Неъматуллоҳ

Боргирӣ ба сурати PDF  v

Барои бор кардан дар формати PDF

ЧОШНӢ АЗ АШЪОРИ НЕЪМАТУЛЛОҲ СУННАТУЛЛОҲ

Неъматуллоҳ Суннатуллоҳ 17 июни соли 1960 дар деҳаи Тӯли ноҳияи Сӯхи водии Фарғона ба дунё омадааст. Таҳсили олиро дар бахши риёзиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гирифта, аз соли 1982 дар мактаби миёнаи 24 ноҳияи Сӯх кори омӯзгориро оғоз мекунад. Чанд муддат муовини мудири мактаб буд. Ҳоло дар коллеҷи агросаноати ноҳия ба ҳайси муовини мудири коллеҷ дар корҳои тадрису таълим ифои вазифа менамояд. Се фарзанд дорад.

Дар тамрини шеър омӯзгор Ҳамроҳбой Илҳом устоди нахустинаш аст. Қаблан намунаҳои ашъори ӯ дар баёзи “Ҷилои ахтарони Сӯх” ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ чоп шудаанд. Дар остонаи 50-умин солгарди баҳори умраш нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Гулгашти хаёл” (Тошканд, 2011, “Шарқ”) таҳия ва барои хонандагон тақдим гардидааст. Ҳоло дастовези мо барои дӯстдорони каломи бадеъ чошние аз ашъори ин шоири ошиқу худшинос ба нияти бардоштани илҳому рӯҳияти хуш аст.

ШЕЪРҲО

Тӯшаи роҳ

Ҳамчу хуршеди баҳорон ҳар саҳар,

Бо умеди диданат меомадам.

Ташнаи дидор будӣ дар раҳам,

Ташнагӣ бишкастанат меомадам.

Модари мушфиқ, бо ашки қатор,

Мекушоям хонаи сарди туро.

Хона, гӯйӣ, холӣ асту беҷиҳоз,

Менабинам чеҳраи зарди туро.

Мерасад аз равзани хотираҳо

Ҳар саҳар ёдат кунун бар доди ман.

Модаро, панду дуои неки ту,

Нақш баста гӯиё дар ёди ман.

Пеш гирам ҳар гаҳе роҳи сафар,

Пандҳоят тӯшаи роҳи ман аст.

То амон монад зи ҳар дарду бало,

Модаро, ёди ту ҳамроҳи ман аст.

Бачагӣ

Дар фарози қуллаҳои кӯҳи Сӯх,

Баччагиям лола мечинад ҳанӯз.

Ҳамнафас бо чашмаҳои хушсухан,

Байтхонӣ мекунад то гашти рӯз.

Баччагиям лоласон ҳар навбаҳор,

Сар занад дар пуштаҳои ёди ман.

Чун насими рӯҳбахши кӯҳсор,

Мевазад бар гулшани эҷоди ман.

Баччагиям лаб-лаби дарёи Сӯх,

Бо умеди моҳии тилло гузашт.

Буд гӯё қатрае шаффофу пок,

Ғелиду бо мавҷҳо якҷо гузашт.

Орзуи дил

Оқибат бар кӯйи ту хоҳам расид,

Оқибат бӯйи вафо хоҳам шамид.

Оқибат бо дашнаи аҳду вафо,

Пардаи бегонагӣ хоҳам дарид.

Оқибат аз ҳавзаи лабҳои ту,

Ташнагиаш бишканад лабҳои ман.

Мисли рӯз аз нав чароғон мешавад,

З-офтоби ҳусни ту шабҳои ман.

Ҳамчу хуршеди баҳорон як саҳар,

Дар ҷаҳонат боз пайдо мешавам.

Бо ғазал, бо шеъри тар, бо илтифот,

Оқибат дар қалби ту ҷо мешавам!

Шеъри ман

Мезанам худро ба оғӯши хаёл,

То кушоям болу парвози дигар.

Зиндагиям бар ту бахшам, шеъри ман,

То шавӣ чун зиндагиям содатар.

Мезанам худро ба оғӯши хаёл,

То туро дар роҳи дил пайдо кунам.

Чун нишони зиндагии содаам,

Ман туро бо хуни дил иншо кунам.

Мезанам худро ба оғӯши хаёл,

То бимонам байт ё сатре зи худ.

Рӯйи боли орзуҳои сарам,

Сайр созам олами буду набуд...

Ифшои рози дӯстӣ

Агар ҷӯйӣ тамоми рӯйи олам,

Дар ин рӯзу ба сад соли дигар ҳам,

Намеёбӣ яке ҳамдил, ки бо туст,

Туро чун ман намедорад касе дӯст!

Ту ҳамқад ёбию ҳамдил наёбӣ,

Зи мо шодобтар соҳил наёбӣ,

Намеёбӣ дилеро, ки туро ҷуст,

Туро чун ман намедорад касе дӯст!

Шавӣ бо сад ҷавон гар ёру анбоз,

Наёбӣ мисли мо як маҳрами роз.

Биё, бошем чун ду мағзи як пӯст,

Туро чун ман намедорад касе дӯст!

ҒАЗАЛҲО

Омад ишқу пора кардам ҷомаи номусро,

Як шабе хомӯш кардам то саҳар фонусро.

Гар будам шогирд ман дар мактаби волои ишқ,

Кардам аз бар то саҳар дарси канору бӯсро.

Ончунон зебову дилбар дар назарҳо гӯиё,

Зиндагонӣ карда дар бар ҷомаи товусро.

Буд назаргоҳи дилам чоки гиребонаш басо,

Ҳамчунон ки рахнае бошад азиз маҳбусро.

Неъматуллоҳ, ёфтам вақте хабар з-анҷоми умр,

Аз алам бар тан намудам ҷомаи афсӯсро.

***

Ин чӣ ҳоле, ки маро берун зи манзил кардаӣ,

Ҳалқаи беруни дар, дар хонаи дил кардаӣ.

Мавҷ аз шавқи фузун қомат ба боло мекашад,

Ҳамчу дарё қалби мо побанди соҳил кардаӣ.

Шамъаму худсӯзӣ бошад кори ман андар ҷаҳон,

Аз чӣ сӯзӣ, ҷони ман, нисбат ба қандил кардаӣ.

Сӯзани ёдам ҳаме чоки гиребонат бидӯхт,

Дар раҳи кӯйи адолат баски одил кардаӣ.

Об гаштӣ аз фироқаш рӯзу шаб монанди шамъ,

Неъматуллоҳ, шамъи рӯяш шамъи маҳфил кардаӣ.

***

Аз ниҳоли орзу чашми самар дорем мо,

Сабз гардад, то ки он аз ҷон гузар дорем мо.

Киштии мо аз ҳубобу даҳр дарёи азим,

Аз насими раҳгузар ҷон дар хатар дорем мо.

Уқдае гар риштаро дар чашми сӯзан боз дошт,

Уқдаҳо дар ҷону дил, азми сафар дорем мо.

Гул ба сар гар парда аз шабнам кашид аз шарми мо,

Дӯстдори шарминонем, ин ҳунар дорем мо.

Неъматуллоҳ, хирмани некӣ агар бар бод рафт,

Боди некӣ мевазад онро назар дорем мо.

***

Дар шаби ялдои пирӣ ишқи ёр омад зи нав,

Дил ба ёдаш навҳагар ҳамчун ҳазор омад зи нав.

Эй, басо кардам ба болин арзи дил, ки оқибат,

Ашки чашмонам ба рӯям шашқатор омад зи нав.

Ё ба хомӯшӣ шунид ар арзи ман ҳар лаҳзае,

Ҷон ба лаб аз шавқи дил баҳри фирор омад зи нав.

Кӯзаи сабрам шикаст аз санги бесабрии ӯ,

Беқарориҳо ба ҷони беқарор омад зи нав.

Бо ҳама ин бесару сомониҳои зиндагӣ,

Неъматуллоҳ, давраи авҷу барор омад зи нав.

***

Ба базми шоирон шеъри равон бояд,

Ба базми ошиқон қалби ҷавон бояд.

Саре, ки чарх мегардад зи мастиҳо,

Канори дилбару шаб бекарон бояд.

Барои нотавонбинон дар ин олам,

Хатои мо ва ё нуқсе ба ҷон бояд.

Шавад осон гиреҳи ҳар ҷабин ар во,

Валекин уқдаи дилро замон бояд.

Шаҳи шаҳватпарасти ишқро, Неъмат,

Канори дилбарони безабон бояд.

***

Масту мадҳушам намояд мавҷи дарё кокулат,

Банди дил бастам ба бандаш, банди дунё кокулат.

Марзи қалбам буд дашти бегиёҳу бефурӯғ,

Ҳусн овард аз баҳорон – нахли зебо кокулат.

Буд аъмо чашми ман, аз он надидам рӯйи ту,

Мисли марҳам кард осон дидаам во кокулат.

Мисра-мисра хонда байти кокулатро ин замон,

Шеър гӯям, шеъргӯе карда моро кокулат.

Ҳамчу море, ки бихобад дар бари ганҷе ниҳон,

Дар пасу пеши сарат бинмуда маъво кокулат.

Неъмататро бо ҳазорон ҷилваҳо, эй ҷони ман,

Уқда бар дил, дард бар ҷон карда кайҳо кокулат.

***

Диле пур аз шарар дидему рафтем,

Гулеро борвар дидему рафтем.

Ғуборолуда буд абри баҳорон,

Замин зери хатар дидему рафтем.

На моро як хатар аз ранҷи деҳқон,

Вале бори шаҷар дидему рафтем.

Ҳама аз сӯзи дил боре надорем,

Шафақ вақти саҳар дидему рафтем.

Ба даври гардиши ин чархи каҷрав,

Чӣ буд бори дигар дидему рафтем.

Аё Неъмат, ба ҳар ҷое, ки будем,

Адабро тоҷи сар дидему рафтем.

МУХАММАСҲО

Бар ғазали Фарзона:

Сухан алмоси рахшон шуд, Аҷам бедор мегардад,

Ҷаҳон яксар ғазалхон шуд, Аҷам бедор мегардад,

Хирад моро саробон шуд, Аҷам бедор мегардад,

“Ҷарас лабрези афғон шуд, Аҷам бедор мегардад,

Зи ҳар лаб бонги исён шуд, Аҷам бедор мегардад”.


Ба рӯйи тахтаи нотахти даврон рандае омад,

Пайи таъмири дунёи куҳан созандае омад,

Ҳуқуқи лаб кушуданҳо барои бандае омад,

“Дар ин хомӯшии мурда паёми зиндае омад,

Ки дар мурдоб тӯфон шуд, Аҷам бедор мегардад”.


Зи қаъри қарнҳо омад садои Ҳофизу Сино,

Ҳамегуфтанд: “Бадбахтед, эй авлоди бепарво,

Зи ғафлат дида бикшоед агар бошед насли мо”,

“Таҷаддуд омаду эҳё, Фаридун омаду Доро,

Таҳамтан дар Самангон шуд, Аҷам бедор мегардад”.


Дарида пардаи шаб субҳ аз кӯйи ҳаёт омад,

Ва Оби зиндагӣ моро зи сарҷӯйи ҳаёт омад,

Машомамро зи нав, Неъмат, аҷаб бӯйи ҳаёт омад,

“Намози бомдод омад, такопӯйи ҳаёт омад,

Ҳадиси хоб поён шуд, Аҷам бедор мегардад”.


Бар ғазали Ҷонибек:

Бе ту, ҷоно, умри ман як лаҳза хобе будааст,

Ин ҷаҳон пеши назар қасри харобе будааст,

Бе ту ишқу ошиқӣ танҳо саробе будааст,

“Бе ту, ҷоно, зиндагӣ ҷонро азобе будааст,

Бе ту тори қалби моро печутобе будааст”.


Ханда дар лаб дорам, аммо, хандаи мастона нест,

Шодӣ аз мулки дилам гӯйӣ мисоли турна хест,

Бе ту корам дар ҷаҳон танҳо ҳамин оворагист,

“Рӯзи ман равшан, вале дар олами дил тирагист,

Чеҳраи хандони ту худ офтобе будааст”.


Тира метобад ба чашмам чеҳраи тобони шед,

Дил ҳамеларзад зи боди ёди ту чун барги бед,

Бол накшояд дигар болои сар мурғи умед,

“Хор метобад ба чашмам ҳар гули сурху сафед,

Бе гули рухсораат дунё харобе будааст”.


Менависам мисраҳо аз ҳасрату хории дил,

Менависам қисса аз аҳду вафодории дил,

Ёди ту бошад маро боис ба бедории дил,

“Интизориро шуморам маҷмаи зории дил,

Бадтар аз ҷон кандан ин ҳарфи китобӣ будааст”.


Дар дили шаб дидаамро шӯълаи ахтар занад,

Мавҷи дарёи хаёлат ёди ман аз сар занад,

Ҳосили хушки маро ҳар лаҳзае ахгар занад,

“Аз ҳама ҷабру ҷафоҳо инқилобе сар занад,

Ишқро ҳам аз ҷафоҳо инқилобе будааст”.


Ишқ меросе ба мо аз Одаму Момо Ҳаво,

Ишқварзӣ гар набошад дар ҷаҳон кори хато,

Ишқ дар дил шӯълае аз шӯълаи меҳру вафо,

“Обрӯ аз обрӯйи ишқ гирад ибтидо,

Обрӯе ғайри он мисли саробе будааст”.


ДУБАЙТИҲО

Хами абрӯйи ту чавгони ишқ аст,

Ду чашмат чашмаи армони ишқ аст.

Чӣ мепурсӣ зи ман, ки шеъраке гӯй,

Чу ҳар ҳарфи ту як девони ишқ аст.

***

Маро бо шавқи афзун офариданд,

Мисоли лола дилхун офариданд.

Куҳан шуд қиссаи Лайлою Маҷнун,

Маро вориси Маҷнун офариданд.

***

Муҳаббат қосиди армони дил аст,

Муҳаббат ҳосили исёни дил аст.

Заифонро набошад раҳ ба ин баҳр,

Муҳаббат латмаву туғёни дил аст.

***

Ба дил шавқи фузун аз ёди Наврӯз,

Шудам дилдодаву дилшоди Наврӯз.

Хушо он лаҳза, ки бӯйи ду зулфат,

Машомамро расад аз боди Наврӯз.

***

Гули рӯят бувад наврӯзии ман,

Тамошоят гаҳи фирӯзии ман.

Худоро илтиҷо дорам шабу рӯз,

Лаби лаъли ту гардад рӯзии ман.

***

На ҳар рӯзе бувад рӯзи ману ту,

На ҳар моҳе шабафрӯзи ману ту.

Ғанимат бишмарам ғамро, азизам,

Ки поёнаш бувад рӯзи ману ту.

***

Худоё, дар само як ахтарам кун,

Ва ё чашми нигини дилбарам кун.

Муҳаббат гар гунаҳ бошад, пас аз ин,

Ҳама бори гунаҳҳо бар сарам кун.

***

Туро, ки нуктапардоз офариданд,

Ба дасту дидаи боз офариданд.

Аё одам, дар ин дунёи пурроз,

Туро сар то ба по роз офариданд.

***

Насими нарми гулбез омаду рафт,

Ҳам ин фасли хазонрез омаду рафт.

Ҷавониям ба марзи рӯзгорон,

Савори аспи Шабдез омаду рафт.

***

Ғами поиз беҳадду канор аст,

Дилам дар нола ҳамдарди ҳазор аст.

Биё, як чорае андеш в-арна,

Бароям зиндагӣ бор аст, бор аст.

***

Зи рӯят мерасад бӯйи баҳорон,

Гумонам, кокулонат обшорон.

Дубайтиро аз он гӯям, ки монад,

Ба байти обдори абруят, ҷон.

***

Зи ҳарфи мо хатои мо биҷӯянд,

Ба қасди мо ҷафои мо биҷӯянд.

Раҳи водии хомӯшон чу гирем,

Ба сад армон садои мо биҷӯянд.

***

Ғами олам саросар гуфтӣ, Ҳофиз,

Ҷаҳонро бо сухан бигрифтӣ, Ҳофиз.

Намедонам, ки бо қалби пурошӯб,

Ба зери ин замин чун хуфтӣ, Ҳофиз?

***

Туро бо шеъри тар шайдо кунам ман,

Туро дилдодаи дунё кунам ман.

Ба вақти рафтани ҷон аз танам, кош,

Туро болои сар пайдо кунам ман.

***

Шабе, эй дил, биё, дамсози ман шав,

Зи боби ошиқӣ ҳамрози ман шав.

Шаби ҳиҷрони моро интиҳо бахш,

Биёву субҳи нав оғози ман шав.

***

Бирезад бар сари мо барфу борон,

Гаҳе нури маҳу хуршеди тобон.

Чӣ мепурсӣ, зи умрат чанд рафта,

Ба қадри умри барқ аст умри инсон.

Поён

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.