Ҳикмат Султонзода
ҲИКМАТ СУЛТОНЗОДА
Ҳикмат Султонзода (Ҳикматов) 30 июли соли 1973 дар деҳкадаи Сойхурди деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато таваллуд ёфтааст. Ӯ мактаби миёнаро дар зодгоҳи худ фаро мегирад ва донишомӯзиро дар бахши суханшиносии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе давом медиҳад. Пас аз хатми донишгоҳ дар мактаби миёнаи деҳкадаи Сойхурд аз фанҳои забону адабиёт дарс медиҳад.
Ҳикмат Султонзода соли 1998 ба Тошканд омада, фаъолияти кории худро дар шӯъбаи тоҷикии нашриёти давлатии “Ӯзбекистон” ба симмати муҳаррир идома медиҳад. Ӯ дар ин даргоҳ то соли 2003 кор карда, аз наздик бо аҳли илму ҳунар, адабиёт, рӯзноманигорон ошно мегардад ва ҳамзамон бо кори тасҳеҳу таҳрири китобҳо ба эҷоди бадеӣ низ машғул мешавад, бештар ба шеърнависӣ рағбат пайдо мекунад. Агарчи бо сабабҳои оилавӣ дубора ба деҳа бармегардад, лекин аз эҷодкорӣ даст намекашад. Ҳатто муяссар мешавад ду маҷмӯаи шеърии худро бо номҳои “Бозгашти Ҳикмат” (Тошканд, “Муҳаррир”, 2011) ва “Сеҳри сухан” (Тошканд, “Муҳаррир”,2013) ба дасти хонандагон расонад.
Сухангустарӣ кори осон нест. Ба вижа, сухан гуфтан дар қолаби шеър аз ҳар гуна эҷодкор истеъдоди фитрӣ, ҷаҳонбинии васеъ, дарки маънию мантиқи зиндагиро тақозо мекунад. Агар кори шеър соданависию содапиндорӣ дар чаҳорчӯбае мебуд, ҳеҷ гоҳ ба унвони беҳтарину муассиртарин ангезаи хаёлоти инсон шинохта намешуд. Шеър дард аст, ишқ аст, орзуву умед аст, ҳиссиёту бардошти рӯҳии шабурӯзии инсонҳои огоҳ аст. Ҳикмат пас аз бузург шудану то ҷое бархурдор гардидан аз нозукиҳои ҳаёт тасмим мегирад эҳсосоти ба шӯр омадаи ботини худро ба рӯ барорад ва дар ин амал шеърро интихоб мекунад. Ӯ бештар дар қолабҳои суннатии шеър – дубайтӣ, рубоӣ, чаҳорпора ва ғазал сухану розу ниёзи дили худро ба курсии маънӣ менишонад.
Ҳоло Ҳикмат гоҳ дар зодгоҳи худ омӯзгорӣ мекунад, гоҳ дар кишвари Русия мутарҷимӣ, аммо аз гуфтани каломи мавзун даст намебардорад.
Намунаҳо аз ашъори Ҳикмат Султонзода
ДАР ОРЗУИ ВАТАН
Тири оҳам то ба гардун меравад,
Аз ду чашми оҳи ман хун меравад.
Гирдгардон мешавам, хун мехӯрам,
Ҳар ки гар дунболи як дун меравад.
Гар туро аз ҳар тараф ёре шаванд,
Дар дами танги ту ғамхоре шаванд,
Боз бингар, иддае дар дайри дун,
Гавҳари чашми туро хоре шаванд.
Гар туро ин гулшани гулрӯ чаман,
Ё ки саҳро асту ё дашту даман.
Боз бингар, бар мани болидабахт,
Сангу хори ин кӯҳистонам – Ватан!
БОЗ МЕОЯД БАҲОР
Боз ояд шодиву ҳам боз меояд баҳор,
Боз ояд рӯзи нав ҳам боз меояд нигор.
Эй дил андар синаи ман бош дар ҷӯшу хурӯш,
Боз ояд хандаву ҳам боз меояд хумор.
То тавонӣ дил бибанд аз гулрухи гулбӯяке,
Боз ояд рӯзи хуш ҳам боз меояд барор.
Чун гулу булбул нигар, ин зиндагӣ майдони ишқ,
Боз ояд таргулу ҳам боз меояд ҳазор.
Ҳикмато, осуда бош, дар чор сӯйи зиндагӣ
Боз ояд нағмаву ҳам боз меояд баҳор.
СОЛИ НАВИД МЕРАСАД
Соли навид мерасад,
Рӯзи саид мерасад.
Сабар кунӣ, агар ту ҷон,
Бахти сафед мерасад.
Ҳеҷ машав ту ноумед,
Субҳи умед мерасад.
Бедару хонаам магӯ,
Қуфлу калид мерасад.
Тирагиҳо зи дил равад,
Қалби рашид мерасад.
Мунтазири накӯӣ бош,
Байраму ид мерасад.
МУАЛЛИМ
Чароғи машъалу нурӣ, муаллим,
Ба заҳмат беҳтар аз мӯрӣ, муаллим.
Зи дасти нотавониҳои шогирд
Гаҳе ту зинда дар гӯрӣ, муаллим.
Муаллим,зинда бошӣ то қиёмат,
Худобахшад ба ту бахту саодат!
На коре бесамар ҷӯяд муаллим,
На боре беасар рӯяд муаллим.
Пайи ободии фардои шогирд,
На ҳарфе барҳадар гӯяд муаллим.
Муаллим,зинда бошӣ то қиёмат,
Худо бахшад ба ту бахту саодат!
Басина ганҷи ҳикмат шуд, муаллим,
Ҳаме саргарми меҳнат шуд, муаллим.
Барои бахту ободии шогрид
Ҳамеша Оби раҳмат шуд, муаллим.
Муаллим, зинда бошӣ то қиёмат,
Худо бахшад ба ту бахту саодат!
ҒАЗАЛГУНАҲО
Эй фалак, ман дар канорат хору зор афтодаам,
Дар миёни неку бадҳо беқарор афтодаам.
Бори ҳикмат сархамам карда миёни мардумон,
Нест моро қудрате, бин, бемадор афтодаам.
Ошиқон аз васли гул доранд агар бар дил ҳузур,
Ин мани мискин, нигар, андар канор афтодаам.
Меравам дар кӯчаҳои зиндагӣ масту ғариб
Вой бар ин ҳоли ман, дур аз хумор афтодаам.
Гарчи мегӯяд сухан пасту баланд он пастақл,
З-он ҳама пасту баландаш дар канор афтодаам.
Бо умеди рӯзи равшан солҳо гаштам хамӯш,
З-ин хамӯшиям, валекин дар ғубор афтодаам.
Нолаи Ҳикмат надонӣ, эй рақиб, аз баҳри чист?
Дар забони мардумон ман шармсор афтодаам.
***
Бе рӯйи гуландоми ту рӯзам шаби тор аст,
Бе орази гулгуни ту, ҷоно, чӣ хумор аст?
З-он мижаву чашму лабу холу дили нурин,
Ороми дилу рӯҳ, тани мискин чӣ низор аст?
В-он қомати сарву қади барнои ту, ҷоно,
Афсӯс, надонам, ки чаро чун сари дор аст?
Боз ой, биё боз, ту эй хусрави хубон,
Бе ту дили маҷрӯҳи ман имрӯз фигор аст.
***
Рӯзу шаб шукронаи дунёву даврон мекунам,
Ҷони худро ман барои дӯст қурбон мекунам.
Нест моро ҳеҷ парво бар ғаму дарди ҷаҳон,
Ёри худро, зинда бошам, шоду хандон мекунам.
Дигарон гар мешитобанд аз пайи амлоки дун,
Умри худро сарфи васфи зулфи ҷонон мекунам.
Нест моро дар ду дунё ваъдае бо ҳеҷ кас,
То ки бошад гуфта бошам ину ҳам он мекунам.
Меравам дар кӯчаҳои зиндагӣ масту аласт,
Хешро бо ин аластӣ ёри дунон мекунам.
Гар касе бар қасди мо пӯшад либоси душманӣ,
Бо хамӯшиҳои худ, бингар, чӣ ҳайрон мекунам.
***
Хони моро неъмате з-он моҳи тобон кардаанд,
Ҷони моро ташна бар он теғи мижгон кардаанд.
Гаҳ ба хобу гаҳ ба бедорӣ ҳамеҷӯем варо,
Бори умрам сарфи як дидори ҷонон кардаанд.
То бубинам орази ӯро ба чашми ҷони худ,
Чашми ҷонамро бубин, сармасту ҳайрон кардаанд.
Ҷони мо аст орази он дилбари таннози мо,
Баҳри он ҷон ҷони моро аз чӣ қурбон кардаанд?
То наафтад як назар берун зи қадри одамӣ,
Синаи пурдарди моро пур зи пайкон кардаанд.
ДУБАЙТИҲО
Куҷо шуд меҳру шафқат байни одам?
Чаро то рӯзи мурдан мехурад ғам?
Худоё, чорасози бандагонӣ,
Бишав бар насли одам ёру ҳамдам!
***
Зи кафти по, азизон, то ба мӯям
Ҳама дард асту ғам, охир, чӣ гӯям?
Биёяд бар мадад гар ними олам,
Дигар ҳаргиз чу нахле барнарӯям.
***
Ту дар анҳори қалбам дур(р) ҳастӣ,
Ту бар оҳанги қалбам ҷӯр ҳастӣ.
Нигоро, бо ҳама ҳусну малоҳат.
Ту андар мағзи ҷонам нур ҳастӣ.
***
Туро чун ҷони ҷонам мепарастам,
Туро чун ёри ҷонам мепарастам.
Туӣ олиҳаи ҳусну малоҳат,
Туро дар мағзи ҷонам мепарастам.
***
Туро чун ёри ҳақгӯ мегиносам,
Туро аз пой то по мегиносам.
Ба ҷумла дарду ҳасратҳову оҳам,
Туро чун ёри дилҷӯ мешиносам.
***
Биё, ҷоно, манам дар интизорат,
Биё, бар дӯш гирам ҷумла борат.
Биё, ки дидани рӯйи ту ид аст,
Шудам ошиқ ба он чашми хуморат.
***
Манам Фарҳоди ту, ту ёри Хусрав,
Ту ҳастӣ хушгилу хушгӯву хушрав.
Бубин, имрӯз ман ёри дуогӯ,
Дуо гӯям чунин бошу чунин шав.
***
Баҳорон мужда аз рӯйи ту бошад,
Гадо ошиқ ба он кӯйи ту бошад.
Чунон ҳам дилрабо, бингар, ҷамолат,
Дили ман моили мӯйи то бошад.
***
Манам дар ишқи ту сарсону сарсон,
Манам аз ҷилваи ту масту ҳайрон.
Илоҳо, гум шавад номи ҷудоӣ,
Нигар, бе ту дилам вайрону вайрон.
***
Миҷозам гарму сард аст, эй гули ман,
Дилам лабрези дард аст, эй гули ман.
Зи дасти дарду ғамҳоят, валекин
Дилам монанди гард аст, эй гули ман.
***
Ба ман иқболу бахтамро ту додӣ,
Ба ман ин тоҷу тахтамро ту додӣ.
Ҷудоӣ аз ту рӯзи сахту сангин,
Ба ман ин рӯзи сахтамро ту додӣ.
***
Ба бахти ман, ҷавон омад гули ман,
Латиф умеҳрубон омад гули ман.
Набӯсам, то ки ғайри ӯ касеро,
Ба лабҳо ангубин омад гули ман.
***
Мисоли ман дигар содиқ наёбӣ,
Мисоли ман дигар ҳозиқ наёбӣ.
Ҳамедонам харидорат зиёд аст,
Вале чун ман дигар ошиқ наёбӣ.
***
Нигори ман нигори хубу дилсӯз,
Гули бишкуфтаву хандону фирӯз.
Гули ман зинда бошӣ то қиёмат,
Ба бахтат бода менӯшам шабу рӯз.
***
Ҳумои ҷуду илҳомам куҷоӣ?
Сафои хонаву бомам куҷоӣ?
Фазои сина торик бо ту гашта,
Ҳилоли рӯшани шомам куҷоӣ?
***
Худоё, ҷабри ин дунё чаро беш?
Чаро бар қалби ман доим занад неш?
Муроди ман набошад ҷоҳу давлат,
Хуш ояд, ҳар чи ояд бар сарам пеш.
***
Миёнборику борикам ту ҳастӣ,
Нигори турку тоҷикам ту ҳастӣ.
Фузун аз ҳуру нур астӣ ту, эй ёр,
Чароғи шоми торикам ту ҳастӣ.
***
Ту ғам дорӣ, алам дорӣ, сад афсӯс,
Ба дида ашки нам дорӣ, сад афсӯс.
Туӣ нозук чу барги гул, нигоро,
Ба ҷони худ ситам дорӣ, сад афсӯс.
***
Яке гӯяд, ки манзар мепарастам,
Дигар гӯяд, кигавҳар мепарастам.
Зи кунҷи қалби манояд садое:
Тамоми умр модармепарастам.
***
Барои шеъри худ дафтар надорам,
Фалак пурахтару ахтар надорам.
Нигоринталъатон хеле зиёданд,
Мани бечора як дилбар надорам.
***
Барои ман чӣ лозим гавҳару зар,
Чӣ лозим давлату дунёи дигар?
Фақат хоҳам дар ин паҳнои олам,
Бароям то абад монӣ ту модар!
***
Ғами дунё ҳама андар ғами мост,
Ками дунё ҳама андар ками мост.
Ало, ёрон, ҳаёт ними нафас нест,
Дами дунё ҳама андар дами мост.
***
Даво бар дарду ғамҳоят манам, ман,
Рафиқи рӯзи танҳоят манам, ман.
Ки то бинам туро шодону мағрур,
Харидори аламҳоят манам, ман.
***
Ҷавонию ҷавон монӣ, илоҳо,
Ҳамеша бехазон монӣ, илоҳо!
Бувад дидори ту бахти сафедам,
Ҳамеша меҳрубон монӣ, илоҳо!
***
Баҳор омад, биё, ки шод бошем,
Зи мавҷи ғуссаҳо озод бошем.
Ба сони булбули шӯхи гулистон,
Зи шавқи шодӣ дар фарёд бошем.
***
Дили мо махзани асрор бошад,
Макони ҷилваи аҳрор бошад.
Худовандо, ту худ онро нигаҳ дор,
Мабодо, хонаи ағёр бошад.
***
Бародар гар наку гӯйӣ баҳор аст,
Фузунтар аз накугӯйӣ чӣ кор аст?
Сухан дар ҳадди меъёр ар бигӯйӣ,
Саодат дар ду дунё бо ту ёр аст.
***
Табиат ҷомаи зарин ба бар кард,
Зи рӯзи неки мо, бингар, хабар кард.
Басо хушбахт он кас, ки дар ин даҳр,
Барои дидани ёрон сафар кард.
РУБОИҲО
Ҷоно, бинигар гадои рӯят моем,
Мафтуни ҷамоли мушкбӯят моем.
Ту ҳастӣ чароғи ишқро сармоя,
Бе ҳеҷ шаке, ғуломи кӯят моем.
***
Бе ёди рухат на рӯзу на шаб гузарад,
Бе орази ту куҷо маро таб гузарад.
Эй маҳваши маҳӯйи мусалсалмӯён,
Бе ёди лаби ту, гӯ, куҷо шаб гузарад?
***
Номи ту ҳамеша дар забонам бошад,
Ҳусни ту муқими мағзи ҷонам бошад.
Ҷоно, рухи ту биҳишти ҷовиди ман аст,
Бе рӯйи ту он биҳишт ҳаромам бошад.
***
Мо ташна ба дидори рухи зар бошем,
Ҳам ташна ба дидори ду гавҳар бошем.
То ҳаст ҷаҳону ошиқӣ ҳаст ба ҷо,
Эй кош, ки мо ғуломи дилбар бошем.
***
Эй кош, туро зи ғусса озод кунам,
Пайроҳаи иқболи ту обод кунам.
То бозрасад, ки андар ин дафтари ишқ,
Бар васфи ту абёти нав эҷод кунам.
***
Ман ошиқи он чеҳраи пурчини туам,
Ман ташнаи як бӯсаи ширини туам.
Чӣ ҷойи ниҳон дориву пинҳон дорӣ,
Бе ҳеҷ шаке, ошиқи дерини туам.
***
Чашми сияҳи масти ту беморам кард,
Аз хоби гарони ишқ бедорам кард.
То кай ману ту зи ҳам ҷудоӣ ҷӯем,
К-ин фурқати ту зи ҷон безорам кард.
***
Бе рӯйи ту зиндагӣ надорад мазмун,
Бе ҷилваи ту, нигар, ҷигарҳо пурхун.
Ту дилбари дилрабою дилҷӯйи манӣ,
Як лаҳза биё, бе ту шудам ман дилхун.
***
Хушбахт касе, ки рӯзу шаб кор кунад,
Андеша зи баҳри халқ бисёр кунад.
Аммо ту гурез зи нокасу қаллобе,
Ногоҳ агар дини худ инкор кунад.
***
Ҳар шому саҳар ҳусни туро меҷӯям,
Бо оби ду дидаам раҳат мешӯям.
То боз бубинам орази маҳсонат,
Ин дам бинигар, шукри Худо мегӯям.
***
Чашми сияҳи масти туро ёд кунам,
Аз хандаи ту ҷони худ обод кунам.
Илло, накунад ҷудо маро ҳеҷ аз ту,
Оваҳ, зи ҷудоӣ бин чӣ фарёд кунам.
***
Сармаст ба кӯйи ту гузарҳо кардам,
Бар қомати сарви ту назарҳо кардам.
Он лаҳза, ки ман набудаам ошиқи ту,
Бингар, ки аз он лаҳза ҳазарҳо кардам.
***
Дар кӯйи ту, бин, ғулому дарбон моем,
Афтида ба пеши пот бо ҷон моем.
Сад шукр, ки ту ҳастиву ишқ асту мане,
Дар ишқи ту, бин, гадову ҳайрон моем.
***
Эй кош, туро нигор бар дом гирам,
В-аз лаззати дидори ту ором гирам.
Ҳастии туро гирифта бар оғӯшам,
Як бӯса аз он лабони чун ҷом гирам.
***
Эй кош, ба даргоҳи ту маҳрам бошам,
Бар дарду аламҳои ту марҳам бошам.
Ту махзани ганҷинаю асрори фузун,
Дар пӯшиши асрори ту маҳкам бошам.
***
Бе ҳеҷ шаке, дарди ҷаҳон кушт моро,
Бас оби равони дидагон кушт моро.
Ман беш аз ин ҳеҷ нахоҳам зистан,
Ноаҳлии аҳли мардумон кушт моро.
***
Бо мардуми сода сода мебояд буд,
Бо мардуми одӣ одӣ мебояд буд.
Ин аст муроди зиндагӣ, огаҳ бош,
Бо мардуми ҷиддӣ ҷиддӣ мебояд буд.
***
Айбу гунаҳам зи ҳад беш аст, ёрон,
З-ин ҳол дилам басе пареш аст, ёрон.
Бегона ба бегона ба хешӣ ҳозир,
В-он хеш чаро душмани хеш аст, ёрон?!
***
Афсӯс, ки хоки одамонро бехтанд,
Афсӯс, ки қолаби дурӯғин рехтанд.
То он ки кунанд мадад ба ёрони худӣ,
Афсӯс, ҳаёти дигаронро сӯхтанд.
***
Ман ҳастаму ту ҳастию дунё ҳама ҳаст,
Ман мастаму ту мастию дунё ҳама маст.
Гар нек бубинию наку андешӣ,
Ман нестаму ту нестӣ, дунё ҳама нест.
***
Наврӯз, биё баҳори мо хуррам кун,
Шодиву нишот бар бани одам кун.
Муштоқи туем, то бубинем рӯят,
Моро ба ҷамоли хештан беғам кун.
ЧОРПОРАҲО
Умри ман аз баҳри дидорат гузашт,
Сар ба сар дар ранҷу озорат гузашт.
Дилбаро, то кай фиребам медиҳӣ,
Умри ман, бингар, ба бозорат гузашт.
***
Ҳам дию имрӯзу фардоям туӣ,
Манбаи илҳому эҷодам туӣ.
Зинда бош, то ҳаст умри одамӣ,
Гавҳари инр қалби озодам туӣ.
***
Манбаи илҳоми ман ишқ асту бас,
Ғайри он олам ба ман чун хору хас.
Мекунам шукрона бар иқболи хеш,
Дорам андар хештан фарёдрас.
***
Ҷуръат андар кори нек мардонагист,
Мард будан, ҷонам, аз фарзонагист.
Роҳи дигар нест моро бар мурод,
Роҳи дигар, ҷонам, аз дармондагист.
***
Ин макон мероси аҷдоди ман аст,
Маскани имону иршоди ман аст.
Бо ҳама буду набудаш, дӯстон,
Манбаи илҳому эҷоди ман аст.
БАЙТҲО
Сухан эҳсони олии Худо аст,
Валекин бесухан аз он ҷудо аст.
***
Сухан ганҷи ниҳон андар дили мост,
Сухан бе ҳеҷ шаке обу гили мост.
СУХАНРЕЗА
Сухан аз қанду ҳалво ширинтар аст, вале онро дар бозорнамефурӯшанд.
***
Ба мо суроғаи сухандониву суханвариро нишон диҳед, баҷойи дигар эҳтиёҷ надорем.
***
Афсӯс, ба миёни умри ҷавониам чунон шамшер заданд, киагар ҳазор сол ҳам Худойро илтиҷо кунам, як лаҳзаи онро баргардонданаметавонам.
***
Эй одамон, биёед имрӯз ба ҳам оем, чун ҳастем, пагоҳ Худомедонад.
***
Қанд зананд ононе, ки дарди ҳазоронро дармон мебахшанд,вой бар ҳоли ононе, ки илоҷи дарди хешро намеёбанд.
***
Саги дари касу нокас мабош, луқма аз қадди кӯча ҳам ёфтмешавад.
***
Агар ҳазор ҷону танат дардманд бошад ҳам ноумед машав.
***
Ҷомаи суханро дарозу кӯтоҳ мадӯз.
***
Афтодаро зер макуну ноафтодаро боло мабардор.
***
Яке ҳаққи ҳазор кас хӯрд ҳеҷ кас надид, яке ҳаққи яккасро хӯрду ҳазор кас дид.
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутить телеграм