Даргузашти устод Мӯъмин Қаноат

Загрузка ...

Имрӯз, 18 майи соли 2018 устоди шеъру сухан Мӯъмин Қаноат ба дорулбақо реҳлат намуданд. Ҷояшон ҷаннат, рӯҳашон шод, оқибаташон ба хайр бод.

"Даргузашти Устод Мӯъмин Қаноат, номбардори миллат, чеҳраи дурахшони сухан, чомасарои қаҳрамонӣ ва тамкину шикебоии тоҷикон, раҳкушо ва устоди як насли адибон, рӯшанфикри асил ва шуҷоъро ба ҳамаи ёрон сӯгворӣ мегӯям. Бо рафтани ӯ як қарни фарҳанги тоҷик ба поён расид. Мероси ӯ ва дигарон, кош, заминаи қарни дигари рахшандатаре гардад! Равонаш шод ва хонаи вопасинаш пурнур бод!"(Салим Аюбзод)