Зайнаб

 


 

Гар зеби чаман табассуми гул бошад,

Дар боғи ҷаҳон хандаи модар зебад.


ЗАЙНАБ

      Зайнаб Эгамдухт (Амонова) 2 декабри соли 1958 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато дида ба дунё кушодааст. Падараш Эгам Шодмонов устои деворзан ва дуредгару боғдори чирадасте буд ва ҳамдеҳагон ӯро бо исми Усто Эгам ном мебурданд.

      Зайнаб дар муҳити гарми хонавода бузург шуда, аз наврасӣ, ҳанӯз дар овони мактабхонӣ ба шеъру шоирӣ алоқаи хосе пайдо мекунад. Ҳама медонист, ки ӯ шеър мегӯяд, аммо боре ҳам ба даст қаламу коғаз нагирифтааст. Бештар дар нишасту сӯҳбатҳои дӯстона, дар тӯю арӯсиҳои ҳамдеҳагон шеърҳои бофтаи худро қироат мекард ва илҳому хурсандиҳои худро бо ҳамнишастон баҳам медид.

     

Модараш – Ӯзбакой яке аз танӯрсозони моҳири деҳа аст, гӯяндагӣ ҳам мекунад, аз пайи шавҳари худ дар токпарварӣ беҳамтост.

Зайнаб мактаби миёнаи даҳсолаи деҳаро дар соли 1976 бо муваффақият тамом мекунад. Ӯ орзу дошт таҳсили худро дар риштаи баҳрабардорӣ аз мошинҳои кишоварзӣ идома диҳад, зеро дар он солҳо занони қаҳрамоне бо мошинронии худ дар соҳаи деҳқонӣ, ба монанди Турсуной Охунова, ҳушу хаёли духтараконро рабуда буданд. Вале падари сахтгир нагузошт, ки духтари содаи деҳотӣ ба шаҳр равад. Зайнаб дар хона монда, ду сол ба зиндагии модар ёрӣ мерасонад ва дар синни бистсолагӣ бо ҷавоне ба исми Хушвақт, ки писари ҳамсояи девордармиён буд, издивоҷ мекунад. Онҳо дар тӯли зиндагии муштарак соҳиб шаш фарзанд – чор писару ду духтар мешаванд.

Азбаски падаршӯйи Зайнаб ва шавҳараш чӯпон буданд ва парвои яке аз рамаҳои сершумори хоҷагии ҷамоавии “Нурато”-ро ба ӯҳда доштанд, вай низ ба ин кори пурзаҳмат мепайвандад. Дере нагузашта падаршӯ аз олам чашм мепӯшад ва шавҳари носипос аз зиндагӣ низ хонаводаи худро тарк мекунад. Тарбияти фарзандон ва бар замми ин, нигаҳбонии рамаи гӯсфанд ба дӯши Зайнаб меафтад. Бо ин ҳол, зани деҳотии сахтҷон, зане, ки ҷисму ҷонашро бо кору заҳмат пазондааст, аз пешомади тақдир намеҳаросад. “Тафту дамои сӯзони биёбонӣ” ва “хунукиҳои ҷонгиру  ашковари зимистонӣ”-ро нодида гирифта, чархи рӯзгор мегардонад. Ӯ на танҳо писару духтарони худро ба воя расонда хонаю ҷойдор мекунад, ҳатто бо номи сарчӯпони пешқадам дар саросари вилоят шӯҳрат меёбад ва бар ивази корҳои содиқонааш ба нишони сарисинагии “Шӯҳрат” ва чандин бор ба подошу кӯмакҳои моддии роҳбарони ноҳия ва вилоят сазовор мегардад.

Зайнаб дар муҳити гарми хонавода бузург шуда, аз наврасӣ, ҳанӯз дар овони мактабхонӣ ба шеъру шоирӣ алоқаи хосе пайдо карда буд. Ҳама медонист, ки ӯ шеър мегӯяд, аммо қаламиҳои худро ба касе нишон намедод. Бештар дар нишасту сӯҳбатҳои дӯстона, дар тӯю арӯсиҳои ҳамдеҳагон шеърҳои бофтаи худро қироат мекард ва илҳому хурсандиҳои худро бо ҳамнишастон баҳам медид. Ба ин нигоҳ накарда, гоҳ-гоҳ ҳаводорони ӯ шеърҳояшро “медуздиданд” ва ба рӯзномаи ноҳиявии “Илғор чорводор” (ин рӯзнома як саҳифаи тоҷикӣ бо номи “Рангинкамон” дошт ва ҳоло бо исми “Нурнома” чоп мешавад) ва рӯзномаҳои “Овози Самарқанд” ва “Овози тоҷик” мефиристоданд.

Ниҳоят, нахустин маҷмӯаи шеърҳои Зайнаб Эгамдухт дар соли 2008 аз тариқи нашриёти давлатии “Ӯзбекистон” таҳти унвони “Ҳулбӯйи Каттаэҷ” ба табъ мерасад. Дар сарсухани ин китоб шоир Абдулло Субҳон навиштааст: “Дур аз муҳити адабӣ бори сангини зиндагӣ ва суханро якҷо кашидан кори осон нест. Машқҳои Зайнаб дар сатҳи он шеъргунаҳоест, ки дар матбуоти даврӣ рӯйи чопро мебинанд... Қобили эътироф аст, ки дар муҳите, ба мисли шароити деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ, дар ин поя ҳарф задан худ қаҳрамонист”.

Дар воқеъ, Зайнаб илми шеърро комилан нахондааст, аммо ӯ аз зумраи шоирони худрӯест, ки илҳоми саршор аз муҳаббат ва ишқу алоқа ба падидаҳои зиндагӣ, ба ватан, ба пайвандонро дорад. Ӯ бо забони фаҳмо дарду розҳо, нозу умедҳои ҳаётиро баён медорад ва орзую ҳавасҳои бачагонро месарояд. Шоира аз ранҷу уқубатҳои зиндагӣ наҳаросида, чархи рӯзгорро бо итминон гардондааст ва бо ин саъю талош пайваста комгор асту ба кӯйи мурод мерасад.

 

                                        

                             ОҒОЗ

 

То ки донам қадри худро, қадрдонӣ мекунам,

То расам бар мақсадам, ҷаҳди ҷавонӣ мекунам.

Сарнавиштам ҳамсадо бо сарнавишти мардум аст,

Бо умеди некхоҳӣ, некхонӣ мекунам.

Ҷабри душман бар сари ман гарчӣ афзояд, вале

Дар ҳавои дӯстдорӣ, меҳрубонӣ мекунам.

Волидайнам номи Зайнабро бароям додаанд,

Бо ҳамин ном, эй азизон, хомаронӣ мекунам.

 

                  НАТАРСАМ…

 

Аз хеш натарсам, зи ғами хеш натарсам,

Аз баддаҳану тӯҳмати нокеш натарсам.

Гар шатта занад панҷаи тақдир ба рӯям,

Бар сар бикашам ҷомаи дарвеш, натарсам.

Номард занад бар сари ман санги маломат,

Сангаш бизанам, аз сияҳандеш натарсам.

Гар пири ниҳон мекунад аз заҷр ишора,

Аз заҷру азоби буда дар пеш, натарсам.

 

           ӮЗБЕКИСТОН

 

Ӯзбакистон, кишвари маҳбуби ман,

Дӯст дорам ҳар ваҷаб хоки туро.

Саҷдагоҳи модар, обои манӣ,

Дар дилам ҷо кардам афлоки туро.

 

Дӯст дорам шоми пуристораат,

Ахтари бахти маро бинмо ба ман.

Бо суруди чашмаҳоят зиндаам,

Ман агар мурғам, туӣ боғу чаман.

 

Халқи ту ҳимматбаланд аст аз азал,

Ман ғуломи ҳиммати ин мардумам,

Ғарқ дар дарёи ишқам дар барат,

Ту маро ҳаргиз маҷӯ, ман як гумам.

 

     ДЕҲАИ МАН

 

Ӯзбакистон,

Деҳаам як пораи туст,

Порае дар мағзи кӯҳсор.

Теппаҳояш лухту урён,

Бо ҷамоле:

зулфакош аз хор раста,

рӯдҳояш хушку беоб.

Гарди ҳасрат

рӯйи қалби дӯстдоронаш нишаста…

Дӯст дорам деҳаамро!

Бо ҳама пайроҳаҳояш,

бо намуди бенамояш,

бо занони тапписӯзу мардҳои ҷонфидояш.

Деҳаи ман!

Бенасиб аз шӯълаи газ,

Бенасиб аз лӯлаи об,

Гашта пинҳон дар миёни кӯҳҳои сӯхтаву дашти хароб,

Деҳае, ки ҳокими беғам намебинад ба хоб.

 

              ҲАЙКАЛ

 

Рӯ ба рӯйи ҳайкале сар хам кунам,

Сина пурғам, дидаро пурнам кунам.

Гулханаш чун лолаҳо дармегирад,

Рӯҳи манро гӯйӣ дар бар мегирад.

Пешу даври ҳайкал орому хамӯш,

Мерасад бонге, вале бар гӯши ҳуш.

Бонги рӯҳи аскарон аст он садо,

Навҳаҳои модарон аст он садо.

Пеши чашм ояд қатори рафтагон,

Пайкари беҷони садҳо хуфтагон.

Хуфтаанд онҳо, валекин зиндаанд,

Мисли кӯҳу қуллаҳо пояндаанд.

 

  БА АСКАРИ НОМАЪЛУМ

 

Бародар, арзи мардӣ бекарон аст,

Ҷасорат дар ниҳоди ту ниҳон аст.

Шудӣ ту қаҳрамониро талабгор,

Камар бастӣ ба ҳифзи модару ёр.

Агарчӣ ҷангҳои пурхатар буд,

Ба ҷабҳа қалби ту пур аз шарар буд.

Накардӣ раҳм бо шӯри ҷавонӣ,

Задӣ душман ба гурзи паҳлавонӣ.

Вале ҷонат зи тири наҳси душман,

Намонд эмин, фусурдӣ ҳамчу гулхан.

Ба хатти зар, ба лавҳи ёдгорӣ,

Заданд исмат ба сабки кандакорӣ.

 

    ШИНОХТИ ОДАМ

 

Ба дунё одами бисёр дидам,

Яке беғам, яке ғамхор дидам.

Яке сахту хасису нотавонбин,

Яке боҳиммату марди ҷаҳонбин.

Яке дорад хаёли молу давлат,

Дигар собир, надорад ёди савлат.

Яке гурги гурусна дар дами дар,

Дигар дунболи кореву ҳунарвар.

Яке шӯр афканад, дилҳо гудозад,

Ба мардум, дигаре, масҷид созад.

Дареғо, одамӣ яксон набудаст,

Дар ин олам ҳама Инсон набудаст.

 

    РАНГҲОИ ОРЗУ

 

Дар камони ҳафтранги орзу,

Рангҳо доранд бо ҳам нозу нуз –

Рангҳо аз рӯзгори навҷавонӣ,

Аз шукӯҳи базмҳои дӯстон,

Аз нигоҳи гарми устодони ҷонӣ,

Аз хаёли гарми ёр.

Рангҳо доранд бо ҳам нозу нуз…

 

                   ЁРИ БЕВАФО

 

Ёри ман охир ба ман номеҳрубонӣ карду рафт,

Хоинӣ бар аҳли байти худ ниҳонӣ карду рафт.

Бори ишқ аз дӯши худ афканда андар нисфи роҳ,

Рафт, бар ҳамсоядухтар меҳрубонӣ карду рафт.

Мушкилӣ бисёр буд, мушкилкушо пайдо нашуд,

Мушкилоти зиндагӣ бар ӯ гаронӣ карду рафт.

Рафт аз ёдаш ҳама меҳру навои кӯдакон,

Бо дили беморгашта котабонӣ* карду рафт.

Ношикаста ташнагии Зайнаби бечораро,

Аҳду паймонро шикасту қалтабонӣ** карду рафт.

-----------------

  * котабонӣ – духтарбозӣ;

* * қалтабонӣ - пастӣ, бадтинатӣ

 

     ГАНҶИ ЗИНДАГӢ

 

Насиҳат мекунад гаҳ ину оне,

Зи пастию баланди зиндагонӣ:

Барои худ гузинам роҳи осон,

Ба осонӣ биёбам луқмаи нон.

Ба дастам даста-даста пул биёяд,

Ба мисли дастаҳои гул биёяд.

Вале дар сар маро фикре ба ҷӯш аст,

Ҳар он чӣ муфт меояд, на хуш аст.

Маро тафти биёбонӣ хуш ояд,

Хунукбоди зимистонӣ хуш ояд.

Зи селу жолаборонҳо натарсам,

Ҳам аз уллоси ҳайвонҳо натарсам.

Ба гӯшам мерасад аз дур ин гап:

«Ҳама ганҷ аз паи ранҷ аст, Зайнаб!».

   

                   ОБРӮ

 

Тоҷи гулҳои баҳор аст, обрӯ,

Чашмаи оби зулол аст, обрӯ.

Обрӯ хуршеди тобон бар сарат,

Ҳосили кори ҳалол аст, обрӯ.

 

Зарра-зарра обрӯ боло равад,

Ҳар касе дорад ба худ ақлу тамиз,

Ҷустуҷӯйи илму санъат мекунад,

Гар надорад ҳирси пулу молу чиз.

 

Мисли коҳ аст обрӯи сохта,

Гар вазад боде парад аз рӯйи каф.

Бо талошу бо ҳавои маърифат,

Обрӯи асл меорад шараф.

 

   БЕҲАЁ

 

Беҳаё виҷдон надорад,

Заррае имон надорад.

Чеҳраи ӯ хандарез аст,

Лек дар дил кинатӯз аст.

Ноаён ин моррафтор,

Мехазад бар домани ёр.

Душманона аз пасу пеш,

Дӯстонро мезанад неш.

Беҳаё виҷдон надорад,

Заррае имон надорад.

 

               САЛОМИ БЕМОР

 

ӯзи ҳаштуми март буд. Мани беҳолу камдармон дарди ҷонкоҳеро аз сар гузарондаам. Таваллуди навзод ҳама хешу наздиконамро шоду хурсанд намудааст, аммо ҳама аз ҳоли ман музтарибу дар хавотиранд…)

 

Ассалом, эй модари ширинзабон,

Эй падарҷони азизу меҳрубон.

Оча, медонам, фақат ёдат ба ман,

Ҳар дами хурсандию шодат ба ман.

Очаҷон, табрик сиҳҳат духтарат,

Шод бошад мисли пешин дар барат.

Бар падар гӯ, баҳри духтар ғам махӯр,

Ӯ саломат, хез биншин бо сурур.

Очаҷон, бишнидам аз пешу қафо,

Кардаам бар дӯстони худ «ҷафо».

Бехаёлу бефараҳ хобидаам,

Нолаҳои дӯстон нашнидаам.

Будаӣ ту бар сарам ларзон чу шамъ,

Дидаат пурнам, дилат дар банди ғам.

Мисли барги бед ларзида падар,

Бо дуову илтиҷоҳо то саҳар.

Духтурон ин сӯву он сӯ беқарор,

Оби чашми ҳар кадомаш шашқатор…

Очаҷон, вақте ба ман омад забон,

По шудӣ, филҳол, бо оҳи гарон.

Ашкрезон чеҳраат пурханда буд,

Хандаолуд гиряат зебанда буд.

Шукр гуфтӣ, духтари ман зинда аст,

Модаро, бо ту ҷаҳон поянда аст.

 

АШКҲОИ СӮЗОН

 

(Ба хотири писари бародарам, додари ҷавонмаргам– Шодмон, ки дар ҷавонӣ, бемаҳал дунёро падруд гуфту синаи ҳар яки мо– қарибонашро бирён кард…)

 

Туро, додар, ҳамеша мекунам ёд,

Дар он дунё руҳи покат бувад шод.

Аҷал омад, нагуфтӣ хоҳарам ку?

Падарҷони азизу модарам ку?

Накардӣ ёди момои ҷигарбанд,

Набурдӣ хотири бобои дилбанд.

Ҷавонкабке будӣ андар лаби бом,

Кушодӣ пар ба арши хоҳишу ком.

Ту рафтӣ то таги шах* бехавотир,

Вале як пора шах бинмуд туро зер.

Парид аз шохи тан мурғи равонат,

Набишнид ҳеҷ кас оҳу фиғонат.

Ба гардун шуд фиғони модари зор,

Падар аз каъри дил нолид бисёр.

Парид аз чашми момо хоби роҳат,

Ба хилват рехт бобо ашки ҳасрат.

Набинад ҳеҷ кас ҷабре, ки дидӣ,

Дар ин дунё ту худ будӣ, набудӣ?

________

             *шах – харсанг

 

   БО ЁДИ ФАРДО

 

Доим диҳам бар худ савол,

Кӣ будаму ман кистам?

Ёрам вафо бо ман накард,

Бо ёди ошиқ зистам.

Аз сина шуд оҳам бурун,

Пинҳонӣ дар худ сӯхтам.

Аммо ба фарзандони худ.

Чашми умедам дӯхтам.

Бо ёди чашми серашон,

Ин сӯву он сӯ тохтам.

Дар тоқи фардо ҳар қадам,

Шамъи ҳунар афрӯхтам.

 

  ХАНДАИ ХУРШЕД

 

Агар рӯзе набинам хандаи ту,

Шавам дилгир, аё хуршеди тобон.

Ту ҳастиву ҳама дорад ҷавонӣ,

Ҷавонии туро мехоҳам аз ҷон.

 

Манам аз кӯдакони ту ба олам,

Ҳама гармии ҷон аз туст, аз туст.

Ба дил биншаста рухсори малеҳат,

Фурӯғи ин ҷаҳон аз туст, аз туст.

 

Зи нури сеҳрангезат ҳама сол,

Ҷавона мезанад гулҳои олам.

Гуле ҳастӣ ту худ хандон ҳамеша,

Ба ҳусну тобишат ороӣ олам.

 

                  ДЕҲҚОН

 

Марди деҳқон рӯзу шаб ором нест,

Кори ӯро дар замин анҷом нест.

Маҳсули ӯ ҳусни зебои замин,

Мисли деҳқон марди некӯном нест.

               * * *

Боғдорӣ мекунад деҳқони пир,

То кунад пурбор дастархони худ.

Об мемонад ба боғу марзи кишт,

То кунад сероб фарзандони худ.

               * * *

Қалби ӯ софасту имонаш қавӣ,

Боғи ҳилму ҳимматаш пурҳосил аст.

Ман чунон фарде надидам дар ҷаҳон,

Пири ман, паҳнои ту бесоҳил аст.

 

   АРЗИ ЧӮПОН

 

Маконам ҷойи беоб аст,

Саросар теғи афтоб аст.

Ба дунболи рама гардам,

Ба дастам машки пуроб аст.

 

Зимистон сахт меояд,

Ҳама сӯ барф меборад.

Вале ман дар пайи молам,

Вуҷудам ҳавр меорад.

 

Надорам хонаи гарме,

Вале саҳрои гармам ҳаст.

Ба ҷойи болини роҳат,

Таги сар санги «нарм»-ам ҳаст.

 

Асоси ризқу рӯзиям,

Ба дасти худ асо дорам.

Китобу хома ҳамроҳам,

Басе ногуфтаҳо дорам.

 

Маро доим мададгор аст,

Руҳи шоди падарҷонам.

Бароям нерӯ мебахшад,

Тасаллии қарибонам.

 

               ПУЛ

 

Яке гуфто, ки пул ҳамроҳи ҷонам,

Ҳамеша дастае з-он дар миёнам.

Зи пул ёру бародарҳо фаровон,

Ба роҳи зиндагонӣ дарнамонам.

 

Дигар гуфто, ки пул ғамхона созад,

Дар ин хона насӯзад риштаи шамъ.

Аз он бошанд ёронам гурезон,

Надорам ҳеҷ гаҳ ман хотири ҷамъ.

 

Бигуфто, ҳамчунин, пире ба лабханд,

Ҳамин пул асту ман ҳоло ҷавонам.

Надорам тоқати фақру залилӣ,

Агар пул ҳаст, мемонад нишонам.

 

Бале, ҳам ину ҳам он дар миён аст,

Вале фарқ аз замин то осмон аст.

Расонад то ба кӯйи орзуҳо,

Ҳамон ганҷе, ки аз ранҷи касон аст.

 

                  СЕҲРИ ДУО

 

 (Тақдим ба табиби дӯстдоштаам– Сафияапаи лоғонӣ, ки боре маро аз асорати тарсе раҳо сохтааст…)

 

Хоб дидам ними шаб, хобам парид,

Ашки сӯзоне зи рухсорам чакид.

Бехабар зону задам аз тарси ҷон,

Рост шуд мӯйи сарам, қалбам тапид.

 

Хонаам торику дар ҳам баста буд,

Шавҳарам байни ду тан афтода буд.

Се нафар баҳсу талоше доштанд,

Шавҳарам чун осие истода буд.

 

Чун нишастам чашмҳо бар ман халид,

Аз лабу лунҷе ҳақоратҳо заҳид.

Бо ҳама шӯру мағал беихтиёр,

Он яке хурдӣ ба рӯйи ман ҷаҳид.

 

Мисли барги бед ларзидам ба худ,

Раъшаҳои тарс ҷонамро гирифт.

Бехабар, дарро кушудам бе мадор,

Афтидам, модар зи ҳолам дар шигифт.

 

Чун падар бишнид ҳарфи ҳоли ман,

Барқосо рафт дунболи табиб.

Гуфт: «Рӯҳи духтарам бишкастааст,

Чора созаш, беҳ гардад, ё насиб!»

 

Гуфта шуд бар ман дуои худ табиб,

Хоб рафтам рӯйи бистар гармакак.

Паҳлуям карданд дастурхон боз,

Бар канорам шаккару обу намак*.

 

Илтиҷоям бо дуоҳои табиб,

Шуд қабул аз ҷониби Яздони пок.

Хастагии рӯҳи ман аз тан бирафт,

Марҳаме шуд ин ҳама бар қалби чок.

__________

*Равиши муолиҷаи Сафиябону – табиби мардумӣ ин аст, ки  баъд аз додани дуо шабонгаҳ дар назди бемор дастурхон паҳн карда, дар паҳлуяш пиёлаҳои пур аз шакару обу намакро мегузоранд.

 

 ОМАД БАҲОРОН

 

Хуршеди тобон

Дунболи борон,

Гӯянд имрӯз:

«Омад баҳорон!»

 

Дар талу теппа

Сабза дамида,

Бойчечак хандад

Ҳулбӯро дида.

 

Дар домани кӯҳ

Бузғола тозон,

Болои санге

Кабке ғазалхон.

 

Чаҳ-чаҳи булбул

Аз шохсорон,

Атри гули Рӯз

Ҳар ҷо фаровон.

 

Қолии Наврӯз

Хушрангу зебо,

Бар фарқи ҷонон

Чанбари гулҳо…

 

Омад баҳорон,

Дунё дилафрӯз.

Бошад баҳорон,

Имрӯзу ҳар рӯз!

 

    БАҲОРИ КАТТАЭҶ*

 

Фасли баҳор, оби сой

Бар Дари Мурғак** расид.

Хониши кабки ҳилол

Аз дари Феҷак** расид.

 

Бо кулаҳи қирмизӣ,

Лола ба Пирвеш** шукуфт.

Сояи абри баҳор,

Бар Дари Ағба** нуҳуфт.

 

Силсила ҳулбӯйи нав,

Қад-қади ҷӯ қад кашид.

Обаки сарди Хумак**,

Бар дари Хадред** расид.

 

Лолаву Барра шукуфт,

Дар чамани Каттаэҷ.

Гӯйӣ расад бӯйи мушк,

Аз Хутани Каттаэҷ.

             __________

*   Каттаэҷ– зодгоҳи шоира;

** Дари Мурғак, Феҷак, Пирвеш, Дари Ағба, Хумак. Хадред– исми новаю дараҳое, ки дар атрофи (кӯҳсори) Каттаэҷ воқеанд.

 

  ГУНҶИШКАК

 

Гунҷишке бо нозу нуз,

Чириқ-чириқ мехонад.

Аз шохе рӯйи шохе

Сабук поро мемонад.

 

Гунҷишкаки хушсадо,

Дорад қалби беғубор.

Ҷӯшад рӯди илҳомаш,

Фақат дар фасли баҳор.

 

Гунҷишкак бо ҳама ноз,

Бошад меҳмони баҳор.

Ба ӯ бахшад ҷавонӣ,

Рӯи ҷавони баҳор.

 

           «ТУТ ПУХТ»

 

Моҳи июн чеҳра афрӯхт офтоб,

Сӯйи дарё, сӯйи боғи пурсахо.

Дар канори рӯд раста як дарахт,

Меваҳояш сап-сафеду пурҷило.

 

Дурру марҷон, дона-дона тутҳо,

Дар миёни баргҳову шох лухт.

Мерасад овози ҳудҳудҳои маст,

Бо навои якмароме: «Тут пухт!»

 

    ҲУЛБӮ

 

Дар фасли баҳор,

Лаб-лабаки ҷӯ,

Аз ҳама аввал,

Рӯйида ҳулбӯ.

 

Сабзина рангаш,

Бӯяш диловез,

Бикшо димоғат.

Бар боди гулбез.

 

Созанд аз он,

Хӯроки хуштамъ.

Бараки хушхӯр,

Самбӯсаҳо ҳам.

 

Дорую дармон,

Чугрии кӯҳӣ.  

Давои меъда,

Ҳулбӯйи кӯҳӣ.

 

          ЧАШМАСОР

 

Оби ту оби ҳаёт, эй чашмасор,

Сарду ширин аст, барҳақ, бемисол.

Ҷогузин дар мағзи кӯҳсорӣ, вале

Мерасад дастат ба саҳро бемалол.

Раҳ ба раҳ аз ту расида сабзаҳо,

Оби ширинат хӯрад садҳо ниҳол.

 

    ТИРАМОҲ

 

Бар фарози саҳроҳо,

Абраки сиёҳ омад.

Рӯзу шаб само бигрист,

Фасли тирамоҳ омад.

 

Баргҳо хазон гаштанд,

Зард кӯҳу кӯтал шуд.

Киштаи кишоварзон,

Дона-дона хирман шуд.

 

     ҲАҚИҚАТ

 

Ҳақиқатро,

Ҳаме пайваста меҷӯям.

Ва ҳам такрор мегӯям:

Ҳақиқат ҷовидон бошад!

Хаданги тез,

Нишони рост,

Талоши одамон бошад!

Ҳақиқатро,

Ҳаме ҷӯям,

Барои танбеҳи худхоҳ,

Барои марди ноогоҳ.

Ҳақиқат мояи фахрам,

Ҳақиқат такяи дастам…

 

       ЁДИ ПАДАР

 

Ҳар гоҳ падар ояд ба ёд,

Титу парешон мешавам.

Афтода дар як гӯшае,

Беҳолу дармон мешавам.

 

Бо кумаку панди падар,

Пур шуд зи неъмат хонаам.

Гоҳе, ки ӯ дар хона буд,

Пурфайз буд кошонаам.

 

Акнун надорам соябон,

Доманкушо мисли падар.

Дасти кушоде дошт ӯ,

Бар дурҳо рафт аз назар.

 

Ганҷи зи дастам рафтаро,

Дигар намеёбам, дареғ.

Аз ин тараф, аз он тараф,

Беҳуда мекобам, дареғ.

 

Ин духтарат, эй қиблагоҳ,

Ёди ту беминнат кунад.

Раҳмат кунад бар ту Худо,

Шойистаи ҷаннат кунад.

         * * *

Падарҷонам, чаро кардӣ ятимам,

Худам-ку соябони шаш сағирам.

Магар кофӣ набуд зиндони ин умр,

Ту ҳам кардӣ ба доми ғам асирам?

        * * *

Падарҷон, номи ту вирди забон шуд,

Набудӣ, Эгами* усто аён шуд.

Ҳама эҳё шавад дар аввали сол,

Баҳорон, умри ту, аммо, хазон шуд.

     * * *

Падарҷон, нолаҳоят сози ман аст,

Садоят зинда дар овози ман аст.

Аз олам рафтаӣ, дигар нагардӣ,

Валекин рӯҳи ту ҳамрози ман аст.

               ______________

* Эгамисми падари шоира

 

МЕҲРИ МОДАР

 

Аё модар, дилам бисёр мехоҳад,

Ки хуршеди баҳорӣ бар сарам бошӣ.

Шудам пазмони оғӯшу навозишҳот,

Чи мешуд мисли пешин дар барам бошӣ.

 

Ба ёд ояд утоқу ҳотаву айвон,

Биҷӯшидӣ саҳар деги пур аз шират.

Суруди алла мегуфтӣ тамоми шаб,

Шудам муштоқи лолоии шабгират.

 

Аё модар, замоне домани покат,

Ба умеде гирифтам, раҳравон бошам.

Ба гӯшам ҳалқа мекардӣ суханҳоят,

Ки рӯзе як сухандони замон бошам.

 

Кунун, модар, дилам бисёр мехоҳад,

Навозӣ духтари ширинадоятро.

Ба меҳри модарӣ сад раҳ зи пешонӣ,

Бибусӣ бо муҳаббат ошноятро.

                         * * *

Модарам аз дасти ман бемор шуд,

Оҳи сӯзоне ба қалбаш бор шуд

Аз паи нодонии ман ҳар замон,

Ташвишаш дар зиндагӣ бисёр шуд.

 

Модарам дунёи уммеди ман аст,

Ҳар куҷо бошам нигаҳбони ман аст.

Дар ҳама пасту баланди рӯзгор.

Ӯ фақат танҳо саробони ман аст.

                                     * * *

Дар тоқи фазо рақси кабӯтар зебад,

Бар ҳавз табассуми нилуфар зебад.

Зеби чамани боғ гули хандон аст,

Дар боғи ҷаҳон хандаи модар зебад.

                         * * *

Ду дидаи модарам пур аз асрор аст,

Қалбаш зи муҳаббату вафо саршор аст.

Модар чу дарахти боғу мо меваи он.

Афтем чу нопухта, дилаш бемор аст.

 

ДУБАЙТӢ ВА РУБОИҲО

 

Аҷоиб ошиқи «ғамхор» дидам,

Шабу рӯз ошиқи гуфтор дидам.

Зи ман рустӣ ба дунболи дигар кас,

Чу гурге ташнаву ҳушёр дидам.

                       * * *

Маро умри ҷавонӣ бесамар рафт,

Ба сахтӣ дар канори бадгуҳар рафт.

Надидам як нигоҳи гарми ҷонон,

Дареғо, нолаҳоям бесамар рафт.

                       * * *

Ба дасти зиндагонӣ хор гаштам,

Ба боғи ошиқӣ бебор гаштам.

Ҷавонӣ аз хушиҳо бехабар рафт,

Ба меҳри дӯстдоре зор гаштам.

                       * * *

Ба дарди ман давое нест пайдо,

Чи бошад пеши он доруи Сино.

Шифо бахшад ба ман танҳо муҳаббат,

Ки бошад он қуту дармони дунё.

                        * * *

Баҳор омад, диле масти хумор аст,

Шабонгаҳ дилбаре паҳлуи ёр аст.

Магарки дидаанд истораи хеш,

Вале арши шаби ман пурғубор аст.

                                     * * *

Аз он рӯзе ба паҳлӯ ёр дидам,

Ту гӯйӣ бистари пурхор дидам.

Худоё, ин чӣ қисмат буд, ӯро

Ба ёри дигаре ғамхор дидам.

                       * * *

Гирифтӣ бо ҳавас дасти дили ман,

Чароғон шуд саропо манзили ман.

Вале ҷоми вафоро чун шикастӣ,

Бишуд хомӯш шамъи маҳфили ман.

                        * * *

Дилам хун шуд зи теғи бевафоӣ,

Ба сар омад ситамҳою ҷафое.

Худовандо, бияфкан чашми раҳмат,

Надорам тоқати дарди ҷудоӣ.

                         * * *

Эй ёри азиз, чи хуш харидор шудӣ,

Бо хоҳиши кӣ, бигӯ, маро ёр шудӣ?

Гар чашми муҳаббатат ба сӯйи дигарест,

Дилҳора чаро боиси озор шудӣ?

                         * * *

Аз беди дари хона гирифтӣ навда,

Овоза макун, ки: «Ҳамсари ман ганда».

Гар ганда манам, ганди маро ифшо кун,

Дар ғайб магӯ. ки мешавӣ шарманда.

                                       * * *

 Булбул шаваму макон гирам аз лаби бом,

Чаҳ-чаҳ бизанам дар ҳузурат то дами шом.

Ту маст шавӣ, боз кунӣ, кӯзаи нав,

Пешат шинаму бода хурам аз лаби ҷом.

                          * * *

То охири дам якдилу яктан бошем,

Дар фонуси дил пилтаву равған бошем.

Сӯзем баякҷоя дар ин сӯзишгоҳ,

Дар ишқмакон чароғи равшан бошем.



2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.