Зодрӯзи Хайём

18.05.2018

Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!

В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,

Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!

Дарҳол донистед, ки ин рубоӣ моли кист! Оре, бе шубҳа,  рубоиёте амсоли ин ба хомаи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ тааллуқ дорад, ки айнан ҳамин рӯз – 18 майи соли 1049 ( 28 урдибиҳишти соли 428 ҳиҷрии шамсӣ), зодрӯзи ин донишманди накӯном аст.

Орзу дорам аҳли форсизабони ҷаҳон бо чунин фарзанди фарзона боз ҳам бештар бинозаду биболад ва фарзандоне мисли ӯ ба ҳастии рӯшан биёварад! Ин рӯзи нек ба ҳар як инсони хушнияту донишпарвару фарҳангдӯст хуҷаста бод!

ناکرده گنه در این جهان کیست بگو

آن کس که گنه نکرد چون زیست بگو

من بد کنم و تو بد مکافات دهی

پس فرق میان من و تو چیست بگو!

امروز، 18 ماه مه، زادروز حکیم عمر خیام نشاپوریست که مصادف با 28 اردیبهشت هجری شمسی باشد. با عرض تبریک و خجسته باد به یکایک انسان های خوش نیت و دانش پرور و فرهنگ دوست، آرزو دارم اهل فارسی زبان جهان با همچنین فرزند فرزانه بیشتر و بیشتر بنازند و ببالند و فرزندانی مثل او به هستی روشن اعطا کنند!

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.