Новости

  • 27.05.2017 Моҳи Рамазон расид!

    Имрӯз 27 майи соли 2017, мутобиқ бо 6 хурдоди соли 1396 шамсӣ ва 1 рамазони соли 1438 қамарӣ, оғози яке аз фароизи поку муқаддаси дини Ислом – рӯзадорӣ.

    Рӯзадорӣ дар моҳи мубораки Рамазон сурат мегирад ва “моҳи Рамазон моҳе аст, ки Қуръон барои ҳидояти инсонҳо дар он нозил шудааст”.

    Паёмбари акрам дар бораи моҳи Рамазон мефармояд: “Эй мардум! Моҳи Худо бо баракату раҳмату мағфират ба шумо рӯй оварад, моҳе, ки аз ҳама моҳҳо бартару рӯзҳояш бар ҳама рӯзҳо ва шабҳояш бар ҳама шабҳо ... бартар аст. Моҳест, ки шумо дар он ба меҳмонии Худо даъват шуда ва мавриди лутфи ӯ қарор гирифтаед, нафасҳои шумо дар он тасбеҳу хобатон дар он ибодат, амалатон дар он мақбул ва дуоятон дар он мустаҷоб аст...”.

    Рамазон дар луғат аз “рамзаъ”( رَمْضَاء) ба маънои сахтии гармо, шиддати ҳарорат гирифта шуда ва ба маънои сӯзонидан мебошад. Ва бино ба фармудаи Расули акрам, “моҳи Рамазон ба ин ном хонда шудааст, зеро гуноҳонро месӯзонад”.

    Кош дар ин Рамазон лоиқи дидор шавам,

    Саҳаре бо назари лутфи ту бедор шавам.

    Кош миннат бигузорӣ ба сарам, “Маҳдии ҷон”,

    То ки ҳамсуфраи ту лаҳзаи ифтор шавам.

  • 06.05.2017 Аз торих

    Дар оғоз чунин будааст:

    “Қутайба бини Муслим масҷиди ҷомеъ бино кард, андар ҳисори Бухоро дар соли 94 (713 мел.). Ва он мавзеъ бутхона буд аҳли Бухороро. Фармуд, то ҳар одина (рӯзи ҷумъа) дар он ҷо ҷамъ шудандӣ. Чунонки, ҳар одина мунодӣ фармудӣ (нидо мезад): “Ҳар ки ба намози одина ҳозир шавад, ду дирам (сиккаи нуқра) бидиҳам”. Ва мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистӣ омухтан...” (Муҳаммад Наршахӣ, “Торихи Бухоро”).

    در آغاز چنین بده:

    ﻗﺘﻴﺒﺔ ﺑﻦ ﻣﺴﻠﻢ ﻣﺴﺠﺪ ﺟﺎﻣﻊ  ﺑﻨﺎ ﻛﺮﺩ، ﺍﻧﺪﺭ ﺣﺼﺎﺭ ﺑﺨﺎﺭﺍ ﺑﻪ ﺳﺎﻝ ﻧﻮﺩ ﻭ ﭼﻬﺎﺭ، ﻭ ﺁﻥ ﻣﻮﺿﻊ ﺑﺘﺨﺎﻧﻪ ﺑﻮﺩ ﻣﺮ ﺍﻫﻞ ﺑﺨﺎﺭﺍرا. ﻓﺮﻣﻮﺩ ﺗﺎ ﻫﺮ ﺁﺩﻳﻨﻪ ﺩﺭ ﺁﻧﺠﺎ ﺟﻤﻊ ﺷﺪﻧﺪﻯ، ﭼﻨﺎﻧﻜﻪ ﻫﺮ ﺁﺩﻳﻨﻪ ﻣﻨﺎﺩﻯ ﻓﺮﻣﻮﺩﻯ، ﻫﺮ ﻛﻪ ﺑﻪ ﻧﻤﺎﺯ ﺁﺩﻳﻨﻪ ﺣﺎﺿﺮ ﺷﻮﺩ، ﺩﻭ ﺩﺭﻡ ﺑﺪﻫﻢ  ﻭ ﻣﺮﺩﻣﺎﻥ ﺑﺨﺎﺭﺍ ﺑﻪ ﺍﻭﻝ ﺍﺳﻼﻡ ﺩﺭ ﻧﻤﺎﺯ ﻗﺮﺁﻥ ﺑﻪ ﭘﺎﺭﺳﻰ ﺧﻮﺍﻧﺪﻧﺪﻯ ﻭ ﻋﺮﺑﻰ ﻧﺘﻮﺍﻧﺴﺘﻨﺪﻯ ﺁﻣﻮﺧﺘﻦ...

  • 29.04.2017 Шӯхӣ

    4

    Мусофирон ҳамин ки аз марзи Фориш мебароянду ба хоки Нурато дохил мешаванд,  аз мағзи ҷон оҳи сабук кашида, “Худоё шукр” мегӯянд. Охир, аз роҳи пур аз дастандозу хӯрдашуда раҳоӣ ёфта, ба роҳи мумфарши софу равон баромадан чӣ қадар сафо дорад! Кас аз бардорузанҳо халос мешавад, осуда нафас мекашад, дилу ҷигараш ба ҷояш меояд...

    Боре Дарвеш бо шӯхӣ ҳарфе мезанаду ба ғазаби чанд марди масти нуратоӣ дучор мешавад. Онҳо ӯро пеши роҳ гирифта пурсиш мекунанд:

    - Ту гуфтӣ, роҳҳои Фориш беҳамтост?

    - Оре, ман гуфтам, - беғубор ҷавоб медиҳад Дарвеш.

    - Ту гуфтӣ, роҳҳои Нурато ба дард намехӯрад?

    - Оре, ман гуфтам.

    Мардҳои маст ба хурӯш омада дандон мефишоранд:

    - Эй марди ҳисобӣ, агар роҳро аз роҳ фарқ накунӣ, чаро гапи беҳуда мезанӣ? Ё аз ҷонат сер шудӣ?

    - Ман гапи беҳуда назадаам, бародарон! – тааҷҷуби муштзӯронро афзуда мегӯяд Дарвеш. – Бо мошин ки меравед, дар роҳи Фориш ҳамеша бояд ҳушёру бедор бошед, аммо роҳи Нурато доимо хоби касро меоварад. Пас, бигӯед, кадоме беҳтар аст?!

  • 24.04.2017 3.Ҳикмат

    Фарзанди кунҷков аз Дарвеш пурсид:

    - Падар, чӣ сирре ҳаст, ки одам калон мешавад?

    - Калон шудани одам сирре надорад, лекин камон шудани ӯ пур аз асрор аст! – ҷавоб дод Дарвеш.

    ***

  • 24.04.2017 2.ҳикмат

    ***

    Зани дувуми Дарвеш ҳар қадар меҳрубонӣ мекарду дастёрӣ, аммо боз медид, шавҳараш пайваста бо ёди зани аввал аст. Дар ниҳоят, косаи сабраш лабрез шуду бо дилсардӣ пурсид:

    - Рости гапро гӯй, ӯ бештар ғамхорӣ мекард ё ман?

    - Ӯ меҳрубонтар буд, - ҷавоб дод Дарвеш.

    Зан ба шигифт омад, бе истиҳола дубора суол кард:

    - Ӯ чӣ коре анҷом медод, ки ман наметавонам?

    Дарвеш бо тааммул афзуд:

    - Дар муқобили ту се кори ӯ аз сидқи дил буд. Нахуст, ҳар рӯз аз ман пештар бедор мешуд ва бароям оби таҳорат дуруст мекард. Дигар, чеҳраи ӯ ҳамеша бозу шукуфон буд, аз дидаҳояш пайваста нури муҳаббат меборид. Гузашта аз ин, пушти сар маро бузург мехонд ва аз пайи ӯ фарзандон дар симои ман инсони комилро медиданд...

    ***

  • 24.04.2017 ҳикмат

    ***

    Ҷавоне дар ниҳояти мастӣ ба ҳама дод мезад, арбада мекард. Дарвеш ин ҳолро дида гуфт:

    - Эй ҷавон, боз мастию девона! Агар ба ёди мардум набошӣ, ҳадди ақал Худоро фикр кун. Беимонӣ ҳам ҳадде дорад!

    - Домулло, маро нагӯй беимон! Худо дар дили ман аст, агар маст ҳам бошам, ӯ маро мефаҳмад.

    - Не, бародар, Худо дар дили ту нест, ту дар дасти Худо ҳастӣ. Ҳамчунин коре макун, ки ба ғазаби вай гирифтор шавӣ!

    ***

  • 24.04.2017 Ҳикматҳои Дарвеш

    ОҒОЗИ СУХАН

    Чӣ касе Дарвеш аст?

    Саъдӣ (“Гулистон”):  “Зоҳири дарвешӣ ҷомаи жанда асту мӯйи сутурда* ва ҳақиқати он – дили зинда ва нафси мурда”.

    Абӯсаид Абулхайр (“Асрор-ут-тавҳид”): “Дарвешон на эшонанд. Агар эшон эшон будандӣ, на дарвешон будандӣ. Исми эшон сифати эшон аст. Ҳар ки ба ҳақ роҳ талабад, гузараш ба дарвешон бояд кард, ки дар вай эшонанд”.

    Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (“Чиҳил калом ва сӣ паём”): “Қавме, ки аз бешаи ҳасад ҳаргиз хоре ба домани эшон наёвехт, аз биёбони нафс ҳаргиз ғуборе бар гӯшаи ридои** исломи эшон нанишаст ва аз ҳовияи ҳавӣ*** ҳаргиз дуде ба дидаи эшон нарасид. Салотини роҳанд  дар либоси дарвешон, малакисифатанд ба сурати одамиён ва равандагон дар роҳи хеш хиромон”.

    Аз Боязиди Бастомӣ пурсиданд: “Дарвешӣ чист?”. Гуфт: “Он ки касеро дар кунҷи дили хеш пой ба ганҷе фуру шавад ва дар он ганҷ гавҳаре ёбад, онро муҳаббат гӯянд, ҳар ки он гавҳар ёфт, ӯ – дарвеш”.

    Доктор Ҷаводи Нурбахш: “Дар мактаби тасаввуфи суннатӣ дарвеш ба касе гуфта мешавад, ки ба ростӣ бе хеш ва бе ҳастӣ бошад, ба коинот эътино накунад ва ҷуз ба дӯст таваҷҷӯҳ надошта бошад... Дарси аввали дарвешӣ дӯст доштани халқи Худо ва эҳтиром гузордан ба ақоиди онҳост бо ёдоварӣ, ки дарвеш набояд фузули мардум ва муфаттиши ақоиду афкори дигарон бошад... Сӯфӣ бояд ба ҳама одамҳо самимона ишқ биварзад ва аз рӯйи дилу ҷон ва бидуни таваққуи**** подош ба ҷомиаи башарият хидмат кунад”.

    ________________

    * - сутурда – тарошида;

    ** - ридо – болопӯш, ҷома;

    *** - ҳовияи ҳавӣ – ҷаҳаннам, дӯзах;

    **** - таваққуъ – умедворӣ, чашм доштан.

  • 27.05.2016 Арӯсии Беҳрӯз

    Дар торихи 22-юми май (соли 2016) писарам Беҳрӯз бо духтараке аз деҳаи Эҷ (зодгоҳи худам) ба исми Мухлиса хонадор шуд. Ҳама маросими мардумӣ, аз ҷумла, хостгорӣ, сарбанд, ноншиканон, мубораки дуздию мубораки калон, ақди никоҳи қонунӣ, тӯйбарӣ, базми духтарон, никоҳи мусалмонӣ, гардиш дар ҷойҳои муқаддасу диданӣ, қабули арӯс дар хонаи падарии домод, куштии занон, базми арӯсии густурда, домодсалому сунҳорсаломро дар ниҳояти хурсандиву шодмонӣ баргузор кардем. Ин чанд рӯзи гузашта аз банда шодонтар касе набуд, ба назарам...

  • 05.05.2016 Ҷашни тоҷикон дар Ӯхм

     2-юми майи соли 2016, дар яке аз калонтарин рустоҳои кӯҳистони Нурато, дар деҳаи Ӯхм аз сӯйи Маркази миллии тоҷикони вилояти Дизахт ва ноҳиядории Фориш як гирдиҳамойии ҷаззоб ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли кишвар баргузор гардид. Дар ин нишаст, гузашта аз сокинони деҳа ва рустоҳои атроф, ҳамчунин намояндагони устондории Дизахту ноҳиядории Фориш ва шоирону адибон аз Тошканд, Сирдарё, Бухоро ширкат варзиданд. Меҳмононро дар оғози барнома Абдукарим Шарипов – раиси Маркази тоҷикони Дизахт, ки мубтакири асосии ин гирдиҳамойӣ буд, муаррифӣ кард ва ҳокими ноҳияи Фориш сухани муқаддимавӣ гуфт. Барномаи гирдиҳамойӣ ранг ба ранг, минҷумла, иборат аз ибрози сухану умедвориҳои нек, саҳнаоройӣ ва шеъру овозхонии хонандагони мактабу колеҷи Ӯхм, баромади адибону шоирон ва аҳли ҳунар ва намоиши намунаҳои ҳунармандии миллии шаш маркази миллии вилояти Дизахт (тоҷик, қазоқ, рус, қирғиз, карис, туркман) буд

  • 22.04.2016 Бузургдошти Шайх Баҳоӣ

    Шайх Баҳоӣ

    Имрӯз рӯзи бузургдошти Муҳаммад бинни Ҳусайн бинни Абдуссамад Ҳорисӣ, маъруф ба Шайх Баҳоӣ аст. Бино ба гуфтаю навиштаҳо,  ӯ дар соли 953 ҳиҷрии қамарӣ (1546 милодӣ)  дар шаҳри Баълабаки Лубнон ба дунё омад. Дар даврони кӯдакӣ ҳамроҳи падар ба Эрон сафар намуд. Дар замони шоҳ Таҳмоспи аввал ба Ифаҳон ворид шуд. Бо таҳсили улуми мухталиф  машғул шуда, дар муддати кӯтоҳе ба мақбулияти ом даст ёфт ва мегӯянд, худи Шоҳаббоси Сафавӣ ба ӯ эҳтиром мегузошт.

    Шайх Баҳоӣ пас аз Шайх Алӣ Муншор – падари ҳамсараш, мансаби шайхулисломии давлати Сафавиро ӯҳдадор шуд ва бо истифода аз ин мансаб саҳми босазое дар пешрафти илмҳои замони худ гузошт.

    Шайх Баҳоӣ дар тӯли умри худ борҳо сафар кардааст, минҷумла, бо баҳонаи ҳаҷ ба кишварҳои Ироқ, Шом, Миср рафтааст. Дар фунуни фалсафа, мантиқ, ҳайат  ва риёзиёт табаҳҳур дошт  ва яке аз орифони барҷастаи замони худ буд. Аз худ ашъор боқӣ гузоштааст. Девони маснавии ӯ ба сабки Мавлоност ва ғазалиёташ шабоҳати бисёр ба ғазалиёти Ҳофиз дорад.

    Бо назари муҳандисӣ дуруст ва саҳеҳ тақсим намудани оби Зояндарӯд ба маҳалҳо, сохтани масҷиди Чаҳорбоғи Исфаҳон бар рӯйи лаҷанзор (ҷойи ботлоқӣ), сохтани гармоба бо корбурди шамъи худкор аз ҷумлаи шоҳкориҳои анҷомдодаи Шайх Баҳоӣ аст.

    Шайх Баҳоӣ соли 1031 ҳиҷрии қамарӣ (1621 милодӣ) дар Исфаҳон даргузашт ва бино ба васияти худаш, ҷанозаи ӯро ба Машҳад бурданд ва дар канори музейи Остони Қудс дафн карданд.

    Дунё, ки аз ӯ дили асирон реш аст,

    Помоли ғамаш тавонгару дарвеш аст.

    Нешаш ҳама ҷонгазотар аз шарбати марг,

    Нӯшаш, чу накӯ нигаҳ кунӣ, ҳам неш аст.

  • 21.04.2016 Бузургдошти Саъдӣ

    Ҳар сол 20-уми моҳи апрел ба унвони Рӯзи бузургдошти Саъдӣ дар саросари Эрон таҷлил мешавад. Ин лаҳза Шайхи аҷал(л)-ро ёдовар шудаму яке аз шеърҳои ноби ӯ вирди забон омад:

    Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,

    Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.

    Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,

    Ки аз бӯйи диловези ту мастам?

    Бигуфто, ман гиле ночиз будам,

    Валекин муддате бо гул нишастам.

    Камоли ҳамнишин дар ман асар кард,

    Вагарна, ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

    Дар боби “Сафарнома”-и вебсайти камина ёддоштҳои ҷолибе дар хусуси  Шерози куҳантаъриху “Саъдия”-и биҳиштосо омадааст...

     

  • 26.01.2014 номҳои қадим дар Эҷ

    Вожаҳои зер аз ҷумлаи қадимитарин асомӣ дар атрофу акнофи деҳаи Эҷ мебошанд:

    Феҷак (fejak, дара), Пашкан(pashkan, зов), Хадрӯд(khadrud, дара), Зеҳнок(zehnok, дара), Пишох(pishokh, дара), Доничак(donichak, гузар), Пирвеш(pirvesh, дара), Эрич(erich, дара), Пашметан(pashmetan, кӯҳ)

  • 26.01.2014 маънии "эч" (ej)

    "Эҷ"(ej) дар асл "эг" (талаффузи форсиаш "иг") будааст. Баъд аз тасаллути арабхо "эҷ"(ej) хонда ва навишта шудааст. Маъниаш: калъа(kal'a), диж, истеҳком

  • 08.03.2012 Маънии

    Синтаб яке аз деҳаҳои қадими кӯҳпояи Нурато аст. Онро  "Синтоб" ҳам меноманд, ба шарҳи ин, ки ҷузъи аввал – "синд" аз рӯйи навиштаи донишманди қарни сенздаҳ Ёқути Ҳамавӣ ба маънии "болоомадагии замин дар ҷилави кӯҳ ё дара" аст ва вожаи "синтоб" дар асл "синд-об" буда, мафҳуми "теппагӣ ё баландии обдор дар бағал ё пеши кӯҳу дара"-ро дорад.Сегодня наш сайт создан и постепенно будет пополнятся полезной информацией.


« 1 2

2-й агрегат Рогунской ГЭС

Свет в каждый дом. В Таджикистане в день 28-й годовщины независимости президент Эмомали Рахмон запустил второй агрегат Рогунской ГЭС. 

Хирмани донишҳо

ХИРМАНИ ПУРБОРИ ДОНИШҲО

Имсол панҷ нафар аз хонаводаи мо, яъне набераҳои Бобои Имомназар ба донишгоҳҳо довталаб буданд. Хурду калон бо ҳаяҷони бисёр ва дилҳои беқарор поёни имтиҳонотро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, ҳар чӣ дар дег буд ба калбез омад!


Даргузашти Азиза

Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. 

Зодрӯзи Шоқаҳҳор Муҳаббатзод (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)

 Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.


Шоми дӯстӣ (гузориш аз таърихи 17.08.2018)

“Шоми дӯстӣ”-и фаромӯшнопазир

Рӯзи 17-уми август дар кохи анҷуманҳои Тошканд дидорбинии сарварони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони пешсафи қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ баргузор шуд ва ба шарафи ин вохӯрӣ як барномаи ҳунарии густурда ба забонҳои тоҷикию ӯзбакӣ доир гардид.