӯстдорони каломи ноби тоҷикӣ аз гӯшаю канори мухталифи кишвар, минҷумла, аз шаҳру навоҳии устонҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхондарё, Фарғона ширкат варзиданд. Ҳамойиши шеъру шоирӣ бо сухани муқаддимавии Шарофатбону Ҷӯразода – раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва раҳбарию раёсати он аз сӯйи шоир Ҷаъфари Муҳаммад сурат гирифт.
Ҳозирин бо беҳтарин намунаҳои шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбакистон ошно шуданд. Шоирони шинохта, аз қабили, Абдулло Субҳон, Парисо, Дилшода Фарҳодзод, Асадуллоҳ Шукурзода намунаҳоеро аз эҷодиёти худ ва аз дурдонаҳои назми тоҷикӣ-форсӣ қироат карданд. Инчунин суханронӣ ва шеъргӯйии шоиру шоирпешагони хурду куҳансол, аз қабили Расулбеки Аҳмадзод, Қутбиддин Мирзоматов, Аҳмад Назар, Исмат Ҳалими Деҳнавй, Шуҳрати Бобоҷон, Абдуҷалол Қодирӣ, Аслиддин Қамарзода, Ҳасани Сулаймонӣ, ҷавонтарин эҷодкорон Фарзона, Ҳадиса ва Азиза хеле шуниданӣ ва қобили таҳсин буд. Аз мунаққидони адабиёт, ки мутаассифона, ҳоло дар байни мо каманд, Абдулқайюми Ҳасанзод низ ибрози ақида кард. Ба ҳамойиш оҳангу сурудҳои дилнишин бо садои Раҳимҷон, Бахтиёр ва рақсҳои дилрабои тоҷикдухтарон, ки либосу оройиши миллӣ доштанд, саҳнаоройии гурӯҳи фолклории "Навобод” ҳусни бештар ато намуд.