Ҷонибек
Ҷонибек Қувноқ (Ҷонибек Қувноқов, порсӣ: جانی بیک قوناق) – шоир, мутарҷим, рӯзноманигор. Мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») – нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1970 – 1989). Узви Иттиҳоди нависандагон ва журналистони ИҶШС (аз соли 1969). Корманди шоистаи маданияти ҶШС Ӯзбекистон (аз соли 1984).
МУНДАРИҶА
1. Зиндагинома ва фаъолиятҳои шоир:
* Зиндагинома
* Фаъолияти корӣ
* Фаъолияти эҷодӣ
* Дафтарҳои шеър
* Тарҷумаҳо
* Бузургдошти шоир
* Намунаҳо аз ашъор
2. Мақолаи пажӯҳишӣ:
* «Посдори ҳиммат ва ҷонфидои миллат»
3. Адабиёт
Зиндагинома
Ҷонибек Қувноқ 10 ноябри соли 1941 дар деҳаи Порашт, ноҳияи Фориш, вилояти Ҷиззах (Дизак)-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Падару модараш бобои Қувноқ ва момои Оча ӯро дар паҳлуи дигар бародару хоҳаронаш поку нек парвариш дода калон мекунанд. Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 10 деҳаи Синтаб, ки ҷузви ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд (ҳоло вилояти Навоӣ) мебошад, фаро мегирад. Соли 1959 пас аз хатми мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи олии омӯзгории Ленинобод (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм менамояд.
Ҷонибек дар айни авҷи камол зиндагиро падруд мегӯяд. Ӯ 6 ноябри соли 1990 дар синни 49 солагӣ аз сактаи қалб вафот мекунад. Ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Порашт ба хок месупоранд. Сипас нигаҳдорӣ ва парвариши оилааш дар Тошкандшаҳр ба дӯши ҳамсари меҳрубон ва сахткӯши ӯ Кимиё Қувноқова меафтад. Ҳоло фарзандони тарбиятдидаи ӯ Баҳодур, Ҷаҳонгир, Нигина, Фирӯз ва Фирдавс бузург шудаанд, ҳама мутааҳҳил ва соҳиби касбу коранд.
Фаъолияти корӣ
Ҷонибек пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти кории худро дар мактаби рақами 11 ба номи Мирзо Бедил дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) оғоз мекунад ва аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва торих дарс мегӯяд. Солҳои 1964-1965 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравии собиқ хидмати низомиро адо менамояд. Пас аз сарбозӣ ба зодгоҳ баргашта касби омӯзгориро идома медиҳад.
Ҷонибек аз моҳи марти соли 1966 то дами вафоташ (6 ноябри соли 1990) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») кор мекунад. Нахуст шуғли асосиаш мутарҷимӣ буд. Аз соли 1970 то соли 1989 мудирияти шуъбаи адабиёт ва ҳунарро ба ӯҳда дошт. Дар соли 1989 ҷонишини сармуҳаррир таъйин мегардад.
Ҳамзамон бо кори рӯзноманигорӣ, Ҷонибек ба унвони як нафар равшанфикр ва ҷонсупори миллат ягона барномаи телевизионии «Рангинкамон»-ро ба забони тоҷикӣ пайрезӣ кард, дар такмилу пешрафти шуъбаҳои тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Маркази байналмилалии фарҳанги ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошт, дар садри мутарҷимини ӯзбекӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-ӯзбекӣ қарор гирифт.
Фаъолияти эҷодӣ
Ҷонибек агарчи умри кӯтоҳ дид, тавонист дар адабиёти қарни 20 тоҷик пайи носутурданӣ боқӣ гузорад. Ӯ чун кабки хушилҳоне аз мағзи кӯҳсори Нурато, аз дили ҷӯйбору марғзори Порашти бостонӣ ба парвоз омаду овози дили пурнавои худро тавассути ашъори нобу содаи худ ба самъи мардуми зебоипараст, дӯстдорони каломи бадеъ расонд. Даҳҳо шеъру ғазали ӯ аз сӯйи овозхонҳои маъруф дар пардаи оҳангҳои дилнишин садо доданд.
Шоир дар канори шеъру чаҳорпораҳои худ ба гунаи ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, мухаммас низ сухан ба риштаи назм кашид ва дар офаридаҳои ӯ бештар мавзӯоти ишқу муҳаббати беғубор, ҳисси ватандӯстӣ, тараннуми зебоиҳои табиату олами сеҳрангези одаму атроф, меҳри модару падар, дӯстиву дӯстдорӣ, ҳунар, кору заҳмату орзуву омоли одамҳои одӣ матраҳ шудаанд. Ба таъбири устоди сухан Лоиқ Шералӣ навиштаҳои ӯ «...кӯлборест аз дӯши марди сафар дар роҳ уфтода ва агар ҳар роҳгузаре сари вақт ба он бархӯрд кунад, порае тӯшаи маънавӣ ва рӯҳонӣ хоҳад ёфт, тӯшае, ки рангу бӯйи лаҳазоти талху ширини умри кӯтаҳбақои шоирро дорад. Тӯшае, ки соҳибаш беш аз сӣ сол зарра-зарра андӯхта, инак дар раҳгузори фардо ниҳодааст» («Тӯшаи шоир барои фардо» - сарсухани китоби «Саховат», саҳ.5).
Шеъри шоир моломоли ҳиссиёти гарми инсонӣ, баёнгари хасоили неке чун хоксорӣ, сабру бардошт, сидқу вафо, раҳмдилӣ ва дарёдилӣ аст. Ӯ дуо мекунад:
Кош рӯзи вопасин ман пеши поят ҷон диҳам,
Ё бароят ҷон диҳам, ё ки ба ҷоят ҷон диҳам.
Шоир Ҷонибек Қувноқ на танҳо шеър эҷод мекард, ӯ ҳамчунин журналисти чашмикордоне буд, ки ҳодтарин масоилу муаммоҳои ҳаёти ҳаррӯзаро сари вақт дарк мекард, дақиқназарона дарду нуқсон ва ҳамзамон бурду пешрафтҳои ҷомеаро дар мақолаҳои худ акс менамуд. Ӯ, гузашта аз ин, адабиётшинос буд, ба вижа, ба қаламиҳои шоиру нависандагони ҷавон баҳои ҳаққонӣ медод, фикрҳои интиқодии худро бо далоили эътимодбахш баён мекард. Веростории чандин маҷмӯаи шеърӣ ва насрии эҷодкорони ӯзбекистонӣ аз сӯйи ӯ сурат гирифтааст ва яке аз охирин корҳои судманди муҳарририи ӯ баёзи назму насри «Гулдастаи Самарқанд» маҳсуб мешавад, ки тавассути нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғуломи шаҳри Тошканд ва нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе дар соли 1989 ба табъ расидааст.
Дафтарҳои шеър
Шоир Ҷонибек Қувноқ ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ ба шеъру шоирӣ алоқаи вофир дошта, ки шеъргунаҳои ӯ даст ба дасти ҳамсинфу дӯстонаш мегаштааст. Аммо нахустин шеъраш соли 1961 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп мешавад. То имрӯз тавассути муассисаҳои табъу нашри Ӯзбекистону Тоҷикистон чанд маҷмӯаи шеърии ӯ ба дасти хонандагон расидааст. Аз ҷумла, «Қарз» (Душанбе: Ирфон, 1973), «Арзи дил» (Душанбе: Ирфон, 1977), «Юрак тӯлқинлари» (ба забони ӯзбекӣ; Тошкент: Ёш гвардия, 1977), «Ифтихор» (Душанбе: Адиб, 1982), «Розҳо» (Душанбе: Адиб, 1987), «Зангӯла» (зери таҳрири Одина Мирак; Душанбе: Адиб, 1990) ва «Саховат» (бо таҳрири Саидалӣ Маъмур ва сарсухани Лоиқ Шералӣ; Душанбе: Адиб, 1998), «Чароғи сухан» (бо веростории Гурез Сафар; Душанбе: Адиб, 2010).
Тарҷумаҳо
Устод Лоиқ Шералӣ дар сарсухани китоби «Саховат» ҳамчунин менигорад: «Ҷонибек, ба қавли худаш, «пайвандгари ду соҳил» - шаҳпуле буд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, шаҳпуле буд миёни тоҷикону ӯзбекон. Осори тоҷикиро ба ӯзбекӣ, осори ӯзбекиро ба тоҷикӣ тарҷума мекард. Миёни тоҷикону ӯзбекон ҳамеша тор метанид ба хотири дӯстӣ, бародарӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, ваҳдати маънавӣ ва рӯҳонӣ, ҳақиқат, адолат, садоқат, самимият, ғуруру ифтихор, нангу номус ва якпорчагии миллати тоҷик ҷон меканд, метапид, мекоҳид, месӯхт...».
Азбаски Ҷонибек Қувноқ донандаи хуби забони ӯзбекӣ буд, ба роҳатӣ бисёр осори шоирони классику муосири тоҷик, намунаҳое аз ашъори Дақиқӣ, Убайди Зоконӣ, Ҷомӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Маъдан, Савдо, Аҳмади Дониш, Саҳбо, Шоҳин, Асирӣ, Айнӣ, Ҳайрат, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Мавҷуда Ҳакимова, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода, Лоиқ, Гулрухсор ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ ва намунаҳое аз осори адибони ӯзбек, ба монанди Алишер Навоӣ, Назармат, Нормурод Нарзуллоев (Нарзий), Эркин Воҳидов, Барот Бойқобилов, Абдулло Орипов, Ӯткир Ҳошимовро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Яке аз тарҷумаҳои нағзи Ҷонибек суруди ваҳдатии “Тоҷикам” ба шумор меравад, ки он дар заминаи шеъри шоири ӯзбек Барот Бойқобилов – «Меҳрнома ба халқи тоҷик» падид омадааст ва соли 1985 дар ҷашнвораи фарҳангии Даҳаи адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон суруда шуда буд. Ин шеър бо байти зерин оғоз меёбад:
Дар ҷаҳон олӣ биное кардӣ барпо,тоҷикам.
Нур бигрифт аз ҷамолат рӯйи дунё, тоҷикам.
Бузургдошт шоир
Ҷонибек Қувноқ ҳамчун корманди рӯзномаи давлатӣ, узви Иттиҳоди нависандагон ва журналистони ҷумҳурӣ, котиби раёсати Иттиҳоди журналистон ва раиси Шӯрои адабиёти тоҷики Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон масъулияти бузурги кориву ҷамъиятӣ ба дӯш дошт. Албатта, ин ҳама фаъолият ва давутози ӯ беқадр намондааст. Ӯ ба ҷуз таҳсинномаю медалҳои зиёд ба унвони боифтихори Корманди шоистаи фарҳанги ҶШС Ӯзбекистон сазовор шудааст.
Гузашта аз ин, бузургии шоир дар он аст, ки тавонист номи неки худро дар дилу ёди халқҳои тоҷику ӯзбек боқӣ гузорад. Шоир Лоиқ Шералӣ – дӯсту ҳамрози ҳамешагиаш, ки ба ӯ хеле эҳтиром мегузошт ва пас аз маргаш ашъори ӯро дубора мураттаб карда ба дасти хонандагон расонид, дар поёни сарсухани худ ба китоби «Саховат» (саҳ.7) менигорад: «Ном ва рӯҳи Ҷонибек зинда аст. Мактаби деҳаи Фориши куҳна (Порашт), ки Ҷонибек онро хатм карда ва соле ҳам омӯзгор буд, имрӯз номи ӯро дорад. Дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Фориш ду кӯчаро ба номи Ҷонибек гузоштаанд. Дар мактаби Ҷонибек наслҳои оянда таҳсил мекунанд, дар кӯчаҳои Ҷонибек ояндагон қадам мезананд ва аз ҷони беқарору наосудаи шоири фақид ёд мекунанд:
Осудагӣ ба гӯшаи ҳастӣ надидаем,
Ҷон додаему кунҷи мазоре харидаем».
Бо ёди Ҷонибек (Наимҷон Назирӣ)
Шоири ширинзабонӣ, Ҷонибек,
Дар тани мо мисли ҷонӣ, Ҷонибек,
Зеби шеъру достонӣ, Ҷонибек,
Дурри маъниро ту конӣ, Ҷонибек.
Мижжа таҳ нокарда шабҳо то саҳар,
Чидаӣ бар риштаҳо дурру гуҳар,
Боғи умрат гулфишон бахшид самар,
Соҳиби табъи равонӣ, Ҷонибек.
Рафтӣ аз дунёву ашъори ту монд,
Оташи қалби шарарбори ту монд,
Ёдгорӣ чашми бедори ту монд,
Дар дили пиру ҷавонӣ, Ҷонибек.
Синаҳо аз марги ту садпора шуд,
Бас табиби чорагар бечора шуд,
Бар ҷигар ҳаҷри ту теғи кора шуд,
То ҷаҳон боқист монӣ, Ҷонибек.
Хазонрез (Акбар Абдулло)
Нишаста зери боғи заъфарони шаҳр
Ман аз фарҷоми пойиз нек мебинам,
Ки мерезад хазони сард бар дӯшам,
Худоё,
Ман дар ин соат
Ба доғи сардхӯйи дил ҳамоғӯшам.
Сукуте дорам аз ин баргрезиҳо,
Сукуте дорам аз ин баргхезиҳо,
Ки дар фасли хазону баргрезиҳо
Чи ёроне ҷавон рафтанд аз ёдам,
Хамӯшу ноаён рафтанд аз ёдам,
Гарон рафтанд аз ёдам.
Нишаста зери боғи заъфарони шаҳр
Ба ҳоли баргҳои зард мегирям.
Ба оҳу дард мегирям,
Ба сони мард мегирям.
Ки ҳар як шоха чун дасте
Ҷаҳони баргҳоро медиҳад барбод
Бас озод.
Нишони баргҳоро мебарад аз ёд.
Ман аз ин баргҳо созам ҳарири зард
Ва бо сӯзи ниҳониям
Фаро гирам баҳои турбати ғамҳои ҷониро,
Баҳои ишқу армони ҷавониро.
Худоё,
Бар сари ҷони ҷавонам барг меборад,
Барги зард.
Ҷавонӣ рӯйи гӯри бенишонам марг мекорад
Марги сард...
Ба ёди Ҷонибеки Қувноқ (Саидалӣ Маъмур)
Гар нони дӯстонро як бор хӯрда будам,
Бар дӯстони ҷонӣ як ҷонсупурда будам.
Байни ду халқ аз ҷон як умр будаам пул,
То бар диле дилеро ҳар рӯз бурда будам.
Ҳар ҷой по ниҳодам бо чеҳраи кушода,
Ҳар дарду ҳар ғамамро дар дил фушурда будам.
Аз чеҳраи шукуфон бишкуфт ҳар дамам дил,
Афсурд хотире гар, ман дилфасурда будам.
Дидам ба рӯйи хоне гар луқмаи ҳароме,
Монанди кабк гӯё ман санг хӯрда будам.
Бисёр шишта будам дар пойи кӯҳсорон,
Дилнармие, ки будам, аз кӯҳ бурда будам.
Гаҳ-гоҳ агар шумурдам озори зиндагонӣ,
Озори дӯстонро ман кай шумурда будам?
Аз ишқи зиндагонӣ, аз меҳри ёри ҷонӣ,
Бедил будам агарчи, умре багурда будам.
Бигристам гаҳе гар бар зиндагии фонӣ,
Бар марги хеш охир хандида мурда будам.
Намунаҳо аз ашъори Ҷонибек
АРЗИ ФАРЗАНД
Модар, сари қабрат омадам боз,
Бо меҳру муҳаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам,
Гул чинаму рўйи қабр монам.
То пеши ту шарҳи ҳол гўям,
Аз қисмати худ мисол гўям…
Эй пораи қалб гуфта будӣ,
В-эй чораи қалб гуфта будӣ,
То заҳри азоби дил шавад нўш,
Ҷў канда зи оби ҷўйи худ нўш.
Хоҳӣ, ки зи лавҳи ёди мардум
Номат нашавад дар ин замон гум,
Мебош мудом ғамбарораш,
Бардор ба дӯши хеш бораш,
Дар бар рухи пастҳимматӣ пўш,
Аз баҳри баландномӣ мекўш…
Ин панди ту гашт нардбонам,
То ки ба баландӣ пой монам,
Бишкуфт ниҳоли орзуят,
Во гашт гиреҳи ҷустуҷўят.
Ҳоло ҳама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.
Гўянд сухан, садоят ояд,
Савти нави муддаоят ояд.
Имдодгарӣ ҳанўз моро,
Чун аввала чокдўз моро.
Модар, ана боз омадам ман,
Бо рўйи ниёз омадам ман.
Баргўй чӣ кор карданамро,
Аз нав чӣ қарор карданамро…
ДУО
Кош рӯзи вопасин ман пеши поят ҷон диҳам,
Ё бароят ҷон диҳам, ё ки ба ҷоят ҷон диҳам.
Он қадар нозукадоӣ, ман адои нози ту,
Боз нозе кун, ба ҳар нозу адоят ҷон диҳам.
Гар расад дарду балое ман балогардони ту,
Садқаи дарду бало, пеши балоят ҷон диҳам.
Кош бар гӯшам наояд аз забонат алвидоъ,
Алвидоъ ногуфта пеш аз алвидоят ҷон диҳам.
Нест ширинтар зи ҷон, эй ҷони ҷони Ҷонибек,
Ҷони ман бар ту атое, бар атоят ҷон диҳам.
ШАМШЕРИ КОР
Ёру диёри худро зӯру мадор ҳастам,
Дар боғи зиндагонӣ файзи баҳор ҳастам.
Ҳаргиз нишонаи ман аз пастиҳо маҷӯед,
Фарзанди тоҷикам ман, лочиншиор ҳастам.
Абри сиёҳи фитна ҳар ҷо, ки сар барорад,
Чун барқ меситезам, шамшери кор ҳастам.
Аз хоки хушниҳодӣ хоки маро сириштанд,
Бо хушдилони олам хешу табор ҳастам.
Бардор, эй дилозор, аз чашму рӯй парда,
Қалби ҷаҳониёнро оинадор ҳастам.
Ҳусни ҷаҳони мардӣ кори накӯю хайр аст,
То ҳаст зӯри бозу, ҳоҷатбарор ҳастам.
САБТ АСТ ХАТТИ ҚИСМАТ...
Сабт аст хатти қисмат дар сафҳаи ҷабинам,
Бар ҳукми ўст гўё аз даҳр ҳар чи бинам.
Аз сарнавишт оё бигрехтан тавонам,
То соате ғанимат паҳлуи ту нишинам.
Як зарра хокам, аммо бо зарраҳо бузургам,
Болонишини камбин мангар ба заррабинам.
Санги сиёҳ тобад чун лолаи сиёҳе,
Гесў ба бод бидҳад ҳар гаҳ, ки нозанинам.
Бадхоҳи бод дар каф дар осмон занад пай,
Бодаш, ки рафт, афтад як рўз зери зинам.
Дастам шикаста бодо чун хорбун ба хорӣ,
Аз боғи ишқи ҷонон гар дастагул начинам.
ПАДАР
Давлати ноёб ҳастед, эй падар,
Маҷмаи одоб ҳастед, эй падар.
Ҳарфатон дилро ба дил пайваст боз,
Ҷавҳари камёб ҳастед, эй падар.
Мӯшикофӣ мекунед аз роҳи дил,
Чун тавону дод ҳастед, эй падар.
Чун китоби панд бошад умратон,
Пири ҳар устод ҳастед, эй падар.
Умри ман бошад агар як сафҳае,
Матлаи ҳар боб ҳастед, эй падар.
Давлати дунё ба мо ноёб не,
Давлати ноёб ҳастед, эй падар.
БО ИН НИШОН ШИНОСЕД!
Ман посдори ҳиммат, бо ин нишон шиносед!
Ҳиммат матои қиммат, бо ин нишон шиносед!
Дар рӯзи сахт ҳаргиз
ман пеши сахтрӯён
Қадро намекунам қат, бо ин нишон шиносед!
Ман душмани хушомад,
аммо ба ёри хушрӯ
Гӯям фақат хушомад, бо ин нишон шиносед!
Ман ҳадшинос, аммо,
нокас чу садди раҳ шуд,
Талқони по шавад ҳад, бо ин нишон шиносед!
Ман бехсӯзи зиллат,
ман решасӯзи иллат,
Як ҷонфидои миллат, бо ин нишон шиносед!
САВГАНД
Ман – форишӣ, дар мағҳи кӯҳ
Кӯю дари аҷдоди ман.
Аз чашмаву кӯҳи баланд,
Чор унсури бунёди ман.
Бинвиштаам шеъри сафед,
Дар сафҳаи санги сиёҳ,
Гар пеш ояд сангдил,
Аз санг меҷӯям паноҳ.
Ҳарчанд ман дурам зи деҳ,
Бо рӯд ҳастам ҳамсуруд.
Акси садое бишнавам,
Аз кӯҳ бар фарёди худ.
Дар Чоч дорам зиндагӣ,
Бо Бадри Чочӣ ҳамнафас.
Ман – шоирам, як коғазу
Як олами рӯҳонӣ бас!
Шукро, ки аз кӯю дарам
Пар мезанад лафзи дарӣ.
Танҳо наям, ман – мардуме,
Кӯю дари ман – кишваре.
Бо ин забон ман тоҷикам,
Бе ин забон ман безабон.
Маҳруми мардум – марҳуме,
Маҳрум чӣ? Бадтар аз он!
Дар вопасин дам ҳам маро
Бо ин забон арзу хитоб.
Пурсандаҳо пурсанд агар,
Бо ин забон бидҳам ҷавоб.
ҒАЗАЛҲО
Сари зулфат зи дастонам раҳо шуд,
Аз он тори дили ман бенаво шуд.
Вале як раҳ нагуфтӣ аз сари меҳр,
Ба ин бечораи ошиқ чиҳо шуд.
Аз он шодам, ки ношодам надидӣ,
Ҳар он чи шуд ба ҷабри ҷони мо шуд.
Хаёли корубор аз ёди ман рафт,
Хаёли дидани ту муддао шуд.
Барои диданат сад роҳ ҷустам,
Вале роҳи раво ҳам нораво шуд.
Биё, ёро, зи роҳи лутф боре
Ки лутфи ту ба дарди дил даво шуд.
***
Хонаи чашму диламро ишқи ту обод кард,
Бӯстоне ҷойи дашти ташналаб бунёд кард.
Ҳар касе, ки бахти хуш дарёфт аз дунёи ишқ,
Ишқи моро ҳамчу дастури амал аз ёд кард.
Дар замони мо надорад банду басте роҳи рост,
Лек каҷрав оқибат бефар шуду фарёд кард.
Зиндагӣ бе ишқ ҳамчун бозии тифлона аст,
Одамӣ бунёд гашту ишқро эҷод кард.
Зинда аст ин дил фақат дар доми ишқи поки ту,
Мурда пиндораш агар худро аз он озод кард.
Ҷонибек аз ишқи ту омӯхт расми мардумӣ,
Додро бар куштани бедодҳо устод кард.
ДУБАЙТИҲО
Аё булбул, чу рафтӣ бар сари гул,
Чу мехонӣ суруд аз дафтари гул.
Зимистонро сано гӯ чун баҳорон,
Ки буд он ҷомаи гул, бистари гул.
***
Аҷаб не дар сари роҳе бимирам,
Сари чоҳе, таҳи чоҳе бимирам.
Мурам гар ханда бар лаб, кош, сад кош,
Мабодо дар гулу оҳе бимирам.
***
Ба каҷоинае кардам нигоҳе,
Бидидам хеш дар ҳоли табоҳе.
Ба ҳолам гиря мекардам, мабодо,
Диҳад ин оина рӯзе гувоҳӣ.
***
Барои худ раҳи ҳамвор мекофт,
Раҳораҳ қиссаву афсона мебофт.
Гапи ноҳақ чунон бисёр мегуфт,
Дурӯғаш бар худаш ҳам рост метофт.
***
Ба сурат гургию рӯбаҳмиҷозӣ,
Бувад корат фақат найрангбозӣ.
Шумури рӯбаҳон афзуд бо ту,
Хати батлон задӣ бар гургтозӣ.
***
Гузар кардам пайи коре ба як деҳ,
Шудам шоҳид ба баҳси “Қасри кӣ беҳ?”.
Мазори деҳ хароботе... Дилам монд
Зи қасри одамони хомфарбеҳ.
***
Ғамам беш асту ғамхоре намондаст,
Ба боғи меҳр ҷуз хоре намондаст.
Худоё, мекушад бемеҳрӣ моро,
Ба Азроил дигар коре намондаст.
***
Инони дил ба чанголи хаёл аст,
Сарам гӯё ки бозори савол аст.
Шудам дилдодаву шайдои шӯхе,
Нуҳуфтан мушкилу гуфтан муҳол аст.
***
Ману ту ҳамҷавору ошноем,
Яке насронӣ, дигар порсоем.
Агарчи зодаи як хокдонем,
Аҷаб, як рӯз гӯристонҷудоем.
***
Нишебию баландӣ хоси роҳ аст,
Гаҳе бар ҳар ду ҳам ҳоли табоҳ аст.
Мабар аз ёд ҳаргиз, эй мусофир,
Баландӣ ҳам мисоли партгоҳ аст.
***
Парамро сӯхтӣ парво накардӣ,
Маро ҳамсурати парвона кардӣ.
Чу мардум омадӣ дар хонаи чашм,
Миёни мардумон афсона кардӣ.
***
Раҳи ман аз сари дунёи ишқ аст,
Сарам чун косаи савдои ишқ аст.
Чароғи маҳфили ишқ аст чашмам,
Дили ман тӯшаи фардои ишқ аст.
***
Сари роҳи ту монанди чинорам,
Ба ҳар як раҳгузар сарнофарорам.
Расад аммо шамоли домани ту,
Ба пеши пойи ту сар мегузорам.
***
Ту будӣ зарраҳои ранги зардам,
Ту будӣ марҳами ноёби дардам.
Ҷавонии маро афсона кардӣ,
Туро дар пирӣ аз нав кашф кардам.
***
Туро бо чашми дил пайдо намудам,
Туро дар мағзи ҷонам ҷо намудам.
Туро омӯхтам умреву охир
Китоби ошиқӣ иншо намудам.
***
Ҳаменозӣ, ки хирворат баланд аст,
Баландиҳои он мардумписанд аст.
Вале ғалбер медонад, бародар,
Ки дар хирвор коҳу дона чанд аст.
***
Ҳамепурсӣ, ки ҳамёни зарам ку,
Кулоҳам, иззатам, тоҷи сарам ку?
Наӣ бадзод агар, мепурс боре
Падарҷонам куҷо шуд? Модарам ку?
***
Чу нури дида бошад нангу орам,
Аз он беҳтар дигар ганҷе надорам.
Сарам помол бодо, баҳри попӯш,
Ба пойи нокасон гар сар гузорам.
ЧАҲОРПОРАҲО
Бар ваъдаи худ вафо накардӣ,
Моро ба ду ҷав баҳо накардӣ.
Мурғи дили ту ҳавои мо хост,
Ҳайҳот, варо раҳо накардӣ.
***
Ёдҳоят то куҷоҳо мебаранд,
Ҷисму ҷонамро ба савдо мебаранд.
Рӯзҳое, ки набахшидам туро,
Рӯзҳоямро ба яғмо мебаранд.
***
Най даме, ки мекунад фарёдҳо,
Об мегардад дили Фарҳодҳо.
Мешавад обод мулки ошиқӣ,
Аз фироқи нолаю бедодҳо.
РУБОИҲО
Гуфтӣ, ки рухам зи рӯйи маҳтоб бубин,
Ду кокули ман зи мавҷи шӯхоб бубин.
Бо ёди висоли ту намехобам ман,
Такрор ҳамекунӣ, ки дар хоб бубин.
***
Гӯянд чу об умри кас мегузарад,
Монанди ҳубоб ҳар нафас мегузарад.
Гар ғунчаи уммед аз он баҳра наёфт,
Кӯробмисол бар абас мегузарад.
***
Гӯянд, ки одамӣ аз алам мегиряд,
Аз бекасию ранҷу ситам мегиряд.
Ранҷу ситаму алам зи одам рӯяд,
Чун гиря кунад бо сари хам мегиряд.
***
Ду қалб агар ҳамдаму ёвар нашавад,
Аз шарбати васл ҳеҷ лаб тар нашавад.
Ду санги тарозу гар набошад ҳамвазн,
Ду паллаи он ҳеҷ баробар нашавад.
***
Ман волаи ту, туро чӣ матлаб бошад?
Ҷон садқаи як бӯсаи он лаб бошад.
Дар хоб ниҳодаам ба он лаб лабро,
Эй кош, ҳама умр чу ин шаб бошад.
***
«Лайлӣ ва Маҷнун»-и Навоӣ дар тарҷумаи Ҷонибек
«Лайлӣ ва Маҷнун» сеюмин достони «Хамса»-и Алишер Навоӣ аст, ки дар вазни ҳазаҷи мусаддаси ахраб (мафъӯлу мафоилун фаӯлун; - - V / V - V - / V - -) навишта шудааст. Шоир ва мутарҷими хушсалиқа Ҷонибек Қувноқ низ ин ишқномаи дилгудозро бо ҳамин вазн ба тоҷикӣ равону фаҳмо тарҷума карда, ба мазмуни достон дахолат накардааст. Вай аз ҳар як байти Навоӣ як байти тоҷикӣ эҷод карда, ифодаву ибора ва санъатҳои дилангези ӯро, аз қабили ташбеҳ, истиора, тавсиф, ташхис, кинояву рамзҳо бо таровати зебандаи аслият ба тоҷикӣ баргардондааст. Дар тарҷумаи ӯ бисёр байтҳои Навоӣ бо ҳусну камоли худ ҷилванамоӣ менамоянд, ки хонандаро хуш меояд, ба дилаш завқу сурури беандоза бахшида, бо шеъри рангину сеҳрофарини ӯзбекии Навоӣ ошно месозад.
Андар наъти Худованд (аз боби I):
Эй номи худат чу шуд сароғоз,
Анҷом гирифта ҳар як оғоз.
Эй аз Ту мулук хуҷастафарҷом,
Оғози Туро куҷост анҷом!
Эй аз Ту хирад пур аз маонӣ,
Боқӣ Туву ҷумла халқ фонӣ.
***
Аммо раҳи Ту ба дил равон аст,
Ҳар кор, ки кардӣ, кор он аст.
Додӣ чу наво зи ҳар чи бар кас,
На бешу на кам, кифояту бас.
Эҳсони Ту ҳар киро кифоят,
Бояст ба он фақат риоят.
Бо ёфта кас агар на қонеъ,
Аз кардаи худ варо хабар не.
Ҳар он чи зи мост беҷиҳат руст,
Ҳар он чи зи туст кори некуст.
Дар васфи гавҳари сухан, ганҷи ҳакими Ганҷа (аз боби V):
Бар ҷавҳари маънӣ дода пардоз,
Дар пардаи маънӣ маҳрами роз.
Сарриштаи диққаташ гиреҳнок,
Ҳар уқдаву чанд гавҳари пок.
Ганҷинаи фикр гавҳароин,
Мардуми ҷаҳон аз он гуҳарчин.
Эй бас садафи дилаш гуҳаррез,
Нойи қаламаш ҳаме шакаррез.
Ваҳдатгуҳараш барои мардум,
Узлаткамараш ба ҷойи мардум.
Болонишини ҳарими маъно,
Ҳар бикри сухан гирифта оро...
Машҳур ба афсаҳул – каломӣ,
Назмаш гуҳари сухан – Низомӣ.
Дар ганҷа ниҳон мисоли ганҷ аст,
Ганҷест аён, шумор панҷ аст.
Дар мадҳи ахтари ҷаҳонтоби сипеҳри вилоят ва гавҳари сероби маъдани ҳидоят ва эҳтишоми хуршеди авҷи назм ва ринди сафоошоми назми маонӣ, яъне Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (аз боби VI):
Дар боғи сухан шукуфтаварде,
Дар ояти фан варақнаварде.
Қадраш, ки ба арш суда поя,
Афканда ба рӯйи меҳр соя...
***
Назми ту фузун зи ҳар баён аст,
Насри ту ба қадр беш аз он аст.
То нукта муроди аҳли дунёст,
Файзи суханат мудом болост.
Аз файзи ту баҳраманд олам,
Қурбони ту оламеву ман ҳам.
Қиссаи дар маҳди вуҷуд чашм кушудан ва аз хуни дил хӯришу аз дояи ишқ парвариш ёфта... ба назари халоиқ гарм тофтани Қайс (аз боби X):
Дар ҳалқаи силк монда дилгир,
Печид яке садои занҷир:
Дар мулки Араб куҳанзамоне,
Будаст амири ҳукмроне.
Солори қабоили араб буд,
Иқболи васоили араб буд.
Бечоранавозу чорасозе,
Хонгустару меҳмоннавозе.
Дегаш шабу рӯз пур зи хӯриш,
Меҳмони азиз хешу дарвеш.
Дар бодия ҳар ки раҳ кунад гум,
Буд оташи деги ӯ чу анҷум.
Доништалабеву ҷудпеша,
Бо донишу ҷуд анис ҳамеша...
***
Фарзанди азиз Қайс номид,
Шоистаи номи хештан дид.
Доданд ба дасти чанд доя,
То пухта расад ба авҷи воя.
Зебу фари тифли хос бастанд,
Чун ғунча ба чанд либос бастанд.
Бастанд варо даруни маҳде,
Чун барги гуле миёни шаҳде.
Хонданд зи ояти саодат,
Алқисса, ҳар он чи буд одат.
Порчаи зерини шеърӣ ҳам як мисоли равшан аз тасвирҳои дили пурҷӯшу хурӯш ва пурэҳсоси Лайлӣ аст, ки дар роҳи ишқи Маҷнун буду шуди худро сарф кардааст. Навоӣ ишқи беинтиҳо ва поки ин дилдодаҳоро бо эҳсосоти олӣ, бо тамоми санъати шоиронааш ин тавр дилкаш тараннум кардааст (аз боби XIV):
Фарзанди араб – нигора Лайлӣ,
Бар Қайси ғариб дошт майле.
Дардаш ба замир нуҳуфта буд ӯ,
На хӯрдаву на хуфта буд ӯ.
Дар дил шабу рӯз ёд мекард,
Бо ёди висол шод мекард.
Он шаб зи ғаму фироқ месӯхт,
Аз ҳасрати ҷуфт тоқ месӯхт.
Ҳар лаҳза чу зулф печ мехӯрд,
Ҷабри ғами ёр сабр мебурд.
Дар зулмати шаб асира буд моҳ,
Як оҳи ҳазин шунид ногоҳ.
З-он нола дилаш ба тоб омад,
Чун оби дам изтироб омад...
Дар тарҷума мисли аслият на танҳо воқеаҳо пурдарду ғамангезанд, балки байтҳо, қофияву радифҳо низ аз тапишҳои дили лабрези ишқи Маҷнун гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи, ҳолати дар чоҳи фироқ ҳамчун оташи танӯр афрӯхтану мисли «мурғи қафас» изтироб кашидани ӯ басо табиӣ ва муассир ба тасвир омадааст, ки аз маҳорати феълсозӣ ва калимоту таркибҳои тоҷикиро дуруст корбаст намудани тарҷумон гувоҳӣ медиҳад:
Маҷнун чу бишуд асири банде,
Дар банд расид сад газанде.
Дар хона сабоҳу шом побаст,
Зад навҳа гаҳе баланду гаҳ паст.
На шому на рӯз хӯрду хобе,
Чун мурғи қафас дар изтиробе.
Бигрифт канора хоб аз чашм,
Ҳар миҷа ба хоб тири пурхашм.
Дар дидаи ӯ чӣ сон ситад хоб,
Як лаҳза дар он намеситад об.
Дар қалб зи ҳуш на хабар буд,
Дар ҳуш зи қалб на асар буд...
Тарҷумон латофати гулшани ҳусни Лайлӣ ва ба «пойи дили Қайс халидани хорҳои ишқи» вайро чунон дишнишину ҷаззоб ба тоҷикӣ баргардондааст, ки дар ин амал корбасти санъатҳои бадеии ташбеҳу истиора, гардиши образҳои маҷозиро барҷастатар кардаанд:
Сад гул бишукуфта рӯйи боғаш,
Хуш карда, вале гуле димоғаш.
Ду чашм зи машъале мунаввар,
Ҳар як шарараш чу меҳри ховар!
Аз шамъ чу хиҷлааш музайян,
З-он хонаи чарх гашта равшан.
Шамъеву на шамъ, чашмаи нур,
Нуре, ки ду чашми бад шавад кӯр.
Нахлеву на нахл, сарви озод,
Сарвеву на сарв, рашки шамшод.
Моҳеву на моҳ, бадри толеъ,
Бадреву на бадр, меҳри ломеъ.
Порчаи зерини шеърӣ низ маҳсули ҳамин гуна сухангустарии тарҷумон аст, ки басо дилангезу хотирмон ба қалам омадааст. Дар он дарди дили Маҷнун соҳирона таровиш ёфтааст:
Дар сина фазо ҳарими ишқ аст,
Дар ҷисм ғизо насими ишқ аст!
Мушкин дамам аз нисори ишқ аст,
Рангин рухам аз шарори ишқ аст!
«Айн»-аш бувадо ба гарданам тавқ,
«Шин»-аш дар қалб шӯълаи шавқ.
«Қоф»-аш бинамоӣ кӯҳи андӯҳ,
Бар дил ғами он фирист чун кӯҳ!
Се нуқтаи он бикун шарора,
Бинмой дуи дигар чу хора.
Боист ба шӯъла ҳам шарора,
Бар қоф бидеҳ ду хора пора.
Андоз ба ҷонам он шарора,
Зан бар сари ман ду пора хора.
Мардум ба садаш масоз монеъ,
Ман кай шавам аз ҳазор қонеъ!
Ё раб, зи ғамаш маро бикун сер!
Бе ишқ биёву ҷони ман гир!
2. Мақолаи пажӯҳишӣ:
ПОСДОРИ ҲИММАТ ВА ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ
(Юнуси Имомназар. «Овози тоҷик», 13 ноябри соли 1996)
Порашт дараи фараҳбахшу хушбаҳор ва файзбору хуррами кӯҳсори Нурато аст. Ин
диёри рӯҳнавозу афсонавӣ чӣ бас дилфиребу назаррабост ва ҳар касе, ки ба ин дара меояд,
аз тафарруҷи кӯҳҳои серфарозу сабзпӯш, замини босаховат, чашмаҳои зулолу мусаффо бо
обҳои ширин, аз иқлими рангрезу фараҳангез ва насими диловезу анбарбезаш, аз ҳавои
дилкашу ҳаловатбахш сармасту сархуш гашта, хештанро дар олами дигар тасаввур
мекунад. Ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки аз ин гуна маскани пурнафосат ва фусунгар дил
кандану дар ҷудоӣ зистан амрест муҳол. Вале бо тақозои замон, аз пайи доду ситади
рӯзгор, барои зинатбахшии зиндагӣ кас худро ба мулки дигар, андаруни мардуми дигар
меандозад.
Ҷонибеки ҷавон пас аз хатми мактаби миёна то охири умр ин зодбуми пурнафосати
хешро хайрбод гуфта буд. Ӯ ҳам рангорангиву назофат ва лаззату фараҳи диёри худро бо
гулистони шеъру адаб, бо диёри дӯстиву одамшиносӣ, бо нашъунамои боғи тозаи
маърифатӣ иваз намуд. Бо вуҷуди ин, пайваста месарояд:
Ман – форишӣ, дар мағзи кӯҳ
Кӯю дари аҷдоди ман.
Аз чашмаву кӯҳи баланд
Чор унсури бунёди ман.
Ҷонибек дур аз маркази илму фарҳанги тоҷик дар расани каломи мавзун
дурдонаҳои рангини шеъри дариро кашид. Ангоштаҳояш ҷаҳони дидаи ӯро, фаҳму идроки
ҳушмандонаи ӯро тараннум крдаанд. Ӯ худро дар анбӯҳи мардум бо шеъри дарӣ
шиносонд:
Шукро, ки аз кӯю дарам,
Пар мезанад лафзи дарӣ.
Танҳо наям, ман – мардуме,
Кӯю дари ман – кишваре.
Ва бо таъкид афзуда:
Бо ин забон ман тоҷикам,
Бе ин забон ман безабон.
Маҳруми мардум – марҳуме.
Маҳрум чӣ? Бадтар аз он!
Шоири шодравон Ҷонибеки Қувноқ қисмати асосии умри худро дар шаҳри дӯстиву
бародарии Тошканд сипарӣ намудааст. Ӯ солҳои дароз дар манзили маънавиаш – идораи
рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») адои вазифа намуда, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Аз пайи меҳнатдӯстӣ ва корбарии дуруст вазифаҳои мудирияти бахши адабиёт ва ҳунар ва ҷонишинии сармуҳаррирро бо муваффақият анҷом медод. Ӯ ҳар лаҳза худро шарики шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳи одамони гуногунмиллат ҳис мекард. Ба хусус, дар ҳайси бародарони ӯзбек суханони самимӣ дорад. Аз ҷумла:
Духтари ӯзбек арӯси нозанини тоҷик аст,
Дар замири ин русум бас маъниҳои борик аст.
Муддаои ман фақат шояд ба аъмо торик аст,
Қалби моён аз азал наздик буду наздик аст.
Ҳамдаму ҳамсояи ман – қадрдонам, тоҷикам…
Ҷонибек чун пуле буд мустаҳкаму боэътимод, ки мардуми равшанзамири ду кишвари ба ҳам ҳамсояву қарин – Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро мепайваст. Тавассути ӯ рӯдҳои маънавӣ бо ҳам даромехта, баҳри илму фарҳанг ва худшиносии халқҳо серобтар мегашт. Ӯ ба дӯстии одамон эътиқод дошт ва пайваста ин маъниро ситоиш мекард:
Каломи дӯстиро сабт бар тоқи замон созам,
Чароғи нурфишоне дар дили ҳар хонадон созам,
Барои корвони чархи олам сорбон созам,
Чу муҳре баҳри ҳар як кору омоли ҷаҳон созам,
Чу ҳарфи душманӣ боқист, хотир ҷамъ намегардад…
Аз Ҷонибеки Қувноқ мероси назарраси адабӣ боқӣ мондааст. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ,
тарҷумаҳо ва осори публитсистиаш дар китобхонаю бойгониҳои мардум ҳифз мешаванд.
Қабл аз ҳама, ӯ шоири маҳбуби мост. Асосан шеърҳояш дар маҷмӯаҳои «Қарз» (1973),
«Арзи дил» (1977), «Ифтихор» (1982), «Розҳо» (1987), «Зангӯла» (1990) ва «Юрак
тӯлқинлари» (ба забони ӯзбекӣ, 1977) гирд оварда шуда, ба табъ расидаанд. Бисёр шеъру
достонҳои шуарои муосиру классикии тоҷикро ба забони ӯзбекӣ ва ашъори шоирони
ӯзбекро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Умуман, таҳқиқи осори шоир кори доманадорест ва баррасии махсусро талаб мекунад.
Шоир ҳамеша хислатҳои ҳамидаи инсониро тарғиб намуда, одамонро ба роҳи росту
рафтори нек ҳидоят кардааст. Ӯ аз дидани афроди нек ба завқ меояд ва маҳз некиро
ғуссабари фарзанди башар меҳисобад:
Бисёр некӣ дидаам,
Умре зи одамҳои нек.
Қурбонашон гардад кам аст,
Гар беки ҷонҳо – Ҷонибек.
Бигзор некӣ дар ҷаҳон,
Муҳри ҳама фармон шавад.
Он гоҳ фарзанди башар,
Орӣ зи ҳар армон шавад…
Сурудаҳои шоири ширинсухан басо равону суфтаанд. Ӯ моҳирона каламотро чунон бо ҳам меомезад, ки фикраш содаву аён, бо муҳтавои маъниҳои дақиқу сербор ифода меёбад. Шоир марди фозилу рӯзгордидаест, ки ҳар каломаш панд аст барои насли ҷавон, ба аҳли зиндагии равон. Ӯ ҳусни зебою ҳарфи шево, дӯстдори миҳану худогоҳи миллат, ҷавонмарду олиҳиммат ва ҷилодеҳи рӯзгорро васфу ситоиш мекунад. Шоир сахт парҳез
дорад аз ҷамъи бадиву бадкориҳо, аз ҳасуду кинаварон, аз лаину безориҳои зиндагӣ. Орзу
дорад:
Аз ин замон то он замон,
Аз ин макон то он макон,
Ёбем то ки роҳи рост,
Гӯем то ки роҳи мост.
Муҳаббати модар ва меҳри ватан дар ашъори шоир тавъам часпидаанд. Ӯ даъват дорад ба ҳифзу сариштаи хоки ниёгон, нигаҳдории лафзи поки модарон. Вайронаҳои ватан ва камхобию азиятҳои модар доимо ӯро ба риққат меоваранд. Мехоҳад замини падаронро доимо ободу зебо бинад ва модарон хандону шукуфон ба дилҳо сурур бахшанд. Шоири худогоҳ мефармояд:
Хоки аҷдодони худро посбонӣ мардумист,
То нагӯяд нокасе, худ соҳиби ин хок кист?
Зиндаву пояндатар аз одамӣ ҷуз кӯҳ нест,
Кӯҳро чун одамӣ дидӣ, магар бе роҳ зист?
Хокро мебӯсаму чун тоҷ бар сар мекунам,
Хокро дар зери тоҷи хеш ман зар мекунам.
Ё ба модар чунин муроҷиате дорад:
Пеши поят сар ниҳодан сарфарозӣ будааст,
Пораи нон бо ту хӯрдан бениёзӣ будааст.
Бо ту ҳар як дам чу як умри дарозе будааст,
Буд гӯё дар кафам оби бақое, модарам,
Он ту будӣ, бе туям обу адое, модарам!
Мутаассифона, аз он ки умри шоир кӯтоҳ будааст, ӯ асрори қалби худро комилан нагуфта, дар синни 49-солагӣ ҷаҳонро падруд мегӯяд. Бо вуҷуди ин, алоқамандони каломи ширинаш эътироф доранд, ки Ҷонибеки Қувноқ инсоне буд посдори ҳиммат, сарбаланду
сабур, ёри меҳрубону ҷонфидои миллат ва ба гуфтаи худи шоир:
Ман посдори ҳиммат, бо ин нишон шиносед!
Ҳиммат матои қимат, бо ин нишон шиносед!
Дар рӯзи сахт ҳаргиз ман пеши сахтрӯён,
Қадро намекунам қат, бо ин нишон шиносед!
Ман – душмани хушомад, аммо ба ёри хушрӯ
Гӯям фақат хушомад, бо ин нишон шиносед!
Ман – ҳадшинос, аммо нокас чу садди раҳ шуд,
Талқони по шавад ҳад, бо ин нишон шиносед!
Ман – бехсӯзи зиллат, барбоддеҳи иллат,
Як ҷонфидои миллат, бо ин нишон шиносед!
3. Адабиёт
* Ғуломзода, А. Раҳ бурдӣ ба фирдавс магар, булбули гӯё: ба забони ӯзбекӣ / Халқ сӯзи, 01.01.1991; Овози тоҷик, 02.01.1991
* Ҳусейнов, М. Ӯ ҷони одам буд: мақола / Ҳақиқати Ӯзбекистон, 06.11.1991
* Даврон. Д. Ҷонфидои миллат: мақола / Садои мардум, 06.11.1991
* Инъомзода, С., Саидов, Д. Мангуликка дахлдор: мақола ба забони ӯзбекӣ / Ёш ленинчи, 09.11.1991
* Ҷӯрабоева, Ӯ. Ҷойи ӯ холист: мақола / Овози тоҷик, 09.11.1991
* Саидов, Д. Ҳар ким омонатдир, вале...: мақола ба забони ӯзбекӣ / Тошкент ҳақиқати, 09.11.1991
* Имомназар, Ю. Посдори ҳиммат ва ҷонфидои миллат: мақола / Овози тоҷик, 13.11.1996
* Гулмурод, П. Андешаҳои роҳ: саёҳатнома / Овози тоҷик, 25.07.1998
* Назармат, Икки халқ фарзанди: мақола ба забони ӯзбекӣ / Халқ сӯзи, 15.11.2001
* Салимов, Ш. Адибон намемиранд: мақола / Овози тоҷик, 17.11.2001
* Қамарзода, А. Пайвандгари дилҳо буд: мақола / Овози тоҷик, 21.11.2001
* Даврон. Д. Ман бехсӯзи зиллат: мақола / Ваҳдат, феврали 2002
* Шодӣ, М. Як пора шеър, як пора меҳр: мақола / Овози тоҷик, 25.05.2011
* Раҷабов, Т. Мангу барҳаёт: мақола ба забони ӯзбекӣ / Фориш тонги, 05.11.2011
* Субҳон, А. Шоири маҳбуб ва тарҷумони дилҳо: мақола / Овози тоҷик, 12.11.2011
* Муҳаммад, Ҷ. Бо роҳи сабки хуросонӣ: мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ / Ховар, 16-30.11.2015
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутка вк