Пайғом

Пайғом номи мустаори омӯзгор, рӯзноманигор ва адиби ӯзбакистонӣ – Тӯхтамиш Боқиев аст. Ӯ соли 1958 дар деҳаи Ҳисори ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба дунё омадааст. Фориғ-ут-таҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст (1976-1981).

Мавсуф чандин сол ба унвони омӯзгор дар мактаби 19 зодгоҳаш (1984-1995) ва ҳамчун хабарнигори махсуси «Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё (1995-2005) ва ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррир ва мудири шуъба дар рӯзномаҳои «Шифо-инфо» ва «Адолат кузгуси» (Оинаи адолат) (2005-2010) фаъолият доштааст. Ҳоло омӯзгори забону адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи 25 ноҳияи Сайҳунобод аст.

Боиси хурсандист, ки чанде қабл адиб беҳтарин намунаҳои ашъор, ҳикояю эссеҳо, таронаҳо ва очерку мақолаҳои дар айёми мухталиф иншокардаи хешро гирдиҳам оварда, китоби «Шеваи пойиз»-ро ҳамчун армуғон дар оғози соли 2018 ба хонандагони тоҷик ҳадя намуд. Сарсухани китоби мазкурро доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъақул Ҳамроев навиштааст, муҳаррири масъули он шоир Паймон аст ва бар замми ҳусни чопи бениҳоят баланд, маводи хонданӣ ва ҷолиберо фаро мегирад.

НАМУНАҲО АЗ ЭҶОДИЁТ

ШЕЪРҲО

Ба бародари шоирам

Аё, эй мард!

Аё шоир!

Ғаматро чун қалам як кас намедонад,

Дилатро ҷуз қарибони қарибат кас намехонад.

Дилатро дар раҳи шеъру шарафмандӣ қалам кардӣ,

Аламҳои ниҳонатро ниҳон дар шеър алам кардӣ.

Аё, эй мард!

Аё шоир!

Заданд арчи ба ҷони ҷони ту сӯҳон,

Сабур будӣ ба ҳар дарду ба ҳар буҳтон.

Ҷафои даҳрро танҳо ту бо лаҳни қалам гуфтӣ,

Ҳама доғи дили абгори худро бо сухан шустӣ.

Аё, эй мард!

Аё шоир!

На ҳар шоир шавад хуш андар ин назм,

На ҳар шеъре барад ҷо андар ин базм.

Агар дар сина дарде нест пурсӯз,

Куҷо ояд зи шоир байти пирӯз?

Аё, эй мард!

Аё шоир!

Гаҳе будӣ ба гармӣ, гоҳ ба сардӣ,

Мақоме то барӣ дар кӯйи мардӣ,

Ба килкат бас гуҳарро суфта кардӣ,

Басо ногуфтаҳоро гуфта кардӣ.

Аё, эй мард!

Аё шоир!

Ту ҳам шоир, ту ҳам мардӣ!

Саломат бош! Зиҳӣ бо шеъри волову ҷавонмардӣ!

Тирамоҳ

Тирамоҳ барбаста рахташ аз замин,

Ҷойи худро бар зимистон медиҳад.

Хуб медонад, ки фасли дай чунин,

Тахти худро бар гулистон медиҳад.

Зиндагӣ бо навбату чархи фалак –

Ҳеҷ аз гардиш намонад, кошки.

Зинда будан худ аҷаб як неъмат аст,

Кулли ношукр ин бидонад, кошки.

Шукр гуфтан бар баду неки замон,

Аз азал, охир, фазилат будааст.

Дасти хайр афрозу некӣ кун, ки он,

Ҷавҳари ҳар панду ҳикмат будааст.

Зиндагӣ навбат, туро ҳам навбатест,

Даргузар он ҳамчу пойиз аз ҷаҳон.

Некномӣ, кош, мероси ту бод,

То бимонӣ решапайванди замон.

Васияти ошиқ

«Чанд рӯзе бо хумори ошиқӣ»*,

Бо ҷаҳони рози ман ҳамроз шав.

Васли мо гарчи хаёле беш нест,

Фурсате бо ошиқат дамсоз шав.

«Дар фазои абрҳои нуқрафом»,

Пар кушо аз орзу парвоз кун.

Нозбардоре наёбӣ дар фазо,

Бар мазори ишқи мо овоз кун.

«Шомгоҳон дар ғуруби абрсӯз»,

Хандаи талхе ба хуршед ҳадя кун.

Нақдҳои хеш бас гум кардаем,

Орзуи ишқу бахти нася кун.

«Ҳарчи оташ дорӣ афрӯзаш баланд»,

Аз дили бирён кабобе мондааст.

Сӯхтему сохтем аз мо кунун –

Сад дареғо! Чун хитобе мондааст.

«Баъд... баъди рӯзгори ишқу шеър»,

Мушти хоке бар сари сарвода рез.

Гар мазори ман зиёрат мекунӣ,

Ояти ишқе ба ҷоми бода рез.

____________

* Мисраъҳои аввали ҳар банд моли устод Лоиқ аст.

Меҳмон ояд ҳаме

Шоират чун меҳмон ояд ҳаме,

Муниси пиру ҷавон ояд ҳаме.

Қад-қади рӯди Зарафшон ашкбор,

Шодипири ғамҷавон ояд ҳаме.

Аз Бухоро кӯлвори ғам ба дӯш,

Гӯиё соҳибқирон ояд ҳаме.

Зодгоҳи ҷадди ман – Синтоби ман,

Сӯят, инак, корвон ояд ҳаме.

Корвони шеъру дастону ғазал,

Бо дарои рӯҳу ҷон ояд ҳаме.

Пеш-пеши қофила Паймони* ту,

Ин сафар чун сорбон ояд ҳаме.

То ба Сайҳун як қадам Пайғом, лек

Сӯйи Акко** ташнаҷон ояд ҳаме.

______________

* Паймон – шоири синтабӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон;

** Акко – номи чашма дар зодгоҳи аҷдодии шоир (Синтаб)

Олиҷаноб афтодааст

Бехудиҳоям, дареғ, дур аз савоб афтодааст,

Ҳар гуноҳам ҳамчу доғе бар шубоб афтодааст.

Дар ситеза бо фалак дасту гиребон гаштаам,

Ҳар саволи хом ин ҷо беҷавоб афтодааст.

Нармгуфторӣ ба мо буд ҳамчу ёрӣ бевафо,

Хотире озурда бошам, аз итоб афтодааст.

Манзиле ҷустам мувофиқ ин дили шӯридаро,

Ҳар сафар раҳгумзаниҳо аз шитоб афтодааст.

Сар ба девори надомат мезанам имрӯз агар,

Ин ҷазо худ баҳри мо олиҷаноб афтодааст.

Ҷустуҷӯ кардам агар умре чизе пайдо нашуд,

Дарки асрори худиям аз китоб афтодааст.

Мавлавиву Носиру Иқбол ёри дилкашам,

Ишқи ман дар зери бори ин хитоб афтодааст.

Номаи Пайғом чӣ хуш гар боиси хушнудиҳост,

В-арна гавҳаррезии мо чун ҳубоб афтодааст.

Назира бар ғазали Камол

Чун бод сари зулфат бо шӯхӣ парешон кард,

Ин шӯхии шаҳрошӯб ақли ҳама ҳайрон кард.

Гуфтам, ки кунам чора бар ҳоли дили хаста,

Дил гуфт: «Чӣ мехоҳӣ?», аз гуфта пушаймон кард.

Аз новаки мижгонаш пайкон пайи пайкон зад,

Дил ҷаст бурун, тарки он синаи бирён кард.

Бо қофилаи ушшоқ дил рафт чу сӯйи ёр,

Ҷон ҳам зи пайи ӯ шуд, чашми ҳама гирён кард.

Селоби сиришки ман чун аз пайи дил омад,

Ҳар хона, ки дар раҳ буд афкандаву вайрон кард.

Чун чашми ҳилоли маҳ ногаҳ ба рухат афтод,

Дар чаҳ чу маҳи Нахшаб рӯ аз ҳама пинҳон кард.

Ғам тавбаи мо бишкаст, во кун дари майхона,

Пайғом чу соқӣ дид аз тавба пушаймон кард.

ДУБАЙТИҲО

Бубахшо, ҳазрати Лоиқ, гуноҳам,

Ки набвад иштибоҳ ин иштибоҳам.

На сармо ишқро гирад, на гармо,

Мани дилбанди ту бар ин гувоҳам.

***

Ду-се рӯзе қаринам буд пойиз,

Нигори нозанинам буд пойиз.

Ба мисли панҷ ҳисси зотии ман,

Аниси беҳтаринам буд пойиз.

***

Адолатро гаҳе кар офариданд,

Гаҳе кӯру муҳаққар офариданд.

Гаҳе бар рағму майли зӯрдастон,

Яли зӯру музаффар офариданд.

***

Чу Лоиқ синаи афгор дорам,

Ба дардаш аз сухан тӯмор дорам.

Чу Паймон содиқам бар миллати хеш,

Ки Пайғомам, паёми ёр дорам.

***

Замин рози ба мо ногуфта дорад,

Ҳам ӯ дарди зи мо нашнуфта дорад.

Чу Хайёмаш қадам оҳиста бигзор,

Басо захми зи мо бинҳуфта дорад.

***

Агар мо худшиносу дилшиносем,

Агар ҳам Ҳофизу Бедилшиносем.

Самарқандо, туӣ устоди аввал,

Ки мо аз ту худ обу гил шиносем.

***

Ало дарё, чаро ту бемадорӣ,

Чу ман оё ғами бисёр дорӣ?

Биё, ҳасрат кунем имрӯз, азбас

Дигар дарёдиле чун ман надорӣ.

***

Баҳор омад, ҳама хубу гуворост,

Ҳазорон ин чаманро базморост.

Ало, эй килк, собир бош, собир,

Ки донӣ, баҳри мо пойиз авлост.

***

Вафодорам, азизам, дилбари ман,

Парастори ману бому дари ман.

Агар дарё будам ҳамчу ду соҳил,

Ҳамеша будаӣ ту дар бари ман.

ҲИКОЯҲО

Боз омадам

Чаро мо ин қадар дардошноем?

Куҷо дард аст дарди худ бидонем.

Ғами дунё ҳама андар дили мо,

Ҷаҳон дар мост ё мо дар ҷаҳонем?

(Лоиқ)

– Хоб кардаӣ, усто? Илоҳо, хобат бароҳат шавад. Мана, ман боз омадам. Хуш омадӣ, мегӯйӣ? Сабр кун, ошно, андакак сабр кун. Боз Парвардигор медонад, аммо дур нест он рӯз, ки ту моро «хуш омадӣ» гӯйӣ. Ин омаданҳоям ҳисоб не, усто. Зиндагӣ, албатта, ширин аст, чашми кас сер намешавад. Бо ҳама неку бадаш, бо хушкомию нокомиҳояш дилкаш аст ин саройи дудара. Ин гапи навне, усто, ту ҳам медонӣ. Аммо зиндагиро ҳар кас ҳар хел, яъне ба таври худ дарк карда, паси сар менамудааст. Дар он дунё чӣ хел намедонаму аммо дар зиндагӣ танҳоӣ бадтар аз марг аст. Ту сабр кун, охир. Маро медонӣ-ку, беҳуда дилхун намешавам. Медонӣ, ҳар рӯз баъд аз намози бомдод мо – мӯйсафедони деҳа дар подаҷо ҷамъ мешавем. Ҳамин пагоҳӣ низ дар он ҷо аз ин тарафу он тарафи дунё суҳбат мекардем. Ман навбати гап мепоидам, мехостам масъалаи ба маҳаллаи нав ҷӯйи об бароварданро ба миён гузорам. Ба ман навбат нарасида, Низоми лаққӣ аз бом тароша афтидагӣ барин пӯкид: «Боғбон, шуморо тез-тез дар қабристон мебинам, усто Носир чиҳо мегӯяд?». «Усто Носир мегӯяд, ки лаққиҳо дар он дунё ҳам ҳурмату обрӯ надоранд».

Ба ош паша афтид. Суҳбат хунук шуд. Кошки ин ҳангома бо ҳамин анҷом меёфт. Не, ин тавр нашуд. Ба хона оям додари хурдиам омадааст. Мани сода гумон кардам, ки додарам маро пазмон шудааст. аммо баъди ба дастархон фотиҳа кардан ӯ кафид:

– Ака, шумо калон, ба ҷойи падарамон моро сару сарваред. Ҳамин... чӣ гӯям, баъзе корҳоятонро кас намефаҳмад. Охир, дар қабристон чӣ кор мекунед?

– Худамро меҷӯям, – гуфтам ба ӯ ва гапро кӯтоҳ кардам. Ман, албатта, фаҳмидам, ки додарамро писарам даъват кардааст, то маро «насиҳат» кунад. Ба онҳо ман чӣ гӯям, усто? Ҷигаронам бошанд ҳам, ба назарам тору пудашон аз дигар калоба... мани мӯйсафед гӯё дар байни мардумаму боз танҳоям.

Ба наздикӣ аз боғи навбунёди пушти мактаб меомадам. Чашмам ба ҳавлии Талъатмуаллим афтод. Рӯйи ҳавлиаш пури китоб буд. Китобҳоро дар саҳни ҳавлӣ паҳлуи ҳамдигар қатор-қатор пай чидааст. Рости гап, ҳайрон шудам ба ин кори муаллими мӯйсафед ва аз дарвозааш ба ҳавлӣ даромадам. Муаллим дар айвон рӯйи як қабат кӯрпача каҷпаҳлу зада буд. Маро дида аз ҷояш ҳам нахест.

– Биё, Оқил, узр, ба истиқболат аз ҷой хеста наметавонам. Пойҳо ба гапам намедароянд. Хайр, аз пойҳо чӣ ҷойи гила, ба ман иҳаштоду панҷ сол хизмат карданд. Ҳоло ба гапи ман гӯш мекардагӣ инсон ҳам кам монд. Зимистони гузашта ҳама хонаҳоро гарм карда натавонистем, – ба ман як пиёла чой дода боз ба гап даромад Талъат-муаллим, – китобҳо нам кашидаанд. Ҳоло ҳеҷ кас китоб нахонад ҳам, нобуд нашаванд-гуфта як офтоб додам-дия.

Дилам хун шуд, усто. Китобҳои ту ба хотирам омад. Охир, ту ҳам чанд сандуқ китоб доштӣ. Боз хиҷолат шудам, ки шину хези Талъат-муаллим душвор шудаасту мани бадбахт бехабар. Аз ҳолаш хабар нагирифтаам. Бо муаллим хайру хуш карда, рост ба ҳавлиат омадаму фаҳмидам, ки писарат пас аз як соли ту китобҳоятро ба китобхонаи мактаб супорида будааст. Ҳоло дар китобхонаи мактаб гӯшаи «Мероси усто Носир» вуҷуд доштааст. Э, раҳмат бар падарат, гуфтам ба писарат.

Пеш аз чилаи тобистон ҳаво як вайрон мешавад, медонӣ. Ду-се рӯз даму дили ҳаво мекафид. Ниҳоят, дина баъд аз хуфтан як борони нағз борид. Чоштгоҳ аз боғ биёям, дар ҳавлии ҳамсояам Наими биргад қиёмат-қоим. Гӯш ба карӣ заданро эб надидаму ба ҳавлиаш даромадам. Наими биргад дар даст пишанги гуппӣ занашро пеш карда мезад. Занак фарёду фиғон дошт. Маро дида аз шасташ фаромад Наим. Таги гапро фаҳмам, биргад як халта шакар оварда ба ҳавлӣ партофта будааст. Борон кори шакарро кардааст.

– Наим, – гуфтам ба ӯ, ту як умр бо замин сару кор дорӣ. Чӣ мешавад, ки дар ҳавлиат ду бех ток, ду-сениҳоли тут, се-чор дарахти зардолу кабуд кунӣ.

– Як халта шакар ҳайф шуд, Оқилбобо, туту зардолу доштану надоштани ман ба шакар чӣ дахл дорад?

Аз беандеша гап заданаш қаҳрам омад.

– Ту, бадбахт, намедонӣ, ки як замонҳо ба тутпазӣ расидан як шарти зинда мондан, мавизу ғулинг бошад, хӯроки шоҳона буд. Охир, тутмавизу шиннӣ, кишмишу ғулинг бошанд, шакар чӣ лозим?

Нафаҳмид маро, бадбахт. Ҳамчунон ки ман ҳам ӯро ва бисёр ҳамдеҳагонамро намефаҳмам, танҳоӣ мекашам. Ба ростӣ, ошно, намефаҳмам. Зеҳнат кунд шудааст, мегӯйӣ? Не, усто, зеҳнам ҳоло дар ҷояш. Ман фақат «каҷ дору марез»-ҳоро намефаҳмам. Масалан, аз нисф зиёди деҳа аз беобӣ азият мекашад, аммо ҳеҷ кас намехоҳад, ки ҷӯй тоза кунад. Кишти дубора қариб ки аз байн рафт. пас аз гандумдарав барои як ароба коҳ шӯру ғавғое, ки мехезад. Дилам мешавад, ки пас аз дарав ду-се таноб замин гираму мош корам, лӯпаку ҷуворӣ, харбуза корам... Не, намешавад,шасти пештараам нест, усто. Ҷавонон ҳама ба шаҳр метозанд, ба шаҳрҳои дуру наздик.

Ҷумъаи гузашта ба шаҳр рафта будам. Баъди намоз як сари қадам ба бозор даромадам. Ҳозир бозори шаҳрамон се-чор ҳисса калону обод шудагӣ. Аммо боз ҷой намерасад. Зану марди деҳотӣ картошкаву сабзиашонро дар раҳравҳо шишта мефурӯшанд. Ба растаи қандалотфурӯшб наздик рафта намешавад, занбӯри асал зер кардааст. Э, қоил гуфтам-е. ҳамин занбӯри асал барин ҷонвари заҳматкаш ҳам роҳи осони зиндагиро, ҷойи ширадорро ёфтааст. Ба набераҳо бозича хариданӣ будам, ба яке аз дӯконҳои қатор даромадаму ҳавсалаам пир шуд. Дӯкон пури милтиқу таппонча, автомату танк. Ин дӯкондор ошиқи аслиҳа будааст гуфтаму ба дигараш даромадам. Тавба кардам, дар ин дӯкон ҳам аҳвол ҳамон. Қисми зиёди бозичаҳои бачагона шамшеру туфангу боз, номҳояшонро намедонам, чӣ бало силоҳҳои оташфишонӣ. Боз нархи якхелаш аз як халта орд ҳам қимат-а. охир, мо ба набераҳоямон чиро меомӯзонем?!

Хуллас, кайфам парид, усто. Ман-ку саводи казоӣ надорам, ғайр аз боғу боғбонӣ ба дигар корҳои дунё ақлам намерасад, аммо дар шаҳр аздусар олимони калон-калон ҳастанд. Бисёр чизро дарк мекунанд. Онҳо бояд гӯянд, ки «ҳой бадбахт, бардор ин ашғол-дашғолата, фикри бачаҳоро вайрон накун...»

Хуб лаққида туро ҳам дилтанг кардам, усто. Не, дилгир нашав. Охир, фақат ту мефаҳмӣ, ки мақсади ман чист. Бисёрҳо гумон доранд, ки Оқил бандаи ношукр асту аз ҳама норозӣ. Ту медонӣ, ки ман ношукр нестам. Ман шабу рӯз шукри зиндагии имрӯзаро мекунам, ки замона тинҷу дастурхони ҳама пури нон аст. Ман боз ҳам обод шудани деҳаамон, боз ҳам меҳнатдӯсттар шудани ҷавононамон, ба инсоф омадани баъзе танпарварони худхӯрро мехоҳам. Кошки мегӯям дар ҳавлии ҳама чор-панҷ бех дарахт бошад. мехоҳам, ки ҳама “ман” неву “мо” гӯянд ва бо ҳамин мақсад дасту оринҷ барзада кор кунанд. Боз мехоҳам, ки ҳама ту барин якқавлу якрӯ бошанд...

Хайр, ошно, суҳбат боқӣ, бароҳат хоб кун. Кори мекардагиам бисёру ғайрати пештара нест. ба наздикӣ наздат меоям...

Оқил-боғбон дигар ба қабристон, ба аёдати дӯсташ омада натавонист. Пас аз як моҳи бори охирба қабристон омаданаш бемор шуд ӯ. Аҳли деҳа боғбони мӯйсафедро як ҳафта бемордорӣ кард.

Пеш аз намози ҷаноза ду васияти боғбонро эълон карданд. Васияти аввалаш ин буд, ки маблағи пасандози ӯро барои ба маҳаллаи нави деҳа ҷӯйи об овардан харҷ кунанд. Васияти охиринаш ба ӯ дар қабристон аз паҳлуи дӯсташ – усто Носир ба хок супоранд.

Оқил-боғбони пурдидаву гӯшкашида гумон дошт, ки бо маслиҳату насиҳатҳояш ба дили ҳама задааст, ҳамдеҳагон ӯро дӯст намедоранд. Вале гумони ӯ хато буд. Хурду калони деҳа боғбонро дӯст медоштанд.

Торикӣ

Ҳар дида, ки ибрате нагирад кӯр аст...

(Бедил)

Пирамард тарафи офтобнишин як нигоҳ карду носи дар кафаш бударо ба таги забон партофт. Офтоби тирамоҳи саховатманд рӯ ба ғуруб ниҳода буд. “Пас аз як соат офтоб мешинад, - аз дил гузаронд пирамард, - бигзор шинад. Аздусар қалби маро равшан карда наметавонад. Торикӣ афзал аст аз рӯзи равшан, модоме ки оқибати кор гӯри торик аст. Бигзор шинад офтоб”.

Деҳа чандон дур не, пиёда равад яксоата роҳ. Аммо шитоб надошт пирамард. Аз борхалтааш ҷомаи нимдоштеро бароварда рӯйи хараки бетонии истгоҳ паҳн карду болои он нишаст. Борхалтаро, ки дар он як шиша шаробу самбӯсаи хунук монда буд, бо эҳтиёт ба замин гузошт. Ба шиша чашмаш афтиду боз димоғи пирамард сӯхт. Тиратар гашт рӯйи гандумгунаш. “Ноинсоф”, – зери лаб пичиррос зад. Беҳуда ранҷонд духтарашро. Сари ҷаҳл аз хонаи духтараш қаҳр карданаш ҳам беҳуда...

Офаридгор тору пуди пирамардро аз бадкирдориву дилозорӣ сиришта буд магар, беҳудакориҳои зиёде кард дар давоми умр. Балки тамоми умраш бо беҳудакорӣ гузашт. Ҳабс шуд, тавба накард, радди маърака гашт, ибрате нагирифт. Нишемангоҳи шайтон буд ҳар ду китфи ӯ, роҳи раҳмонӣ наҷуст. Ва бо ҷаҳли мураккаб гузашт зиндагии ӯ. Ҳамсараш ҳам, он зани фурӯтану ботамкин (оҳ, чӣ тамкине дошт ӯ!) қурбони ҷоҳилии ӯ гашт. Модараш низ агарчи як умр аз Худои бокарам ба писари ягонааш инсоф талабид, аз ноинсофиҳои писар ғуссамарг шуд оқибат. Фарзандон чӣ? Беоқибат баромаданд фарзандон ба пиндори ӯ. Ба ҳар ҳол, омада мерафтанд то марги модарашон. Аммо пас аз модар... танҳо ҳамин духтари хурдиаш ҳар сол ду-се бор меояд ба аёдати пирамард. Аз роҳи дур меояд. Гоҳ ду-се рӯз, гоҳе як ҳафта истода, либосу бистари падарро мешӯяд, хонаҳоро аз гарду ғубор тоза мекунад. Дафъаи охир ҳамроҳаш бурд падарро. Гуфт, ки зимистонро бо мо мегузаронед. Наберагонатон ҳам шодӣ мекунанд. Домод хуш пазируфт ӯро. Меҳрубонии наберагон, шодиву хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. Дар курта намеғунҷид он рӯзҳо пирамард. Фаромӯш карда буд гӯё хӯйи бади худро, дафтари аъмоли нанговару умри бар абас рафтафтаро...

Чор моҳ  – як моҳи тирамоҳу се моҳи зимистон зистанӣ буд дар хонаи духтараш. Ният дошт, ки бо фаро расидани баҳор меравад ба хона. Ҳамон боғи рӯ ба харобӣ ниҳодаи мактаби деҳаро нигоҳубин мекунад. Пул лозим не, барои савоб хоҳад кард ин корро. Мерасад нафақааш, агар нанӯшад. Қатори ҳамсолон ба масҷид меравад. Шояд бубахшад Худо гуноҳҳояшро, шояд ба саломат бимонад имонаш, аммо...

Аммо сароб буданд ин орзуҳо. Рӯзи чорум феълаш вайрон шуд. Пас аз ба кор рафтани домод духтарашро маҷбур кард, ки пул диҳад ба ӯ.

– Дадаҷон, охир...

– Охири моҳ рафта нафақаамро меорам, мегирӣ пулатро.

– Гап дар сари пул не, дадаҷон, охир боз нӯшед ҳаққу ҳамсояҳо, домодатон...

– Ту маро насиҳат мекунӣ? – дод зад ба духтараш. – Туф  кардам ба насиҳатат, туф кардам ба хонаву дарат... – ва дигар зориву таваллои духтарашро гӯш накард ӯ. Ҷомаашро ба борхалта андохту ба роҳ баромад.

Дар истгоҳ набераи калонӣ расид аз қафояш, дар даст як қабза пул.

– Бобоҷон, ман пул овардем, гардед, – зорӣ мекард ӯ бо чашмони ашкбор.

Пулро гирифт пирамард, аммо қафо нагашт. Ашки чашмони духтару наберагон асар накард ба ӯ. Чун ашки модару ҳамсараш, чун ашки дигар фарзандон беасар монд...

Офтоб кайҳо аз хонаи мағрибии худ ҷой гирифта буд. Вақти говгум ҳам гузашту торикии ҳақиқӣ фаро расид.

«Ноинсоф, – ин дафъа баландтар баромад овози пирамард, – чӣ мешуд ба раъям менигашт, то баҳор меистодам...».

Ӯ аз ҷо хеста ҷомаро пӯшиду борхалтаро ба даст гирифт ва ба роҳ даромад. Акнун шитоб дошт ӯ. Мешитобид сӯйи деҳа, сӯйи хонаи торики бекас. Сӯйи торикӣ...



 

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.