flexsmm

Лаззатҳои камхарҷ

ЧИЛ МАВРИД АЗ КАМХАРҶТАРИН ЛАЗЗАТҲОИ ДУНЁ

(Манбаъ: Вебсайти “Мактаби камол” – url.maktabekamal.com)

 

            Лаззат бурдан аз зиндагӣ ҳамеша ниёзмандӣ ба имконоти хос ва пули фаровон доштанро намехоҳад. Дарвоқеъ, ин тасаввур, ки барои лаззат бурдан аз зиндагӣ ҳатман бояд пул дошт, бовари нодурусте аст. Ин бовар гоҳе чунон дар зеҳнҳо таъсир мегузорад, ки одамон ҳатто бо доштани имконоти молии хуб ҳам наметавонанд аз зиндагӣ “лаззат” бибаранд. Аммо ин лаззатҳое, ки дар поён баён хоҳем кард, чунон ба рӯҳи мо наздик ҳастанд, ки ҳатто фақат бо хондани ҳар кадом аз онҳо эҳсос мекунед ҳолатон чӣ қадар беҳтар шуда аст, дар ҳоле ки бе ихтиёр ба иҷрои он мешитобед.

            1.Гоҳе ба тамошои ғуруби офтоб нишинем.

            2.Саъй кунем бештар бихандем.

            3.Бештар шукр кунем ва камтар гила кунем.

            4.Бо телефон кардан ба як дӯсти қадимӣ ӯро ғофилгир кунем.

            5.Гоҳе ҳадяҳои гирифтаамонро берун оварем ва тамошо кунем.

            6.Бештар дуо кунем.

            7.Дар дохили лифт, бар рӯйи зинаҳо ва ... бо одамҳо сӯҳбат кунем.

            8.Гоҳ-гоҳ нафаси амиқ бикашем.

            9.Лаззати атса карданро ҳис кунем.

            10.Қадри онро донем, ки поямон нашикаста аст.

            11.Зери душ овоз бихонем.

            12.Саъй кунем, ки ҳадди ақал бо доштани як вижагии ба худ хос аз дигарон фарқ дошта бошем.

            13.Гоҳе ба дунёи болои сарамон хира шавем(ба муддате нигоҳ карда истем).

            14.Бо ҳайвонот ва дигар ҷондорон меҳрубон бошем.

            15.Барои иҷрои корҳое, ки моҳҳо монда ва анҷом нашуда аст, дар охири ҳамин ҳафта барномарезӣ кунем!

            16.Бо тафаккур дар бораи таноқузот(зиддиятҳо, номувофиқатиҳо) лаззат барем.

            17.Барои корҳоямон барнома резем ва онҳоро тибқи барнома анҷом диҳем.

            18.Маҷмӯае аз як чиз(марка, барг, санг, китоб ва ...) барои худамон ҷамъоварӣ кунем.

            19.Дар як рӯзи барфӣ бо хонавода Одами Барфӣ созем.

            20.Гоҳе дар ҳавз ё дарё шино кунем, албатта, агар паҳлӯи моҳиҳо бошад чӣ беҳтар.

            21.Гоҳе ба болои дарахт бароем.

            22.Эҳсоси худро дар бораи зебойиҳо ба дигарон гӯем.

            23.Гоҳе каме побараҳна роҳ равем.

            24.Бе он ки мақсади хосе дошта бошем, пиёдаравӣ кунем.

            25.Вақте ки корамонро хуб анҷом додем, масалан, имтиҳонот тамом шавад, барои худ яхмос харем ва бо лаззат бихӯрем.

            26.Дар назди оина истода худро тамошо кунем.

            27.Саъй кунем фақат нашунавем, балки ба таври фаъол гӯш кунем.

            28.Рангҳоро шиносем ва аз онҳо лаззат барем.

            29.Вақте аз хоб бедор мешавем, зинда буданро ҳис кунем.

            30.Зери борон роҳ равем.

            31.Камтар ҳарф занем ва бештар гӯш кунем.

            32.Қабл аз он ки маҷбур ба режим гирифтан шавем,варзиш кунем ва тартиби ғизо хӯрданро риоят намоем.

            33.Чанд бозӣ ва саргармӣ, монанди шатранҷ ва ... ро ёд бигирем.

            34.Гоҳе канори рӯдхона(дарё) нишинем ва дар сукут ба садои об гӯш кунем.

            35.Ҳаргиз шӯхтабъии худро аз даст надиҳем.

            36.Эҳтиром ба атрофиёнро ҳаргиз фаромӯш накунем.

            37.Ба дунёи шеър ва адабиёт наздиктар шавем.

            38.Гоҳе аз дидани як филм дар канори ҳама аъзои хонавода лаззат барем.

            39.Тамошои гулу гиёҳро ба чашмони худ ҳадя кунем.

            40.Ҳар он чиро, ки дорем барои истифодаи худу дигарон гузорем, зеро мумкин аст фардо дер бошад.

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.