ОРЗУҲОИ НИМАРОҲ

Поси хотир

Агар Ҷамоли Орзумурод се моҳи дигар мезист, синни шастро пур мекарду бознишаста мешуд. Сад афсӯс, ки ин марди олиҳиммат, зодаи шарафманди деҳаи Эҷи бостонӣ, дӯстдори миллату миҳан аз пайи садамаи худрав ба марги муфоҷо рӯ ба рӯ шуд ва ногоҳ, ҳама наздикону дӯстону ошноёни худро дар ғафлату шигифти бепоён гузошта, ба дунёи охират реҳлат намуд.

Ҷамоли Орзумурод чандин сол раёсати ҳисобдории яке аз калонтарин ширкатҳои чорводории ноҳияи Нурато – хоҷагии ҷамоавии “Нурато”-ро, ки бо пашму пӯстҳои волосифати қарокӯлии худ маъруф аст, ба уҳда дошт. Гузашта аз кори раҳбарӣ, намояндаи мардумӣ буд, дар тамоми кору тадбирҳои мардумиву иҷтимоӣ фаъолона ширкат меварзид, марди бениҳоят саховатманд ва дӯстдоштаи аҳли куҳпояи Нурато буд.  Ӯ 6-уми январи соли 1959 зода шудааст ва рӯзи даргузашташ ҳам ба таърихи 26-уми сентябри соли 2018 мусодиф омад.

Новеллаи “Орзуҳои нимароҳ” ба хотири ёдбуд, перомуни рӯзи вафоти Ҷамоли шодравон иншо шудааст.


ОРЗУҲОИ НИМАРОҲ

(новелла)

– Додарат наомад, Ҷамолҷон?

– ...

– Чаро ин қадар дер кард? Охир, гуфта будӣ, вақти хазонрезӣ меояд. Бубин, дар шохи дарахтон барг намондааст, рӯйи ҳавлиат ҳам заб-зард... Аз Комилҷонам бошад, ҳанӯз дараке нест...

Ҷамол гӯшу ҳуш ба модар, коғазҳои ҳисобдориро ҷамъ карда дар пӯшаи дугмадор андохт ва дар ҳоле, ки намедонист ин дафъа пазмонии модарро аз чӣ роҳе пасанда кунад, боди ғусса ба дарун кашид. Бо нӯги ангуштон пешониашро молида, аз ҷойи нишаст, ки поҳояшро ҷамъ карда дар пойгаҳи хона чорзону мезад, ба модар рӯ гардонд. Аз шишаи муҷаллои тиреза як даста нури хуршед оташгуна ба дарун меборид. Ин мавҷи нур дар роҳи нуфузи худ ба як қабза мӯйи парешони модар, ки сап-сафед буду аз чакаки рӯ ба поин мешорид, бархӯрда, ранги нуқраӣ мегирифт ва чеҳраи пур аз ожанги аз боду борони зиёд обхӯрдаи сиёҳтобро ҷилои симин мебахшид. Чашмони нимапӯши модар ба берун хира шуда, аз торикии хаёл ба сӯйи нишемангоҳи  пайки тоза роҳ меҷуст. Ҷисми наҳифи худро ба лабаи тиреза часпонида менишаст, аз пайи бедармонии пою дастони кашола ёрои ҳаракат надошт.

Ҷамол аз ҷо хест. Ба назди модар омада зич дар канораш нишаст, бо муҳаббат панҷа бар китфи ӯ гузошта ба бағал зер кард ва базӯр лаб ба сухан кушод:

– Меояд, оча... – гӯё хоре дар гулуяш халид,  чеҳраи башшоши додари ҷавонмарг дар сафҳаи хаёл падид омад, бо пушти даст оби дидаи ба гунаҳояш таровидаро пок кард.

– Ту ҳам меравӣ, ҳеҷ кадомат ба ман коре надоред, – модар ба берун дида дӯхта менишаст, намехост аз баргу хазони заррин чашм бардорад, – аз дасти шумоён умрам хазон шуд.

– Ин хел нагӯ, оча, ман ҳамеша дар канорат ҳастам, ба ҳеҷ куҷо намеравам! – агарчи модар як сари мӯ аксуламале ба ҳарфҳояш нишон намедод, Ҷамол гапзанон аз дӯшу сару гардани ӯ бо хумор бӯ кашида, лоилоҷ сари по хест ва барои расидан ба корҳояш хонаро тарк кард...

Ҷамол бо духтари хурдиаш ба маркази ноҳия – шаҳри Нурато рафтанӣ буд, мебоист пули донишгоҳи ӯро ҳавола кунад, вале ёди деҳа, тавофи хокҷойи бародари ҷавонмарг ба ҳушу зеҳнаш чира шуд. Чун фаҳмид духтари омӯзгораш ҳанӯз аз мактаб наомадааст, дасти фармонро  аз шаҳраки Авлиё ба ҷониби зодгоҳ тофт.

Худрав бо суръат ба пеш медавид. Дар моварои гӯш “гув-в-в” садои якмароми он менишаст. Ҷамол озод аз чамбараки фармон дошта, дасти хаёл перомуни духтараки асалаш гузошт. Рухсори гарму табассумҳои меҳрогини ӯ ба дилаш фараҳ бахшид, аз дил гузаронд: “Эҳ, Худоҷон, чӣ қадр меҳрубону карим ҳастӣ! Асалакам аз пайи бародари худ рафт, бо бакалавр қонеъ нашуда омӯзиши олиро низ пай гирифт. Магар осон аст донишҷӯйи донишгоҳи Сингапур шудан?!”. Оре, бародараш низ Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияро хатм карда, омӯзиши олиро дар Малайзия фаро гирифта буд. Ҳоло дар Аморот машғули кор аст. Ҳамин дишаб аз тариқи интернет ҳамсуҳбат шуданд. “Ҷалолҷон, биё писарам, ҳамин қадар таҷриба ҷамъ кардӣ бас. Имсол бознишаста мешавам, ҳама соҳибкориро ба ту месупорам, ин тарафашро худат бин”, гуфта буд ӯ. Вале, посухи писар аз он ки “меравам” гӯяду хурсанд кунад, бештар дилхушкунанда буд: “Додоҷон, метавонед табрик гӯед, бароятон хабари хуш дорам! Имрӯз маро ба унвони мудири намояндагии ширкатамон дар Ал-Айн таъйин карданд. Мудириятро ҳам нағзакак ёд гирам, Худо хоҳад, ба наздатон бармегардам”.  Ҷамол нафаси роҳат кашид. Бо ҳисси ин, ки боғи муҳаббаташ меваҳои ширину ширадор ба бор овардааст, дар худ болид. Шишаи чапро поинтар фаровард. Вазиши ҳавои сарди мулоим ба ҳаловати вуҷуди ӯ афзуд.

Худрав аз як сӯ дашти бепоёни  хушку холӣ ва аз ҷониби дигар доманаҳои кӯҳии сарсарӣ пур аз сангро дар пушт гузошта бо суръат ба пеш медавид. Ана, аз самти рост деҳаи нозанини Сойхурд намудор шуд. Ба назар мерасид, нозу намои дилфиреби  он ҳоло костааст, аз дасти фасли хазонрез боғоти сарсабзаш хушку сиёҳгунаву урён шудаанд. Танҳо он чӣ ҳусни деҳаро медарорад, чошу пареш хонаҳои деҳотиён аст, ки бо вуҷуди дурдастӣ аз шаҳрҳои обод дару дарвозаю бомҳои худро бо диди хос ва намоҳои ҳарранг оро додаанд. Ҷамол нигоҳе тӯлонӣ ба ин деҳаи дӯстдоштааш андохту яке аз надоштани нишоти баҳоронаи он дилтанг шуд. Дубора дида ба роҳ дӯхт, хаёлаш ба хотирот панҷа зад. Дар пеши назар симои андӯҳгини духтари бузургаш падид омад. “Дилбанди озордидаам, – зери лаб пичиррос зад ӯ, – асло ғам махӯр, ман туро аз дасти ҳар гуна дарду ранҷ наҷот медиҳам! Ҳама хушиҳои зиндагиат ҳанӯз дар пеш аст...”. Аз як сӯ, номуросоиҳои оилавӣ ва аз ҷониби дигар, бетобии духтари калониаш Ҷамолро ба гирдоби хаёл афканд...

Худрав суръати худро камкунон то хамгашти калон омаду ба самти рост, ба сӯйи Эҷ печид. Садои гардонааш(1) баландтар шуд, чун ба баландӣ мебаромад, бо уҳҳоки бештар зӯр мезад ба тезии худ биафзояд. Дар пешорӯйи Ҷамол ҷамоли коҳидаи зодгоҳаш бо ҳусни афсурдаи тирамоҳӣ намудор гардид. Бо ҳама коҳидагӣ ин зодбуми куҳнапӯш барояш бениҳоят азиз аст, ҳар як пайроҳааш, роҳҳои хокбодию мумфаршнашудааш, чашмаҳои камобу доманакуҳҳои урёнаш, ҳар як инсони содаи дидадарояш бо  узри тиҳидастию дасткушодӣ мукаррам аст. Дар ҳоле, ки дидори додарро ёд кардани модар ҳар як тору пайи пайкарашро ба раъша оварда буд ва аз субҳ инҷониб дар дили худ пӯкиеро ҳис мекард, ҳарчи зудтар хост ба қабристони деҳа расад. Аз гузари Пиритурк гузашт, дӯнгии Тепилелокро низ паси сар кард ва ҳамзамон бо дида шудани пештоқи нақшини гӯристон суръати мошинро коҳиш доду аз роҳи дастрасӣ бағал-бағали ҳифози симин ба самти хокҷойи авлод сарболо шуд.

Гузари хомӯшон... Гӯиё паша пар намезанад, вале насими фораме аз дараи бағалдасти пушта сару рӯро палмосида мегузашт. Хӯша-хӯша алафҳои ёбоӣ ва аҳёнан баргу шохаҳои ниҳолони бодоми сабзондаи Аҳмадбобо бо ноз алвонҷ мехӯранд. “Ассалому алайкум, ё аҳлал-қубури”, дар дил хонд Ҷамол ва наистода то назди хокҷойи авлод омад. Як дам сари ҷо рост истода, бо нигоҳи сатҳӣ деворҳои пасти мустатилӣ ва сангҳои сари гӯрҳоро аз хатти назар гузаронд. Ба маҳзи дидани девору санги навтарин ба он ҷониб шитофт, катибаи лавҳи ёдгорӣ ба дидааш тофт, ки гӯё хуни дилу ашки азизон ба рӯйи санги хоро рехта, ба унвони рози ниҳон ҳак шуда буд. Дилаш таҳ хӯрд, таҳи мижгонҳояш лиқ-лиқи оби дида шуд, овозашро ба дарун хӯрда, рӯ-рӯйи девораки қабрро бо кафи даст палмосида баромад. Чанд дона сангчаю хасу хори ба назар изофӣ намударо ҷамъ карда аз рӯйи гӯр ба замин андохт ва пушт ба қибла дар канори лавҳи ёдгорӣ нишаст. Бо садои каме ларзон, овоз бароварда сураи “Фотиҳа”, чанд ояти сураи “Мулк”-ро хонд, савоби оятҳои раббониро ба арвоҳи ҷамиъи гузаштагон ҳавола кард ва бо имон ба Офаридгор даст аз рӯйи гунаҳояш кашид. Худро каме осуда дида, дубора ба лавҳи ёдгории додар рӯ овард, дар хаёл бо ӯ ба гуфтугӯ даромад: “Додарҷонакам, рӯҳат шод бод, даргузашти туро ба модарам гуфтаам, вале ҳанӯз ки ҳанӯз намехоҳад ба ин хостаи Парвардигор тан диҳад. Имрӯз ҳам туро ёд кард, ба роҳат нигарон аст, ман бошам лолу бечора мондаам, чӣ гӯям ба ӯ? Додарҷони мусофирам, аз пайи ризқу рӯзӣ ба як гӯшаи дури олам рафтӣ, ҳамон, аз хона баромаданатро оча медонаду халос, ҳанӯз ҳам чашм ба роҳи рафтаат аст. Бо ёди дидори ту дилаш хунобу дидагонаш хира шудаанд, ҳеҷ дармоне на дар дасту пояш дораду на дар камари ноустувораш. Додараки ҷавонмаргам, Худо мағфират кунад, имрӯз ҳам азмам бар ин аст, ки реҳлати туро ба очаҷон бозгӯй кунам, дигар таҳаммули интизориҳои ӯро надорам, сахт метарсам, ки рӯҳаш коставу равонаш холӣ гардад. Маро бубахш, ором бихоб, азизам...”.

Бо тавофи хокҷойи рафтагон Ҷамол сабук шуд гӯё, аммо ҳамин ки аз дарвозаи хурдаки қабристон пой ба берун мениҳод, дар вуҷуди хеш дилвопасиеро ҳис кард. “Эҳ Худоҷон, худат дар паноҳат нигаҳ дор”, беихтиёр аз мағзи дил овоз баровард ӯ. Бо як ҷаҳиш ба мошин нишаст ва аз роҳи омадааш ба поин сарозер шуд. Ба роҳ афтиду яке ҳушдори додарарӯс ба хотираш зад, ки чанд рӯз пеш гуфта буд: “Анору беҳиҳоям тамом мешавад, тезтар омада баред, додӣ. Нашавад, ки фардо намонаду “ман бенасиб мондам” гӯён маро айбдор кунед?!”. Ҷилави мошинро дар роҳи пур аз дастандоз ба самти болооб гардонд. Дар ҳоле ки мошин ба пеш мехазид, хаёли Ҷамол побанди майдони бозии бачаҳо гардид, ки шавқуну ҳаёҳуйи бозингарон ҳатто аз он бари сой ба гӯш мерасид. “То Наврӯзи нав бароятон варзишгоҳи нав месозам, – аз қирраи чашм футболбозонро тамошокунон дар дил ба сухан омад ӯ, – бошад ки, аз соҳибкориам ин подошие барои ҳамдеҳагонам гардад! Майдони бозиро тахту ҳамвор карда, ба сатҳаш регу шағал мекашам ва рӯяшро бо рӯкаши сабзи футболӣ мепӯшонам. Дар самти рост барои тамошобинҳо рад-рад нишастгоҳҳо шинонда соябон ҳам дуруст мекунам. Албатта, гирдогирд, чор атрофашро бо тавораи баланди тӯрӣ мебандам...”. Аз канори чашмаи Дарифеҷак ки мегузашт, чанд кас ба сӯяш даст бардоштанд, ӯ низ ба маънии алейк бо лабханд сар хам кард. Як зани солманд ба тори сар як сатил ва дар канори ӯ арӯсаш буд, зоҳиран, ду сатил дар даст об бардошта мерафтанд. Ҳар ду вайро дида дар лаби роҳ воистоданд, бо изҳори сипос ба онҳо низ лабханд зада гузашта рафт.

Аҷаб падарарӯси олиҷанобе дошт Ҷамол! Бар замми он, ки муҳандиси аршади колхоз буду ӯро дар тамоми ноҳияву вилоят ҳамчун коршиноси ҳирфаӣ мешинохтанд, ӯ бо ҳазлу мутоибаҳои дилнишин доди суханро медод.  Нишасту маъракаҳо аз лутфи шакарнамҳояш бонишоту тарабангез мегузашт. Гузашта аз ин, деҳқонӣ ҷону дилаш буд! Дар миёни боғбонҳои асили чашмикордони куҳпоя ӯро низ бо ангушт мешумурданд. Ҳоло Ҷамол дар боғчаи ба мерос гузоштаи падарарӯс, ки дастикам ҳар фасли сол аз неъматҳои кишоварзӣ холӣ намегашт, қадамзанон рӯҳи тоза гирифт. Додарарӯси ширинкор аз ӯ қафо намонда, бо меҳр шохаҳои мевадорро сила мекард, ҳарчи бештар аз таърифи анору беҳиҳои боғ даҳонаш доғ мешуд. Ҷамол дидаравон ба васфу ситоиши ӯ афзуда гуфт:

– Аз пухтан пӯсти ин анорҳои бечора чок шудааст!

– Чок шудан фақат пухтан нест, додӣ, – ҳамоно риштаи суханро ба даст гирифт додарарӯс ва ёзида як дона анорро канду аз маҳалли чокии пӯст ду қоқ кард, – шумо аввал ин донаҳои марворидиро бихӯред, баъд мефаҳмед дар зери пӯстҳои чок боз чӣ лаззате пинҳон будааст, бифармоед!

Рӯ ба рӯйи Ҷамол сиёҳдонаҳои муҷалло лахчасон рӯ боз карданд, беихтиёр аз даҳонаш об омад. Ин оби мазаро ба ҳалқ фурӯ бурда, андешаманд ба сухан пардохт:

– Додоят мегуфтанд, анор ёқути биҳишт аст. Таъми майхушу маласӣ(2) ва обдории он таку беҳамтост, дар устураҳои пешин онро мазҳари фаровонӣ ва борварӣ ва ҳатто муқаддас мехондаанд!

Додарарӯс ҳарфҳои ӯро тасдиқкунон як халтачаро бо анор пур кард ва ба самти дарахтҳои пурбори беҳӣ роҳ пеш гирифт. Ӯ дар назди нахустин дарахт таваққуф намуда, як шохаи пурбори онро, ки шояд ҳашт-даҳ адад мева дошт, ба поён хам кард ва гуфт:

– Гумон накунед ин меваҳо рангпаридаву хокианд! Бенурии беҳии бечора аз дасти ин пурзу патҳое аст, ки вайро пӯшондааст, – додарарӯс ду дона беҳиро оҳиста аз муғҷа ҷудо кард ва якеро ба дасти Ҷамол дода, дигареро худаш бо лабаи доман пок кард. Ҳамоно дар кафи дасташ гӯё як хафчаи(3) зар ҷило дод.

– Баҳ, баҳ! – дубора оби даҳон фурӯ бурда ба завқ омад Ҷамол ва рӯмолчаашро аз киса берун кашида беҳии дасташро пок кард. – Ин боғи шумоҳо як гӯшаи биҳиштист, додар, ҳар кӣ ин меваҳоро таматтуъ кунад, бегумон, ба фирдавси барин меравад!

– Бихӯред, додӣ, натарсед шах намекунад, беҳии обдор аст, таъми асал дорад, – бо ин муҳобо додарарӯс ба пур кардани халтачаи дигар пардохт...

Ҷамол аз зиёрати боғу дари падарарӯс ҳаз бурд, дар ниҳояти хушҳолӣ бо додарарӯс, ки бо меҳр халтачаҳои анору беҳӣ ва чанд дона кадуро дар сандуқи ақаб андохта монд, хайрухуш карду ба паси фармон нишаст.  Садои худрав дигар кам буд, чун аз гузари Болоибохо ба самти поёни деҳа сарозер мерафт, азияти гардонаӣ надошт. Ҷодаи пур аз печу хами мошингард аз самти чап ба доманаҳои кӯҳии сангпӯш ва аз ҷониби рост саросар ба нишеби тезе, ки дар поён ба хонаю кулбаҳои шиферпӯшу пуштибоми гилӣ ва боғоти сокинони деҳа мерасид, часпида, роҳравии худравро мушкил месохт. Ба вижа, дар баъзе хамгаштҳои махуф ронанда маҷбур мешуд каме худравро нигаҳ дораду ба пеш таваҷҷуҳ кунад ва гӯш диҳад, ки рӯ ба рӯ мошин ё колаи дигар меояд ё не. Бо ин ҳол, ҷодаи шинос Ҷамолро нигарон намесохт, балки дар ин лаҳза санглохию дастандозҳои зиёдаш ӯро нороҳат кард. Бо ин эҳсос рафтаравон оғуштаи хаёл шуд: “Аз пайи варзишгоҳ тарҳи дигарам навсозии ҳамин ҷодаи деҳаам хоҳад шуд. То ин ҷо, ки расидаам, аз Худо мехоҳам, сармояи ғун кардаам барои аҳли зодгоҳам харҷ гардад. Аз даҳана то Болоибохо як фарсах бештар нест, душвор ҳам бошад, софу суф мекунонам, асфалт мерезам. Эҳ Ҷамол, ҳар гоҳ ба ҳамин ниятҳоят расидӣ, ту хушбахтӣ, беармон аз ин дунё рахт мебандӣ! Парвардигоро, аҳли азизи зодгоҳамро дар амонат нигаҳ дор!”. Худрав гӯё илтиҷоҳои соҳибашро мешунид, беовоз, ба дуруштию ноҳамвориҳои роҳ гардан хам карда, гоҳе сусту гоҳе тезтар якмаром чарх медавонд...

Вақте ки дасти фармони худрав дар даҳанаи деҳа аз сари шоҳроҳ ба самти Авлиё печид, роҳи мумфарши софу паҳн дар назари Ҷамол чун тасмаи беохир намудор шуд. Аз даричаи бағал ҳавои матбӯи поизиро то мағзи ҷон нафасгирон худро хеле сабук ҳис кард, мисли ин ки чун мурғи озодболе андар самои беғубор пар мезад. Ӯ бо як чашмандозӣ дашту саҳрои бепоёнро бар рӯйи шабакияи дидагонаш мутаҷассим дид ва беихтиёр аз он, ки дар соҳибияти ин қитъазамини бекарон ширкати бузурги чорводориашон саҳмгузор асту ӯ ба ҳисобу китоби ин ширкат раёсат мекунад, аз мағзи дилаш ҳисси ифтихор туғён зад. Ба хотир овард, боре раиси ширкат Ҳазратҷон бо эътимод ба ӯ гуфта буд: “Дуруст, ки раҳбар манам, Ҷамолака, аммо фаромӯш накунед, ҳама мудирият ба уҳдаи шумост ва кори банда низ фақат пуштибонӣ аз шумо”. “Аммо...”. “Ҷойи аммо нест, – сухан аз даҳонаш гирифта буд раис, – шумо шогирди ҳисобдори маъруф Мустафои Раҳим, аз дастпарварони қаҳрамони меҳнат Зайниддини Амониддин ҳастед ва бо он ҳама донишу таҷрибае, ки андӯхтаед, ҳама корро роҳат тартибу сомон мебахшед. Ман дар ин ширкат танҳо ба шумо бовар дораму такя мекунам!”. Ин эътимоди сарвар буд, ки чандин сол боз худаш дар нишасту ҷаласаҳои ноҳияву вилоят ва анҷуманҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзад, ба унвони намояндаи мардумӣ борҳо аз пайи ҳалли мушкилоту муаммоҳо дил сӯхтаву пой давондааст. Беихтиёр суҳбати ахираш бо Ҳазратҷон дар хусуси бузҳои Оренбург ба хотираш зад. “Аз буз кӣ вафо дидааст, ки мо бинем, – пешниҳоди ӯро шунида ба тааҷҷуб омада буд сарвар, – харҷи овардан ҳаст, нигаҳбонӣ, баъд, оё ба шароити мо мутобиқат мекунад он ҷинси шайтон?”. “Шумо ба ин фақири худ бовар кунеду иҷоза диҳед шуд, раис, – дар посух изҳор дошт ӯ, – он шайтоне, ки мегӯед, пеш аз ҳама бо тибити худ доди шуҳрат додааст! Касе нест, ки рӯмолҳои пухи русиро надонад, сарбанде, ки ҳанӯз аз охири асри нуздаҳ дастраси мардум гаштааст. Тибити бузҳои насли Оренбург бениҳоят нарму нозук ва кӯтоҳ аст, истиқомату таниши воло дорад, бо якрангиаш фарқ мекунад. Маҳсули бениҳоят гаронқимат аст, агар бовар кунед, арзиши тиллоро дорад!”. Раис шир фароварда пурсида буд: “Ҳар як буз чӣ қадар тибит медиҳад, ки шефтааш шудаед, медонед, барои суд гирифтан чанд сар бояд биёрем?”. Дар воқеъ, ӯ бо огоҳие, ки аз ин ҷинси чорпо дошт ва бо тамоми вуҷуд мехост ба нияташ бирасад, дар идомаи суханаш афзуда буд: “Ҳар як буз то сесаду ҳаштод грам тибит медиҳад ва то се-чаҳорсолагӣ маҳсулдиҳиаш торафт меафзояд. Ғайр аз ин, бузҳои оренбургӣ пашму шири зиёд доранд, гӯшташон бомаза аст. Дар канори ин ҳама рамаҳои гӯсфанд барои парвои онҳо низ бошишгоҳ дуруст мекунем. Дар оғози кор ҳадди ақал ҳазор сар биёрем, корамон хуб роҳ меафтад...”.  Эҳ, Ҳазратҷон! Ман чокари шумоам! Аз пайи эътимоду дастёриҳоятон инак ҳазору чаҳорсаду ҳаждаҳ сар дар роҳ аст. Худо хоҳад, дар канори пӯсту пашмҳои қарокӯлӣ бо тибити бузҳоямон низ ном мебароред, ман ба ин қавл медиҳам!...

Ногаҳон аз пешорӯйи Ҷамол калхоте башаст парида гузашт. Хаёлаш парешон шуд. Аз пайи калхот нигоҳе дурудароз ба осмони обиранг афканд. Ҷо-ҷо тӯдаҳои абр ранги обии фалакро сапедгун сохта, бо суръат ба муқобили ҳаракати худрав роҳ мепаймуданд. Офтоби заррин аз пешонӣ мезад, ҳарчи ба Авлиё наздик мешуд, чеҳраи нурпоши хуршед бештар пеши чашмро мегирифт. Бо ин ҷило роҳи васеи мумфарш ялтирос мезад, гӯё рӯди обе буду худрави ба ҳарос омада рӯ-рӯйи он лаппида шино мекард. Ҷамол ин ҳолати табиатро чандин бор мушоҳида карда буд. Пеш-пеши расидани вақти аср офтоб дуруст дар уфуқи паси Авлиё камин мегирифт ва лашкари беҳисоби анвори худро то дами шом бераҳмона рӯ ба рӯйи роҳиёни бечора ба ҳамла меандохт. Ин бор туъмаи ин ҳамла Ҷамолу худрави безабони ӯ гашта буданд. Соябони ҷилавро поин кард, бефоида. Шуои чашмгир гӯё аз сатҳи ҷода ба дида мезад. Ҳамин ки пай бурд роҳу бероҳа ба назараш яке метобад, суръати худравро коҳиш дод. Дар ин лаҳза мошини бории бадҳайбате бо ғуввоси гӯшгир аз канораш гузашта рафт. Аз шамоли он худрав алвонҷ хӯрд. Вале... Ҷамол ҳанӯз ҳавосашро ҷамъ накарда буд, ки ғайричашмдошт, дар пешорӯяш сиёҳии девмонанде, ки гӯё уқобвор ба самти туъмааш шерҷаҳ(4) мезад, пайдо шуд. “Эҳ, Худоҷон, ин чӣ бало буд?!”, як он зери лаб ғурунгид Ҷамол ва худро бе чораву роҳи халосӣ дида, бо шаст фармони худравро ба самти чап тоб дод... Вой дод!! Мисли ин ки кӯҳе таракиду дар зери гӯшпонааш садои гумбурросии баланд танин андохт, гӯё ки ӯро дар ғирболи оҳание баҳам мезаданд, тамоми сару танаш сахту пурозор ба ҳар сӯ зада такон хӯрда рафт. Ҳамзамон болиштаки имании пурбод ҷаҳида ба сари синааш часпид, вале... зарбае аз қафои курсӣ ба пушташ нишаст, ки бениҳоят дардовару ҷонгир буд. Баробари баланд шудани садоҳои номураттаби гарс-гурсу тақ-туқҳои бепоён хаёлаш гурехт, дар ҳоле ки замину осмон беист дар атрофи сараш давр мезаданд, пеши чашмонаш зим-зиё торик шуда рафт...

Як қадам ба Авлиё нарасида, дар миёни дашти синабирёни қоқ, дар зери пардаи хунолуди офтоб қитъае аз роҳи васеи мумфарш ҳоли дилозоре дорад. Худраве дар васати ҷода рӯ ба ақиб гашта, на, чӣ рӯе – фуки мачолашудае аз мушти сахти ситамгар ба саду ҳаштод дараҷа давр зада, фис-фис дуд мебарорад. Самти мусофирнишин низ ба дарун фурӯ рафта, тамоми шишаҳои ҷилаву канор реза-реза шуда ба замин рехтаанд. Дар гирду бари худрави ба сар хӯрда тикапораҳои он, капсули гози ҳаштодлитра ва гардонаи беовози ятиммонда зору ҳайрон парешон мондаанд. Дар атроф чандин адад анори синачоку беҳии ҳайрон ва кадуҳои порашуда ҳам титу питу дамдардарун мехобанд. Ҷойи нишасти ронанда аз зарбаи капсул ба дарун тоб хӯрда шакли миёни букриро гирифтааст, фармони саршикаста аз мушти фармондораш каҷ шуда ба зери пешхони(5) таракида паноҳ бурдааст ва дар миёни курсиву фармони номеҳрубон ҷуссаи леҳшудаи марди бехабар аз хостаҳои беҷойи Худояш..., э вой (!), тани маҷрӯҳу фатилашудаи Ҷамоли нокому беҳуш дар банд аст... Ду-се қадам онсӯтар аз ин манзараи хунобзой худрави дар ҳам фурӯрафтаи пачақшудаи дигаре низ бо ҳолу намои ҳузновар чаппагардон мехобад – ҳамон худрави нофармоне, ки ронандаи муътодаш дасти ҷилавдориро гум карда, бо ҳайбати девгуна рӯ ба рӯйи Ҷамоли оғушта дар ҳазору як орзуву хаёлҳои ширин баромада буд...

Ин манзараи хунук чанд тан раҳгузари савобҷӯйро аз роҳ нигаҳ дошт. Чун дарёфтанд имкони боз кардани дарҳои маҷақшудаи мошин нест, даричаи сақфи онро шикастанд ва тани беҳолу бедармони Ҷамолро берун кашиданд. Ӯ ҳанӯз талвосаи ҷон мекард! То дармонгоҳи Авлиё оварданд, вале аз дасти фақирию ночории ин “бемористон” дубора тасодумдидаи лозабонро, ки намебоист тани озурдаву захмиашро ҷо ба ҷо кунанд, ба мошини дигар гирифтанд ва чаҳорчарх ба сӯйи шаҳри Нурато шитофтанд. Ҳамроҳи ӯ ҳамсари синабирёну писари дилреш,  ки зарбаи нобаҳангоми тақдир онҳоро ангуманг сохта буд, низ буданд. Ҷамоли гоҳе ҳушёру гоҳе бехуд ҷонбозикунон то шифохонаи Нурато омад, аммо... Ҷавонмарди сахтҷону обутобёфтаи деҳотӣ бо ҳар қадар нерую тавони корой дар баробари дарди ноҳинҷору ҷонгудози муфоҷо тоб наовард, илтиҷоҳои азизонаш – тазарруъу хоҳишҳое, ки шояд ҳафтумин қабати фалакро сӯрох кунанд, то гӯши фариштаи наҷот нарасид. Ҳамин ки ҷуссаи саропо маҷрӯҳу хунолудашро ба тахти муолиҷа хобониданд, беҳолона танҳо ду-се бор “оча...оча...” гуфта тавонисту бас. Дар талошу пайкори чандлаҳзаӣ Маликулмавт пирӯз омад, вай ба одати маъмул, пас аз як “пуф-ф”-и кӯтоҳи асираш қабзи рӯҳ карду қолаби беҷону беҳаракати Ҷамоли сарсахтро ба ҳоли худ гузошт...

Ё Раб, ба фазли хеш бубахшой бандаро,

Он дам, ки озими сафари он ҷаҳон шавад.

Номе зи мо бимонаду аҷзои мо тамом

Дар зери хок бо ғаму ҳасрат ниҳон шавад...

Инна лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун(6).

______________________

(1) гардона – муҳаррик, мотор;

(2) маласӣ (малас) – туршу ширин (таъм);

(3) хафча – шӯша, тикка;

(4) шерҷаҳин ҷо: парвози бениҳоят баланд ба сони хез ё ҷаҳиши шер

(4) пешхон – панели пеши худрав дар рӯ ба рӯйи ронанда, ки дар он васоили амалкарди худрав (суръатсанҷ, таҷҳизоти савтӣ, фармон, ҳушдордиҳанда...) насб мешаванд;

(5) Ба тоҷикӣ: Мо аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бозмегардем.


2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.