Шакар Сайфӣ
ШАКАР САЙФӢ
Шакар Сайфӣ (Сайфуллоев) 2 июли соли 1979 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато дар оилаи коргар дида ба дунё кушодааст. Падари ӯ Зайнуллоҳи Сайфуллоҳ ва модараш Тоҷигул бинти Нурмаҳмад агарчи таҳсилоти комил надоранд, бо бурдборӣ аз кӯраи зиндагӣ гузашта, фарзандони худро дар рӯҳияи солими инсонгароӣ ва меҳнатдӯстӣ ба камол расондаанд.
Шакар мактаби миёнаро дар зодгоҳи худ хатм карда, дар соли 1996 ба бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад. Пас аз фориғ шудан аз таҳсили донишгоҳ (2000) чанд муддат дар идораи рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба ҳайси мухбир фаъолият мекунад. Сипас, бо ҳидояти дӯстони равшанфикр кори рӯзноманигориро дар бахши тоҷикии радиои Хуросон дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон идома медиҳад. Ӯ бо хонумаш муқими кишвари ҳамсоя шуда, аз наздик бо урфу одат ва тарзи зиндагии ҳамзабонони эронӣ ошно мешавад ва дар давоми ҳамин сафари худ ва ҳамкорӣ намудан бо аҳли зиёи форсизабон боз ҳам бештар ба дунёи рангин ва пурасрори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ фуру меравад. Вале, пас аз даргузашти модари меҳрубон ӯ маҷбур мешавад касби писандидаи худро раҳо карда, дубора ба деҳа, ба назди падари дасттанҳо мондаи хеш баргардад. Шакар барои дар овардани мояи рӯзгузаронӣ гоҳ-гоҳ ба кишвари Русия рафта меистад ва мутарҷимӣ мекунад.
Шакар Сайфӣ ҳанӯз дар овони мактабхонӣ ба фанҳои забону адабиёт шавқу алоқаи беандоза дошт. Ӯ ду бор дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ширкат варзида мақомҳои аввалу дувумро соҳиб шуда буд. Дар донишгоҳ бошад, майдони илмомӯзӣ боз ҳам васеътар дар рӯ ба рӯяш боз мегардад. Ӯ пайваста ба омӯхтани паҳлӯҳои нозуку мастури забон ва ба хусус, шеъру шоирӣ машғул мешавад ва бо кӯмаку дастгирии устодон то ҷое ба ин баҳри маъонӣ ва сеҳрнок сар мезанад. Пайи ҳам шеърҳои ӯ дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” чоп мешаванд ва натиҷаи нахустин саъйҳои хомаронӣ ва табъи равони Шакар буд, ки китоби манзуми “Селоби ишқ” падид меояд. Ин китоби шеъри шоири ҷавон аз тариқи нашриёти самарқандии “Зарафшон” бо таҳрири шоир Хоҷа (Чоризода) ва пешгуфтори шоир Асадулло Шукуров дар соли 2003 ба табъ расидааст.
Зиндагӣ бас тазодҳое дорад. Гоҳ афроде дучор меоянд, ки аслан истеъдоди эҷодкорӣ надоранд, вале бо иштиёқи баланди шӯҳратёбӣ калимотро пасу пеш чида, қаламиҳои бемантиқеро ба тартиб медароранд ва ҳатто дафтару китоби “ашъор” меофаранд. Онҳо барои чопи қаламиҳои худ сармоя ҳам меёбанд ва ҳатто китоби “воло”-и худро бо сарсухани олимони шинохта оро медиҳанд. Дар муқобили ин “эҷодкорон”, афроде мисли Шакар аз дасти бебизоатӣ ва тазйиқҳои рӯзгор сари ҷо по мезананд ва табъу маҳорати модарзотии худро хор мекунанд. Шояд ҳам ин тавр нест, шояд Шакар ҳанӯз ҳам менависад ва дастнависҳои худро ҷамъ мекунад, аммо ҳақиқати талх ин аст, ки мо пас аз “Селоби ишқ” дигар ҳеҷ гуна “селоб”-ро надидем.
Шакар Сайфӣ ҷавон аст, ӯ метавонад дар осмони шеъру шоирии деҳаи Эҷ ҳамчун дурахшонтарин ситора нурпошӣ кунад. Ӯ бо нахустин шеърҳои худ аллакай ба дили ҳамдеҳагон ва дӯстдорони каломи бадеъ роҳ ёфтааст. Ворид шудани Шакари ҷавонро ба майдони адабиёт хайра мақдам гуфта, шоир Асадуллоҳ Исмоилзода ба ӯ чунин баҳо дода буд: “Шакар Сайфӣ аз қабили чунин ҷавонони тозаэҷод аст, ки гӯё саропо ишқ асту ошиқона шеър мегӯяд. Зодаи кӯҳистон асту оби зулоли чашмаҳо ба ӯ илҳом ҳадя кардаанд ва кӯҳҳои сарбафалак ба вай тамкин бахшидаанд. Шакар Сайфӣ аз хазоини ашъори шуарои пешин баҳра бардошта, дар орзуи шеъри шаккарин худро бо сайф (шамшер)-и сухан мусаллаҳ гардондааст. Мавзӯоти ашъораш аксаран ишқи ёру меҳри диёр буда, аз онҳо бӯйи баҳору ёду хумор ба табъи хонанда мерасад...” (Селоби ишқ, “Гуфтани шеъри ногуфта орзуст”, саҳ.3).
То ба ҳол Шакар Сайфӣ дар байни қаламфарсоёни ҳавзаи адабии Варорӯд ба тавре ки лозим аст муаррифӣ нашудааст, аммо итминон дорем он рӯзи саъд барои Шакари ширинзабон фаро хоҳад расид. Ӯ аз зумраи шоироне хоҳад гардид, ки ҳам бо усули суннатӣ ва ҳам дар қолаби шеъри нав асарҳои мондагор меофарад ва бо сухани ноби худ муштоқони каломи мавзунро комгор месозад.
ШЕЪРҲО
ЭҲЁ
Аз он рӯзе, ки аз дарёи ишқи ту
чашидам қатрае бар коми қалби ташнаи меҳрам,
бароям зиндагӣ ширину осон аст.
Аз он субҳе, ки аз анфоси хайрангези нобаш
шамидам накҳати зулфат,
бароям бӯйи дигар хушку беҷон аст.
Аз он шоме, ки рӯшан кулбаам гардид
зи нури рӯйи тобонат,
барои ман,
баҳои ҳусни маҳ дигар
баробар бо баҳои санги беҷон аст!
Ту нақди ман, алайҳи насяҳои қалби пурдардам,
Ту пирӯзии ман ҳастӣ ба бадхоҳони номардам.
Ту дунёи манӣ, дунёи дигарро намехоҳам,
Ту эҳёи муҳаббат дар дили аз беғамӣ сардам.
БОРОНИ ОРЗУ
Биё, ин лаҳзаи ширин,
ки бо ман ҳамнафас бошӣ.
Биё, то дар макони дил
ниҳон аз хору хас бошӣ.
Туро бар конуни дил,
бар макони меҳру осойиш,
ба дунёи пур аз ишқу
фазои пок аз олойиш,
Хоҳам бурд!
Канори ту зи офатҳо,
зи осебу касофатҳо,
зи гардишҳо,
зи ҷунбишҳо,
зи кулли нобарориҳо басе парҳез хоҳам кард.
Ва ҷоми синаи худ
аз шароби васли ту лабрез хоҳам кард.
Ва сархуш аз майи нилгун,
туро афсона хоҳам гуфт.
Яке афсонаи ширин
зи ишқу ҷонфишониҳо,
зи сӯзишҳо,
зи созишҳо,
зи ҳиҷрону зи хун бигристани ёрон.
Чу Маҷнун дар биёбонҳо,
зи худ берун,
вале дар қайди ёр биншастани эшон,
Ба ту бо лафзи ширин вола хоҳам шуд
ва то рӯзи қиёмат
дар сарат бедор хоҳам буд!
БАРҚУ ИШҚ
Барқ рахшид!...
Бар дарахте оташ афтод,
оташе бар ҷисми он афтиду шоху барг-ш сӯхт.
Рехт борон!...
Вораҳонда ҳастияш аз чанги оташ
чун зуғол гардида сар то пойи он...
Гарчи буд барҷо танаш, лек он дарахт
баъд аз он боре наовард.
Ҳам навозишҳои чандин навбаҳор,
ҳам парастишҳои шамси меҳрубон,
Он дарахти сӯхтаро коре наовард...
Дидам ин ҳол,
ишқи худ бар ёдам омад!
БАҲОР ВА БОРОН
Чӣ туғён аст?
Чӣ тӯфон аст?
Ки рӯди дил хурӯшон аст.
Муҳаббат не,
на беморӣ,
Баҳорон асту борон аст!
Хурӯши абри найсон аст,
Фалак дар фикри исён аст!
Машав ҳайрон,
маҷӯ таъбир,
Баҳорон асту борон аст!
Ҷавон ҳастиву мешӯрад,
ҳама ҳастии ту имрӯз,
Дилат ҷӯяд раҳи парвоз,
на шаб оромиву не рӯз.
Мапиндор ин зи шайтон аст,
Баҳорон асту борон аст!
СЕЛОБИ ИШҚ
Бишканад, вайрона созад,
Меситезад, мегудозад,
Шоҳу соил кай шиносад,
Эй тани аз дил ҷудо,
Бигрез аз гирдоби ишқ!
Ногаҳонӣ мерасад он,
Мисли борони баҳорон,
Хуррам аз меҳраш гулистон –
Булбули дардошно,
Овез бар атъоби1 ишқ!
Оҳ, чи мағрур асту саркаш,
Ҳам балохезу балокаш,
Душмани дил асту дилкаш –
Эй сари ноошно,
Омез бо селоби ишқ!
Оби оташзода бошад,
Аз само уфтода бошад,
Бегунаҳ озода бошад –
Раҳрави роҳи Худо,
Магрез аз асҳоби ишқ!
Нолаҳояш шодӣ орад,
Аз қафас озодӣ орад,
Мулкро ободӣ орад –
Эй Худои синаҳо,
Мастез бар изноби2 ишқ!
_______________
1 атъоб – ранҷҳо;
2 изноб – гуноҳҳо
ДАРСИ НОТАМОМ
Бе ту аз ман рафт рӯзи бешумор,
Гарму сарду бобарору бебарор.
Гашта хомӯш оташи сӯзони дил,
Чун набуд ҷуз ёди ту андар канор.
Лек гоҳо сӯзад ин дил бехабар,
З-он, ки бошад захми ӯ маргофарин.
Метапад аз дидани рӯйи шинос,
Мисли беморе ба рӯзи вопасин.
Мекашад бори ҷудоӣ ҷисми ман,
Мечакад хун аз ҷабинам рӯзу шаб.
Сояи васлат намояд дилфиреб,
Рухсате надҳад маро мири ғазаб.
Хуш бизӣ, эй ранҷу озори дилам,
Хуш бизӣ, эй дарси такрори дилам...
Гар “ману ту” “мо” нагаштем, бок нест,
Хуш бизӣ, эй ишқу асрори дилам!
ДАРЁИ ПУРСУКУТ
Намешӯрад дигар дарё зи мастӣ,
Ки паҳнояш магар осуда карда?
Намехонад суруди шӯх дигар,
Ғарибиҳо танаш фарсуда карда?!
Бибурдандаш ба ҳар роҳе ба зӯрӣ,
Дили озурдааш шуд пора аз ғам.
Зи хоки нармхези дашти беҷон,
Сияҳ пӯшид чу андар рӯзи мотам.
Ба ёди қуллаҳои кӯҳсоре,
Шабу рӯзаш нигаҳ андар фазо буд.
Ҷудоӣ аз ватан, оғӯши модар,
Ба ҳаққи саркашиҳояш ҷазо буд?!
ҚАЛЪАИ ФЕҶАК
(манзума)
Қалъаи Феҷак1 сари кӯҳ,
ин замон вайрон гашта.
Торихаш дар байни мардум,
қиссаю афсона гашта...
Буда аммо рӯзгоре,
к-ӯ паноҳи мардумон буд.
Баҳри ҳифзи номуси халқ,
садди роҳи душманон буд.
Мардуми заҳматкашида,
аз фалокатҳо рамида.
Шаҳрҳоро тарк гуфтанд,
дар бағалкӯҳ орамида.
Лек хасми кинапарвар,
сахтрӯю бемурувват.
Гоҳу ногаҳ ҳамла мекард,
бар сари ёрони ғурбат.
Кард ғорат деҳаи Эҷ,
одамонро карда мазлум.
Молу нонаш мерабудӣ,
зору ҳайрон карда мардум.
Лек як рӯзи зимистон,
баъди забту ғорати деҳ.
Душманон дуздида бурданд,
духтари хушқомати деҳ.
Ин такони охирин буд,
бар ниҳоди марди тоҷик!
Номуси ӯ ҳастиаш буд,
дарди номус, дарди тоҷик!
Хонааш ғорат намуданд,
ӯ сабурӣ пеша бинмуд.
Тахту тоҷашро рабуданд,
боз ҳам андеша бинмуд.
Бо саховатпешагиаш,
ӯ барбар бо замин буд.
Гар гунаҳ бошад сабурӣ,
айби ӯ танҳо ҳамин буд.
Андар ин дунё барояш,
Ғайри номус гавҳаре не.
Ганҷи ӯ номи баландаш,
зиннати бому даре не.
Лек имрӯз он лаинон,
даст бар ганҷаш ниҳоданд.
Бехабар гӯйӣ, зи занҷир,
наррашереро кушоданд.
Дигар он гурди куҳистон,
хест аз ҷо ҳамчу Рустам.
Рағми он дуздони беор,
тавқи ҷангӣ карда маҳкам.
То баҳор андар сари кӯҳ,
қалъае бунёд карданд.
Баҳри ҳифзи номуси халқ,
кори сад Фарҳод карданд.
Баъд аз он ғассоби маккор,
бо ҳазорон макри шайтон.
Ҳар сафар мағлуб мегашт,
дар набарди паҳлавонон...
Қалъаи Феҷак сари кӯҳ,
ин замон вайрона гашта.
Хонаи аҷдодии мо,
бодҳоро хона гашта...
__________________
1 Феҷак (فیجک) – номи қалъа (ин бузургтарин ва қадимитарин қалъаест, ки бар фарози деҳаи Эҷ қарор дорад ва эҳтимол дорад нахустин маскани эҷиён ҳам бошад)
ШЕЪРИ САПЕД АЗ ШИРИ САПЕД
Оҳ, Модар!
Боз ман раҳгум задам,
боз ман раҳгум задам дар роҳи мақсудам, дареғ.
Роҳи ман омад ба пастӣ,
кӯйи мақсуд ноаён аст,
шуд фазоям тира бо анбӯҳи меғ.
Оҳ, Модар!
Ёварам бош.
Раҳнамо шав боз як бор,
баҳри тифли кӯчакат.
Роҳи некӣ,
роҳи бахту роҳи иқбол
баркушо!
Ҳам бубахшо,
ҷурми фарзандат ба меҳр.
К-ӯ гунаҳкор аст андар зиндагӣ
з-он ки қадри шири покат,
пеши худ нашнохтам ман.
Ҳаққи он бедории шабҳои ту
номи некат
то фалак н-афрохтам ман.
Ҳаққи он нону намак,
ҳаққи он алфози ширин,
ҳаққи ин пойи равонам,
ҷисму ҷонам,
пеши поят чун гилем н-андохтам ман.
Модари ҷон!
Қисматам аз синаат сарчашма дорад...
ДУОИ МОДАР
Хоб дидам мӯсафеде гаштаам,
Модари ман навҷавону тозарӯ.
Карда дар оғӯш ҷисмам зери лаб
Сӯйи Яздон илтиҷо мекард ӯ:
“ – Эй Худо, бишнав ниёзам ин саҳар,
Марҳамат фармою бар додам бирас.
Аз сари фарзанди ман мӯйи сафед
Бо сияҳмӯйи манаш бинмо иваз!
Умри ман афзо ба умри кӯдакам,
Зиндагияш саҳнаи пирӯзӣ кун.
Ӯ набинад норасоӣ дар ҷаҳон,
Ганҷи оламро ба рӯяш рӯзӣ кун!”
Чашм бикшодам зи хобу худ ба худ,
Таъбире ҷустам ба ин амри муҳол.
Ногаҳон пире ҳувайдо гашту гуфт:
“ – Ин ҳақиқат аст, не хобу хаёл.
Модари ту ҷон бубахшиду ба меҳр,
Гармии худро ба ҷисмат ҷо намуд.
Хирмани мӯйи ту мӯйи модар аст,
К-аз сари меҳраш туро эҳдо намуд.
Бо чи заҳматҳо туро Одам намуд,
Бар ту бахшид навҷавонии худаш.
Боз мехоҳад, ки бошад ёварат,
Бо дуои осмонии худаш!...”
ҒАЗАЛҲО
Ба замони ибтидоҳо, ки аз интиҳо бихезад,
Ту биё ба хокҷое, ки ба чархи дун ситезад.
Ва дар он макони охир ба ғуруби орзуят,
Ту бипош тухми дигар, ки шафақ аз он бирезад.
Ба нумӯи хештан боз асар аз муҳаббат орад,
Ба хазони зудрас охир алам аз ситам бихезад.
Магар огаҳӣ, ки худ гул зи хазон бувад паёме,
Ки ҳанӯзу боз аз дил алам аз алам бирезад.
Чу ҳаёту марг тавъам сари нуқтаанд саргум.
Бигузор зиндагонӣ ба сарат нишот безад.
***
Бар кулбаи эҳзони ман, хуш омадӣ, эй ҷони ман,
Меҳмони дунёем мо, як дам бишав меҳмони ман.
То бар ту гӯям қиссае аз умри бемаҷрои хеш,
Равшан шавад дар пеши ту ҳоли дили гирёни ман.
Оҳанги ғам ояд агар аз сӯҳбатам, ранҷур машав,
К-ин зарраест аз оташи дар синаам пинҳони ман.
Беҳуда умре бурдаам, роҳе ғалат паймудаам,
Маҷнун намегардад дар ин оворагӣ ҳамсони ман.
Гар ногаҳон бинӣ гуле дар байни хористони даҳр,
Пайке расон аз сӯйи мо, бар дилбари хандони ман.
***
Дар лаби дарё нишинам хуб нест,
Ман, ки як баҳри дамонам орзуст.
Гӯшае хомӯш будан мушкил аст,
Баҳри дил дарди замонам орзуст.
Дар чунин роҳе, ки бошад пурхатар,
Иттифоқи ҳамраҳонам орзуст.
Чун гирифта кӯҳи ғам роҳи маро,
Раҳкушо бар мардумонам орзуст.
Бурда аз дил Аҳриман гармии меҳр,
Кӯмаке аз Рустамонам орзуст.
Нахли армони Шакар ояд ба бор,
Эй Худо, бахти равонам орзуст!
***
Номи зебои туро бошам фидо,
Ишқи ту бинмуд аз ақлам ҷудо.
Лоларӯям то абад бишкуфта бош,
Умри ман бар ту бияфзояд Худо.
Фасли ишқи мо намояд бебадал,
Аз забон ҷуз ин намеояд дуо.
Рустаӣ чун гул ба гулбоғи дилам,
Ин дили ошуфта мехоҳад туро.
Масту мадҳуш мешавам бо диданат,
Аз дилу ҷон мебарояд ин садо:
“Нест бодо, рӯзи ҳиҷрон, нест бод,
Ишқ бошад, васл бошад, доимо!”
***
Оташи хомӯши дил оҳанги исён мекунад,
Ашки мижгонам ситези мавҷу тӯфон мекунад.
Банд-банде аз вуҷудам обу хоки оламист,
Дил вале бо саркашӣ рӯ сӯйи кайҳон мекунад.
Дар қафас охир бимирад аз ҷудоӣ мурғи кӯҳ,
То нафас дорад набарди рӯзгорон мекунад.
Ҳасрате дар дил набошад, қадри уммед аз куҷо?
Орази маҳро шаби зулф офати ҷон мекунад.
Дар биёбон мурд, агар аъробие кори Худост,
Мурдани моро ба саҳро, амр шайтон мекунад.
Ҳар ки гӯяд аҳриманкешон қазои одаманд,
Бо ливои ҳурмуздӣ кори шайтон мекунад.
***
Хуш аст он дам, ки дунёям ба дунёят даромезад,
Дар оғӯшам сарат бошад, ғамам аз сар бурун резад.
Набинад дидаҳоям ҷуз рухат андар мадори худ,
Чу бод ошуфта кокулҳо ба рухсорам даровезад.
Канорат чун нишинам, дил зи ғамҳо бар канор ояд,
Чу хезад атр аз зулфат ҳамон ҷон аз танам хезад.
Биё бо ман, аз ин дунёи дунфитрат раҳо бошем,
Ки бо пастии аъмолаш ба сар хоки фано безад.
Ба ҳам болем, ба ҳам нозем, ба ҳам аз сидқ бинвозем,
Ки ишқи мо ба дунё то ҷунуни тоза ангезад.
Бувад исёни охир, ошиқиям бо гули рӯят,
Ки хунам ё ба рӯйи хок ё андар кафат резад?!
***
Ҷайби ишқам холӣ аз нақди висоли дилбар аст,
Шуд баҳору он кулоҳи ғам ҳанӯз андар сар аст.
Дил ба рӯъё бастаам умрам чу ҳазён меравад,
Ҳар замон садпора дил аз теғи кини дигар аст.
Ташнаи васлам, вале аз ишқ бошам даргурез,
Донаи ашкам ба нӯги мижаи шаб ахтар аст.
Дӯст гуфтам, ҳамдилӣ ҷустам зи ҳар кас дар ҷаҳон,
Нек дидам ӯ ба нақши дӯстӣ бозигар аст.
Рӯҳи озодам намеғунҷад ба шаҳри осиён,
Мурғи навтавлиди дилро орзу болу пар аст.
Ҳар замон як хоҳише сар мезанад аз хоки дил,
Ин замин беҳосилу деҳқон ба кори дигар аст.
***
Як қадам мемонаму сад зарбаро рад мекунам,
Ҳар замон аз зиндагии хеш нафрат мекунам.
Гоҳ шӯям дасту дил аз ин ҷаҳони бевафо,
Гоҳи дигар бо умеде сабру тоқат мекунам.
Умри фардо хуш бувад мегӯиву фардо кай аст?
То ба кай бо ҳарфи хушки ту кифоят мекунам?!
Мебарам бар боғу бӯстон гуфтиву чанде дигар,
Андар ин дашти бало бар ту итоат мекунам?
Аз пайи уштур чӣ мегардӣ, садоямро шунав,
Ин манам аз корвони ту шикоят мекунам.
Бо умеди ҷаннате аз ҷаннати худ рафтаем,
Дидаам хоби гарон аз он ҳикоят мекунам.
Нест дармоне ба ҷисми бемадори ман, вале
Аз сари мардонагӣ бо сахтӣ тоқат мекунам.
Зуд бош, эй сорбон, бар кӯйи мақсуд роҳ гир,
В-арна дар ин нимараҳ тарки риоят мекунам.
То ба кай сӯзӣ, Шакар, дар оташи ғамҳои даҳр?
Гӯш дор, аз Саъдиву Ҳофиз ҳикоят мекунам!
ДУБАЙТИҲО
Агар дорӣ ту ганҷе беш зи Қорун,
Ва ё пулат бувад чун реги Ҳомун.
Ту аслатро дигар кардан натонӣ,
Агар маймун туӣ, мемонӣ маймун!
***
Баҳор омад зи гул гулдаста бандед,
Ба гулҳо меҳри гул пайваста бандед.
Барои дилбарони боназокат,
Дилу гулдастаро як даста бандед.
***
Баҳорон омада, эй дилбари ман,
Биёву нарм биншин дар бари ман.
Ба дунёи хаёлоти муҳаббат,
Дилам хоҳад, ки бошӣ ҳампари ман.
***
Биё, ҷоно, ки фасли навбаҳор аст,
Маро бо ёди ту дил беқарор аст.
Ту рафтӣ дар шаби боронӣ аз ман,
Аз он дам дидаҳоям ашкбор аст.
***
Бубахш, ай гул, вафодорат нагаштам,
Шудам шайдояту ёрат нагаштам.
Ту будӣ ширину зебоумеде,
Зи бадбахтӣ сазоворат нагаштам.
***
Дилам хоҳад, ки дар пешат нишинам,
Ба чашмони ту акси худ бубинам.
Зи лабҳоят бичинам шаҳди тоза,
Садо орам, ки хушбахти заминам!
***
Зи умри бесамар бигзашта, афсӯс!
Зи шӯри бешарар бигзашта, афсӯс!
Нишастам интизори ӯ шабу рӯз,
Баҳорам бехабар бигзашта, афсӯс!
***
Илоҳо, ҳусни ту поянда бошад,
Ду чашмат шӯълаи тобанда бошад.
Ҳамеша зинда бошиву саломат,
Шакар бо сеҳри ишқат зинда бошад.
***
Муҳаббат дарду дармонам ту бошӣ,
Муҳаббат васлу ҳиҷронам ту бошӣ.
Ман аз олам равам рӯзе ғазалхон,
Муҳаббат марги армонам ту бошӣ.
***
Надонистӣ ту қадри ишқи покам,
Ки нашнидӣ фиғони сӯзнокам.
Пушаймон мешавӣ рӯзе ту, аммо,
Намеёбӣ дигар аз рӯйи хокам.
***
Ту ҳам бо як аҷал хоҳӣ бимирӣ,
Агар шоҳӣ ва ё худ як амирӣ.
Худоро саҷда мебояд намудан.
На касро, то чу номарде намирӣ.
***
Туро гул хонда будам, будаӣ хор!
Магар хорӣ? Хато шуд, будаӣ мор!
Задӣ заҳрат ба ҷони ошиқи худ,
Дуо гӯям, “Бимонӣ мисли ман зор!”
***
Хушомад гӯядат гар нобакоре,
Ки ёриаш расонӣ баҳри коре.
Гумон асло мабар ман ҳам чунинам,
Ки ганҷатро намегирам ба хоре.
РУБОИҲО
Дар доми саҳар лашкари шаб мағлуб аст,
Чун шом расид, равшанӣ худ саркӯб аст.
Панде бувад ин барои ту, эй Одам,
К-умри ту гаҳе соҳибу гаҳ маҳсуб аст.
***
Ҳар рӯзи навам олудаи ғам бошад,
Чашмони сарам ба рӯзу шаб нам бошад.
Беҳуда бувад илоҷи дардам ҷустан,
Захме, ки ба дил расад, чӣ марҳам бошад?!
***
Эй дил ба ту бахти безаволе хоҳам,
Шодиву нишоти бемисоле хоҳам.
То зиндагӣ бошадат дар ин даҳри куҳан,
Пайваста навозишу висоле хоҳам.
ЧАҲОРПОРАҲО
Агар ангуштарӣ бошад дили ман,
Нигини он ту ҳастӣ, эй дилоро.
Чу нахле ишқ бошад навхату сабз,
Замини он ту ҳастӣ, эй дилоро.
***
Агар дар зиндагонӣ ғам намебуд,
Нишон аз шодӣ дар олам намебуд.
Набудӣ дилрабо файзи саҳаргоҳ,
Агар бо торикӣ ҳамдам намебуд.
***
Агар сад соли дигар зинда бошам,
Ҳамеша ошиқат мемонам, эй гул!
Наметарсам ман аз макри рақибон,
Туро аз зиндагӣ бистонам, эй гул!
***
Гули аз домани ғам раста ҳастӣ,
Туро аз ин маломатҳо чӣ бок аст?
Фақат ишқ аст илҳоми илоҳӣ,
Ки дигар ҷумлагӣ фарзанди хок аст.
***
Матарс аз гирудори зиндагонӣ,
Дар ин дарё шино кардан биёмӯз!
Чӣ менолӣ зи гарму сарди олам?
Ҷаҳони худ бино кардан биёмӯз!
***
Насим аз боғ меорад навиди навбаҳоронро,
Бубин гулзор мерақсад шамида бӯйи боронро.
Қалам ҳайрон мехобад ба рӯйи сафҳаи холӣ,
Чӣ сон бо ҷумла рангу бӯ нигорад рӯзгоронро?
АБЁТ
Аз оғӯшат раҳо гаштему даври беғамӣ бигзашт,
Дигар ин умр оғушта ба бешиву камӣ бигзашт.
Ишқ – оташ, қалб – оташхона, ёдат – равған аст,
Панд бар ман, кӯфтани об андаруни ҳован аст.
Мо пайи ободии олам чунин вайронаем,
То ки бошад хонае обод, мо бехонаем!
Насанҷидӣ ба коми худ шароби талхи ҳиҷронро,
Хумори ишқу ширинии васли дил чӣ медонӣ?
То бигирам нек панди худ зи пирони ҳаёт,
Ман ба дасти мӯсафедон чун асое зиндаам.
Ҷайби ишқам холӣ аз нақди висоли дилбар аст,
Шуд баҳору он кулоҳи ғам ҳанӯз андар сар аст.
Создано на конструкторе сайтов Okis при поддержке Flexsmm - накрутка youtube