1-уми сентябр - Рӯзи Истиқлол

30.09.2018

Ба мардуми озодихоҳ Истиқлол муборак!

 Садду бандҳои марз аз ҳам пошида шуд, мардум дасти дӯстиву ҳамзистӣ ба якдигар дароз карданд, ҳазор-ҳазор хонаводаи хешу ошно ба дидори ҳам расиданд, миллати тоҷик, ба вижа, дар сарзамини бостонию аҷдодии худ, ки онро аз ду ҷониб рӯдхонаҳои босафои Ому ва Сир ба оғӯш мегиранд, нафаси осуда кашид.

 Имсол 27-умин солгарди ҷашни истиқлоли Ӯзбекистон бо ин гуна вафою сафои рӯзгор тавъам омад ва пиру барно ба ояндаи нек бо нигоҳи умедвор дида андӯхтанд. Эй кош, дӯстӣ бошаду сулҳу меҳру муҳаббати инсонҳо ва калиди муҳркушои ҳар гуна қадру қимати ҳастӣ ва бобҳои маънавию фарҳангии аз дастрафта!

 Имрӯз, 1-уми сентябр ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистонро намояндагони даҳҳо миллату қавми муқими кишвар дар назди бинои Созмони миллию фарҳангии ҷумҳурӣ бо ироаи дастурхонҳои густурда, намоиши ҳунарҳои миллӣ, рақсу бозӣ ва овозхониҳои мардумӣ истиқбол намуданд. Миллати тоҷикро дар ин ҷашн Маркази миллию фарҳангии ҷумҳурӣ ва шаҳри Тошканд – Шарофатбону ва Маъруф Отахонзода бо гӯшаи идона, тазйиноти ҳунарҳои мардумӣ, шириниҷот, меваҳои тару тоза рӯнамоӣ карданд ва дар барномаи ҳунарӣ ҳам бо овози Гулнора Ҳамдамова оҳангҳои тоҷикӣ садо дод.

 Саҳни бинои Созмони миллию фарҳангии ҷумҳурӣ бо роҳравҳои музоикшуда, қитъаҳои гулпӯшу дарахтҳои пасту баланди ороишӣ, фаввораи бузурги “раққосу ҷилвагар” ва (намедонам барои чӣ) бо муҷассамаи шоири рус Пушкин зеб дорад...

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.