Бузургдошти Саъдӣ
21.04.2016
Ҳар сол 20-уми моҳи апрел ба унвони Рӯзи бузургдошти Саъдӣ дар саросари Эрон таҷлил мешавад. Ин лаҳза Шайхи аҷал(л)-ро ёдовар шудаму яке аз шеърҳои ноби ӯ вирди забон омад:
Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯйи диловези ту мастам?
Бигуфто, ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.
Камоли ҳамнишин дар ман асар кард,
Вагарна, ман ҳамон хокам, ки ҳастам.
Дар боби “Сафарнома”-и вебсайти камина ёддоштҳои ҷолибе дар хусуси Шерози куҳантаъриху “Саъдия”-и биҳиштосо омадааст...
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутка тикток