Хирмани донишҳо

Загрузка ...

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!

Боиси хушҳолӣ ва ифтихори мост, ки ҳамаи фарзандонамон донишҷӯ шуданд ва ҳар яке бо грант (таҳсили маҷҷонӣ аз маҳалли будҷаи давлатӣ) ба донишгоҳҳои интихобкардаи худ дохил шуд. Агарчи муҳобот аст, ҳоло бо дили пур аз ғуруру сарафрозӣ додарону хоҳарони донишҷӯямро номбар мекунам ва бо орзуи фатҳи қуллаҳои баландтари илму хирад ба ҳар яки онҳо дастёбӣ ба курсии донишҷӯйиро аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям. Боракаллоҳ!

1. Хушнуди Юсуф Имомназаров – донишҷӯйи факултаи неруи ҳароратӣ ва муҳандисии мошинолоти ҳароратии Донишгоҳи энергетикаи Маскав дар Тошканд.

2. Фарангиси Ёқуб Имомназарова – донишҷӯйи факултаи фановариҳои мошинолот ва таҷҳизоти Донишгоҳи бофандагӣ ва санъати сабуки Тошканд.

3. Имомназари Олим Имомназаров – донишҷӯйи факултаи таҷҳизот ва сомонаи радиоэлектроникии Донишгоҳи политекники Дизах.

4. Шаҳриёри Нуралӣ Қӯрғонов (писари хоҳарамон Холбика) – донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисӣ- физикии Донишгоҳи миллии пажӯҳишҳои ҳастаии Маскав (МИФИ) дар Тошканд.

5. Покиза Бакриева (духтари хоҳарамон Муътабар, абераи Бобои Имомназар) – донишҷӯйи факултаи фановариҳои мошинсозӣ ва автоматикаи санъати мошинсозии Донишгоҳи давлатии куҳшиносии шаҳри Навоӣ.