Шакар Деҳқон

Дари дилро сухан бояд кушояд,

Сухан аз дил бурун ояд, хуш ояд.

Шакар Деҳқон 24 январи соли 1958 дар деҳкадаи Сойхурди деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато таваллуд шудааст. Падараш Деҳқон Қӯзиев чӯпон ва боғдори шинохтае буд ва тамоми умр дар хизмати мардум камари ҳиммат бастааст. Модараш Рӯзигулапа ба ҷуз кадбонуӣ шуғле надошт, вале ба ҳама корҳои суннатии занона ворид буд.

Шакар Деҳқон пас аз хатми мактаби миёнаи даҳсола таҳсили худро дар омӯзишгоҳи саноатии шаҳри Каттақӯрғон идома медиҳад. Ӯ маълумоти олӣ надошт. То охири умр бо касби падар, яъне бо чӯпонию деҳқонӣ чархи зиндагӣ гардондааст. Ӯ бо ҳамдеҳааш Шарбат хонадор шуда, панҷ фарзандро бо ҳам калон кардаанд.

Ҳанӯз дар овони наврасӣ Шакар равон-равон шеър мегуфт. Ӯ як тан шоири худрӯй ва бо истеъдоди фитрӣ буд ва  худро шогирди Лоиқи ширинкалом мехонд. Бо дилбастагӣ ба ин эъҷозофари сухан, чеҳраю тобишҳои зиндагӣ ва ишқу муҳаббати беохири худ ба ҳастиву инсонҳоро дар абёти шогирдонааш тараннум мекард. Бо ихлоси баланд ба шоири бузург номи писарашро “Лоиқ” гузошта буд. Дар омади сухан мегуфт:

Бе гулу булбул нишастам зиқ шудам,

Шеъри Лоиқ хондаму ошиқ шудам.

Воқеан, ӯ марде буд ошиқи зиндагӣ ва бо гуфтани байтҳои содаву равон, бо сурудани шеърҳои омиёна дар дили ҳамдиёрони худ маъво гирифтааст. Ба хусус, дубайтиҳои ин дӯстдори ҳаёт нозуктарин торҳои эҳсоси одамонро навозиш дода, ба қалбҳо суруру хушнудӣ ато мекунанд.

Ӯ шоири содаи деҳотӣ буд. Агарчи аз мактаби ҳақиқии шеъру шоирӣ нагузашта ва асрори илми каломи мавзунро нафаҳмида буд, чун марди худогоҳ ном баровард. Ҳама кору мушкилоти зиндагиро канор гузошта, зуд-зуд ба суроғи бузургони санъати сухан, барои вохӯрӣ бо аҳли қалам мешитофт. Бештар ба хотири аз байн бурдани каму костиҳои навиштаҳояш, бо ҳадафи дарёфтани мавзӯъ ва мантиқу маъниҳои нав сабақ мегирифт. Дар такмилу пешрафти ҳунари шоирии ӯ устодон – Абдулло Субҳон, Паймон, Акбар Пирӯзӣ, Йӯлдош Зокир, Абдуназари Набӣ ва сухангустарони рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” саҳми босазо гузоштаанд. Аз пайи ин, бо таҳрик ва пуштибонии устод Ҳазрат Сабоҳӣ беҳтарин шеърҳои ӯ гирдиҳам омаданд ва соли дуҳазорум аз тариқи нашриёти давлатии “Ӯзбекистон” китоби “Мавҷи Сойхурд” ба табъ расид. Дар назди хонандагони тоҷик шоири нав бо исми Шакар Деҳқон, ки аз деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато буд, маълум шуд. Муаллифи сарсухани китоби мазкур устод Ҳазрат Сабоҳӣ ҳини ошноӣ бо шеърҳои шоир эътироф кардааст: “…Аз дубайтиҳои ӯ, ки саршори оҳанги самимият буданд, бӯйи сабзаву гули кӯҳсор меомад, нағмаи чашмасорон ба гӯш мерасид. Ман барои худ таъйин кардам, ки ин соҳиби қалам ҳатман аз кӯҳистон бошад, зеро дар ашъори шаҳриёни мо чунин бӯву чунин содагӣ камтар эҳсос мешавад”. Ва поинтар меафзояд: “Ҳарчанд Шакар шоири мактабӣ нест, вале аз баъзе мактабиҳо хубу дилчасп менависад. Ман гумон мекунам, ки вай бештар дар сароидани дубайтиҳо дар пайравӣ ба оҳанги дубайтиҳои мардумӣ комёб аст. Аксари дубайтиҳои Шакар Деҳқон мисли намунаҳои мардумии ин навъи шеър дилчаспу мӯъҷазанд, чун чашмасоре аз дили пурхурӯши вай берун омадаву бар дил менишинанд…”.

Сад афсӯс, ин ошиқи содадил, вале худогоҳ натавонист умри дароз бинад. Аз сактаи бемаҳали қалб ӯ аз по афтод ва дар синни панҷоҳу сесолагӣ зиндагиро – ин мояи ҳастиро, ки ошиқи беқарораш буд, дар торихи ... соли 2010 падруд гуфт. Мо бошем, бо шеъри худаш ӯро ёд мекунем:

 Дилу ҷонам фиғон дорад, гули ман,

Баҳори ман хазон дорад, гули ман.

Пас аз маргам суроғи шеъри ман кун,

Шакар шеъри равон дорад, гули ман.

ШЕЪРҲО

Ай шеър

Бо ёди ту кардам садо,

Бишнид овоям Худо,

Шеъро, ту шоҳӣ ман гадо,

Зангӯла зан дар синаам.

Ай шеър, ай шеъри дарӣ,

Аз хурдӣ моро ёварӣ,

Дар туст моро боварӣ,

Зангӯла зан дар синаам.

Созам туӣ, сӯзам туӣ,

Ишқи дилафрӯзам туӣ,

Ай шеър, наврӯзам туӣ,

Зангӯла зан дар синаам.

Ҷомию Фониям туӣ,

Ёрони ҷониям туӣ,

Дарки маониям туӣ,

Зангӯла зан дар синаам.

Панди ниёгон дар ту аст,

Пиндори Сомон дар ту аст,

Уммеду армон дар ту аст,

Зангӯла зан дар синаам.

Бар дӯстдорон чун нишон,

Хоҳам бимонӣ ҷовидон!

Дар печухамҳои замон,

Зангӯла зан дар синаам.

Бандаи ишқи туам...

Зиндагӣ афсонаву ишқи ту ҳам афсона аст,

Дар хаёлам акси рӯят шамъи рӯйи хона аст.

Ман талоши сарвати дунё надорам, баҳри ман

Як даҳан ҳарфи хушу зебои ту дурдона аст.

Донаи холи лабат бо бӯса мечинам ба меҳр,

Мурғи илҳомам басе андар талоши дона аст.

Ҳусни ту андар дилу дар хотирам бишкуфтааст,

Шавқи ман бар чорсӯйи ҳусни ту парвона аст.

Бандаи ишқи туам, нозат хумори зиндагист,

Аз хумори ишқи ту бар дасти ман паймона аст.

Решапайванд

Бар сари қабри ту гирёнам, падар,

Ашки ғам аз дида афшонам, падар.

Шод будам бо ту, армонам набуд,

Бе ту ман акнун пурармонам, падар.

Ман ҷавон будам, ҷавониям гузашт,

Шуд хазон фасли гулафшонам, падар.

Решапайвандам ба ту ҳамчун ниҳол,

Решаи сахти дилу ҷонам, падар.

Бо ёди баҳор

Ояд баҳори нозанин,

Аз нав ҷавонӣ мекунам.

Шабҳо ба ёди чашми ӯ,

Исторабонӣ мекунам.

Дар боғу дашту кӯҳсор,

Гулҳо муаттар мешаванд.

Аз партави хуршеди ишқ,

Дилҳо мунаввар мешаванд.

Симои ӯ пеши назар,

Ман сурати гул мекашам.

Ояд баҳори гулбасар,

Ово чу булбул мекашам.

Ояд баҳори нозанин,

Ғамҳо фаромӯш мешаванд.

Аз ҳам ҷудо афтодагон

Бо ҳам ба оғӯш мешаванд.


ДУБАЙТИҲО

Агар абёти ман азёд мешуд,

Зи шеърам ҳар касе дилшод мешуд.

Чу мурғи аз қафас озодгашта,

Дилам аз дарду ғам озод мешуд.

***

Агар дар зери чоҳам, модари ҷон,

Агар дар пеши моҳам, модари ҷон.

Дар ин дунёи ғампарвар, фақат ту

Расӣ бар доду оҳам, модари ҷон.

***

Агар ойӣ, зи даргоҳам гузар кун,

Ба аҳволи мани ошиқ назар кун.

Наям ман ташнаи оби зулоле,

Лаби хушкидаам бо бӯса тар кун.

***

Агар сӯзи дили манро надонӣ,

Агар аз ишқи ман бебаҳра монӣ.

Ба ҳасрат мекунӣ ёд аз муҳаббат,

Дареғо, меравад аз ман ҷавонӣ.

***

Аё модар, манам арзандаи ту,

Манам як шӯълаи лабхандаи ту.

Ҳама гӯянд, мо банди Худоем,

Худои ман туӣ, ман бандаи ту.

***

Аё модар, туӣ пушту паноҳам,

Туӣ равшан чу хуршеду чу моҳам.

Бирастам аз ту чун офтобпарасте,

Ҳамеша сӯйи ту ҳар як нигоҳам.

***

Аҷаб ишқе ба зан дорад дили ман,

Хушиҳо дар бадан дорад дили ман.

На сайри боғу гулшан мекунад ӯ,

На майли мову ман дорад дили ман.

***

Аҷаб хуш рангу бӯ дорад, гули ман,

Чу гул бишкуфта рӯ дорад, гули ман.

Дубайтии маро бинмуда аз бар,

Ки бо ман гуфтугӯ дорад, гули ман.

***

Ба кӯ боди вазоне омаду рафт,

Ба ҷӯ оби равоне омаду рафт.

Замоне ошиқат будам ба сад ҷон,

Аҷаб давру замоне омаду рафт.

***

Ба нокас ҳамнафас гаштан нахоҳам,

Таги боли магас гаштан нахоҳам.

Чу ин дунё пур аз ишқу ҳавас аст,

Ба дунё бе ҳавас гаштан нахоҳам.

***

Баҳори пурнигор омад, гули ман,

Бубин турна қатор омад, гули ман.

Зи лабҳои асалгун бӯса хоҳам,

Шакар дилбеқарор омад, гули ман.

***

Ба ҷойи моҳи шаб маҳтобам имшаб,

Ба чашмат ҳамчу маҳ метобам имшаб.

Ба чашмам ҳамчу маҳ тобӣ-натобӣ,

Ба оғӯши маҳат мехобам имшаб.

***

Бухоро Бӯалиро офарида,

Хушию ҳамдилиро офарида.

Гумон дорем, бе дарду азобе

Чи осон мушкилиро офарида.

***

Ватан маънои беҳамтои дил аст,

Чинори қоматам з-ин обу гил аст.

Муборакбод гӯям ин хуширо,

Диёрам – Ӯзбакистон мустақил аст.

***

Гулафшон манзили моро накардӣ,

Фурӯзон маҳфили моро накардӣ.

Ба дӯши зиндагӣ истода чун санг,

Сабук бори дили моро накардӣ.

***

Гули ман, бо туам, то зинда ҳастам,

Туро бо ишқи покат мепарастам.

Набошад ҳеҷ кас мисли ман, эй ҷон,

Ки ман ҳам ошиқу ҳам шоирастам.

***

Гули ман, хандаи рӯят – дубайтӣ,

Ба ҳам печидани мӯят – дубайтӣ.

Даме бо ман нишину ҳамдилам бош,

Дилам баҳри ту мегӯяд дубайтӣ.

***

Гули ман, хандаҳоят дилнишин аст,

Муаттар зулфи ту чун мушки Чин аст.

Шакар, эй Шарбатам, гардад зи лабҳот,

Ки дар лабҳот шаҳду ангубин аст.

***

Гурӯҳе ҳеҷ карда бовариро,

Фаромӯш кардаанд одамгариро.

Куҷо шуд ранҷҳои модари зор,

Намедонанд лафзи модариро.

***

Даме, ки бо туам, ман ғам надорам,

Ба дида заррае ҳам нам надорам.

Ба уммеде, ки бошам бо ту умре,

Туро аз орзуҳо кам надорам.

***

Дар ин дунё ягон кас бе Худо нест,

Ягон кас ошиқи шайдо чу мо нест.

Агар қисмат маро аз ту ҷудо кард,

Сарам бо ту, дилам аз ту ҷудо нест.

***

Даруни синаам дил пора-пора,

Ба монанди шаби пур аз ситора.

Бимирам, оташи ишқат намирад,

Ки аз ҳар порае хезад шарора.

***

Дилам аз дарду ғам менолад имшаб,

Чароғи масканам месӯзад имшаб.

Қалам дар дасти ман чун теғи Рустам,

Ба рағми душманам метозад имшаб.

***

Дилам аз ишқат озоре кашида,

Азоби дарди беморе кашида.

Бад-ин сон мекушӣ рӯзе маро ту,

Сарамро бар сари доре кашида.

***

Дилам гум мезанад аз дидани ту,

Дилам бишкуфта аз хандидани ту.

Дилам чун тифли кучак гиря дорад,

Ба вақти аз канорам рафтани ту.

***

Дилам чун чашмасорон ҷӯш дорад,

Зи оби чашмасорон нӯш дорад.

Суруди чашмасорон карда аз бар,

Навои чашмаҳо бар гӯш дорад.

***

Диле хоҳам чу гул озода бошад,

Диле хоҳам чу ман дилдода бошад.

Диле хоҳам мисоли ҷоми Хайём,

Пур аз шеъру хумори бода бошад.

***

Дило, булбул ба боғи ман наёмад,

Даме гул бар суроғи ман наёмад.

Саҳар бо шому шаб бо субҳ пайваст,

Аниси ишқу доғи ман наёмад.

***

Дилу ҷонам фиғон дорад, гули ман,

Баҳори ман хазон дорад, гули ман.

Пас аз маргам суроғи шеъри ман кун,

Шакар шеъри равон дорад, гули ман.

***

Ду-се байте, ки дорад дафтари ман,

Бувад хуршеду моҳу ахтари ман.

Зи шеърам бӯйи шири модар ояд,

Ба лаб ояд яке шеъри тари ман.

***

Ду чашмат чашмаи илҳоми ёр аст,

Чу гул бишкуфтани ҳуснат баҳор аст.

Ба ин чашму ба ин ҳусне, ки дорӣ,

Шакар ошиқ шавад, хушрӯзгор аст.

***

Замоне дар дилам сӯйи ту раҳ буд,

Чароғи ҳусни ту хуршеду маҳ буд.

Ба васли ту нагардидам муяссар,

Чу ранги мӯйи ту рӯзам сияҳ буд.

***

Замоне дар лабам шеъри таре буд,

Дили ман дар бари гулдухтаре буд.

Ҳама ошиқ буданду лек дар асл

Шакар аз ошиқон ошиқтаре буд.

***

Замоне ишқи мо бар гул асар дошт,

Гули гулдони мо сад барги тар дошт.

Гули гулдони мо бишкуфта месӯхт,

Фуруғи синаи мо ҳам шарар дошт.

***

Касе, ки дафтари шеърам бихонад,

Зи шеърам шарҳи ҳоламро бидонад.

Бихоҳам пок будан дар ҳама ҳол,

Дар ин дунё дили покам бимонад.

***

Кунам чун ёди халқи титу ҳайрон,

Бисӯзам аз ғами дарди фаровон.

Худовандо, маро бо Ман бипайванд,

Маро аз Ман ҷудо карданд ёрон.

***

Маро ин шӯру савдо аз муҳаббат,

Маро ин ҷони шайдо аз муҳаббат.

Дилам аз сӯзи ишқат ранги нав дид,

Туро кардам чу пайдо аз муҳаббат.

***

Маро ирфони ҷонам шуд, муаллим,

Ба ҷойи ҷони ҷонам шуд, муаллим.

Гирифтам аз муаллим ҷони таълим,

Балогардони ҷонам шуд, муаллим.

***

Муҳаббат дар дили ман хона карда,

Маро дар ошиқӣ афсона карда.

Хаёлам мебарад бар сӯйи Лайлӣ,

Диламро Маҷнуни девона карда.

***

Надонам, гуфтани афсона то кай?

Надонам, хуфтани девона то кай?

Надонам, дар хиёбони хаёлам

Чу гул бишкуфтани ҷонона то кай?

***

Нахушкад чашмаи илҳоми шоир,

Наафтад ашки ғам бар ҷоми шоир.

Маро ишқи ту шоир кард, шоир,

Ки бе ишқи ту ман мемурдам охир!

***

Нигоҳам риштаи испеди ишқ аст,

Хаёлам киштаи уммеди ишқ аст.

Чу хуршед аз пайи ободӣ кӯшам,

Дили ман чашмаи хуршеди ишқ аст.

***

Падар рафтӣ, нигоҳам пур зи нам шуд,

Дилам пур аз ғаму дарду алам шуд.

Накардам пеша чӯпонӣ-т, аммо

Асои ту ба дасти ман қалам шуд.

***

Саропойи туро испед дидам,

Ба чашмат шуълаи уммед дидам.

Саробе буд, андар хатти қисмат

Ҷамоли духтари хуршед дидам.

***

Тамоми кори ту найранг будаст,

Ҷаҳони ваъдаҳоят танг будаст.

Бичидам сангҳои роҳи ишқат,

Надонистам дилат аз санг будаст.

***

Туӣ савту суруди мо, падарҷон,

Туӣ буду набуди мо, падарҷон.

Раҳи тайкардаат пасту баланд аст,

Чу роҳи Сойхурди мо, падарҷон.

***

Туро дилбар, ки пазмонам, куҷоӣ?

Хумори ҳар ду чашмонам, куҷоӣ?

Дилам шуд ошиқи ҷону тани ту,

Дилу ҷонам, дилу ҷонам, куҷоӣ?

***

Хаёлам бо ту банд аст, ай гул, ай гул,

Лабонат ҳамчу қанд аст, ай гул, ай гул.

Бихоҳам бӯсае чанд аз лабонат,

Ки нархи бӯса чанд аст, ай гул, ай гул?

***

Харобам мекунад доғи дили ман,

Азобам медиҳад зоғи дили ман.

Насими ишқат-ар боре хиромад,

Гулафшон мешавад боғи дили ман.

***

Ҳама як меҳрубон дорад, гули ман,

Ҳама як соябон дорад, гули ман.

Ҳама доранд агар ширинлабонро,

Шакар ширинзабон дорад, гули ман.

***

Чу гул бишкуфтанатро ёд кардам,

“Азизам” гуфтанатро ёд кардам.

Чу дидам бистару болини холӣ,

Канорам хуфтанатро ёд кардам.

***

Чу ман дар суҳбати ҷононам имшаб,

Пайи иҷрои ҳар фармонам имшаб.

Агар фармон диҳад, дар пеши пояш

Диламро кандаву мемонам имшаб.

***

Чу оби чашма меҷӯшад, дили ман,

Зи оби чашма менӯшад, дили ман.

Нахушкад ҳамчу оби чашмасорон,

Пайи ободӣ мекӯшад, дили ман.

***

Чу ҳастам ман туро ҷону ҷигарбанд,

Чу ҳастӣ, модаро, комам пур аз панд.

Надорад гетӣ чун мо решапайванд,

Ту бошӣ гар Бухоро, ман Самарқанд.

***

Чу Ҳофиз дур суфтан – бахти ноёб,

Сухан аз ишқ гуфтан – бахти ноёб.

Чу Саъдӣ умр дидан то ба сад сол,

Чу гул боре шукуфтан – бахти ноёб.

***

Ҷаҳон моро ба ҳар ҷое расонда,

Сари моро ба маҷрое расонда.

Ба сахтию ба савдои муҳаббат,

Дили моро ба Лайлое расонда.

 ***

Шавад, эй кош, шеърам нӯши мардум,

Наафтад бори ман бар дӯши мардум.

Навозад мутрибе тори диламро,

Расад оҳанги дил бар гӯши мардум.

***

Шунав бо гӯши дил пандам, писарҷон,

Туӣ ҷону ҷигарбандам, писарҷон.

Агар бадбахтӣ, мегирям шабу рӯз,

Фақат бахти туро хоҳам, писарҷон.

 

АЗ ДАФТАРИ АБЁТ

Бе гулу булбул нишастам зиқ шудам,

Шеъри Лоиқ хондаму ошиқ шудам.

Бишнида ғамат дилам ба нолиш омад,

Бар чашми сарам нам-нами бориш омад.

Бо меҳри ту ман шукуфтаву хандонам,

Бе меҳри ту ман барги хазонам, модар.

 

Бо ёди шеъру шоирӣ шаб рӯз мекунам,

Ҷонам фидои одами дилсӯз мекунам.

 

Гар меҳру хирад надорӣ, ай ёр,

Бо ҳусн дили касон маёзор.

Дари дилро сухан бояд кушояд,

Сухан аз дил бурун ояд, хуш ояд.

Дар оташи шед хоку гил месӯзад,

Аз рашку ҳасад хонаи дил месӯзад.

Ёри мо аз мо ҷудо афтидааст,

Ашки ғам бар дидаҳо афтидааст.

Ин деҳаи мо сар то ба по гулзор аст,

Ошиқ шудаам кулли хаёл дар ёр аст.

Ин ҳама байтҳои бедори дилам,

Аз суруди аллаҳои модарам.

Лаҳзаҳое, ки дилам бе шеър аст,

Зиндагиям сарду ях, бе меҳр аст.

Ман бо ту будам, нигори ҷодубасаре,

Афсӯс, ту бо манию сар бо дигаре.

Манзиле дорам ба номи Сойхурд,

К-аз биҳишту ҳур зеботар бувад.

  

Ман қалам гирам агар бо ёди дӯст,

Зиндагӣ бо ёди дӯстонам равост.

Ман мемираму зиндагиям мемонад,

Ҳар шеъри маро зиндадиле мехонад.

Маро мегуфт аз ҳайвон ҷудо шав,

Накуӣ пеша кун, аз бад раҳо шав.

Оҳанги дилам нолаи торам шиканад,

Ошиқ шудаам, кош хуморам шиканад.

Таннози дилам, чаро маро бас кардӣ?

Дилсӯзии худ чу сӯхтани хас кардӣ.

Ҳар ки донад зиндагиро оқил аст,

Зиндагӣ кардан ба нодон мушкил аст.

Як рӯз гузашту рӯзи дигар омад,

Рози дили ман шунида дилбар омад.

 


2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.