РАФИҚИ МУНОФИҚ

РАФИҚИ МУНОФИҚ

(ҳикоя)

– Духтарам, кай аз шаҳр омадӣ?

– Дина.

– Барои чӣ рӯята бо рӯмол бастаӣ?

Ҳусния, гӯё ки сухани падарро нашунид, дам назада аз даҳлези ошхона гуппию пушаки1 модарашро бароварда дар канори айвон гузошт. Худро сахт машғули кор вонамуд карда, барои овардани тағораи ҷурғот ба пас гашт. Ҳангоми дар гуппӣ рехтани ҷурғот пай бурд, ки падар воиши токро якка мекунаду ҳанӯз зерчашмӣ мунтазири ҷавоб аст. Бо овози кам гуфт:

 – Аз дарди дандон азият дорам, бехаш бод кардааст.

Некрӯз дурӯғ бастани духтарашро донист. Чун дид, Ҳусния бо сохтани ҷурғот худро андармон карда аз гап мегурезад, ӯро хиҷолат додан нахост. Машғули кори худ шуд, ҳар шохаки навдаҳои токро, ки ба назараш барзиёд менамуд, қайчӣ зада, дар канори дарвозаи ҳавлӣ ғарам кардан гирифт. Хомтоккунон перомуни духтар ба андеша рафт, як сухани ҳамсараш Нозияро ба ёд овард:  «Додош, мо Ҳуснияра ба ҳоли худ партофтаем, – андӯҳомез мегуфт вай, – аз рӯйи шунидам, мудом зери мушту лагад будааст». Ба дилаш ғулғула уфтод. Корро то поён нарасонида даст шуст ва ба хона даромад. Ба рӯйи гирдихона2 нишаста, чойи дамкардаи Нозияро чойгардон кард. Ҳамсарро хомӯш дид, пай бурд, ки зери коса нимкосае ҳаст.

– Чӣ гап, Нозия, малул менамоӣ?

Зан озурдахотир ба сухан пардохт:

– Ин домодатон ҳеч одам нашуд! Шумо ҳар қадар ба ӯ расед, вай бештар ҷоҳил мешавад.

Некрӯз ошуфт. Ошӯбомез гуфт:

– Рӯмол бастани Ҳуснияра дидаму фаҳмидам. Баҳонааш чӣ будааст ин дафъа?

– Аз пиёдаравӣ азият мекашидаанд, роҳи корашон дурӣ кардааст, – бо зарда ба гап идома дод Нозия. – Аз духтарамон хоста, ки мо қарз диҳему вай мошин харад. Медонед, Ҳусния асло намехоҳад ба ӯ ёрӣ расонем. Вале, «агар пул овардан нахоҳӣ, ту ҳам дафъ шав» гӯён, задаю кӯфта шабошаб аз хона берун рондааст.

– Эҳ номард, зани дуҷона-я?!

– Оре, бар замми ин ду бачаша ҳам буроварда ҳай кардааст. Вақте ки одам мазахӯрак шуд, аз вай боз чира интизор мешавед?

Беихтиёр дастҳои Некрӯз мушт шуданд, дандон ба ҳам фишурд. Нозия ёзида чойникро гирифту дар пиёла чой рехт ва ба шавҳар дароз карда афзуд:

– Ба асабонӣ шудан намеарзад, додош, чой хӯред.

– Рост мегӯйӣ, ин одам намешавад, ба назарам.

Зан гуфт:

– Пагоҳ Шаҳрия ва писаронаша бо худам мебарам, бо домоди зӯр гап мезанам. Бинем, нияташ чӣ аст...

Он шаб Некрӯз мижа таҳ накард. То субҳ аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, фақат перомуни духтар андеша ронд. «Охир, мард шуда наход ба рӯйи зан мушт фарорӣ? Зиндагиата кунад, ба гарму хунукат расад, фарзандонат бошанд... боз чӣ мехоҳӣ? Яъне, то ин ҳад ҷоҳилу бефаҳмӣ, ки дарк намекунӣ маъюбу маслуқ шудани занат ба зиёни худи туст?». Ба маҳзи даромадани субҳ хаёлоти мубҳамро як сӯ ғундошта, бо охирин фикре, ки ба сараш зада буд, аз ҷо хест. Ба берун баромада таҳорат гирифт. Дасту рӯ поккунон ба Нозия, ки аз саҳархезии ӯ ноором шуда ба ҳавлӣ мебаромад, гуфт:

– Гӯ, Ҳусния бӯғчааша бандад, набераҳо ҳам омода шаванд. Ту не, ман мебарам.

– Яку якбора ба ин қарор омадед, чӣ хабар?

– Меравам, бо ҷаноби шаҳ мардвор суҳбат мекунам. Боз як шанси дигар медиҳам, агар ба қадрамон расид чӣ хуб, агар не, гила аз худаш. Бастаи пулата ҳам барор.

– Арӯсии Маҳрия чӣ мешавад? Пули сад гӯсфанд-а?!

– Худо пошшост, то соли дигар боз ҷамъ мекунем.

– Хубтар фикр кунед, додош, меҳнати сесолара ба бод надиҳед.

Некрӯз ба назди ҳамсараш омад. Даст ба рӯйи шонаҳои ӯ гузошта бо меҳр пахш кард ва бо садои нарм гуфт:

– Мо ки барои ҳамин фарзандон зиндаем, зиқ нашав. Аввал зиндагии якеаш роҳ афтад, баъд меравем аз пайи дигараш. Ин охирин ҳимматам бошад, Худо хоҳад, ислоҳ мешавад...

Вақте ки Некрӯз бо духтару набераҳо ба шаҳр расид, офтоб рост дар болои сар қарор дошт. Ҳаво гарм, бар замми он, дуду ғуборолуд буд. Дарҳол ҳис мешуд, ки касрати мошину корхонаҳо назофату покии табиатро костааст. Ба хусус, одамони аз шаҳраку деҳаҳои хушбоду ҳаво баромада ин ҳусни дудаолудро тез пай мебурданд. Некрӯз худрави таксиро дар назди бозори мошинҳо нигаҳ дошта ба Ҳусния рӯ овард:

– Духтарам, ту бо бачаҳо ба хонаат рав. Ман ба домод телефон карда мегӯям, ки ба бозор биёяд.

– Додоҷон, аз ин раъятон гардед, чӣ лозим?

– Корат набошад, ҳамааш хуб мешавад.

– Кошки ин нағзиҳора мефаҳмид...

– Дар боло Худо ҳам ҳаст. Агар коре кунам барои фарзанду набераҳоям мекунам, – Некрӯз аз мошин пиёда шуда бо таъкид афзуд: – Вақта талаф надиҳем, ту раву аз пайи зиндагиат шав. Худо хоҳад, торикӣ надаромада корамона ба сомон мерасонем.

Агарчи рӯзи якшанбе буд, даробарои одамон дар мошинбозор тунук ба назар мерасид. «Гавҷуми бозор то нисфирӯз аст, – аз дил гузаронд Некрӯз дар роҳравҳои миёни растаҳо қадамзанон, – шояд талабгорон хости дилашона ёфта аз пайи хаттучак ба қабули нотариус рафта бошанд. Ҳеч гап не, ҳанӯз вақт ҳаст, то бегоҳ пайдо мекунам». Ӯ ба назди як дастгоҳ «Спарк»-и ширранг омада истод. Худрав ба назараш хеле гарм тофт, гӯё қаблан онро дар ҷое дида буд. Капоти мошин боз меистод, гардонаи3 онро бо тамоми аҷзояш чунон тоза шустаанд, ки ҷило медод. Ба рӯйи як барг коғази ба даҳонаи бози капот наворчаспшуда соли сохта шудани худрави саворӣ ва шумораи телефоне ба чашм мехӯрд. Некрӯз гӯшии ҳамроҳашро аз киса бароварда рақами рӯйи коғазро чид. Садои фосиладори гӯшӣ қатъ нашуда, аз паси сараш овозе омад:

– Бародар, шумо занг мезанед?

Некрӯз тоб хӯрда ба қафо рӯ гардонд. Ба пас гашту бо дидани чеҳраи ошно беихтиёр ба ваҷд омад. Дар муқобилаш марди болобаланди сиёҳгуна, ки аз сокинони деҳаи ҳамсояашон буд, лабханд зада меистод. Ба сар кулоҳи сабуки баҳорӣ дошт, домани пероҳани сапеди остинкӯтаҳаш аз болои шими тирафом қариб то зону мефаромад. Некрӯз бо ҳаяҷон гуфт:

–  Парвиз, ин худатӣ?!

Ҳар ду бо ҳам бағал кушода вохӯрӣ карданд. Пас аз дуруду ҳолпурсии кӯтоҳ Некрӯз ба сари мақсад гузашт.

– Ба бачаҳо як саворӣ хариданӣ будам, – гуфт ӯ, – растаҳора ду бор давр задам, лекин ҳеч мошине ба дилам нанишаст. Ин ҷо расидаму «Спарк»-и ту ба назарам гарм тофт.

Парвиз бо завқ изҳор намуд:

– Бифармо, ин мошини худат аст! Медонӣ, ду сол пеш харида будам, ҳоло маҷбур шудам ба бозор барорам, – ӯ каме тааммул кард, вале нигоҳҳои суоломези Некрӯзро, ки зудтар идомаи суханашро шунидан мехост, пай бурда афзуд: – Пардохтани пули донишгоҳи писарам мушкил шуд, дигар ҷойи даромад надорам. Ду соли аввал аз молҳоям фурӯхтам, акнун мошина пул накунам намешавад.  

– Қарордодӣ мехонад?

– Оре.

– Дар кадом ришта?

– Пешаи интихобкардааш нағз, Худо хоҳад, ҳуқуқдон мешавад.

– Гап нест! Фардо кор кунад бармегардонад. Бачаҳои имрӯз диплом гиранд шуд, тез роҳ меёбанд, зарангу доноянд ҳамаашон.

– Ман ҳам бо ҳамин умед ҳар чӣ дорам харҷ мекунам, дунё ба умед!

Телефони ҳамроҳи Некрӯз занг хӯрд. Вақте ки гӯширо бардошт, аз он сӯйи хат садои домодашро шунид:

– Амакҷон, ин хабари хуша аз духтаратон шунидаму сарам ба осмон расид, раҳмат! – мегуфт ӯ бо ҳаяҷон. – Худам рафта наметавонам, бо ҳамкоронам шинак дорам, лекин додарам Хумсара фиристодам. Бемалол ба номи вай харидан гиред, бе он ҳам доимо бо ман аст, бароям ваколати рондан медиҳад.

Телефон қатъ шуд. Некрӯз гӯшии ҳамроҳашро, ки кӯтоҳ-кӯтоҳ садо медод, дар даст дошта, бо нигоҳи ҳайратзада ба Парвиз чашм дӯхта монд. Ҳамин дам дар сари роҳрави растае, ки онҳо меистоданд, танутӯши лоғари Хумсар намудор шуд.

– Чаро ранги рӯят канд, дӯстам, бо кӣ суҳбат кардӣ? – пурсид Парвиз малӯл мондани ӯро пай бурда.

– Домод додараша фиристодааст, ана меояд, – ба самти даромадгоҳ ишора карда гуфт Некрӯз, – ту чӣ мегӯйӣ, мошина ба номи ӯ гузарондан гирам?

Парвиз дарҳол ба асли қазия воқиф шуд. Ба пушт сар гардонда, омада истодани ҷавони ношиносро зери чашм хонда, андешаманд баён кард:

– Агар ба домодат бовар дорӣ, дудила нашав. Боз худат медонӣ. Намешавад ба исми духтарат номнавис кунем?

– Вайро ҳам ташвиш надиҳам гуфтам... Э, ҳар чӣ бодо бод, биё, беҳтар ин ки ба корамон бирасем!

***

Охирин айёми офтобии тамуз4 аз замину замон доман ҷамъ карда, ба  ҳавою бодҳои сарди поизӣ бағал мекушоданд. Аз он рӯзе, ки падари Ҳусния ба шавҳараш худрави саворӣ харида, ду-се насиҳат гуфта рафт, се моҳ мегузашт. Тайи ин муддат худро каме осуда ҳис кард, шавҳари дам дар дарун, ки аз чеҳраи гирифтаи ӯ ботинашро хондан амри муҳол буд, чизе намегуфт. Ҳатто як бор ба хотири калтак заданҳояш изҳори пушаймонӣ накард-е, шаҳбоз!

Дар ин миён фарзанди сеюм ба дунё омад. Ҳусния хеле умед дошт бо дидани тифли навзод шавҳар шир мефарорад. Аммо, ҳамон се-чаҳор рӯзи дар бемористон будан донист, ки об дар ҳован кӯфтааст. Шавҳари худбин ҳадди ақал як бор ба остонаи зойишгоҳ қадам нагузошт, шодиёна доданро ба худ эб надид. Хумсари даҳонбоз, ки аз фарти мошинсаворӣ наметавонист афти инҷашро ҷамъ кунад, ӯро бо духтараш ба хона овард. Дар воқеъ, худрави саворӣ пурра дар ихтиёри додаршӯ буд, ба гӯшаи хаёл намеовард, ки бояд ба бародар ваколати ронандагӣ  диҳад...

Дар ҳоле ки шавҳараш аз субҳ то шом бо баҳонаи кор дар берунҳо мегашт, Хумсар ҳамеша дар гирду бари ӯ тор метанид. Гӯё ба шаҳр аз пайи кор омада буд, вале шаш моҳ мегузашту аз кор дараке не. Мошин харидани падар ба ӯ айни муддао гардид, барои кайфу сафоҳои беохир дастёри беминнат дар ихтиёр дошт. Он чиз ба Ҳусния алам мекард, ки ҳатто ба бензини худрав пулро аз ҷайби бародар мегирифт.

Ғайри интизор, шавҳар одати ноҷӯре пайдо кард. Ду-се рӯз дар миён шабҳо ба хона наомада,  дар куҷоҳое то субҳ мемонд. Аҳёнан сару думаш дар манзил намудор мешуд, он ҳам бо қавоқҳои уфтода ва то ҳадде пакар. На фақат дасту рӯ, балки химаҳои чашмашро низ нашуста ба ҷойи хоб медаромад ва худро ба кӯрпа печонида то нисфу нимаҳои рӯз қусури камхобиро мешикаст. Чӣ вақте бедор мешуду дубора ғайб мезад, ки ҳатто Ҳусния пай намебурд. На бо зан коре дошт, на бо бачаҳо.

Ин рафтори бародар ба Хумсар расани озодиро дарозтар дод. Ҳар гоҳ дилаш мехост аз зану бачаҳои бародар кор мекашид, баъзан ба сарашон дод мезад, тааддӣ мекард. Ҳусния намедонист бо ӯ чӣ гуна канор ояд, аз тарси ҷаҳлу муштзӯрии шавҳар дар изои бадгӯйиву зӯриҳояш лом-мим намегуфт. Вале, бо вуҷуди ин тааддиҳо Хумсар чунон хурсанд мегашт, ки фикр мекунӣ, банги девона хӯрдааст. Аҳёнан бо даҳону симои паҳн вориди хона шуда, аз дасту руху тани бачаҳо пучида-пучида онҳоро ба рақс меандохт ва гоҳе худаш низ бо оҳангҳои дурушти зерилабӣ даст меафшонд. Ҳар замон «шӯхӣ»-ҳояш аз доира мегузашту даст ба китфу бозувони зани бародар мебурд, худро хеле ҳазлкаш вонамуд карда, ӯро низ ба бозӣ дароварданӣ мешуд...

... Саҳрои бекарон зим-зиё торик аст. Ҳусния пеш-пеши худ танҳо пайроҳаеро мебинад, ки аз куҷое равшан мешаваду охираш нопайдост. Бо тамоми ҷон ба пойҳояш фишор овард, саъй кард аз ҷаҳаннами торикӣ раҳоӣ ёбад, тез-тез қадам зад. Дар ҳоле ки аз ҳавлу ҳаросонӣ нафасаш мегирифт, пай бурд, ки деве аз қафои ӯ меояд. Аз тарс ба пушт нигоҳ накард, бо шитоби бештар роҳ гашт. Тори равшаниро зери чашм хонда то хеле ҷо рафт, вале дар вуҷудаш қувват намонд, поҳояш суст шуданд. Ҳамин дам панҷаи кулуфти дев аз паси гиребонаш дошт. «Очаҷон!!!» – аз таҳи дил дод зад Ҳусния...

Зан парида аз ҷо хест. Ҳанӯз ба худ наомада ва хоби дидаашро аз мағз нашуста буд, ки дар фазои ниматорики хона суроби сип-сиёҳи чизе ғӯлмонанд ба назараш намуд. Тарсиду дубора аз по даррафт. Марди «ғӯл» дар паҳлуяш нишаст. Наздиктар лағжида аз банди дасти ӯ гирифт ва бо овози кам гуфт:

– Натарс, янга, манам, – Хумсар дасти росташро аз зери гардани зан гузаронд ва бардошта ӯро ба бағал кашид, – ҳеч ҷойи воҳима нест, худатро ба даст гир.

Мисли ин ки ба хоби амиқ рафта, зан ба ҳеч чиз аксуламал нишон надод. Хумсар аз ҳол рафтани янгаро пай бурд, дар зери гӯшпонааш «Ҳусния!» гӯён садо баланд кард ва ҷуссаи ӯро дар бағал чанд бор такон дод. Як лаҳза ором гирифт, бо андешае гӯшашро ба сари дили зан гузошт. Дук-дук зарабони қалбро ҳис кард. Ҳамзамон чунон роиҳаи хуш ба машомаш зад, ки беихтиёр нафаси амиқ кашида, гунаи худро ба рӯйи синаи зан часпонида истод. Дасту тани Ҳусния ҷунбид. Ногоҳ ларзиду сулфа кард. Хумсар ӯро сахттар дар бағал кашид, дар ҳоле ки аз накҳату тафти занона маст шуда буд, лабу лунҷи бадбӯйи худро ба лабони беҳиси янга наздик бурд. Ҳамин лаҳза ришҳои расидаи ҷавони фосиқ муштипари беҳолро ба худ овард. Зан чашм кушоду дар фазои гургумеши хона, ки аз ҳавои маҳтобии берун ҳосил мешуд, худро фишурда дар зери дастони чун чӯби қоқ хушк ва оганда ба фуки бадбӯйи хукона дид. Хотираҳо дар ҳушу зеҳнаш зинда шуданд, аз сиёҳчоли тасаввурӣ раҳоӣ ёфт ва бо ҷаҳд дасту по зада ҷуссаи хабиси таҷовузкорро аз болои худ ба канор тела дод.

– Хумсар, чиҳо мекунӣ?! – бо хашм садо баланд кард Ҳусния. – Ба кӣ даст меёзонӣ, номард?!

Ҷавон ба худ омад. Баробари хестани янга сари по баланд шуда бо садои кам, вале гиро гуфт:

– Дод назан, бачаҳо бедор мешаванд...

– Бериёи касиф, баро аз хона!

Хумсар кам наомад:

– Хафа шав, аз ин кулба ту меравӣ, на ман. Бародарам кайҳост ки ба пушти ту лагад задааст. Нафасата кашу ба гапам даро.

Ҳусния ба шигифт омад. Намедонист ба ин лаини пуррӯ чӣ гӯяд. Сарбандашро аз болои болиш гирифта ба сар баст. Нимчаи ба рӯйи курсӣ кашида мондаашро аз рӯйи курта пӯшид. Ҳамин ки хост ба сӯйи дар қадам ниҳад, Хумсар маҳкам аз бозуяш дошт ва ба саъйи раҳоӣ ҷустани ӯ таваҷҷуҳ накарда гуфт:

– Аз баҳри бародарам баро, бо ман бош. Ӯ зани дигар дорад.

Чашмони Ҳусния мисли пиёла боз шуданд. Хост аз таҳи дил дод зада душном диҳад, вале ба рӯйи бистари хоб сари ҷо ҷунбидани бачаҳояшро диду худро нигаҳ дошт. Фарёд назад, аммо бо тамоми неру аз синаи додаршӯ ба пушт тела дода, ҳавломез аз дар ба даҳлез баромад. Чун ҳис кард Хумсар аз қафо меояд, ба рост печида ба ошхона гузашт. Ҳанӯз даст ба кашуи чанголу кордчаҳо набурда, дубора дар чанголи ҷавони мадҳуш монд. Хумсар як қабза мӯяшро ғиҷим карда ба пас кашид, ҷуссаи сабукашро давр занонда пуштнокӣ ба девор танба кард. Ба маҳзи рӯ ба рӯ қарор гирифтан, марди сархуш маҳкам ӯро ба оғӯш гирифт ва бо чашмони нимапӯш хирросзанон фуки бадбӯйи худро ба ғабғабу баногӯшаш молида, мисли хари маст ба нашъа кашидан даромад. Ҳусния ҳарчанд дасту по мезад, сарашро тез-тез ба ду самт гардонида аз комҷӯйии ноҷинс раҳоӣ ёфтанӣ мешуд, бефоида буд. Ҳамин дам як гӯшаи нигоҳ ба рӯйи мизи зарфҳо уфтод ва дасташ ба як чойники чойхӯрӣ. Барқосо хаёле аз зеҳн гузаронд ва чойникро бардошта сахт ба гиҷгоҳи ҷонвари ҳашарӣ фаровард. Чойник шикасту реза-реза шуда ба каф рехт. Дастаки он дар дасти Ҳусния монд. Зан бо нӯки тези дастак дубора ба зери гӯшпонаи мулӯҳ5 зад...

Ҳар талае ҳалқаи нозук ва ҳар сиёҳчоле сӯрохии наҷот дорад. Дар бунбаст ноумед шудан нашояд, зеро то ҷон дар рамақ аст, умед ба рӯзи сапед мемонад. Ҳусния дар доми гирифторӣ охирин илоҷашро ба кор бурд. Ҳамин ки аз зарби ӯ каллаи хуншори Хумсар калавида, ҷуссааш аз по даррафт, оҳи сабук кашид, сарутани худро афшонда ба хонаи бачаҳо гузашт. Ҳар се бехабар аз корҳои олам орому беғам хоб мерафтанд. «Ҳоло бихобед, азизонам, рӯз шавад... », аз дил гузаронд ӯ ва ба пас гашт. Агарчи равшании субҳи содиқ ба дохили хона мезад, боз чароғи даҳлезро равшан кард. Дар кунҷи роҳрав даричаи мадонро кушода, ашё ва лавозими дохили онро тагурӯ намуд. Он чӣ мехост дарёфт, ресмони абрешимини аз ангушти калон дуруштарро, ки замоне худаш таҳ карда гузошта буд, аз зери чизучора кашида ба рӯ гирифт. Ба ошхона гузашт. Додаршӯйи палид аз ҳуш рафта, беовоз дароз мекашид. Гиҷу беҳуш шудани ӯ як сари мӯ Ҳуснияро нороҳат намекард, аммо аз хунравии бисёр нигарон шуд. Ҳарчанд аз ғояти нафрат ба рӯйи касифаш туф андохта, онро бештар мачола кардан6 мехост, боз ҳам ҳисси тараҳҳум пирӯз омад. Ресмонро ба замин монда, нахуст бо як порча докаи нам ҷойи кафидаро пок кард. Дар зери дасташ Хумсар такон хӯрд, абрӯ боло-поин кашид, аз димоғ «инг-инг» садое ба мисли овози сагбача баровард. Ӯ бо як порча докаи хушки дигар маҳкам аз рӯйи захм баста, бо зарда гуфт:

– Мур, аз ин рӯзат бадтар шав!

Сипас ресмонро боз карда, як сарашро бо зӯр аз таҳи бағали Хумсар гузаронд. Онро ҳалқавор гиреҳ зад ва аз идомаи банд маҳкам дошта ба самти айвон кашид. Агарчи сахт буд, аз уҳдаи кор баромад, ҷуссаи лоғар, вале вазнинро каш-кашон то назди лӯлаҳои филизии гармкуни деворӣ оварда нишонд. Ресмонро як бор дар атрофи шонаҳои гармкун печонида, дубора ҳар як дасти Хумсарро зич карда ба лӯлаҳои идомаи гармкун баст. Ҷавон дигар наметавонист такон хӯрад. Сари мӯйҷингилаи ӯ ба поён овезон меистод, аз чакакаш шиёрҳои хун то гардан шорида, нақше рангин ба ҷо мегузоштанд.

Ҳусния оғушта дар гирдоби қаҳр, бо ҳоле, ки гӯё теғи ғаму ноумедӣ ҷигарашро мешикофт, ба назди бачаҳо гузашт ва чун халтаи коҳ ҷуссаи бедармонашро ба рӯйи бистар ҳаво дод.

 

***

Пинак бурд ё не, Ҳусния бо садоҳои берабти гумс-гумс бедор шуд. Рӯз фаро расида буд. Нозанинаш сари хурдаки худро дар миёни синаҳои ӯ часпонида бо ноз, гӯё лабони нозуки барги пиёзиаш ба табассум моил буданд, хоб мерафт. Надонист, ки чӣ вақте духтарро ба бағал гирифта макондааст. Оҳиста кӯдакро ба рӯйи болину пастарчаи худаш хобонид.

Ба маҳзи дари хонаро кушода ба даҳлез баромадан, овози хирросии Хумсар аз самти айвон омад:

– Чаро дасту поямро бастӣ, нокас! Биё, боз кун, биё!!

Ҳусния боз ҳам дар дил «мур, аз ин бадтар шав!» гӯён бепарво ба ҳаммом даромад. Дасту рӯ шуста мӯйҳояшро ба тартиб даровард, гӯшаҳои сарбандашро дар зери гулу гиреҳ зад, як лаҳза ба оина нигоҳ карда истод. Қарнияи чашмонаш бо хат-хатиҳои қирмизранг, пӯсти пешониаш бо каме чурукӣ ба поин кашида, ранги рухсораш паридаю бенур менамуданд. «Худоё шукр, ба нияташ нарасид, – ба акси худ нигоҳ карда аз хаёл гузаронд ӯ, – хост тани покамро олуда кунад, номард...».

Дар ҳамин асно садои тақ-тақи дар баланд шуд. Ҳусния, ки бо умедвории шадид мунтазири шавҳар меистод ва дар тӯли умри ҳамсарӣ боре ҳам ин гуна иштиёқро ҳис накарда буд, ҳаросон ба даҳлез баромаду беист занҷири дарро боз кард. Дилаш мехост баробари дидани марди хона худро ба оғӯши ӯ партояд, дар бағалаш ҷо шуда ҳама тарсу ваҳму ларзаҳои танашро фаромӯш кунад. Дигар сабр аз даст рафта буд, бадтинатӣ ва қилиқҳои ноҷӯри додаршӯ ӯро билкул ба танг оварда, охирин чора – аз хона рондани Хумсарро аз лавҳи хотир мегузаронд. Аммо...

Ҳусния дари даромадро боз карду ҳавсалааш пир шуд. Бо дидани симои махмуру гирифта, лабу даҳони кафколуду чашмони аз ғояти карахтию мастӣ базӯр боз ва сарутани овезони дар хоку гил андуда хунаш ба сар давид. Ҷойи ин ки дарди дил гӯяд, бо ҷаҳл исён бардошт:

– Садқаи одам шавӣ! Масту аласт аз кадом гӯр меойӣ?! Ту ҳам хонаи киро месӯзӣ, нобакор?!

Аз лабҳои каҷукулаи мард базӯр шунида шуд:

– Нафа... са... та каш-ш...

– Ту дар берун, додари касифат дар хона ба ғайр аз рафтори каҷу чиркин кори дигарро намедонед! Ба шумоён фақат муфтхӯрӣ бошад, нӯшу ишрат бошад... – Дар ҳоле ки ҳама умедаш ба бод рафта буд, Ҳусния бо хашм дарро баста, ба қафо гаштанӣ шуд, ки домани куртааш дар лойи чанголи шавҳар гир уфтод. Мард мисли саги ба ҷанг омода дандонҳои нимазарди сахт гозгирифтаи худро аз миёни лабҳои ба ду самт кашида нишон дода, чашмонашро калон кушода, бо ғуррос садо баровард:

– Қан-ҷиқи но-шуд.., ба кӣ дод ме-за-нӣ!..  

Ҳамин дам овози Ҳуснияро, ки мехост ғазабашро бештар ба сари шавҳар резад, ғиреви додаршӯ аз самти айвон, ки омадани бародарашро шунида «ака, ака» гӯён садо дармедод ва гиряи чирросии кӯдаки ширмакаш Нозанин дар гулу хафа кард. Зан доманашро бо зарб кашида аз панҷаи шавҳар даровард ва бе истиҳола ба самти тифли гирён давид. Марди сархуш бо шунидани садои имдодҷӯёнаи Хумсар калав-калавон, дасту панҷа ба девор такя дода, ба айвон гузашт. Ҳанӯз ӯ чизе нагуфта, дар сурате ки ёрои гап задан ҳам надошт, Хумсар бо иддао ба дарду ҳасрат пардохт:

– Ака, дар куҷоҳо гаштаӣ? Бубин занат ба чӣ ҳол овард мана, лаънатӣ девона шудааст. Хоб дида аноӣ мегуфт, хостам ҳолпурсӣ кунам... – бародар бо як азоб банди дастҳояшро аз лӯлаи гармкун кушод, Хумсар худро сабук ҳис карда аз ҷо хест ва бо нӯги ангуштон пешониашро молида ба дурӯғаш афзуд: – Ногоҳ доду бедод кард, худаша ба ҷиннигӣ заду ба тарафи ошхона давид. Ҳайрон шудам, тарсида аз пасаш омадам. Мана диду гурги ваҳшӣ барин ба сарутанам дарафтод. Ин кам буд магар, чойники чойро гирифту ба сарам зад. Гаранг шудам, пеши чимҳома сиёҳӣ пахш кард, дигар намедонам чӣ шуд... Ба ҳуш омада бинам, аз ҳама ҷоям ба батарию турба баста мондас...

Бародар бо сари хам, дар ҳоле ки калавида сари по меистод, ангушти ишора ба осмон тик карду нимғурма, канда-канда гуфт:

– Ҳо-ло ист.., и.. қан-ҷи-қа ҷаз-з-оша ме-те-ям...

Ҳусния дар назди тиреза нишаста Нозанинро мемаконд. Ҳарчанд пешонии духтаракро масҳкунон, аз ширмакии ӯ роҳат мебурд, як гӯшаи хаёлаш мушавваш буд. Эҳтимол дошт ҳар сония доду фарёди шавҳар ё додаршӯ баланд шавад. Аммо намедонист чӣ иттифоқе рух медиҳад. Ниҳоят, шишаи интизорӣ дар қоби хаёл шикаст. Дари хонааш тақаррос зада кушода шуд. Шавҳар чун сарбозҳои ба набард омода бо ниҳеб ба дохил қадам ниҳод. Аз чашмони алояш, ки каме пештар базӯр боз мешуданд, гӯё дуди оташ мебаромад. Дар ниҳояти ғазаб рагу пайи дастҳову рухсораш ба рӯ зада буданд. Ба маҳзи аз остона гузаштан канда-канда ба сари зан дод зад:

– Падар-саг, ту-ра... се тало-оқ кар-дам! – мард ин дафъа хеле ҳушёр менамуд, ҳоли абгори додар ингор ӯро ба худ оварда буд. – Гум шав, буро-о! Дафъ шав аз назарам!

Ҳусния дар анг монд, гӯё аз сараш як сатл оби ях рехта бошанд, тамоми вуҷудаш сард шуд. Беихтиёр Нозанинро маҳкам ба сари дил пахш карда ба по хест. Мехост ҳарфе гӯяд, аммо аз симои ваҳшатзада ва хашмогини шавҳар нафас дар дарун монд, сари ҷо шах шуда истод. Марди хунгирифта аз ин ҳолати ӯ бештар ба ғазаб омад, худро дошта натавониста наздик шуду ба китфи зан чангол зад ва бо зарб ба самти дар тела дод. Чун дид Ҳусния аз баромадан худдорӣ мекунад, кашидаю кушода як мушти обдор ба буни гарданаш фаровард. Зан бо зарби мушт ба девор бархӯрд, аммо чун кӯдак дар бағалаш буд, бо тамоми қувват худро сари по нигаҳ дошт. Ин дафъа овози шавҳар баландтар дар фазои хона печид:

– Буро, соята гум кун! Дигар ба ман ҳалол нестӣ... ту палашт7!

Аз пайи такон хӯрдану садои гӯшхарош як он кӯдак дар бағали модар дасту по зада баланд гиря кард. Аз тарсидани ӯ Ҳусния бештар ба ваҳм омад, бехаёл худро аз дар ба берун зад...

***

Фалак дар қасди озорам чароӣ?

Гулам гар нестӣ, хорам чароӣ?

Ту ки боре зи дӯшам барнадорӣ,

Миёни бор сарборам чароӣ? –

Ҳусния маҳзун канори гаҳвора нишаста бо садои кам шеър мегуфт. Бо якзайл ҷунбидан гаҳвора низ беист «ғиҷ-ғиж» овози якмаром бароварда, ба сурудхонии соҳибаш ҳамоҳанг мешуд.

Ҳамин дам Нозия омад, ду гӯшаи рӯмолашро аз зери гулу боз карда ба пеш сар дод ва дар паҳлуи духтар нишаст. Бо меҳр кафи даст ба рӯйи шонаи ӯ гузошта гуфт:

– Азизам, бисёр зиқ нашав. Бубин, ба писаронат нигарон будӣ, ҳар дуро овардем. Худоё шукр, ману додоят ҳастем, ҳама корат дуруст мешавад.

Ҳусния ба риққат омад, дидаҳои пури ашк ба модар дӯхта гунаҳкорона изҳор намуд:

– Маро бубахшед, очаҷон, одами ношуд баромадам, ҷуз зарару дарди сар чизе ба шумоён надодам.

– Нагӯ ин хел, ту фарзанди моӣ, ҷону ҷигарӣ моӣ...

Ногаҳон аз дами остона сару сурати Некрӯз намудор шуд. Ҳар ду баробар ба по хестанд. Некрӯз «шинед, шинед» гӯён бо даст ишора карду худаш низ дар канори хонтахта ҷо хуш кард. Ӯ чеҳраи афсурда ва чашмони сурхи Ҳуснияро дида гуфт:

– Боз гиря кардӣ, духтарам? Охир, чаро ба гап гӯш намекунӣ?

Ҳусния бо кафи даст рӯяшро пӯшонда сар хам кард. Як лаҳза сукунат ба миён омад. Нозия барои аз хиҷолат раҳондани ӯ мавзӯи суҳбатро тоб дод:

– Маҳалла чӣ гуфт?

– Ҳамааш афсӯс мехӯранд. Ҳуҷҷатора ба додгоҳ фиристоданд, то як моҳ ба муҳокима даъват мекардаанд.

– Одами паст баромад, кӯрнамак!

– Ҷони духтарам дар амон бошад, – афзуд Некрӯз, – ҳоло ист, чор анҷомаша фароҳам меоварам, бо бачаҳояш хушбахт зиндагӣ мекунад.

Нозия ҳарф назада Ҳусния ба суҳбат ҳамроҳ шуд. Ба падар рӯ оварда бо ҳисси ноумедӣ гуфт:

– Додоҷон, ба саратон ташвиш бор кардам, сад бор афсӯс мехӯрам, ки он қадар заҳматҳоятон бар абас рафт. Вақте ки дар донишгоҳ мехонд, пули шартномаша супурдед, кор наёфта бо мардикорӣ овора мегашт, барояш ҷойи кор ёфта додед, қадр накард он ноҷинс! Акнун хонаю мошин чӣ мешавад? Якера ба номи очааш, дуюмира ба номи додари палидаш гузаронда буд...

– Духтарам, маро хафа мекунӣ! – бо оҳанги норизо омирона гуфт падар. – Вақте ки гап бар сари тани сиҳату осоиши зиндагӣ меравад, молу чиза асло фикр накун! «Падармурдаро соя бар сар фикан...» гуфтаанд, коре, ки аз дастам омад, барои як ятим анҷом додам. Ҳоло ки ҷудо мешавед, агар инсоф карду чизе дод, ба хайр, агар не, садқаи сар! Барои ман тую бачаҳоят бебаҳотарин сармояву неъмат ҳастед, духтарам, ин асло аз ёдат наравад.

– Моли муфт бафоя намекунад, дар боло Худо ҳаст, – ба гап ҳамроҳ шуд Нозия ва аз шавҳар пурсид: – Баъд чиҳо кардед, бо домулло ҳам вохӯрдед?

Некрӯз каме шумханд зада гуфт:

– Оре, аз маҳалла баромада ба пеши Ризомахсум рафтам. Ҳама гапу кора муфассал нақл кардам. Дамашон гарм, домулло мақсади мана фаҳмиданд ва бо таъкид гуфтанд: «Вақте ки доманат олуда шуд, бурида парто! Аз ин тоифа мардҳои сифла, ки рафиқи мунофиқ ҳастанд, бояд даст шуст. Касе, ки зани худро аз дастдарозии дигарон ҳимоят намекунад, кӯдакони маъсумро ба амри сарнавишт вогузошта ба кайфу сафо дода мешавад, даюс аст. Муҷозоти ин разилон аз сӯйи Худованд муқаррар мебошад, ғам махӯр»...

Дар ҳавои суханони падар Ҳусния бо ноз ба модар наздиктар шуда, худро ҷафстар дар бағали ӯ ҷо кард.

***

Агарчи дар берун ҳавои сарди зимистонӣ ҳуштак мекашид, дохили хона гарм буд. Бухории чӯянӣ мисли анор сурх шуда, вар-вар садо дармедод. Дар болои сӯрохи кӯчаки он як чойҷӯш ва бар рӯйи сӯрохии бузургаш дегчаи чаҳоргӯша қул-қул ҷӯшида меистод. Бӯйи лазизи обгӯшт хонаро пур мекард, кадбону ҳар замон кашидадӯзиашро канор гузошта аз ҷо мехест ва дегчаи обгӯштро кофта мемонд. Ҳама машғули кори худ: писари калонӣ, ки аллакай мӯйи лаб бароварда китфу бозувонашро сар дода буд, дар гӯшаи ҳамешагии худ, пушти мизи қироат ба рӯйи курсӣ нишаста, китоберо бодиққат мутолиа мекард; дар канори ӯ додараш аз роёна7 сар намебардошт, ҳар замон ангушт ба рӯйи сафҳакалид зада аз пайи матлаби дигар чиқ-чиқ ҳарф мечид; дар рӯ ба рӯйи ӯ хоҳараки хурдсоли чилкокула бо ноз машғули расмкашӣ буд. Лавозими кори ӯ аз ҳама бештар ба назар менамуд, ба рӯйи мизи дарсхонӣ қаламҳои ранга, чанд дона мӯқалам, қуттичаҳои ранги акварел мехобиданд. Дар пешонии онҳо оинаи нилгуни деворӣ «гап» дода меистод. Кадбону як гӯшвор ба телевизиюн, тарҳи духтараки рақсонро дар миёни гулҳои баҳорӣ фаровард, охирин нахҳои мишкирангро аз охирсари гесуҳои печон кашида аз ҷо хест. Порчаи бо риштаҳои ҳарранг наққошишударо ҷамъ карда ба болои рахти ҷойгаҳ гузошт ва ба ҳама шунаво гуфт:

– Хуб, бачаҳоям, по шавед, дасту панҷа шуста дастурхон паҳн кунед! Обгӯштамон ҳам ҳилим-ҳилим пухт, шом мехӯрем!

Ҳамоно писари хурдӣ аз роёна сар бардошт, дастҳояшро сахт ёзонида ба пешу пас ду-се тоб дод ва бо завқ изҳор намуд:

– Ман ошиқи обгуштам,

Ман мубталои гуштам...

Писари калонӣ ҳам аз шеъраки додар ба завқ омада, китоби дасташро канор гузошту аз ҷо хест ва ба хоҳарак, ки мӯйқаламеро миёни ангуштони нозук дошта, мисли рассомҳои ҳирфаӣ абрпораҳоеро дар фарози доманакӯҳҳо мефаровард, наздик шуд. Ӯ як мӯйқалами дигарро гирифт ва пеш аз он ки ба рӯйи коғази расми хоҳар сурат кашад, гуфт:

– Медонӣ, кӯҳон чист? Кӯҳони шутурро дидаӣ?

Вақте ки исми шутурро ба забон овард, ҳамоно хоҳар бо табассум ҷавоб дод:

– Оре, дидаам! Дӯнгиҳои пушташ-дия.

Ҳар се хандиданд. Бародар афзуд:

– Ана ҳамонро ба хотир оварда калону хурд бикашӣ, мешавад абр, – худаш дар идомаи тасвирҳои хоҳар намои абрҳои кӯҳоншаклро фаровард ва бо меҳрубонӣ аз ду китфи ӯ дошта гуфт: – Ҳоло хез, бо ҳам шом мехӯрем, баъдан давом медиҳӣ.

Пас аз дасту рӯ шустан ҳар се – ду бародару як хоҳар ба ёрии модар шитофтанд. Ба иттифоқи ҳам дастурхон густурда, чой дам карда, обгӯштро дар косаҳо кашиданд ва гирди ҳам нишаста ба тановул пардохтанд. Дар ҳамин асно ровии оинаи нилгун ҳушу хаёли модарро рабуд, ӯ дар идомаи «Ахбор» мегуфт: «Бисёр ҳамдиёрони мо бо орзуи сарвату пул тарки ватан мекунанд, вале намедонанд, ки ин кори таваккал на ҳамеша бобарор аст, – дар идомаи сухани ровӣ манзараи зимистони қаҳратун, як шаҳраки бегонаи барфпӯшро намоиш медоданд. – Бубинед, дар ин шаҳри ноошно ду марди овора бо ҳоли табоҳ бехонаю дар шудаанд, аҳволи онҳо аз сагҳои велгард ҳам бадтар аст, – намоиши телевизиюн бештар диққати кадбонуро ҷалб намуд. Он ду нафари одамсурат дар зери норвоне ба ҳам часпида, дарақ-дарақ ларзида менишастанд: ҳар ду камзӯлҳои пора-пораи дарбеҳдору риштакашол ба бар доштанд, мӯйи сарҳо расида ба пушт фаромада буд, чеҳраҳояшон аз ниҳояти риши ғулуи расида базӯр ба назар метофт. Ровӣ мегуфт: – Ин ду нафар аз диёри мо ба умеди муздурӣ рафтаанд, вале нодонию ноуҳдабароӣ онҳоро ба ин ҳоли паст афкандааст. Чандин сол онҳо бо сарқути одамҳои раҳгузар имрори маош мекунанд, касифу олуда мегарданд, зиндагиашон, агар онҳоро «зинда» пиндорем, аз ҳаёти хукҳои ваҳшӣ бадтар аст. Онҳоро дар он диёр «бомж» мегуфтаанд... ».

Писари калонӣ оҳиста аз банди дасти модар дошт, бо меҳрубонӣ гуфт:

– Очаҷон, онҳоро дидию нороҳат шудӣ? Шавҳарат ба ёдат омад?

Дили зан таҳ хӯрд. Аз як сӯ бадбахтии шавҳари булҳавас, аз ҷониби дигар фарзандони бе падар бузургшуда, ки исму меҳри додоро намешиносанд, ӯро ба риққат овард. Гапе нагуфта, писар афзуд:

– Ба ин ҳол гирифтор шуданаш хости Худо аст. Ӯ ба ту номеҳрубонӣ кард, фарзандони худро пешпо зад, на хонаю дар, на мол, на мошину амволеро, ки моли ҳалоли ту ҳам буд, барои мо раво надид. Дар ҳини муҳокимаи додгоҳ бо додари лаину модари шаддодаш ҳар туҳматеро, ки медонистанд, ба сари ту рехтанд. Мо ҳамаи он воқеаҳоро шунидаем, равшан медонем.

Модар бо чашмони ғарқи оби меҳрогин ба писар дида дӯхт, бо ҳасрат сухан зери лаб чид:

– Ман ночор будам, намехостам ҳама ба хотири ман азият кашанд, вале рух дод... Падару модарам, шумоёнро бисёр овора кардам...

Писар хушҳол дасти модарро маҳкамтар фишурда гуфт:

– Ту беҳтарин бону, азизтарин духтар, меҳрубонтарин модар ҳастӣ, очаҷон! Ба сухани бобоям гӯш додӣ, таҳсили олӣ гирифтию муаллима шудӣ, моро бекамукост бузург кардӣ. Бубин, хона сохтем, боғамон ҳаст, ҳатто бузу гӯсфанду гов дорем! Дар ин замона ба чизе муҳтоҷ набудан бахти бузург аст, очаҷон!

Модар низ кафи гарми худро рӯйи дасти писар гузошт, аз чашмонаш ҳисси ризояту шодмонӣ ҷило медод. Бо садои ровии оинаи нилгун дубора ба ҳоли табоҳи «бомжҳо» дида андӯхтанд. Писари калонӣ илова кард:

– Ман боре аз муаллим Мансур кору кирдори шавҳаратро пурсида будам. Ӯ мегуфт, ки он номард ҳанӯз аз ту ҷудо нашуда занбозӣ мекардааст. Ин одати разилонаро баъдан идома медиҳад, вале барояш гарон тамом мешавад. Зане, ки пас аз ту ба хонааш овардааст, ӯро хонасалот мекунад. Сипас аз кораш ронда мешавад, ду даст дар бинӣ мемонад. Модари «меҳрубон», ки ҳамеша туро наҳ мезаду дар ҳаққат чандин туҳматро бофтааст, ӯро бо додари ҳаромаш ба мардикорӣ мефиристад. Як сол нагузашта хабару аксҳои бехонаю дар ва гадои гузаро шудани онҳо паҳн мешавад. Ман он замон панҷсола будаам, аз миён дувоздаҳ сол мегузарад, вале то ҳол онҳо беному нишонанд.

Модар сар хам кард. Ба рӯйи гунаҳояш оби дида фаромад. Дар ҳоле ки писару духтари хурдӣ бо ҳайрат ба ӯ менигаристанд, писари калонӣ суоломез гуфт:

– Очаҷон, аз гапҳои ман ранҷидӣ? Чаро гиря мекунӣ? Ҳар чӣ дорӣ бигӯ, дилатро холӣ кун.

– Ман бехабар мондаам, ки ту аллакай калон шудаӣ, писарҷон. Ҳар чӣ буд гузашт, гуфтаат, Худо ҷазояшро дод...

Модар боз чизе мехост бигӯяд, аммо худдорӣ кард. Ин ҳолати ӯро пай бурда, писар аз нав ба сухан омад:

– Дилатро фаҳмидам, оча. Мехоҳӣ мо ӯро бубахшем, биравему аз он ғарибиҳо ёфта гирем, дуруст?

Модар як он сар бардошт, чеҳрааш гӯё равшан шуд. Бо умедворӣ ба писар зеҳн монд.

– Ман шумоёнро маҷбур намекунам, – давомдор ҳарф зад ӯ, – лекин, гузаштаҳоямон гуфтаанд, «падарат хук бошад, хук бонӣ кун». Агар имкон даст диҳаду ёфта биёред, ин силаи раҳми мо мешавад.

– Очаҷони раҳмдилу некандеши ман! Ба хотири ту ман аз пайи ин кор мешавам, фақат як каме бояд сабр кунем. Ҳар гоҳ шиноснома гирифтам, бо ягон кас ба ҷустуҷӯ мебароям.

Модар аз шодӣ шукуфт, як дам бо меҳр писарро ба оғӯш гирифт. Дар дили ин суҳбатҳо ногаҳон аз берун садои ошно шунида шуд:

– Ҳусния, духтарам, дар хонаӣ?!

Ҳама баробар аз ҷо хестанд ва аз қафои модар ба пешвози падарбузург шитофтанд. Аз дами дарвоза Некрӯзу Нозия, ки дар ҷомаҳои гарм худро маҳкам печонида буданд, ба дохил медаромаданд. Онҳо ба меҳмонӣ меомаданд.   

_______________

1 пушак – гуппичӯб;

2 гирдихона – кӯрпача;

3 гардона – муҳаррик, мотор;

4 тамуз – фасли гармо, тобистон;

5 мулӯҳ – хӯса;

6 мачола кардан – дастмолаю маҷақ кардан;

7 палашт – нопок, олуда;

8 роёна – компютер  

 


2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.