Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

30.09.2018

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид. Аз ин дидору гирдиҳамоӣ он чиз масарратангез буд, ки ду миллати ҳамсоя омодаанд ба ҳамдигар дасти дӯстӣ диҳанду дари ҳар гуна бандгоҳҳои ҳамкорӣ ва ҳамзистиро боз кунанд.
 Бо даъвати Созмони миллию фарҳангии ҷумҳурӣ банда низ дар ин барномаи муштараки “Шоми дӯстӣ” ширкат варзидам ва гузашта аз он, ки то ҷое роҳат бурда бошам, чанд маврид бароям шигифтангез буду то ҳол дар ёдам ҳаст ва ба гумон аст, ки он лаҳазотро фаромӯш кунам.
 Яке аз шартҳои ин ҷамъомад он буд, ки ҳама мебоист бо як фӯрм – шиму костюми сиёҳ, пероҳани сапед ва тавқ бар гардан меомаданд. Мани бехабар аз ин гуна дархост ҳамаро доштам ба ҷуз костюм. Таваккал, дар канори дигарон ба назди даромадгоҳ омадам. Нигаҳбоне, ки калтаки ҳушманд ба даст дошт, баробари дидани ман амр кард:
 - Бародар, ба ту иҷозаи вуруд нест, бояд костюм бипӯшӣ!
 Ба ҷуз пас гаштан чораи дигаре надоштам, ҳар гуна хоҳишу илтимос бефоида буд. То шурӯъи барнома ҳанӯз вақт доштам. Азбаски манзилам хеле дур буд, дар маҳалли кор нуҳ-даҳ дари ҳамсоягонро кӯфта, билахира аз як марди ӯруси бадмаст костюмеро пайдо кардам ва бо шитоб ба кохи анҷуман баргаштам. Агарчи костюм ду-се сойз бузургтару бо ранги мутамоиз аз шимам буд, бе мамониат дохили толор шудам ва ниҳоят... обу арақи сару рӯю гарданамро беист поккунон сари ҷойи худ, ки хушбахтона, дар як гӯшаи дурдасти толор буд, нишастам. Аз Худо мехостам, дурбинҳои аккосиву филмбардорӣ ба суроғи ман наоянд...
 Ҳамин ки суханронии ду раисҷумҳур ва дар идома баромади овозхонҳо оғоз шуд, фаҳмидам, ки хастагии аз ҷустуҷӯйи костюм ба бор омада ҳеҷ гапе набудааст. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, то охири ин барномаи аҷибу ғариб аз кафкӯбиҳои давомдор кафи дастҳоям обила зад! Кош дар ҷойи нишаст каф мезадам, ҳар гоҳ баробари аҳли толор ба по хеста дастҳоро боло бардошта бозувонро алвонҷ дода “қарсак” мезадем. Ин кам буд магар, дар оғоз чанд бор босани бечораро ба таҳкунӣ зада гирифтам. Гап дар сари он, ки ҳар гоҳ барои кафкӯбӣ ба по мехестем, таҳкунии сандалӣ низ диккас зада рост мешуд ва мани одатнакарда фаромӯш мекардам онро ба поин хобонида баъд нишинам...
 Аз сӯйи дигар, таоруфҳои болохонадори духтари барандаи тоҷикистонӣ ҳамаро “моту мабҳут” кард. Э боракаллоҳи вай, ки ба изофаи “раисҷумҳур” аз гуфтани пешвои миллату ҷаноби олию муҳтарамҳо ҳеҷ хаста нашуд-е! Ба шарофати ӯ президенти Ӯзбекистон низ чандин бор ҷаноби олӣ шуд...
 Вале, таркиби гурӯҳи ҳунарии аз Тоҷикистон омада ҳамаи моро лол кард! Мо ба ин хулоса омадем, ки дар Тоҷикистони азиз маъруфтарину пешсафтарин ҳунармандон ҳамон Саидқул Билолову Давлатманд Холову Муҳаммадрофеи Каромутулло ва чанд тани дигар ҳастанд, ки агар ёдатон бошад чанд моҳ пеш айнан ҳамонҳо ба Тошканд ташриф оварда буданд... Ҳунарпешагоне мисли Афзалшоҳу Нигинаву Ҷӯрабеку ... шояд ба ин гуна барномаҳои бонуфуз муносиб нестанд?
 Бо ин ҳама, зинда бодо дӯстӣ, ҳамгароӣ, ҳамдиливу ҳамнафасӣ! Ба вижа, амалкарди ду раисҷумҳур, ки қарордоди ҳамкории стратегӣ ва бисту шаш санади муҳимро ба имзо расониданд, қобили таҳсин аст.

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.