Фаридуни Фарҳодзод

“–Дадаҷон, ман намехоҳам, ки шумо дар азоби виҷдон монед. Барои ман гӯшвораи тилло он қадар муҳим нест. Бе зару зевар зистан мумкин, аммо бе обрӯ зистан маънӣ надорад. Мехоҳам, ки шумову бийиҷонам сиҳату саломат бошед,ҳеҷ гоҳ ғамгин нагардед, рӯйиғамронабинед…


ФАРИДУНИ ФАРҲОДЗОД

Фаридуни Фарҳодзод (Йӯлдошев) 5 феврали соли 1989 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато таваллуд ёфтааст. Падари ӯ Фарҳод Йӯлдошев яке аз иқтисоддонҳои варзидаи ноҳияи Нурато ба шумор меравад ва дар сахттарин ҳолатҳои тангии иқтисодӣ тавассути мағоза ва дӯконҳои сайёри худ ба деҳаҳои дурдасти кӯҳпоя дасти кумак дароз кардааст. Модараш Мушарраф аз ҷумлаи кадбонуҳои чашмикордон ва соҳибмаърифати деҳаи Эҷ аст. Падару модари меҳрубон аз кӯдакӣ Фаридунро дар рӯҳияи солими одамгарӣ, қадршиносӣ, илму донишҷӯйӣ тарбият карда ба камол расондаанд.

            Фаридун мактаби миёнаро дар зодгоҳи худ фаро гирифта, дар соли 2007 ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мегардад. Ӯ дар соли 2011 давраи бакалаври донишгоҳро хатм намуда, як сол дар мактаби зодгоҳи худ бо касби омӯзгорӣ машғул мешавад. Сипас, барои фаро гирифтани давраи магистратура дубора ба бахши филологияи тоҷик пас меояд. Мактаби олиро бо муваффақият ба поён расонда, бо роҳхати устодон фаъолияти хешро дар шуъбаи тоҷикии радиои Самарқанд бо шуғли хабарнигор оғоз менамояд. Ҳамзамон дар рӯзномаи бачагонаи "Булбулча-доно", ки ба забони тоҷикӣ нашр мешавад, чун котиби масъул ба кор мепардозад ва то имрӯз ин фаъолияти худро идома медиҳад. Дар ин давра бо тамоми эҷодкорони Самарқанд, минҷумла, бо донишмандони соҳаи забону адабиётшиносӣ – Адаш Истад, Салим Кенҷа, Бахтиёри Ҷумъа, Асадуллоҳ Исмоилзода, Нормурод Каримзода, Фозили Шукурзод, Дилшоди Фарҳодзод аз наздик шинос мешавад ва ҳамроҳ бо матбуоти даврии Самарқанд бо рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” низ равобити маҳками эҷодӣ-бадеӣ ба роҳ мемонад. Дар такмили маҳорати эҷодӣ ва пешрафти Фаридун устод Бахтиёри Ҷумъа бештар аз ҳама саҳм дорад.

            Фаридуни Фарҳодзод дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ба хусус, дар силсиласомонаҳои “Фейсбук” хеле фаъол аст. Ӯ аз ин тариқа бо даҳҳо адибу шоир ва рӯзноманигори тоҷики берунмарзӣ, аз қабили Марямбонуи Фарғонӣ, Исфандиёри Назар, Абдуқодир Рустам, Шаҳзода Назарзода, Рустами Ваҳҳоб, Аъзам Ҳуҷаста, Бобоҷон Шафеъ, Ҳабиб Саид, Нусратулло Бобоев низ “додугирифт”-и эҷодӣ дорад. Муассис ва мураттиби саҳифа-равзанаи бози “Сайқали сухан” аст, ки дар он бештар насрнависони ҷавон маҳсули хоманигории худро ба маърази арзёбӣ пешниҳод мекунанд. Дар ин саҳифа натиҷаи баҳсу мунозираҳои мухталифи адабию фарҳангӣ, фикру дархост ва назару маслиҳатҳои аҳли қалами пешқадам гирдоварӣ ва ба ҳукми хонандагон ҳавола мегардад.

            Фаридуни Фарҳодзод тоза ба адабиёт қадам мондааст. Хушбахтона, ӯ аз зумраи эҷодкоронест, ки бо итминон вориди ин тестгоҳи пурнафосат ва пурназокати ҷаҳони маънавӣ мегардад. Қадамҳои устувори ӯ, ба навбати аввал, аз достонҳои кӯтоҳаш ҳувайдост, ки аллакай мақбули алоқамандону мухлисони зиёд шудаанд. Фаридун дар бахши ҳаҷву мутоиба низ истеъдоди баланд дорад ва дар ин ришта низ қувваозмоӣ хоҳад кард. Дӯстдорони адабиёт ва ҳаводорони каломи бадеъ аз Фаридуни ҷавон асарҳои хонданибоб ва шавқоварро интизоранд.

ҲИКОЯҲО

Чун модаркалон даргузашт...

Шаби пурнози пойизро шамоли сокине тароват мебахшид. Шатар-шутури баргҳои зардшуда, ки аз таъсири шамол мерақсиданд, наворо ҷаззобтар месохт. Ситораҳои дурахшон ва моҳтоби нурпош, чун гули сари сабади маҳфил ҳусни шабро дигаргун менамуданд. Аз куҷое ҳангоси маркаб ба гӯш мерасид. Ин садои гӯшхарош нӯти1 зиёдатиеро мемонд, ки оҳанги ҳазину дилкаши фасли хазонрезро хароб мекард. Ҷавонмарде калавида-калавида бо роҳи калон ҷониби деҳа мерафт. Ҷавони миёнқад, ки тақрибан бистусе-бистучаҳорсола буд, ҳар дам аз роҳ бозмеистод ва ба сӯйи осмон назаре меандохт. Жарф-жарф нафас мекашид, ки ангор ҳаво намерасидаш. Гоҳо фарёд мекашид: «Чаро?! Бигӯ чаро?!» Гӯши фалак кар буд, дар ҷавоб танҳо садои шуввоси шамол, аккоси саг, ҳангоси хар ва хишир-хишири хазони зери пояшро мешунид…

Ин ҷавон писари Маҳбубаойтӣ Билол аст. Ҳамон Билоле, ки шаш сол муқаддам дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойи аввалро соҳиб гашт ва бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯйи факултаи иқтисодшиносии донишгоҳ гардид. Билоле, ки тарбияти хуби модаркалонро гирифта буду пиру барнои деҳа ҳурматаш мекарданд. Ҳамон Билол, ки ҳар як зан мехост чун ӯ писар дошта бошад. Модаркалон низ бо наберааш ифтихор мекард. Вай дар ҳар як ҷашну сур барҳақ сарбаланду бологузар гардида буд. Дар ҳаққи Билолаш суханҳои неки занони деҳаро шунида, дар курта намеғунҷид. Билоли хуштарбият, воқеан, бачаи ситорагарм буд. Бо суханони ширин ба дили мардум тез роҳ меёфту дар дидаҳо ҷой мегирифт. Ӯ, аз он, ки ба номаш аз донишгоҳаш борҳо ташаккурномаву ифтихорнома омада буд, ҳавобаландӣ намекард, вақти таътил ба бачаҳои илмдӯсти деҳа мадад мерасонд.

            Инак, кадбоную кайвонии хонадон аз сар рафт. Маҳбуба ба ин муносибат аз сафари дуру дароз баргашт. Писар медид, ки модар дар давоми маъракаҳои модаркалони раҳматӣ дар пеши аҳли деҳа аз ин хонаву дари камназир, аз писари таҳсилкардаи худ ифтихор мекард. Чаро кибру ғурур накунад, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои кашидаи ӯву ҳамсари раҳматиаш дар ғурбат аст. Барои ояндаи писари ягонааш кам меҳнат накардааст Маҳбуба. Ин аст, ки пеши мардум сарбаланд аст. Ҳафту бисту чили модаркалонро бо тамоми урфу қоида, балки зиёдтар аз маъракаҳои ин тактак гузаронид. Билоли якдона низ ҳамчун марди хонадон ба қатор пайваста сари по истод. Ҳамааш хубу аъло!

            Ва аммо, аз назари Билол бо реҳлати модаркалон шаҳсутуни хонадон фуру рафт, фарру файзи ин манзил парид. Эҳсос мекард, ки дигар нируе нест, ки ӯро дар ин манзил нигаҳ дорад. Оҳ, чӣ қадар орзу дошт, ки пас аз хатми донишгоҳ дар деҳа монад, қуввати дили бибии пираш бошад, бо овардани арӯсе, ки тамоми нозу нузи пиразанро бардошта тавонад, ҳам худу ҳам азизи умрашро хушнуд гардонад. Бале, модаркалон ягона касе буд, ки нозашро мебардошт, азизаш медошт. Ӯ буд, ки ин ҳавлӣ барои бачаи дирӯз биҳиштеро мемонд.

Билол  оҳиста-оҳиста қадам мезад. Ҳар дам қарор гирифта, дилашро медошту ба осмон менигарист ва саволҳои «Чаро? Барои чӣ? Аз чӣ сабаб?»-ро такрор мекард. Садояш гиряолуд буд. Магар аз сардии ҳаво ашкҳо андаруни хонаи чашм ях баста буданд, ки берун намеомаданд. Ӯ мехост, ки дуртар аз деҳа рафта, баланд-баланд фарёд занад ва фикру хаёли талху ширинашро аз сар дур созад… Ӯ дар дуроҳае бозистод ва ба ҷояш нишаст. Ба осмон нигарист. Дар байни Билол ва ҷирмҳои осмонӣ сӯҳбати ноаёне, бо забони безабонӣ ба миён омад. Пас аз чанд лаҳза бархест ва ба сӯйи ҳавлиашон, ки дорои иморати боҳашамати дуошёнаи замонавӣ буд, тоб хӯрд. Ҷавон аз ин пас дар ин ҳавлӣ ҳамроҳи модар зиндагӣ мекунад. Падар, ки ҳанӯз пеш аз ба дунё омадани ӯ ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Амрико рафта буд, панҷ сол қабл дар садамаи нақлиёт даргузашт. Писар, ки чанд расми падарашро дида буду халос, рӯзи ба хок супоридани ӯ натавонист қатрае ашк резад. Албатта, дар дил аламҳои зиёд дошт, мебоист барои орзуҳои ношикастааш, барои дидори дар қиёматмонда, барои рӯъёҳое, ки аз нақлу афсонаҳои модаркалон дар зеҳнаш падид меомаданд, оби дида мерехт… Аммо, он рӯз ҳеҷ натавонист буғзи дилашро кафонад.

Билол дари хонаро кушода, хастаҳолона овоз дод:

– Ман омадам, бийӣ.

– Чаро дер кардӣ, писарам? – модар аз ҷойи хоб нимхез шуда буд. – Хавотир шудам.

– Барои чӣ? Ман кӯдакам, ки хавотир мекашед? Тавба...

– Дили очаро аз куҷо донӣ, – пушт ба девор гардонда, амонат такя кард модар. Хона торик буд ва равшании чароғи айвон имкон намедод, ки ӯ чеҳраи Билолро бинад. Дар идомаи суханаш гуфт: – Охир, ту ягона вориси ману падари раҳматиат ҳастӣ.

– Агар  бегонае ин гапро шунавад, фикр мекунад, чӣ хел модари меҳрубоне ҳастед! – эрод гирифт Билол. –  Хоби хуш!

Писар сӯйи хонаи дигар рӯй овард. Чашмони модар об гирифтанд.

– Туро Маъруф – писари Солеҳи шофир пурсид, – овози модар оҳанги ҳузн мекард.

– Хай, нағз.

– Магар боз меравӣ?

– Ҳа! Боз меравам! Меравам! – фарёд зад Билол. – Норафта чӣ кор кунам? Хонаҳои боҳашамати шуморо посбонӣ карда шинам? – Билол ба назди дари хонаи модар омад ва афзуд: – Гап занед, чӣ кор кунам?! Аз ман чӣ мехоҳед?!        

– Ба ман дод назан, ба ҳар ҳол модаратам, бегонае не! – овози модар як парда баланд шуд.

– Медонам… Аммо гӯед, ки ба шаҳр нарафта, дар деҳа чӣ кор кунам?

Ашк пеши дидагони Маҳбубаро гирифт ва бо як мижа таҳ кардан марҷонвор поён рехт. 

– Маро парастор мешавӣ?

– ...

– Фаромӯш накун, ки ин қарзи фарзандии туст.

Билол хандид. Хандаи истеҳзоомези ӯ аз ҷавшани ҷони модар гузашт. Дар баданаш мурғак дамиду дастонаш ларзиданд. Вай ҳайратзада сӯйи писараш нигоҳ кард. Билол бо ду даст синаашро дошта механдид ё гиря мекард, аён набуд. Ашкҳо чун қатраҳои борони пойиз поин меомаданд. Танаш вазнин гашта, пойҳояш бемадор мешуданд магар, ба дари хона такязанон нишаст. Он салобати мардонаи Билол куҷо шуд? Ӯ кӯдакеро мемонд, ки барои баровардани ниёзҳояш ғаш мекунад...

– Дуруст! Ба шумо нигоҳ кардан, шуморо парасторӣ намудан қарзи фарзандии ман аст. Аммо гӯед, ки шумо ҳамчун модар чӣ вазифа доштед? Барои ман, писари ягонаи худ, дилбанду ҷигарбанди худ, чӣ хизмат кардед?! Кадом қарзи модарии хешро адо кардед?! – саволборон кард Билол.

 Маҳбуба аз ин суханон, ки интизор набуд, дар ҳайрат афтод.

– Чӣ кор кардед?! Гӯед!... Ҳамон падаре, ки маро давомдиҳандаи умри хеш медонист ва ман ақаллан боре надидааму танҳо бо аксҳояш гап мезадам, чӣ кор кард?! Гӯед, бийиҷон! Чаро хомӯш меистед? Гап занед?!

– Ин тавр нагӯ, писарам. Рӯҳи падари раҳматиат нороҳат мешавад, – гирякунон гуфт модар ва ашкони чашмашро бо бурҷи сарбанд тоза кард. – Ҳар як кори мо танҳо барои беҳбудии ояндаи ту буд. Маҳз барои хушбахтиат ҳаракат кардем.

– Барои беҳбудии ман, баҳри хушбахтии ман кардед? Бубахшед… Бубахшед, ки надонистаам, – Билол сар ҷунбонда дастонашро болои сина гузошт. – Ин суханонатон афсонаҳои модаркалонамро ба хотирам овард, ки ҳар шаб бароям мегуфтанд. Мегуфтанд, ки волидонам барои ман қаср месозанд, ояндаамро таъмин мекунанд, бо ҳамин мақсад ғурбатро ихтиёр кардаанд. Рӯзе мерасад, ки мо дар ин хонадон зиндагии якҷоя оғоз мекунем. Аммо барои ман кӯшке лозим набуд. Мехостам, ки дар ҳавливу дари хоксоронаамон ҳамроҳи падару модарам, ҳамроҳи додару хоҳарам зиндагӣ кунем. Ҳа, дили ман додару хоҳар мехост. Чӣ қадарҳо орзу доштам, ки падар маро сари китфонаш бардорад, рӯзона ин ҳавлиро овозу хушҳолиҳои бачаҳо пур кунад, бегоҳиҳо сари болинам аллаи модарро шунавам. Аммо бачагиву наврасиҳои ман дар миёни чор девори пур аз ҳузну сукут гузашт. Ман ҳамеша бачаи муаддабу гапгири деҳаву мактаб будам. Пеши касе, вақте ки маро озор медод, аз бинӣ боло гап зада наметавонистам, чун пушту паноҳе надоштам... Меҳру муҳаббатро дар дили инсон бо пулу пайса ба вуҷуд оварда намешавад, бийӣ!

– Ман мехостам, ки бароят беҳтарин зиндагиро фароҳам созам, ҷони бийӣ...

– Оё шумо медонистед, ки барои ман чӣ беҳтар буд? Боре пурсидед, ки бароям чӣ кунед, хушнуд мешавам? На! Напурсидаед. Фақат мепурсидед, ки пулат ҳаст ё не. Ба мани кӯдак пул чӣ қадре дошт? Дар шашмоҳагӣ маро ба модаркалонам гузошта рафтед. Фикр накардед, ки ин кӯдак асту эҳтиёҷ ба шири модар дорад. Барои шумо ва падарам танҳо пул лозим буд. Мехостед давлат ҷамъ кунед, бой шавед, то дигарон ба рахту бахти шумо ҳавас кунанд. Хушбахтиро танҳо дар пул медидед.

– Ин тавр не, писарҷон … – аранг забон кушод модар.

– Модар, хоҳиш мекунам, гапамро набуред! Ҳеҷ набошад, боре ба сухани дилам гӯш кунед, бисёр не, як бор… Шумо, ҳатто, намедонед, ки аввалин калимае, ки ба забон овардам «оча» буд ё «дада»! Намедонед, ки қадами нахустинамро дар чандмоҳагӣ гузоштаму дандони аввалинам кай баромад. Чунки он вақт шумо фақат дар ғами ғун кардани сармоя будед ва аз садои шараққосии доллар лаззат мебурдед. Ҳушу ёдатон бо ҷамъ овардани молу дунё банд буд… Чун дирӯз дар хотир дорам, рӯзи нахустини мактабравии ман буд. Либоси тозаамро пӯшида, дуои бибиҷонамро гирифтам ва ба сӯйи мактаб шитофтам. Бачаҳо бо дастаҳои гул ҳамроҳи падару модаронашон мерафтанд. Хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. Ҳамон вақт дилам бар ҳолам сӯхт ва худро чун инсони яккаву танҳо эҳсос кардам. Дилам захмӣ шуда буд он рӯз.        

Модар бо овоз гиря кард.

            – Чаро мегирйед? Ман бояд гиря кунам, бийиҷон. Бигӯед, ки дар муддати шонздаҳ сол, ки дур аз мо будед, чанд маротиба ҳамин писари яккаву ягонаи худро бо зодрӯзаш табрик гуфтед? Намедонед! Чунки як бор ҳам табрик накардаед! Рӯзе телефон задед. Ҳамон рӯз аз фанни математика се то баҳои панҷ ва аз кори хаттии забони модарӣ низ баҳои аъло гирифта будам. Вақти сӯҳбат аз модаркалонам хостам, ки ба шумо инро гӯям, то аз чунин писари аълохон доштанатон фахр кунед. Модаркалонам хоҳишамро гуфтанд ва шумо дар ҷавоб «камтар хаста шудам, дигар вақт гап мезанем, ҳоло пули телефонам ҳам кам аст…» гуфтед ва гӯшак қатъ шуд. Модаркалонам бардурӯғ «э, ба телефони биет чӣ шуд, қувваташ тамом шуд-барин… Вай бо ту гап мезанам гуфта буд, афсӯс...» – гуфтанд. Ман суханони шуморо шунида ва дурӯғи бибиҷонамро пай бурда будам. Лекин барои хотирҷамъ кардани он кас, «ҳеҷ гап не, бибиҷон, дигар вақт сӯҳбат мекунем», гуфтам... Акнун гӯед, ки ин «меҳрубониҳо», «дилсӯзиҳо» ва «ғамхориҳо»-ро чӣ тавр фаромӯш кунам? Ман низ мехоҳам, ки тамоми инҳо хоб бошад, як хоби нобаҳангоми ҳавловару халос... Мехостам, ки ҳамеша дар паҳлуям бошед ва ман дар сари зонуятон сарамро гузораму онро навозиш кунед. Мехостам ба хона баргардед ва чун оилаҳои дигар аҳлу осойишта, бо ҳам, якдилу муттаҳид зиндагӣ кунем. Лек, ҳамон суханҳоятон, ки он дам шунида будам, то ҳол дар зери гӯшам садо медиҳанд. Он рӯзҳо фаромӯш намешаванд, чун мӯҳри ғуломӣ ба дилам нақш бастаанду монанди захми носуре танамро азият медиҳанд…

Модару писар дар гиря ҳамовоз мешуданд, ашкҳо чун донаҳои борон фуруд меомаданд. Зан пеши фарзанд худро нотавону афсурда, дилгиру пиртар ҳис мекард.

– Медонам, аз даст додани шахси наздиктарин, ҳамрозу анбоз вазнин аст. Ҳозир аламҳоят тоза мешаванд. Ман туро мефаҳмам, аммо ту ҳам бояд маро фаҳмӣ. Охир, барои ояндаи ту талош мекардам, бачам...

– Мегӯед, барои беҳбудии ту кор кардем. Вале бояд бидонед, ки ҳар гоҳ бибиам аз пулҳои фиристодаатон медоданд, намегирифтам. Чунки онҳо дар назари ман чун пулҳои одамони бегона метофтанд. Сармояи бандаҳое буданд, ки асири зару сарват шудаанду барояшон одаму одамгарӣ, меҳру муҳаббат дувумдараҷаю севумдараҷа аст, – дар ҷойи нишаст Билол якпаҳлу гардида, дастрӯмолашро гирифт ва бинӣ афшонд, – бачагиам андаруни ранҷҳо, озорҳо, аламҳо, ноумедиҳо, табоҳиҳо, дилсардиҳо гузашт ва аз ин замони умр хотираи ширине нест, ки ба ёд ораму хурсанд шавам. Не-не, як хотираи хуше дорам. Ин ҳамон афсонаҳои бибиҷонам мебошанд, ки ҳар шаб мегуфтанд. Маҳз ҳамон афсонаҳо маро ҳаёт омӯхтанд, неку бадро шиносонданд, дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ чун чароғи раҳнамо хизмат карданд. Насиҳатҳо ва қаҳрамонҳои афсонаҳояшон маро умед бахшиданд, диламро ба ҳаёт гарм карданд, орзу парвариданро ёд доданд. Раҳматӣ ҳамеша мегуфтанд, ки «бачам, бисёртар китоб хон, худро шинос, пайрави ҳар касу нокас нашав. Орзу дорам, ки дар ҳаёт одами нағз шавӣ, ҳар доим некуӣ кунӣ. Дар зиндагӣ аз одам фақат накукорӣ мемонад. Агар ту инсони хуб гардӣ, ба рӯят тамоми дарҳои зиндагӣ боз мешаванд». Ман мекӯшидам, ки бо насиҳатҳои эшон роҳи дурустро ёбам. Ба назарам, андаке муваффақ ҳам шудам...

– Дар ин миён мани бадбахт саҳме надоштам?

– Не, чаро саҳм надошта бошед? – оҳанги гуфтор дигар намуд Билол. – Бо пул таъмин кардани шумоёнро фаромӯш намекунам. Ба қавли шумо, «чизи аз ҳама муҳим» аз ёд мебарояд магар?

Дасту пойи Маҳбубаойтӣ меларзид ва тамоми баданашро арақи сард фаро гирифта буд. Ду пояшро ғунча карда, сарашро болои онҳо гузошт, болопӯшро наздиктар кашид. Муддате дар миён сукути вазнине ҳукмфармо шуд. Билол мисли ҳайкали шахшуда назди дари хона нишаста, нигоҳашро аз чилчароғи булӯрии айвон намеканд. Э кош, булӯри дилҳо дарз намеёфт, чароғи дилҳо ҳам ҳамчунин фурӯзон мебуд.

– Андаке ҳушёр шудӣ, хуб буғзи дилатро кафондӣ? Ҳақ дорӣ. Аммо... фақат волидайн гунаҳгоранд? Худат аз гарму сарди зиндагӣ хабар дорӣ. Вазъи бади зиндагӣ... Хайр, бигзарем... Сабук шудӣ? Хез, бачам, ба хонаи хобат гузар, – яхи сукутро шикастан хост модар.

Писар боз чанде ҳамон сон нишаст ва бо овози дупарда зери лаб гуфт:

– Ман навозишҳои модаронаи шуморо, соябони сарам гардидани падарро мехостам. Хаёлан худро дар каноратон медидам, меҳрубониҳои шуморо тасаввур мекардам, сурудҳои навозиширо мешунидам. Ҳамаи ин дар олами рӯъёи ман буданд. Дар асл шумо аз ману эҳсосоти қалбии ман ҳазорҳо фарсах дур будед. Шояд ман ҳарфи нодуруст мезанам, хато мекунам, балки гуфтаҳоям ба синну сол намезебад. Аммо бояд донед, ки дилам аз ғаму аламҳо саршор аст. Ман бисёр фикр кардам, ки ин ҳамаро ба шумо гӯям ё дар дилам нигаҳ дорам. Дар охир қарор кардам, ки бигӯям. Имрӯз барои пайдо кардани ҷуръат бори аввал бода нӯшидам... Хайр, хоб кунед. Ман ҳам дам гирам. Шаб кайҳо аз ним гузаштааст, – ба соати девор нигоҳе афканд ӯ.

Аммо то субҳ чароғҳо гирон буданд. Субҳидам сигнали мошин шунида шуд ва пас аз андак замон овози Солеҳи шофёр ба гӯш расид:

– Билол! Маҳбубаойтӣ! Кӣ ҳаст?

Билол аз назди дарвоза ба ронанда “ҳозир, як лаҳза” гуфта пас гашт. Аз киса коғази чорқатеро гирифту сари болини модар гузошт ва ба ҷабинаш бӯсае заду берун баромад. Чун садои ҳаракати мошин шунида шуд, модар аз ҷой хест. Зери лаб пичирросзанон ба дӯлча об гирифт ва ба кӯча баромад. Мошин аз бари тӯдаи хишту симони ҳамсоя, ки иморати замонавӣ меандохт, боэҳтиёт мегузашт. Чанги сабуке ба фазо хеста буд. Модар обро аз паси мошин пошид ва каф ба рӯй кашид. Гарди роҳ аллакай нишаставу мошин ба гардиши кӯча тоб хӯрда буд.

Модар ашкҳояшро бо остин тозакунон ба хонаи хобаш даромад ва баргаи гузоштаи писарашро дид. Онро бетоқатона ба даст гирифт. “Модарҷон, ман ҳатман бармегардам. Саъй мекунам, ки гузаштаро чун хоби кобусӣ фаромӯш кунам. Шумо низ ин рӯзро аз ёд бароред. Мехоҳам, ки фарзандонам аз афсонаҳои бибиҷони худ дарси зиндагӣ ёд гиранд, дар дилашон тухми меҳру муҳаббат ва одаму одамгарӣ нумӯъ кунад. Агар шуморо ранҷонида бошам, бубахшед, модарҷон. Писаратон Билол», – навишта буд ҷигарбандаш.

Модар оҳи сабуке кашид ва ба акси кӯдакии Билолаш, ки рӯйи миз андаке уреб гузошта буд, чашм дӯхт. “Чӣ сурати зебое дорад ин пораи меҳр…”, – аз дил гузаронид ӯ.       

  

Армон

Рў-рўйи хазони наврехта қадамзанон аз дарс бармегаштам. Таваҷҷўҳамро марде, ки дар истгоҳ буду ба бар тоқии кўҳистонӣ, либосҳои рангпарида, пойафзоли чангзеркарда ва дар даст дастовез дошт, ба худ ҷалб кард. Чеҳраи мард, ки ҳар замон гардан ба роҳи мошингард меёзонд, гарм тофт. Наздиктар рафтаму хато накарданамро фаҳмидам.      

– Ассалому алайкум, акои Андарз! – хушҳолона садо баланд кардам, ки аз садои ғайричашмдошт мухотабам як қад парид.

– Ваалейкум ассалом, ошно, – хурду калонро «ошно» ном мегирифт ў. – Аз куҷо пайдо шудӣ? – ба канор кашида, бағалкаш чунон боло бардошт, ки тамоми устухонҳоям шараққос заданд.

– Хонда гаштаам. Аз худатон пурсем, кадом шамол ба Самарқанд овард?

– Э ошно, падарамро ба шифохона овардам.

– Кай омадед?

– Як ҳафта шуд, ошно, – тоқиашро аз сар гирифта, бо рўмолча арақҳои пешониро тоза кард.

– Ҳафт рўз боз ақаллан як маротиба занг назадед-е, – гила кардам.

– Ошноҷон! Дар Самарқанд буданатро намедонистам. Агар бохабар мебудам, албатта занг зада меёфтам. Деҳотӣ бошам ҳам, дар як зум туро ёфта мегирифтам, ошно, – қоҳ-қоҳ зада хандид ҳамсояамон.

– Саломатии бобои Сайёд чӣ хел?

– Вақти омадан як пояшонро бардошта наметавонистанд. Ҳозир бо асо оҳиста-оҳиста мегарданд, – аз ҷайби худ кўҳнателефонеро бароварда соаташро дид акои Андарз.   

– Ягон ҷой мешитобед?

– Ошно, ба шифохона рафтан лозим. Камтар пеш бобо занг зада, тезтар биё, ҳабдоруҳо тамом шуд гуфтанд.

– Ин тавр бошад, он касро интизор накунед.

– О ин автобус ҳам дер кард-ку, ошно, – чашм ба роҳ дўхт ў.

– Бобо дар кадом бемористон?

– Дар шифохонаи шаҳр.

– Пагоҳ дарсам кам. Албатта, ба аёдаташон меоям.

– Ҳамту кун, ошно. Чанд рўз боз мегўянд, ки деҳаро, одамони қишлоқро, бўйи кўҳистонро ёд кардам. Туро дида хурсанд мешаванд.

– Рақаматонро ба ман диҳед, – телефонамро аз ҷайб баровардам.

– Ошноҷон, ин асбобро нағз кор фармуда наметавонам. Рўйхати номҳоро бин, рақами телефонам бо номи худам аст.

Автобус дер мекарду сўҳбати мо метафсид. Акои Андарз воқеаҳои аҷиберо шавқовар нақл карда, беистиҳола аз мардум, чунон механдид, ки... Ростӣ, ман аз рафтори ҳамдеҳаам дар назди раҳгузарон ҳиҷолат мекашидам. Пас аз чанд лаҳза, ҳамсоямардро ба шифохона гусел кардаму худ сӯйи хона рафтам...

Рўзи нав чун тозасаҳифаи зиндагӣ оғоз шуд. Саҳар ба дарс омадам ва пас аз анҷоми машғулотҳо, ҷузвдонамро ба ҳамхонаам дода, сўйи шифохона шитофтам. Даме, ки вориди ҳуҷраи бобои Сайёд шудам, он кас дар рӯйи ҷой хоб буданд. Ҷавоне дар назди тиреза рост меистод. Оҳиста гулу равшан кардам. Ҷавон ба қафо нигоҳ кард, бобои Сайёд сар бардошт.

– Ассалому алайкум, бобоҷон, – дастовезамро болои миз гузошта, тарафи бобо шитофтам.

– Ваалайкум ассалом, биё, писарам, биё, – аз ҷо хеста маро ба канор гирифт бобо ва ба нишастан даъват намуд. Ҷавон салом доду ба назди тиреза баргашт.

– Писарам, ту чӣ хел? Саломатиҳоят, корҳоят, нағз? Дўстонат хубанд?

– Худоро шукр, бобоҷон. Ҳама хубанд. Худатон чӣ хел? – ҳамдеҳаам дар назарам афсурдаву солхўрдатар намуд.

– Ман нағз. Акнун аз они мо ҳамин-дия. «Ҳафтоду афтод» мегўянд, ман-ку шаш кам ҳаштодсола. Ин тарафаш аз они мо зелёний писарҷон, зелёний, – табассуми ҳалимонае намуд, ки тамоми ожангҳо дар бари рўй ҷамъ омаданд. Дар хонаи на он қадар калон се кат, як либосовезак, се ҷевон, як мизу се курсӣ буд. Аз хона бўйи дору ба димоғ мезад. Дар қафои тиреза, ки ба тарафи боғ кушода мешуд, манзараи аҷибе ба назар мерасид. Баргҳои дарахтони қадафрохта заб-зард шуда, чунон зебо ва дилкаш менамуданд, ки метавонистанд ҳар касро оғуштаи хаёлот кунанд.

– Акои Андарз дар куҷо? – оромиро халалдор кардам.

– Ба дорухонаи марказии шаҳр рафт, – канда-канда сухан мегуфт бобо. – Он доруи зормонда дар аптекаҳои ин атроф набудааст. Даруни бобоят дорухона шуд, писарам... Каллаам пўсад, ки овораи дардгўйӣ шуда аз ту напурсидаам. Хонданҳоят чӣ хел?    

– Нағз бобоҷон.

– Ҳамеша нағз шавад, писарам. Ояндаи деҳаамон шумо ҷавонҳоед.

– Шумо мехонед, – рў ба мо гардонд ҷавони назди тиреза.

– Ҳа.

– Дар куҷо? Коллеҷ, литсей...

– Дар донишгоҳ.

– Донишгоҳ, – ҳайрати ҷавонро аз нигоҳҳояш дарк намудан душвор набуд, – дар бахши буҷавӣ ё ...

– Шартномавӣ.

– Ўҳў, контракт гўед, – омада рў ба рӯйи ман, дар паҳлуи бобои Сайёд нишаст. – Душвор. Дар ягон ҷо кор мекунед?

– Не.

– Ба падаратон душвор будааст, – гуфт ва нигоҳҳояшро ба баргҳои зардгуни дарахтон давонид. Хонаро хомўшӣ фаро гирифт. Танҳо ғингоси пашшае, ки аз куҷое вориди ҳуҷра гардида буд, шунида мешуд.

– Дар мактаби олӣ таҳсил гирифтан хуб аст, – баъди чанде дубора сухан оғоз кард ҷавон ва пардаи сукунатро бардошт. – Ҳаёт бо орзуҳои наҷиб ширину гуворост. Аз бачагӣ мақсад доштам, ки ба камол расида ҳатман ба ягон донишгоҳи олӣ дохил мешавам. Вале барои зану шавҳаре, ки яке фарроши мактабу дигаре посбони шифохона аст ва дар хона шаш нафар нонхўр доранд, орзуи дар мактаби олӣ хонондани фарзанд хобу хаёли беш нест. Моҳонаи волидонам ба рўзгорамон базӯр мерасид. Хайрият, ки барои оилаҳои камбизоат аз ҷониби давлат бо номи «тўҳфа» баъзан мадади моддӣ мерасад. Соле набуд, ки ё ман, ё хоҳару додарам аз ин «тўҳфа» бенасиб монда бошем. Вақте ки дар синфи ибтидоӣ мехондам, «ин тўҳфа барои аълохонҳо» гуфта медоданд, ки аз гирифтани он фахр мекардам. Дертар пай бурдам, ки дарёфтани чунин инъом бароям нанговар аст. Гарчанд бечораҳол умр мегузарондем, намехостам, ки атрофиён ба оилаи мо бо чашми раҳму назари паст нигоҳ кунанд. Бо вуҷуди тангдастӣ пайваста мехондам, меомўхтам. Аз болои китобу дафтар сар намебардоштам. Ҳа нагуфта, мактабро хатм кардам. Дар ин мобайн бо тасодуфе пойи падарам шикасту ланг шуд ва аз кор дур гардид. Ба ин нигоҳ накарда, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро бардошта, аз қафои орзу роҳи шаҳрро пеш гирифтам, – нафаси чуқуре кашид ҷавон.

Ман ба чеҳраи ӯ зеҳн мондам. Акнун дар симои ҷавон навниҳолеро медидам, ки дар айни сарсабзӣ рўй ба хазон овардааст, бо тани нозуку нотавон, бо ранги зарду бенур. Бо вуҷуди ин, гўё кўшиш менамояд, ки амиқтар реша давонад, баҳру бар кунаду самар оварад, то одамонро аз меваҳои ширин ва сояи хеш баҳраманд созад. Бобои Сайёд бо сари хам побанди фикру хаёлот буд.        

– Ба хондан рафтанамро касе фаҳмад, хунукназарона писханд мезад, – ҳамоно бо овози паст ба қисса кардан даромад ҷавон, – ва дар дил «шутур ҳаммомро орзу кардааст» мегуфт. Аз сӯйи дигар, касоне ҳам буданд, ки бароям роҳи сафед ва омад мехостанд... Лаҳзае, ки бо мақсади ҳуҷҷат супоридан аз хона берун меомадам, падарам дар рӯйи ҳавлӣ нишаста буд ва «писарам, агар мехонам гўйӣ, ба умеди ман нашав. Аҳволамонро хуб медонӣ, ки оиларо базўр эб мекунем. Худам аз ӯҳдааш мебароям гўйӣ, рав», гуфтанд. Сухане нагуфта, баромада омадам, – овози ҷавон меларзид. – Соли аввал корам омад накард, дохил шуда натавонистам. Ба деҳа низ барнагаштам, ғурурам роҳ надод. Нахостам, ки аҳли деҳ ангушти ишорат рост кунанду гўянд, ки «ин писари фалонӣ, имсол хондан рафта дохил шуда натавонист».

Аз нонвойхона кор ёфтам. Шаб нон пухта, рўзона ба репититор мерафтам. Як сол гузашт ва бори дувум гўё бахтам тофт. Ба хондан дохил шудам, вале контракт… – жарф нафас кашид ҷавон ва монанди он ки роҳи нафасашро чизе мегирифт, гулу афшонд. – Миёни обу оташ мондам. Намедонистам, ки чӣ кор кунам. Баъзе дўстонам мегуфтанд, ки «шояд дигар чунин имконият нашавад, чор сол тез гузашта меравад, хон!», гурўҳи дигар таъкид менамуданд, ки «контракт хондан намешавад, боз як сол тайёрӣ бин, соли оянда месупорӣ». Боз як сол, 365 рўз... Ба гуфтан осон, гузаштани як рўзи як солро намегўед?! – оби чашмони ҷавон берун омаданд ва бо остин ашкҳояшро пок карду ба мо рӯ овард. Чанде лабонашро газида, ба сақфи хона нигоҳ кард. – Қарорам қатъӣ буд, – суханашро давом дод ў, – ба таҳсил камар бастам. Аз як ҷониб, дарсҳо, аз тарафи дигар, кор маро лакот мекард. Рўзе аз ғояти хастагӣ нонҳоро часпондаму дароз кашидам. Надониста мондам, ғанабам бурдааст. Бо бўйи нони сўхта бедор шудам. Чандто нон сип-сиёҳ шуда буд. Соҳибкор аввал дашному ҳақорат доду таъкид кард, ки дигар такрор нашавад. Дар ноомади кор, чор-панҷ рӯз гузашту боз нонҳоро сўхтам. Ба илтиҷову тавбакуниҳоям нигоҳ накарда, соҳибхона бору бўғчаамро ба дастам дод. Контрактпулӣ кам буд, ки пули иҷора низ илова шуд... Бовар кунед, мағоза, нонвойхона, завод, ширкат, кофе, ресторан, сурхона, чойхона, хуллас, ягон гўшаи шаҳр намонд, ки кор накофта бошам, – лабони хушкидаашро бо нўги забон нам кард. – Дар ҳама ҷо як сухан: «ҳозир коргар лозим нест, баъдтар хабар гиред»-ро мешунидам... Охир аз мойка1 кор ёфтам. Фарқ надошт, ки сармои зимистон буд ё гармои саратон, ман дар мойка будам ва рўзҳо якранг буданд: дарс, мойка… мойка, дарс… Хоби бароҳатро фаромўш кардам. Гоҳо дар рафти дарс хобам мебурд. Аз омўзгорон гапҳои пасту баланд мешунидам. Мехостам, ки ҳеҷ не, барои контракт танбеҳ нашунавам. Хонданам суст шуд. Намехондам, барои хондан вақт надоштам…

Ҷавон аз роҳравӣ дар хона бозистоду бар рўйи кати пешгаҳ нишаст. Чеҳраи рангпарида, лабони парсинбаста ва мўйҳои нагирифтаву шонанадидаи ў аз муддати зиёд дар шифохона буданаш дарак медод.

– Пул меёбам гуфта саломатиамро аз даст додам. Дар оғоз ҳар замон месулфидам, аммо оҳиста-оҳиста авҷ гирифт. Охир чунон шуд, ки ягон ҳабдору таъсир накард. Аз дасти сулфа дар дарсҳо иштирок намекардам. Ниҳоят, беморӣ маро ба шифохона овард… Шифокорон мегўянд, ки сахт шамол хўрдаам. Нағзакак даво гирам, сиҳат мешавам. Аммо барои давои «нағзакак» пул дар куҷо? – аз ҷояш хест ҷавон ва ба назди тиреза рафта, ду дасташро ба рӯйи тахтаи тиреза гузошт ва сарашро хам карда сулфид. – Боз сулфаи лаънатӣ омад, – гуфт ҷавон ва беист сулфид, ки гўшҳояш сурх гаштанд. Бо ду даст синаашро маҳкам медошт, ки гўё аз баромадани дилаш метарсид. Ҳамин ки сулфааш андак суст гардид, ба мо рў овард ва узрхоҳона ба сухан омад: – Маро бу…бу… бахшед.

– Ҳеҷ гап не, писарам, – сухан ҳамроҳ кард бобо.

– Бобоҷон! – пас аз қарор гирифтани сулфаи худ нигоҳашро ба сӯйи бобои Сайёд гардонд. – Ман аз мурдан наметарсам. Марг ҳақ аст ва ҳар як одам рўзе вафот мекунад. Дар дунё касе умри абадӣ надидааст ва нахоҳад дид. Ман аз чизи дигар метарсам. Метарсам, ки… – дар кушода шуда, сухани ҷавон дар даҳонаш монд.

– Ассалому алайкум, – акои Андарз даромад. – Э ошноҷон, худати-мӣ? – ба ман оғўш кушод. Ҳолпурсӣ менамудем, ки ҳамшира омад.

– Шумо нарафтед?! Ба панҷ дақиқа рухсат гирифта будед, – гуфт.

– Ҳозир меравам, – ҳиҷолатмандона ҷавоб додам, то ки ҳарфи зиёдатӣ назанад. Бо ҳама хушбошӣ карда ба роҳ баромадам.

Чеҳраи рангпаридаву нигоҳҳои бенури ҷавон як лаҳза аз назди чашмонам дур намерафт. Чӣ тавр хона омадам, намедонистам. Яке ба хотирам расид, ки ақаллан ном ва манзили таҳсили ҷавонро напурсидаам. «Дафъаи дигар, албатта ном, ҷойи таҳсил, манзилашро мепурсам», ба худ қарор кардам…           

Субҳ. Рўбандаҳо хазон мерӯфтанд. Шамоли маҳини пойиз баргҳоро аз дами ҷорӯби онҳо мерабуду парешон месохт. Фаррошзанҳо оташин шуда, шамолро дуои бад мекарданд ва боз ба ҷамъуҷӯр кардани баргҳо мепардохтанд. Ба дарс мешитофтам, ки садои телефонам баланд шуд.

– Ассалому алайкум, акои Андарз.

– Ваалейкум ассалом, ошноҷон. Чӣ хел ҳастӣ? Саломатиҳоят соз?

– Нағз. Бобои Сайёд чӣ хел?         

– Хубанд, ошноҷон. Имрўз баъди пешин меравем. Бобо гуфтанд, ки вақтат бошад, як омада мерафтӣ.

– Албатта, меравам.

Пас аз дарси дувум ҷавоб гирифта сӯйи шифохона шитофтам. Вориди утоқи Сайёдбобо гардида, аввал ба назди тиреза, баъд ба кати ҷавони бемор нигоҳ кардам. Ў дар хона набуд. Бобои Сайёду акои Андарз димоғсўхта менишастанд. «Сиҳат шуда рафтагист», аз дил гузарондам. Пас аз ҳолпурсӣ, ҷавонро пурсидам. Акои Андарз ба бобои Сайёд нигоҳе кард.

– Умри раҳматӣ кўтоҳ будааст, – оҳ кашид бобо.Ин суханро шунида дар баданам раъша дамид ва чунин шуд, ки гўё касе бо чизи вазнин ба дилам фишор овард.– Поси шаби гузашта ҳарораташ баланд шуд. Навбатдор чанд сўзандоруро болои ҳам зад, аммо фоидае накард.Фақир дар даруни обу арақ ғўтид. Дар пеши чашмонат ҷон додани як ҷавони нозанин даҳшатнок будааст, – бо рўмолча ашки чашмонашро тоза кард бобо.Гўшҳоям ғуввос мезаданд. Худро бад ҳис мекардам. Аз ниҳояти дилтангӣ нафасгириам сахт мешуд.– Баъд аз рафтани ту, – чодари сукунатро дарронд Сайёдбобо, – аз чӣ тарсидани ўро пурсидам.– Чӣ гуфт? – беихтиёр садо баланд кардам.– «Аз марг наметарсам... Аз армон гардидани хоҳиши беинтиҳои дилам, ки соҳибмаълумот гардидан буд, метарсам», – гуфт он ноумед.   

        ___________________ 

1 мойка – коргоҳи мошиншӯйӣ

Тазоди зиндагӣ        

Офтоб ғуруб мекард. Домани шафақ месўхт. Назди даромадгоҳи базмгоҳи «Садаф», ки дар маркази шаҳр ҷойгир буд, Саидбой даст пеши бар меҳмононро қабул мекард. Ў мучалгардони набераи калонии худ – Сайёрабонуро ҷашн мегирифт. Дар ду тарафи кўча мошинҳои гуногунтамғаву гуногунранг меафзуд. Меҳмонон пешу қафо, бо тўҳфаҳои гаронбаҳо вориди базмкада мешуданд. Тўй сар шуда буд. Аллакай як-ду меҳмони сархуш рақс ҳам мекарданд. Яке аз онҳо Саидбойро, ки ҳамроҳи завҷааш – Настаринойтӣ меҳмононро «хуш омадед» мегуфт, ба давра мекашид. Саидбой бо ишораи «ҳозир» роҳи халосӣ меҷуст. Дувумӣ рақскунон, аз киса панҷҳазорсўмиҳоро гирифта, болои соҳибтўй мепошид. Пулҳо шабеҳи кабўтарҳо дар фазо парвоз мекарданд ва ба поин фуруд меомаданд…

Пирамарди кўзапуште асобадаст ба сари кўча баромад. Зимистон, ки наздик аст, хост тарбуз харида хўрад. То соли дигар зинда аст ё не, Худо медонад. Ду-се рўз интизори нафақааш буд, вале аз он дараке наёфта маҷбур шуд, ки бо се ҳазор сўми пасандозаш ба кўча барояд. Пирамард оҳиста-оҳиста роҳ мегашт, қадамҳояш ноустувору ларзон буданд. Бо азоб ба сари кўча расид. Фурӯшанда ҷавони зардинарўй, дар ҳоле ки харбуза мехўрд, аз пирамард пурсид:

– Тарбуз мехоҳед, бобо?

– Ҳа, писарам.

– Чандто? – оби шоридаи харбузаро аз лабу лунҷаш бо пушти даст пок кард фурӯшанда.

– Якто. Чанд пул аст? – пирамард ноаён оби даҳон фуру бурд.

– Аз панҷ ҳазор сар мешавад то даҳ ҳазор. Ўҳу-ўҳу-ўҳу! – яқинан шарбати харбуза ҷавонро гулугир карда буд.

– Эҳе, чаро ин қадар нархаш гарон?

– Ҳозир чизи арзона худаш нест, бобо. Баъд мавсими тарбуз гузашт. Ин тарафаш зимистон. Барои ҳамин... – гўиё эзоҳ дод ҷавон ва атрофиёнро ба тарбузхарӣ даъват кард.

– Яктояшро ба се ҳазор сўм деҳ, – кисаҳояшро кофт пирамард.          

– Шўхӣ мекунед? – писханд зад ҷавон. – Худам чорҳазорсўмӣ харидаам. Кадом аҳмақ ба зиёни кисаи худ мефурӯшад?

– Кори савоб мекунӣ, – пулро аз кисаи даруни пиҷаки фарсудааш гирифт пирамард. – Ба одам савоб ҳам даркор.

– Ин бозори хайру саховат не, бобоҷон. Мо ҳам бо умед, як сўм ёбем, якамон ду шавад гуфта, кор мекунем. Дар як рўз ба чор-панҷ нафар, ба гуфти шумо, савоб кунем, банкрот мешавем-ку, – оҳанги гуфтори ҷавон мазоҳомез буд.

– Набошад, якто тарбузро ду тақсим карда нисфашро деҳ, – илтимос кард пирамард.

– Чӣ? – ҷавон қоҳ-қоҳ зада хандид. – Тасф кардед-чӣ, бобо. Нисфи дигарро чӣ мекунам? Ба гову хар медиҳам магар?

– Хонаат мебарӣ…

– Не, бобоҷон, намешавад. Майлаш, тарбузи панҷҳазориро ба чор ҳазор сўм медиҳам. Лекин ба се ҳазор сўм наметавонам. Рост меомад, ба ҷону дил медодам. Чор ҳазор диҳеду боз як дуо ҳам кунед, ана мешавад ин тарбуз моли шумо – тарбузи хурдакаки ноҳамвореро ба даст гирифт ҷавон.

– Се ҳазор сўм пулам ҳаст охир, – дар зери лаб ғурунгид пирамард ва ноумед баргашт…

Офтоб нопадид шуд. Базми мучалгардон дар авҷ буд. Дар дастархони тўёна ғайр аз тухми анқову ҷони одам дигар ҳама хўрданӣ ба назар мерасид. Пешхизматҳо баробари холӣ шудани як табақча, ба ҷояш зуд дигарашро мегузоштанд. Санъаткору раққосаҳо навбат мепоиданд. Ҳамкасбу ҳамсояву ҳамсабақу ҳамтабақҳо, хешу бегона – ҳама мерақсиданд, механдиданд, меболиданд... Саидбою Настаринойтӣ назди меҳмонон мерафтанд ва ҳар замон ба раққосаҳо ҳамроҳ шуда рақс мекарданд. Санъаткоре бо дархости Саидбой – Сайёрабонуро ба рақс таклиф кард. Духтарак бо ишваю ноз, солорона ба саҳна баромад. Ҳама дар атрофи духтарак ҷамъ омаданд. Меҳмонон аз ҷайби худ қабза-қабза пулро гирифта, болои сари духтарак мепошиданд. Бачаҳо дасту по зада, пул мечинданд... Духтарак бо сад ноз хиром мекард ва парвои пул надошт. Пулҳо амсоли парҳои гули қоқу, ки аз боди ногаҳонӣ парешон гардида дар фазо пар мекушояд, пош мехўрданд, парвоз мекарданд, мерақсиданд…

…пулҳои панҷҳазорӣ…

…пулҳои ҳазорӣ…

…Рўз торик шуд. Ҷавоне танҳо дар мардикорбозор менишаст. Медонист, ки бевақтӣ касе ба мардикор намеояд. Вале, ба ҳар мошине, ки дар ин мавзеъ роҳравии худро суст мекард, бо умед нигоҳ меандохт. Суханони завҷааш паси гўшаш садо медоданд: «Дар хона як дона нон монд. Дар бозгашт се-чорто нон биёред». Хотири ҷавон парешон буд. Ў шарм мекард, ки бо дасти холӣ баргардад. Меандешид, ки чӣ гуна ин масъаларо ҳал намояд? Аз дўкони ҳамсоя қарз гирад? Соҳибдўкон намедиҳад, чунки қарзашон зиёд аст. Дигар мағозаҳо ба одами ношинос қарз намедиҳанд. Ў аз нобарории рўз ва касодии кораш афсўс мехўрд. Ба тақдири бади хеш лаънат мехонд. Мошине намеистод ва ҳатто касе ба ў эътибор намедод. «Чӣ кор кунам? Бевақту бепул чӣ хел ба хона медароям? Агар занам пурсад, «Нон наовардед? Ман аз ҳамсоя дуто қарз гирифтам, баргардондан даркор», чӣ ҷавоб медиҳам? Кош ҳазор сўм мебуд, дусад сўм насия карда, ду дона нон мегирифтам…» – аз дил мегузаронд ҷавон.

…Садои санъаткорон хонаҳои атрофро ба ларза меовард ва ҳаёҳуйи меҳмонон базмгоҳро гўиё метарконд. Духтари ягонаи Саидбой – Нигина обистан буд ва бо шиками таранг чунон арғушт мерафт, ки модарарўсаш дилкаф шуда, «ҳозир афтода ягон бало мешавад»-гӯён гумон мебурд. Наварўси дуҷон бошад, парвои дуҷонӣ надошт ва ба сабки мардона, боло-боло меҷасту рақс мекард ва ҳар замон ду ангушташро дар даҳон гузошта ҳуштак мекашид. Дар ҳар гўшаи базмгоҳ меҳмонон мерақсиданд, меҷастанд, пулпошӣ мекарданд. Нигина аз ин давра ба он давра ва аз он ба давраи дигар мерафт. Шоҳдухтар аз ҳамён даста-даста пул гирифта, ба меҳмонон дароз мекард. Нафаре ноз кунад, бо абрувони гирифта дастак мезад ва ё ба ҳаво пош медод. Пули ҳамён тамом шавад, дарҳол аз борхалтаи духтараке, ки яқин хоҳарарўсаш аст, як даста пул гирифта, дар ҳамён мегузошт. Он духтарак борхалтаро бо ду даст маҳкам дошта, соя барин аз қафои Нигина мегашт. Писари Саидбой, падари Сайёрабону – Ҳомид маст буд. Рафторҳои номутаносиби мардона менамуд. Монанди ҷинси латиф даст ба ҳар сў ёзондаву китфонашро ҷунбонида, ҷилваву ноз мекард. Занҳоро ба рақс мекашид, оғўш мекард, дастаи пулро ба синабандҳо тела медод, мебўсид ва … Баъзеҳо аз ў худро дур мегирифтанд, гурўҳе барои қабзаи пул дар атрофаш парвона мешуданд. Бонувони нишаста аз фурсат истифода бурда, борхалтаҳои худро оҳистакаку ноаёнак аз нозу неъматҳои дастархон пур мекарданд. Пулҳо дар болои сари Саидбой, Настаринойтӣ, Ҳомид, Нигина ва Сайёрабону алвонҷ мехўрданд, бозӣ мекарданд, зери по мешуданд…

…пулҳои панҷҳазорӣ…

…пулҳои ҳазорӣ…

…пулҳои панҷсадӣ...

Поси шаб. Зане дар сари бистари духтарчаи бемораш нишаста буд. Лабони духтарак аз ғояти таби баланд кафида буданду рангаш парида ва чашмонаш фурурафта. Ҳарорати бемор баланд буду сулфа мезад ва садои баланди тўйхона духтаракро нороҳат мекард. Зан ҳар замон докаро нам карда ба пешонии духтарча мегузошт. Модар медид, ки вазъи кўдакро бо ин беҳ карда наметавонад, аз ҷой хеста, бори дигар қуттии доругузоракро дид. Дору набуд. Кисаҳои либосҳоро кофт, аз ҳар гўшаи хона пул ҷустуҷў кард. Ғайр аз дусад сўм дигар тине наёфт. «Ба 200 сўм чӣ медиҳад? Ақаллан як дона ҳабдоруи простамол ва спирт мегирифтам, мерасид», аз дил гузаронд зан. Вай дар назди духтарча нишаст ва дастони ўро масҳ кард. Духтарак базўр нафас мекашид. Аз димоғаш нафас не ангор оташ мебаромад. Модар чора меҷуст, фикр мекард, ашк мерехт... Бо ин ҳол, ба духтарча дил медод. Садои баланди савту мусиқӣ ва ҳаёҳуйи базмгоҳ оромиро халалдор мекард. Зан тоқат накарда аз ҷо бархест ва ба кафшкан рафта, палтову сарбандии калонашро гирифт. Калўшҳояшро пўшид ва оҳиста аз хона баромад. Тез-тез роҳ мегашт ва жарф-жарф нафас мекашид. Аз саросемагӣ ҷўроб напўшида буд, ки инро кўча баромада фаҳмид. Дуртар аз сурхона омада ист кард. Дудила мешуд, ки чӣ кор кунад – равад ё наравад?! «Дигар илоҷам нест»-гуфт дар дил ва ба назди дари даромади базмгоҳ омаду нишаст, рӯймолашро аз сар кашида ба рўйи замин густурд...

Меҳмонон як-як, калавида-калавида берун мебаромаданд. Барояндагон торафт кам мешуданду ғалоғулаи тўйхона паст. Онҳо аз назди зан бепарвою беэътибор мегузаштанд, мисли ин ки ўро намедиданд. Зан ба рўмолчаи пешаш нигоҳ карда, сархам, чун санги сари роҳ меистод. Пойи меҳмонон канда шуд. Зан ноумед гашту гиря кард. Бесадо мегирист, ки танҳо китфонаш меҷунбиданду чашмонаш ашк мерехтанд. Сипас, боз овози одамон баланд шуд. Пеш-пеш марди қоматбаланде Ҳомидро кашола карда баровард. Баъд Саидбой, Настаринойтӣ, Сайёрабону ва чанд заифи дигар берун омаданд. Аз қафо Нигинаи обистан писарчаеро кашола карда баромад. Вай аз дасти бача маҳкам медошт. Кўдак сӯйи зан нигоҳкунон гузашта рафт. Аммо зиёд дур нарафта, як он сари ҷо бозистод ва беихтиёр ба қафо гашт.

– Куҷо?! – дод зад Нигина.

Бача назди талбанда омада, аз ҷайбаш панҷсад сўм бароварду ба болои рўмолча гузошт ва дубора ба тарафи модараш шитофт…

Истгоҳи наҳс

Фасли пойиз. Табиат ранг дигар кардаву дарахтон чун модарони дар ғами фарзанд коҳидарўй, музтару парешон менамуданд. Дар кўча рафтуомади одамон ва мавҷи нақлиёт бештар ба назар мерасид. Чун автобусе аз дур намоён мешуд, пиру барно ба ҷунбуҷўл афтода, ҳаракат мекарданд, ки рақами онро бубинанд. Бо омадани автобус монанди ору, ки ба душман ҳамла меорад, худро ба дарунаш мезаданд. Аммо на ҳар кас дохили автобуси серодам мешуд. Дар чунин маврид кори ронандагони такси ва соҳибони мошинҳои хусусӣ пешрав буд. Ҳар лаҳза чунин пурсишҳо ба гўш мерасиданд:

– Ба куҷо?

– Ба кадом тараф?

– Такси даркор не?

Духтари қадбаланди сафедгунае, ки бо вуҷуди серун будани ҳаво дар бар танҳо куртаву поҷомаи атлас дошт, ба мисли дигарон дида аз роҳ намеканд. Дўшиза автобуси рақами 24-ро интизор буд, ки ниҳоят аз дур намудор шуд. Аз сангпуштвор омадани он аён буд, ки савораҳояш зиёданд. Чун мошин дар истгоҳ қарор гирифт, аз он касе нафаромад. Автобус то дами дар пур буд. Духтар умед барканд ва боз чашм ба роҳи нақлиёти дигар дўхт...        

Чашми рўз кўр мешуду адади нақлиёту мусофирони роҳ кам. Шамоли сарсарии пойиз торафт сардтар мегашт. Дар зери шуои чароғҳои ду тарафи роҳ қадди баланд, мўйҳои пурҷилои бофта, орази сафеду пешу бари таранги духтар боз ҳам зеботар менамуд. Ду нафаре, ки пас аз ӯ ба истгоҳ омаданд, аз интизорӣ дилгир шуда, бо мошинҳои кироя рафтанд. Дар роҳ адади таксиҳо меафзуд. Онҳо бо фурӯзонакҳо ба маънии «такси даркор не?» ишора мекарданд. Автобусе аз дур намудор гардид. Духтар дар дил илтиҷо кард, ки «Худоё, автобуси рақами 24 бошад». Аммо бахт ба рӯйи ў нахандиду толеи дигар бошандаи истгоҳ тофт. Вай танҳо монд. Чун аз шабгардӣ метарсид, хост ба хонаи холааш баргардад, аммо шарм кард. «Ду рўз дар хонаи холаам мондам, ҳоло боз чӣ тавр аз дарашон медароям? Бар замми ин, модарам имрўз занг зада таъкид карданд, ки баргардам. Наравам, ташвиш мекашанд» – аз дил гузаронд духтар. Таъсири шамоли сард буд ё асари тарсу ваҳм, баданаш ба ларза даромад. Ҳамин вақт чароғҳои мошини сабукраве «чашмакӣ» зад ва дар назди ў истод.

– Куҷо меравед? – аз тирезаи нимабози кобина сар баровард ронанда.

– …

– Ҷойи гуфтетон мебарам.

– …

– Аз они мо нархи арзону сифати баланд, ойтиҷон.

– …

– Ин қадар ноз накунед-дия. Пулатон набошад, карточка доштагистед, терминал ҳаст, – хандакунон гуфт ронанда. – Агар пластик ҳам набошад, ҳеҷ гап не, ягон роҳи дигар меёбем.

– …

Ба пурсишҳои мошиндор аз санг садо мебаромаду аз духтар не. Сухани охирини нешдори ҷавон ба ӯ сахт расид. Вале медонист, ки гапгардонӣ бефоида аст, хомўш истод. Ронанда як лаб лесиду мошинашро ба ҳаракат даровард...

Дар кўча гаштугузори одамон кам шуд. Мошинҳои мусофиркаш дар истгоҳ таваққуфе карда мерафтанд. Баъзеи онҳо одамвор муносибат мекарданд, вале аксарият даставвал бо мулоҳиза сухан гуфта, баъд аз даҳонашон ҳарфҳои дағал, бемаънӣ меборид. Духтар муҳр ба лаб зада, чашм аз роҳ намеканд. Ҳатто, ба сӯйи мошинҳое, ки меистоданд, нимнигоҳе намеандохт. Вақт мерафт, дили духтарро ваҳм зер мекард. Мехост ба мададаш автобусе расаду тезтар ба хона расад...

Ба истгоҳ ҷавони қадбаланде омад. Духтар бо гўшаи чашм ӯро аз назар гузаронд. Ҷавони рафидарўе буд, ки чашмони тангу рухсори тираранг ва абрувони паҳну парешоне дошт. Вай бо нигоҳи сарду ҳарисаш сар то пойи духтаракро гўиё ламс мекард. Тарзи либоспўшии ў низ аҷиб менамуд, тавре ки шими ҷинсаш аз се-чор ҷой дарида, аз болои футболкаи сафед куртаи сабзи рангпаридае пўшида буд. Занҷири дарози гарданаш дар зери шуои чароғҳои нақлиёт ҷило медод. Ба банди як даст дастрўмол баста, дар дасти дигар тасмаи чармине дошт. Духтар худро тарзе вонамуд кард, ки нигоҳи бешармонаи ўро аслан пай намебарад.

– Шинос шавем мешавад, ҳурлиқо, – сухан оғоз кард ҷавон, ки як овози хиррии ғафс дошт.

– …

– Номат чист?

– …

– Номи ман Акмал. Номи ту чӣ?.. Чаро гап намезанӣ? Ё гунгӣ?

– …

– Телефон дорӣ?

– …

– Агар секрет набошад, рақамаш чанд?

Духтар, дар ҳоле ки дида ба роҳ дўхта буд, нафаси амиқе кашид ва ба пойи дигар такя кард.

– Ин қадар ноз накун. Ман ҳам аз бачаҳои савремений, андак-мундак духтарони кўча қатӣ гап намезанам.

«Духтарони кўча» гуфтани авбош, ба дили духтар чун нештар халид. Вай дар ҷавоб ба сўйи он ноҷавонрой нигоҳи пур аз нафрату ғазаб андохт.

– Ўҳў, теғи нигоҳат ҷони одама мегирад-ку. Қаҳрат ояд, боз ҳам дилкашу хушрў мешудаӣ.

– …

Шўрапушт ҷониби духтар як қадам гузошт. Аз ў бўйи баде ба димоғ меомад.

– Оҳ, чӣ қадар ширинӣ! Шакалод-е, шакалод!

Дўшиза худро аз авбош се-чор қадам дуртар гирифт. Аммо ин номарду нопидром ҳамоно суханҳои бесару нўг мегуфт, ки аз чанд гуфтааш яктои он ба гўши духтар мерасиду боқимондаро шамоли сардхўй мебурд. Дар кўча равуои автобусҳо қатъ гашт. Духтар мехост, ки аз ин ҷавони шилқин тезтар дурӣ ҷӯяд. Кош, ба мададаш ронандаи солхўрдае мерасид. Бале, ронандаи калонсолу пурдидае пайдо шавад, ки инсоф дошта бошад... Мошине бо суръати тез омада, дар назди истгоҳ тормоз дод, ки садои гўшхароши чархҳояш баланд шуданд. Мошинсаворон се нафар ҷавони сархуш буданд.      

– Куҷо меравед, ойтиҷон, – мулоимхунукона сухан оғоз кард нафаре, ки сари фармон менишаст.

–  ...

– Ба манзилатон мебарем. Хизматҳоямон литсензия дорад, натарсида шинед, – ба сухан ҳамроҳ шуд ҳампаҳлуи ронанда, ки рӯйи борику бинии калонаш бо ҳам ҷанг мекарданд. – Дар ҷавоб ба мо як «ҳиммат» кунед, бас, – ҳама бешармона баланд хандиданд.

– Э, ҷӯра! Ту роҳи дастгир кардани ин шаҳболакони шабпарро намедонӣ. Барои ба дом афтондани онҳо аввал зоғу зағани атрофро бояд нест кард, фаҳмо, – гуфт савораи сеюми мошин, ки дар қафои шофёр нишаста буд.

– Ўй, зоғи сиёҳ, – рӯ овард ба ҷавони дар истгоҳ буда, – тез аз ин ҷо дафъ шав!!!

Дар як он «бачаи савремений» ғайб зад. 

– Рафтем ҷон… Квартира ҳаст. Хонаи гарм, оби гарм, оғўши гарм, ҳамёни пур, боз чӣ лозим? – башараи бенури ронанда аз ханда безебтар мешуд.

– Фигура ҳам фигура будааст: шаст ба наваде... Кирои ин қадар ноз ҳаст, – савораи қафои ронанда каллаашро аз тиреза баровард.

Ба тамоми бадани духтар мурғак давиду ларзишаш афзуд. Аз тарс, ки мабодо бо зӯрӣ ба даруни мошин накашанд, дуртар рафт.

– Ҳамин қадар ноз кофист, ҳў париваш. Ҳар шабро дар оғўши ким-киҳо мегузаронӣ-ку! Боре дар канори мо – камбағалон ҳам ҷилва кунӣ, чӣ мешавад? Ё моро назарат намегирад? – ба сухан омад мокурўйи биникалон.

– Чанд пул гўйӣ медиҳем, бо мо ҳузур мекунӣ, – илова кард ронанда.

Духтар бо азоб тоқат мекард. Хуб медонист, ки агар ҳарфе занад, бегумон, ба сараш балои азимро мехарад. Ҷавонони тиҳимағз боз чанд сухани пасту баланд гуфтанду хандиданд.

– Э ойтиҷон, «қаҳри лўлӣ – зиёни хўрҷинаш», биё ба оғўши гарми мо. Ҳаво хунук шуда истодааст, мабодо хунук хўрда, бемор шавӣ... Не? Худат медонӣ, баъдан пушаймон нашав, –гуфт ронанда ва газро зер кард.

Духтар Худоро шукр гуфт, ки аз он бетамизон халосӣ ёфт. Ба худ аҳд кард, чанд лаҳзаи дигар меистад, агар кирокаши калонсоле наояд, ба хонаи холааш бармегардад.
 Мошинҳои сабукрав омада меистоданд. Духтар ронандаҳои ҷавонро дида, ба маънои «такси лозим не» сарашро меҷунбонд. Ниҳоят, мошини сафедранги «Нексия» дар истгоҳ қарор гирифт. Дар паси чанбари фармони он марди солхўрдаи ришу мўйлабдоре менишаст, ки дар сар дасторе ҳам дошт. Духтар хурсанд гардида, нишони манзилашро гуфт.

– Шинед, духтарам, мебарам.

– Чанд сўм мешавад?

– Ягон чиз медиҳед-дия.

Духтар дар қафо нишаст. Мошин гарму шинам буд ва аз даруни он бўйи хуше ба машом мезад.

– Хунук хўрдед, духтарам? – мард бо хандаи ҳалимона ва овози мулоим пурсон шуд. – Таксиро бисёр интизор шудед-чӣ?

– Ба роҳ бегоҳӣ баромада будам. Автобуси 24 наомаду бевақт шуд. Шуморо Худо фиристод, амак.

– Одами нағзро Худованд ҳамеша дар паноҳаш нигаҳ медорад, духтарам! Ман ҳам танҳо як духтар дорам, ки тахминан ҳамсоли шумост. Вай ногиро, пойҳояш модарзод фалаҷ аст. Бо аробача мегардад, лекин бо ин ҳол пас аз вафоти модараш ҳама корҳои хонаро худаш анҷом медиҳад. Таом мепазад, либос мешўяд, хонаҳоро тоза мекунад...

– Қисмат, амакҷон, – тасаллӣ дод духтар.

– Ҳа, ҳаёт… Пештар аз савор шудани шумо занг зада, «нон тамом шудааст, вақти бозгашт нон биёред», гуфт. Агар розӣ бошед, духтарам, ҳамон ду нони дар паҳлуятон бударо дароварда диҳам, баъд шуморо ба хонаатон мебурдам. Соат аз нўҳ гузашт, гушна нашинад, мегӯям. Хонаамон дар сари роҳ аст. Агар хай гўед, албатта, – ҳиҷолатмандона хоҳиш кард мард.

– Чаро не гўям, бемалол, дароварда диҳед, – духтар нонҳоро дароз кард.
 Мошин ба тангкўчае ворид шуд ва қад-қади хонаҳои пасту баланд, аз роҳҳои каҷу килеб хеле дарун рафт.

– Ин роҳ наздик аст, ҳозир мерасем.

– Панҷ дақиқа барвақт равам чию панҷ дақиқа дертар равам чӣ? Муҳимаш, сиҳату саломат расам шуд, – аз хандаи зебое чеҳраи духтар гул кард.

Ронанда низ аз оина ба ӯ нигоҳ карда лабханд зад.

Мошин дар назди манзиле, ки бо деворҳои баланд иҳота шуда буд, қарор гирифт. Дар зулфини дарвозаи ҳавлӣ қуфли мустаҳкаме овезон буд.

– Азбаски духтарам роҳ гашта наметавонад, дарро қулф мекунам, – мард мошинро хомўш карда, дар идомаи суханаш гуфт: – Мо танҳо зиндагӣ мекунем. Боз ба хаёлҳои бад наравед?

– Не-е амакҷон, шумо падарам барин гап, чаро фикри бад кунам?

– Офарин духтарам, офарин, – нонҳоро ба даст гирифта фаромад мард ва дарвозаро кушода вориди ҳавлӣ шуд.

Духтар ба гирду атроф чашм давонд. Акнун пай бурд, ки дар ду тарафи роҳ хонаҳои баланд комат афрохта бошанд ҳам, аз чӣ бошад ки, равшании чароғе ба чашм намерасид. Дилаш ғаш карду ноором задан гирифт. Аз тарс ба гирду атроф алосарак нигоҳ кард.

Мард аз дарвоза берун шуд, ба назди тирезаи мошин омада гуфт:

– Маро бубахшед духтарам, аз шумо боз як илтимос дорам.

– Чӣ илтимос, аз дастам ояд ба ҷону дил.

– Духтари ман мехоҳад, ки шуморо бубинад.

– Чаро? – чеҳраи духтар ранг бохту дилаш таҳ кашид.

– Ҳамин ки ёдовар шудам, шумо дар мошин ҳастед ва ман бояд шуморо ба хонаатон барам, духтарам, ҳошакалло, хоҳиш кард, ки ба пешаш дароед. Ман… Ман чунин ранг гирифтани воқеаро намедонистам... Маро бубахшед… Агар малол наояд, ду дақиқа бо вай ҳамсӯҳбат мешудед, сарам ба осмон мерасид. Дигар чизе лозим нест, пулатон ҳам даркор не, ман то хонаатон мебарам. Илтимос, хоҳиши духтари дилшикастаи маро қабул кунед, – ҳузнангез гуфт мард.

Духтар дудила шуд. Намедонист, ки чӣ кор кунад. Яке мегуфт: «Даро, дили духтари ногироро шод кун, савоб дарёб, ба ронанда шодмонӣ бахш», дигаре мегуфт: "Эҳтиёт бош! Ҳеҷ ҷо нарав! Фиреб нахўр...».

– Намехоҳед, ҳеҷ гап не. Ягон баҳона меёбам, – вориди мошин шуд мард. – «Корашон будааст, дигар вақт меомадаанд», мегўям ё ягон сабаби дигарро пеш меоварам, – мошинро даргиронд.

«Чаро ба чунин солхўрдае, ки аз чеҳрааш нур меборад, бовар накунам?» – духтар худро ботинан сарзаниш кард.

– Амак, мошинро хомўш кунед, як сари қадам пеши духтаратон медароем. Фақат зуд мебароем, ки бевақт шуда истодааст, бояд тезтар ба хона расам. Падарам аз кор баргашта маро дар хона набинанд, қаҳрашон меояду модарамро сарзаниш мекунанд.

– Аз умратон барака ёбед, духтарам, то дами қиёмат дуоятон мекунам. Барои маро дуруст фаҳмиданатон ҳазор раҳмат, – аз даҳони марди солхўрда шакар мерехт.

Онҳо вориди ҳавлӣ гардиданд ва дарвоза маҳкам пўшида шуд…

***

Модар бо сухани дурўғи «духтарамон пагоҳ меомадааст» шавҳарашро ором карда бошад ҳам, тамоми шаб хобаш набурд. Ба пиндор, бистараш пур аз хори мағелон буд. Вақте ғанаб кард, ки акнун чашми рўз мекафид. Ҳанӯз комилан хобаш набурда, бо садои дарвоза, ки онро сахт мекӯфтанд, ҷасту аз ҷо хест.

“Дар ин саҳарӣ кист, ки дарро мезанад? Илоҳо тинҷӣ бошад-дия”, – кадбону бо ҳавлу ҳарос ба берун шитофт. Дарвоза сахттар кўфта шуд.

– Ҳозир-ҳозир.

Модар дарро боз карду... бо кадом чашм бинад, ки духтараш дар дами дар бо нигоҳи бемаъно, мўйҳои парешон, пироҳани дарида, чашмони варамида, дасту рўйҳои хуншор рост меистод. Модар аз худ рафт...

Ба духтари девонаавзо ҳеҷ як табобат фоида намебахшид. Бо ин ҳол, ҳама ба оқибати нек умед мебастанд...

Пас аз ҳафтае тавассути оинаи нилгун хабаре пахш шуд, ки як мошини сабукрави «Нексия» ба зери мошини боркаше даромада рафтааст. Дар ин тасодум ронандаи солрафтаи мошини сабукрав, ки дар ин гирду бар ӯро ҳамчун одами тақводору парҳезгор медонистаанд, хирросзанону ӯқ-ӯқкунон ҷон додааст...

ҚАДР

Шамоли тирамоҳ баргҳои дарахтонро ба ҳар сў парешон мекард. Тамоми мардуми деҳа машғули хазонрўбӣ буданд. Онҳо баргҳоро ба зимистонгузаронии чорвояшон захира мекарданд. Тирамоҳ нисф шуда буд ва ҳавои сард аз барвақт омадани фасли зимистон мужда медод. Кўчаву тангкўчаҳо, боғу ҷўйҳо пур аз хазон буд. Баргҳои охирини дарахтон барои дур нашудан аз асли худ бо шамоли бераҳми тирамоҳӣ дар талош мешуданд, аммо бод аз ҳар сў ҳамла оварда мағлубашон мекард...

Аҳли хонаводаи Музаффар ҳам барои ҷамъ намудани хазон баромада буданд. Зани Музаффар – Рухсора ҳамроҳи ду духтарчааш баргҳои ғундоштаашонро, ки боз шамол парешон месохт, ҷамъ карда мебардоштанд. Духтарчаҳо чун мўрчаякони донакаш ба модарашон ёрӣ мерасонданд. Онҳо баргҳоро ба ҷуволи калон андохта ба коҳдон мекашонданд. Дар хона модари Музаффар – момои Саломат танҳо менишаст. Ў аз тиреза берунро, ки фақат осмон намудор буд, тамошо мекард. Пиразан, ки зоҳиран зани ҳаштодсоларо мемонд, дар асл ба ҳафтод нарасида буд. Пасту баланди зиндагӣ, душвориҳои ҳаёт ўро барвақт пир кардааст, ки ожангҳои рўй ва мўйҳои тамоман сафедгаштааш аз ин гувоҳӣ медоданд. Момо пиразане буд, ки оромиро намедонист. Бо вуҷуди солхўрдагӣ лаҳзае қарор намегирифт, пайваста дар ҷунбуҷўл буд. Маҳз ҳамин нооромиҳо сабаб шуду як рӯз ногаҳон дар рӯйи ҳавлӣ лағжида афтод ва пояш лат хўрд. Акнун як моҳ боз хонанишин, аз субҳ то шом дамгаҳи бухорӣ ҷойи ӯст. Пиразан аз он тоифа занҳоест, ки ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ наменоланд ва ҳамеша ба додаи Худованд шукр мекунанд. Фарзандон ва набераҳояшро низ намегузорад, ки аз зиндагонӣ лаби шикоят кушоянд.

Музаффар писари хурдии пиразан буд. Ӯ саҳарӣ рафта шомгоҳ ба хона бармегашт. Аз даме, ки ақлашро мешинохт, бо меҳнати сиёҳ – аробакашӣ рўзӣ ба даст меовард. Пагоҳӣ аз деҳа савори ягон мошини мусофиркаш шуда ба шаҳр мерасид ва дар бозори калони шаҳр бо аробаи дастии худ борҳои одамонро кашонда, барои хизматаш пули ночизеро ба даст медаровард. Азбаски дар бозор миқдори аробакашон зиёд буд, тез-тез бо ҳам даргир мешуданд ва аз пайи талоши кор ба ҳамдигар пасту баланд мегуфтанд. Музаффар ба ин ҳама тоқат карда, ба хотири гардондани чархи рӯзгор аз ягон мушкилӣ рӯ намегардонд. Дар ҳавои гарми саратон ба обу арақ ғўтад, дар сармои зимистон аз сардии ҳаво дасту пояш хунук мехўрд, пушти панҷаҳояш кафида хуншор мешуд. Вале ӯ ба ин сахтиҳо эътибор намедод ва ҳеҷ гоҳ ба модар ё наздикони худ аз душвории кор ҳасрат намекард. Ҳамеша ба насибаи ёфтаи худ қонеъ шуда, ба шуғлаш бештар меҳр мебаст. Ноне, ки бо меҳнати ҳалол ба даст меояд, беҳтарин насибаи хўрандааш аст, гумон мекард ӯ. Хизмати одамонро бо самимият ба ҷо меовард. Дар давоми кор ба ҳар хел воқеаҳо рў ба рў мешуд, ҳатто, чандин бор ба доми фиреби одамон афтода, дасти холӣ ба хона баргашта буд. Аммо боз сабр пеша мекард.

Маълум буд, ки моморо гўшанишинӣ дилгир кардааст. Мехоҳад ҳар чи зудтар сиҳат шуда ба корҳои келинаш ёрӣ расонад. Охир, кори келин бисёр: тарбияи чор фарзанд, рўзгор, боғдорӣ, нигоҳубинии гову бузғолаю гўсфанд... Пиразан серкории ӯро дида доим такрор мекард: «Магар ташвишат кам буд, ки Худо маро ҳам бар дўшат сарборӣ андохт, духтарам?”. Рухсора бошад, бо табассум мегуфт: «Чаро ин тавр мегўед, модарҷон? Ҳеҷ вазниние нест. Охир, мо аз таннозҳои шаҳрӣ нестем, ки аз андак мушкилии зиндагӣ шикоят кунем”. Момои Саломат аз меҳрубониҳои келин хурсанд мешуд ва аз он розӣ буд, ки писараш низ ҳамсари худ – Рухсораро дўст медошт. То ҳанӯз дар ёдаш ҳаст, писар ба пешниҳодҳои дигар ҳатто эътино накарда,  ду пойи худро дар як мўза андохта, изҳор намуда буд, ки «хонадор шавам, ба ҳамин духтар хонадор мешавам, агар ўро гирифта надиҳед, тамоми умр сари танҳо мегардам». Аз ин хотир, ҳар дам ба писараш мегуфт, ки агар даргузарам, дилам аз ту пур аст, зеро арўси гул баринам туро ҳамеша ёвару мададгор хоҳад буд.

Пиразан бо сад хаёл пеши бухорӣ нишаста ба берун нигоҳ мекард. Аз дар писарчаи хурдии Музаффар – Пайванд даромад. Аз ғояти хунукии ҳаво рўй ва дастони наберааш суп-сурх шуда буданд. Модаркалон ба Пайванд канор кушода сарзаниш кард:

– Туро кӣ маҷбур кард, ки дар ҳамин ҳавои хунук ба кўча бароӣ? Бубин, дасту поят яхча бастааст. Дар хонаи гармак, пеши печро гирифта шинӣ, намешавад?

– Бо ҷўяам Нодий бозӣ кайдам, момоҷон, – бо шеваи бачагона гуфт Пайванд.

– Эҳ, бозӣ-бозӣ... Яке шамол мехўрӣ, баъд амакат омада укол мекунанд, ана баъд бозикуниро мебинӣ!

– Не, амакам мана укол намекунан. Ман дина гўсфандойи амакама ба обхуйи буйдам. Амакам гуфтан, ки дигай туйа укол намекунам.

– Э, бале писарам, бале! Ту ёрдамчии хонаамон-дия, – гуфта ба берун нигоҳ кард ва аз наберааш пурсид: – Пайвандҷон, баргҳои дарахтонамон аз шохаҳои поёнӣ рехта истодаанд ё аз шохаҳои болоӣ?

– Намедонам! Чиба ина мепуйсед, момоҷон?

– Раҳматии падарам мегуфтанд, ки агар баргҳои дарахтон аз боло сар карда резанд, зимистон хунук меояд, аз поёнаш резанд, он қадар сард намешавад...

Пайванд сухани момояшро шунида ҳаросон ба берун шитофт. Саломатмомо ҳарчанд аз роҳ боздоштан хост, ў ба қафо нигоҳ накарда баромада рафт ва пас аз муддате давида омада хабар дод:

– Момоҷон, аз афташ имсол ҳаво хунук мешавад. Байгҳои дайахтомо аз болояш йехтиян. Ман йафта аз очам пуйсидам, гуфтан, ки байгҳо аз болояш йехта истодаан.

– Хайр...

Пиразан побанди олами хаёлот гардида, зери лаб: «Эҳ, боз ҳаво хунук ояд, молҳоро чӣ тавр аз зимистон мебароварда бошем? На алафи таъин ҳасту на еми нағз. Хайр, Худо худаш дар паноҳаш нигаҳ дорад...» – гуфт ва ба Пайванди ғарқи бозӣ бехаёл назар андохта, «бачагӣ аҷиб айёмест, на ғаме дар сар дориву на ташвише. Бо мурури калон шудан ташвишҳои одамизод ҳам калон мешудааст...», аз дил гузаронд.
 Момо дар чунин андешаҳо буд, ки аз берун овозе баланд шуд. Гўё хонае вайрон шуда бошад, тақар-туқури бадвоҳима ба гўш расид. Пиразан мушаввашхотир ба берун нигоҳ кард, аммо аз ин ҷо танҳо осмони абрнок менамуду халос.

– Писарам, баро бин, ин овози чист? Гӯё як тарафи хонаамон вайрон шуд-е?         

– Не, момоҷон, хонаамон вайон нашудааст, амакам санг овайдан. Дина ҳам ду мошин овайда будан.

– Санг?! Санга барои чӣ меорад?

– Намедонам!

Пиразан бо чашмони хирабин ба берун нигоҳ мекард ва меандешид, ки писараш барои чӣ санг оварда бошад. Ҳамин вақт келинаш Рухсора ба хона даромад.

– Духтарам, аз берун овози чист? Пайвандҷон «амакам санг оварданд» мегўяд.

– Ҳа, амаки Самандар санг мекашонанд.

– Самандар? Барои чӣ санг меорад? Ягон ҷойи хонааш вайрон шуд-чӣ? – саволборон кард пиразан.

– Не, модарҷон. Аз байни ҳавлиамон девор мебардоранд.

– Чӣ?! – бо тааҷҷуб пурсид пиразан. – Мобайни ҳавлиҳо девор мебардорад? Нафаси ман сард нашуда, писари калонам ҳавлӣ ҷудо карда истодааст?!

Дар чеҳраи момо парешонӣ намудор шуд, ғарқи гирдоби хаёлот гардид. Андак фикр карда, рўмоли калонашро аз паҳлў гирифту ба сар баст ва ба Рухсора, ки машғули омодасозии хўроки бегоҳӣ буд, нигариста гуфт:       

– Духтарам, ба хестанам кўмак кун.

– Чаро модарҷон? Чӣ кор мекунед?

– Ҳавлӣ мебароям.

– Охир, акнун поятон камтар сиҳат шуд. Писаратон аз ҷояшон наҷунбанд гуфта буданд.

– Не, духтарам, ман нағз, – бо овози ларзон ва чеҳраи парешон гуфт пиразан, – ту камтар ёри кунӣ шуд, ман худам мебароям.

Рухсора хоҳиши хушдоманро рад накард. Момои Саломат ба асояш такякунон ба самти берун қадам бардошт. Рўйи аз гармии печ сурхшудаи пиразан дар андак муддат чун дока сафед гашт. Дасту пояш меларзиданд, дилаш беорому беқарор мезад. Пайванд дар канори ӯ ба берун баромад. Модари пир бо кадом чашм бубинад, ки дар мобайни ҳавлиашон, миёни хонаи онҳо ва хонаи писари калонаш – Самандар деворе сохта шудааст, ки он аллакай ба қадди одам баробар шуда буд. Пиразан бо ғазаб ва чашмони пурашк ба тарафи девор роҳ пеш гирифт. Асову пойҳояш ба ў итоат намекарданд, аз дасти наберааш маҳкам дошта пеш рафт. Бо азобе назди девор расид ва асоро аз даст партофту ба девор такя кард. Баъд бо дастони ларзон сангҳои онро як-як канда, ба тарафи хонаи писараш партофтан гирифт. Самандардухтур овози бархўрди сангҳоро шунида, як он ҷаста ба берун баромад ва рафтори модарашро диду бо садои баланд дод зад:  

– Ҳа оча, тинҷӣ? Чӣ кор мекунӣ?

Модар ба суханони писар эътиборе надода, ҳамоно сангҳоро канда партофтан гирифт. Аз ин Самандардухтур оташин шуда наъра кашид:

– Ҳой кампир, магар девона шудаӣ?!

Ин суханони писар чун ханҷари тез ба ҷигари модар халид ва тамоми вуҷудашро арақи сард фаро гирифт. Оби дида аз ҳавзаи чашмон ба ҷўяҳои гунаҳояш ҷорӣ мешуданд.    – Ту аниқ девона шудаӣ, – такрор кард писари ба шӯр омада ва пойпӯши худро пўшида ба сўйи девор шитофт.

– Ҳа, ман девона шудам, – гуфт модари пир, дар ҳоле ки ашк гулугир карда буду овозаш аранг шунида мешуд. – Девона шудам… Аз корҳои ту девона шудам… – бо овози гиряолуд афзуд ӯ.

– Ман чӣ кор кардаам?! – бо тааҷҷуб пурсид Самандар.

– Чӣ кор кардӣ? – баланд шуд овози пиразан, ки аз садояш ғазаби ў баръало намудор буд. – Магар намедонӣ чӣ кор кардӣ?! Охир ин чӣ амалест, ки байни ҳавлӣ девор мебардорӣ? Ман ҳоло зинда ҳастам, амонати худро ба Худо насупурдаам! На… на… намурдаам, ки замин тақсим кунед. Ин чӣ гап?!

– Хайр, чӣ шудааст? Чӣ ҷойи воҳима дорад? – бепарвоёна гуфт Самандар. – Девор мебардорам.

– Девор мебардорӣ? Бемаслиҳат байни хонаи худату хонаи падарат девор мебардорӣ, беандеша?!

– Охир, чаро намефаҳмед? Ба хонаи ман аз ҳар тараф, ҳатто аз шаҳрҳои калон меҳмон меояд. Дар пеши онҳо аз ин дару ҳавлии вайрона шарм мекунам. Бо як илоҷ хонаи худро таъмир кардам, ки андак зеб даровард. Ин хонаи вайронаатон бошад ҳусни ҳавлиамро мекоҳад. Як маротиба не, садҳо бор ба додарам гуфтам, ки камтар пеши хонаашро таъмир кунад! Не, накард ва ман маҷбур шудам девор кашам. Ин ҳеҷ ҷойи воҳима надорад, оча!

– Ҳеҷ ҷойи воҳима надорад?! Хонаи мо ҳусни хонаи туро коҳиш дод?! Мана ба ту! Мана ба ту!!! – пиразан, ки беист ашк мерехт, бо дастони бемадор аз нав ба канда партофтани сангҳо азм кард. Дар ин мобайн ҳамсояҳои ҳангоматалаб дар бурҷи хонаву паси девор барои тамошои баҳси модару писар ҷамъ меомаданд.   

– Ман ба ту бас кун гуфтам! Магар нафаҳмидӣ?! Бас кун! – дод зад писар.

Ин садои баланд ва суханҳои нописандонаи писар ҷони модарро гўиё ба лаб овард, вале пиразан худро бардам вонамуд карда, аз дур андохтани сангҳои девор даст накашид. Ӯ гирякунон зери лаб мегуфт:

– Ман чӣ гуноҳ кардам? Дар куҷо хато кардам, писарам? Наход туро бо ҳамин ният калон кардам, наход бо ҳамин умед ба ту шири сафед додам?!

Писар дар навбати худ сангҳои рӯйи ҳавлиро ба тарафи девор партофта гап гардонд:

– Шири додаатро миннат накун! Ҳамон гаву буз ҳам, кучуку пишак ҳам ба бачааш шир дода калон мекунад.

Ин суханони писари азхудрафта чун санги сахте буд, ки ба сари модар хӯрд. Ӯ беҳол шуд, пушт ба девор гардонда нишаст. Пеши чашмонаш тира гардид, нафасаш гирифт. Зоҳиран, ў чизеро намешунид ва намедид, танҳо сардии вуҷуди худро ҳис мекарду халос. Ҳамин вақт Музаффари аз воқеа бехабар аз кўча омад. Вай модарашро дар назди девор бо ҳолати ногувор диду ҳуш аз сараш парид.

– Модарҷон, ба шумо чӣ шуд?

– Ҳеҷ чиз, писарам, ҳеҷ чиз, – гуфт пиразан, ки танҳо лабонаш меҷунбиданду садояш базўр шунида мешуд. Ў худро чун дарахти бешоху барг ҳис мекард. Дигар ашки чашмонаш андаруни дидагонаш гўиё ях баста буданд. Намедонист, ки дилаш таппиш дорад ё не. Фақат шунидани овози писар аз зинда буданаш дарак медод.

Музаффар аҳволи вазнини модарро дида, рў ба бародар оварда гуфт:

– Магар шарм намедоред?

– Ту тирмизак бар ман ақл нашуда модари девонаатро саришта кун. Ман ҳеҷ кор накардаам, – гуфт бепарвоёна, – ба ҳамааш худаш айбдор! – дод зад Самандар. Мехост ҳама донанд, ки ӯ гуноҳе надорад.

– Ҳар чӣ бошад, шумо фарзанд ҳастед! Камтар худатонро идора мекардед, хуб мешуд.

– Ман ба ту даҳонатро пўшида нест шав гуфтам! То ба ман ақл шудана, ин хонаи оғилмонандатро дуруст кун. Беҳуда нагуфта будаанд, ки гапи дуруст ба ҳамзодат намефорад.

– Шуд, Музаффарҷон… Шуд... Маро хона дарор, – гуфт бо нафаси гашта Саломатмомо.

Музаффар ва Рухсора модарро, ки тамоман бемадор шуда буд, гирифта ба хона дароварданд. Пайванд бо лабу лунҷи овезон асои модаркалонашро гирифта, аз қафои онҳо вориди хона шуд.

Шаби тираву тор. Асаре аз осмони нилгуну ситораву моҳ набуд. Само торафт асири лашкари абрҳои сиёҳ мегардид. Сукути атрофро танҳо шамоли дайдуи тирамоҳ вайрон мекард. Дар хонаи Музаффар оромӣ ҳукмрон буд, ки пар задани паша шунида мешуд. Касе кайфияти сўҳбат надошт. Момои Саломат боз назди бухориро иҷора гирифта, нафас дар дарун менишаст. Ҳамон сардие, ки дар танаш аз гапҳои нешдори писар пайдо шуда буд, вуҷудашро тарк намекард. Пасу пеш лавҳаҳои зиндагониаш чун навори кино аз пеши назар мегузаштанд. То ҳол дар хотир дошт, ки ҳамсараш дар рўзи таваллуди нахустфарзандашон чӣ қадар фараҳманд шуда буд. Вай аз хурсандӣ ба момодоя як гўсфанди ҷойдорӣ дода, бо сад умед ба фарзанди нахустин номи ҷӯраи худ – Самандарро, ки дар ҷабҳаи ҷанг якҷо будаанду баъд аз ғалаба ба диёри хеш ҳамроҳ баргаштаанд, гузошт. Вай ҳар дам мегуфт, ки писарам монанди дўстам ҷавони бақувват, софдил, бовиҷдон ва инсони ҳақиқӣ шуда ба камол мерасад. Ман аз қафои ин писарам фахр карда бо сари баланд мегардам.

Солҳо гузашту онҳо боз соҳиби ду фарзанд – як духтару як писар шуданд. Аммо меҳри падар нисбати фарзанди якум дигар буд. Шавҳараш доим такрор мекард, ки дўстам Самандар дар госпитали ҳарбӣ кор мекард ва маро аз доми марг наҷот дода буд. Худо хоҳад, Самандари ман калон шавад, албатта, духтур мешавад ва ба тани одамони бемор даво мебахшад. Сад афсўс, ки вақти синфи ҳаштум хондани Самандар падар аз бемории сактаи дил даргузашт ва тарбияи се фарзанду пешбурди зиндагӣ ба гардани Саломат афтод. Модари бечора дар деҳа ягон хешованде надошт, ки ба вай дасти ёрӣ дароз кунад. Танҳо бародари шаваҳараш буд, ки аробаи шалақи зиндагии худро бо сад азоб пеш меронд. Аз ин рў, бевазан бо заҳматҳои зиёд бори гарони рӯзгорро ба дӯш гирифт. Азбаски Самандар дар зери навозишҳо ва тарафгириҳои падар калон шуда буд, аз хурдӣ бачаи танбалу якрав ва гапнодаро буд. Таъмини хонавода ба модар душворӣ мекард. Духтараш – Робия маҷбур шуд, ки мактабро партофта ба кори хона мадад расонад. Саломат ҳамроҳи духтараш дар ҳавлиҳои одамони сарватманди қишлоқи худашон ва ҳатто, ба ҳамсоядеҳаҳо рафта кор мекарданд. Пули ночизеро ба даст дароварда, бо як илоҷ зиндагониро пеш мебурданд. Шабона ҳар ду дар равшании чароғ ресмон ресида, ҷўроб, дастпўшаку нимтана мебофтанд ва бо нархи арзон мефурӯхтанд. Фарзанди хурди хона – Музаффар дар як ҳафта ду-се маротиба мактаб рафта, рўзҳои дигар барои аробакашӣ ба бозор мебаромад. Ў низ мехост ба модар ва хоҳараш кўмак кунад. Самандари бепарво бошад, дар сар хаёли ба корҳои хона ёрӣ расонданро надошт. Модар ўро ранҷонам рӯҳи падараш ноором мешавад гуфта, барои таҳсил гирифтанаш тамоми шароитро муҳайё мекард, гарданшахиҳову эркагиҳояи ӯро мебардошт. Саломат мехост орзуи шавҳараш – духтур шудани Самандар иҷобат гардад. Аммо писар ду сол ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда натавониста модари бечораро хун хўронд. Ҷавонзан на дар таом маза меёфту на дар хоби шаб роҳат, пайваста ғами писарро мехўрд. Бар замми ҳамаи ин, Самандар ҳамеша ба модар таъна мекард, ки ў пушту паноҳе надорад, ки барои донишҷў шудан ёрӣ расонад. Нолаву илтимосҳои модари бечора магар ба гўши Худо расид, дар соли сеюм Самандар ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Барои таҳсил маблағи зиёд лозим буд ва ин маҷбур кард, ки Музаффар ба мактаб нарафта бо аробакашӣ машғул шавад. Аҳли хонавода барои хуб хондани Самандар то ҳадди имкон ҳар коре аз дасташон меомад анҷом медоданд. Пиразан бо сари танҳо Робияро ба шавҳар дод, Самандарро хононд, хонадор кард. Ба ў хона андохта, дар шифохонаи деҳа ба кор гузошт. Писари хурдиаш  Музаффар низ оиладор шуд...

– Модарҷон, гузашта хоб кунед, – гуфтани Рухсора кампирро аз кўчаю тангкўчаҳои пурпечи хаёлот берун овард.

Пиразан бо ёрии келин ба рўйи бистар гузашт. Модар гўиё мурда буду хунук ношуда. Ҳеҷ чизро, ҳатто дарди пойи зарбхўрдаашро, ки ҳар шаб азоб медод, ҳис намекард. Мисли ин ки тамоми олами ҳастӣ ба қаъри замин нест шуда буд. Ӯ худро дар оламе мепиндошт, ки гўё ғайр аз торикиву сардӣ чизи дигаре нест. Гуфтаҳои нахустфарзандаш – «ту девона шудаӣ», «ҳамон гаву буз, кучуку пишак ҳам ба бачааш шир дода калон мекунад», «модари девонаат» паси гўшаш садо медоданд. Ором, бесадо, беашк, беҳаракат мегирист модари пир. Аз сўзи дил мегирист. Ба ҳоли худ, ба қадри худ ва зиндагии хеш мегирист. Гиряи ўро на касе медид ва на нафаре мешунид. Дар ин шаби зулмонии тор аз гиряи бесадои модари зор тамоми замину осмон фарёд мекард. Дар тӯли шаб раъду барқ деҳаро даме ором нагузошт.

Саҳарӣ, чашми рўз накафида, Музаффар аз хоб хест ва барои аробакашӣ тараддуд дид. Пеш аз рафтан чун ҳарвақта дари хонаи модарашро кушода ҳолпурсӣ кард:

– Модарҷон, нағз хоб кардед? Ман ба кор меравам, худатонро эҳтиёт кунед.

Модар, ки ба девор такя карда нишаста буд, чун ҳарвақта «нағз рафта биё, писарам, Худо ёрат бошад» нагуфт. Ин сухане, ки ҳар пагоҳӣ ўро рўҳи тоза мебахшид ва мадору қуввати ҷон мегардид, баланд нашуд. Музаффар ба худ ларзид, баданашро сардие фаро гирифт ва аз дигар дарро кушода ба модар хайр гуфт, аммо аз дохил садое набаромад. Музаффар зуд вориди хона шуд ва назди модар омада бо овози ҳаяҷономез нидо дардод:

– Модарҷон!

Ранги паридаву ҷисми сарди момои Саломат чун муҷассамаи модари мотамсаро беҳаракат меистод. Музаффар модарашро ба оғӯш гирифт ва бо овози баланд навҳаи ҷонгудоз кашид:

– Э войи модари ҷафокашам!!!

Подош

Субҳ медамид. Табиат наварӯсеро мемонд, ки гӯё либоси зарбофт пӯшидаву бо зебу зинат худро оро дода, ба сар тоҷи заррин гузошта бошад. Магар шаб борон боридааст, ки ҳавои фасли пойиз накҳати хушеро ба димоғ мезад ва ҳаво софу беғубор буд. Дар кӯча равуойи мошинҳо кам ба назар мерасид. Орзуи ҷорӯбкашон тезтар гузаштани фасли хазонрез буд. Қад-қади шоҳроҳи Регистон се нафар – як мард, як зан ва духтараке ду аробаро пеш меронданд. Мард пеш-пеш ва зан аз қафои ӯ ҳаракат мекард. Духтарак ин сӯ он сӯ давида, аз партовдонҳои канори роҳу даруни ҷӯйбор зарфҳои оби маъданиро ҷамъ карда ба аробачаҳо меандохт. Мард, ки қадди баланд дошту миёнсол менамуд, бар тан жемпери кӯҳнаи дарбеҳшуда пӯшида буд. Шими ҷинсиаш дар сари зону чок дошт, мӯзаҳои соқбаланде ба по карда буд. Зан басе лоғар ва лабонаш кафидаву ду рухсораш барҷаста метофт. Ӯ ланг-лангон қадам мепартофт. Ба сар сарбанди сурх баста, дар тан аз болои пироҳани рангпаридаи сабзи майдагул куртаи мардона пӯшида буд. Андозаи пойафзолаш чунон калон буд, ки пойҳояш дар даруни онҳо гӯё рақс мекарданд. Сару тани духтараки фарбеҳи қадпаст булъаҷаб менамуд: дар пой кедии сафеди писарона дошту дар тан куртаву поҷомаи якранги дастдӯхт ва палтои сурхи кӯҳнае; кокулонаш майдабофтаю ҷамолакдор буданд; ба сар зартоқӣ пӯшида буд, ки дар қафояш тӯри зард дошт. Ранги рухсори ҳар сеи онҳо аз таъсири гармову сармои рӯзгор чунон сиёҳ гашта буд, ки ба як дид мегуфтӣ, мазангонанд. Духтарак чолокона роҳ мерафт ва зери лаб сурудеро замзама мекард:

Дунё гузарон, дунё гузарон,

Ин кори дунё гузарон,

Қӯш пир шавед, ёрони ҷавон,

Ман нағмасарои дили ошиқписарон…

Аробачаи аввалӣ, ки мард ҳай мегуфт, нисбат ба қафоӣ калонтар буд. Атрофи ҳар ду аробача аз борхалтаҳои кӯҳнаи даридаву дарбеҳшуда ва равғанин, ки чирки онҳо дар шуои офтоб ҷило медод, пур буд. Мард ҳар замон меистод ва ба қафо нигоҳ карда, бо маънои «зудтар роҳ равед», сар меҷунбонд. Онҳо ба кӯчаи калоне ворид шуда дар назди партовгоҳе қарор гирифтанд. Духтарак дарҳол аз ҷайбаш калидеро дар овард ва дари хонаи хурдакаки назди партовгоҳро кушоду дохили хона шуд. Мард назди партовҳо рафта як-як борхалтаҳоро кушод. Занаш ҳам аз ақиб ғур-ғуркунон омад:

– Кадом сағира тамоми баклашкаҳоро чидааст. Ҳамин қадар роҳ гашта ақаллан як кило бор ҷамъ накардем, – гуфт ӯ бо рӯҳафтодагӣ.

– Чӣ? – баланд шуд садои мард.

– Худозадаҳоро мегӯям, нони моро нимта кардаанд. Илоҳо, аз Худо ёбанд, ноинсофҳо. Мисли ин ки нисфи шаб баромада чидаанд. Пештар тамоми борхалтаҳо пур мешуданд, вале чанд рӯз аст, ки як ё ду халта ҷамъ меояду халос. Имрӯз, ҳатто, як қанор нашуд. Ҳар касе чида бошад, насибаш накунад-а, насиб накунад...

Духтарак дар назди оинаи хурдаке, ки паҳлуи тиреза ба гулмех овезон буд, мӯ шона мезад.

Хонаи кӯчак таҷҳизоти зиёд надошт. Дар он ҷо як ҷевони чӯбин, дар паҳлуи он қуттии коғазине, ки вазифаи китобдонро адо мекард ва дар дарунаш чанд китобу дафтару як ҷузвдони кӯҳна ба назар мерасид. Тирезаи ягонаи хона ба тарафи кӯча во мешуд. Аз он одамони ба партовгоҳ ояндаро назорат кардан мумкин буд. Дар девори паҳлуи дигари тиреза чанд мехи либосовезиро зада буданд. Дар кунҷи хона рахти кӯрпаву кӯрпача ҷой дошт. Духтарак пас аз ба тартиб даровардани мӯҳояш аз ҷо хеста чой монд, дастархонро густурд, аз ҷевон табақчаи шакар ва як нони бӯлка гирифту пора кард. Аз берун ҳанӯз ҳам садои зан ба гӯш мерасид, ки бо нороҳатӣ мегуфт:

– Бо ин аҳвол зиндагӣ намешавад, зимистонро чӣ тавр мегузаронем? Касе баклашкаҳои територияи моро мечинад... Агар дида монам, доди ҳаромзодаро медиҳам. Илойимак, тешук карда барояд.

– Дадаҷон, бийиҷон, чой тайёр.

– Ҳозир медароем, ҷони дада, – гуфт мард ва борхалтаҳоро ҷамъкунон рӯй ба зан овард: – Худо бандаашро бо ризқ меофарад. Бисёр худата ғам нате, ҳамааш сара мешавад.

– Гӯр сара мешавад, – мегуфт зан дар ҳоле, ки вориди хона мешуд, – бало ҳам намешавад... – ӯ абру дарҳам кашида буд.

Мард сар ҷунбонда бесадо хандид.

– Худо хоҳад, имрӯз ё пагоҳ ҳамааш сара мешавад…

– Дадаҷон, чой сард шуд, биёед!

– Ҳозир рафсем, ширини дада, – падар дастонашро шуста хона даромад.

– Тезтар хӯр, боз аз мактаб қафо намонӣ! – ба сари духтар дод зад зан.

– Ҳа занак, бо дасти чап аз хоб хестӣ, чӣ бало. Аз пагоҳӣ алошақшақа барин шаққос мезанӣ?

Зан ҳарфе нагуфт. Духтар ба падараш нигариста табассум кард.

– Пага не, пагайи дигар рӯзи таваллуди ман, дувоздаҳсола мешавам, – гуфт духтарак пас аз сукути кӯтоҳ.

– Ӯ-ҳӯ, духтари ширинам мучал пур кардаасту ман бехабар.

– Ваъдаатонро фаромӯш накардед?

– Чӣ хел ваъда? – бо тааҷҷуб ба духтар рӯй овард мард.

– Ин хел чизҳора дадоят зуд фаромӯш мекунанд, духтарам. Ту фарзанди одами бой набошӣ, ки мучалбароронат кунанд... – луқма партофт зан.

– Чӣ хел ваъда? Магар нагуфта будед, бо баҳои аъло хонӣ дар зодрӯзат гӯшвораи тилло мегирам?

– Ҳа, – ранги рӯйи мард тағйир ёфт, – ин ваъдаамро дар хотир дорам. Албатта, мувофиқи ваъда гӯшвора тӯҳфа мекунам. Ваъда, ваъда аст, духтари дада.

Духтар бо хушҳолӣ дастонашро бар гардани падар ҳалқа намуд ва аз рӯйи ӯ бӯсид. Пас аз омин гуфтан, тағйири либос кард ва ҷузвдонашро гирифта, хайрухуш карду баромада рафт.

– Духтарро чаро умедвор мекунед? – эътирозомез гуфт зан. – Умедворӣ бад аст.

– Чаро умедвор кардаам? Албатта, гирифта медиҳам.

– Аз куҷо мегиред? Барои хӯрдан аранг нон меёбему гӯшвораи тилло мегирифтаанд.

– Ношукр нашав, занак, ҳамааш хуб мешавад, – аз ҷой бархост мард.

– Куҷо?

– Бозори Сиёб меравам.

Ҳаво метафсид. Рӯз аз нисф гузашта буд, ки мард бо ду борхалтаи пур аз зарфҳои плостикӣ баргашт. Дар як гӯша борро холӣ карда пеши партовҳо омад ва ба ҷудо кардани онҳо камар баст. Мӯйи сар ва риши сафеди дамидааш, ки равғанин гардида буданд, аз он гувоҳӣ медоданд, ки чанд вақт боз собунро надидаанд. Мард коғазҳоро дар як гӯша, пӯсту барги сабзавотро дар гӯшаи дигар ва зарфҳоро алоҳида ҷамъ мекард. Ҳамин вақт аз шуои нури офтоб чизе ба чашмаш тофт. Мард эътибор надода, корро давом дод. Боз он чиз ҷило дод. Мард хам шуда ба он зеҳн монд ва... ба чашмонаш бовар накард, гӯшворае буд! Аммо зуд ба он даст назад. Қомат рост карда ба атроф чашм давонд. Дар атроф сояи касе наменамуд. Пасон гӯшвораро гирифту ба мисли заршишосон онро бо дандонҳояш санҷид.

“Тиллои асил, – зери лаб пичирос зад мард, – афсӯс ки гӯшвора ҷуфт надорад. Вазнаш чӣ қадар бошад? Сабук нест, маълум ки тиллои қадим. Барои як ҷуфт гӯшвораи бачагона наход нарасад? Мерасад. Инро зудтар ба заргар барам, ки то зодрӯз гӯшвораи дигар созад”, – бо ҳарос аз байни партовҳо баромада ба хона даромад ва чапон пӯшид.

– Куҷо меравед? – пурсид зан, ки машғули зеҳбофӣ буд.

– Кӯча.          

– Дар кӯча чӣ ҳаст?

– Кор дорам, зуд бармегардам.

Раҳораҳ ба Худо шукрона мегуфт. Хурсанд буд, ки акнун барои духтараш тӯҳфаи ваъдагиро гирифта медиҳад. Ӯ ба дӯкони заргарии сари кӯча рафт.

– Ассалому алайкум, писарам, – ба ҷавоне, ки машғули кор буд, рӯй овард.

– Ваалайкум ассалом! Хизмат, амак?

– Ман як гӯшвора овардам, – бозёфтро аз ҷайби худ бароварда дароз кард, – мехоҳам аз ҳамин ду гӯшвораи хурдакак созонам.

– Ин аз гӯшвораҳои қадим будааст, – ҳар тарафашро аввал бо даст, баъдан бо лупа санҷида гуфт заргар, – аз куҷо гирифтед?

– Аз модарам мерос аст, – ҳарфи дурӯғ зад мард ва аз дил гузаронид: «зарур бошад, раво бошад», – афсӯс ки ҷуфташ гум шудааст.

– Фаҳмо. Баъд аз се рӯз хабар гиред, тайёр мешавад.

– Писарам, то пагоҳ сохта наметавонӣ? Пасфардо зодрӯзи духтарам аст. Ман ваъда додам, ки ба зодрӯзаш гӯшвораи тилло тӯҳфа кунам.

– Ҳама кори заруриро монаму аз пайи ин кор шавам, ҳаққи ман баланд мешавад, амак.

– Гап не, ҷони амак. Музди корат чанд пул бошад, аз ҳисоби тиллои ҳамин гӯшвора бардор. Гӯшвораҳо хурдтар шаванд ҳам, ман розӣ.

– Пагоҳ омада баред.          

Мард хурсандона ба манзилаш баргашт. Аз омади кор чун кӯдаке, ки соҳиби тӯҳфаи аҷибе гаштааст, хурсанд буд...

Рӯзи дигар, саҳарии барвақт ҳадяашро дар зери болини духтар гузошт ва берун баромада андармони кор шуд. Нозпарварди хона кӯрпаҳоро ҷамъ мекард, ки гӯшвораро дид ва аз шодӣ дод зада, бо пойи урён берун тохт. Модарро ваҳм фаро гирифт. Гумон кард, ки ҷигарбандаш дар хона каждум ё калламуш дидааст.

– Раҳмат, дадаҷон! Дадемба гардам! – хушҳолона падарашро оғӯш кард духтарак.

Зан намефаҳмид, ки чаро духтар ин қадар падарашро мебӯсаду изҳори ташаккур мекунад.

– Чӣ шуд? Чӣ гап?

– Дадем ба зодрӯзам гӯшвораи тилло ҳадя карданд. Ана, бинед чӣ хел хушрӯ! – ду гӯшвораи хурдакакро ба модар нишон дод.

– Хазина ёфтед-чӣ? – зан бо ҳайрат ба мард рӯ овард.

– Аз Худо пурсидам, дод, – гуфт мард ва чашмонашро гурезонда машғули кор шуд. Духтар ба хона даромада зеварро ба гӯш андохт ва боз дартоз ба оғӯши падар омаду аз гунаҳояш бӯса бардошт. Аз забони ӯ сухани «раҳмат, дадаҷон» канда намешуд. Сипас, зуд либосҳои мактабравиро пӯшида ҷузвдон ба даст гирифт. Вай роҳ намегашт, мисли ин ки дар само парвоз мекард. Мард аз хурсандии духтараш шод буд.

Рӯз бегоҳ мешуд. Дар само селаи зоғҳои сиёҳ бо «қар-қар»-ашон гӯшро ба қомат меоварданд. Очаву бача ба кӯча рафта буданд. Дар хона ғайр аз «чиқ-чиқ»-и соат садои дигар ба гӯш намерасид. Мард саргарми тамошои суратҳои як маҷаллаи кӯҳна буд. Ҳамин вақт аз берун садои тақар-туқури чизе баланд шуд. «Ягон кас партов овардагист», андешид мард. Аммо боз садои ба ҳам хӯрдани чизе баландтар ба гӯш расид. Мард берун баромад. Дид, ки духтараке саросема, бо ҳарос партовҳоро ба ҳар тараф мепартояд.

– Ҳа духтарам, тинҷӣ? Ягон чиз гум кардӣ?

Духтарак ба мард нигоҳе карда хандид ва қад рост кард. Мард ӯро шинохт. Вай духтари Содир ном шахси барӯманди маҳалла буд. Ҳамон Содирбое, ки  ба кадом як корхона раҳбарӣ мекард. Онҳо дуртар аз партовгоҳ зиндагӣ доштанд. Содирбой ва завҷаи ӯро, ки аз одамони хоксору ҳалим буданд, мард хуб мешинохт ва чандин бор ба хонаи онҳо рафта буд. Онҳо доимо либосу пойпӯшҳои нимдошти худро напартофта ба хонаи ӯ оварда медоданд. Либоси мактабии духтарашро низ зани Содирбой оварда, «ба набераамон гирифтем, калон будааст, ба духтарчаи шумо муносиб, дар мактаб мепӯшад»-гуфта дода буд. Дар сохтани хонаи зисташон низ саҳми падари ҳамин духтар бузург аст...

– Ман гӯшвора мекобам, гӯшвораи тиллои модарамро, – бо вазъи парешон гуфт духтарак.

Мард дар дами дар шах шуд, ангор ба симчӯби лаби роҳ табдил ёфт. Дигар ҳарфе ба гӯшаш намедаромад ва дилаш чун себи сармозада дар шохаи дастнорас ях баст.

– Чор рӯз пеш модарам гӯшвораи тиллои худро ба ман доданд, ки тоза кунам. Дар ошхона нишаста тоза мекардам, ки як пояш ба даруни сатили партов афтод. Онро меҷустам, модарам маро ҷеғ зада кори дигаре фармуданд. Ҳамин тавр, гӯшвора аз хотирам баромад. Дирӯз додарам партовҳоро партофтааст. Имрӯз тасодуфан гӯшвора ба ёдам омад. Дарҳол сатилро дидам, холӣ. Зуд ба ин ҷо давидам. Кош чизи арзон мебуд, садқаи сар мегуфтем. Агар падару модарам бохабар шаванд, бегумон, ҷазоямро медиҳанд, он аз момоям ба модарам мерос буд, – гуфт ва боз машғули партовкобӣ шуд духтарак.

Мард ӯро намешунид.

– Амак, – қад рост кард духтарак, – мошини партовкаш кай омада буд?

– ...

– Амак?

– Лаббай! Чӣ?.. Чӣ гуфтед?..

– Мошини партовкаш кай омада буд?

– Дирӯз, – мард мадори гапзанӣ надошт.

– Шумо гӯшвора надидед?

– Не-не… Надидам… Надидам духтарам… – худро ба хона зад мард.

Чеҳраи мард ранги бемореро мемонд, ки пас аз гирифтори маризии вазнине шудан аз бистари бемористон бадар рафтааст. «Ман чӣ кор кардам? Акнун чӣ мешавад? Бо кадом рӯ ба рӯйи соҳибони ин хонадон нигоҳ мекунам? Ман чӣ кардам? Эй Худоҷон, чӣ гуфтагӣ одам шудам? Ба подоши некиҳои онҳо чӣ гуна ҷавоб додам?». Мард ба дар такя карда бо ду даст ду чаккаи сарашро маҳкам медошт. Фикр мекард, то илоҷи воқеаро ёбад, аммо чорае намедид. Худро чун марди мусофире, ки дар ошёнаи ҳафтуми бинои бисёрошёна танҳо зиндагӣ мекунаду рӯзе поси шаб дар кӯча калиди хонаро гум кардааст ва илоҷи хонадароиро надорад, эҳсос мекард...

Рӯзҳо мегузаштанд. Мард мекӯшид, ки аз ин ҳодиса касе воқиф нагардад. Вуҷудашро ғаму ғусса ба худ ошён карда буд, ба қавле, ба хонаи дилаш чароғ ҳам афрӯзанд, равшан намешуд. Хоҳиши ба коре даст задан надошт, аз хона намебаромад. Хандаро фаромӯш карда, побанди андӯҳ менишаст. Чора меҷуст, фикрҳояшро аз ғалбери ақл мегузаронд, то ки на духтарашро ғамгин созад ва на ба амонати ҳамсоя хиёнат кунад, на сих сӯзаду на кабоб!

Рӯзе духтарак пас аз мактаб дар хона нишаста дарс мекарду мард он сӯтар аз ӯ, мисли ҳамеша, побанди хаёлот дар ҷойи худ дароз кашида буд.

– Дада, «роҳбар» ба забони русӣ чӣ мешавад? – пурсид духтар ва ҷавобе нашунида саволи худро такрор кард.

Мард чашм аз рӯйи хона намеканд. Гӯё чоку пораҳои гилемро бо нахи нигоҳ бахя мезад. Духтар паҳлуи падар омада нишаст ва сар ба зонуи ӯ гузошт.

– Дадаҷон, ба шумо чӣ шуд?

– Ҳеҷ чиз нашудааст, азизам, – сари духтарро навозиш кард.

– Дурӯғ нагӯед…

– Дурӯғ нагуфтам. Ман дурӯғгӯ не, – хандаи маҳзуне кард мард, то аз вазъият бурун ояд.

– Аз рӯзи таваллудам инҷониб шумо ғамгинед, чӣ шуд? Аз ман пинҳон накунед.

– Чизе нашудааст, ширини дада... Ҳамааш хуб…

– Ман духтарчаи хурди бесавод нестам, гӯшвораро ба қарз гирифта будед-а? Акнун қарзатонро канда наметавонед, ҳамту?

– Не-е, духтарам.

– Пас чӣ шуд, гӯед?! – чашм ба чашми падар дӯхтан мехост духтар. Мард ба чашмони ҷигарбандаш, ки ашк ҳалқа зада буд, нигариста наметавонист. – Набошад, ман аз шумо меранҷам, бо шумо ногап мешавам.

Падар ноилоҷ тамоми воқеаро гуфт. Духтар пас аз шунидани нақли ӯ назди оина рафта гӯшвораҳоро кушода гирифт ва баргашту ба дасти падар дод.           

– Дадаҷон, ман намехоҳам, ки шумо дар азоби виҷдон монед. Барои ман гӯшвораи тилло он қадар муҳим нест. Бе зару зевар зистан мумкин, аммо бе обрӯ зистан маънӣ надорад. Мехоҳам, ки шумову бийиҷонам сиҳату саломат бошед, ҳеҷ гоҳ ғамгин нагардед, рӯйи ғамро набинед…

Падар лаҳзае аз гапҳои нури дидааш дар ҳайрат монд. Беихтиёр таҳи дили худро рӯшан ҳис кард. Духтараш бошад, бо табассум ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид ва ашки чашмонашро бо остин тоза карду аз хона берун рафт.

Шомгоҳ аҳли оила дар сари дастархон ҷамъ буданд. Гаронии дили мард чун меғи пойиз парешон шудаву чеҳрааш кушод буд. Таом мехӯрданд, ки касе дарро кӯфт. Аҳли хона бо маънои «дар бегоҳирӯзӣ кӣ бошад?» ба ҳам дида дӯхтанд…    

***

Офтоби оламафрӯзи баҳманмоҳ бо нурҳои заррини худ дар шохаҳои дарахтон тор метанид ва мардумро аз оғози рӯзи нав мужда медод. Қад-қади роҳи калони Регистон се нафар – як мард, як зан ва духтараке ду аробаро, ки атрофаш пури борхалта буд, пеш меронданд. Мард нимтанаи чармини сиёҳ ба бар карда буд ва қомати занро хилъати сурхи хушдӯхте зеб медод. Духтарак куртаву эзори атлас пӯшида буд. Мӯяшро майда бофта, каҷҷакҳояшро ба паси баногӯшаш гузаронида буд. Шуои офтоб дар гӯшвораҳои тиллояш мунъакис мешуданд. Духтарак зери лаб сурудеро замзама мекард:

Гул мегузарад мавсими гул мегузарад,

Мо шиштаву корвон зи пул мегузарад.

Ин сол гузарад, соли дигар боз ояд,

То соли дигар умри ҷавон мегузарад...

Бодбараки орзу

Дар фазои ғуборолуди шаҳри Ҳалаби Суриё зоғҳо села-села парвоз мекарданд. Гоҳ аз наздик ва гоҳе аз дур садои тиру туфанг баланд гардида, бо «қар-қар»-и зоғҳои сиёҳ ҳамоҳанг мешуд. Бӯйи ғализу нофорами партовҳо, ки дар қадди биноҳои валангору кӯчаҳои нотоза ҷамъ шуда буданд, дили касро нороҳат месохт. Коҳиши партави офтоб аз поён ёфтани боз як рӯзи ҳаёт дарак медод. Гарчанд фасли бедоршавии табиат дар мекӯфт, манзараи шаҳр анҷоми поизро мемонд. Дарахтон шабеҳи одамони дар бими ҷон афтодаи шаҳр музтару ҳайрон менамуданд. Ангор гӯшбақимор буданд, ки ин ҳама ҷангу исён, хунхориву шӯришҳо оқибат бо чӣ меанҷомида бошанд?

Дар канори шаҳр, ки ба ҳамвории васеъ пайваст буд, дар канори биноҳои пасту баланди вайронгашта хонаи назарногире ба чашм мерасид. Болои боми ин хонаи хурдакак, ки хонаи Ҳозиқ ном сардори як гурӯҳ ифротгароён буд, бомпӯш надошт. Ӯ бо мақсади аз назари бегонагон пинҳон доштани манзили зист дар ин вайрона зиндагӣ мекард. Мӯрии тираранг ва мавҷгири моҳвораӣ, ки аз боми кулба ба назар мерасиданд, гӯиё нишонаҳои ду олами ба ҳам зид буданд, ки саҳван ба ҳам омада бошанд. Мурӣ гурбаи сиёҳеро мемонд, ки ба дили атрофиён торикӣ меандохт ва баръакс, лаълии мавҷгир ба бинанда умеди рӯшаноӣ ато мекард. Деворҳои гиландоваи хона ҳар ҷо ҳар ҷо афтодаву тирезаҳо аз дарун бо матои сиёҳ маҳкам пӯшонида шуда буданд. Хона ду дар дошт, ки яке ба ҷониби шаҳр кушода мешуду дари дигар роҳ ба самти танӯрхона буд. Аз тарафи рости дари даромад зинае ба зери замин мефаромад. Дар поён ду хона буд – яке иқоматгоҳ, дигаре ошхона. Аҳли ин паноҳгоҳ барои эмин будан аз ҳар гуна ҳамлаҳои вақту бевақт дар зер зиндагӣ мекарданд.

Дар хона, ки тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгорро дошт ва бо қандили овезон аз шифт равшан мешуд, қадбонуи Ҳозиқ таоми шом мепухт. Писарчае, ки яқинан се ё чорсола буд, телевизор медид. Бо завқи тамом як шабакаи давлати дигарро, ки мардумаш ҷашнеро пешвоз мегирифтанд, тамошо мекард. Гарчанд забони онҳоро намефаҳмид, аз рақсу бозии бачагон, сурудхонию лапаргӯйии одамон, болои банд гаштани дорбозҳо, гӯштингирии паҳлавонон, суманакпазии мардум завқ мебурд. Дар худ меболид, ду дасташро зери ҷоғ такягоҳ карда, дида аз оинаи нилгун намеканд. Медид, ки бачаҳо бо шохаҳои гул таҳти навоҳои дилкаш мерақсиданд, байтбаракбозӣ мекарданд.

– Модарҷон, ин одамон чӣ кор мекунанд? – пурсид бача бо тааҷҷуби кӯдакона.

– Ҷашн пешвоз мегиранд, – ба телевизор нигоҳ кард зан.

– Чӣ гуна ҷашн?

– Намедонам, шояд ягон иди мардумӣ бошад…

– Мо кай ид мегузаронем?

Зан оҳи сарде кашид. Назди писар омаду паҳлуяш нишаст ва ӯро оғӯш карда аз гунаҳояш бӯсид.

– Худо хоҳад, ҷанг тамом шавад, сиҳату саломат ба озодӣ расем, он гоҳ мо ҳам ид мекунем, иди бошукӯҳ. Ҳама онро якҷоя пешвоз мегирем.

– Ман ҳам ба ид меравам? – рӯ ба модараш овард писарак.

– Албатта меравӣ, шери модар.

– Либосҳои нав мепӯшам, ҳамин тавр?

– Ҳа, падарат бароят либосҳои нав меоранд. Ту онҳоро пӯшида ба ҷашнгоҳ  меравӣ, бо дӯстонат бозӣ мекунӣ, хушнудӣ менамоӣ.

– Ман ҷӯра надорам…

– Дунё, ки ором шуд, модарон нотарсида бо кӯдакони худ ба хиёбонҳо мебароянд. Ту ҳам дар байни онҳо ба худ дӯсту рафиқ пайдо мекунӣ, шери оча. Дӯстонат зиёд мешаванд.

– Ман ҳамроҳи онҳо рақсида хурсандӣ мекунам-а?

– Ҳа.

– Дар ид ба шумо гулдаста тӯҳфа мекунам, ба падарам китоб медиҳам.

– Чаро ба падарат китоб?

– Охир, падарам китобхониро дӯст медоранд, аз ин рӯ, китоб ҳадя мекунам. Ба шумо аз чунин гулҳои хушрӯ, – ба гулдастаи дасти духтараке, ки дар телевизор нишон медод, ишора кард писарак, – як гулдастаи калон ва як либоси заррини қиматро мебиёрам.

– Барои ин қадар тӯҳфа пули бисёр лозим аст. Пулро аз куҷо мегирӣ? – дар лабони зан хандаи малеҳе гул кард.

– Ман кор мекунам, пули зиёд меёбам. Баъд, ба шумову падарам тӯҳфаҳои ҳархела мехарам.

– Эҳ, шери оча-е, – писаракро ба канор кашид зан ва маҳкам оғӯш кард. – Илоҳо, Худованд ба коми дилат расонад. Ҳамаи ҷангу хунхӯриҳо тез анҷом ёбад. Осудагиву озодие, ки ормони мост, зуд расад ва ту ҳаргиз армонбадил намонӣ, шери оча, – гуфт зан ва аз ҷо бархост.

Телевизор як гурӯҳ бачагонро нишон медод, ки дар ҳамвориҳои васеи сабзадамида медавиданду бодбарак мепарронданд.

– Модарҷон ин бачаҳо чӣ кор мекунанд? – дубора савол дод писарак.

Зан дар даст косаи биринҷ омада нишаст. Биринҷро рӯйи матое рехта, ба тоза кардан пардохту гуфт:

– Бодбарак мепарронанд.

– Бодбарак чист?

– Чизест, ки бачагон аз коғазу чўбҳои борик ва ширеш месозанд.

– Барои чӣ месозанд?

– Онро сохта аз як гӯшааш ресмон мебанданд ва дар вақти вазидани бод ба ҳаво сар медиҳанд. Он бо шамол дар само парвоз мекунад. Бодбараки касе, ки аз ҳама боло парвоз кунад, ғолиб мегардад.

– Шумо ба ман ҳам бодбарак созед, очаҷон. Ман ҳам мехоҳам бодбаракбозӣ кунам.

– Дар куҷо бозӣ мекунӣ? Онро дар хона бозӣ намекунанд, барои он  ҷойи кушоду васеъ лозим. Бачагонро бин, дар дашти калон бодбарак мепарронанд, – ба телевизор ишора кард зан.

– Ман ҳам дар ҳамвории назди хона бозӣ мекунам.

– Ҳеҷ гоҳ! – чун нафаре, ки аз чизе тарсидааст, дод зад зан. – Дар ин бора асло фикр ҳам накун. Магар суханони пардаратро фаромӯш кардӣ, ки агар аз таҳхона берун бароед гӯшҳоятонро мебурам, гуфта буданд?!

– Чаро набароям?

– Падарат набаро гуфтанд, пас баромадан даркор не!

– Ман одами ганда не-ку.

– Кӣ туро ганда гуфт?

– Худатон гуфта будед, ки одамони гандаро дар як хона гузошта ҷое рафтан намемонанд. Ман бачаи боодоб-ку, – димоғсӯхта гуфт писарак, – чаро ба ман берун рафтан мумкин не?

– Чунки ҳамон одамони ганда – гапнодарову якрав, бераҳму бадкирдор аз хонаҳояшон гурехтаанд. Ҳозир онҳо дар кӯчаҳо мегарданд. Агар бачаҳои боақлу боодобро бинанд, гирифта мераванд.

– Куҷо мебаранд?

– Ба ҷойҳои бад.

– Чӣ хел ҷойҳои бад, ба ҳабсхона?

– Ба ҷое, ки аз ҳабсхона ҳам бадтар аст, – сар боло кард зан ва дида ба оинаи нилгун дӯхту фирефтаи хаёл шуд.

– Ман онҳоро «диш-диш» мезанам ва аз дасташон гурехта ба хона меоям.

– Ту наметарсӣ?

– Не-е, наметарсам, – бо забони ширини бачагонаи худ ҳарф мезад писарак.

– Ҳамин шерписари модар саломат бошад-е, – гуфт зан ва биринҷу маторо гирифта назди бухорӣ рафт.

Писарак бошад, аз назди телевизор намеҷунбид. Дар он овозхоне ба сурудхонӣ даромад. Писаракро оҳанги шӯху садои гӯшнавоз ба ваҷд овард магар,  аз ҷой хеста рақс кард. Модар аз дастафшонию китфҷунбониҳои нури дидаи худ хушнуд гардида, ба кафкӯбӣ даромад. Писарак модарашро низ ба рақскунӣ кашола кард, аммо зан ҳамоно нишаста қарс задан гирифт. Писарак дар атрофи ӯ парвонавор давр мегашт, хушнудии ҳар ду ҳадду канор надошт, мерақсиданд, механдиданд, меболиданд… Баъд аз анҷоми савту суруд барномаи дигаре оғоз шуд, ки дар он дӯшизаи хушлибосу хушсурате дар хусуси тарзи сохтани бодбарак ба сухан гуфтан пардохт. Бача аз телевизор чашм намеканд ва ҳар як ҳаракати дасти духтарро, ки бодбарак месохт, аз назар дур намемонд. Пас аз хотимаи барнома писарак дарҳол ба хонаи поинӣ даромада, дар даст чанд чӯби дароз ба боло баромад. Аз рӯйи миз, ки дар он як даста рӯзномаю маҷалла мехобид, як газетаи калонро гирифт. Сипас аз модар хоҳиш кард, ки риштаю ресмон диҳад.

– Риштаю ресмонро чӣ мекунӣ?

– Бодбарак месозам.

Зан як ғалтак ва ресмони дарозеро оварда дар пеши писарак, ки дар миёнаи хона машғули кор буд, гузошт. Пас аз фурсате кушодашавии дари боло шунида шуд. Марде, ки ришу мӯйҳояш расида буданд ва дар сар дастору дар бар либосҳои суриёӣ дошт, аз зина поён омад. Ин сарвари хонадон Ҳозиқ буд. Дастор, гарданбанд, милтиқ ва ҳалқаи тирҳоро ба мех овехта, дар паҳлуи писар нишаст. Писарак саргарми кор ба ӯ эътиборе надод.

– Чӣ кор мекунӣ? – пурсид мард, ки овози ғафси нофорам дошт.

– Бодбарак месозам.

– Метавонӣ?

– Ҳа, – сар аз кор набардошта бо боварии комил гуфт бача.

Мард якпаҳлу нишаста ҷаҳоннаморо ба шабакаи дигар, ки доир ба навигариҳои ҷаҳон хабар медод, гардонд. Писарак пас аз заҳмати тӯлонӣ бодбаракро сохт.

– Ана, тайёр шуд, – рӯ ба падару модар овард. – Чӣ хел шудааст?

– Бениҳоят хуб аст, шери оча, – таъриф кард зан.

Мард нигоҳи ҷиддие афканду ҳарфе нагуфт. Писарак бодбаракро оҳиста дар болои миз гузошт  ва ба пеши модар омад...

Субҳ писарак аз садои табарзании падар, ки дар ошхона ҳезум пора мекард, бедор шуд ва дарҳол ҷониби миз нигоҳ кард, ки бодбарак дар ҷояш ҳаст ё не. Зан дар бухорӣ оташ мегиронд.

– Хез, шери оча, дасту рӯятро шӯй, чой мехӯрем, – меҳрубонона гуфт зан.

Мард аз хонаи дарун бо димоғи сӯхта баромад. Аслан ӯ доимо чунин малулу парешон буд. Ҳамеша бо лунҷу димоғи овезон мегашт. Ба касе рӯйи хуш намедод. Чой мехӯрданд, ки аз берун садои тир баланд шуд. Магар дар наздикиҳои хона тирпарронӣ мешуд, ки овози он баръало ба гӯш расид.

– Ҳазор лаънат, – мард бо мушт ба як гӯшаи миз чунон кӯфт, ки писарак як қад парид, – то кай ин ҳол давом мекунад?! То кай ин мардуми ғофилу кофар ба мо муқобилат мекунанд?! – дод зад мард. – Мо бояд тезтар ҳаракат кунем, зудтар мақсади хуро амалӣ созем. Танҳо ҳамон вақт ба озодии асл расиданамон мумкин аст, фақат дар ҳамон маврид.

– Ҳамин корҳо чӣ лозим бошад? – норозиёна гуфт зан.

– Ту чиро ҳам мефаҳмӣ? – писханд зад мард. – Мо дар сари шоҳроҳи бузург қарор дорем. Иншооллоҳ, Офаридгори ягонаву беҳамто моро ба мақсудамон мерасонад. Мурдани ин мардуми ғафлатзада ва кофар муқаррар аст, аммо кай мурданашон аён нест! Парвардигоро, – даст ба дуо кушод мард, – барои иҷобати орзуи ягонаи мо худат ёрӣ расон, чашмони бандагони ғофилро боз кун, ба дилашон нуру зиё ато фармо ва дар роҳи ҳақ ба онҳо роҳнамо бош, – даст ба рӯй кашид ва аз ҷой хеста, абзори кӯчаравиро пӯшида, туфангро ба даст гирифт. Вақте ки баромада рафт, нигоҳи қадбону дар нуқтае ях карда буду ҳарфе намезад...

Ақрабаки соат аз пешин шудани рӯз хабар медод. Писарак бодбаракро дар канор гирифта ба он ресмон мебаст. Зан хамир мекард.

– Шери оча, аз ошхона ба боло ҳезум барор.

Писарак бодбаракро гузошта ба хонаи дарун даромад ва дар оғӯш чанд чӯб аз зина боло шуд. Ҳезумро дар қафои дар гузошта бозмегашт, ки чашмаш ба равшание бархӯрд, ки аз як гӯшаи тиреза вориди айвон мешуд. Қадам шумурда ба назди тиреза омад ва як гӯшаи матои кӯфташударо бардошту ба берун нигоҳ кард. Хуршед медурахшид. Аз замин сабзаҳои нав сар боло мекарданд. Яқинан шамол мевазид, ки шохҳои чанд дарахти ҳамворӣ ба ҳар ҷониб меҷунбиданд. «Дар ин шамол бодбарак чӣ хел парвоз мекарда бошад?», аз дил гузаронд писарак. Поён фаромада боз ҳезум баровард ва бори дигар ба берун нигоҳе афканд. Ҳамоно шамол шохсори дарахтону рӯйи сабзаҳоро сила мекард. Ба назари писарак, ки чанд вақт боз табиати берунро надида буд, ҳамвории хароби назди хона чун як замини биҳиштӣ менамуд. «Як маротиба бодбаракамро парронам, чӣ мешавад? Оре, як бор парронам шуд буд, зуд баргашта ба хона медароям. Дарҳол дароям модарам ҳам пай намебаранд», дар худ андешид писарак ва поён омада, ҳамроҳи чанд ҳезум бодбаракро гирифту ба боло баромад. Модар саргарми корҳои худ аз ҳаракатҳои ӯ бехабар монд. Ҳезумро гузошта назди даре рафт, ки ба қафо кушода мешуд ва ба ҳамвории фарох мепайваст. Зулфини онро кушод. Аммо дудила шуд, «падарам фаҳманд, гӯшамро мебуранд», аз хаёл гузаронд ва зулфинро аз нав маҳкам карда пас гашт. Дар сари зина истод, вале ҳаваси бодбаракпарронӣ аз таъкиди падар ғолиб баромад. Дубора назди дар омаду онро оҳиста во намуд. Насими форами баҳорӣ рухсори писаракро навозиш кард. Ӯ оҳиста ба самти берун по ниҳод, дилаш сахт метапид. Ба атроф чашм давонд, чизе ба назар намерасид. Дуртар аз хона чанд бинои пасту баланд маълум буду халос. Писарак  барои паррондани бодбарак ҳаракат кард. Пас аз ду-се кӯшиши баабасрафта бодбарак камтар боло шуд ва зуд поён омад. Бача ноумед нашуда, барои ба парвоз овардани бодбарак сайъ кард ва ниҳоят, бодбараки ӯ ба ҳаво бархост. Писарак рӯ-рӯйи замини сабзгунаи нарми баҳорӣ чун баррачаи ширхор давид ва аз парвози бодбарак дар худ нағунҷида, беихтиёр садо баланд кард:

– Ӯҳӯ-ҳӯ-ҳӯ-ҳӯ, бодбараки ман парвоз кард, бодбаракам парвоз кард. Ӯҳӯ-ҳӯ-ҳӯ, бодбараки ман пар… – садои тир баланд шуду овози писарак дар гулуяш монд ва сабук ба рӯйи замин афтод, ресмони бодбарак аз дасташ раҳо шуд.

Зан, ки машғули нонросткунӣ буд, садои тирро шунида дасту по хӯрд ва зуд ба боло шитофт. Ӯ ҳамин ки дари қафои хонаро боз дид, мадор аз дасту пояш рафт. Худро ба берун зад ва писаракро афтода дида ба сӯяш дартоз шуд. Вазиши шамол сахттар шуда буд, бераҳмона ба сару рӯйи зан ҳамла мекарду намегузошт, ки пеш равад, ангор мехост ӯро аз роҳ бозгардонад. Ҳайрати кас меояд, ки чӣ тавр дар як фосилаи кӯтоҳ насими баҳорӣ ба шамоли зиштхӯй тадбил ёфта буд. Зан на парвои хор дошту на сангу на шамоли тунд. Худро ба назди писар расонида ҷигарпораи хешро оғуштаи хун дарёфт. Модар нишаста, чун моддашер наърае кашиду навҳакунон сари писарро рӯйи зону гузошт. Писарак бо чашмони нимароғ, бо овози гӯшшунав гуфт:

– Оча… очаҷон… бод… бод… бодбараки ман… парвоз… кард…

Зан дубора наъра кашид. Ашкрезон аз дастону чеҳраи дилбанди худ бӯсидан гирифт. Писаракро оғӯш карду дар бағал бардошт ва ду қадам гузошта буд, ки бори дигар садои пайиҳами тири дайду баланд шуд…

Зоғони сиёҳ ба ҳар ҷониб парвоз мекарданд, «қар-қар-қар»-гӯён ошӯберо барпо менамуданд. Гӯё ба ҳам мегуфтанд, ки аҷаб махлуқест ин одами зот, ҳеҷ аз рехтани хуни якдигар хаста намешавад…

Бодбараки аз дасти кӯдак раҳогардида болотар аз замини хунолуд дар осмони дудолуди шаҳри Ҳалаби Суриё парвоз мекард…  

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.