Розу ниёзи дӯстӣ
“Мо соатҳои дароз метавонем дар бораи дӯстию ҳамдилӣ гап занем, вале акнун фурсат расидааст, ки ба корҳои амалӣ гузарем, дасти дӯстиро бо дастовардҳои дардхури миллатҳо ба ҳамдигар расонем...” – мегӯяд Ҷамшед Пиримов, шоири ӯзбекзабони тоҷикистонӣ.
Дирӯз, 20 июни соли 2018, дар студияи наворбардории шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон-24” дар Тошканд бо меҳмонони тоҷикистонӣ – намояндагони фаъоли Созмони миллии фарҳангии ӯзбекони вилояти Суғд, ки бо сарварии шоиру рӯзноманигори шинохтаи ӯзбекзабон сармуҳаррири маҷаллаи “Шарқнома” Ҷамшед Пиримов ташриф оварда буданд, як нишасти гуворо ва хотирмон доир гардид. Дар ин вохӯрӣ равшанфикрони марказҳои мухталифи миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон, кормандони рӯзномаи ҷумҳурии “Овози тоҷик” бо раҳбарии Шерпӯлод Вакилов ширкат варзида, бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ дар мавзӯи дӯстию ҳамгароӣ, имконоти мавҷуди иҷтимоиву маънавӣ дар кишварҳои худ, равобити адабиву ҳунарӣ суҳбатҳои гарму дилнишин ва баҳсу мунозираҳои судманд анҷом доданд.