Розу ниёзи дӯстӣ

21.06.2018

“Мо соатҳои дароз метавонем дар бораи дӯстию ҳамдилӣ гап занем, вале акнун фурсат расидааст, ки ба корҳои амалӣ гузарем, дасти дӯстиро бо дастовардҳои дардхури миллатҳо ба ҳамдигар расонем...” – мегӯяд Ҷамшед Пиримов, шоири ӯзбекзабони тоҷикистонӣ.

Дирӯз, 20 июни соли 2018,  дар студияи наворбардории шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон-24” дар Тошканд бо меҳмонони тоҷикистонӣ – намояндагони фаъоли Созмони миллии фарҳангии ӯзбекони вилояти Суғд, ки бо сарварии шоиру рӯзноманигори шинохтаи ӯзбекзабон сармуҳаррири маҷаллаи “Шарқнома” Ҷамшед Пиримов ташриф оварда буданд, як нишасти гуворо ва хотирмон доир гардид. Дар ин вохӯрӣ равшанфикрони марказҳои мухталифи миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон, кормандони рӯзномаи ҷумҳурии “Овози тоҷик” бо раҳбарии Шерпӯлод Вакилов ширкат варзида, бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ дар мавзӯи дӯстию ҳамгароӣ, имконоти мавҷуди иҷтимоиву маънавӣ дар кишварҳои худ, равобити адабиву ҳунарӣ суҳбатҳои гарму дилнишин ва баҳсу мунозираҳои судманд  анҷом доданд.


2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.